Муњаммадљони Шакурии Бухорої
САДРИ БУХОРО
Чопи дувум Бо тасњењ, такмил ва иловањо
Душанбе — 2004
1
Фењристи мундар...
130 downloads
809 Views
1MB Size
Report
This content was uploaded by our users and we assume good faith they have the permission to share this book. If you own the copyright to this book and it is wrongfully on our website, we offer a simple DMCA procedure to remove your content from our site. Start by pressing the button below!
Report copyright / DMCA form
Муњаммадљони Шакурии Бухорої
САДРИ БУХОРО
Чопи дувум Бо тасњењ, такмил ва иловањо
Душанбе — 2004
1
Фењристи мундариљот Аз нигоранда……………………………………………………………………………………………………………… 3.5 Бахши 1. Садри Бухоро Садри Зиё ва Рўзномаи ў….……………………………………………………….6-58 «Тазкори ашъор» ва масъалаи пайдоиши шеъри нав….………………………58-78 «Љодаи њаќ паймудам»… ………………………………………………………….78-97 Бахши 2. Чу анќоро баланд аст ошёна Чу анќоро баланд аст ошёна……………………………………………………..97-119 Байзоият ё маорифпарварї? ……………………………………………………….119-187 Поёни сухан……………………………………………………………………187-188
2
Аз нигоранда Ин китоби мо дар бораи Шарифљон-махдуми Садри Зиёст (1865-1932). Номи Садри Зиёро Садриддини Айнї ба илм дохил кард. Аз нахустин таърихномаи устод Айнї, ки «Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро» ном дошта, таълифаш 17 феврали 1918 ба поён расидааст, дар чандин асари ў маълумоти муњимме дар бораи Садри Зиё омадааст. Устод дар китоби «Таърихи инќилоби Бухоро» (1920), «Мухтасари тарљумаи њоли худам» (1940) ва љилди дувуму севуму чањоруми «Ёддоштњо» ( 1948- 1953) дар бораи Садри Зиё бо эњтироми тамом ва мењру муњаббат сухан ронда, маълумоти нодире овардааст, ки назири онро аз њељ сарчашмаи таърихии дигар, њатто аз навиштањои худи Садри Зиё наметавон пайдо кард. Аз ин њама ахбори гаронбањо, ки дар осори устод Айнї дар бораи Садри Зиё њаст чењраи шукўњманди як равшанфикри барљаста ва маорифпарвари фаъол, ки дар њаёти ў идеалњои олии маорифпарварии тољикї аз баъзе љињатњо хеле мукаммал ифода ёфтааст, намоён мегардад. Аз ин ахбори Айнї нишебу фароз ва печутоби роњњои њаёти Садри Зиё, зиддияту ихтилофоти шахсияти барљастаи ў ва фољиањои дањшатангезе низ падид меояд. Агар аз нигоштањои устод Айнї ин ахбори парокандаи ибратомўзро гирд биёварем ва бо андак шарњу эзоње онњоро ба њам пайвандем, барои пажўњишгарон дар баъзе мавридњо бештар аз осори худи Садри Зиё ањамият хоњад дошт. Лањзањои асосии зиндагии Садри Зиё дар нигоштањои Айнї сабт шудаааст. Бисёре аз маълумоте ки устод Айнї дар бораи Садри Зиё оварадааст, дар ин китоби мо ба сифати такягоњи умда истифода хоњад шуд. Маљбуорем бархе аз онњоро ду-се бор зикр намоем, то зењннишин омада бошад. Барои ин ваъдаи ёдоварии ба такрор аз хонандаи гиромї пешакї пўзиш хоњонам. Аз пажўњишгарон якумин шахсе, ки ба тањќиќи асарњои Садри Зиё пардохт, Расули Њодизода буд. Ў дар тањќиќоте, ки дар бораи тазкирахои тољикии нимаи дувуми садаи 19 ва оѓози 20 анљом дода, соли 1956 ба чоп расонид, дар бораи тазкираи манзуми Садри Зиё «Тазкори ашъор» муфассалан, дар бораи шахсияти ў мухтасаран сухан рондааст. Мо натиљањои ин пажўњиши Расули Њодизодаро дар ин китоби худ љо-љо ёдовар хоњем шуд. Пас зиндаёд Сањобиддини Сиддиќї (даргузашти ў соли 1993) як ќисми умри кўтоњи худро ба тањќиќи рўзгору осори Садри Зиё сарф кард. Ў нахуст матни илмии «Тазкори ашъор»-и Садри Зиёро бо як замимаи бисёр муњим омода сохт ва соли 1962 дар ин асос рисолаи номзадї њимоя кард. Вале дар зарфи чињил сол имкон нашуд, ки ин матни љомеъи мўътабарро ба чоп бирасонем. Чопи осори Садри Зиёро низ устод Айнї оѓоз карда буд. Ў дар «Намунаи адабиёти тољик» (1926) чандин пора аз « Тазкори ашъор»-и Садри Зиё наќл карда онро гувоњии мўътабаре барои муаррифии шоирони нимаи дувуми садаи 19 ва оѓози садаи 20 донистааст. Якумин китоби Садри Зиё, ки рўйи чопро дид, мухтасари «Наводири зиёъия» аст, ки равоншод Сањобиддини Сиддиќї ва ин камина ба чоп тайёр карда будем ва соли 1991 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид. Нашри форсии ин китобро Мирзои Шакурзода тањия кард ва соли 1377 њ. ш. яъне 1998 м. бо пешгуфтори Алиасѓари Шеърдўст ва ёддоштњои ин фаќир интишороти «Суруш» чоп кард. Дувумин китобе, ки аз Садри Зиё чоп шуд, «Тазкори ашъор», њамон матни омода кардаи Сањобиддини Сиддиќї буд, ки банда ду сол рўйи он кор кардам, матнро тасњењ ва бо нусхаи дастнависи мўътабари бойгонии устод Айнї мукобила намудам, тавзењоти мухтасар илова сохтам. Ин китоб ба тавсияи устодони Фарњангистони забону адаби форсї ва раиси мўњтарами он доктор Њаддоди Одил, бо лутфу марњамати доктор Алиасѓари Шеърдўст, оќои Ќањрамони Сулаймонї, доктор Шањромниё, бо вироиши, диќќаткоронаи оќои Эраљи Мењракї ва ёрмандињои хонуми Њадяи Шарифї соли 2001 (1380) дар интишороти «Суруш» хеле босифат Чоп шуд. Андешањоеро, ки њангоми тањияи «Тазкори ашъор» пайдо шуда буд, банда дар сарсухани он ва мухтасар дар маќолаи «Тазкори ашъор» ва масъалаи пайдошии шеъри нав» баён кардаам, ки нахуст дар маљаллаи «Номаи порсї» (1382- 2003, №1), сипас дар маљалаи «Авранг» ( 2004, №2-3) баромад. Онро аз ин китоб, ки дар даст доред хоњед хонд. Банда соли 1993 пажўњиш ва тањияи чопи «Рўзнома»-и Садри Зиёро, ки ёддоштномаи ўст, оѓоз кардам. Он њангом хабар омад, ки дар Эрон љавоне ба номи Сайид Алии Мављонї «Рўзнома»-и Садри Зиёро барои чоп омода кардан дорад. Чун оќои Мављониро дидам, ба ў ваъда кардам, ки барои ин чоп як пешгуфтор ва тавзењоти муфассал хоњам навишт. Пешгуфторе бо номи «Садри Зиё ва Рўзномаи ў» соли 1996 навишта шуд, лекин тартиб додани таълиќоту тавзењот, ки хеле душворињо доштааст, панљ сол кашол ёфт. Оќои Мављонї соли 2001 «Рўзнома»-ро бо он пешгуфтори муфассал ва таълиќоту тавзењот ба чоп
3
ќабул кард, то дар Маркази аснод ва таърихи диплумусї ба табъ бирасонад. Вай тасмим гирифт, ки нахуст он пешгуфторро људогона чоп бояд кард. Фаќир алббата бо сипоси бењад розї шудам. Пас аз ду моњ он сарсухан ба номи «Садри Бухоро» чоп шуд. Ин номи «Садри Бухоро»-ро оќои Мављонї бидуни огоњии банда гузошта буд. Ба банда писанд омад ва ин китобро, ки њоло ба даст доред низ чунин номгузорї кардам. «Рўзнома» бо мададгории Фарњангистони забону адаби форсї ва доктор Њаддоди Одил, кўмакњои доктор Алии Равоќї, њусни таваљљўњи оќои Назароњорї ва Шуљоъї, ки њарду аз сарварони пажўњишгоње ба номи Маркази аснод ва хадамоти пажўњишї (Вазорати умури хориљии Љумњурии Исломии Эрон) мебошанд, вироиши оќои Мањдии Каримї ва мењрбонии фидокоронаи хонуми Озодаи Эњсонї, ки дар хондани дастнависи Садри Зиё ва њалли душворињои он баѓоят диќќат ва нозуксанљї зоњир намуд, охири соли 2003 аз чоп баромад. Ин севумин асри Садри Зиё буд, ки дар зарфи панљ сол дар Эрон ба табъ расид ва ба дастраси муњаќќиќон ќарор ёфт. Оѓози дањаи навад аз пажўњишгари Амрико љаноби доктор Эдвард Олворс нома гирифтам, ки хостааст асарњои асосии Садри Зиёро барои ў мухтасаран тавсиф бикунам. Доктор Олворс мутахассиси адабиёти љадидаи Осиёи Миёна буда, тањќиќоте дорад ва «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитратро ба инглисї тарљума ва чоп кардааст. Ўро хоњиш пайдо шуд, ки тарљумаи ингилисии «Рўзнома»-и Садри Зиёро низ ба табъ бирасонад. Тарљумаи ингилисии рўзномаро нури чашмам Рустам Шукуров ба ўњда гирифт ва барои тарљума панљ сол зањмати сахт кашид. Аз ганљинаи Пажўњишгоњи ховаршиносии Абўрайњони Берунї (Фарњангистони улуми Љумњурии Ўзбекистон, Тошканд) як фотонусхаи Рўзномаро гирифтан хеле душвор омад ва ин мушкилро хонуми Шањрбонуи Тољбахш, ки дар бахшњои Созмони Милали Муттањид дар Душанбе кор мекард ва низ мењрбонињои фидокорона дошт, осон кард. Робитаи ман бо доктор Олворс њамеша ба воситаи Шањрбонуи азиз, ки акнун аз наздиктарин дўстони хонадони мост, сурат мегирифт. Бо тадоруки ў рўзноманигори машњури амрикої Артур Боннер, ки аз шахсияти Садри Зиё огоњї доштааст, бо баландњимматие барои ташкили кори тарљума кўмаки моддї расонид. Дар нињояти кор тарљумаи инглисии Рўзнома бо панљ сарсухан, ки ба ќалами Олворс, Шањрбонуи Тољбахш, Рустам Шукуров, М. Хайруллоев ва банда тааллуќ дорад, тавзењот, харитаи сафарњои Садри Зиё ва хронологияи њаёти ў, ки фарзандам Рустам Шукуров тартиб дода буд, соли 2004 дар нашриёти машњури Брилл аз дасти чоп берун омад: The Diary of Muhammad-Sharif-i Sadr-i Ziya Brill, Leideh-Boston, 2004. Мояи ифтихор аст, ки ин китоб дар нашриёти илмии Брилл ба табъ расид. Ин аст, ки дањаи навади ќарни 20, даврони истиќлоли сиёсии Љумњурии Тољикистон (1991) таваљљўњ ба осори Садри Зиё якбора афзуд ва муассисањову нашриёти гуногун дар чанд кишвар ба эљодиёти ў рў оварданд. Танњо дар даврони истиќлоли Тољикистон имконпазир омад, ки навиштањои Садри Зиё бидуни ихтисор мукаммалан рўйи чопро бубинад. Дар ин муддат дар бораи Садри Зиё чанд пажўњиш анљом ёфта, ба вежа ба муносибати љашни 130-умин зодсоли ў, ки соли 1998 баргузор гардид, дар Тољикистон чанд маќола ва порчањое аз Рўзнома чоп шуд. Сайид Алии Мављонї, ки чанд сол боз ба тањќиќи эљодиёти Садри Зиё машѓул аст, дар бораи «Асомї ул-кутуб», ки фењристи (каталоги) китобхонаи Садри Зиё буда, худи Садри Зиё тартиб дода буд, маќолае ба номи «Китобат ва китобдорї дар Бухоро» дар маљалаи «Мутолиоти Осиёи Марказї ва Ќафќоз» (1377-1998, №22) чоп кард. Баргардони тољикии он дар «Садои Шарќ» чоп шуд. Пажўњишгарони собитќадам Шодмон Воњидов ва Афтандил Эркинов низ дар Тошканд бо тањќиќи «Асомї ул-кутуб»-и Садри Зиё машѓул буда, соли 1991 дар Порис ба забони фаронсавї маќолаи муфассале дар бораи ин асар чоп карданд. Чун онњо «Асоми улкутуб»-ро пажўњиш карданд, ошкор гардид, ки аз китобхонаи Садри Зиё, ки њоло дар ганљинаи дастнависњои Пажўњишгоњи шарќшиносии Абўрайњони Берунї (Тошканд) нигањдорї мешавад, чанд љилд гум шудааст. Ш. Воњидов ва А. Эркинов аз пайи ин љилдњои гумшуда афтодаанд ва чандеро пайдо кардаанд. Љилдњои дигарро низ љустуљў доранд. Њоло онњо тањияи чопи «Асомиулкутуб»-ро ба поён расониданд ва умед аст, ки чоп шавад. Дар охири дањаи њаштод аз маљаллаи русии «Литературное обозрение» (Маскав) илтимосномае гирифта будам, ки ёддоштњои худро дар бораи падарам барои ин маљалла бинависам. Банда ин супоришро иљро кардам, вале то иљро кардам, ки љањон дигар шуд, Иттињоди Шўравї пош хўрд, робита бо нашрияњои Маскав ќатъ гардид ва «Литературное обозрение» дигар аз паи ёддоштномаи ман нашуд. Фаќат як ќисми тарљумаи русии ин ёддоштњо бо як пора аз ёддоштњои Садри Зиё ва як маќолаи фарзандам Рустам Шукуров бо
4
номи «Аз ёддоштњои се бухорої» («Из воспоминаний трех бухарцев») дар маљаллаи русии «Социум» (1992, №11-12) ба чоп расид. Тарљумаи пурраи ёддоштњоямро, ки ба ќалами Рустам тааллуќ дорад, ба маљаллаи русии «Помир» (Душанбе) додам ( 1995, №1-6). Асли тољикии он ба унвони «Љодаи њаќ паймудам» дар маљаллаи «Фарњанг» (1991, №3), рўзномаи «Њаќиќати Ўзбекистон» (Овози тољик) (декабри соли 1991) ва маљалаи «Эроншинохт» ( 1997=1376, №4) чоп шуд. «Љодаи њаќ паймудам» ба ин китоб, ки њоло ба даст гирифтаед, низ бо андак ихтисор дохил гардид. Соли 2002 китоби Моника Витлок «Ќад-ќади рўди Омў» дар бораи имрўзи Тољикистон чоп шуд (Monica Whitlock Bеyond the Oxus. John Murray London, 2002). Дар ин китоб саргузашти ду Муњаммадљон яке Мавлоно Муњаммадљони Њиндустонї (Рустамов) ва дигаре банда љо-љо баён шудааст, шаммае аз рўзгори Садри Зиё ва ду акси ў низ омадааст. Хуллас, ки андак муддати охири ќарни 20 ва се-чор соли оѓози ќарни 21 дар табъу нашри осори Садри Зиё ва пажўњиши онњо пешрафти ќобили мулоњиза ба вуќўъ пайваст. Ин пешрафт барои равшан шудани бархе гўшањои норавшани таърихи адабиёти тољикии ќарни гузашта судманд хоњад буд. Бо чопи асарњои мазкури Садри Зиё, «Иќозунноимин ва эломулљоњилин»-и муфтї Икром, «Рањбари наљот» ва «Оила»-и Абдуррауфи Фитрат, «Куллиёт»-и Хољї Њусайн, мунтахаботи Зуфархони Љавњарї ва дигарон, ки солњои охир ба дасти пажўњишгарон расид, бегумон тасаввури мо дар бораи адабиёти форсии тољикии садаи бист, ба вежа нимаи якуми он хеле дигар хоњад шуд. Чопи мукаммали ашъори Сиддиќии Аљзї, Тошхољаи Асирї, Зуфархони Љавњарї, Абулњайи Муљањарфї ва монанди инњо чашмандози пажўњишгаронро густурдагие хоњад бахшид. Муаяйн кардани арзиши адабии осори онњо ва мавќеи онњо дар равандњои адабї ва њаёти фарњангї бешубња аз муњимтарин шартњоест барои он ки таърихи адабиёти форсии тољикии Фарорўди садаи бист ба вуљуд оварда шавад. Консипсиюни нави таърихи адабиёти тољикии садаи бистро бо густариши чашмандоз ва амиќбурди диди тањќиќї метавон ба миён овард. Аз ин рў фаќир барои табъу нашри осори Садри Зиё ва таъйини ањамияти таърихии бархе аз онњо, барои бознигарї ба чакидањои хомаи устод Айнї, барои гирењкушоии печидагињои тањаввули фикрии Абдуррауфи Фитрат ва њалли баъзе аз ин ќабил масъалањо мехоњам ба ќадри њол сањме дошта бошам. Аз ин рў китобе ба чоп омода кардаам, ки «Нигање ба адабиёти тољикии садаи бист» ном дорад. Нашри дувуми китоби «Садри Бухоро», ки њоло ба дасти хонанда мерасад, ба њамин умед амалї шуд. Нашри якуми «Садри Бухоро»-ро Сайид Алии Мављонї (Сафои Ахавон) соли 2002=1380 дар Пажўњишгоњи Маркази аснод ва таърихи диплумусї (Вазорати умури хориљии Љумњурии Исломии Эрон) чун љузъе аз силсилае бо номи «Маљмўаи Эрон ва Мовароуннањр» (љузъи 2) амалї карда буд. Ин нашри «Садри Бухоро», чунонки гуфта омад, фаќат сарсухани «Рўзнома»-ро, яъне мухтасари зиндагиномаи Садри Зиё ва андаке тањлили «Рўзнома»-ро дар бар гирифта буд. Дар нашри дувуми њозира маќолае дар бораи «Тазкори ашъор» ва ёддоштњои банда илова гардид. Маќолаи якум «Садри Зиё ва Рўзномаи ў» хеле тасњењ ва такмил шуд, аз чопи форсї ва ингилисии он хеле фарќ дорад. Ваќте ки чопи дувуми «Садри Бухоро» тайёр шуд, зарурате пеш омад, ки бахши наве бо номи «Чу анќоро баланд аст ошёна» илова намоем. Соли 2002-2003 дар Тољикистон чанд навиштае пайдо шуд, ки аз њамлаву њуљум ба љадидон, яъне ба маорифпарварон, бештар аз њама ба Садри Зиё иборат буд. Зарур омад, ки ба ин њамлањо љавобе бо андак тафсир бигўям. Ин посухномаи банда бахши дувуми китоби «Садри Бухоро»-ро ташкил кард. Ба пиндори ин камина дар китоби «Садри Бухоро» бархе аз масъалањои умдаи маорифпарварии тољикї баррасї шуданд ва агар ин баррасї барои равшан шудани љузъе аз масъалањо судманд ояд, мурод њосил хоњад шуд. Њама он азизонро, ки дар табъу нашри осори Садри Зиё ва пажўњиши он осор ширкат варзида, бо ќадршиносї ва хайрхоњии самимї ёрмандї кардаанд, њам онњоеро, ки номашон дар боло омад ва њам онњоеро, ки натавонистам ин љо номбар бикунам, аз дилу љон сипосгузорам. Ба хусус некии холисонаи бародарони эронии мо, ки дар њар сафари Эрон, дар њар ќадам падидањои онро медидам, на танхо ба Садри Зиё ва ё банда, балки ба адабиёти тољикї, ба миллати тољик оид буд. Бештари онњо дўсти љонии Тољикистонанд. Бино бар ин дар њаќќи њар яки эшон мегўям: То њастаму њаст, дорамаш дўст. 8 декабри 2003
5
БАХШИ 1 САДРИ БУХОРО Садри Зиё ва Рўзномаи ў 1 Манзур аз «Садри Бухоро» (ки таъбири пажўњишгари эронї доктор Сайид Алии Мављонист) Шарифљон-махдуми Садри Зиё аст, ки нависандаи тољик ва яке аз машњуртарин шахсиятњои фарњангии Бухоро дар нимаи якуми садаи 14-и њиљрии ќамарї, яъне охирњои садаи 19 ва сеяки оѓозини садаи 20-и мелодист. Номи ў Шариф аст. Махдум калимаест, ки ба номи рўњонизодагони баландмартаба илова мекарданд. Садр унвони илмист, ки дар Бухорои асрњои охир савумин (пас аз ўроќ ва судур) ва олитарин унвони уламои ислом ба шумор меомад. Зиё тахаллуси адабист. Шарифљон-махдуми Садри Зиё он њангоме, ки падараш дар вилояти Зиёуддин ќозї буд, таваллуд шудааст. Ба ин сабаб ўро Зиёуддин ном карданд. Чун таваллудаш ба моњи шарифи рамазон воќеъ шудааст, лаќаби ў Шарифљон шуд. Вале рафта-рафта лаќаб љои номро гирифт ва ў Зиёро тахаллус ќарор дод. Номи ў дар манбаъњои таърихї Мирзо Муњаммадшариф, Муњаммадшариф-махдум, ќозї Шарифљон ва ѓайра зикр шудааст Амир Олимхон охирин њокими Бухоро дар як дастхаташ ўро ќозї Мирзо Муњаммадшарифи садр ном гирифтааст. Худи Садри Зиё дар як мўњр исмашро ќозї Муњаммадшарифи судур навиштааст. Он гоњ ў њанўз садр набудааст. Пас аз он ки ба садрї расид, ба номи Садри Зиё шўњрат ёфт. Дар санадњои расмии русии замони шўравї ўро Шариф Шукуров навиштаанд. Дар масъалаи зодсоли Садри Зиё ихтилофоте њаст. Ў худ дар сиёњнависи «Осори зиёъия ( ки њоло дар дасти ин камина аст) гуфтааст: «Роќими адимулќадр Зиёъи садр дар бисту њафтуми рамазони муборак дар санаи 1283 бегоњи љумъа мутаваллид шуда»1. Дар зиндагиномайи худнавишти ў — «Тарљумаи њоли муаллиф», ки дар «Наводири Зиёъия» омадааст (ва китобаташ ба ќалами котиби номаълуме тааллуќ дорад), он гуфтаи Садри Зиё такрор шудааст2. Аммо устод Садриддини Айнї дар як муаррифиномаи Садри Зиё мегўяд: «Соњиби тарљума дар 1282-и њиљрї (1864), 27-и моњи рамазон таваллуд ёфтааст»3. Дар китоби С. Айнї «Намунаи адабиёти тољик» (боби «Ќозї Муњаммадшарифи Садри Зиё») низ соли таваллуди ў 1282 нишон дода шудааст4. Дар баъзе љойњо зодсоли ўро 1284 низ гуфтаанд. Яъне дар масъалаи соли таваллуди Садри Зиё фикрњо аз њам фарќ дорад. Аммо дар зодрўзаш, ки 27-уми рамазон ва бегоњи љумъа бошад, ихтилофи назар нест. Нури чашмам Рустам Шукуров, ки «Рўзнома»-и Садри Зиёро ба ингилисї тарљума кардааст, дар тавзењоти ин тарљума хотиррасон овардааст, ки фаќат дар соли 1281 њиљрии ќамарї 27 рамазон бегоњи љумъа, яъне панљшанбе будааст. Дар дигар солњо, аз љумла дар соли 1283 бегоњи љумъа ба 27 рамазон рост намеояд. Гумон намеравад, ки дар анъанаи ањли хонавода дар мавриди чунин ваќти таваллуд, ки 27-уми рамазон, яъне њам шаби ќадр ва њам бегоњи љумъа бошад, сањву хатое ва асари фаромўшї роњ биёбад. Аммо дар мавриди сол рўй додани сањве аз эњтимол дур нест. Бояд гуфт ки Садри Зиё дар «Рўзнома» аз даргузашти падари худ домулло Абдушшакури Оят, ки соли 1306 њ. ќ. рўй дод, сухан ронда ва гуфтааст, ки ў њангоми даргузашти падар 25 сол дошт. Аз ин шумора њам таваллуди Садри Зиё ба соли 1281 рост меояд. Чунин ишорањо, ки зодсоли ўро ба 1281 мебаранд, дар дигар навиштањои ў њам њастанд. Агар ин андешањо ќобили ќабул бошад, метавон гуфт, Садри Зиё бегоњи љумъаи 27-и рамазони 1281 чашм ба љањон кушодааст, ки баробари 24 феврали 1865 мелодист.
Садри Зиё. Осори зиёъия, дастнавис, ки ба дасти ин камина нигањдорї мешавад, сањ. 225 а. Садри Зиё. Наводири зиёъия, дастнависи Пажўњишгоњи мероси хаттї (Душанбе), № 983, сањ. 9 а. 3 С. Айнї. Ќозї Шарифљон (Зиё), Бойгонии Айнї, №11, сањ. 1. 4 С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик, М., 1926, сањ. 399. 1
2
6
Соли даргузашти Садри Зиёро бо бовари бештар тавон гуфт. Банда, ки фарзанди Садри Зиё њастам, агарчи шашсола будам, даргузашти ўро андаке дар ёд дорам ва медонам, ки дар охирњои моњи апрели соли 1932 м. љон ба њаќ супурд, яъне бањорони соли 1350 њ. ќ. Дар унвонсањифаи дастнависи мазкури «Наводири зиёъия» (Пажўњишгоњи мероси хаттї, №983) навишта шудааст: «Наводири зиёъия» аз ќозикалон Шарифљон-махдуми Садри Зиё мутаваффои санаи 1350 њиљрї». Соли 1350 њ. ќ. =1932 мелодиро ба итминони тамом соли даргузашти Садри Зиё тавон донист. 2 Падари Садри Зиё домулло Абдушшакур ном дошта, тахаллуси ў дар шеър Оят буд. Таваллуди ў соли 1321 њ. ќ. =1816 м. ва даргузашташ 1306-1889 воќеъ гардидааст. Ў аз хонадони косибони Бухоро буда, солњои кўдакиву наврасї ба њунари падару бобоњо, ба чармгарї ва шустагарї (шустану сафед кардани карбосу суфи хому дурушту зардтоб) машѓулият кардааст. Абдушшакури Оят пас аз хатми тањсили улум дар бузургтарин мадрасањои Бухоро мударрис буд. Ба гуфти Айнї ў «аз мутафарридини устодњои замони худ буда»5, бисёре аз уламо шогирди ў буданд. Чанд сол дар баъзе вилоятњои Бухоро ќозї ва дар охири умр дањ сол ќозикалон (аќзалќузот)-и Бухоро будааст. Ба ќозикалонї расидани домулло Абдушшакури Оят ба баъзе аз уламо чандон хуш наомад ва шоире гуфт: Олиму љоњил баробар шуд магар, Ќозиулќузоти мо шуд шустагар. Шарифљон-махдуми Садри Зиё, чунонки худаш дар шарњи њолаш таъќид кардааст, асосан дар пеши падараш тањсил карда дар сенздањсолагї то мадраса рафтан чанде аз шоир Исо (1826-1887) таълим дид. Садриддини Айнї дар «Таърихи амирони манѓитияи Бухоро» гуфтааст, ки Исомахдуми Исо чун падараш мулло Ниёз низ «аз љумлаи уламои танќидкор» будааст (10-36)6. Чунонки дар дигар рисолаи Айнї ба номи «Таърихи инќилоби Бухоро» таъкид шудааст, Исо ба сабаби танќидгарињо маљбуран «Дар ањди Музаффар аз Бухоро гурехта, дар замони амир Абдулањад боз ба Бухоро баргашта бошад њам, умраш то охир дар гирифторї ба ѓазаби амир гузашт»7. Ин аст, ки Садри Зиё на танњо аз падар, балки аз устодоне чун Исо низ њаќгўї омўхтааст. Исо яке аз дўстону пайравони равшангари бузурги тољик Ањмади Дониш (1826-1897) буда, баъзе њамфикрони дигари Ањмади Дониш низ бо Абдушшакури Оят наздикї доштанд ва маљмўи эшон дар рушди фикрии Садри Зиё аз солњои наврасии ў наќше гузоштаанд. Солњое, ки Шарифљон-махдуми Садри Зиё дар мадраса тањсили илм мекард, њавлии ў ранги як мањфили адабиро гирифта буд. Аз гуфтаи Садриддини Айнї медонем, ки њар њафта се рўзи «таътили мадраса—сешанбе, чоршанбе ва панљшанбе дар њавлии Шарифљонмахдум шоирон, шеършиносон, латифагўён ва ширинкорон» љамъ мешуданд (7-10) ва сўњбатњои ширин меоростанд, шеър мехонданд, шеъри нави якдигарро баррасї ва танќид мекарданд, масъалањои доѓи замонро ба музокира мегирифтанд. Бештарини ањли ин мањфил «донишманд ва озодфикри њамон замон ба шумор мерафтанд» (7-45), вазъи замонро дар партави омўзањои маорифпарварии Ањмади Дониш равшан мекарданд. Дар солњои њаштодуми садаи нуздањум аќидањои маорифпарварии Ањмад-махдуми Дониш диќќати њама равшанфикрони пешќадами Бухороро ба сўи худ кашида буд. Номи Ањмади Дониш дар мањфили адабии Садри Зиё эътибори бузург дошт. Устод Айнї мегўяд: «Яке аз дўстдорони ў ( Ањмади Дониш—М.Ш.), ки ба аќидаи ман аз њама бештар ба ў бањои баланд медод, Шарифљон-махдум буд» (7-438). Аз ин рў дар мањфили адабии Садри Зиё масъалањои адабиёти замон ва шеъру шоирї аз дидгоњи равшангарї (маорифпарварї)и Ањмад-махдум баррасї мегардид. Устод Айнї гуфтааст: «Шарифљон-махдум ошиќи асарњои Ањмад-махдум буд» (7-444). Он гоњ Ањмади Дониш аз дарбор ронда ва хондани нигоштањои ў манъ буд. Бо вуљуди ин С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик, сањ. 401. С. Айнї. Куллиёт љилди 10, сањ. 36. Минбаъд њангоми иќтибос овардан аз Куллиёти Айнї ё ишора кардан ба он дар миёни ќавсайн шумораи љилд ва сањифаи он нишон дода хоњад шуд. 7 С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро. Душанбе, «Адиб», 1987, сањ.23. 5
6
7
Садри Зиё осори Ањмад-махдумро пайдо мекард, мехонд ва матолиби онро дар мањфили адабии худ мавриди андеша ќарор медод. Соли 1898 ё 1899 Садри Зиё як нусхаи китоби Ањмад махдуми Дониш «Наводир ул ваќоеъ»-ро ба даст овард, ки ба ќалами муаллиф китобат шуда буд. Садри Зиё рўнависи пинњонии онро ба шоири љавон ва хушнависи шинохта Мирзо Абдулвоњиди Мунзим (18871934), ки аз тарбиятдидагони хонаи худи Садри Зиё буд, супурд. Чун китобат анљом ёфт, Садри Зиё ба Мунзим, Айнї ва Њайрат (1878-1902) фармуд, ки нусхаи навро бо дастхатти Ањмади Дониш муќоисаву муќобила бикунанд. Онњо дар њуљрае пинњон шуда, ин супоришро иљро карданд. Устод Айнї гуфтааст, ки пас аз шинос шудан ба мафоњими «Наводирулваќеъ» ба он се љавон «инќилоби фикрї» рўй дод. Ин љо муњим он аст, ки Айнї он дигаргуниеро, ки дар андешаи онњо аз асари Ањмад-махдум ба вуљуд омад, «инќилоби фикрї» номидааст. Он дигаргунии кулливу ќатъии маънавї, ки ин љавононро ба сўи пархоши фидокоронаи маорифпарварї рањнамун гардид, аз китоби бузурги Ањмади Дониш «Наводирулваќоеъ» ба шарофати Садри Зиё ва њавасмандињои ањли мањфили адабии ў ба њосил омад. Аз шарофати мањфили адабии Садри Зиё дар поёни ќарни 19 ва оѓози ќарни 20 бисёре аз зиёъиёни тољик бањра бурдаанд. Мањфили адабии Садри Зиё барои шаклгирии равияњои тозаи адабї, чунончи барои ташаккули сабки тоза дар эљодиёти Садриддини Айнї, Муњаммадсиддиќи Њайрат, Ањмадљони Абусаъидзодаи Њамдї, Абдулвоњиди Мунзим ва дигарон, ки Садри Зиё дар тазкираи манзуми худ «Тазкори ашъор» шеъри онњоро «шеъри нав» номидааст, наќше муассир дошт. Барои фањмидани ин, ки мањфили адабии Садри Зиё дар пайдоиши равишњои тозаи адабиёти форсии тољикии оѓози садаи бист ањамияти вежа доштааст, кифоя аст бигўем, ки устод Айнї дар «Ёддоштњо»-и худ чунин гуфтаи Муњаммадсиддиќи Њайратро овардааст, ки «Шарифљон-махдум фозили машњури замони мо буда, њавлии ў мактаби адабиёти њамин давра аст» (7-228). Бисёре аз адибоне, ки тањаввули адабиёти маорифпарварии тољикї вобаста ба љавлони ќалами онњо буд, аз њамин «мактаби адабиёти давра» дарс омўхтаанд. Бархе чун Айнї, Мунзим, Њамдї бо ширкат дар маљлисњои адабї аз ин «мактаби адабиёт» бевосита таълим гирифтаанд, бархе бидуни ширкати бевосита, гўё «аз роњи дур» ба ин давлат расидаанд. Мањфили адабии Садри Зиё аз чанд роњ «мактаби адабиёти давра» шуд. Яке аз ин роњњо баррасии шеъри тозаи ањли мањфил ва шоирони берун аз он буд. Шеъри ваќт бо биниши интиќодї мавриди баррасї ќарор гирифта, мувофиќи хостњои замон тањлил ва арзёбї мегардид. Бешак чунин тањлили ибратомўз, барои кушодани роњи фикр, барои парвариши табъи шоирии ањли сўњбат судманд буд. Ба вежа бо њам хондани шеъри Шамсиддин-махдуми Шоњин барои баррасии масъалањои шеъри муосир фоидаманд омад. Чунонки устод Айнї мегўяд, Шоњин «њафтае як бор ба он маљлисњо (маљлисњои њавлии Садри Зиё—М.Ш.), иштирок мекард» (7-29). Пас аз он ки Шоњин ба дарбор кашида шуд, дигар ба мањфил намеомад, «аммо шеърњои Шоњин њамеша дар он маљлисњо хонда мешуданд ва њар шеъре, ки ў гўяд, дар рўзи дуввуми гуфта шуданаш ба он љо меомад» (7-39). Ошкор аст, ки Шоњин Садри Зиё ва бештарини ањли мањфили ўро бенињоят њурмат мекардааст, барои онњо шеър мегуфтааст. Ва дар навбати худ ба гуфти устод Айнї «њамсўњбатони Шарифљон-махдум њамагї ўро ба некї ёд мекарданд» (7-29) ва ба шавќи тамом шеъри ўро мехонданд. Шеъри Шамсиддини Шоњин аз намунањои олии шеъри форсии тољикии поёни садаи нуздањ аст. Агар чунин шеъре дар «мактаби адабиёти давра» «китоби дарсї» шуда бошад, бегумон он мактабро донишгоњи олии адабї бояд донист. Омўзгори ин донишгоњ худи Садри Зиё буд. Љавонони поёни дањаи њаштоди садаи нуздањ, дањаи навад ва оѓози садаи бист дар чунин донишгоњи олї аз чунин омўзгоре, ки ба гуфти Њайрат ва Айнї «фозили машњури замон» будааст, дарс мегирифтанд. Дигар роњи омўзиш дар «мактаби адабиёти давра» хондани шеъри шоирони классик будааст. Ањли мањфил аз шеъри классикон меъёрњои бадеият мељустанд ва чун пайдо карданд, ба баррасї мекашиданд. Устод Айнї дар «Ёддоштњо» навиштааст, ки Садри Зиё «девонњои классикњо ва китобњои њикояро бисёр мутолиа мекард ва љойњои фавќулода дилчаспи онњоро ба ман ва Мирзо Абдулвоњид (Мунзим — М.Ш.) шарњ дода, ба завќи худ моро њам шарик менамуд. Баъзан китобњоро ба мо хононда, хатоњоямонро ислоњ мекард ва љоњои нафањмидагии моро эзоњ дода мефањмонд» (7-45). Устод Айнї илова бар инњо дар рисолаи «Мухтасари тарљумаи њоли худам» боз навиштааст, ки Шарифљон-махдум «гоњо Шоњнома барин баъзе китобњоро ба мо (яъне ба Айнї ва Мунзим — М.Ш.) хононда худ
8
гўш медод, љоњои ѓалатхондаи моро тасњењ мекард ва љоњои мо намефањмидагиро эзоњ медод» (1-33). Пайдост, ки «дарсњои» «мактабхонаи» Садри Зиё аз одитарин унсурњои саводи адабї то печидатарин масъалањои фањмиши матни классикиро фаро гирифта буд. Љавонон њам саводи адабї мебароварданд њам ба баррасии масъалањои душвори адабиёти классикї таљриба меандўњтанд, њам бо баррасии шеъри Шоњин ва дигар муосирон ба раванди адабии рўз њамроњ мешуданд. Маълум мешавад, ки он «дарсњо», он сўњбатњо аз њар љињат баѓоят рангомез, хушмазмун ва омўзанда будаанд. Ба ин маънист он гуфтаи Айнї, ки фармуддааст: дар маљлисњои Садри Зиё «хазинаи дониши кас аз лафз ва маънї пур мешуд» (7-45). Аз эњтимол дур нест, ки он љо равияњои тозаи шеъри тољикї, он чї ки Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» (шояд дар тањрири дувуми он) «шеъри нав» номидааст, низ матрањ шуда бошад. Агарчи дар поёни дањаи њаштоди садаи нуздањ барои баррасии масъалаи «шеъри нав» шояд замина њанўз кам буд ё набуд, аз поёни ќарни нуздањ ва оѓози ќарни бист чунин замина густариш ёфтан гирифт ва намунањои «шеъри нав» дар «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё (ки таълифи он аз соли 1904 оѓоз ёфт) мавќеи калон ишѓол кард. Модом, ки «шеъри нав» дар «Тазкори ашъор» ба маркази диќќат ќарор ёфтааст, мумкин аст, ки дар мањфили Садри Зиё низ диќќатро ба худ кашида бошад. Ба њар њол Садриддини Айнї, ки барљастатарин сарояндаи «шеъри нав» дар ду дањаи аввали садаи бист аст, аз «дарсхонаи» адабии Садри Зиё баромадааст. Аз чанд љињат тавон гуфт, мањфили адабии Садри Зиё ба мактаби адабии маорифпарварї табдил ёфта буд, ки шаклгирии завќу салиќаи зебошинохтии (эстетикии) љавононро ба самте ки созгор ба марому маслаки нави замон, ба хостањои љараёни маорифпарварї бошад, равон месохт, барои ќувват додани равандњои адабии тоза ва умедбахш мусоидат мекард. Аз ин рў бояд бигўем, ки Садри Зиё дар мањфили адабии худ, бо ин, ки мањфили ў «мактаби адабиёти давра» шуд, барои ташаккули адабиёти маорифпарварии тољикон дар оѓози садаи бист хидмат кардааст, ба шаклгирии бархе аз вежагињои он кўмак намудааст. Мањфили адабии Садри Зиё нуфузи андешаи маорифпарвариро дар љомеа густариш дод, бо парвариши озодандешони љавони фаъол (Айнї, Њамдї, Мунзим ва чанде дигар) барои домангустарии маорифпарварї дар ду дањаи аввали садаи бист ба сифати яке аз оимлњои пурзўр имкон фароњам овард. Устод Айнї дар «Ёдддоштњо» дар бораи ањамияти маљлисњои њавлии Садри Зиё менависад: «Ман метавонам гўям, ки материалњои ибтидої, лекин муњими адабии худро аз он њавлї гирд овардаам» (7-10). Камина ин гуфтаи устод Айниро ба он маънї фањмидам, ки он чиро, ки барои парвариши шахсияти ў ба унвони як эљодкор ва равшангари номї ахамият дошт, нахуст мањфили адабии Садри Зиё ба дастрас гузоштаааст. Аз ин рў Айнї Садри Зиёро «аввалин тарбиятгари маънавии худ» (7-50) номида буд. Чанде аз љавонони дигар низ њаќ доштанд чунин бигўянд. Устод Айнї он наќши диданиро, ки Садри Зиё дар парвариши озодандешони пархошгару љасоратманд, дар тањаввули маорифпарварї ва густариши он, дар шаклгирии адабиёти љадидаи ду дањаи оѓози садаи бист доштааст, ба назар гирифта, бо камоли ќатъият гуфтааст: «Шарифљон-махдум бешубња аз љумлаи маорифпарварон ва тараќќихоњони замони худ буд» (7-44). Њамин аст натиљагирии асосии устод Айнї аз он њама маълумоте, ки дар бораи Садри Зиё дар нигоштањои худ овардааст. Ба ин њаќиќат аз фасли ояндаи ин рисолаи мо низ, инчунин аз фаслњои дигари он бовар њосил хоњем кард. Садри Зиё гўё таблиѓгари фиристодаи Ањмади Дониш буд, ки супориши ўро иљро мекард, мардумро ба пайравии ў ва амалї кардани омўзањои вай даъват менамуд. 3 Дар садаи 19, ба вежа дар нимаи дувуми он, ки Манѓития дар љанги Русия сахт шикаст хўрданд, кишвар мутеъи дасти мустамликадорон, мулк харобу халќ бенаво гардид, љавру ситам ба ављи аъло расид. Халќ аз дасти ситамгарон ба дод омад ва Ањмади Дониш ба овози баланд эълом дошт, ки «Амир хуни халќи хеш мехурад»8.
8
Ањмади Дониш. Рисола. Душанбе, Сарват, 1992, сањ. 57.
9
Чунин эъломияњои Ањмади Дониш даъват ба мубориза буд. Ва зиёъиёни њамиятманд барои мубориза ќомат рост карданд. Онњое, ки дар мањфили адабии Садри Зиё гирд омаданд, аз љумлаи њамин пархошгарон ва маорифпарварони фаъоли фидокор буданд. Сўњбатњо ва мубоњисањое, ки дар ин гирдомадњо хеле ба тезиву тундї мегузашт, як падида аз талошу пархоши равшанфикрони маорифпарвар буд, ки бо даъвати Ањмад-махдум шурўъ шуд. Њавлии Садри Зиё ба яке аз марказњои равшангарони фаъол ва муборизони зидди зулму ситам табдил ёфт. Дар нимаи дувуми садаи 19 ва ду дањаи аввали садаи 20 мардуме, ки онњоро њаќгўй номиданд, зиёд шуданд. Онњо шояд хеле зиёдтар аз даврањои пеш буданд. Њар андоза, ки ситаму тааддї нерў меафзуд, шумораи њаќгўйњо афзоиш меёфт. Он њаќбинњо, ки дар њар шароите дар њар мавриди мувофиќ бо љасорат њаќиќатро мегуфтанд, онњое ки ба адолатљўї ва ифшокорї љуръату љасорат доштанд, њаќгўй ном гирифта, дар байни халќ ном бароварда буданд. Мо дар боло чанде аз онњоро ном бурдем: Исо-махдуми Исо, домулло Абдушшакури Оят ва Садри Зиё, Мирзо Њайити Сањбо аз он љумлаанд. Яке аз сабабњои табъид (бадарѓа)-и Абдушшакури Оят—падари Садри Зиё њамин њаќгўии ў будааст. Амир Музаффархон (1860-1885) «чанд нафар муллои дигарро низ ба тарафњои дурдаст нафй (бадарѓа—М. Ш.) карда ба њамон љо корашонро тамом кунонид» (10-96), яъне онњоро кушонид. Устод Айнї инро гуфта ва афзудааст: «аз ин воќиањо муллоёне, ки дар њаќгуї ба муќобили амир шўњрат доштанд, мисли муфтї Иноят-махдум, Шариф-махдуми Мўътасим ва Исо-махдум дар бим афтода, аз Бухоро фирор карда, тарки диёр намуданд» (10-96). Устод Айнї љасорати камназири Мўътасимро дар «Ёддоштњо» тасвир кардааст, ки дар адолатљўї дили Шукурбеки «дузд»-ро тавоної бахшида буд («Ёддоштњо», ќ, 3, б. «Шариф-махдуми Мўътасим ва Шукурбеки «дузд»). Дар «Ёддоштњо» баъзе њаќгўйњои дигар ва муборизаи ќањрамононаи онњо, чунончи Њољї-махдум, худи Айнї, Њомидхољаи Мењрї ва Мирзо Иброњими Субњї ки њар се њаљвияи машњури «Ѓўладинго, бар сари зин менишинї хуквор»ро навиштаанд (7-335), ба тафсил нигориш ёфтаанд. Дар нимаи дувуми садаи 19 нахустин њаќгўи сахтгўй Ањмад-махдуми Дониш буд. Љасорати ў аз нигоштањои ў намудор буда, мо дар поинтарњо бархе аз намунањои онро хоњем дид. Пас тавон гуфт, маорифпарварии тољикї аз оѓоз сахтгўї дошт. Нотарсиву бебокии Ањмади Дониш чун намунаи ибрат хидмат ва баъзе равшанфикронро далер кард. Ба љуз он ки домулло Абдушшакури Оят ва Садри Зиё худ њаќгўй будаанд, чанде аз њаќгўёни шўњратманди ваќт дар мањфили адабии Садри Зиё аз фаъолон ба шумор меомаданд. Устод Айнї дар оѓози бахши севуми «Ёддоштњо» чанде аз фаъолони мањфили Садри Зиёро ном гирифтааст, ки инњоянд: мулло Нарзуллоњи Лутфї, Абдулмаљиди Зуфунун, Яњёхоља, Содиќхољаи Гулшанї, Њомидбеки Њомид, Абдуллохољаи Тањсин, мулло Бурњони Муштоќии Бисмил, ќорї Абдулкарими Офарини «дўзахї», Мирзо Азими Сомии Бўстонї, мулло Рањмати сартарош, Азизхољаи Азиз- њамагї ёздањ нафар. Инњо касонеанд, ки устод Айнї аз соли 1891 дар мањфили Садри Зиё бо онњо шинос шуд. Чанд тани дигар дар он маљлисњо ѓоибона ситоиш мешуданд. Чунончи Мирзо Њайити Сањбо, Шамсиддини Шоњин, Ањмад-махдуми Дониш. Сипас устод Айнї њамаи инњоро бо андак тафсил муарррифї кардлааст ва аз саргузашти онњо чизњое њикоят намудааст, гоњ гўё њолномаву зиндагиномаи кўтоње навиштааст. Аз ин њолномањо ошкор мегардад, ки бештарини ањли мањфили Садри Зиё аз љумлаи њаќгўён будаанд. Њавлии Садри Зиё љои гирдомади зиёъиёни озодандеш ва љасоратмандони њаќгўй будааст. Дар сўњбати онњо аз бадкирдорињои роњбарони њукумат ва мансабдорони калон, яъне аз ањволу атвори онњое, ки «амир хуни халќи хеш аз дасти онњо мехўрд», сухан мерафт. Чунончи Абдулмаљиди Зуфунун аз шогирдони Ањмади Дониш буда, мањфили Садри Зиёро бо маљлисњои њавлии Ањмади Дониш пайваста буд, ў аз амир ва дарбориёни ў» гап зада, «кирдорњои бади онњоро берањмона кушода мепартофт» (7-11). Зуфунун худро ба девонагї зада буд ва Садри Зиё гуфтааст: «Девонагии Зуфунун сохта аст вагарна худи ў донишманди њамафањм аст. Аммо ў барои аз тарафи амир бозхост нашудан худро ба девонагї зада мегардад» (7-12). Дигар аз ањли мањфили Садри Зиё, ки низ худро девона вонамуд мекард, Яњёхоља буд. Аммо чунонки устод Айнї мегўяд «девонагии» Яњёхоља «фаъолона ва боѓайратона буд» ва «муллоњои калони расмї ва дарбориёни калон њар гоњ ўро дар роње ва кўчае бинанд, ба паскўчае даромада рафта, худро аз вай пинњон мекарданд, то ки њаќоратњои ўро нашунаванд» (7-12). Яњёхоља боре ќорї Самеъ ном касеро, ки муллои калон ва «фиребгартарини фиребгарон ва моли мардумхўртарини њаромхўрон будааст», сахт фош ва дар миёни мардум шарманда кард (7-13). Бори дигар Яњёхоља ба пеши мулло Бадриддини ќозикалон, ки пас аз амиру вазир шахси севуми кишвар ва яке аз сахттарин ситамгарони
10
замон буд, даромад бо ў «сўњбат» ороста, гуноњњои ўро беибо ба рўяш гуфт: «Ту имрўзњо дар Бухоро аз амир њам калонтар мебошї, ихтиёри мурдаву зиндаи њамаи мардуми мамлакати Бухоро дар дасти туст, ту хоњї касеро месўзї ва хоњї касеро месозї ва њељ кас ба ту чуну чаро гуфта наметавонад» ва њоказо (7-14). Рўзе Яњёхоља дар хонаи Садри Зиё Љўрабек Арабовро, ки аз калонтарин сарватмандони Бухоро ва милионер буд, дида бо ў низ «сўњбат» кард, ўро њаромхўр гуфт ва як байти Бедилро ба ёд овард ки ин аст: Кисаи њељ кас надид пурї, То накард ихтиёри кисабурї. Чунин рафтору гуфтори Яњёхоља ва Зуфунун, ки айби њукуматдорон мансабдорон, бадкирдорон, мардумозоронро фош мекарданд, ба рўяшон мегуфтанд ва барои ин худро ба девонагї зада буданд, яке аз навъњои њамон њаќљўист, ки хеле ављ гирифта буд. Бешак сўњбатњои мањфили Садри Зиё низ монанди гуфтањои мазкури онњо буд. Яке аз њаќгўёни нотарс шоири машњур Мирзо Њайити Сањбо будааст. Сањбо дар мањфили адабии Садри Зиё ширкат надоштааст, вале дар сўњбатњо ўро ёд мекардаанд. Чун аз далериву љасорати муборизони роњи адлу инсоф бо мамнуният гап мезаданд, масалан, мегуфтанд, ки Сањбои амалдор (мироби Шањррўд ва миршаби Бухоро) «њамеша камбудињои дарбори амирро фош мекардааст, њатто баъзан дар њузури амир аз њаќгўї бознамеистодааст» (7-27). Устод Айнї ба ин муносибат ин ду байти Садри Зиёро, ки дар «Тазкори ашъор» дар бораи Мирзо Њайити Сањбо гуфтааст, зикр мекунад: Ба изњори њаќ ошкору нињон, Надорад њазар аз кењону мењон. Ба њадде ки дар пеши шањ з-ин насаќ Кунад доимо нашр эълони њаќ. Сањбо ба сабаби ин њаќгўињо чанд бор љазо дида ва оќибат чунончи Садри Зиё дар «Рўзнома»-и худ овардааст, соли 1918 Сањборо ба Ќубодиён бадарѓа карданд ва ба дасти ўзбекони он љо вањшиёна ба ќатл расониданд9. Худи Садри Зиё низ чунон буд, ки гоњ рў ба рўйи амир истода ва рост ба чашмони ў нигариста сухани њаќ мегуфт ва чунонки поинтар хоњем дид, оќибати кори ў ќариб монанди Сањбо шуд. Яке аз љасуртарин њаќгўён домулло Икром (муфтї Икромча) буд, ки њамеша ба њукуматдорон, уламои манфиатљўй ва муллоњои љоњил даст ба гиребон будааст. Ў аз наздиктарин дўстони Садри Зиё ва њамтаќдири ў буда, дар ин бора низ баъдтар сухан хоњем ронд. Дар мањфили Садри Зиё дигар навъњои њаќгўї низ намоянда доштааст. Яке аз ин навъњо навиштани осори адабиву илмї бо изњори аќидањои мухолифи сиёсати рўз ва тартиби замон буд. Чунончи Мирзо Сомї, ки аз ањли мањфили Садри Зиё буд, асарњои худ «Тўњфаи шоњї» ва «Дахмаи шоњон»-ро, ки дувумї такмилаи асари њамноми Мирзо Сиддиќи Муншї—бародари худаш буд, «бо рўњи мухолифаткорї ва танќиди дарбор навиштааст» (7-25). Устод Айнї онњоеро, ки «гули сари сабади маљлисњои Шарифљон-махдум» буданд, якяк ёд карда дар хулоса гуфтааст, ки «њар кадоми онњо кам ё беш нисбат ба сохти замони худ норозигї доштанд, ки ин хусусияти онњо њам ба ман бе таъсир намонда буд» (7-26). Ин љо боз як бор ањамияти мањфили Садри Зиё барои парвариши љавонони кушодафикру озодандеш таъкид шудааст. Аз љумла Садриддини Айнї, Мирзо Абдулвоњиди Мунзим, Ањмадљон-махдуми Њамдї, Њомидхољаи Мењрї ва чанд љавони дигар пас аз чанд сол фаъолтарин маорифпаварони тољик (љавонбухороиён, тараќќихоњон, љадидон) шуданд, аз њамин мањфили адабии Садри Зиё, аз њамин маркази њаќљўї тарбият гирифтаанд. Хуллас, ки мањфили адабии Садри Зиё на танњо «мактаби адабиёти њамон давра» (7228), балки яке аз марказњои рушди њаќгўї низ будааст. Њаќгўї навъе аз эътирози иљтимоъї, як навъи вежаи озодандешї ва мухолифату муќовамати иљтимоъиву сиёсї буда, мањфили Садри Зиё барои таќвият ва густариши он наќше доштааст.
9 Тафсилоти ин вањшониятро профессор Саъидљон Алиев аз гуфти як шоњиди воќеа баён кардааст. Ниг. С. Алиев. Унитилмас сањифалар (сањифањои фаромўшношуданї). Тошканд, «Ўзбекистон», 1986, сањ. 88-91, ба забони ўзбекї.
11
*** Гуфтем, ки њаќгўи аввал Ањмад-махдуми Дониш буд. Бо бовармандї тавон гуфт, ки њамнишнї ва њамсўњбатї бо Ањмади Дониш ба Садри Зиё муяссар нагардидааст. Лекин мањфили адабии Садри Зиё бо маљлисњои хонаи Ањмади Дониш робитаи бевосита доштааст. Бисёре аз ањли мањфили Садри Зиё ба маљлисњои Ањмади Дониш низ ширкат мекардаанд. Чунончи устод Айнї гуфтааст, ки Зуфунун «аз шогирдони Ањмади Дониш буда фикру чашми ў дар сўњбати Ањмад-махдум кушода шуда буд » (7-11). Устод Айнї боз мегўяд: «Яњёхоља аз дўстони наздики Ањмад-махдуми Дониш (Ањмади Калла) буда аз њамсўњбатони доимии ў ба шумор мерафт» (7-20). Яъне дўстону њамсўњбатони Ањмади Дониш дўстону њамсўњбатони Садри Зиё буда, рўњияи маљлисњои Ањмади Донишро ба мањфили Садри Зиё оварда буданд. Содиќхољаи Гулшанї «бо Ањмад-махдуми Дониш њамгузар буда, њафтае чанд бор ба сўњбати ў мерасидааст» (7-21). Њомидбеки Њомид, ки аз фаъолони мањфили Садри Зиё буд, низ чунин буда, «толеъ ўро ба њамсўњбатии Ањмад-махдуми Дониш расонидааст, ки аз он љо як одами озодфикр шуда расидааст» (7-23). Ў њамин озодфикриро ба мањфили Садри Зиё овард ва ин љо « дар сўњбатњо бештарин вирди забони ў наќли маљлисњои Ањмад-махдум буд» (7-23). Абдулкарими Офарини «дўзахї» низ аз давомкунандагони маљлиси Ањмад-махдуми Дониш будааст(7-24). Мирзо Азими Сомї «аз дўстони наздики Ањмад махдуми Дониш буда, дар замони зинда будани ў њељ набошад њафтае як бор ба сўњбаташ мерафт» (7-25). Ин аст, ки мањфили Садри Зиё моњиятан ба маљлисњои Ањмади Дониш наздик буда, мавзўи сўњбатњо дар мањфили Садри Зиё ва маљлиси Ањмади Дониш тавон гуфт як буда, дар ин сурат метавон пай бурд, ки гоњ сўњбате аз хонаи Ањмад-махдум сар шуда, дар њавлии Садри Зиё давом меёфт ва гоње баръакс ин љо оѓоз ва он љо идома меёфт. Баъзе аз ањли маљлис аз њавлии Ањмади Дониш баромада ба њавлии Садри Зиё меомаданд ва ба њамон рўњия, ки њангоми омадан доштанд, сўњбатро идома медоданд. Аз бисёр љињатњо мањфили Садри Зиё идомаи маљлиси Ањмад-махдум буд. Ба ин тариќ њаќгўї, ки Ањмади Дониш ба он мазмуни баланди иљтимоъї ва ранги маорифпарварї дод, густариш ва ќувват гирифта, маорифпарварї, ки Ањмади Дониш оѓоз нињод, бо љамъ омадани зиёиёни пешќадам ба гирди ў тавоної афзуда, ба як љараёни пурзўр табдил ёфт. Рисолати таърихии мањфили адабии Садри Зиё ин будааст, ки љасорати њаќгўї, маънавиятгустарии маорфпарварї ва пархоши иљтимоъиро, ки Ањмад-махдум бо ќатъияти тамом ба майдон овард, устуворї бубахшид ва барои нуфузафзоии маорифпарварї дар љомеа мусоидат намуд. Алббата равияи танќидї ва фарњанггустарии ањли мањфили Садри Зиё шояд ба он жарфои фалсафии эътирози иљтимоъї, ба он шинохти фалсафии замон, ки дар осори Ањмади Дониш мебинем, шояд натавонист баробар бишавад, натавонист ба сатњи баланди Ањмади Дониш бирасад. Вале рисолати таърихии худро ба хубї иљро намуд: барои он ки омўзањои Ањмади Дониш дар љомеа бештар реша давонад, мањфили адабии Садри Зиё аз омилњои асосї буд. Академик Бобољон Ѓафуров чунин таъкиде дорад: « Бояд ќайд кард, ки љунбиши љадидони Бухоро ягона љараёни оппозитсионї дар њудуди аморат буд»10. Ин таъќид ба ду дањаи нахустини садаи бист дахл дорад. Ба аќидаи мо онро ба маорифпарварии Ањмади Дониш ва охирин чоряки садаи нуздањ низ метавон татбиќ кард. Ба ёд оварем, ки устод Айнї хеле пештар аз Бобољон Ѓафуров-соли 1940 дар рисолаи «Мухтасари тарљумаи њоли худам» дар бораи солњои 1891-1892 гуфта буд, ки ањли маљлисњои њавлии Садри Зиё «њамеша як навъ њаракатњои оппозитсионї нишон медоданд» (1-33). Ин таъбири Айнї он таъкиди Б. Ѓафуровро ќувват медињад. Дар њаќаќат эътирози иљтимоии Ањмади Дониш ва пайравони ў, аз љумла ањли мањфили Садри Зиё эътирози зўрманд, як нерўйи фаъоли мухлифаткор буд. Мо бар инем, ки арзёбии маорифпарварї ба сифати як љараёни пурзўри мухолифаткор, ки академик Б. Ѓафуров ва низ профессор И. С. Брагинский таъкид кардабуданд, хеле муњим аст ва моњияти иљтимоиву сиёсии маорифпарвариро бењтар падид меоварад. Маорифпарварї на танњо дар оѓози садаи бист (ду дањаи нахустини он), балки аз овони пайдоиш, аз нахустин љусторњои маънавиву фалсафї ва иљтимоъиву сиёсии Ањмади Дониш ба роњи мухолифаткорї даромад. Аз љумла фаъолияти ањли мањфили адабии Садри Зиё, љасорати њаќљўї ва муборизаи зидди ситами иљтимоъї, ки онњо ба тарзњои гуногун пеш гирифта буданд, кам ё беш теша ба решаи истибдоди замон мезад. На танњо мањфили Садри Зиё, балки баъзе аз осори ў, чунончи «Тазкори ашъор» низ рўњияи мухолифаткорї дошт. Мо инро дар маќолаи алоњида хоњем дид. Ормон (идеал)-њои маорифпарварї аз андешаи башардўстї нумў карда, он сохту низоми иљтимоъиро, ки ситаму ситамкориро 10
Б. Ѓафуров. История таджикского народа, т.1. М., Госполитиздат. 1949, стр. 453.
12
њимоя мекунад ва ќувват медињад, рад кард ва аз ин љо мухолифаткории сиёсии маорифпарварї оѓоз ёфт. Зиёда аз ин, мухолифаткории маорифпарварї дар баъзе мавридњо то андозае обуранги миллї пайдо намуд. Бархе аз андешањои Ањмади Дониш, ба вежа китоби ў «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манѓития» гоњ- гоње ошкоро оњанги зидитуркї касб кардааст. Чун дар љанги Бухорову Русия (1867) Манѓитиён сахт шикаст хўрданд, Самарќанд ба тасарруфи Русия даромад, кишвар хароб ва халќ бенаво шуд, Ањмади Дониш ин њамаро чунин маънї додааст: «Сарпўш аз карсонаки ўзбак бардошта ва миси перояи сару риши онњо намоён гашт»11. Ин љо сарзанише њаст, ки ба мансубияти ќавмии Манѓития ишора дорад. Дар байни мардуми ситамкаш ва равшанфикрон гоњ муќобилат бо зулму ситам то дараљае ба муќобили ситами ќавлї ва зулми миллї равона мегардид, ба талоши миллии озодихоњї наздик мешуд. Аз љумла Ањмади Дониш гуфтааст: «Ба сабаби он ки мардуми ўзбак дар умури давлатї тадохул ёфта, љињати безабтии салтанат шуда, њар чї аз њар љо ёфтаанд, мутасаррифу молик шуда, шўъла аз чароѓи бевазан ва нон аз анбори ќоќ дуздидаанд»12. Ошкор аст, ки ин љо сухан на танњо аз ситами иљтимоъї, бешатр аз ситами ќавмї меравад13. Њаќгўии љасуронаи маорифпарварони поёни садаи 19 ва оѓози садаи 20 падидае аз башардўстии фаъол аст, ки анъанањои фаъолиятмандии иљтимоъии чандин асри пешро, ки дар замони муборизаи зидди истилогарон бештар ављ мегирифт, идома додааст. Башардўстии фаъол ба вежа дар осори Саъдї ба дараљаи баланд расид. Саъдї мегўяд: Саъдиё, чандон ки медонї, бигў! Њаќ нашояд гуфт илло ошкор! Њар киро хавфу тамаъ дар бор нест, Аз хито бокаш набошад в-аз татор. Чунонки ошкоргўии љасуронаи Саъдї бахше аз муборизаи зидди истилогарони тотору муѓул низ буд, сахтгўињои Ањмади Дониш ва пайравони ў, аз љумла ањли мањфили Садри Зиё низ љанбаи миллї дошт ва ба муќобили зўр гирифтани ситами ќавмии Манѓития низ равона гардида буд. Башардўстии фаъоли адабиёти классикии форсї-тољикї дар даврони маорифпарварї муњимтарин омиле дар муборизаи миллии озодихоњии тољикон ва пархоше бо ситами иљтимоъї буд. Ин нуќта даъвои Р. Масовро, ки гўё зиёъиёни Бухоро њама мутеъу фармонбардори Манѓитиён ва миллатфурўшу хоин буданд, ќатъиян рад мекунад. Мо дар ин бора дар бахши дувуми ин китоб, ки њоло ба даст доред, андаке ба тафсил сухан хоњем ронд. Муборизаи зидди сиёсати њукуматдорони Манѓит ва дастнишондањои онњо дар мањфили адабии Садри Зиё низ шиддат дошт, вале шояд љанбаи миллии ин мубориза аз тарафи муборизон њанўз амиќан дарк нашуда буд ва таъкид нагардидааст, аммо чун маорифпарварї поя бар андешаи миллї дошта, роњњои растагории миллиро љустуљў дошт, дар шароити аморати Бухоро, ки 75 фоизи љамъияти он тољикон буданд, табиъист, ки наметавонист аз пархоши миллии мардуми тољик берун бимонад. 4 Садриддини Айнї, ки чанде дар њавлии Садри Зиё зиста, ўро падари маънавї ва «аввалин тарбиятгари маънавии худ» (7-50) донистааст, Мирзо Абдулвоњиди Мунзим, ки низ аз таълимдидагони мањфили адабии Садри Зиё буда ва чанд сол дар њавлии ў ба сар бурдааст, инчунин чанд љавони дигар пас аз инќилоби Русияи соли 1905 фаъолияти амалии фарњанггустарї оѓоз намуданд ва 10 шавволи 1326 ќ. =4 октабри 1908 дар Бухоро мактаби усули љадид кушоданд, ки барнома ва тарзи омўзишу парвариш дар он ба куллї нав буда, кўдак дар андак муддат- -дар панљ –шаш моњ савод мебаровард ва пас аз он аз илмњое чун 11 Ањмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манѓития. Душанбе, Сарват, 1992, сањ. 29. 12 Њамон асар, сањ. 84. 13 Дар бораи ин, ки муборизаи маорифпарварон навъе аз муборизаи озодихоњии миллї низ будааст, мурољиат шавад ба: Субњони Амир. Фирдавсї ва мактаби адабии Ањмади Дониш. Душанбе, 1995, сањ. 7; Муњаммадљони Шакурї. Айнї-равшангари таърихи тољикон. Хуљанд, Нури маърифат, 2001, сањ, 56-57.
13
љуѓрофия, њисоб, таърих шиносої пайдо мекард. Аз љавонон Ањмадљони Њамдї (1884-1946), Њомидхољаи Мењрї ( ки соли 1918 ба дасти љаллодони амир кушта шуд) ва чанд нафари дигар ба ин кор њамроњ шуданд. Онњо њамон сол ба номи «Ширкати Бухорои Шариф» созмони сањомие таъсис караданд, ки барои мактаби нав китобњои дарсї чоп мекард. Соли 1910 љамъияти махфии «Тарбияи атфол» ташкил шуд, ки мактабњои усули љадид мекушод. Он гоњ, ки амири Бухоро бо иѓвои уламои сўъ ин мактабро баст, љамъияти «Тарбияи атфол» мактабњои пинњонї кушод, кўдакону наврасонро барои тањсил ба кишварњои дигар фиристод, соли 1912 ба номи «Бухорои Шариф» рўзномае чоп кард, ки нахустин рўзномаи форсии тољикии Мовароуннањр аст. Маќсади асосии он љамъияти пинњонкор ислоњи мактабу мадраса, ба фарњанги нави замонї расонидани миллат, аз аќибмондагї ва дарбастагии феодалї баровардани кишвар ва ба роњи тараќќї дохил намудани он буд. Љавононе, ки ба роњи фарњанггустарї ва маорифпарварии амалї даромаданд, љавонбухорої ё тараќќихоњ ва ё љадид ном гирифтанд. Њаракати љадидон ва адабиёти љадидия дар Самарќанд, ки русњо аз Бухоро људо ва ба Туркистони Русия илњоќ карда буданд, бештар густариш ёфт. Дар Хуљанд ва Истаравшан, ки низ љузъе аз Туркистони Русия њисоб мешуд, маорифпарвароне фаъолият оѓоз намуданд. Шарифљон-махдуми Садри Зиё дар љунбиши љадидон бевосита ширкат надошт, лекин љадидон њамеша аз дастгирии ў бархурдор будаанд. Ба гувоњии Садриддини Айнї таъминоти моддии љамъияти «Тарбияи атфол»-ро чанд нафар маорифпарварон ба ўњда гирифта буданд, ки Садри Зиё яке аз онњо буда, њар моњ пинњонї маблаѓи муайяне ба тариќи иона медод14. Таѓоибачаи Садри Зиё Сайидљон-махдуми Назмии шоир низ пинњонї ёрмандии моддї мекард (ва соли 1918кушта шуд) Садри Зиё дар нахустин соли таъсиси мактаби тараќќихоњон фарзанди худ Зарифро ба ин мактаб дод ва бо ин кор эътибори мактаби усули навро баланд кард. Чун мактаби тозафикрон нахустин бор баста шуд, амир Абдулањадхон ба Садри Зиё «дастхате фиристода, масъалаи мактабро пурсид»15 ва аз ў љавобе ба тарафдории њама ташаббусњои љавонони тараќќипарвар дарёфт кард. Дар санаи 1310=1893 Садри Зиё хатми кутуб кард ва аз љавонї хидмати дар маќоми ќазоватро шурўъ намуда, дар зарфи бисту њафт сол дар бузургтарин тумону вилоятњои Бухоро дар мансаби ќозии шариат машѓулї дошт. Ќозигии ў њар дафъа зуд ба маъзулї меанљомид. Чунончи аз рисолаи «Сабаби инќилоби Бухоро» мебинем, аксаран зуд «гуноње» аз ў мегузашт ва ўро бекор мекарданд. Вай ба Бухоро бармегашт ва чанде аз назари амир дур афтода, ба гуфти худаш «талхкомии маъзулиро кашида, љонкании бепулиро чашида умре ба сар мебурд16. Гоњ барои аз назари амир дур афтодани ў боис ин мешуд, ки одати њаќгўї дошт. Ин одат чандин бор боиси ранљиши амиру вазир ва ќозикалон шуда буд. Њољї Рањматуллоњи Мўњтарам дар «Тазкиратушшуаро»-и худ дар бораи Садри Зиё навиштааст: «Афсўс аз ин њама фазлу камол, ки бар дўши авсофи њамидаи худ тайласони лоуболї пўшонида… Ќадри љалоли худро шикаста, роњи маноли хешро хеш баста… Аз ин љињат аст, ки… муддатест дар гўшаи ноќабулї ва зовияи маъзулї хазида, бар ин ањвол шокир ва бад-ин атвор собир аст»17. Мўњтарам аз дўстони Садри Зиё буд ва бино бар ин аз нотарсиву саркашињои Садри Зиё бо афсўс сухан ронда, ин сифатњоро сабаби маъзуливу гўшанишинии ў донистааст. Аз хусусияти ахлоќии Садри Зиё он буд, ки аспро дўст медошт ва саисхонаи худро ба тартиби тавилаи Арки амир нигоњ медошт. Воќианависњо ба амир хабар доданд, ки ќозї Шарифљон дар аспдорї ба љаноби олї таќлид мекунад. Ин њам боиси ранљиши амир ва маъзулии Садри Зиё шуда буд. Њангоми ќозигињо низ њамеша осудањолї даст намедод. Гоњ ташвиши зиёде ва рўзњои ногуворе пеш меомад. Аз љумла гуфтааст, ки дар яку ним соли ќазои вилояти Янги Ќўрѓон «ќарзи бисёре ва насияи бешуморе наќди киса ва оиди рўзгори бандаи беэътибор гардида»18. Дар навиштањояш, аз љумла дар «Рўзнома» айёми хушнудї аз зиндагонии хеш, ки бо ризоият њикоят карда бошад, зиёд нест. Дар бораи ин ки дар тумону вилоятњо њангоми ќазоват рафтори ў чї гуна будааст, аз Рўзнома ва баъзе навиштањои дигари ў, чуночи аз рисолаи «Сабаби инќилоби Бухоро» гоњС. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро . Душанбе, 1987, сањ. 133. Њамон асар, сањ. 84. 16 Рўзномаи Садри Зиё. Тењрон, Маркази аснод ва хадамоти пажўњишї, 1382-2003, сањ. 154. 17 Тазкират-уш-шуарои Мўњтарам, ба тасњењу муќаддимаи Асѓари Љонфидо. Душанбе, Дониш, 1975, сањ, 215. 18 Рўзномаи Садри Зиё. сањ. 130. 14
15
14
гоњ маълумот ба даст меояд. Имрўз ки њам «Сабаби инќилоби Бухоро» (дар китоби «Наводири зиёъия») ва њам «Рўзнома» чоп шудааст, дар бораи чигунагии фаъолияти Садри Зиё дар маснади ќозигї ба даст овардани маълумот душвор нест. Хулосаи фаъолияти иљтимоъии Садри Зиё дар маќоми ќозии шариат ин аст, ки ў худ гуфтааст: Гоњ иљрои шариат буду гоње дафъи зулм Алѓараз бекор неву кору боре доштем19. Бо камоли бовар тавон гуфт, фаъолияти Садри Зиё дар ќазову ќазоват ба он усули умдаи муборизаи иљтимоъї, ки дар мањфили адабии ў дар асоси омўзањои маорифпарварии Ањмади Дониш муайян шуда буд, созгорї дошт. Садри Зиё бо вуљуди он ки бештар дур аз Бухоро мезист, имкон меёфт, ки ба адабиёт таваљљўњ варзад, аз ањволи навфикрони тараќќихоњи Бухоро хабардор бошад, ба њангоми ниёз онњоро ёрии зарурї бирасонад. Чунончи Садриддини Айнї пас аз чанд соли рафтанаш аз њавлии Садри Зиё дар мадраса бењуљра монд, чанд гоњ дар Бухоро љои зист мељуст ва ба гуфти худаш «истиќомати даруни курта» дошт. Он ваќт Садри Зиё дар вилояти Насаф ( Ќаршї) ќозї буда, аз оворагињои Айнї хабар ёфт ва дар Бухоро аз мадрасаи Кўкалтош, ки аз машњуртарин мадрасањои шањр буда, ваќфи зиёд дошт, барои Айнї њуљрае харид. Айнї дар ин њуљра аз соли 1902 то 1917 зиндагї кард ( 1-58) ва сањмияи ваќфи он њуљра мадади маоши ў гардид. Дар ин њуљра њоло Музеи Айнї љойгир аст. 5 Моњи феврали соли 1917 дар Русия дувумин инќилоб рўй дод ва подшоњро сарнагун карда, низоми љумњурї барќарор намуданд. Љадидони Мовароуннањр аз љумла маорифпарварони Бухоро ин воќиаро бо мамнунияти тамом пешвоз гирифтанд ва низ дар роњи њаќталабї фаъолтар шуданд. Тараќќихоњони Бухоро, ки сафашон як андоза афзуд (наздик ба дусад нафар расид), аз амир ислоњоти иљтимоъиву сиёсї ва фарњангї хостгор шуданд. Консулхонаи Русия дар Бухоро низ худро њавохоњи адолати иљтимоъї ва демократия вонамудан хоста ва низ амирро ба ин водошт, ки баъзе аз хостњои тараќќихоњонро рад накунад ва аз ислоњот худдорї нанамояд. Он сол Садри Зиё дар тумони Ѓиљдувон ќозї буд. Рўзе ўро босуръат ба Бухоро талабиданд ва 25март ќозикалон (ќозиулќузот) таъин намуданд. Мансаби ќозикалонї баробари вазорати адлия ва маќоми шахси сеюми кишвар (баъд аз амиру сарвазир) буд. Пеш аз ин ду бор ба Садри Зиё ин мансабро пешнињод карда буданд, вале ў рад карда буд. Ин дафъа њам Садри Зиё розї набуд, вале ин дафъа бидуни огоњии пешакї ва пурсидани розигии ў гўё ба таври маљбурї ба ў маншури ќозикалонї супурданд. Маълум шуд ки тараќќипарварони ислоњотталаби Бухоро (яъне њамонњое ки љавобухороиён, љадидон, маорифпарварон ном гирифтаанд аз намояндаи сиёсии Русия (сарвари консулхона, элчихона) хоњиш кардаанд, ки амир Олимхонро ба ислоњот розї кунад ва барои иљрои ислоњот Садри Зиёро ќозикалон (аќзалќузот) ва Абдуссамадхољаи судури Самарќандиро раис (раискалон, сармўњтасиб) таъйин кунанд. Абдусамадхоља низ мисли Садри Зиё аз уламои пешќадам ва дўсти љавонбухороиён (маорифпарварон) буд. Ба чунин сабабе ба ќозикалонї таъин шудани Садри Зиёро чанд санад тасдиќ мекунад. Яке ин ки устод Айнї таъкид кардааст: «Зиё аз љумлаи уламои тараќќипарвар ба шумор меравад. Банобар ин амир Олим дар соли 1917 барои (иљрои) фармони ислоњот мумилайњро дар Бухоро ќозикалон кард»20. Миллер – вакили сиёсии Русия (сардори консулхона) дар як телеграммаи махфї, ки 24 марти 1917 ба вазорати корњои хориљии Русия фиристода буд, навиштааст: «Тибќи пешнињоди ман ќозикалону раиси Бухоро фардо иваз хоњанд шуд ва тарафдорони шинохтаи ислоњот ќозиёни Ѓиљдувону Чорљўй Муњаммадшариф ва Абдуссамадхоља, ки обрўйи баланд ва шўњрати њамагонї доранд, таъйин хоњанд гардид»21. (По моему предложению кази –калян и бухарский раис будут Њамон асар, сањ. 184. С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик. М., 1926, сањ. 401. 21 Бухара в 1917 году (Бухоро дар соли 1917). Секретная телеграмма Российского резидента в Бухаре на имя советника третьего отдела, 24 марта 1917 г. (Ьарќияи махфии намояндаи сиёсии Русия дар Бухоро ба номи мушовири шўъбаи севуми сиёсї, 24 марти с. 1917). Маљаллаи «Красный архив», 1927, № 1 (20) сањ. 83. Мадорики «Красный архив»-ро профессор намози Њотами ин калима гузошта буд, ки ўро сипосгузорам. 19
20
15
заменены завтра известными сторонниками реформ гиждуванским и чарджуйским казиями Мухаммед-Шерифом и Абд-ус –Самад-Ходжей, пользуюшимися большим авторитетом и широкой популярностью). Аз ин санад боз як бор бовар њосил мешавад, ки Садри Зиё аз хосторони ислоњот ва номи ў дар љомеа аз эътибор ва шўњрати тамом бархурдор буд. Ин љо лозим аст дар бораи ќозї Абдуссамадхољаи судур низ бигўем, ки ў набераи ќозї Абдуссаъидхољаи Самарќандї буд. Абдуссаъидхоља «дар ањди худ ягона», мударриси фарзона ва устоди Шањобиддини Марљонї (1813-1889) —маорифпарвари бузурги тотор, ки дар Бухоро тањсил карда буд, будааст. Падари Абудсаидхоља аз уламои обрўманди ваќт буда, худи Абдуссамадхоља низ чун падару бобош номи нек доштааст, дар фаъолияти созмони пинњонкори «Тарбияи атфол» ширкат яъне бо љадидони љавонбухорої њамкорї мекардааст. Мансаби раис (раискалон), ки ба Абдуссамадхоља расид, ба истилоњи Русия вазири корњои дохилї буд. Миллер дар телеграмммаи дигар хабар медињад, ки сарварони љадидияи Бухоро Абдуррауфи Фитрат ва Мўсо Йўлдош аз ў хоњиш карданд, ки аз номи онњо ба амиру ќушбегї барои ин ки ислоњот кардан мехоњад, инчунин барои ин, ки «ќозии Ѓиљдувон Муњаммадшарифи њавохоњи эътиќодманди ислоњот ва соњиби эътибори баланд» ќозикалон таъйин шудааст, ташаккур баён намояд. («Они просили меня доложить эмиру и кушбеги чувства их радости и благодарности за намеченные реформы и за замену реакционного казы –каляна» (яъне Бурњониддин—М. Ш.) убежденным стороником реформ и высоко авторитетным Гиждуванским казием Мухаммед-Шерифом»22). Ин телеграмма 26 март фиристода шудааст. Аз ин љо низ ошкор аст, ки Садри Зиё ба сабаби аќидањои тараќќихоњона ва обрўйи баланде, ки дар љомеа дошт, ба хоњишу пешнињоди љавонбухороиёни ислоњотхоњ ва консулхонаи Русия барои иљрои фармони ислоњот ќозиулќузоти Бухоро таъйин гардид. Садри Зиё таъкид, дорад, ки чун маълум гардид, ки пешнињоди љавонбухороиён дар миён будааст, ўро мамнуният њосил шуд, ки дар байни онњо дўстон ва шогирдони ў буданд, дар иљрои фармони ислоњот бо онњо њамкорї ба онњо такя хоњад кард. Садри Зиё мегўяд: «Аз он љо ки табъан аз суъи идораи њукумат, ки абнои ватан мутазаррир мешуданд (зарар медиданд— М. Ш.) зиёда мутанаффир будам (нафрат доштам— М. Ш.) ба умеди ислоњи ватану дин ва орзуи хизмати шариату миллат мутасаддии ин амри хатир гаштам»23. Ин љо њадафи Садри Зиё аз фаъолияти иљтимоъї равшану возењ баён шудааст. Вай дар роњи «ислоњи ватану дин» барои шариату миллат хидмат кардан хостааст. Дар он даврон мафњумњои «ватан» ва «миллат» маънои иљтимої низ пайдо карда буданд ва ошкор аст, ки фаъолияти Садри Зиё моњиятан ба мазмуни навини ватандўстї ва миллатпарварї наздик шуда буд. Дуруст аст, ки он њангом вожаи «миллат» њанўз маънои мушаххаси этникї надошт, чунончи мардуми тољикро шомил набуд, балки бештар маънои умумии «халќи кишвар»-ро дошта, аз њама пеш њамкешону њаммазњабон ва шояд то андозае яњудиёни мањаллиро низ ифода мекард, ба маънои «абнои ватан» ва «њамватанон» меомад. Пас аз дусе соли дигар мафњумњое чун «миллати тољик» « миллати ўзбек» ва ѓайра маъмул ва матрањ гардид. Он гоњ мафњуми «миллият» дар муборизаи озодихоњї ба вижа дар талошњои озодихоњии миллї ба яке аз мафњумњои умдае табдил ёфт, ки ормон (идеал)-њои тозаи башардўстиро баён мекард. Инкишофи шуури иљимоъии Садри Зиё ба сўи фањмиши зарурати мубориза, ки аз хизмати дину шариат, аз хидмати Ватану њамватанон иборат бошад, ба сўи фањмиши зарурати растагории миллї пеш мерафт. Ин раванди тањаввули фикрї хеле пештар аз соли 1917 шурўъ шуда буд, ки инро аз « Рўзнома»-и ў мебинем ( поинтар хоњем дид). Соли 1917 бо таъйин шудан ба ќозиулќузотї умед пайдо шуд, ки барои иљрои орзуву умедњои маорифпарварї ва ормон (идеал)-њои башардўстї на танњо бо ќалами нависандагї ва фаъолияти фарњанггустарї, балки ба тарзи дигаре низ, бо роњи амалкарди маъмуриву созмондињї љањду љадал бикунад. Садри Зиё барои ислоњот ва навсозии маорифпарваронаи љомеа, барои иљрои вазифаи бузурги таърихї камари њиммат сахт баст.
22 23
Красный архив. 1927, 1(20), стр. 87. Рўзномаи Садри Зиё, Тењрон, 1382-2003, сањ. 259.
16
6 Миллер дар он телеграммаи махфї, ки ба Петурбург, ба вазорати хориљии Русия 24 марти 1917 фиристода буд, гуфтаст, ки ќозикалон ва раиси нав, яъне Садри Зиё ва Абдуссамадхоља пагоњ яъне 25 март таъин хоњанд шуд («кази-калян и бухарский реис будут заменены завтра»24). Дар телеграммае, ки рўзи дигар фиристода буд, гуфтааст,ки дар Бухоро ќозикалону риси нав таъйин шуданд: «Эмир объявил мне о состоявщейся замене кази-каляна и реиса убедительными сторонниками реформ, упомянутыми в моей предыдущей телеграмме»25. Ин аст, ки 25 марти 1917 ќозикалону раиси кўњна бо ќозикалону раиси нав иваз шуданд. Ба гуфти худи Садри Зиё рўзи якшанбеи 17 љумодуссонии санаи 1335, яъне 25 марти соли 1917 ќозиулќузот таъйин шуд26. Он рўз амир Олимхон ба ў хабар дод, ки мехоњад ислоњоте дар кишвар ба вуљуд биёварад ва ба ин сабаб чанд нафарро аз сари кор дур карда, чанд тани дигар, аз љумла Садри Зиёро ба сари кор овардааст. Маълум шуд ки иљрои ислоњот ба се нафар-Мирзо Насруллоњи ќушбегии вазир (сарвазир), ќозї Шарифљон-махдуми Садри Зиё (Муњаммадшарифи садр) ва Абдуссамадхољаи судури Самарќандии раис (раискалон, сармўњтасиб, вазири корњои дохилї) супурда шудааст. Сарварї дар ислоњоти иљтимоъиву сиёсї ва фарњангии Бухоро бар зиммаи ин њайъати сегона гузошта шуда буд. Лекин аз оѓози кор кам-кам ошкор шудан гирифт, ки амир Олимхон, ки бо маншури худ Садри Зиёро гўё маљбуран аќзалќузот таъйин кард, ба ў чандон бовар надорад, ўро њаќќи амалкарди озод намедињад. Устод Айнї дар нахустин таърихномаи худ, ки пас аз як сол —феврали 1918 навишта буд, дар мањдуд кардани њуќуќи ќозикалон Насруллоњи ќушбегии мазкурро низ ба амир Олимхон шарик донистааст. Айнї менависад: «Ќушбегї (Мирзо Насруллоњ—М. Ш.) барои китмони мо-фи-з-замири худ ё ба хоњиши истибдоди табиат ба касе аз арбоби њукумат машварат намекард, њатто ба ќозї Мирзо Муњаммадшариф, ки дар рўзи ба ќозикалонї мансуб шудан хеле њарф зада ва тавсияњо карда буд, аз вуќуъоти явмия чизе маълум намекард»27. Бо Садри Зиё маслињат намекарданд, ўро ба љараёни кор намегузоштанд. Ба Абдуссамадхољаи раис низ муомилаи амиру вазир њамин буд. Пас аз як-ду рўз њанўз фармони ислоњот содир нашуда, буд, ки Садри Зиё пай бурд, ки амир ислоњоти асосї љорї кардан намехоњад, њатто баръакс нияти ў ќувват додани таъќиби ислоњотталабон аст. Чун ба ин њаќиќат бовар пайдо шудан гирифт, рўзе Садриддини Айниро, ки аз фаъолони љадидия буд, огоњ кард: ба Айнї як номаи махфии Насруллоњи ќушбегиро нишон дод, ки маќсади амир Олимхон ва назарфиребии ў аз он нома ошкор мегардид (1-76). Ба ин тарз Садри Зиё аз фош шудани сирри давлат ибо накарда, ислоњотхоњонро аз эњтимоли найрангу иѓвоњо огоњонид. Нишонањои иѓво пеш аз эълони фармони ислоњот маълум шудан гирифт. Садри Зиё телефонан ба ќушбегї хабар дод, ки баъзе касон дар шањр фитна ангехтан ва судури фармони ислоњотро пешгирї кардан мехоњанд. Вай барои њабси фитнакорон иљозат пурсид, вале иљозат надоданд28. Мухолифони ислоњот, ќуввањои муњофизакори иртиљоъї озодона амал карда, барои аксулњаракати ќатъї омодагї медиданд. Дар чунин мавридњо гўё дасту пои Садри Зиёро баста монда буданд. Инак, 7 апрели 1917 фармони ислоњот, ки Баённома ва Манифест њам номидаанд, эълон шуд. Дар Арки Бухоро ба пеши намояндагони табаќањои гуногуни љомеа, чунонки Садри Зиё дар «Рўзнома» мегўяд, фармонро ба дасти ў доданд, ки бо овози баланд бихонад. Аљобат он аст, ки Садри Зиё, ки гўё аз сарварони иљрои фармони ислоњот таъйин шуда буд, то он лањза матни фармонро надида будааст, яъне дар омода кардани он ширкат надоштааст. Садриддини Айнї мегўяд, ки ќушбегии вазир «рўзе, ки барои эълони фармони њумоюн ќозикалонро (Садри Зиёро — М.Ш.) ба Арки олї даъват кард, њанўз аз
Красный архив, 1927, №1 (20), сањ. 83. Њамон маљалла, сањ. 85. 26 Рўзномаи Садри Зиё. Тењрон, 2003, сањ. 257. 27 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро. Тењрон, Суруш, 1381=2003, сањ. 111. 28 С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ.163. 24
25
17
мундариљоти фармон ва ба чї тариќа тартиб ёфтани он (Садри Зиё — М.Ш.) он рўз чизе нафањмида буд»29. Абдуссамадхољаи раис низ дар њамин њолати ноогоњї будааст. Фармони ислоњотро дар консулхона (элчихона)-и Русия тайёр карда буданд. Онро ба забони русї навишта буданд ва чунонки устод Айнї чандин бор ёдовар шудааст, аз матни тољикии фармон нишонањои тарљума њувайдо буд. Матни русиро нахуст бо вазорати корњои хориљии Русия њамоњанг карданд, пас форсии он бо амиру ќушбегї маслињату тасњењ шуд. Миллер (вакили сиёсии Русия дар Бухоро, раиси консулхона), чунонки устод Айнї таъкид мекунад, мазмуни пешнависи фармонро њатто ба мулло Бурњониддини ќозикалони маъзул, ки сарвари иртиљоъиён ва душмани ислоњот буд, гуфт, аз ў назар хост,30 аммо аз ислоњотхоњон њељ нафаре, њатто Садри Зиё аз мундариљаи фармон, нуктањои асосии он ва равиши иљроаш огоњї надошт. Рўзи эълони фармони ислоњот, яъне 7 апрели 1917 ва ду рўзи пас ба тамом равшан гардид, ки Садри Зиё ва Абдуссамадхоља на ба сифати сарварони иљрои фармони ислоњот, балки ба унвони иљрогарони одї ки њар фармоиши амиру вазирро бояд бечуну чаро иљро намоянд, ба мансаб расида буданд. Шак намонд, ки амир Олимхон танњо бо таќозои ислоњотталабони шўрида ва бо фишори намояндаи сиёсии Русия Садри Зиё ва Абдуссамадхољаро ќозикалону раискалон таъйин карда буд, вале иљрои чунин кореро ба касоне, ки маорифпарвар ва тарафдори љавонбухороиёни ислоњотхоњ бошанд, яъне ба Садри Зиё ва Абдуссамадхоља (њарчанд, ки бар сари онњо ќушбегии вазир нишаста буд) супурдан нахост. Фармони ислоњотро на ба дасти ислоњотталабон, балки фаќат ба дасти хидматпешањои њукумат иљро кардан мехост. Садриддини Айнї пеш аз эълони фармон дониста буд, ки амир ислоњоте баргузор кардан намехоњад. Айнї пеш аз эълони ислоњот дид, ки «њукумат мо фи-з-замири худро (он чиро ки дар дил дорад — М.Ш.) зимнан ба касоне ки барои ислоњот ба тозагї бар сари кор оварда буд, маълум кардан гирифт. Аз ин љумла ба ќозї Мирзо Муњаммадшариф (Садри Зиё — М.Ш.) эњтиёт ба њаракатро тавсия намуд. Насруллоњ- бии ќушбегї ба ќозиќалон (Садри Зиё— М.Ш.) маълум кард, ки Абдуссамадхољаи раис ба тараќќипарварон, хусусан бо Фитрат мухолифат доштааст. Маълум кунед, ки аз ин ќисм одамњо ќатъи муносибат намояд»31. Яъне боз њам Садри Зиё сирри давлатро ба ёрони худ, љавонбухориёни маорифпарвари ислоњотљўй, чунончи ба Садриддини Айнї фош карда онњоро ба њушёрї водоштааст. Устод Айнї пас аз наќли ин рўйдод ва бархе рухнамудњои дигар чунин хулоса баровардааст: «Аз њаракати њукумат ба хубї маълум мегардид, ки ба номи ислоњот як супориши муќаррарї аз љаноби олї мебарояд. Ба амал овардани он супориш мисли супоришњои собиќ ба дасти маъмурон аст. Табиъї, маъмурон ин супоришро низ мисли супоришњои пеш ба тоќи нисён хоњанд гузошт»32. Дар њаќиќат чунин шуд. Њељ нагузоштанд, ки кор ба дасти Садри Зиё ва Абдуссамадхоља бияфтад. Рўзи дувуму севуми эълони ислоњот, яъне 8 ва 9-и апрели 1917 шанбеву якшанбеи 29-30 љумодиуссонии 1335 њиљрї дигар њељ шак намонд, ки амир ислоњоте ба љо овардан намехоњад. Инак, рухнамудњои мудњиши он ду рўз. Рўзи 8-уми апрел бархе љадидон — љавонбухороиёни тараќќихоњи ислоњотталаб дар шањр «намоиши шукрона» ё ки «намоиши шодиёна» барпо карданд. Њамин ки љадидони намоишгар бо эрониёни мањаллї ва яњудиён парчамњо бардошта, ба сўи майдони Регистон, ки Арки амир он љост, равон шуданд, аз њар сў муњофизакорони иртиљоъї ва мухолифони ислоњот, авбошону табањкорон ба намоишгарон њамлавар шуданд. Ба гуфти Айнї «атбоъи ќозї Мир Бурњониддин ва талабаи кўњистонї алами муќобилат бардоштанд»33. Онњо бо фарёди «Во исломо!», «Во шариато!» дар кўчањо мардумро лату кўб карданд хонањоро ѓорат намуданд. Намоиши ислоњотталабон зуд пароканда шуд. Бештарини сарварони љавонбухороиён худро аз Бухоро берун кашиданд ва љон ба саломат бурданд. Баъди пешин як гурўњи балвогарони мухолифи ислоњот бо зўроварї ба Арк даромаданд, ба Насруллоњи ќушбегї, Садри Зиё ва Абдуссамадхоља њамла карданд, Абдуссамадхољаро зери по гирифта, лагадкўб карданд, ки хуншору бењуш хобида буд. Амири бетадбир њамон рўз, яъне 8 апрел Абдуссамадхољаро аз кор гирифт, њабс кард ва соли 1918 дар кўњистон ба ќатл расонид. С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 111. С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 101. 31 Њамон асар, сањ. 105. 32 Њамон асар, сањ. 106. 33 Њамон асар, сањ. 129. 29
30
18
Рўзи 9 апрел балвои иртиљоъиён зиёдтар шиддат гирифт. Маъмурони амир ба ањли фитна дасти ёрї дароз карданд. Субњи он рўз одамони ќушбегї Садриддини Айнї ва Мирзо Назруллоњи Ѓафурзодаро дастгир намуда, 75 чўб заданд ва ба зиндон андохтанд, пас аз шаш соат сарбозони консулхонаи Русия ин ду тан ва дигар зиндониёни «Обхона»-ро озод карда, дар Когон ба бемористони русњо супурданд. Мирзо Назруллоњ он љо пас аз се рўз шањид шуд. Пагоњии њамон рўзи 9 апрел ањли фитна ба Садри Зиё низ њуљум оварданд. Тафсили ин њуљум дар Рўзномаи Садри Зиё омадааст. Шоњиди воќиа Муњаммадалї валади мулло Муњаммадсайиди Балљувонї низ онро дар ёддоштномаи худ, ки «Таърихи нофеъ» ном дошта, солњои 1923-1927 навишта шуда буд, тасвир кардааст. Нигориши Муњаммадалии Балљувонї ин аст: «Ќозиулќузоти аср, яъне ќозї Шариф-махдум барои эњзори маљлис… ба Регистон маъ сиву чињил нафар мулозимони худ бо садои пўшт-пўшт њозир шуда омада буданд, ки аз гўшаи маърака овози баланд баромад, ки бизанед ин ќозии љадиди бединро, ки ин ќадар шўр аз ин ба вуќўъ омад ва илло набошад, љадидон ин ќадар њаракат наметавонанд. Дар замон мардуми тамошобин барои беобрўй ва задани ќозикалон њаракат намуда њуљум карданд ва ин мардум ќозикалонро бисёрњо заданд, ки тамоми либосњои зардўзї пора шудааст ва камару ќўшкору салла, тамоми аслињаи ўро ўлља намуда гирифтанд. Дар ин аснои ѓулѓула буданд, ки амир аз болои Арк (аз) иморате ки барои тамошо вазъ кардаанд, ба табарзин тирезаи дарро шикаста, ба дасти худ ишорат карданд, ки назанед. Ва шаѓавулу њудайчињо ва бисёре аз мањрамбошињо… аз тањти сањроиёну авбошони шерчангол наљот ёфта (дода) ба њузури амир ба тањти як куртаву эзор гирифта бурданд. Агар ин одамони амир дар њаќиќат халос намекарданд, ба њалокат мерасид. Ин воќиа азимтарин ва машњуртарини воќиоти тараќќипарварони Бухорост. Алќисса, ќозикалони мазкурро рўзона ба Арк њабс намуда, шаб баъд аз намози хуфтан саропои тоза дода ба њавлиаш фиристоданд. Баъд аз ин њодиса маълум шуд, ки ќозии мазкур дар њуррият шудани Бухоро ба дараљае саъю кўшиш карда будааст ва яке аз раисони тараќќипарварон будааст».34 Муњаммадалии Балљувонї ин љо воќиаро дуруст ба ќалам овардааст, вале онро ба соли 1918 нисбат додааст, ки дуруст нест, чаро ки соли 1917 рўй дода буд. Ѓайр аз ин ў мегўяд, ки ќозикалон ба Регистон бо «сї-чињил нафар мулозимони худ» омада буд, ки низ бояд дуруст набошад, зеро ки агар Садри Зиё он гоњ бо худ сї-чињил нафар одам медошт, ањли балво имкон намеёфтанд, ки ўро зиёд ба зарбу лат кашанд. Он гуфтаи Муњаммадалии Балљувонї, ки гўё Садри Зиё «яке аз раисони тараќќипарварон будааст», низ ба њаќиќат рост намеояд ва овозае беш нест. Садри Зиё на фаќат аз сарварони љадидия набуд, балки ба љунбиши онњо бевосита иштирок надошт ва танњо хайрхоњу мададгори онњо буд. Салимї дар китоби «Таърихи Салимї» таъкид мекунад, ки чун кўњнапарастони мутаассиб натавонистанд Садри Зиёро ба њалокат расонанд, азли ўро талаб намуданд. Амир Олимхон ин дархостро зуд иљро кард. Ба як ривоят њамон рўзи 9 апрели 1917 Садри Зиёро аз ќозикалонї гирифтанд. Консули Русия ин хабарро њамон рўз телегрофан ба Петербург расонид. Матни телегром ин аст: «Бо вуљуди он ки дар Бухорои кўњна барпо кардани намоишеро ќатъиян манъ карда будам, пагоњии 8 апрел намоиш барпо шуд ва боиси шўриши ањолии шањру наздики шањр гардид, тарафдорони ислоњот – раис (яъне Абдуссамадхоља-М.Ш.) ва ќозикалон (яъне Садри Зиё— М.Ш.) ба зарбу лат дучор шуданд ва онњоро бо иртиљоъиён иваз карданд» (сторонники реформ реис и кази калян избиты и заменены реакционными)35. Дар телеграммае, ки кумитаи марказии љавонбухороиён ба вазорати хориљии Русия 25 апрели 1917 фиристода буд, номи касе ки ба љои Сади Зиё ќозикалон таъйин шуд, зикр ёфтааст. Номи ў Тўрахољаи судур будааст, дар ин телеграмма гуфта шудааст: «Младобухарский комитет своим нравственным долгом (считает) довести до сведения Совета рабочих и Солдатских Депутатов нижеследующие… Главным министром назначен Низам-уд-дин ходжа, министром правосудия Тюря-ходжа судур»36. Бояд гуфт, ки Мирзо Низомидинхоља (Мирзои Урганљї), ки дар ин телеграмма номбар шудааст, 14 апрел ба љои Мирзо Насруллоњи ќушбегї таъйин шуда буд. Низомиддинхоља аз бонуфузтарин душманони тараќќипарварї ва ислоњот, раќиби Муњаммадалї бинни Муњаммадсайиди балљувонї. Таърихи нофеъ. Ба эњтимом, тасњењ, њавошї ва пешгуфтори Ањрор Мухторов. Душнабе, «Ирфон», 1994, сањ. 45-46. 35 Красный архив, 1927, №1 (20), стр. 91. 36 Њамон маљалла, сањ. 105. 34
19
Насруллоњи ќушбегї буда, бо њамдастии мулло Бурњониддин, ки сарвари муњофизакорону иртиљоъиён ва сахттарин душмани љавонбухороиёну ислоњот буд, иѓвоњо хезонида, Насруллоњи ќушбегиро низ маъзул кунониданд ва љои ўро худи Мирзои Урганљї гирифт. Аз телеграммаи боло маълум нест, ки Тўрахољаи судур ба љои Садри Зиё кай ќозикалон шуда будааст. Лекин аз телеграммаи Миллер ки алъон пеш аз охирин телеграмма овардем, бармеояд, ки Садри Зиёро њамон рўзи лату кўб диданаш, яъне 9 апрели 1917 ( њамон рўз,ки Садриддини Айнї 75 чўб хўрда буд) аз ќозикалонї сабукдўш карда буаднд. Шояд Тўрахоља њамон рўзи 9 апрели ба ќозиулќузотї расида бошад. Агар чунин бошад, тавон гуфт, кор боз тамоман ба дасти Бурњониддин, ки домоди Тўрахоља буд, гузашт. Пас тавон гуфт, Садри Зиё дар Бухоро њамагї 16 рўз, яъне аз 25март то 9 апрели соли 1917 ќозикалон буд. Шояд дар таърихи аморат дигар шахсе нахоњем ёфт, ки ба чунин мўњлати каме дар ин мансаб буда бошад. Пас аз ин воќеањо Садри Зиё чанд гоњеро бештар ба беморї гузаронид. Дар муддати се моњ хавфи љазо дидан аз иртиљоъиёни Бурњониддин њамеша ўро тањдид мекард ва гоњ ќувват мегирифт. Фаќат ба туфайли њушёрии дўстону мулозимон ва фарзандаш Мирзо Зариф буд, ки мухолифон ба њавлии ў натавонистанд бидароянд. Аз Рўзномаи Садри Зиё бармеояд, ки ў пас аз 9 апрел њам чанд гоњ вазифаи ќозикалониро иљро мекардааст. Гўё 9 апрел фармони маъзулии ў содир нашуда ва Тўрахоља шояд муовини ў таъин шуда будааст, ки дар айёми беморї ва хонашинии Садри Зиё вазифаи ўро иљро бикунад. Ба њар њол 9 апрел фармони маъзулии Садри Зиё ба чи сабабе содир нашуда будааст. Истеъфои ў 31 июли 1917 расман ќабул гардид. Рўзи 8 октабри 1917 амир Олимхон Садри Зиёро мачбуран ба Насаф (Ќаршї) ќозї таъийн кард. Њама фањмиданд, ки Садри Зиё бадарѓа (табъид) шуд. Устод Айнї менависад: «Чун амир аз фармони нашркардааш (фармони ислоњот— М. Ш.) нузул намуд, Зиёро низ маъзул карда, зоњиран дар Ќаршї ќозї њаќиќатан аз Бухоро табъид намуд»37. 7 Ќазои вилояти Насаф дар муддати шаш моњ, яъне аз 8 октабри 1917 то 30 апрели 1918 ба зиммаи Садри Зиё буд. Албатта ин љо ў на чун ќозигињои солњои пеш, балки бо озодии мањдуд, бо тарсу њарос амал мекард. 31 октабр мулло Бурњониддини торикандеши љањолатгустари кинаљў дубора ќозикалон шуда буд. Охирњои соли 1917 дар Бухоро чанд гурўњ равшанфикрон ба муќобили Бурњониддин шўриш карданд ва азли ўро хостанд. Ин исён ба муќобили «вукалои панљгона» низ равон шуда буд. «Вукалои панљгона» панљ нафар аз уламои сўъ буданд, ки моњи апрели соли 1917 дар рўзњои терори пас аз эълони фармони ислоњот вакили уламо таъйин шуданд ва дар овони террор худсарї ва бадкирдорињои зиёде карданд, чанд танро ба њабс гирифтанд. Дар байни њабсшудагон Ѓафурљон—махдум ном бародари Садри Зиё ва Абдулвакили љавон, ки бародарзодаи Садри Зиё —фарзанди Абдуљалил—махдум буд, низ буданд. Њама мањбусон, аз љумла Ѓафурљон-махдум ва Абдулвакил-махдумро ба дарбор бурда, « фавран тафтиш карда, ва сарњошонро барањна намуда, дар болои асп дар радифи саворони сарбоз савор карда, пойњояшонро аз зери шиками асп баста, … ба Ќаршї ба њоли табоње нафй кардан»38. Ѓафурљон-махдум ва Абдулвакил-махдум ба ин њол ба Ќаршї ба ихтиёри Садри Зиё фиристода шуданд ва фармон ин буд, ки Садри Зиё онњоро сахт дар банду заљр нигоњ бидорад. Ба «ихтиёри» Садри Зиё ба чунин њол ва бо чунин фармон фиристода шудани бародару бародарзодааш чунин маънї дошт, ки худи ўро низ хавфе пурдањшат тањдид дорад. Ин хатар зуд пеш омад. Моњи марти соли 1918 Фёдор Колесов—раиси њукумати болшевикии Туркистон, ки як љумњурии навтаъсиси Русияи шўравї буд, ба Бухоро лашкар кашид. Ўро гўё љадидони љавонбухорої ба лашкаркашї даъват карда буданд. Чун моњи апрели соли 1917 љунбиши маорифпарварї ба шикасти сахт дучор омад ва аксари сарварони он ба Самарќанду Тошканд фирор карда, ба вежа дар Тошканд бархе аз онњо худро дар оѓўши зўроварони турк ва гушнапурзўрони болшевик диданд ва ба роњи ифроткорї даромаданд. Колесов њам
37 38
С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик, сањ. 401-402. С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 153.
20
ба ишорае маътал буд. Ў хост амирро сарнагун ва Бухороро ба Русия илњоќ бикунад. Вале дар љанг шикаст хўрда, бо талафоти зиёди аќиб нишаст. Амир Олимхон аз пирўзии худ саргарм шуда, боз дар кишвар таъќибот сар кард. Боз тамоми Бухороро мављи террор гирифт, ки онро «маъракаи љадидкушї» тавон номид. Садриддини Айнї дањшатњои ин хунрезиро дар ќиссаи «Љаллодони Бухоро» (1922) тасвир кардааст. 3 апрели соли 1918 Садри Зиё ва додари ў Ѓафурљон-махдумро дар ќўрѓони Ќаршї ( Насаф) ки њокимхона он љо буд, ба њабс гирифтанд. Он шаб Абдулвакили љавони навдомод низ ба гуноњи љадидї дар ќўрѓон зиндонї шуд ва ба ќатл расид. Садри Зиё ва додарашро низ њар лањза март тањдид мекард. Шаби ќатли Абдулвакили номурод боз 15 тан ќатл ва 450 нафари дигар дар як рўз дар Ќаршї кушта шуданд. Куштор чандин рўз идома дошт. Пас аз чанд рўз аз Бухоро ба њокими Ќаршї њукми ќатли Садри Зиё омад. Њокими вилоят Ањрорќулибеки иноќ39 дид, ки дар њукмнома мўњри вазиру ќозикалон њаст, аммо мўњри амир нест. Ањрорќулибек нисбат ба Садри Зиё эњтирому ихлос доштааст ва шояд хеле нотарс њам будааст, ки он њукмномаро ба Бухоро баргардонида ва ба амир ба ин мазмун номае навиштааст: Банда бисёр њукмномањои ќатлро, ки бе мўњри љаноби олї меомад, иљро кардам, вале ин њукмро бе мўњри љаноби олї наметавонам ба иљро бирасонам. Љавоби ин номаро хеле ваќт нигарон буданд. Саранљом ба њоким фармон расид, ки аз Садри Зиё ва бародараш се миллион сўми русї «бадали хун» (хунбањо) ситонида шавад. Он гоњ озод хоњанд буд. Садри Зиёро афв карданд, њукми ќатлро ба љарима иваз намуданд. Садри Зиё чунин љаримаро наметавонист бипардозад. Њангоме ки ўро ба зиндон гирифтанд, молу мулкаш мусодира шуда ањли хонаводааш бо он либос ки дар тан доштанд, монда буданд. Аз ин рў Садри Зиё илтимосномае навишт ва рухсат хост, ки «бадали хун»ро минбаъд кам-кам адо бикунад. Ин дархости ў ќабул шуд. Баъди мањбусии бештар аз 70 рўз бегоњи 18 июни 1918 Садри Зиё ба озодї расид. Њангоме ки Садри Зиё дар Ќаршї зиндонї буд, иртиљоъиёни ситамкор бо сарвари Бурњониддини љоњили бадкина дувумин бор кўшиш карданд, ки ўро љисман нобуд бикунанд. Якумин бор чунин кўшишро 9 апрели 1917 пеш гирифта буданд, ки мо дар боло тасвир кардем. Он рўз ба маќсад нарасиданд ва кўшиши худро соли 1918 аз сар гирифтанд. Ин дафъа низ тирашон хок хўрд. Лекин аз як љињат тирашон ба њадаф расид. 3 апрели 1918, ки Садри Зиёро ба њабс гирифтанд, дастнависи чанд асари ўро дар пеши чашми худаш сўзониданд. Аз љумла муњимтарин асарњои ў «Наводири зиёъия», «Тазкори ашъор», «Рўзнома» нобуд шуд. Иртиљоъиён ва њукуматдороон бо сўзонидани ин асарњо Садри Зиёро нахуст маънан мањв карда сипас љисман нобуд кардан хоста буданд. Вале ин мањви маънавии Садри Зиё низ муяссар нашуд. Садри Зиё пас аз инќилоби Бухоро он асарњои худро дубора навишт. Пас аз озодї аз зиндони Ќаршї Садри Зиёро боз аз Бухоро дуртар ронданд ва ба вилояти Кеш (Шањрисабз) ќозї таъйин карданд. Устод Айнї гуфтааст, ки амир Садри Зиёро « ба унвони назарбандї ба Шањрисабз ќозї карда, дар зери назорати амм (амак)-и худ Акрамхон, ки он љо њоким буд, супорид»40. Ба Шањрисабз ќозї таъйин шудани Садри Зиёро як чорасозии маккоронаи амиру атрофиёнаш, ба вежа Бурњониддини ќозикалон бояд донист. Њукми ќатли Садри Зиёро бекор карда ва ба гардани ў маблаѓи калон «бадали хун» гузошта, боз ўро ќозї таъйин намудан чунин маънї дошт, ки амиру вазир ва Бурњониддин хостанд Садри Зиёро маљбур кунанд, то барои адои љарима ба сифати ќозї халќро ѓорат бикунад, зиёдтар пул љамъ оварад ва ба хазина супорад. Хостанд, ки ин њаќгўю њаќљўй маљбуран ба роњи ѓорати халќ дарояд, аз адлу инсоф даст кашад. Чун натвонистанд, ки дар Ќаршї Садри Зиёро љисман мањв бикунанд хостанд, ки акнун боз ба нестии маънавї бирасонанд. Вале ин ниќоркашї ба онњо муяссар нашуд. Дар навиштањои Садриддини Айнї ва дигар маъхазњо ишорае нест, ки далолат бар он бикунад, ки Садри Зиё он солњои душвор ва ё ваќти дигаре аз усули башардўстии худ аќибнишинї ва ба ормонњои маорифпарварї хиёнат карда бошад. Акрамхон –амаки амир Олимхон ки дар Шањрисабз њокимият дошт, бисёр берањм ва золим буд. Номи ў дар навиштањои Садри Зиё омадааст. Акрамхон аз Садри Зиё чашми 39 40
Номи њокими Ќаршї дар љои дигар Њадарќулбек омадааст. С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик, сањ. 402.
21
бадгумонї намеканд. Садри Зиё дар Шањрисабз мањрум аз имкони амали мустаќил, дар нињояти бењуќуќї ба тарсу њарос мезист ва адои вазифа мекард. Садриддини Айнї мегўяд: «Он ваќтњо њаракатњои инќилобии љавонон (љавонбухороиён, љадидњои Бухоро— М. Ш.) ќувват гирифта аз баски Шањрисабз ба Самарќанд наздик аст, он љо ташвиќоти инќилобї вусъат ёфт. Ба ин сабаб ќозї Шарифљон аз он љо гирифта ва ба Ќаршї, ки дар миёнатари мамлакат аст, кўчонида шуд»41. Ин аст, ки маъмурони аморат кўшише пеш гирифтанд, то дигар нагузоранд, ки Садри Зиё ба љунбиши маорифпарварї, ба хусус ба њаракати инќилобї наздик шавад. Зеро аз наздикї ва ширкати ў њар љунбиши иљтимоъиву сиёсї ќуввату эътибори бештар пайдо мекард. Аз ин рў охирњои соли 1919 ўро ба Ќаршї ќозї дурусттар он ки ќозикалон таъйин намуданд. Ќозии Самарќанд ( пеш аз даромадани он ба тасарруфи Русия), Ќаршї ва шояд Њисор низ ќозикалон (ќозиулќузот, аќзалќузот ) ба шумор меомад. Садриддини Айнї таъкид намудааст, ки амир Олимхон соли 1917, пас аз боздоштани иљрои фармони ислоњот Садри Зиёро «аз ќозикалонї маъзул карда, ба тариќи бадарѓа ( табъид— М. Ш.) ба вилояти Ќаршї ќозикалон карда фиристод»42. Соли 1919 низ Садри Зиё аз Шањрисабз ба Ќаршї ба маснади ќозикалонї омад. Вале ин љо низ ба њолати назарбанд сахт зери назорат ва ба нињояти бењуќуќї ба сар мебурд. Садри Зиё пас аз озодї аз зиндони Ќаршї (Насаф) ќарзу ќавола карда, андак ќисми љаримаро адо намуд. Бахши зиёди он њамчунон нопардохта монд. Инќилоби Бухоро (1920) фаро расиду ў аз пардохти баќияи љарима озод гардид. Пас аз инќилоби Бухоро Садри Зиё чанд гоњ дар идорањои Љумњурияти Шўравии Халќии Бухоро кор кард. Мумайизи уламо (масъули корњои рўњоинён) буд, дар вазорати авќоф (ки раисаш Абдуррауфи Фитрат буд), дар китобхона вазифа адо намуд. Соли 1923 муовини раиси Мањкамаи Шаръия шуд, ки раиси ин мањкама муфтї Икром буд. Садри Зиё гуфтааст, ки « муќорини санаи 1342 њиљрї (1924 масењї —М. Ш.) бандаи осиро аз хизмати њукумати шўрої фароѓате ба њам расид». Яъне пас аз он ки љумњурии Бухороро хиёнаткорона барњам заданд ва Бухороро ба Ўзбакистон шўравї илњоќ намуданд, Садри Зиё хонанишин шуд. Бештар нотоб буд. Чун ањвол андак бењ мешуд, коѓазу ќалам ба даст мегирифт ва ба навиштан менишаст. Нахуст он асарњои худро, ки одамони амир соли 1918 дар Ќаршї сўзонда буданд, дубора навишт. Аз баъзеи он осор пора-пора сиёњнависи пароканда монда буд, бархе худ сиёњнавис буд, ки ба коми оташ рафт. Њофизаи ќавї ба Садри Зиё имкон дод, ки ба њар њоле таълифи дубораро муваффаќиятомез анљом бидињад. Таълифи дубора хеле душворињо доштааст. Ў дар сиёњнависи « Осори зиёъия», ки њоло дар дасти ман аст ва муаалиф тахминан солњои 1924-1925, масалан 1343 њиљрї ба дасти таълиф доштааст, шикоят кардааст, ки бемору бемадор аст, як чашм ољиз аст, чашми дигар андак мебинад, аз нотавонї даст меларзад ва ќалам рондан душвор аст. Ў мегўяд ки бо вуљуди ин менависам, вале намебинам, ки чї навиштам ва чї тавр навиштам. Аз ин љињат пеши авлод ва хонандагон узр овардааст. Солњои 1931-1932 Иттињоди Шўравї ба муносибати шурўъи сохтмони корхонањои бузурги саноат ба пул зиёда эњтиёљ пайдо кард. Дар Бухоро, Самарќанд ва дигар шањрњои Осиёи Миёна маъракаи љамъоварии тиллову тилловорї аз ањолї сар шуд. Мардумро маљбур мекарданд, ки њар чи тилло дорад, ба давлат супорад. Дар ин маърака Садри Зиё њам ба њабс афтод. Каминаи нигоранда, ки фарзанди ў њастам ва он гоњ 6 сол доштам, намедонам, ки ў тилло дошту супурд ё не. њаминро дар ёд дорам, ки хабари марги ў аз зиндон 24 апрели соли 1932 расид. Зиндон мадрасаи Мирзо Муњаммадшариф (мадрасаи гузари Ѓозиён) ном дошт ва њамноми худи Садри Зиё буд. Як ваќтњо ќозї Абдушшакури Оят падари Садри Зиё он љо дарс мегуфт ва худи Садри Зиё он љо дарс хонда буд ва дар болои дарвозахонаи он њуљрае дошта, онро ба Мирзо Абдулвоњиди Мунзим дода буд ва Мунзим он љо мезист ва бо супориши Садри Зиё паси дари баста «Наводир-улвоќеъ» Ањмади Донишро китобат карда буд. Акнун ба гардиши фалак Садри Зиё дар чунин љое, ки илмхона ва ќадамгоњ буд, зиндонї шуд ва љон дод. Кордорони зиндон ба мо гуфтанд, ки падар аз бемории тиф–араќї ё њасба ва ё домана аз дунё гузашт. Яъне бемории ў гузаранда буд ва рухсат надоданд, ки љасадро ба хона барем. Аз мадрасаи Мирзо Муњаммадшариф рост ба гўристони мазори Хоља Исмат (фавт 840 ќ= 1437м) бурдем.
41 42
С. Айнї. Ќозї Шарифљон (Зиё). Бойгонии Айнї, дастнависи №11, сањ. 2. Њамон љо.
22
Охири дањаи панљоњуми ќарни бистуми исавї баъди фавти Сталин, ки шўравиён ќурбониёни терорњои болшевикии дањањои бисту сиро сафед кардан гирифтанд, камина ба додситони Тошканд нома навиштам то парвандаи Садри Зиёро дубора баррасї намоянд, гуноњашро муайян ва агар имкон бошад, номашро сафед кунанд. Нињоят соли 1960 љавоби номаи банда омад. Сардастёри додситони љумњурии Ўзбакистон Рижин дар номаи шумораи 15 /456—57, ки 30 августи 1960 имзо кардааст, навишта буд: «Ваш отец Шукуров Шариф в государственном преступлении не обвинялся, осужденным не был, а потому вопрос о его реабилитации не подлежит обсуждению ( «Падари шумо Шариф Шукуров ба љинояти давлатї гунањкор дониста нашудааст, мањкум нагардидааст ва аз ин рў масъалаи сафед кардани (иодаи њайсият)-и ў баррасї шуданї нест»). 8 Осори Шарифљон-махдуми Садри Зиё зиёд аст. Пажўњишгари навиштањои ў шодравон Сањобиддини Сиддиќќї (даргузашт 1993) шумурдааст, ки навишитањои Садри Зиё шасту панљ адад аст. Ва дар ёздањ љилд гирдоварї шуда бештарин ба дасти худи ў, ки хушнавис буд китобат шудаанд. Китобхонаи машњури ў, ки аз дастнависњои нодир иборат буда, падараш ва худаш дар тўли умр гирд оварда буданд, рўзњои аввали даргузаштани ў мусодира гардид. Сиёњнавису покнависњои таълифоти худаш низ бо ин китобхона ба ихтиёри давлати шўравї гузашта, аз китобхонаи Ибни Синои Бухоро ба китобхонаи Алишери Навоии Тошканд фиристода шуд, ва алъон дар пажўњишгоњи шарќшиносии Абўрайњони Берунї (бахше аз Фарњангистони улуми Љумњурии Ўзбакистон, Тошканд) мањфуз аст. Садри Зиё фењрасти китобхонаи шахсии худро тартиб дода буд, ки «Асомиулкутуб» ном дорад43 ва мисли китобест ва дорои маълумоти муњим аст. Садри Зиё мегўяд ки «аз ањди сабо… њар гоњ њикояте хуб аз касе мешунидам ё достоне марѓуб ба љое медидам, либоси таъбир мепўшидам»44. Ин аст, ки нигоштањои ў ду навъанд. Як ќисми онњо асари худи ў набуда, бозгўю накл ва хулосаву фушурдаи манбаъњои таърихї ва осори донишмандони гузашта ва муосир аст. ќисми дигаре навиштањои ўст. Бештари нигоштањои худи ў бунёди воќеъї доранд, яъне он чиро ки аз атрофиён медид ё мешунид, ба ќалам гирифтааст. Чунончи, яке аз мусаввадањои вай ки тањти шумораи 2367 дар ганљинаи пажўњишгоњи ховаршиносии Фарњангистони улуми Ўзбакистон мањфуз аст, иборат аз маълумоти зиёде дар бораи шарикдарсонаш, тасвири сафари амири Бухоро ба Русия, ахборе оид ба муносибати Бухоро ба Афѓонистон, намунаи номаву аризањои худи ў (ба шумурди Сањобиддини Сиддиќќї 29 намуна) буда, зиёда аз шаст њикояро дар бар мегирад45. Соли 1322 њиљрии ќамарї —1904 масењї љамъоварии сиёњнависњои пароканда сурат гирифт ва китобе ба номи « Осори зиёъия» ба вуљуд омад, ки ба гуфти худаш « уќало мазоминашро меписандиданд, зурафо латоифашро механдиданд»46. Бархе аз навиштањои ў ба номи « Наводири зиёъия» шўњрат дорад. « Наводири зиёъия» зиндагиномаи муаллиф ва падари ў Абдушшакури Оят, асарњое ба номи «Латоифу мутоибот», «Тазкиратулњумаќо», «Тазкирулвузаро»-ро дар бар мегирад ва дар тањрири дувум рисолаи «Сабаби инќилоби Бухоро» низ ба он илова шудааст. «Осори зиёъия» ва «Наводири зиёъия» њар ду маљмўаи нигоштањои Садри Зиё буда, якумї хеле бузургтар ва мусаввада буда, 18 асарро дар бар гирифтааст, дувумї яъне «Наводири зиёъия» мунтахаб аз якумї буда, фаќат 5 рисолаи мазкурро фаро гирифтааст. Садри Зиё худ дар «Рўзнома» гуфта, ки насру назмро бидуни мусаввада иншо мекард, яъне мусаввадаи ў чун покнавис буд, аз ин љо мо истилоњи мусаввада ва сиёњнависро нисбат ба навиштањои ў шартан ба маънои тањрири аввал ба кор мебарем, ва ин панљ рисолаи «Наводири зиёъия» дар «Осори зиёъия» низ њаст. Аз «Осори зиёъия» људо шудани Сайид Алии Мављонї. Китобат ва китобдорї дар Бухоро. Мутолиоти Осиёи Марказї ва Ќафќоз, 1377, №22, сањ. 205-218. Садои Шарќ, 1999, №10-12, сањ. 114-120. Shadman et Aftandil Erkinov. Le fihrist (catalogne) de La Bibliothegue de Sadr-i Ziya Cahirs di Asie Centrale, № 7, 1999, pp. 141-173; Ю.Њамзаев. Бир шахсиї кутубхона ва унинг каталоги њаќќида.– Научные работы, т.6, Тошканд, 1963, сањ. 367-395. 44 Садри Зиё. Осори зиёъия. Сияњнависе, ки дар дасти камина М. Шакурї нигањдорї мешавад, сањ. 1. 45 Мурољиат шавад ба: С. Сиддиќї. Мероси адабию илмии Шарифљон-махдуми Садри Зиё. — Маљмўаи илмї, љ. 5. Душанбе, 1966, сањ. 28-37. 46 Садри Зиё. Осори зиёъия, нусхаи мазкур, сањ. 1. 43
23
«Наводири зиёъия» пеш аз инќилоби соли 1920 (инќилоби Бухоро) сурат гирифта буд. Устод Айнї соли 1925 дар «Намунаи адабиёти тољик» ва дар муаррифиномаи мазкури Садри Зиё ки тахминан соли 1924-1925 навиштааст (Бойгони Айнї) низ ба афсўс ќайд мекунад, ки «Наводири зиёъитя» ва дигар осори Садри Зиё соли 1918 њангоми мањбусии ў нобуд шудаанд. Аз ин њам маълум мешавад, ки «Наводири зиёъия» пеш аз инќилоб њам вуљуд доштааст. Айнї дар муарифиномаи мазкур, ки ба номи «Ќозї Шарифљон (Зиё)» навиштааст, аз осори Садри Зиё «Тазкори ашъор», «Тазкират-ул хаттотин», «Наводири зиёъия» ва «Рўзнома»-ро ном гирифта, дар бораи њар кадоми онњо маълумоти тозае зикр мекунад ва дар охир мегўяд: «Фаќат чорумини ин асарњо тамоман, ќисми муњими дигар се асар ва як ќисми китобњои кўњна (яъне китобхонаи мазкури Садри Зиё—М. Ш.) њангоми аз тарафи амир дар Ќаршї њабс шудани ў талаф гардидааст»47. Ин љо муњим он аст, ки аз «Тазкори ашъор», «Тазкиратул-хаттотин» ва «Наводири зиёъия» баъзе ќисмњо, шояд баъзе порањои тањрири аввал (сиёњнавис) талаф нашуда будааст. Агар дар њаќиќат чунин бошад он порањои боќимонда барои таълифи дубора кор доданд. Лекин ин порањои боќимонда шояд хеле кам будаанд, ки худи Садри Зиё дар сарсухани «Осори зиёъия» ва «Наводири зиёъия» мегўяд: «Дар санаи 1338 дар фитнаи инќилоб китоб мафќуд гашт, ранљи фаровони бандаи њељмадон зоеъ шуд. Ба иллати инќилоб аз мусаввадањо ба њељ боб айну осоре боќї набуд»48. Яъне мусаввада боќї набуд, ё бошад њам, ночиз буда, ки кам ба кор меомадааст. Бо вуљуди ин, Садри Зиё ба таълифи дубора шурўъ кард. Таълифи дубора аз аввали давраи хонанишинии ў, аз соли 1924 сар шудааст. Ў дар њамон сарсухани «Наводири зиёъия» мегўяд: «То дар ин љузв аз замон муќорини санаи 1343 њиљрї бандаи осиро аз хидматњои њукуматї филљумла фароѓате ба њам расид. Фурсатро ѓанимат шумурдам, бекориро тазйеъи авќот донистам… бо вуљуди камоли бедимоѓї ва ѓояти бењавсалагї… бад ин амри лозимуладо иќдом намудам»49. Ин аст, ки соли 1343-1924-ро соли оѓози таълифи дубораи « Наводири зиёъия» метавон донист. Сарсухани « Наводири зиёъия», ки ин љо ду пора аз он овардем, дар « Осори зиёъия» низ ба такрор айнан омадааст. Шояд боз аввал таълифи дувуми «Осори зиёъия» шурўъ шуда, баъдан «Наводири зиёъия» аз он гирифта шуда бошад. Вале ба њар њол муаллиф оѓози таълифи дувуми « Наводири зиёъия»-ро 1343-1924 мешуморад. Соли анљоми таълифи дубора маълум нест. Бисёре аз бахшњои «Наводири зиёъия» њикояњои воќеї буда, хусусияти ёддоштї доранд. Худи Садри Зиё асоси воќеии осорашро таъкид кардааст ва Айнї низ инро медонистааст. Айнї дар « Намунаи адабиёти тољик» дар бораи «Наводири зиёъия» мегўяд: «Ин маљмўа мўњтавист бар њикоёти ширин ва латоифи намакин, ки муњаррир дидаву шунидани худро ба иборати содаи њазломез тасвир кардааст»50. Ба шумурди Сањобиддини Сиддиќќї рисолаи «Њикоёту мутоиботи муосирин ва ќариби он» 2 њикояти воќеї, рисолаи «Мутоиботи мутааххирин ва муосирин» 69 њикоят, «Њикоёти мутаќаддимин» 52 њикоят, «Њикоёти уламои мутабањњирини Бухоро» 13 њикояро дар бар мегирад. Ин пажўњишгар аз як сиёњнависи Садри Зиё 293 њикоят ба шумур овардааст, ки бештарин воќеиянд. Аз ин љињат тавон гуфт Садри Зиё яке аз пурмањсултарин њикоянависњо дар таърихи адабиёти мост. Асоси воќеъї ва хусусияти ёддоштии асарњои Садри Зиё ба ањамияти адабиву таърихии онњо меафзояд. Ањамияти онњо пеш аз њама дар ин аст, ки њаёти воќеї ва мардуми њамзамони муаллифро ба адабиёт дохил намуд, пояњои њаётии адабиётро устувор кард ва ба ин васила масъалањои муњимми замонро дар асоси маводе, ки бевосита аз воќеияти рўз гирифта шудааст, ба маърази баррасї кашид. Чашми диќќат дўхтан ба воќеияти иљтимоъии замон ва масъалањои умдаи он яке аз хусусиятњои адабиёти маорифпарварии тољикї дар охирњои ќарни 19 ва оѓози ќарни 20 буд. Эљодиёти Садри Зиё барои амиќрафти ин хусусият мусоидат кардааст. Чун воќеияти рўз бо баъзе вежагињояш, бо баъзе љузъиёту тафсилоти мушаххасаш ба адабиёт ворид омадан гирифт ва масъалањои њаёти иљтимоъї бо падидањои мушаххаси воќеї мавриди бањс ќарор
С. Айнї. Ќози Шарифљон (Зиё). Бойгони Айнї. №11. сањ. 2. Садри Зиё. Наводири зиёъия, Пажўњишгоњи мероси хаттї (Душанбе), №983, сањ. 1-2. 49 Њамон асар, сањ. 2. 50 С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик, Маскав, 1926, сањ. 402. 47
48
24
ёфт, ин адабиёт бештар вежагии миллї пайдо кард. Садри Зиё яке аз он нависандагони маорифпарвар аст, ки дар оѓозњои эљоди адабиёти миллии форсии тољикї наќш доштанд. То он ваќт њам адабиёти мо асоси миллї дошт, мањсули табъи миллии мардуми Мовароуннањр буд, хусусиятњои тафаккури миллии моро инъикос дода, њувияти миллии моро ифода мекард. Вале ифодаи њувияти миллї поя бар арзишњои башарии њамагонї дошт. Нависандагон ба воќеияти миллї аз равзани андешаи умумии башарї менигарисатанд, бештар аз мушаххасоти воќеии њаётї, аз ифодаи моддии падидањои иљтимоъї кам ё беш чашм мепўшиданд, на мушаххасот ва љузъиёт ва тафсилот, балки моњияти њамагонии онро бештар ба назари эътибор мегирифтанд. Аз оѓози садаи бист дидгоњи адабиёти форсии тољикї андак дигар шуд. Нависандагон ба воќеияти иљтимоъии миллї, ба масъалањои хоси он, ба мадорики мушаххаси мањаллї бештар чашми диќќат дўхтанд, он чи њастии хоси мардуми тољикро аз зиндагии мардуми форсизабони дигар кишварњо, аз Афѓонистону Эрон тафовут медињад, бештар ба адабиёт дохил шуд. Ањамияти башарии њамагонии адабиёт ва љанбаи умумии он кам нашуд, вале хосияти мањалливу миллии он ќувват ёфтан гирифт. То ањди Ањмади Дониш адабиёти форсизабонони Варорўд бештар адабиёти форсї буд, лекин акнун адабиёти форсии тољикї шудан дошт. Адабиёти маорифпарварии тољикї аз охирин сеяки садаи 19, аз осори Ањмади Дониш ( 1826 –1897) оѓоз гирифт, то дањаи бистуми садаи бистум идома ёфт. Ин адабиёт мањсули замонест, ки Мовароуннањр ба тасарруфи Русия даромад. Љангњои байни давлатњои Осиёи Миёна ва њукмронњои саркаши мањаллї асосан хотима ёфта, кишвар андак-андак мањдудият ва дарбастагии феодалии чандин асрро паси сар карда, ба равандњои таърихии иќтисодї ва фарњангии Русия ва Аврупо пайванд мељуст. Дар натиља дар рушди иљтмоъиву иќтисодии Мовароуннањр, аз љумла Бухоро падидањои тозаи мусбат рўй намуд ва аз ояндаи нек умед пайдо шуд. Умеди таърихї оњиста-оњиста љои ноумедињои садаи 17-18-ро гирифт ва дар роњи растагорї, дар роњи наљоти миллат талош оѓоз ёфт. Барои муайян кардани ин, ки роњи миллат ба сўи фардо бояд чи гуна бошад, лозим омад, ки пеш аз њама воќеияти муосир ва њолату вазъияти он аз назари тањќиќ гузаронида шавад. Ин аст, ки Ањмади Дониш ва аз паси ў нависандагони дигар ба вежа Абдуррауфи Фират (1884- 1938) Садри Зиё, Садриддини Айнї дар Бухоро, Мањмудхољаи Бењбудї (18751919) ва Сайид Ањмадхољаи Сиддиќии Аљзї (1864—1927) дар Самарќанд, Тошхољаи Асирї (1864-1915) ва Њољї Юсуф (1842-1924) дар Хуљанд дида ба воќеияти иљтимоъии замони худ дўхта, онро аз њар љониб ба муоина гирифтанд. Маќсуд аз ин пажўњиши адабии эшон љустани роњњои ислоњи њоли кишвар ва аз чанголи аќибмондагї рабуда ба шањроњи тараќќии замонї баровардани он буд. Адибони ду дањаи аввали садаи бист Фитрат, Аљзї, Бењбудї, Асирї ва дигарон, ки осорашон адабиёти љадидия ном гирифтааст, бештар равияи танќидии Ањмади Донишро идома доданд. Асарњои адабие ба вуљуд омаданд, ки аз танќиди сахти тарзи кишвардорї ва тартиби иљтимоъиву сиёсии ваќт иборат аст. Аз Бухоро, ба вежа Абдулќодири Муњиддин (1892—1934) дар маќолањое, ки бо имзои «Бухорої» аз моњи феврали соли 1910 дар рўзномаи тотории «Ваќт» ( шањри Оренбурги Русия) чоп шудааст, Абдуррауфи Фитрат дар «Мунозира» (1909) ва «Баёноти сайёњи њиндї» (1912) тањлили танќидии вазъи иљтимоъиву иќтисодї ва фарњангии кишварро муфассалан ба миён гузоштанд51. Баъзе асарњои Садри Зиё низ ба равиш эљод шудаанд. Бештари њикояњои ў, ки дар «Латоифу мутоибот», «Тазкиратулњумаќо» ва дигар навиштањояш мебинем, достончањои њаљвиянд. Диди тамасхуромези Садри Зиё ва дигар маорифпарварон, ки гоњ хеле сахтгўї мекарданд, барои ташаккули шуури нави ањли љомеа ва бартараф кардани пасмондагї ањамияти бузурге дошт. Баррасии воќеияти замон дар навиштањои Ањмади Дониш ба ду самт љараён ёфтааст. Ин андешапарвари бузург аз як тараф воќеияти иљтимоъии кишвари худ ва аз тарафи дигар кишварњои Шарќу Ѓарб, бахусус Русия ва Аврупоро тањќиќ кардааст. Самти дувум яъне бо диди ибратљўй нигаристан ба њоли миллатњои дигар низ бахше аз талошњои роњи растагории миллї буд. Маорифпарварон аз натиљањои муборизаи дигар халќњо намунаи ибрат мељўстанд, дар роњи эњёи миллии худ тўша гирифтан мехостанд. Сафарномањое аз ќабили асари Рањматуллоњи Возењ «Савонењулмасолик» (1887), асари Мирзо Сирољи Сирољї (доктор Собир, Мирзо Сирољи Њаким) «Туњафи ањли Бухоро» (1910), ки дар Эрон ба номи «Сафарномаи тўњфаи Бухоро», ба табъ расидааст, маќолањои Бењбудї ва ѓайра 51 Шарњи мухтасари адабиёти маорифпарварии тољикї дар маќолаи муаллифи ин сатрњо «Њаёт амри маънавист», ки як љузъи китоби ў «Хуросон аст ин љо» (Душанбе, 1996) мебошад, омадааст.
25
уфуќњои адабиёт ва афкори иљтимоъиро густариш дода, пеши чашми хонанда љањони нопайдоканореро кушоданд, ки моломол аз аљоиботи ибратомўз буда, љомеаро ба сўи пешрафту тараќќии замонї даъват менамоянд. Поинтар хоњем дид, ки Рўзномаи Садри Зиё сафарнома набошад њам, дар њамин роњ накше ифо кардааст. Дигар равияе, ки дар халлоќияти Ањмади Дониш, дар равшангарї хеле ќувват ёфт, рў овардан ба таърих аст. Ањмади Дониш ба таърихи фарњанги маънавї ба таърихи фалсафа калом, ирфон, ахлоќ ва монанди инњо ба омўзањои Ѓаззолї, Насируддини Тўсї, Алии Њамадонї, Абдуррањмони Љомї, Абдулќодири Бедил ањамият дод. Ба назар мерасад, ки Ањмади Дониш баъзе аз риштањои асосии рушди маънавии миллатро дар чандин аср ба андеша гирифта, хулосањои умумї бавровардан ва љамъбаст кардан мехост. Андешапардозињои Ањмад махдуми Дониш хусусияти љамъбандї дорад. Кўшиши љамъбасту натиљагирї ва таљдиди назар дар мавриди таърихи гузашта мужда аз он медињад, ки давраи тозаи таърих оѓоз шудааст. Љомеа роњи тоза пеш гирифта буд, ва њол он ки роњи фардо на аз имрўз, балки аз дирўзу парерўз оѓоз меёбад. Аз ин рў ба дирўзу парирўз нигоњ андохтанд. Ањмади Дониш дар таърихи сиёсии садањои охир низ асаре таълиф кард, ки «Рисола» ё ки «Мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манѓития» ном дорад. Баъд аз ин рисола чандин асари дигар дар таърих ба нигориш омад. Аз љумла Мирзо Азими Сомї (1839-1908) рисолае ба номи «Таърихи салотини Манѓития» дорад. Таърихнома дар байни навиштањои Садри Зиё бештар ба назар мерасад. Инак номи чанде аз онњоро меорем: «Зикри авоили Бухоро», « Рисолаи салотин ва шањриёрон», «Зикри подшоњон ва кинозони давлати Русия», « Зикри њолати Чингизхон», « Таърихи салотини усмонї ва насаби эшон», «Авсофи Мирзо Улуѓбек», «Силсилаи салотини ўзбаки чингизхония», «Зикри салотини Аштархония», «Зикри салотини Манѓития», «Зикри салтанат ва подшоњии амир Олимхони махлўъ». Садри Зиё ба љуз «Тазкиратулвузарои» мазкур асарњое дар бораи вазирони машњур навиштааст. Масалан «Њикоёти оли Бармак ва Абўалии Сино ва Амир Алишери Навої», «Њикояти Хоља Низомулмулк вазири султон Њусайн-Мирзо», «Тарљумаи њоли Остонаќули ќушбегї» (вазири манѓитиён) ва ѓайра. Муаллиф дар навиштани баъзе аз ин асарњо ба як таърихномаи мўътабар такя намудааст, барои баъзеи онњо аз чандин сарчашмаи таърихї истифода кардааст. Дар баъзеи ин асарњо ахбори манбаъи аслї айнан омадааст, бархе фишурдаи мазмуни сарчашмаи аслї аст. Дар асарњое, ки аз охирин сулолаи њукмрони Бухоро, яъне аз Манѓитиён њикоят мекунад муаллиф маълумоте њам овардааст, ки дар манбаъи аслии ў нест ва аз худ илова намудааст. Хусусан ахбороти ў дар бораи давраи њукмронии амир Олимхон, ки охирин подшоњи Бухорост, дар бораи вазирони силсилаи манѓития чунончи дар бораи Остонаќули ќушбегї, Насруллоњи ќушбегї ва дигарон хеле муњим аст. Аз њолномаи подшоњони замонњои гузашта ва вазирони машњур диќќати Садри Зиёро бештар он масъала ба худ кашида буд, ки таваљљўњи онњо дар њаќќи раийят ва кишвар чї тавр зоњир мешудааст. Сабаби рў ба таърих овардани ў љустуљўи идеали шоњи одил ва вазири хуштадбир будааст. Вай сифатњои шоњу вазири ормониро муайян кардан мехоњад, аз таърих таљрибаи кишвардорї мељўяд, то ки ба њамзамонони худ ба сифати намуна нишон бидињад ва њамзамонњо онро барои ислоњи љомеа ба кор бигиранд. Дар намунаљўї чунон хурдабин аст, ки њатто дар мавридњое, ки њељ умеди ёфтани як мисоли мусбат нест, чизе пайдо мекунад, ки онро ибратомўз тавон донист: Њатто ба чењраи манњуси Чингиз бо чунин нияте нигоњ меандозад. Гўё њама таљрибаи мусбати таърихро зарра-зарра гирд овардан мехоњад. Кўшиши нависанда барои ин ки падидањои мусбати таљрибаи таърихиро бо даќиќашиносї гирд оварад, гувоњї бар он медињад, ки аз ояндаи нек умед дорад, барои наздик овардани он мекўшад. Пас аз шикасти љунбиши маорифпарварї дар соли 1917-1918, њатто пас аз инќилоби Бухоро, ки ноумедии пуразияте ба љони ў афтод ва аламњои љонсўзи бар бод рафтани умедњо аз тањрири дубораи баъзе асарњои ў њувайдост, бо вуљуди ин чанд бор ба таърих рў овардааст ва бештари осори таърихї, ки дар боло ном бурдем, пас аз инќилоб ќаламї шудааст: Пас аз инќилоб њам ба таљрибаи таърихї, ба печу тоби таърихи халќњои гуногун диќќат љалб кардани Садри Зиё ба пиндори мо эњтимоли ду сабабро дорад. Яке ин ки ў умеди таърихиро њанўз ба куллї аз даст надодааст, њанўз аз оянда умед дорад. Дигар ин ки ормонљўињои солњои љавонї ва маорифпарвариро гоњ-гоњ ба ёд меоварад њанўз ба ёди хушгувори љусторњои маънавии маорифпарварї зинда аст ва аз онњо умед дорад.
26
Ба њар њоле Садри Зиё аз оѓоз то поёни умр бо таърих–таърихи иљтимоиву сиёсї, фарњангї, илмиву адабї ва ѓайра њамбастагї доштааст ва ин яке аз нишонањои љиддияти назари решаљўї ва ояндабинии ўст. Садри Зиё тазкиранависи пурмањсулест, ки чандин тазкира дорад. Муњимтарин тазкираи ў «Тазкори ашъор»-и манзум аст. Таълифи он тайи соли 1322 то 1325 ќамарї яъне 1905 то 1907 мелодї анљом ёфта ва баъдњо чанд бобу маълумоти тоза ба он илова гардидааст. Дар тањрири аввал гўё ин асар шомили тавсифи 200 шоири замонаш буда, дар тањрири охир дар бораи 49 тан маълумот додааст. Дар ин давра дигар тазкирањое ба ќалам омадаанд, ки адибони он давраи Бухороро бештар фаро гирифтаанд. Чунончи «Тазкиратушшуаро»-и Неъматуллоњи Мўњтарам ањволи бештар аз 100 шоирро дар бар мегирад ва охирин тањрири «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё нисбат ба он хеле ноќис менамояд. Ба аќидаи Расули Њодизода ки нахустин пажўњишгари тазкирањои охири садаи 19 ва аввали садаи 20 аст, «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё ањамияти вежа дорад. Ањамияти ин тазкира он аст, ки дар бораи нависандагони пешќадам агарчи ба сиёсати зимомдорони ваќт мухолифат карда, аз дарбор ронда ва ба љазо гирифтор шуданд, аз рўйи њаќќоният маълумот медињад52. Ин бартарии тазкираи Садри Зиёро аз он чи дар бораи Ањмади Дониш, Возењ, Шоњин, Сомї, Сањбо, Айнї ва дигарон гуфтааст, метавон дид. «Тазкори ашъор» намунаи арзёбии адабиёти форсии тољикии нимаи дувуми садаи 19 ва оѓози садаи 20 аз дидгоњи маорифпарварист. Муаллиф ба њимояи тараќќихоњон аз њамлаи мухолифон бархостааст, таблиѓгари адабиёти маорифпарварї буда, ба њимояи « шеъри нав», ки тоза пайдо шуда буд, миён бастааст. Ин асар соли 2001 м.=1380њ. ш, дар Тењрон (Суруш) ба чоп расид. Онро Сањобиддини Сиддиќї ба чоп омода карда буд. Садри Зиё чанд тазкираи дигар њам навиштааст. Инак, номгўи онњо: « Шуарои мутааххирин», «Фузалои мутааххирин», «Зикри чанд нафар уламои даври охир», «Тазкиратулњуќамо», «Тазкиратулхаттотин», «Рисолаи хаттотони мутаќаддимин ва мутааххирин», «Зикри хаттотони настаълиќї» ва ѓайра. Дар бораи «Тазкиратулхаттотин»-и Садри Зиё тањќиќе ба кўшиши Эњсон Оќилов анљом ёфтааст. Аз ин тањќиќ маълум шуд, ки «Тазкиратулхаттотин» барои майян кардани тањаввули хушнависї дар Мовароуннањри баъди садаи понздањи исавї сарчашмаи муњим буда, дар бораи шаклгирии мактаби хушнависии Бухоро маълумоти мўътабареро дорост, ки аз дигар манбаъњо ба назар намерасад53. 9 Баъзе аз навиштањои дигари Садри Зиё низ ба унвони маъхази илмї арзиши шоёни таваљљўњ доранд. Ёдддошт, тазкира ва асарњои тазкирамонанд фаровон ба ќалам овардани Садри Зиё, чанд таърихнома навиштани ў, баъзе таърихномаву тазкирањои машњури замонњои гузаштаро хулоса карда аз онњо фишурдае гирифтани вай низ шояд коре монанди он бошад, ки дар фаъолияти Ањмади Дониш дидем, яъне шояд як навъ чашмандози љамъбастие ба рушди таърихи фарњанги маънавии миллат бошад, ки дар остонаи давраи нави бузурги таърих чунин љамъбандї зарур шуда буд. Кўшише барои љамъбандї њар дафъа ба тарзи дигар дар фаъолияти чанд маорифпарвари тољик дида мешавад. Аз љумла Абдуррауфи Фитрат (1884-1938) дар рисолаи «Рањбари наљот» (1915) гўё барномаи ахлоќии растагории миллиро тарњрезї карда, ба ин маќсад аќидаи бисёре аз бузургони гузаштаро як-як аз назар гузаронида буд, ки онро низ љамъбасте барои расидан ба хулосаи тозаи замонї метавон донист. Бухоро ба сифати яке аз бузургтарин марказњои фарњанги эронии тољикон, ки симои хоси бењамто дорад, дар садаи бист мавриди тањќиќи чанд нафар пажўњишагарону нависандагон ќарор ёфт. Бештар аз њама тањќиќоти Садриддини Айнї ва Олга Сухарева натиља дод. Садриддини Айнї дар навиштањои зиёде, ба вежа дар китобе ба номи « Ёддоштњо» (дар чањор љилд, иборат аз наздики њазор сањифа) њаёти Бухорои охири садаи 19 ва аввали садаи 20-ро хеле батафсил ба нигориш гирифтааст. Донишманди рус хонуми Ниг: Расул Њодизода. Источники к изучению таджикской литературы второй половины XIX века (Манбаъњои тањќиќи адабиёти тољикии нимаи дувуми садаи 19), Сталинобод, 1956, сањ. 11-13, 20-23, 62-69, 73, 87-89, 136-137. 53 Э. И. Оќилов. Направления и этапы развития таджикской каллиграфии (љараёнњо ва даврањои инкишофи хушнависии тољикї), фишурдаи рисолаи номзадї. Душанбе, 1992, сањ. 14-19. 52
27
Олга Сухарева мутахассиси мардумшиносї буд ва Бухорои њудуди ќарни 19 ва 20-ро чандин сол тањќиќ намуда, чанд китоб чоп кард. Дар ин китобњои О. Сухарева вазъи сиёсии ањди шуравї наќше гузоштааст ва ў натвонистааст, ки њар чи зарур аст, ошкоро бигўяд. Аз љумла кўшидааст мувофиќи талаби замон чунон вонамуд бикунад, ки гўё мардуми Бухоро дар садаи бист агарчи тољикигўй њастанд, њама ўзбеканд, ўзбакони тољикизабонанд. Ин талќини ў хилофи њаќиќатест, ки дар матни осораш омадааст. Бо вуљуди инњо тањќиќоти ў баѓоят љолибанд. Аз навиштањои Айнї њам баъзе норасоињо ба назар мерасад. Чунонки инќилоби шўравиён гузаштаро инкор мекард ва таќозо дошт зиндагонии замонњои то инќилоб бо ранги сиёњ тасвир ва шаби торики пурдањшат вонамуд гардад, устод Айнї њам аз Бухорои њудуди ќарнњои 19 ва 20 гоњ бисёр айб љустааст. Сарфи назар аз ни ба устод муяссар гардидааст, ки Бухороро бо шукўњи фарњангї, бо њама бузургиаш нишон бидињад. « Ёддоштњо»-и Айниро донишнома—энсиклопедияи Бухорои охири садаи 19 номидаанд, ки њаќ асту рост. Ба пиндори мо Садри Зиёро низ яке аз он афроде бояд донист, ки дар асри 20 Бухороро бо љузъиёту тафсилоти назаррабое њамчун як маркази шукўњманди маънавият нишон додаанд. Маорифпарварон Ањмади Дониш то Абдуррауфи Фитрат низ ба воќеияти иљтимоъии замони худ назари танќидї дошта, харобиву аќибафтодагї ва бенизомии кишвар, поймол шудани њуќуќи инсонро бештар медиданд. Аз љумла Садри Зиё, њамчунон ки ишора кардем, ба бисёр чизњо бо ришханд, бо биниши истењзоомез ва норозигї нигоњ кардааст. Вале ў њам монанди Айнї фаќат ранги сиёњ ба кор набурдааст. Вай аз «Ватани муќаддаси» худ ифтихоре дошта ва бо сарфарозї фармудааст: «Бухоро маљмаъи уламо ва маъдани фузалост»54. Ў аз инчунин гуфтањо дар осораш бисёр дорад. Аз баъзе навиштањои ў тасаввуре пайдо мешавад, ки кўшиш дорад љузъиёти љолиби зиндагонии фарњангии Бухороро як-як гирд оварад ва дар сафњаи таърих сабт намояд. Гўё мехост коре бикунад, ки чењраи хоси Бухоро ба лавњи хотири наслњои оянда наќш бандад, аз ёдњо наравад. Ахбороту иттилооте, ки Садри Зиё овардааст, гоњ хеле даќиќанд. Аз ин хусус як мисол меорем. Ў рисолае дорад ба номи « Зикри асомии мадориси дохилаи Бухорои Шариф», ки маълумоти аљиберо дорост. Ба воќеъ ин асар рисола њам нест, балки фењрастест, ки љадвали панљхонае дорад: раќам, исми мадраса, ба кадом гузар, адади њуљра, эзоњ. Яъне муаллиф мадрасањоро на танњо шумурда ва номбар кардааст, балки дар кадом гузар (мањалла) будан ва чанд њуљра доштани њар кадомеро нишон додааст. Барои ин ки ањамияти ин ахбор маълум шавад, ёдрас меоварем, ки бисёр муаллифон рўйхати мадрасањои Бухороро сохтаанд, шумораи мадрасањоро гуфтаанд, вале маълумоти Садри Зиё шояд яке аз даќиќтарини онњо бошад. Чунончи Содиќхољаи Гулшанї, ки аз ањли мањфили адабии Садри Зиё ва дўсти ў буд, дар китоби «Таърихи њумоюн», ки соли 1909 таълиф кардааст, мегўяд, ки Бухоро 199 мадрасаи сангин дошта, дар ни мадрасањо ва хонаќоњњои зиёде 50000 нафар толибон тањсил доштанд. Абдуррауфи Фитрат дар як асараш гуфтааст, ки «Бухоро ќариб дусад мадраса дорад» ва 72 мадрасаро ном бурда ваќфи солиёнаи њар кадомро зикр кардааст, ки бегумон ахбори муњимест55. Муњаммадалии Балљувонї мегўяд, ки «Бухоро ќариб ба чањорсад мадраса ва гўрхона ва ќорихона дорад, машњури онњоро аз рўйи донистам тањрир намоям»56. Ва 78 мадрасаро ном бурдааст. Дар баъзе асарњои дигар маълумот ба њамин минвол омадааст, ки ё нопурра ё тахминист ва ё нуќсони дигар дорад. Аммо Садри Зиё 204 мадрасаро ном гирифта, дар куљои шањр љой доштани њар кадомеро ќайд намудааст, љуз ин адади њуљраи њар мадрасаро гуфтааст, ки муњим аст, зеро њаљму ѓунљоиши мадрасаро нишон медињад. Маълум мешавад, ки калонтарини мадрасањо то 147 њуљра доштааст. Хурдтарини онњо дорои 8-9 ва як мадраса дорои 2 њуљра будааст. Шумораи мадрасањое, ки бештар аз 20 њуљра доранд, ба 60 расида ва 20 мадраса будааст, ки њар кадоме бештар аз 50 њуљра доштааст. Садри Зиё дар охирин хонаи љадвал номи касеро, ки мадрасаро бино карда буд, санаи бино шудани он ё дар замони кадом амир сохта шудани онро низ гуфтааст. Ин маълумоти охирин хонаи љадвалро шояд аз китобњо ба даст оварда бошад, вале баъзе маълумот, масалан дар кадом гузар воќеъ будани њамон мадраса аксаран дар сарчашмањои таърихї ќайд нашудааст ва мутаассифона Садри Зиё њам нагуфтааст, ки чунин маълумотро аз куљо пайдо карда буд. Тавон пай бурд, ки дар куљо будани мадрасањоро ў худ аз рўйи мушоњида муайян кардааст. Аз баъзе ишорањо ошкор Рўзномаи Садри Зиё, Тењрон, 1382 (2003), сањ. 137. Фитрат. Баёноти сайёњи њиндї. Садои Шарќ, 1988, №6, сањ. 23. 56 Муњаммадалї ибни Муњаммадсайиди Балљувонї. Таърихи нофеъ. Душанбе, Ирфон, 1994, сањ. 13 54
55
28
мешавад, ки муаллиф ахбори манбаъи аслии худро тањќиќу тафтиш кардааст ва аз ин ки мадрасањо дар ваќти навишта шудани асари ў чи њол доштанд, хабардор будааст. Чунончи навиштааст, ки мадрасае «дар љануби масљиди Почокули Њољї», дигаре «дар пушти масљиди Болои Њавз», «ба пушти масљиди гузар», «ба даруни масљиди љомеъа», «ба шафати масљид» ва њоказо воќеъ шудааст. Дар пеши номи баъзе мадрасањо ишорае њаст, ки «вайрон», «вайрон шудагї». Як мадраса «сўхтагї» будааст. Дар мавриди мадрасае навиштааст, ки «њозир иликтирикхона шудагї». Ба њар њол аз ин ишорањо метавон пай бурд, ки Садри Зиё њама мадрасањоро як-як дида ва ё ин ки кас фиристода огоњї пайдо кардааст ва пас аз он фењрист тартиб додааст. Дар мавриди як мадраса таъкид намудааст, ки «баъд аз инќилоб вайрон шуд». Аз ин мебарояд, ки фењристи ў пас аз инќилоби соли 1920 тартиб ёфтааст. Пас аз инќилоби шўравии атеистї мадраса ањамиятро аз даст дод ва зуд ошкор гардид, ки бисёр мадрасањо дар андак муддат аз байн хоњанд рафт, зеро болшевикон аз аввал «гузаштаи лаънатї»-ро мањкуам намуда, «љањони кўњна»-ро зеру забар кардан гирифтанд. Дар ин сурат тартиб ёфтани рўйхати даќиќу мукаммали Садри Зиё ањамияти таърихї дошт. Чунин фењраст замина ба вуљуд меовард, ки яке аз муњимтарин нишонањои љањони маънавии Бухоро дар ёди таърихии наслњои оянда дурусттар боќї бимонад. Дар он навиштаи Садри Зиё зикри номи масљидњои Бухоро низ омадааст, ки 223 адад будааст. Дар бораи як масљид навиштааст, ки « баъди инќилоб вайрон шуд». Дигар масљидњо њанўз побарљо будааст. Ривояте њаст, ки Бухоро 360 гузар (мањалла) дошт ва дар њар гузар масљиде буд. Шояд дар асоси њамин ривоят бошад, ки академик Александр Семёнов шумораи масљидњои Бухороро 360 адад нишон медињад»57. Дар «Таърихи њумоюн»-и Содиќхољаи Гулшанї омадааст,ки дар дохили шањри Бухоро 391 масљид, 17 хонаќоњи љумъахонї буда, њар мадраса њам масљид дошт, « ба дохили шањр љамъан 607 адад масљиду маобид мављуда аст, ки ба њангоми азон 615 муаззин ба як даќиќа азон мегўяд». Ин маълумоти Гулшанї ба соли 1909 тааллуќ дорад. Пажўњишњои пас аз инќилоби соли 1920 натиљаи дигар дод. Маълум шуд, ки дар њудуди ќарни 19 ва 20 шумораи гузарњои Бухоро аз 217 зиёд набуда ва шумораи масљидњои он бештар аз 218 набудааст58. Мутаассифона пажўњишгарон аз тањќиќи Садри Зиё ва рўйхате, ки ў тартиб дода буд, огоњї надоштанд ва онро ном набурдаанд. Пажўњиши Садри Зиё даќиќтар менамояд. Ў фаќат шумораи масљидњоро муайн накардааст, балки њама масљидњоро як-як ном бурдааст ва ин шумораи 223, ки вай овардааст, шояд айни њаќиќат бошад. Ба њар њол тавон гуфт: шумораи масљидњои Бухоро камтар аз 223 набудааст. Дар он дастхатти Садри Зиё, ки тањти шумораи 2193 дар Пажўњишгоњи ховаршиносии Абўрайњони Берунї (Фарњангистони улуми Љумњурии Ўзбакистон, Тошканд) нигањдорї мешавад, ба љуз номгўи мадрасаву масљидњои Бухоро як рисолаи Носириддин ибни амир Музаффар ба номи «Њодиуззоирин» омадааст ( аз вараќи 11 то 39), ки пас аз инќилоб навишта шуда, китобати он чун њамаи дигар осори ин нусха ба дасти Садри Зиё анљом ёфтааст. Аз номи муаллифи рисола маълум аст, ки ў фарзанди амир Музаффархони манѓит (даргузашт 1885) аст. Муаллиф дар ин рисола мазороти бузургони даруни шањри Бухоро ва ноњияњои атрофи онро тасвир кардааст ва маълумоти даќиќ дорад. Аз ин рисола ошкор мегардад, ки хоки поки Бухорои Шариф ваљаб ба ваљаб ќадамгоњу оромгоњи бузургон, покон ва порсоён будааст. Аз мероси хаттии Садри Зиё бовар њосил мешавад, ки ў шефтаи Бухоро ва ба гуфти худаш як умр «машѓули тамошои Ватани муќаддаси худ буда»-аст59, аз дидори он сер намешудааст. Аз ин љињат, Бухороро саросар тањќиќ карда ва нияте доштааст, ки шарофату таќаддуси Бухороро ба дидањо намоён оварад. Ба пиндори ин камина ба мурод расидааст, барои ин ки бархе вежагињои чењраи маънавии Бухорои Шариф ин ќуббатулислом дар сафњаи таърих сабт бимонад, хеле хидмат кардааст. Агар инро њам ба назар бигирем, ки чунонки баъдтар маълум шуд, поёни ќарни 19 ва оѓози ќарни 20 на арафаи марњилаи нави муњимме дар сарнавишти Бухорои бостонї, балки А.А. Семёнов. К прошлому Бухары. Охирсухани китоби: С. Айнї. Воспоминания. М.-Л. 1960, с. 1013. 58 О.А. Сухарева. К истории городов Бухарского ханства. (Аз таърихи шањрњои давлати хонияи Бухоро), Тошканд, 1958, сањ. 68. 59 Рўзномаи Садри Зиё, сањ. 287. 57
29
поёни умри таърихии он будааст, бозљустањову љамъбастњои Садри Зиё ањамияти људогона пайдо мекунад. Аз дастхатњои Шарифљон-махдуми Садри Зиё чењраи фарњангиву маънавии Бухороро дар охири умри таърихии он мебинем, ки басо нуронист, вале осори пажмурдагї, азияткашидагї ва навмедї аз он њувайдост. Дил мехоњад, ки ин давра на поёни умри таърихии Бухоро, балки анљоми як марњилаи он бошад ва фарзандони сарбаландаш минбаъд боз дар сари гањвораи фарњангу маънавият шабзиндадорї оѓоз нињанд ва мењани азизи худро умри дубораи таърихї бахшанд. *** Мо ин љо рўзгору осори Садри Зиёро ба нињояти мухтасарї аз назар гузаронидем. Аз ин нигоњи сар-сарии мо то андозае он њаќиќат бояд падид омада бошад, ки Садри Зиё аз фаъолтарин маорифпарварони тољик буда, фаъолияти иљтимоъї ва илмиву адабии ў баѓоят гуногунпањлў буд, сарфи роњи фарњанггустарї ва устувории пояњои равшангарї гардидааст. Чун Ањмад-махдуми Дониш барои муборизањои фидокорона, барои тараќќипарварї ва аќидањои иљтимоъиву сиёсии фавќулода аз дарбор ронда ва ба таъќибот дучор шуд, иддае ба њимояи ў ба по шуданд. Шамсиддин –махдуми Шоњин дар мадњи Ањмад-махдум ќасидае гуфт ва Абдулмаљиди Музтариб онро мухаммас кард60. Чанд тани дигар гирди Ањмади Дониш љамъ омаданд. Номи Ањмад-махдуми Дониш парчами маорифпарварї шуд. Ин ном андешапарварони њамиятмандро ба њам овард, муттањид кард, ба мубориза сафарбар намуд. Он солњо ки Ањмади Дониш њанўз дар ќайди њаёт буд, марказе пайдо шуд, ки низ як идда пайравони ўро ба њам пайваст. Ин марказ мањфили адабии Садри Зиё буд. Садри Зиё равшанфикрони озодандеш ва љасоратманди Бухороро дар мањфили худ гирд оварда, бо баррасии муњимтарин масъалањои њаёти иљтимоъї ва фарњангиву адабї, бо музокираву мубоњисањо љасоратмандонро ба љањду љадал рўњбаландї бахшид. Вай натанњо нигоштањои парокандаи Ањмад-махдумро љамъоварї кард, балки бо таблиѓи омўзањои ў фикри як идда љавононро ба љунбиш овард ва барои ин ки ба гуфти Садриддини Айнї « як инќилоби фикрї» ба вуљуд биёяд,61 мусоидат намуд. « Тазкори ашъор» низ гўиё њамон мањфили адабии Садри Зиёро идома дод ва бархе маорифпарваронро як љо гирд оварда, ба ањли љомеа муаррифї намуд ва бар хилофи бадгўињои доирањои расмї њастии воќеии равшангаронро ба љомеа шиносонид. «Тазкори ашъор» њимоятномаи маорифпарварї, адабиёти љадида ва шеъри нав буд. Банда дар ин бора дар љои дигар ба андак тафсил сухан рондаам62. Аз навиштањои Садри Зиё пайдост, ки Ањмади Дониш, Шамсиддини Шоњин, Рањматуллоњи Возењ, муфтї Икром (домулло Икромча), Мирзо Њайити Сањбо, Мирзо Азими Сомї, Садриддини Айнї, Абдулвоњиди Мунзим, Ањмадљони Њамдї ва дигаронро бо камоли љасорат аз њамлаву њуљумњои љањолатпешагон њимоя кардааст. Садри Зиё њимоятгар ва ривољбахши маорифпарварист. Мирбобои Миррањим дар китоби « Саъдахтар» мазмуни сўњбатеро, ки бо устоди бештарини мо профессор Шарифљони Њусайнзода доштааст, меорад. Устод Ш. Њусайнзода дар ин сўњбат аз чањор нафари ниёгони мо, ки дар душвортарин замонњои таърих барои созмон додани њаёти фарњангї саъю кўшиши пурнатиљае кардаанд, сухан рондаааст. Ў гуфтааст: «Аввалин шахсе, ки барои њифзи фарњанг дар таърихи мо пас аз истилои муѓулњо (1218-1220) камари њиммат баст, олими намоён Хоља Насириддини Тўсї ( 597-672 њ. ќ.) буд. Ў тавонист таърих ва фарњанги моро аз мањв шудан нигоњ дорад. Ба гуфтан осон: аз як тараф ќабоили кўчї ва нимвањшии муѓулњо, аз тарафи дигар ќудратталабии исмоилињо, ки дар паи манофеъи сиёсиву иќтисодии худ њамаро аз байн мебурданд. Аз вањшати муѓулњо тамоми олам дар тарс ба сар мебурд. Дар њамин давраи тираву тор фазилати фарзанди халќи мо Насириддини Тўсї ба ёрї расид. Ў ганљинањо нињод ва донишмандонро гирд овард. Ва тавонист, ки таъриху фарњанг ва њастии мардуми моро аз нобудї њифз намояд… Абдуррањмони Љомї (1414-1492) кори оѓознамудаи Насириддини Тўсиро ба анљом расонид. Ў ба хулосае омад, ки ќавми кўчї ва вањширо то тарбият накунї, аз шарри ў, аз бедоду торољаш эмин нахоњї буд. Ба њамин сабаб ба баќияи муѓулњо —ќабоили аштархонї ба забони чаѓатої дарси маърифат омўхт. Мањз ба ташвиќи ў Алишери Навої ба ин кор Ниг.: Садри Зиё. Тазкори ашъор. Тењрон, Суруш, 1380-2001, сањ. 210-212. Ниг.: С. Айнї. Куллиёт, љ. 7. сањ. 488. 62 Ниг.: Маќолаи «Тазкори ашъор» ва масъалаи пайдоиши шеъри нав. 60
61
30
камари њиммат баст. Ў тавонист дар дили онњо шўълаи имону маърифатро барафрўзад ва мардум аз љангњои пай дар пай муддате эмин монданд. Таърих бузургони моро дар давраи њалкунанда ба майдон мебарорад. Пас аз ба мустаъмараи Русия табдил ёфтани Осиёи Миёна Ањмади Дониш ќадам ба арсаи сиёсат гузошт. Тарњи ислоњоте, ки Ањмади Дониш доир ба сохти давлатдорї пешнињод кард, то имрўз ањамияти худро гум накардааст. Ањмади Дониш нахустин тухми тараќќї ва инкишофро дар сарзамини Осиёи Миёна кишт. Ва аз ин мазраъа Садри Зиё сабзид. Ў њам мисли Насириддини Тўсї фарњанги моро гирд овард, китобхонаи бузург барпо нињод ва аз њама муњим он ки як мактаби бузурги илмию адабї дар Бухоро ба вуљуд овард»63. Ин мулоњизоти устод Шарифљони Њусйанзода баѓоят љолиб аст. Дар њаќиќат Мовароуннањр чун аз нимаи садаи 19 ба тасарруфи Русия даромад, ноумедии таърихии садањои 17 ва 18 кам-кам бартараф шуда, дар дили ахли фањм умеди таърихї, умеди халосї аз дарбастагии феодалї ва пайвастан ба равандњои љањонї пайдо шуд. Ањмад –махдуми Дониш љустуљўи роњњои растагории миллиро оѓоз кард ва равшанфикронро ба ин љустуљў кашид ва сафарбар намуд. Фаъолияти Садри Зиё барои муттањид шудани нерўњои пешбари љомеа ва худшиносии иљтимоъиву маънавии онњо, барои равшантар шудани ормон (идеал)-њои маорифпарварии тољикї мусоидат намуд ва барои љомаи амал пўшидани омўзањои Ањмад –махдум роњ њамвор кард. Аз ин рў мо аќида дорем, ки Садри Зиё дар таърихи андешаи иљтимоъии тољикони Варорўд ба сифати яке аз пешбарони равандњои маорифпарварї маќоми вежа дорад. *** Садри Зиё шеър њам мегуфтааст, вале Афзал дар тазкираи худ хабар додааст, ки Садри Зиё « ин шеваро (шеърро М. Ш.) коре намешуморадва шуур камтар мегуморад»64. Сабаби камнависии ў шояд он бошад, ки шеъраш баробари насраш ќавї набудааст. Инро ў худ эътироф мекунад. Садриддини Айнї мегўяд, ки Садри Зиё «шеърро бисёр хуб мефањмид ва иќтидори шоириаш паст бошад њам, шеър мегуфт». (7-44) Шеъраш дар дастнависњояш љо-љо ба муносибате омадааст. Дар дастхатти шумораи 2367 (Пажўњишгоњи Берунї, Тошканд) 7 ѓазал, 3 мухаммас 3 ќасида, 2 марсия, 4 рубоъии ў ва 130 байти шоирони ваќт дар васфи ў сабт шудааст. Ќувваи шеърияи Садри Зиёро аз «Тазкори ашъор», ки манзум аст, тавон фањмид. Ин китоб чунонки гуфтем чоп шудааст ва ба дастраси мутахассисон ќарор дорад. Аз «Рўзнома»-и ў чанд шеъраш ба назарњо хоњад расид. Баъзеи онњо намунаи шеъри иљтимоъии адабиёти маорифпарварии тољикиест. Андаке аз онро дар поинтар хоњем дид. 10 «Рўзнома» яке аз калонтарин асарњои Шарифљон –махдуми Садри Зиёст, ки ба дастхати худи ў 500 сањифа аст. Сабаби «Рўзнома» номида шудани ин асар он аст, ки нависанда ният доштааст рўйдодњои замонро гўё њаррўза ёддошт кунад. Сабти рўйдодњо аз даргузашти падараш ќозї Абдушшакури Оят, ки 18 зулњиљљаи 1306-и њиљрии ќамарї баробари 16 августи 1889-и исавї воќеъ шуда буд, оѓоз ёфта, то 1348=1929 давом кардааст, яъне баёни воќиањо дар Рўзнома аз овони љавонии Садри Зиё шурўъ шуда, то ду-се соли пеш аз фавти ў идома ёфта аз ин рў асаре нотамом аст. Муаллиф дар сањифаи якум ќайд намудааст, ки « ин Рўзнома дар санаи 1336 дар мавриди муњорибаи Колисуф њамроњи тазкиратушшуарои назм сўхта шуд… Мусаввадаи дигар надошт. Аз камоли њирсе, ки дар ин боб доштам, маљбур шудам, ки ваќоеъи сисоларо дубора навиштам». Ин љо воќеањои соли 1918 дар назар аст, ки Фёдор Колесов сарвазири њукумати болшевикии Туркистони Русияи шўравї аз Тошканд ба Бухоро лашкар кашид ва чун шикаст ёфта, роњи гурез пеш гирифт, амир Олимхон бо истифода аз фурсат дар Бухоро террор оѓоз карда, кишварро ба хун оѓушт. Он гоњ Садри Зиё дар Насаф ( Ќаршї) бадарѓа ва дар маќоми ќозї буд ва он љо зиндонї шуд. Њангоме ки ўро ба њабсхона мебурданд, 63 Мирбобои Миррањим. Саъдахтар. Гуфтугў бо Муњаммадљони Шакурї. Силсилаи «Таърихи шифоњии тољикон», 1, Тењрон, 2001-1380 њ. сањ. 214-216. бо хати кирилли. 64 Афзал — махдуми Афзал.Афзалуттазкор фї зикри шшуаро, чопи сангї, Тошканд, 1918, сањ. 72.
31
баъзе асарњояшро, ки њама дастнавис ва бархе мусаввада буд, дар пеши чашми худаш сўзонданд. Аз љумла « Рўзнома» ва « Тазкори ашъор» ба коми оташ рафт. Аз навиштањои Садриддини Айнї ошкор аст, ки он гоњ на як-ду, балки чанд асари Садри Зиё нобуд шуда буд. Айнї менависад: «Афсўс, ки Рўзнома ва баъзе муншаоти муњимми Зиё дар фалокати мањбусии Ќаршї талаф шуда»65. Худи Садри Зиё мегўяд: ки « Осори зиёъия» дар « санаи 1338 дар фитнаи инќилоб… мафќуд гашт»66. Ин љо воќиаи соли 1920, он рўйдод, ки « инќилоби Бухоро» ном дорад, дар назар аст, ки болшавикони Русия чањор рўз шањрро ба оташи тўб кашиданд ва аз 11 њавопаймо бомбаборон карданд67. Дар ин асно ба манзили Садри Зиё низ осебе расид: « ба самте аз љињоти њавилї (тири) тўб расида, рахнае пайдо шуда, тамоми амволу ашёи лозима ба ѓорату яѓмо рафта»68. Он гоњ баъзе дастнависњои ў аз байн рафтанд. Ин дувумин бор буд, ки асарњои Садри Зиё нобуд шуданд. Пас аз инќилоб дар зарфи дањ-дувоздањ сол ба ў муяссар шуд, ки он асарњо ё бархе аз онњоро дубора ба ќалам биёварад. Азбаски ёди ќавї дошт, њатто Рўзномаро ќисман аз нав таълиф намуд ва чунонки дар сарсухани он мегўяд, агарчи «бино ба пирї ва бўъди ањд, бисёр чизњо баъзе матрук, бархе мушаббањ шуд»69, ба њар њол чизе, ки сахт дар ёд монда буд, дубора рўйи коѓаз омад. Аз баъзе љойњои Рўзнома метавон пай бурд, ки нависанда њангоми таълифи дубора бархе порањои сиёњнависи тањрири якумро пайдо ва истифода карда будааст. Ў бидуни сиёњнавис асар таълиф мекард, лекин шояд пешнависњои пора-пора ва људо-људо вуљуд дошта бошанд. Дар навишти дубора шояд баъзеи њамин пешнависњои људо-људо ба кор гирифта шуда бошанд. Масалан, боре гуфтааст: « Аз он рўз то ба ин дам, ки айёми тасвиди ин Рўзнома аст, шонздањ сол мунќазї шуда». Ин сухане нест, ки пас аз инќилоби соли 13381920 гуфта шуда бошад, балки шонздањ соли баъди даргузашти падар (1306-1889) яъне санаи 1322=1905 дар назар аст, яъне шояд порае аз пешнависи соли 1905 истифода шуда бошад. Ба ин муносибат бояд гуфт, ки ин пораи соли 1905 шояд яке аз нахустин порањои сиёњнависи Рўзнома бошад. Яъне агарчи воќиањои Рўзнома аз соли 1889, аз даргузашти падар оѓоз ёфтааст, мумкин аст, ки то соли 1905 рўйдодњо пора-пора ва људо-људо навишта шудаанд, ки ин як навъ тайёрї барои таълифи китоб буд, аммо аз соли 1905 таълифи китоби Рўзнома оѓоз ёфт. Таълифи баъзе асарњои дигари Садри Зиё, чунончи «Осори зиёъия» ва «Тазкори ашъор» низ солњои 1904- 1905 сар шуд. Шояд оѓози эљодиёти Садри Зиё солњои 1904-1905 буда, аз соли 1889 то ни дам давраи омодагї ва машќ, пешнавис ва сиёњнависї бошад. Агар дар њаќиќат чунин бошад, метавон гуфт, ки аз солњои 1904 –1905 тањрири якуми «Осори зиёъия», «Наводири зиёъия», «Тазкори ашъор» ва ѓайра оѓоз ёфта, дар як-ду ё се-чор сол поён ёфт ва солњои баъд тасњењу такмили онњо идома дошт. Лекин соли 1918 ин осор сўхт (чунонки дидем, одамони амир дар Ќаршї сўзониданд). Пас аз инќилоби соли 1920 тањрири дувуми ин асарњо ба вуљуд омад, яъне Садри Зиё онњоро дубора навишт. Њоло мехоњем таъкид бикунем, ки њангоми таълифи дубораи пас аз инќилоб гоњ-гоњ порањои парокандаи сиёњнависи пеш аз инќилоб истифода шудааст. Аз дастхати Рўзнома дар чанд маврид чунин бовар њосил мешавад. Чунончи боре нависанда гуфтааст: «Аз ин рўз то ба ин дам ќариб њашт сол мунќазї шуда», яъне ин пораи Рўзнома тахминан аз пешнависи соли 1322 гирифта шудааст. Дар љои дигар муаллиф заминљунбии Ќаратоѓи Њисорро муфассалан тасвир карда гуфтааст, ки «то рўзи тањрири ин Рўзнома, ки як сол мунќизї шуда, халоиќи кўњистон, хусусан ањолии Ќаратоѓ даме ва фурсате аз ин балия халосї надошта…» (сањ. 202). Пас агар зилзила соли 1325=1907 рўй дода бошад, ин пора соли 1326=1908 навишта шудааст. Ё ин ки чун оѓози љанги якуми љањонро њикоят кард, дар охир навиштааст: «Ин муњориба ба фањми бандаи афтода аќалли мартаба њафт сол вагарна то дањ сол бояд имдод ёбад. Агар умр боќї бошад, баъд аз итмоми муњориба… хоњам навишт» (сањ. 248). Ин њам ба назари банда на сухани баъди соли 1338=1920, балки сухани њамон соли 1332-1914 аст ва аз порае, ки он ваќт навишта шуда буд, айнан дар таълифи Айнї. Намунаи адабиёти тољик, сањ. 402. Осори зиёъия. Нусхаи мазкур, сањ. 1. 67 Дар ин бора ниг.: Рустам Шукуров. Сентябри соли 1920 дар Бухоро чї њодиса рўй дод? Садои Шарќ, 1990, №9. 68 Рўзномаи Садри Зиё, сањ. 287. 69 Њамон асар, сањ. 91. 65
66
32
дубораи Рўзнома истифода гардидааст. Чунин порањо шояд дар баъзе бахшњои дигари Рўзнома низ ба кор гирифта шуда бошад. Аз баъзе нишонањо метавон тахмин кард, ки бознигории Рўзнома соли 1919 ва ё ки 1920 пас аз инќилоби Бухоро шурўъ шуда, бо суръат идома дошт. Бо вуљуди серкорї чунон бошитоб ќалам меронд, ки ба баёни воќиањои инќилоб баъди яку ним сол навбат расид. Вай воќиањои инќилоби болшевикї, хароб шудани Бухоро ва хобњои дањшатангези худро, ки як њафта дањ рўз пеш аз он рўйдодњо дида буд, њикоя карда, дар байни сухан мегўяд: «То айёми тањрири ин Рўзнома, ки якуним сол мунќазї шуда амир, ба Афѓонистон..аст» (сањ.289). Ин аст, ки рўйдодњои инќилоби соли 1338-1920-ро тахминан дар охири соли 1921 ё аввали 1922 ба ќалам овардааст. Мо дар боло дида будем, ки бознависи « Осори зиёъия», «Наводири зиёъия» ва ѓайра аз соли 1924-1925 шурўъ шуд. Акнун бояд бигўем, ки аммо бознигории Рўзнома соли 1919 ва ё ки дафъатан пас аз инќилоб, соли 1921 ё аввали соли 1922 оѓоз ёфт. Аз ин мебарояд, ки Садри Зиё ба Рўзнома бештар аз дигар асарњои худ ањамият додааст, онро аз дигар асарњои худ муњимтар шумурдааст ва аз њамин сабаб бознигории осорашро аз он шурўъ намудааст. Воќиањои баъдї аксаран дар ваќташ сабт шудааст: « Дар айёми санаи 1340=26 июли 1922; «дар ин айём, ки санаи 1341 њиљрї муќорини 1923-исавист» (сањ. 490) ва њоказо. *** Мутаассифона аз рўйдодњои баъди инќилоб дар Рўзнома хеле кам сухан меравад. Ва мо дар поинтар барои муайн кардани сабаби он кўшише ба амал хоњем овард. Воќиањои пеш аз инќилоб низ дар бештари мавридњо интихобан ва ихтисоран тасвир шуда, гоње нисбатан батафсил омадаанд. Ихтисорро гоњ худаш ишора кардааст: «Нигоришу гузориши Шањрисабзу Ќарширо ихтисор кардам, варна тафсилоти бисёр дорад, ба татвил меанљомад. Дар айёми тањрири «Рўзнома» ба њељ ваљњ њавсала надоштам, машѓалаам бисёр буд» (сањ. 281). Аз ин бармеояд, ки интихобу ихтисор на танњо ба он сабаб ки баъзе љузъиёту тафсилот аз ёди муаллиф рафта буд, балки ба сабабњои гуногун лозим омадааст. Яке аз сабабњои асосї ин аст, ки дигар барои тасвири муфассал эњтиёљ ва ё имкон намонда буд, лозим буд, ки Рўзнома њар чи зудтар дубора барќарор шавад он чиро ки аз дидгоњи нависанда аз дидгоњи дилсўзони «мулку миллат» муњим аст, хулосатан дар бар гирад. Аз баёни бисёр рўйдодњо худдорї кардан зарур омада буд, то ки афкори иљтимоъии баъзе равшанфикрони замон, аќидањои муаллиф дар бораи рушди љомеа, дар бораи сабабњои аќибмондагии кишвар ва ба фалокатњо дучор шудани он равшантар ифода гардад. Зотан Рўзномаи Садри Зиё чандон рўзнома ва ёдномаи хотиротмонанд нест, аз он шакли рўзнома, ки дар Аврупо расм шуда ва имрўз дар Тољикистон њам дида мешавад, дур аст. Нависанда фаќат баъзе рўйдодњоро њаррўза сабт кардааст. Ин асар бештар тарљумаи њоли муфассали муаллиф аст, ки вобаста ба зиндагии шахсї њаёти атрофиёнро низ дахл карда, ќисме аз воќиањои замонро фаро гирифтааст. Њамчунин дар бораи бархе аз рухдодњои љањон изњори аќида намуданро муњимтар донистааст. Муаллиф дар сарсухан маќсадашро аз тањрири якум ба ин тарз баён кардааст: «Ба худ азм ва бад-ин ният љазм намудам, ки муддатулумр ваќоеъу њаводиси дохиливу хориљиро, ки ањамият дошта бошад, явман фї явман индалфурсат батафсил ва индаззарурат би-л-иљмол сабту забт намоям». Дар тањрири якум «савонењу ваќоеъи муњиммаро љумлатан њатто таворихи азлу насб ва валодату вафоти мустанидон ва ашхоси маълумаи асру замонро тамоман дар ќайди тањрир кашида» будааст (сањ. 91). Дар тањрири дувум низ ин маќсад то андозае ба даст омадааст. Дар айни замон бояд гуфт, ки дар тањрири дувум, ки њоло дар даст дорем, бисёр рўйдодњои муњимми Бухоро, ки ањамияти бузурги таърихї доштанд ва дар баъзеи онњо худи Садри Зиё низ аз наздик ё аз дур ширкат варзида буд, аз «ќайди тањрир» берун мондаанд. Аз љумла аз он муборизаи сахт, ки баъди соли 1326=1908 дар байни љавонони тозафикри тараќќихоњ ва муллоњои кўњнапараст сурат гирифт, чизе гуфта нашудааст. Њамин муборизаи «љадиду ќадим» буд, ки мунтањо амирро маљбур кард фармони ислоњот содир намояд. Садри Зиё судури ин фармон ва таъсираш бар сарнавишти худро нисбатан батафсил баён намудааст, вале аз он раванди чандсола, ки оќибат ин фармонро ба миён овард, хомўш мондааст. Пурсише пеш меояд, ки чаро ин тавр шуда бошад? Чаро Садри Зиё масъалаи љанги Жопунро дар бист сањифа бо тафсилоти зиёде як-як ба нигориш меорад, аммо аз талошњои ќањрамононаи равшангарони тољик, ки Бухороро аз вартаи пасмондагї берун кашидан мехостанд, чизе намегўяд?
33
Ба чунин пурсише посух гуфтан шояд пас аз тањќиќи њама эљодиёти Садри Зиё муяссар шавад. Агар гўем, ки он солњо, ки ў шурўъ ба тањрири дувуми Рўзнома кард, асарњои Садриддини Айнї «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» ба форсї дар маљаллаи «Шўълаи инќилоб», (1920-1921) ва «Бухородаги инќилобї њаракатнинг ќисќача таърихи» («Таърихчаи њаракати инќилобї дар Бухоро» ба туркии ўзбакї, рўзномаи «Мењнаткашлар товуши», 1920-1921) чоп шуда, дар ин асарњо талоши маорифпарварони тољик марњила ба марњила муфассалан баён ёфта ва бино бар ин Садри Зиё дигар ба он воќиањо таваќќуф накард, шояд сањв карда бошем. Эњтимол меравад, ки нависанда дар тањрири якуми Рўзнома низ ба ихтилофоти «љадиду ќадим» чандон дахл накарда буд, то ки аз сиёсати амир ва кирдори љоњилонаи уламои сўъ ёд накарда ва оташи хашму ѓазаби «амири бетадбир» ва њукуматдоронро шўълавар насохта бошад. Дар айёми тањрири дувум — пас аз инќилоб зарурати њазар кардан аз хашму ѓазаби њомиёни њукумати амирї ва иртиљоъиён њанўз аз байн нарафта буд. Илова бар ин дар аснои тањрири дуюм зарурати кўтоњгўї пеш омад, ки таълиф зудтар поён ёбад. Ин аст, ки ба чандин андеша баъзе рухнамудњои муњимми ваќт, аз љумла муборизаи љадидони тараќќихоњ аз Рўзнома берун монданд. Дар натиља Рўзнома дар њаќиќат бештар хусусияти хонаводагї ва шахсї пайдо кард, ки муаллиф «ба азлу насб, валодату вафоти мустанидон ва ашхоси асру замон» бештар ањамият додааст. Дар ин сурат низ он наќши муњим, ки шахсияти Садри Зиё дар њаёти иљтимоъї ва адабиву фарњангии Бухорои оѓози садаи бист гузошта буд ва мо онро аз навиштањои дигарон, чунончи аз осори устод Айнї медонем, аз Рўзнома чандон ба дид намеояд. Инро аз дигар асари ў, ки «Тарљумаи њоли муаллиф ва бобову аљдоди ў» ном дошта, дар «Наводири зиёъия» омадааст, низ намебинем. Ин «Тарљумаи њол…» фушурдаи Рўзнома аст, ки лањзањои асосї айнан такрор шудааст. Ин љо њам нависанда бештар аз зоњири рўзгорони худ њикоят мекунад ва аз ин наќли ў мазмуни ботинї ва ањамияти таърихии фаъолияташ гоњ-гоње андак намоён меояду бас. Ё нависанда ањамияти фаъолияти худро дар љунбиши маорифпарварї њанўз чандон дарк накарда буд ва ё аз хоксорї намехост, ки дар баъзе мавридњо шахсияти худро пеши чашми мардум ба љилва оварад ва ё ин ки сабаби дигаре дар миён аст. Агар устод Айнї дар бораи мавќеи Садри Зиё дар равандњои фарњангии замон он њама ахбори арзишмандро боќї намегузошт, Садри Зиё панљсад сањифа Рўзнома навишта бошад њам, мо имрўз дар бораи ў бисёр чизњои муњимро намедонистем ва шояд таърих низ абадан аз онњо огоњ намегардид. Бино бар ин набояд гумон бурд, ки ин Рўзнома ањволу атвори Садри Зиё ва замони пуршўри ўро мукаммалан дар худ акс додааст. На, Садри Зиё дар Рўзнома нияти фарогирии њама рўйдодњоеро, ки ба худи ў иртиботе доштаанд, надорад. Рўзномаи Садри Зиё асарест, ки аз он дар доираи маќсадњои мањдуди нависанда чанде аз нишебу фарози зиндагии худи ў ва баъзе љињатњои муњимми замонро мебинем, аз баъзе махсусиятњои њаёти иљтимоъиву сиёсї ва фарњангии охири садаи нуздањ ва ду дањаи нахустини садаи бист огоњї меёбем, аз љумла, бо љањонфањмї ва аќидањои иљтимоъии ў шинос мешавем. Дар ин сурат низ ин асар аз чанд љињат љолиб ва яке аз муњимтарин сарчашмањои таърихи Бухоро дар охирин асри њаёти мустаќилаш аст. 11 Агарчи талошу пархошњои тараќќихоњони маорифпарвар дар Рўзномаи Садри Зиё тасвир нашудааст, ин асар натиљаи нигаристан ба замон аз дидгоњи маорифпарварон аст. Ба ин маънї тањаввулоти асосии замон на зоњиран, балки моњиятан баён гардидааст. Муаллиф фаъолияти равшангаронро нишон намедињад, вале моњияти аслии замонро дар бисёр мавридњо аз бинишгоњи онњо намудор меоварад, гўё аз зоњири воќиањо чашм мепўшад ва дида ба маънои нопайдои замон медўзад. Яъне мактабњои усули нав кушодани равшангарони тараќќиталаб, рўзнома чоп кардани онњо, китобњои форсї ба табъ расонидан (чунончи аз чоп баровардани китобњои Садриддини Айнї «Тањзибуссибён», 1328-1910, «Заруриёти диния», 1332-1914, «Тартилул Ќуръон», соли табъаш номаълум, асарњои Абдуррауфи Фитрат, Мирзо Сирољи Њаким ва дигарон), ба таъќибот дучор гардидан ва ќањрамонона мубориза кардани онњоро ба тасвир наоварда, аммо кўшидааст, ки мазмуну мундариљаи замон ва кирдори зимомдорони кишварро он тавр, ки равшангарон медиданду мефањмиданд, маънї намояд. Садри Зиё бо ин асари худ муборизаи маорифпарваронро идома медињад ва як ањамияти таърихии ин асари ў њамин аст, ки барои фањмидани аќидањои иљтимоъиву сиёсии маорифпарварони тољик, барои донистани марому маслаки онњо чун маъхазе метавонад хизмат бикунад.
34
Чунонки гуфтем, Садри Зиё на аз љумлаи љадидони равшангар, балки яке аз уламои тозафикру навназар ва тараќќихоњ буд. дар манбаъњои он аср чанд нафар аз уламои ислом номбар шудаанд, ки аќидањои тоза пайдо карда, дар роњи ислоњи мактабу мадраса ва бар зидди љавру зулм мубориза доштанд. Яке аз онњо домулло Ивази мударрис буд, ки соли 1312-1894 ба њаљ рафта, бо муборизаи тараќќипарварони Эрон, Туркия, Миср ва дигар кишварњои Шарќи Миёна ва Наздик шинос шуд ва дар як мадрасаи Бухоро «тарзи таълимашро як дараља ислоњ карда, шарњу њошияи бемаъниро аз љадвали дарсии худ баровард»70. Чанде уламои дигар низ ба њамин роњ даромаданд. Шумораи мактабњои усули љадид дар Бухоро рўз то рўз меафзуд. Њатто Насруллоњи ќушбегии сарвазир аз номи амир Олимхон мадрасае сохт, ки «пругроми дарсаш аз пругроми дарси мадрасањои кўњна васеътар» буда, «дарсњои њисоб ва њандаса ва њусни хат ва дарсњои дигар»-ро дар бар гирифт.71 Ин дигаргунињо бо муборизаи сахт идома дошт. Уламои ислом ба ду гурўњ таќсим шуданд: як гурўњ тарафдори ислоњоту пешрафт, дигаре мухолифи ислоњоту кўњнапараст буданд. Ба гуфти Файзулло Хоља сардори гурўњи дувум мулло Абдураззоќ ном шахсе будааст.72 Садри Зиё дар гурўњи якум, яъне аз уламои маорифпарвар буд. Гоњ ин уламои тараќќихоњро низ љадид гуфтаанд. Аз асарњои Садри Зиё, аз љумла аз Рўзнома њувайдост, ки андешањои ў бо масъалањои ислоњи мактабу мадраса, бо муборизаи зидди ноинсофиву беадолатињо мањдуд нагардида, пањлўњои гуногуни масъалаи пешрафти кишварро пургустариш фаро гирифтаанд. Маорифпарварии тољикї идеологияи растагории миллї буд. Маорифпарварон растагориро аз шарофати фарњангу маънавият умед доштанд ва бар ин буданд, ки равшангарї ва ислоњоти куллии фарњангї кишварро ба эњёи маънавї хоњад овард. Дар нахустин мактаби усули љадид, ки шавволи 1326–октабри соли 1908 Мунзим, Айнї, Њамдї ва Мењрї дар Бухоро таъсис доданд, 20 шаъбони 1327-1909 «маљлиси имтињони кушодаи умумї» баргузор шуд. Дар ин имтињон аксари маорифпарварон, бисёре аз уламо, њатто баъзе равшангарони Самарќанд ширкат доштанд. Маљлиси имтињон чунон хуб гузашт ва ба гуфти Садриддини Айнї «истеъдоди бачагони Бухорої чунон таъсир бахшид, ки аз њамон ваќт дар байни мардуми Бухоро фикри инќилоби илмї пайдо шуд. Яке аз газетахонони аввалини Бухоро.. аз таассур гиря кард ва гуфт: Ман умед дорам, ки то дањ сол дар Бухоро инќилоб мешавад. Авлоди Ватан аз разолату сафолати имрўза рањої меёбанд»73. Чунонки мебинем, маорифпарварон « инќилоби илмї» ва «инќилоби фикрї» барпо кардан мехостанд. Њар гоњ ки аз зарурати инќилоби иљтимоъї низ сухан ронанд, онро пас аз инќилоби фарњангї маќсади дувум медонистанд. Чунончи Садриддини Айнї дар китоби « Таърихи инќилоби Бухоро» боберо, ки ба шарњи фаъолияти Ањмади Дониш бахшидааст, «Тайёрї ба инќилоби илмї ва иљтимоъї» номидааст. Нури чашмам Рустам Шукуров боре дар номае таъкид карда буд, ки « инќилобхоњони Бухоро ба сўи таљдиди љомеа, ба сўи эњёи маънавї мерафтанд ва тафовути онњо аз сотсиалистњои аврупої, ки љомеаи тоза сохтан хостаанд њамин аст… Дар Аврупо њатто љиддитарин инќилобиён инќилобе дар донишро ба назар надоштаанд. Албатта, баъзе равшанфикрон (Блок, Манделштам, Хлебников) аз зарурати навсозии маънавї њарф заданд, дурусттар он ки аз фаро овардани даврони нави маънавї, ки аз замонњои пеш покизатар ва дурусттар бошад, гап заданд, аммо масалан Айнї дар «Таърихи инќилоби Бухоро» аз зарурати бозгашт ба ќонуният, ба шариат, ба дониши љовидон, ки мардуми Бухоро соњибаш будаанд ва баъд аз даст додаанд, сухан кардааст». Ин андешањои Рустам Шукуров љолиб аст. Айнї пегуфтори он «Таърих»-ро аз њамин сар кардааст, ки «агар њукумати Бухоро ва уламои Бухоро аз аввал вањшї, золим динфурўш, љоњпараст ва љоњил бошанд, пас сабаб чист, ки Бухоро як замонњо манбаъи илму маориф ва маркази маданият шуд? Њол он ки маданият, илм ва маориф бо вањшат зулм ва љањл ба як љо намеѓунљад»74. Албатта аз камоли некбинї дар њаќќи гузаштагон буд, ки маорифпарварон «замонњои ќадим»-ро ориву барї аз «вањшат, зулм ва љањл» пиндоштаанд, вале комилан њаќ ба љониби онњо буд, ки аз фарњанги ниёгон, аз маънавияти олии мардумони асрњои пеш сари ифтихор баланд дошта мадад љустаанд. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 24. Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон. Душанбе, 1991, сањ. 36. 72 Ф. Ходжаев. Избранные труды (Осори мунтахаб), љ. 1. Тошканд, 1970, сањ. 91. 73 С. Айнї. Њамон асар, сањ. 49. 74 Њамон асар, сањ. 5. 70
71
35
Аз ин љо набояд гумон кард, ки инќилоби маорифпарварї рў ба гузашта дошт ва аз фарњанги замонї рў гардонида буд. Не, чунин набуд. Инќилобљўёни равшангар илму фарњанги нави замониро аз Шарќу Ѓарби муосир љустаанд, лекин фарќашон аз инќилобкорон ва бисёр зиёъиёни Ѓарб ин будааст, ки бунёди маънавии фарњанги нави замониро устувор кардан мехостанд. На нерўйи харобкор, балки нерўйи бунёдкори инсонро ба љунбиш оварданї буданд. Бозгашт ба асли худ лозим омада буд, вале бозгашти замонї, бозгаште, ки тибќи хосту ниёзи асри бистум бошад, дар назар буд. Хуросони бузург аз ањди бостон, аз замони Зардушту Авасто ќаламрави маънавияти олї буд ва лозим омад, ки Мовароуннањр дар садаи бист боз парчами фарњанггустарии маънавиро баланд бикунад75. Чун равшангарон ба таљрибаи таърихии кишварњои љањон чашми ибрат дўхта буданд, мехостанд бидонанд, ки инќилоби маорифпарварї чї тавр бояд сурат бигирад, ислоњоти иљтимоъиро чи шахсоне ва чї гуна метавонанд ба вуљуд биёваранд. Таљрибаи иљтимоъї ва фарњангии гузаштагони худ ва љањони муосир ба назари маорифпарварони тољик барои тартиб додани барномаи навсозии маънавии љомеа лозим буд. Садри Зиё низ ба воќиањои љањон аз њамин бинишгоњ нигоњ кардааст. Аз ин рў дар бахшњои хориљии Рўзномаи ў љанбаи маънавии биниши маорифпарварї пурзўр аст. Дар Рўзнома рў овардан ба зиндагонии мардумони кишварњои наздику дур яке аз воситањои баёни аќидањои маорифпарварист. Тасвири њаёти хориљиён зиёда бори ѓоявї ва маслакї бар дўш дорад. Аз њамин сабаб хеле батафсил ва бо љузъиёт омадааст. Шеър низ дар њамин бахшњо зиёдтар буда, љамъбасту натиљагирї дар ўњдаи он аст. Садри Зиё дар бахшњои хориљии Рўзнома яке аз равияњоеро, ки дар адабиёти равшангарии форсии тољикї аз Ањмади Дониш оѓоз ёфта буд, идома дод. Вай мисли дигар равшангарон ба олам чашми ибрат кушода, тартиботи кишварњои дигарро бо ватани худ муќоиса мекард. Рухдодњои пурљўши кишварњои дигарро аз назар мегузаронид, вале дар ѓами «Ватани муќаддаси худ» буд. Дар Рўзнома љустуљўи идеал нахустин ниёз аз баррасии рухдодњои байналмилалист. Ў шоњи одили ормонї, сарвазири бинову доно ва адолатгустаре ки ќобил аст инќилоби равшангарї бар по оварад, мељўяд, мехоњад муайян кунад, ки шахсияти чунин сарвар чї суратњоеро дорост ва замони нав аз ў чи хосту ниёзе дорад. Садри Зиё дар ин љўяндагї аз таассуби мазњабї дур аст. Гоњ ба чењраи султони Туркияи усмонї Абдулњамид ё подшоњи забардасти Афѓонистон амир Абдурањмонхон, гоњ ба њоли импиротури Жопун Микоду нигоњ меафканад, гоњ нигоње ба њоли Эрони он рўз меандозад, гоње ба таърих рў оварда, аз тарзу шеваи подшоњи машњури рус Пётри Кабир огоњ шудан мехоњад. Њамаи подшоњон, ки аз кишварњои гуногуни љањон чи кишварњои исломї ва чи ѓайри исломї дар китоби Садри Зиё гирд омадаанд, ба назари ў ќањрамони таърихи муосир будаанд. Мумкин аст, ки дар баъзе мавридњо фањмиши Садри Зиё ба воќеияти таърихї рост наояд. Шояд мавќее, ки он подшоњон ё бархе аз онњо дар таърихи кишвару миллати худ дар воќеъ доштанд, ба тасаввуре ки Садри Зиё дар бораи онњо доштааст, мувофиќ набошад. Вале имрўз на дараљаи мутобиќати тасаввуроти Садри Зиё ба воќеияти таърихї, балки фањмиши вежаи ў муњимтар аст, он чиз муњим аст, ки бо нигориши шахсияти онњое, ки ќањрамони даврон ба шумор овардааст, чї аќидањоеро пеш меронад. На ин ки шахсияти таърихї чї гуна буд, балки ин ки дар тасаввури Садри Зиё чї гуна будааст, бештар ањамият дорад. Вай шоњи ормониро мељуст ва бояд бубинем, ки кадом хислатњои онњо (хоњ хислати воќеист, хоњ тасаввурї) ўро писанд омадааст. Нахустин нишонањои пешвои бузурги миллат аз сифатњои шахсияти султон Абдулњамидхон падид омадааст. Ин сифатњо дар шеъри шоири афѓон Муњаммадюсуфи Риёзї, ки манзумаи дарозест ва Садри Зиё онро пурра овардааст, дида мешавад. Чунончи Риёзї мегўяд: Дар осоиши миллати хештан Зи љон кард тадбири њифзи ватан… Паи он ки ёбад зи сармоя суд, Дари лутф бар рўйи миллат кушуд. Бипардохт он шохи некўнињод Чу Нўшервон дар паи адлу дод76. 75 76
Дар ин бора мурољиат шавад ба китоби камина «Хуросон аст ин љо», Душанбе, Оли Сомон, 1996. Рўзномаи Садри Зиё. Тењрон. Маркази аснод ва хадамоти пажўњишї, 1382-2003, сањ. 145.
36
Чунонки мебинем, шарти аввали пешвоиву подшоњї адлу дод аст. Инро њама њукамо дар асрњои пеш гуфта буданд, вале шоири замони нав «осоиши миллат» ва «њифзи ватан»ро низ таъкид кардааст. Ин мафњумњо чизи нав дар адабиёт ва андешаи иљтимоъї буданд. Дар садаи бист, дар асри истеъмору мустамликадорї масъалаи «осоиши миллат» ва « њифзи ватан» сахт пайвастагї пайдо кард. Дар маромномаи маорифпарварони тољик аз замони Ањмад-махдуми Дониш мафњуми «миллат» чи ба маънои мазњабї ва ба маънои иљтимоъї ба муборизаи зидди тааррузи бегонагон, бавежа аврупоиён таъбир мешудааст, ба муборизаи озодихоњии миллї алоќаманд будааст. Миллат, Ватан, истиќлол аз муњимтарин рукнњои маорифпарварии тољикист, ки дар Рўзномаи Садри Зиё низ ба мафњуми адлу дод чун як бахши умда дохил гардидааст. Ба ин тарз мафњумњое чун шоњи одил, ки асрњо дар андешаи иљтимоъї ва фалсафиву ахлоќї вуљуд доштанд, бори маъно ва ѓунљоиши худро фузунї бахшида ва такмил дода, мазмуни замонї гирифтанд. Пас аз ин, тасвири сарвари миллат дар Рўзнома љилвањои нав ба зуњур меорад ва ормонњои маорифпарвариро мушаххастар мунъакис менамояд. Дар тасвири Пётри Кабир сабабњои «тараќќии давлати Рус» чунин баён шудааст: Чу Питр—он шањаншоњи бофарру дод Аз он хок шоње зи модар назод Ки ў миллати вањшии хештан Чунон тарбият кард аз марду зан, Ки њамдўши ањли таауддун шуданд, Зи юнониён гўи сабќат заданд… Њама он тараќќї буд аз адлу дод, Ки Питри Кабир он бино дарнињод. ( сањ. 186-187) Ин љо симои шоњи одил нисбат ба он, ки дар адабиёти форсї пеш аз ин вуљуд дошт, андак дигар шудааст. Акнун шоњ на танњо њукмравоест адолатпеша, балки падари тарбиятгари миллат низ њаст ва миллатро дар асоси адлу дод ба тараќќї, ба тамаддуни олї мерасонад. Андешаи маорифпарварї моњияти иљтимоъиву фалсафии идеали шоњи одилро амиќ бурд ва ба пояи баландтари маънавї баровард. Гап дар сари ин нест, ки шахсияти Пётри якум дар њаќиќат чунин буд ё не, балки дар бинишу фањмиши нависанда аст. Муњим он аст, ки шоњи одил дар пиндори нависанда ба падари тарбиятгари миллат табдил ёфтааст. Садри Зиё амир Абдуррањмонхонро «ќањрамони миллат» ва «падари мењрбони афѓон» (сањ. 228) номидааст, ки «сињату офият ва айшу ишрат ва осудагиву роњати худро фидои манофеъу фавоиди мулку миллати худ сохта» (сањ.228). Ин љо «манофеъи мулку миллат» низ аз мафњумњоест, ки тоза дар забони форсии тољикї матрањ гардида ва барои шакл гирифтани шуури милливу ватандўстии иљтимоъї ба кор меояд. Бегумон ин хислатњо хилофи хислатњои амири Бухоро буд. Инро нависанда нагуфтааст, лекин пай бурдан душвор нест. Баландтарин нуќтаи рушди шахсияти шоњи одил дар симои Микоду–импиротури бузурги Жопун ба дид меояд. Шарњи њоли Микоду, љањду љадали беназири ў дар роњи устувор кардани решањои њастии миллат, љангу пирўзињои вай хеле батафсил ва саршор аз мењру мафтунї ба ќалам омадааст. Хулосаи фаъолияти Микоду, ки «аксари арбоби сиёсиро мутањайир сохта ва њар миллатеро дар бањри тафаккур андохта» ин аст: Нахуст аз паи њикмату обрў Ба ислохи миллат бикўшид ў. Бигуфто: На мо зодаи одамем? Чаро аз фарангон ба сарват камем? Њамон бењ, ки бепарда чун офтоб Бигардем гирди љањон бо шитоб. Зи њар нуќта илме ба даст оварем, Сари љањлро рў ба паст оварем. Вагарна бигирандамон марзу бум, Шавад рўзи пирўзамон шоми шум. (сањ. 188) Дар ин љо « миллат» маънои иљтимоъї дорад, на мазњабї, яъне маънии нав гирифтани он ба њудуди дањаи якуму дувуми садаи бистум, ки ваќти таълифи он бахшњои Рўзнома аст, хеле устувор шудааст.
37
Дигар чизе, ки муњим аст, он аст ки дар байтњои боло мафњуми « падари миллат» дарунмояи маънавї дорад, ки Микоду барои њифзи аслияти инсонии инсон ва баланд доштани шаъни одамї мубориза мекунад. Ин љо љанбаи моддии њастї, чунончи сарвату дорої ба асли маънавї тобеъ аст, ба масъалаи шаъни одамї вобастагї ёфтааст («на мо зодаи одамем?»). Чунонки дар мавриди Пётри як дида будем, дар мавриди Микоду низ «ислоњи миллат», «тараќќї» ва монанди инњо фаќат аз пешрафти иќтисодї, танњо аз ободї ва сериву пурї, сохтани роњи оњан, корхонаву дастгоњ, тўпу туфанг ва ѓайра иборат нест, балки моњияти аслии инсон, њастии маънавии одамизодро дар назар дорад. Аз ин љо маънои «ислоњи миллат», он ислоњоти маорифпарварї, ки љавонбухороиён мехостанд ва Садри Зиё 1917 ба иљрои он камар баст, ба хубї намоён аст. Онњо аз амири Бухоро он сон ислоњот мехостанд, чунонки Микоду «аввал аз аршулвањият ва кибриёї ба фарши убудуият ва бериёї танозул кард ва њиљоби ибнуссамо ва султони осмониро якбора андохта. Сипас дасти њуккоми љобир ва руасои золимро аз сари раият кўтоњ кард ва муќарраран хитобањо хонд ва гуфт: «Эй авлодони азиз, ман њам мисли шумо одамеам, шумо њам мисли ман одам њастед, соњиби њуќук мебошед». Муњокима ва муњокимот таъйин кард, њукми мусовот ва озодии адён дод. Дар санаи 1304 њиљрї, 1886 мелодї эълони машрута дод, амр ба интихоби вукало ва ифтитоњи порламинт ва маљлиси аъён кард, ќонуне аз ќонуни Нопилюни Фаронса иќтибос ва ба иќтизои њоли жопуниён маводе бар он афзуд ва иљро намуд» (сањ.222-223) Мебинем, ки аз таљрибаи таърихии Жопун ба назари Садри Зиё машрутият, ки яке аз хостњои маорифпарварони Бухоро дар ду дањаи нахустини садаи бист, буд љолиб омадааст. Муњимтар он аст, ки ў боз њам бунёди инсонии падидаи иљтимоъиву сиёсиро мељўяд, љанбаи гуманистї ва моњияти маънавии фаъолияти «падари мењрбон»-и миллатро дидан мехоњад ва чун инро дид, хулоса мебарорад, ки «пас метавон ин импиротури муслењ ва инсони фариштахўйро аввали инсони комил ва шахси аввалааш номид» (сањ.221). Ин аст, ки бунёди маънавии ислоњоти иљтимоъиву фарњангї дар маркази диќќати Садри Зиё ќарор ёфтааст. Вай аз он тараќќихоњон аст, ки маорифпарвариро танњо бо зоњири равшангарї, фаќат бо фарњанггустарї мањдуд намекарданд, решањои фалсафии онро мечустанд, ислоњи маорифпарваронаи мулку миллатро аз навсозии амиќи маънавии зиндагонї иборат медонистанд. Дар назари баъзе маорифпарварони тољик мактаби усули нав кушодан, ба Аврупо шогирд фиристодан ва аз Аврупо омўзгор овардан, табъу нашри рўзномаву китоб, ривољ додани сармоядорї, тиљорату саноат, таъсиси машрутият ва монанди инњо њар кадом василае барои устувор кардани пояњои маънавии њастии инсон аст, њамаи инњо гўё чорабинии ташкилї барои расидан ба сарманзили маќсуди бузургест ва њадафи аслї њамоно сохтмони љомеаъе бо бунёди маънавист. Танњо чунин љомеа метавонад асли маънавии одамизодро ба мукаммалї падид оварад, барои камолоти инсонии инсон, барои нумўъи инсони комил замина тайёр кунад. Баъзе аломатњои чунин гузориши масъала аз Рўзномаи Садри Зиё ба назар мерасад. Аз љумла муборизаи озодихоњии миллї дар ин асари вай гоњ амиќан мазмуни маънавї дорад. Дар мавзўъоти хориљии Рўзнома талошу пархошњо бар зидди мустамликахоњон, барои муњофизати ватану миллат, муњофизати ислом аз тааррузи истеъморгарони аврупої зиёд мавќеият дорад. Љангњои Туркия Жопун, ањволи Эрону Афѓонистон, сиёсати Инглистон, Русия ва ѓайра умуман аз њамин дидгоњ арзёбї шудааст. Иборањое аз ќабили «ингилиси пуртаблис», «руси манњус» ( сањ. 228) ва монанди инњо, ки фаровон дучор мешаванд, ибораи Ањмади Дониш «Русияи рўсияњ»-ро ба ёд меоранд. Садри Зитё боре ањволи Эронро чунин тасвир кардааст: «Аз як тараф шери Ингилис дандон тезу нохун дароз карда, аз дигар тараф хирси рус дањан боз бо сад њирсу оз дар камин нишаста, харгўши Эрон дар миёни эшон зиндаест бадтар аз мурда». Идомаи ин тасвир чунин аст: «Давлати мустабиди Рус зулму тааддиро ба нињоят расонид. Дар Табрезу Рашт хунњо рехт, вайронањо кард, риљоли номиро ба дор кашид, равзаи муќаддаси њазрати имом Ризоро ба зарби тўб хароб кард… Давлати Ингилис садди роњ шуда инонашро кашид… харгўши нимљони Эронро аз чангаш рањонид» ( сањ. 229-230). Равшан аст, ки оњанги сухани муаллиф чи нисбат ба золимони истеъморгар, чи нисбат ба онњое, ки натавонистанд дасти тааррузи истеъморгарро аз сари миллат кўтоњ кунанд, хеле сахт аст. Дар ин маврид низ албатта амирони Бухоро, ки аз дифоъи миллату кишвар ољиз омадаанд, дар назаранд. Садри Зиё дар бораи Носириддиншоњи ќочор мегўяд: «Носириддиншоњ муддати чињил сол дар айёми салтанати худ фориѓбол бе монеъаву
38
мунозеъе ба сар бурда, аксари умри гаронмояро сарфи сайру саёњат ва айшу ишрат карда, барои дину миллат ва мулку давлат коре накард» (сањ. 227). Банда шак надорам, ки дар ин маврид ишора ба амирони Бухоро њаст, чунон маънои тањтуллафз мављуд аст, ки амирони Бухоро низ чунинанд. Бо тавсифи муфассали Пётри Кабир, Микодуи жопун ва амир Абдуррањмонхони афѓон, ки «ќањрамони миллат», «падари мењрбони миллат» ва намунаи ибратанд, он масъала ки шоњ бояд чї гуна бошад ва ба чї тарзњо кишвардориву миллатпарварї бикунад, аммо бо баёни њоли Носириддиншоњ ва чанде дигар ин масъала, ки шоњ чї гуна бояд набошад, матрањ мешавад. Ва дар њар ду маврид њам ањволу атвори амирони Бухоро лањзае аз назар дур нест, вале нависанда ин назардоштро низ ба забон наёвардааст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки Садри Зиё нисбат ба ду амири Бухоро — Музффархон ва Абдулањадхон сипосгузор аст, ки ба њар њол нагузоштанд, ки Русия ба Бухоро дохил шавад. Дар асл Русия ба чанд сабаби сиёсї аз даромадан ба Бухоро худдорї карда буд. аммо бархе аз равшанфикрони Бухоро гумон доштанд, ки он ду амир вуруди русњоро пешгирї карданд. Яке аз чунин равшанфикрон Садри Зиё буд. Маънидоди сиёсати мустамликадорони Русия, ки дар боби « Сабаби харобї ва шикасти давлати Рус» омадааст, басе љолиб аст. Инак мухтасари он: Асоси адолат бадал шуд ба љавр, Рифоњи раъият сар омад ба давр. Гање аз яњудон кашидї димор, Ки гаштанд овораи њар диёр. Гање арманиро намудї ситам, Ки хатту забоншон равад дар адам. Ба амволу авќофашон даст охт, Калисоашонро зи нахват битохт… Сипас муслиминро барошуфт кор, Ки бар тарки мазњаб шудандї дучор… Ба занњо њамехост тарки њиљоб, Ба мардон басе кард ќањру итоб… Чу карданд бо зердастон ситам, Мубаддал шуд он айшу ишрат ба ѓам. Равоќи бузургии давлат шикаст, Бар эшон ситам боби нусрат бубаст. Худоро зи худ хашмгин сохтанд, Ба худ теѓи ќањри Худо охтанд… Агар Рус њам расми Питри Кабир Намекард матмусу пинњону зер, Намешуд чунин кору бораш хароб, Намерафт киштеш дар ќаъри об… Вале чун ба мардум ситам пеша кард, Њама бех вайрон аз он теша кард. Дили халќро хаставу реш кард, Њама халќро душмани хеш кард. (сањ. 185). Инњоро нависанда сабаби шикасти Русия дар љанги Жопун, њамчунин сабаби сар задани нахустин инќилоби Русия, инќилоби соли 1905 донистааст. Бо чунин жарфнигарї дидани сабабњои якумин инќилоби Русия дар адабиёти тољикии оѓози садаи бистум њодисаи камназир аст. Жарфбинї дар ин зоњир шудааст, ки на танњо падидањои зоњирии зулми истеъмогарон, балки моњияти аслии он эзоњ ёфтааст. Дар байтњои боло зулми истисморгарони Русия танњо ситами иљтимоъї, фаќат берањмї ва поймол шудани инсофу адолат нест, танњо азоби љисмонї ва талафоти љониву молї намеорад, балки чизе зиёдтар аз онњост, зулмест, ки одамизодро рўњан нобуд мекунад, аз маънавият мањрум месозад. Садри Зиё баъзе падидањои муњимми њастии маънавии инсонро номбар кардааст, ки хатту забон, дину оин, калисо аз њамин љумла аст. Инњо аз нишонањои асосии њувияти миллї низ мебошанд. Зулми миллї асли маънавї ва њувияти миллии мардумонро аз байн мебарад, маънавиятзудої, миллиятситезї ва одамиятсўзї мебошад, њадафи тири истеъморгар моњияти одамии мардумон аст.
39
Ин аст, ки боз њам нигоњи маорифпарварона амиќ рафта буд, ба аломатњои зоњирї мањдуд нашуда, мундариљаи тањтониву маънавии падидаро намоён овардааст. Биниши Садри Зиё танњо биниши иљтимоъиву сиёсї нест, балки диди маънавиятљўй аст. (Дар омади гап гўем, ки адабиёт пас аз инќилоб аз ин назари маънавї мањрум шуд. Идеологияи шўравї фаќат арзишњои синфиву табаќотї, танњо арзишњои иљтимоъии мањдудро эътироф карда, моњиятан бунёди маънавии њастиро инкор намуд ва адабиёти шўравї ба тасвири зулми иљтимоъии синфї пардохт, ки мањдуд ба азобу уќубати љисмонї ва зоњирї, мањрум аз љанбаи ботинии маънавї, аз моњияти инсонї буд. Бозљусти моњияти инсониву маънавии масъалањои иљтимоъї, ки дар адабиёти маорифпарварї мебинем, дар адабиёти инќилобии шўравї бо моњияти синфиву табаќотии мањдуд иваз гардид. Бартарии љањонбинии маорифпарварон аз анъанањои адабиёти асрњои пеш, ки адабиёти шўравї бисёре аз онњоро рад карда буд, ѓизо гирифтааст77). Муборизони шўълавари зидди истеъмор дар Рўзномаи Садри Зиё мардони таърихи онрўзаи Шарќ Микодуи Жопун, амир Абдуррањмонхони афѓон, султон Абдулњамидхони усмонї ва монанди инњоянд «Падарони тарбиятгари миллат» низ аз назари Садри Зиё њаминњо буда, Пётри Кабир низ шахсе мисли онњост. Ин мардони таърих ормонњои гуманистии Садри Зиёро ифода мекунанд. Медонем, ки адабиёти форсї дар тўли таърих ормони худро умуман аз замонњои гузашта мељуст. Маорифпарварони тољик тимсолњои ормониву идеалиро аз замони худ љустанд. Садри Зиё низ чунин кард. Вале натавонист аз кишвари худ чунин чењраи ормонї пайдо бикунад, ки пешвои миллат бошад, фаќат аз хориљ пайдо овард. Амирони Манѓити Бухоро аз сифатњои он ќањрамонони ормонї мањрум буданд. Нависанда хислатњои олиљаноби ќањрамонони мусбати хориљиашро ба амирони Бухоро, ба њамдиёронаш намунаи ибрат нишон додааст, аз онњо низ њамин хислатњоро талаб кардааст. Њукуматдорони Бухоро дар пеши ин ќањрамонони Садри Зиё ба тамом бењунару бењамият, нобакор, бехабар аз манфиатњои мулку миллат ва дур аз андешаи миллї буданд. Нависанда ин аќидаро ба забон наоварда, вале гоњ бо муќоисаи равшан таъкид намудааст. Чунончи боре талошу пархоши миллатњои њамиятманд дар роњи дину миллат ва мулку давлат муфассал тасвир шуда, ќањрамонони ин муборизањои озодихоњї, сарварони ботадбиру фидокори он муборизони хориљї васф гарида, дар охир якбора нависанда ба њоли Бухоро нигоње кўтоњ мекунад ва нишон медињад, ки амир Олимхон ба Баќохољаи ќозикалон ва мулло Бурњониддин (ќозии Чорљўй) фармуд, ки дар чорбоѓи подшоњии Ширбадан љашн ва тўю сур ороянд. Нахуст Баќохоља « муддати понздањ –бист рўз он ќадар сарфи молу манол ва он њама базли обу таом… намуд, ки муњосиби вањму хаёл аз тасаввури он лол ва аќли хурдадон аз тахайюлу тахмини он оѓўштаи ихтилол аст» (сањ. 245). Пас аз ин мулло Бурњонддини садр чандин рўз њамин гуна як љашни бузург ороста, гўи сабќат аз Баќохољаи ќозикалон рабуд ва худ ба љои ў ќозикалон шуд ( соли 1331-1913) Ба ин тариќ дар хориљ миллатњо дар роњи озодї љонбозї мекунанд, сарварони Бухоро љашни бузург доранд, тўй мехўранд. Хонандаи Рўзнома бо муќоисаи фикрї айбњои њукуматдорони Бухороро як-як мебинад. Шояд як сабаби сўзонда шудани дастнависи Рўзнома аз тарафи њукуматдорони амир дар ваќти террори соли 1918 њамин нигоњи танќидї, њамин ифшокории нависанда буда бошад. Ба ин ваљњ бояд таъкид кард, ки маводи хориљии Рўзнома, ки Садри Зиё аз нашрияњои машњури он ваќт «Сирољулахбори Афѓонистон», «Њаблулматин»-и Њиндустон, «Чењранамо»-и Миср ва ѓайра, аз абъзе китобњо овардааст, на камтар, балки гоњ зиёдтар аз дигар бахшњои асари ў ањамият доранд. Онњоро рўнависи мањз аз нашрияњои ваќт набояд донист. Онњо њама иттилоооте барои андешаи миллианд. Аќидањои маорифпарварии Садри Зиё ва баъзе равшанфикрони дигар гоњ мањз аз њамин бахшњои Рўзнома равшан мешавад. Ин бахшњо барои муайян кардани идеологияи равшангарии тољикї ёрї хоњанд кард. 12
77 Дар ин бора мурољиат шавад ба навиштаи банда: Муњаммадљони Шакурии Бухорої. Љусторњо, Тењрон, Асотир, 1382=2003, сањ. 19-50.
40
Чунонки ќисман зикраш гузашт, охири садаи нуздањ ва ибтидои садаи бист дар Бухоро давраи муборизањои сахти ѓоявию маслакї буд. Омўзањои маорифпарварии Ањмади Дониш як идда равшанфикрони замонро ба пайкор бо љањлу бедонишї рўњбаланд мекард. Муборизаи чанд тан аз тарафдорони ў, чунончи Исо-махдуми Исо (1826-1887), домулло Абдулфазли Сират (ваф. 1898), ќозї Абдулвоњиди Садри Сарир (1810-1886), Мирзо Азими Сомї (1839-1907), Шариф-махдуми Мўътасим(?-- -?) Шамсиддини Шоњин (1859-1894) ва чанд нафари дигар, ки њама адибони номии замон буданд, дар бисёр мавридњо њанўз чандон обу ранги маорифпарварї надошта, бештар идомаи адолатљўии асрњои пеш буд, ки дар љомеа њељ гоњ ќатъ нагаридааст. Дар оѓози ќарни бист домулло Муњаммад Икроми Абдуссаломи машњур ба муфтї Икромча ( 1847-1925) дар байни уламои њаќќонї ба нињояти нотарсиву далерї ангуштнамои замон шуд. Љавонфикрони озодихоњи Бухорои ду дањаи нахусти садаи бист Сирољї, Айнї, Мунзим, Њамдї, Фитрат Мењрї ва дигарон ин пархошро густариш доданд. Муборизаи онњо ба тамом хусусияти равшангарї пайдо кард. Фаъолияти Бењбудї, Аљзї, Абдулќодири Шакурї ва дигарон дар Самарќанд, Асирї ва Њољї Юсуф ва њамкорони онњо дар Хуљанд низ намунаи барљастае аз маорифпарварии фидокорона буд. Ба њар мизон ки фаъолияти инњо густариш меёфт, муќобилати њукуматдорон ва он ќисми пешвоёни рўњонї, ки Айнї «уламои мутаассибу манфиатпараст»78 номидаааст, шиддат мегирифт. Мубориза торафт тезу тунд мегардид. Як сабаби худдории Садри Зиё аз баёни тафсилоти мушаххаси ин муборизаи бузурги таърихї шояд он бошад, ки худ дар он ширкат дошт ва аз талошњои худ сухан кардан нахостааст. Ё шояд аз оќибати баёни ин мубориза андеша карда бошад. Лекин ба њар њол баъзе ишорањо ва маълумоте аз ин хусус дар Рўзнома њаст. Ин маълумот ва ишорањо андаке шарњу эзоњ мехоњад. Нахуст аз муносибати Садри Зиё ва авлоди Байзо як-ду сухан гуфтан лозим меояд. Се нафар аз уламои ислом, ки авлоди Байзо ном доштанд, дар муддати бештар аз 50 сол дар Бухоро ќозикалон (ќозиулќузот) будаанд. Нахустини онњо ќозї Садриддин тахминан аз оѓози дањаи 1860, аз ваќти љулуси амир Музаффар ( 1860-1885) то соли 1296-1879 ќозикалони Бухоро буд. Фарзанди ў ќозї Бадриддин аз 1306-1889 то 1326-1908 ва фарзанди вай ќозї Бурњониддин байни солњои 13311913 ва 1338-1920 (ѓайр аз чор моњи март то июли 1917) ин мансаби олиро дар ўњда доштанд. Аз он айём, ки падари Садри Зиё домулло Абдушшакури Оят ба мударрисї шуѓл дошта, дар фазлу камол ва њаќгўї шўњрат ёфт, миёни ў ва мулло Садриддини ќозикалон «мунозаат воќеъ шуда буд». Ва чунонки Садри Зиё дар рисолаи «Тарљумаи њоли муаллиф ва обову аљдоди ў», («Наводири зиёъия») мегўяд, муомилаи Оят ба ќозї Садриддин ба дараљае расида буд, ки «дар њељ маљлису мањфил бе мунозараю мубоњиса набуданд. Аксару аѓлаб ба дуруштгўиву сахтрўї оид мешуд»79. Ин хусумат ба авлоди њарду љониб гузашт. Садри Зиё дар Рўзнома гуфтааст, ки «аз он таърих то ба ин дам панљоњ сол мунќазї шуда,.. мо тоифа ва он фирќа мисли обу оташ… шуда, ба њељ ваљњ аз вуљўњ ин кудурат ба сафо ва ин адоват ба вафо мубаддал намегардад» (сањ.105). Чунон, ки мебинем низоъи миёни авлоди домулло Абдушшакури Оят ва ибни Байзо гўё ранги шахсї гирифта ва ба низоъи хонадонї табдил ёфта, ќариб ним ќарн давом кардааст. Садри Зиё дар Рўзнома чун «ду тоифа» ва ё «мо ду тоифа» мегўяд, ањли њамин ду хонадон ва зидди њам рафтани онњоро дар назар дорад. Њар гоњ, ки ў «мо тоифа», «мо љамоа» «мо ќабила», «мо авлод» мегўяд, хешовандони падариву модарии шўњратманди худро, ки бисёре хушхат буда, лаќаби мирзої доштанд, инчунин хешовандону наздикони худро, ки бархе аз онњо дорои хислатњои нек ва фазлу камол буданд, дар назар дорад ва аз ин ки дар љомеа маќоме басазо ёфтаанд ва бештарашон дар талошњо иштирок доштанд, сари ифтихор баланд карда, он њамаро ба «он фирќа», яъне ба авлоди Байзо зид мегузорад. «Ин кудурат» ва «ин адоват», ки миёни ду гурўњ бо мурури замон ављ гирифт, њаргиз рухдоде шахсї ва хусусї набуда, заминаи иљтимоъї дошта ва падидае аз муборизаи шадиди аќидатї будааст, ки то рафт густариш ёфта, на танњо шахсњои људогона, балки хонадонњоро ба њам зид гузоштааст. Баъзењо хостанд, ки ин муборизаро як низоъи хусусї ва натиљаи мансабталошї вонамуд бикунанд. Чунончи Абдуррауфи Фитрат гуфтааст: «Муњаммадшарифи садр ( Садри Зиё - - М. Ш.) тарафдори љадидон ба шумор мерафт, лекин њаќиќатан ин мардро ѓайр аз мансаби ќозикалони Бухоро дигар маќсаде набуд. Ў ќозикалониро мероси падари 78 79
Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 35. Садри Зиё. Наводири зиёъия, дастнависи №983. вар. 11б.
41
худ медонист (падараш ќозикалони Бухоро будааст)»80. Ва гўё аз њамин сабаб Садри Зиё бо хонадони Байзо раќобату хусумат варзидааст. Бовари банда он аст, ки нисбат додани чунин маќсаде ва чунин рафторе ба Садри Зиё асосе надорад. Мо дар боло гўшзад карда будем, ки Садри Зиё даъвои ќозикалонї надошт. Амирони Бухоро ду бор Садри Зиёро ба маснади ќозиулќузотї шинондан хостанд, аммо ў ќабул накрд. Бењтар аст алъон ќазияро бо андак тафсил равшанї андозем. Садри Зиё дар рисолаи «Тарљумаи њоли муаллиф ва обову аљдоди ў» («Наводири зиёъия») гуфтааст, ки « як мартаба амир Абдулањадхон ќабили вафоти худ маро ба љои Баќохољаи ќозикалон, ваќте маъмури вилои Ќаршї будам, таклиф намуда буд. Узрњои муваљљањ гуфтам, ки хурсандона ќабул карда буд. Дуюм мартаба амири њолї Олимхон дар соли дуюм аз љулуси худ ваќте ки ба ќазои аввалини тумоин Ѓиљдувон маъимурият доштам, ин дафъа низ ба љои Баќохољаи ќозикалон таклиф намуд. Ман узрњои собиќро ба зиёдат маъруз доштам. Бино бар хурдсолї ва камфикрї (-и амир—М-Ш.) узрњои ман дар маърази ќабул наяфтода, балки сабаби ранљиш шуда»81. Бешубња он чї Садри Зиё дар бораи рад кардани мансаби аќзалќузотї гуфтааст, айни њаќиќат аст. Ин аз он љо њам маълум мешавад, ки дафъаи сеюм соли 1917 низ масъалаи ќозикалон таъин шудани ў бидуни розигии худаш њал шуд. Мо дар оѓози ин рисолаи худ дида будем, ки он гоњ яъне соли 1917 ислоњотхоњони тараќќипарвар ва элчихонаи Русия барои иљрои фармоин ислоњот Садри Зиёро ба ќозикалонї пешнињод карданд, амир ин тавсияро ќабул намуд ва Садри Зиёро ризо напурсида ќозикалон таъин кард. Инро њам дида будем, ки Абдуррауфи Фитрат ва Мўсои Йўлдош он њангом аз элчии Русия Миллер хоњиш карда буданд, ки ба сабаби ќозикалон таъин шудани «ќозии Ѓиљдувон Муњаммадшарифи њавохоњи эътиќодманди ислоњот ва соњиби эътибори баланд» ба амир арзи ташаккур расонад. Миллер ташаккури онњоро ба амир арз кард ва бо телеграф ба Петербург хабар дод. Мо инро дар оѓози ин рисолаи худ дидем. Вале чї шуд, ки Фитрат пас аз сенздањ сол —соли 1930 он пешнињоду ташаккури худро фаромўш карда, аз мансабталошии Садри Зиё гап сар кардааст? Шояд сабаби ин ки Фитрат дар њаќќи Садри Зиё аз хайрхоњї ба бадгумонї гузаштааст, ин бошад, ки чун Фитрат пас аз соли 1917 ба ормонњои маорифпарварї хиёнат кард, беимонї зоњир намуд, ба пантуркизму панузбакизм гаравид, аз дин гашт ва дар маќоми вазири Љумњурии Бухоро баъзе нобакорињо кард ( ва банда аз ин бобат дар як маќола андак батафсил сухан рондаам)82, Садри Зиё ин њамаро сахт мањкум кард ва дар « Тазкори ашъор» навишт: Пас он гањ зи роњи салоњу садод Баромад, даромад ба роњи фасод. Фурў рафт андар хатову залал, Аз ин роњ омад ба динаш халал. Ба дунё зи дин барнагирад њисоб, Ба уќбо надонам чи гўяд љавоб. Чу шуд андар ин сарзамин инќилоб, Ба олї маротиб бишуд комёб. Ба тањсили молу ба такмили зар Њамекард љањду њамебурд бар. Зи Фиръавну Ќорун ба молу манол Намедид касро ќарину њамол83. Мебинем ки ин љо Садри Зиё чењраи нохуби як шахси беимонро нишон додааст, ки маромномаи маорифпарвариро поймол карда буд. Гумон намекунам, ки Садри Зиё кўшида бошад, ки ин байтњоро аз Фитрат нињон бидорад ё Фитрат аз онњо бехабар монда бошад. Дар «Тазкори ашъор» љуз шахсияти пурзиддияти Фитрат њељ шоиреро чунин сифатњо нисбат дода нашудааст. Шояд њамин хашму танаффур, њамин сахтгўињои Садри Зиё мўљиб омада бошад, ки Фитрат аз ў ранљида, дар китоби соли 1930 дар њаќќи ў дур аз инсоф ќалам ронда буд. Аз ин рў, наметавонем гуфтаи Фитратро дар бораи Садри Зиё гувоњии айнї ва беѓаразона 80
Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон. Душанбе, 1991, сањ. 29. Садри Зиё. Наводири зиёъия, нусхаи №983, вар. 30 б-31а. 82 Ниг: Муњаммадљони Шакурии Бухорої. Аз маорифпарварї то ба чингизпарастї. Авранг, 2001, №3, сањ. 15-37. 83 Садри Зиё. Тазкори ашъор. Тењрон, Суруш, 1380-2001. сањ. 166. 81
42
бидонем. Наметавонем аз гуфтаи Фитрат натиља бигирем, ки Садри Зиё мансабталошї доштааст ё худ хусумати миёни Садри Зиё ва хонадони Байзо ранги хусусї доштааст. Ба суроѓи њаќиќат ба манбаъњои дигар рў овардан лозим аст. Инак, барои ин ки масъала бо партави воќеият равшан шавад, ба сарчашмањои таърихї, ки далели ќонеъкунанда доранд, нигоњ меандозем. Мо аз Рўзномаи Садри Зиё, аз «Наводири зиёъия»-и вай, ки соли 1991 дар Душанбе ва соли 1377=1998 дар Тењрон чоп шуда буд, аз навиштањои Садриддини Айнї ва дигар шоњидони замон, ки ќисман дар болоњо зикр шуд, медонем, ки Садри Зиё чи равияи иљтимоъї дошт. Акнун андаке мебинем, ки авлоди Байзо чи ќиёфае доштаанд. Он гоњ чигунагии муборизаи ѓоявию маслакии он замон хубтар падид хоњад омад ва хоњем донист, ки Садри Зиё ва дигар маорифпарварон бо чи ќуввањое мубориза мекарданд. Нахуст ќозї Садриддин– якумини Байзоиён, ки њосили умри ўро Садри Зиё дар Рўзнома ин тавр хулоса кардааст: « Мулло Садриддини Хатлонї возеъи ќоидаи аминона ва муњаввили авќоф ба ранги мозода ба хизонаи омира аст» (сањ. 208-209). Ин гап чї маънї дорад? Шарњи ин ду ишора аз дигар таърихномањо ошкор мегардад. Чунончи Айнї дар «Таърихи амирони манѓитияи Бухоро» гуфтааст: «Амир Музаффар… ба машварати ќозї Садриддин хеле авќофро ба унвони сањми мозода ба њисоби њукумат мусодара намуд, ки ошхонаи Чорбикр, Шайхулислом, Бањоуддин ва хоља Абдулхолиќи Ѓиљдувонї аз ин љумла аст. Ѓайр аз инњо гўрхонањо ва саримазорњое, ки њуљарот ва авќоф дошт, тамом даррабуд» (10 –97) Ин аст, ки ваќфро мусодира кардан ва ба хазинаи амир фиристодан коре хилофи шаръи шариф буд, ки аз ќозии шариат содир шуд. Андози аминона низ чизе дур аз инсоф буд. Айнї њам мулло Садриддинро муассиси аминона донистааст: «Ќозї Садриддин … ба унвони аминона дар бозорњо молиёти тоза гузошт» (10-98). Дар баъзе сарчашмањо омадааст, ки аминона аз молу мулк ба андозаи яку ним фоизи арзиши он ситонида мешуд. Аммо Ањмади Дониш мегўяд: « Агар бевазане каловае оварад ва ба се фулус байъ кунад ду фулуси он бањри амин бошад. Ва агар касе як хирвор њима орад ва ба се дирам бифурўшад, ду ќисми он њаќќи амин бошад. Турфа номи золимеро амин кардаанд!»84. Чунонки дида мешавад аминонаи ќозї Садриддин балое ба сари мардум оварда буд. Домулло Абдушшакури Оят бо њамин ќозї Садриддин «дуруштгўиву сахтрўї» мекардааст ва бегумон ин муборизаи ўро коре савоб бояд донист. Дидем, ки Ањмади Дониш низ дар ин маврид бо «сахтрўйии» тамом сухан рондааст. Садри Зиё дар Рўзнома гуфтааст, ки дар санаи 1328=1910 ќозии Насаф (Ќаршї) шуд ва дид, ки « ба рањнамоии уламои сўъи љасур сињоми тадрисї ва њуљароти мадраса… ба мустањиќонаш нарасида аксарї дар зайли мозода ба хизонаи омира рољеъ шуда» (сањ.219) Садри Зиё ба амир арз карда ва иљозати ўро гирифта, ин расмро, ки дар ваќташ ќозї Садриддин љорї карда буд лоаќќал дар як гўшаи кишвар аз байн бардошт. Бояд гўем, ки коре савоб кард. Моем ба сари ќозї Бадриддин, ки фарзанди ќозї Садриддин аст ва пас аз Абдушшакури Оят ќозикалон шуд. Садри Зиё ќозї Бадриддинро чунин таъриф кардааст: «Арозилу авбошро дўст медошт, асилу наљибро хоњиш надошт. Њар хасе ба наздаш касе буд, њар шахсе даъвии шайхї менамуд. Муллої ба ањдаш бузургии аммома буду калонии зењи љома» (сањ. 209).. Ин тавсиф ба гувоњии дигар нигорандагони замон тасвиб мешавад. Аз љумла Айнї гуфтааст: «Амир Абдулањад яке аз саррофони њариси ањди худ ба шумор мерафт. Њамеша ба ќоимањои давлати рус ба симу зар байъу шаро мекард. Воситаи саррофиаш њамеша ќозї Бадриддин буд (10-121). Ин гуфтаи Айнї аз «Таърихи амирони манѓитияи Бухоро»-ст. Айнї дар ин китоб боз мегўяд: «Дар ањди амир Абдулањад касе монанди ќозии мазкур соњибнуфуз набуд. Ќушбегї, ки расман вазир ва вакили аввали амир ба шумор мерафт, дар истењсоли ризои ќозї Бадриддин маљбур буд» (10-118). Дар бораи ин ки ќозї Бадриддин то чи андоза уламоро мутеъи худ ва амир медошт, устод Айнї дар «Ёддоштњо»-аш њикояте овардааст: Азбаски Яњёхоља (аз маљлиси Ањмади Дониш ва мањфили Садри Зиё) забони бурро ва андак ќиёфаи девонагї гирифта буд, боре ба пеши ќозї Бадриддин даромадааст. «Ќозї ўро мунофиќона њурмат намуда, ... аз ў дар њаќќи худ «дуои хайр» талаб кардааст... Яњёхоља... монанди дуокунандагон дастони худро ба њаво бардошта гуфтааст: 84
Ањмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манѓития, Душанбе, Сарват, 1992, сањ. 48.
43
— Илоњї, Худоё, Худовандо, ќозї Бадриддинро ба љои худ худо кунї! Ќозї аз ин дуо ба њайрат афтода: — Эй... эй.. эй! Ќабоњат шуд! — гуфтааст. – Њељ љои ќабоњат њам несту аљобат њам, — гуфтааст Яњёхоља дар љавоб, — ту имрўзњо дар Бухоро аз амир њам калонтар мебошї, ихтиёри мурдаву зиндаи њамаи мардуми мамлакати Бухоро дар дасти туст. Ту хоњї, касеро месўзї ва хоњї, касеро месозї ва њељ кас ба ту «чуну чаро» гуфта наметавонад. Акнун ѓайр аз мартабаи худої мартабае намонд, ки ту орзуи расидан ба он дошта бошї... Ба ањволи дењќонони хонавайроншуда, ятимони бепадар мондаи моли меросиашон аз тарафи ту забтгардида, ба рўзи сиёњи занони бева ва бачагони бепарастор, ки шавњару падаронашон дар зиндони ту хобидаанд, ту љавобгар мебошї. Эњтимол аз ѓазаби Худо тарсида, дар айшат халале расад. Агар Худо шавї, аз њама тараф хотирљамъ шуда кордорї кардан мегирї ва бе њељ бими бозхост хазина бар болои хазина меандўзї, чунки Худо њељ гоњ худро бозхост намекунад» (7-14-15). Садри Зиё ва ањли мањфили ў, ки Яњёхоља яке аз онњо буд, бо чунин љањонхўри тавонмарде мубориза мекарданд. Ќозї Бадриддин тангчашм буд. Баќохоља, ки баъди фавти ў ќозикалон шуд, гаронгўш будааст. Азизхољаи Азиз, ки аз шоирони номашњури он замон аст, ин байт бигуфт: Аз Бухоро кўр рафту кар ба љои ў нишаст, Дар Бухорои шариф ин кар балои дигар аст. Садриддини Айнї дар мисраъи дуюми ин байт «кар бало»-ро якљо бо њарфи калон навиштааст, то ки дашти Карбалоро ифода намояд (7-26). Онро хоњ якљо бихонем, хоњ људо, маънї њамин хоњад буд, ки њукуматдорони он ваќт ё кар буданд ё кўр ва ќобилияте надоштанд, ки аз манфиатњои халќу кишвар чизе бубинанд ё бишнаванд. Ба сари миллат шўри Карбало оварда буданд. Пас аз фавти Баќохоља Бурњониддин фарзанди ќозї Бадриддин ќозикалон шуд. Њама медонистаанд, ки ин ќозикалони нав њам кўр аст, њам кар ва њам гунг, аз шариатпаноњї фарсахњо дур. Аз ин љост, ки Садри Зиё дар Рўзнома гуфтааст: «Бурњониддин љањли мураккаб ва накбати муљассам буд» (сањ. 259) ва дар бораи ноинсофиву берањмии ў дар рисолаи «Сабабњои инќилоби Бухоро» аз дидаву шунидањояш чанд њикоя ба ќалам овардааст. Бисёре аз ќаламкашњои он замон аз хабосату љањолати ў ќиссањо доранд. Масалан Абдуррауфи Фитрат навиштааст: «Ќозї Бурњониддин як марди ахмаќи бесаводе буд. Бо вуљуди он, ки раиси рўњониён ва маъмурини адлия ба шумор мерафт, аз хондани хатњои одї ољиз буд».85 Айнї дар ин бобат бо андак тафсил сухан рондааст ва гуфтааст, ки «ин одам илм он тараф истад, аз аќлу идрок њам бенасиб буд... дар дараљањои аввали фитнаангезї ва мунофиќї меистод... Дар таассуби кўр-кўрона ба дараљае буд, ки агар ўро мисдоќи муљассами таассуби љоњилия биномем, дурўѓ намешавад. Аз корњои дунё ба ѓайри пул ѓундоштан, манту хўрдан ва бо занњо нишастан чизи дигареро намедонист. Ба љоњу мансаб ба дараљае њарис буд, ки дар ин роњ њама чиз, њатто номусу шарафи инсониашро њам (агар бошад) ба фидо кардан њозир буд».86 Бешак шахсе бо чунин «таассуби љоњилия» аз шинохти манфиатњои миллату кишвар ољиз буд ва фаќат барои манфиатњои худ ва «тоифаи худ» кор мекард. Вай бар зидди њар як падидаи маорифпарвариву равшангарї, бар зидди мактаби нави љавонони тозафикри миллатпарвар мубориза мебурд. Вай сарвари душманони «инќилоби илмї» ва «инќилоби фикрї» буд. Александр Семёнов дар консулхонаи Русия дар Бухоро кор мекард ва як рўз бо консул ба назди амир Олимхон омада, аз зарурати иљозат додан ба мактабњои усули љадид сухан ба миён оварданд. Амир изњор дошт, ки њаргиз зидди мактаби нав нест, вале Бурњониддини ќозикалон розї намешавад ва розї кардани ў шояд ба шумо муяссар гардад. 85 86
Фитрат. Њамон асар, сањ. 30. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 44-45.
44
Он гоњ элчї ва Семёнов ба назди Бурњониддин рафтанд. Њамин ки онњо аз мактаби нав гап сар карданд, Бурњониддин арбада бардошт, ки «љадидон душмани ислому мўъминанд... пояњои динро суст мекунанд» ва њоказо. Аз ин музахрафот он ќадар гуфт, ки элчиву Семёнов дигар натавонистанд чизе бигўянд ва бидуни натиљае аз ќозихона берун шуданд.87 Ба сари соњибони мактабњои нави усули савтия чи азобњо овардани ќозї Бурњониддин ва иртиљоъпарастони ў дар осори Айнї, аз љумла дар се «Таърих»-и вай ва «Мухтасари тарљумаи њоли худам» баён шудааст. Ба касофати ќозї Бурњониддин бештарини њамшањрињои ў, яъне хатлониёни Бухоро фаъолони муборизаи зидди маорифпарварї ва тараќќихоњї буданд. Падидањои ин њаќиќати талхро аз Рўзнома мебинем. Чунонки А. А. Семёнов гувоњї медињад, дар солњои шиддати муборизаи љадиду ќадим муллобачањо (донишљўёни мадрасањо)-и Бухоро ба ду гурўњ таќсим шуда буданд, ки якеро «талабаи тумонї» ва дигареро «талабаи кўњистонї» меномиданд.88 «Талабаи тумонї» онњое буданд, ки аз гуманњо, яъне аз ноњияњои водињову воњањо омадаанд, «талабаи кўњистонї» асосан хатлониёни фармонбардори ќозї Бурњониддин будаанд, ки аз ним нигоњи ў рамуз гирифта ба табањкорї медавиданд. Байни ин ду тоифаи муллобачагон мубориза торафт шиддат меёфт, ки низ аксаран муборизаи маслакї буд. Баъзе падидањои ин мубориза дар адабиёт акс андохтааст. Чунончи дар ин ќитъаи Садриддини Айнї, ки ба соли 1325 ќ = 1907 м. тааллуќ дорад: Субњоноллоњ, Имрўз ба мо њодисаи саъб расид, Гаштем хароб, Аз хоњиши чархи фалаки дўлобї. Пурсанд зи њол, оњи бепоён каш, Баргўй: бад њол. Љангидан ѓиљдувониву кўлобї, Ин аст љавоб.89 Аз ин ќитъа маълум нест, ки љанги ѓиљдувониву кўлобї хусусияти иљимоиву сиёсї дошт ё не, вале равшан аст, ки шоир онро рўйдоди мудњиш — «њодисаи саъб» мешуморад ва мебинад, ки «њол бад» аст ва љабњагирии гурўњњо барои љомеа натиљаи баде хоњад дошт. Дар њаќиќат пас аз се сол мутаассибони кўрдил љанги сунниву шеаро дар Бухоро барпо карданд, ки боиси талаф шудани панљоњ нафар бегуноњ гардид. Љомеаро ба «тумониву кўњистонї», «сунниву шеа», «љадиду ќадим» ва ѓайра људо карда, аз ин људої ба манфиати худ истифода менамуданд. Дар баъзе мавридњо задухўрди гурўњњо ошкоро заминаи иљимоъиву сиёсї дорад. Садриддин Айнї дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» њаракати «талабаи тумонї»ро дар назар дошта чунон ќайд карда буд, ки соли 1917 «чун истибдоди ќозикалон ва худсарии вукалои муллоён аз хад гузашт, талабаи мадрасањои Бухоро ба муќобили ќозї Бурњониддин ва вукалои муллоён ќиём карда, азли эшонро аз њукумат талаб намуданд» (10171). «Вукалои муллоён», ки ин љо зикр шудааст, њайъате иборат аз панљ нафар буд, ки муллоњои иртиљоъии тарафдори ќозї Бурњониддин 29-и љумодиуссонии 1335 яъне 8 апрели 1918 аз тарафи худ намоянда интихоб ва маъмури кори рўњониён таъин карда буданд. «Талабаи тумонї» ба муќобили њамин «вукалои муллоён» ва ќозї Бурњониддин, ки «истибдод ва худсарии онњо аз њад гузашт», ќиём карда буданд. Аз Рўзномаи Садри Зиё бармеояд, ки дар натиља тафриќаи миёни муллоён ва роњбарони мазњабии Бухоро амиќтар рафт. Абдулѓафур-махдум–додари Садри Зиё соли 1918 ба Насаф барои Садри Зиё хабар овард, ки «дар ин овон ањолии Бухоро ду фирќа шуда, тоифаи кўњистонї тарафдори ќозикалони њолї (яъне ќозї Бурњониддин—М.Ш.) шуда», «љамоаи бухорї» њавохоњи Садри Зиё будаанд. «Љомеаи бухорї» хостаанд, ки Садри Зиё ё, ки Изомуддини Садр ќозикалон таъин шавад (сањ. 274). Ин Изомуддини садри
87
А.А. Семёнов, њамон асар, сањ.988. Њамон асар, сањ.988-989. 89 С. Айнї. Куллиёт љ . 8, сањ. 167. Ѓиљдувон яке аз тумон (ноњия)-њои бузурги вилояти Бухорост ва устод Айнї аз ин ноњия аст. 88
45
раис њамони Изомиддин-махдуми Мусанниф аст, ки дар Рўзномаи Садри Зиё, њар се «Таърих»-и Айнї ва баъзе манбаъњои дигар номаш гоњ-гоњ ба назар мерасад. Ин аст, ки боз сухан аз «ду тоифа» ва тафриќа меравад, боз яке аз он фирќањо «тоифаи кўњистонї» будааст. Ин њама муллову муллобачањои њаводори Бурњониддин, ки аз манфиатњои миллату кишвар фарсахњо дурї доштанд фаъолони аксулњаракати иртиљоъї ва террори соли 1917 ва 1918 буданд. Пас аз инќилоби феврали 1917-и Русия мубориза дар Бухоро басо тезу тунд шуд, пас аз инќилоби октабри он сол ба вежа аз бањори соли 1918, яъне баъди рўйдодњои ба номи «воќеаи Колесов» (аз Тошканд ба Бухоро лашкар кашидани сарвазири њукумати болшевикии Туркистон Фёдор Колесов ва шикаст хўрдану ба шармандагї аќиб нишастани ў) дар байни љадидони маорифпарвари Бухоро низ тафриќа ќувват гирифт ва онњо ба чанд гурўњ људо шуданд. Аз љумла яке аз сарварони онњо Абдулќодир Муњиддинов дар сарсухани китоби Фитрат «Давраи њукмронии амир Олимхон» (1930) њамаро ба ду фирќаи калони «љадидони коммунист» ва «љадидони ѓайри коммунист» таќсим кардааст. Ин њам маълум аст, ки дар миёни њар яке аз ин гурўњњо низ равияњои мухталиф вуљуд дошт. Хуллас, ки дар айни ављи мубориза дар Бухоро ќуввањои мухталифи иљимоъиву сиёсї амал мекарданд, гурўњњои гуногун ба хам дарафтода буданд ва њар кадоме дар роњи марому маслаки худ талош менамуданд. Садри Зиё бо гурўњи уламои пешќадами тозафикри тараќќипарвар буда, бо њамдастии њољї домулло Икроми судури муфтї (домулло Икромча), домулло Абдураззоќи судури муфтї ва љадидони ислоњотхоњ (чавонбухориёни тараќќипарвар) ба муќобили ќозї Бурњониддин, ки сарвари уламои иртиљоъии фасодкор буд, мубориза мекард. Ва баъд иртиљоъиёни байзої маорифпарвариро шикаст доданд ва Садри Зиёро аз майдони пархош берун карданд, чунонки дидем, дар табъид (бадарѓагї) ва зери назорати сахт ба сар мебурд. Сарнавишти муфтї Икромча низ њамин шуд. Дигар маорифпарварон низ кушта ё саргурез гардиданд. Аз он чи гуфта шуд, равшан аст, ки ситези Садри Зиё бо авлоди Байзо на ба он сабаб ба миён омада буд, ки ањли хонадони Байзо дар асл бухорої набуданд. Не, сабаби аслї њаргиз ин набудааст. Аз асарњои Садри Зиё, аз љумла аз Рўзнома ошкор аст, ки вай аз мањалгарої ориву барї буд. Дар Рўзнома чанд бор дўстону њамнишинон ва њамфикрону њамкорони худро ном бурдааст ва мебинем, ки дар байни онњо мардумони ноњияву вилоятњои гуногуни аморати Бухоро ва беруни он њастанд (ниг. сањ. 208). Аз навиштањои Айнї њам маълум аст, ки ањли завќ, ањли илму адаб бо Садри Зиё наздикї мељустанд вай њамсўњбативу њамдастии бештарини онњоро рад накардааст ва онњо њама аз љойњои гуногун будаанд. Дар миёни дўстони Садри Зиё ањли фазли Хатлон низ будаанд. Ў дар рисолаи «Набзе аз гузоришоти ањволи бандаи шикастабол...» Шањобиддин-махдуми хатлонии мутахаллис ба Афсарро аз наздиктарин дўстони худ доинста, дар бораи Афсар ва Шоњин гуфтааст: «Он ду нафар ањиббои (њабибњо, дўстони — М.Ш.) роќими саводанд».90 Эњтироми Садри Зиё нисбат ба Шамсиддин-махдуми Шоњини Хатлонї њадду канор надоштааст. Шоњин низ бо вуљуди он ки «аз роњи ѓурур ба касе иќрор ва ба камолоти дигаре муътариф набуд..., ќасидаи ѓаррое дар мадњи Дониш гуфта... басе лаолии обдор суфта»91 буд, дар мадњи Садри Зиё низ ќасидае дорад ва аз љумла гуфтааст: Бошад зи фикри саќибу маънии равшанат Хуршед дар баробару оина дар канор. Љуз табъи софи ту, ки дорад сафои об, Дар мазраъи камоли ту касе нест обёр. Фарзанди арљманди хидеви замонаї, Ки он кї ёфт пояи давлат бад-ў ќарор... Мањкам бувад иродати ту дар замири ман, Чунонки сим дар дили санг аст устувор. Шоњин њамеша сайди кабўтар кунад, вале Ин турфа шуд кабўтари хулќи туро шикор.
90 Садри Зиё. Набзе аз гузоришоти ањволи бандаи шикастабол..., дастнависи Пажўњишгоњи ховаршиносии Берунї (Тошканд), № 1304, сањ. 37 91 Садри Зиё. Наводири зиёъия, Душанбе, Адиб, 1991, сањ. 48.
46
Ин аст, ки Шоњин ва Садри Зиё ќадри якдигар медонистаанд ва њаммаслак будаанд. Шоњин ба падари Садри Зиё низ эњтироме дошта ва ўро «хидеви замона» хондааст. Љолиб аст, ки ќозї Бадриддини мазкур (дувумини ибни Байзо) на танњо душмани Абдушшакури Оят (падари Садри Зиё) буд, балки ба Шоњин низ муомилаи хуш надоштааст. Чунончи боре «ќозї Бадриддин Шоњинро носазову нафрини бешумор гуфта, уќуботи алима ва авоќиби вањимаро ба назари Шоњин љилва дода буд».92 Ќозї Бадриддин ва Шоњин њарду хатлонї буданд, вале чунонки мебинем, дўстї надоштанд. Муомила на аз рўйи он будааст, ки њамшањриянд ё не, балки аз рўйи мавќеи иљтимоъї ва маслак будааст. Ин таъкидњо аз он сабаб зарур омад, ки дар охири ќарни бистум дар Тољикистон мањалгарої ба нињояти дараља расид. Ва чун хонандаи имрўзаи Рўзнома ё «Сабаби инќилоби Бухоро» ва ё дигар асари Садри Зиё мебинад, ки муаллиф ба хонадони Байзо ва бетамизони фармонбардорашон «мисли обу оташ» будааст, аз эњтимол дур нест, ки ба ў айби мањалгарої нисбат бидињад. На, њаќ надорем, ки дар ин маврид ба Садри Зиё гуноњи мањалгарої ё бадкинагї ва ситезакории шахсиву хусусї нисбат бидињем. Машраби ў олї буд ва андешаи ў дар бораи њамзамононаш ва ё дигар шудани фикраш дар бораи баъзе аз онњо сабабњои љиддии ахлоќї дошт. Кудурату адовати рўзафзуни Абдушшакури Оят ва Садри Зиё нисбат ба мулло Садриддин, Бадриддин ва Бурњониддин намунае аз муборизаи собитќадамонаи уламои равшанзамир бар зидди уламои сўъ ва манфиатљўй, бар зидди њукуматдорони золиму љоњил буд. Ин мубориза дар њама давру замон дар љомеа доман пањн карда буд ва гоњ њатто дар доираи як хонадон аз насл ба насл гузашта шиддат меафзуд. Муборизаи роњи адлу инсоф ва фарњангу маънавият дар фаъолияти Садри Зиё муборизаи хонадонї ва меросї буд. Садриддини Айнї ба соли 1920 навиштааст: «Њукумати Бухоро хобгоњи дар усули ќуруни вусто сохташудаи як љамоаи нодону вањшї буд».93 Садри Зиё дар мўбориза бо њамин «љамоаи вањшї» аз бузургони гузашта ва аз падар меросбарї доштааст. Муборизаи ў бахше аз талошњои рўзафзуни маорифпарварони тољик буд, ки як барномаи мукаммали растагории миллї ба вуљуд овардан, љавру љањолат ва кўтоњбиниву манфиатљўии иљтимоъиро реша кандан, миллатро ба роњи васеъи пешрафт баровардан мехостанд. Фалсафаи иљтимоъии маорифпарварон, ки поя бар шинохти амиќи манфиатњои мулку миллат дошт, бо тањаввулу инкишофи таърихї дар дањаи бисту сии садаи бист бунёди шуури миллии мардуми тољикро ташкил кард, аммо тафаккури мањдуди гурўњии муњофзаткорони поёни садаи нуздањ ва оѓози садаи бист пас аз инќилоб идеологияи мањалгароии марказгурезро ѓизо дод. 13 Маорифпарварони Бухоро дар аќидањои сиёсиву иљтимоъии худ салтанатхоњ будаанд. Дигарсозии инќилобии сохтори иљтимоъиву сиёсии кишвар ба барномањои онњо дохил нашуда буд. Онњо фаќат ба он дараља, ки барои бозсозињои куллии фарњангиву илмї ва маънавиву ахлоќї замина омода шавад, таѓйироти иљтимоъиву сиёсї мехостанд. Абдулќодир Муњиддинов пас аз инќилоб гуфтааст: «Љадидњо бо усули идораи аморат муќобил набуданд, балки мехостанд, ки бо савобдиди амир ва атрофиёнаш дар усули идораи њукумати амир ислоњоте ба вуљуд оранд».94 Садри Зиё низ монанди баъзе љадидони маорифпарвар машрутахоњ будааст. Аз он чи дар бораи импиротури Жопун Микоду ва тољдорони дигар дар Рўзнома гуфтааст, ба ин њаќиќат бовар њосил мекунем. Вай аз ин, ки дар санаи 1318=1900 «табдили њукумати истибдодии њафтсадсолаи давлати усмонї бо салтанати машрута» шуд, бо мамнуният сухан рондааст. Дар бораи Микоду низ бо хайрхоњї гуфтааст, ки «чун миллатро мустаъид дид, дар санаи 1304=1886 мелодї эълони машрута дод, амр ба интихоби вукало ва ифтитоњи порламинт ва маљлиси аъён кард, ќонуне аз ќонуни Нопилюни Фаронса иќтибос ва ба
92 93
Њамон асар, сањ. 51. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 37.
47
иќтизои њоли жопуниён маводе бар он афзуд ва иљро намуд» (сањ. 223). Пайдост, ки нависанда эълони машрута, интихоби порлумон ва маљлиси аъён, таъсиси ќонун ва намуна гирифтан аз ќонунњои Аврупоро маъќул донистааст. Вай кишварро бидуни «зоти шавкатсимоти» «подшоњи азимушшаън», бидуни шукўњи олии давлату салтанат (агарчи дарбори манѓитиён шукўњи ночизу дурўѓин дошт) наметавонист ба тасаввур оварад. Азамати подшоњиро барои истиќлоли кишвару миллат зарур медонист. Аз ин рў бо вуљуди саркашињо амирро мадњ мегуфт, мекўшид, ки «пайваста њукми соњиби миллатро пешнињоди хотир дорад» (сањ. 114). Яъне подшоњро сояи Худо дар рўйи замин ва «соњиби миллат», сарвару сарпарасти он медонист, бо вуљуди норозигињо барои адои хизмат ва иљрои фармони амир камари њиммат баста буд, аз мењрбонињои ў шод мешуд, хурсанд буд, ки масалан «наввобони даргоњи кайвоннишон арзаи ѓуломиамро манзури назари олї гардониданд» (сањ. 22). Ва дар айни замон ба амир бо ин суханон рў оварда буд: Рању расми шоњони озода гир, Чу истодаї, дасти афтода гир. (сањ. 117). Яъне арзи садоќат ба ў имкон медод, ки аз амир адлу инсоф талаб бикунад, дар хидмати ў њаќгўї пеша намояд. Садри Зиё (шояд чун бархе аз равшанфикрон) чунонки гуфтем, гумон дошт, ки амир дасти Русияро аз Бухоро кўтоњ медорад, дар ин ки Русия ба њар њол Бухороро аз миён набардоштааст, дироят ва хидмати амир њам њаст. Ин пиндор боиси афзудани эњтиром нисбат ба амир Абдулањадхон гардид. Тараќќихоњон нахуст аз амир Абдулањадхон (1885-1910), ки дар Петербург тањсил дида ва аз љањон огоњї ёфта буд, ислоњот умед доштанд. Ў низ ислоњот љорї кардан мехост, вале унсурњои иртиљоъї ва ќозї Бадриддин нагузоштанд, ки амир дар ин роњ ќадаме бардорад. Амир Абдулањад аз фишори «уламои беилм» ба дод омада, оќибат аз пойтахт саргурез шуд ва ба соли 1897 иќоматгоњи худро аз Бухоро ба Кармина ном љое (дар 100километрии шимоли шарќии Бухоро) бикўчонид. Он гоњ равшанфикрон чашми умед ба амир Олимхон (1910-1920) дўхтанд ва дар љулуси ў гуфтанд (афсўс, ки Садри Зиё номи шоирро наовардааст ва аз услуби шеър метавон пай бурд, ки моли худи Садри Зиё нест): Чу эзид хост ислоњоти куллї Бухоро андар ин айём ёбад. Сайид Олим Бањодурхони одил, Ки аз адлаш љањон ором ёбад Ба тахти салтанат биншаст аз бахт, Зи тахту бахт ё раб ком ёбад. Кунун аз рўйи ќонуни адолат Умури мамлакат анљом ёбад. Равад бунёди зулму љавр бар бод, Асоси шаръ истењком ёбад. Ба таърихи љулусаш њотифе гуфт: Тараќќї миллати ислом ёбад.
(сањ. 217). Чунонки мебинем, дар ин шеър усули асосии машрутахоњон баён шудааст, ки таваљљўњ ба ќонун барои низом ёфтани њаёти љомеа, пешгирии љавру худсарї, таъмини пешрафти фарњангї аз куллиёти он аст. Чун Садри Зиё ин шеърро дар Рўзнома ба муносибати љулуси амир Олимхон овардааст, тавон гуфт, ки ў низ њамфикри сарояндаи ин шеър буда, аз амири нав умедворињое доштааст. Вале њайњот бењ нашуд, батар шуд. Ба ќавли мардум он замон «Олими гўсола гов шуд» ва рўз то рўз эътибор аз даст медод. Вай бозичаи дасти тангназарони муњофизаткор ва ќозї Бурњониддини љоњил гардид. Дар Рўзномаи Садри Зиё ситоишњое чун «шањаншоњи маъдалатгустар» ва «марњамати султонї ва макрамати њасими хоќонї», ки нисбат ба амир Абдулањад гуфта шудааст, дар њаќќи амир Олим торафт камтар омада, нишонањои 94
Муњиддинов. Сарсухан, дар китоби: Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон, сањ. 6.
48
дилмондагиву дилхунукии муаллиф андак-андак афзуда, дар охир ибораи «амири бетадбир» бештар ба кор рафтааст. Саранљом террори соли 1917 ва 1918 боиси ин шуд, ки нафрати ў аз амиру атрофиёнаш њатто аз Абдулањадхон ба нуќтаи ављ расид.95 Љадидони равшангар пас аз воќеањои соли 1917 ва 1918 ба чанд гурўњ људо шуда, як ќисмашон аз нияти «инќилоби илмї» даст кашиданд, худро ба паноњи пантуркизм ва болшевизми гушнапурзўрон гирифтанд, ба роњи зўроварии туркї ва њокимиятљўии њаром даромаданд ва аз паси лашкари ишѓолгари шўравї ба Бухоро ворид шуда, як њукумати дастнишонда рўйи кор оварданд. Муносибати Садри Зиё ба инќилоби Бухоро дар аввал гўё андаке зиддиятомез будааст. Вай медонист, ки дар љанги болшевик «фаразан ин бор њам чун пор (яъне чун соли 1918 ва воќеаи Колесов — М.Ш.) агар амир ѓолиб меомад, дайёре аз мо мардум дар арсаи рўзгор зинда намегузошт, чунончи дар муњорибаи Колисуф шуд» (сањ.283). Аз ин рў Садри Зиё пирўзии амирро намехост. Вале аз пирўзии болшевикон низ наметавонист чизе умед бикунад. Маорифпарварони мењанпараст миёни обу оташ монда буданд. Нањзати маорифпарварї њам аз дарун ва њам аз беруни кишвар ба њамла рў ба рў омада буд. Фољиаи таърих иборат аз он буд, ки њамаи кишвар, љамеъи миллат, аз љумла идеологияи растагории миллї зери хавфи дохиливу хориљї ќарор ёфта буд. Пешќадамоне чун Садри Зиё дар чунин вазъе он чиро ки инќилоби Бухоро ном дорад, пешвоз гирифтанд. Рўзномаи Садри Зиё шояд ягона асаре бошад, ки «инќилоби Бухоро» дар он на ба сифати як инќилоби иљтимоъї, балки ба сифати таљовузи лашкари ѓоратгари бегона тасвир шудааст. Дар нахустин рўзњои инќилоб Садри Зиё ба Афѓонистон нагурехт, балки бо љамъияте бештар аз чињил нафар аз Насаф (Ќаршї) сўи Бухоро шитофт. Аз бероњањо, чўлу биёбон тай карда, чун ба ободии тумони Коми Абемуслим (Ваѓонзе) расид, дид, ки «њама ањли ќишлоќ аз бими саллотњои (солдатњо, сарбозон — М.Ш.) Русия фирор карда буданд. Њавилињо тамоман холї аз одам буд» (сањ. 285). Маълум шуд, ки «хавфи саллот буд, ки ба ќишлоќот мегаштанд, зирўњеро ки ба назарашон медаромад, било таваќќуф ба милтиќ (туфанг — М.Ш.) мепарронданд, чизе, ки дошта бошад, мегирифтанд (сањ. 285). Ин аст, ки лашкари болшевикон ба Бухоро на барои озодї овардан, балки барои ѓорат омада буданд. Ин њаќиќат аз рўйдодњои баъд низ ошкор гардид. Чун Садри Зиё дар дењаи Бўстон «аз ахбори Бухоро истисфор кард», гуфтанд: «Асокири Русия мутасаррифи Бухоро буда, саргарми ѓоратанд... Мумкин нест, ки аз ќишлоќе ба ќишлоќе рафта шавад» (сањ. 286). Яъне русњо њама атрофро чун мўру малах зер карда буданд. Дар шањри Бухоро низ ањвол њамин будааст. Садри Зиё мегўяд, ки даруни шањри Бухоро «тамоми имороти рафеъбунёд аз зарби тўби ќалъакўб (ва бомбаборони ёздањ њавопаймо — М.Ш.) мутазарриру вайрон гашта, хусусан атрофи Арки Бухоро ва Растаи нави ќозикалон то Тањи Мунор даште буд љоншикор..., ки аз дидани он вањм муставлї мешуд, дањшат ориз мегашт» (сањ. 287). Муаллиф поинтар боз таъкид мекунад, ки «гўё тамоми амволу ашёи ман ба ѓорат рафт, ки дарвешу муфлис гаштам. Баъд аз инќилоб ба тангиву усрат мегузарондам» (сањ. 289). Ва њоказо. Чунин аст тасвири инќилоб дар Рўзномаи Садри Зиё. Дар назари ў воќиаи соли 1920 љанги Русияву Бухоро буда, «асњоби тараќќї», яъне љадидони инќилобхоњ ба ин љанг аз тарафи душман њамроњ буданд. Инќилоб дар ягон љои Рўзнома андаке маънои баланди башардўстї пайдо накардааст, моњиятан ба ормонњои гуманистии маорифпарварї наздик наомадааст, аз њамаи инњо дур аст. Ин њам љолиб аст, ки Садри Зиё дар Рўзнома аз баёни рўйдодњои пас аз инќилоб ќариб тамоман лаб фурў бастааст. Вай танњо њаминро ќайд кардааст, ки худашро «ба назорати (вазорат — М.Ш.) авќоф ва мумаййизи уламо маъмур» карданд, (сањ. 291), «дар санаи 1342... якбора балое ба сар (и ў) омад»: сиву панљ рўз зиндонї шуд ва «анвоъи азиятро кашид» (сањ. 297). Ин дувумин бор зиндонї шудани ў буд, ки бори якум соли 1918 дар замони амир рўй дода буд (ва бори севум мањбусии ў соли 1350 ќ. = 1932 м боиси даргузашти ў гардид, ки инро низ дар боло дида будем). Дар охири Рўзнома ѓайр аз инњо боз ду-се хабар аз љанги босмачиён (дастањое, ки дар ноњияњои дурдаст бо артиши сурхи болшевикон мељангиданд) овардааст, аз воќеањои хориљї ањволи Афѓонистон, Туркия, Эрон, Жопун, Туркманистон ва ѓайра хикоя кардааст, 95
Инро аз рисолаи «Сабаби инќилоби Бухоро» бештар мебинем.
49
аммо дар бораи Бухоро чизе нагуфтааст, њатто ба чунин воќеаи сарнавиштсўз, ки соли 1924 љумњурии Бухороро барњам зада, ба Туркистони Русияи шўравї илњоќ намуданд ва љумњурие ба номи Ўзбекистон таъсис карданд (ки Бухоро як бахши он шуд), лаб накушодааст. Он сол дар дурдасттарин ва аќибмондатарин гўшаи ќаламрави Бухоро љмуњурии мухтори Тољикистонро ба вуљуд оварданд, ки Садри Зиё аз ин њам хомўш мондааст. Гўё воќеае рўй надода буд. Њатто барњам хўрдани давлати Бухоро, ки дар тўли асрњо вуљуд дошт, гўё чандон воќеае набуд, ки сазовори зикр бошад. Ба назари мо ин хомўш монданњои Садри Зиё нишонаи сањлангорї ва беэътиної нест. Дурусттар хоњад буд бигўем: ў ањд кардааст, ки нагўяму насўзам. Агар гўяд, забонаш месўзад. Фиѓони дилро фурў нишонда сукут ихтиёр кардааст. Аз бахшњои поёнии Рўзнома ин падидор аст, ки Садри Зиё то охири умр тарафдори салтанати машрута буда, љумњуриятро напазируфтааст. Инро низ нагуфтааст, вале аз лањни сухани ў метавон пай бурд. Чунончи мегўяд, ки Мустафо Камол пошшо дар Туркия «эълони љумњурият дода саргарми ташкили он аст» (сањ. 297). «Дар мамлакати Эрон низ ин ош дар коса буда, ин ѓавѓо дар миён аст. Инќилобчиён мамлакатро як дараља аз дасти салтанатхоњон гирифта... вилоятро зеру забар карданд... фитна бедор, осоиш мунъадим гашт» (сањ. 297). Равшан аст, ки нависанда ба сўи салтанатхоњон таваљљўњ дорад ва инќилобу инќилобкоронро намеписандад. Њусни таваљљўњи ў нисбат ба салтанатхоњон аз дигар маврид њам эњсос мешавад, ки гуфтааст: «Имрўз дар олами ислом (Осиёи Марказї — М.Ш.) љое, ки амир дошта бошад, фаќат Афѓонистон аст, амир Амонуллоњхон... дар байни ду давлати ќавишавкати Ингилис ва Рус њаракати мазбўњї дорад» ва «гўё њукумати Афѓонистон дар байни он ду шери жаён ва ин ду бабри дамон саддест ва њоилест ќавї» (сањ. 298). Аз ин гуфтањо оњанги ризояту мамнуният ва тањсину офарин ба гўш мерасад, агарчи маъюсие дар миён аст, ки гуфтааст: «Лињозо ба назари роќим њукумати Афѓонистон сароб ё наќше дар об менамояд» (сањ. 298), яъне нахоњанд гузошт, ки вуљуд дошта бошад. Аммо чун ба воќеањои соли 1347 ќ. = 1929 м. расидем мебинем, ки аз амир Амонуллоњхон низ ихлоси нависанда гаштааст, чунки «Амонуллоњхон… асоси љумњуриятро ба мамлакати худ иљро карданї шуд». Медонем, ки Амонуллоњхон чунин нияте надоштааст ва маълум нест, ки гумони Садри Зиё аз куљо пайдо шудааст. Ба њар њол эњтимоли љумњуриятхоњї боиси дилхунукии Садри Зиё аз Амонуллоњхон гардидааст. Акнун њусни таваљљўњи ў ба сўи Бачаи Саќќост, ки ба бовари ў «марде ѓаюру далер... мутаассибу диндор баромада садди роњи Амонуллоњхон, монеъи ин навъ рафтори ў (љумњуриятхоњии ў — М.Ш.) шуд» (сањ. 302). Садри Зиё дар бораи Бачаи Саќќо гуфтааст: «Ин ќадар ѓайрату љалодате, ки имрўз дар муќобили Амонуллоњхон аз вай ба зуњур омад, фаќат аз роњи таассуби дин буд ва нигоњ доштани расму ойин, на талоши давлату мансабу сипоњ. Пиру муршиди мазкур низ имдоди ў менамоянд» (сањ. 302). Охирин сатрњои Рўзномаи Садри Зиё њамин аст. Рўзнома нотамом аст, лекин охири сухани Садри Зиё дар ин асар дар муњофизати дини мубин ва расму ойин ва суннату анъана, ба дастгирии пири муршиде ки ба сўи њаќќу њаќќоният рањнамої мекунад, бозгўи маънои зиндагии худи Садри Зиёст, ки дар роњи адлу инсоф ва њаќќонияту одамият ба харљ рафт. «Инќилоби Бухоро» ва «љумњурияти халќї», ки фарзанди он «инќилоб» аст, хилофи марому маслаки Садри Зиё буд, чаро ки истило ва истеъмор овард, натиљаи хиёнат ба мењану миллат буд, ки боиси аз даст рафтани истиќлоли сиёсї ва фарњангиву маънавии Бухоро гардид. Аз ин љост, ки Садри Зиё ба инкилобу љумњурият бадбинї пайдо карда буд. Дар масъалаи ин ки чаро ихлоси Садри Зиё аз Амонуллоњхон гашт ва ба Бачаи Саќќо таваљљўњ пайдо кард, бояд боз ёдрас овард, ки Амонуллоњхон ба кишварњои Ѓарб зиёд сафар кард, ба Русияи шўравї бисёр наздик шуд, ки дар натиља гўё «идораи њукуматиро ба ранги љумњурияти шўрої ташкил карда буд» (сањ. 300) ва њамин шояд сабаби дилмондагии Садри Зиё аз Амонуллоњхон гардида бошад. Сабаби таваљљўњи вежае нисбат ба Бачаи Саќќо шояд ин њам бошад, ки тољик буд ва ният дошт Бухорову Самарќандро аз тасарруфи русњо ва Ўзбакистони шўравї озод кунад. Як шиори ў ин будааст: «Бухороро озод мекунем!» Аз ин шиор ба дили ватандўстону миллатпарварони Бухоро умед пайдо шуд. Садри Зиё аз байни маорифпарварони тољик шояд ягона касе бошад, ки пас аз дањ соли њокимияти шўравї аз чунин изњорот, ки њавохоњи машрутият ва зидди љумњурият аст, худдорї накардааст. Ва њол он, ки ин кор баробари он буд, ки алайњи низоми љумњурии шўравї овоз баланд карда бошад.
50
14 Аз оѓоз то анљоми Рўзнома чанд хоби Садри Зиё тасвир шудааст. Тасвири хоб яке аз вежагињои Рўзномаи Садри Зиёст, ки дар дигар асарњои он замон ба ин шаклу равия дида намешавад. Ба назари мо баъзеи ин хобњо ањамияти људогона доранд. Дар аввалњои асар ин хобњо (чунончи хобњои нависанда пас аз даргузашти ќиблагоњаш) гўё чандон бори иљтимоъиву адабї надоранд, вале ба њар њол дар зиндагии худаш каму беш ањамиятеро моликанд. Лекин пас аз муддате хоббинии ў њар чи бештар ањамият пайдо карда, торафт њавлангез шуда ва маънии рамзї гирифта, моњияти иљтимоъии баъзе рўйнамудњои дањшатомези замонро падид овардаст, ба вазъи замон ва зиндагии ќањрамон (ки худи муаллиф аст) шомил шуда, оњанги фољиавї ворид намудааст. Пас аз љулуси амир Олимхон (1328 ќ. = 1910) дар Рўзнома нигоришњо чунон аст, ки рўйдодњои зиндагониро кам-кам шиддату дањшате фаро гирифта, гўё ба сари кишвар нањсияте фурў рехтан гирифт, фалокате азим на танњо Бухоро, балки тамоми љањонро тањдид кардан дошт. Эњсоси наздик расидани дањшат аз зуњури ситораи думдори Њоллай (ки Садри Зиё Ѓоллай навиштааст) дар соли 1910 оѓоз ёфт. Њоллай «тамоми осмонро фаро гирифта буд» (сањ. 218) ва нигоранда инро чунин маънї додааст, ки «анќариб бояд фитнае ба зуњур ояд, ки аз шарќ то гарб рўйи заминро фаро гирад» (сањ. 218). Ин аст, ки фалокате, ки дар кишвар эњтимоли рух додан дошт, бахше аз як фалокати љањонї буд. Пас аз ин аз бисёр тасвирњо чашмдошти фалокате эњсос мегардад ва дар њаќиќат фалокатњое пеш меояд, ки калонтарини онњо љанги љањонии якум дар соли 1914 буд. Љанги якуми љањон, љангњои дигар, ки пеш аз он ба вуќўъ омадаанд, яъне љанги Туркия, Болќон, Эрон, Шарќи Дур, Афѓонистон ва ѓайра њама хеле дур аз Бухоро рўй дода буданд, вале кам-кам бо њама дањшатњо ба Бухоро наздик омада, оќибат ворид гардида, ба сарнавишти муаллиф алоќамандї пайдо карданд, ба сари ў, ба сари миллат балоњо оварданд. Маънои таърихии ин рухнамудњо аз роњи хоб кушода шудааст. Хоб василаи падид овардани маънои тањтонии рўйдодњо, моњияти аслии онњост, ки њама дањшати онњоро бо ќувваи тамом намудор меорад. Солњои 1917, 1918 ва 1920 дар таќдири Бухоро ва њамчунин дар сарнавишти Садри Зиё пурдањшаттарин замоне, замони пирўзии иртиљоъиён, террору хунрезињои бенињоят, даврони инќилоб ва ѓалабаи пантуркизми болшевикї буд. Бисёре аз ин воќиањоро Садри Зиё дар Рўзнома тасвир накардааст ва наметавонист ё намехост тасвир бикунад, лекин моњияти онњо ва маънои умумии замон бо тасвири њаяљономези хоб баён шудааст. Аз оѓози Рўзнома то поёни он нигоришњо чунон аст, ки Бухоро аз љањон људо нест, њама рухнамудњои бузурги кишварњои Шарќу Ѓарб каму беш ба Бухоро соя меандозанд, ошкору нињон ба Бухоро дахл мекунанд ва омада дар охир таќдири Бухоро ва мардуми онро њал мекунанд. Садри Зиё то инќилоб аз њудуди давлати Бухоро берун нарафта ва љањонро надида, як ќисми умраш њатто на дар тахтгоњи кишвар, балки ба ќозигї дар музофот гузашта буд. Бо вуљуди ин чашмандозаш густурдагие дошта, њама љањонро фаро гирифтааст ва Бухороро чун бахше аз љањон, рўйдодњои Бухороро чун натиљаи равандњои бузурги иљтимоъиву сиёсии љањон дидааст. Ин вобастагиву пайвастагї, инчунин худхоссагии воќеањои Бухоро ва нањсияти љањонии Њоллай бо дањшати хобњо таъкид шудааст. Он рўйдодњои сарнавиштшикани Бухоро соли 1335=1917 оѓоз шуд, аммо хобњои Садри Зиё аз соли № 1334=1916 шурўъ гардида, то соли 1920 њамагї шаш хоб ба нигориш омадааст, ки яке аз дигаре пурдањшаттар аст. Нахустини онњо ба фавти фарзанди дувунимсолаи ў Абўсаъид вобаста аст, ки пас аз вафоти њафт фарзанд рўй дода буд. Муаллиф доѓи фарзанд зиёд дида буд. Аз ин сабаб бемории Абўсаъид ва марги ў муаллифро зиёда ба сўзу гудоз овард. Баёни сўзу гудози падар як достончаи њаяљонангезест, ки банда бо номи «Хоби парешони падар» дар мањномаи «Бунёди адиб» чоп карда будам (соли аввал — 1375=1996, №1). Хобу хоббинї дар ин достонча василаи асосии тасвири њолати рўњиву равонии инсон аст. Камина аз адабиёти форсии тољикии садаи бистум дигар достонеро дар ёд надорам, ки хоб барои намоён кардани њиссу њаяљони ќањрамон то ин андоза муассир афтода бошад. Тасвир аз он љо оѓоз ёфтааст, ки муаллиф мегўяд: «Дар санаи 1334 њафдањуми рабеъуссонї шаб дар воќиа дидам: Бандаи беѓам ба гилбурљи ќалъаи рафеъе нишаста ба кафи дасти худ чўљаи мурѓи сафеде ба камоли раъної дошта, мањви тамошои ў будам. Якбора чўљаи раъно аз кафи дастам парида, ба обгире, ки зери ќалъа буд, афтод. Фиѓон аз
51
нињодам туѓён карда, каф ба каф занон бедор аз ѓафлат њушёр гашта, фарзанди дилбандам чўљаи сафед Абўсаъидро дар канорам мушохида кардам дар њолате ки аз овози доду фиѓонам бедор шуда, ба сад тарсу њарос худро ба оѓўшам расонида» (сањ. 249). Пасон бемории кўдак оѓоз ёфту хавфу риљоъи падар, изтирору изтироби ў баён шудааст ва чун њаяљон шиддат гирифт, хоби дигаре тасвир гардидааст: «Дидаи пуробам як лањза ќарини хоб гашта. Кош намегашт то чунон хоби нобоб намедидам... Ваќте ки мижа бар њам нињодам дидам: фарзанди дилбандам дар муќобилам истода, тапончае (туфангчае—М.Ш.) дар даст ќасди ман дорад. То ба худ љунбидам, хандон-хандон синаамро њадафи тири тапонча намуд. Якбора сар то поям оташ гирифт. Ларзидаву тарсида њушёр гаштам. Оќибат рост шуд ин хоби парешони падар» (сањ. 250-251, мисраъи Абдуррањмони Љомї). Ба ин тарз достонча моломол аз њиссу њаяљон ва оњу нолаи падари мусибатзадаест ва мо «ба њой-њой гиристани» ўро байнињї мешунавем. Тасвири даргузашти кўдаки маъсуми хурдсол, хобњои пурдањшат ва ин њама сўзу гудози падари мењрбон, ки хар сол доѓи фарзанд медид, маънои рамзиву самбулии амиќ дорад. Хоб рамзу намодест, ки маънои рўйдодеро аз чорчўбаи мушаххаси хусусї берун карда ва басо густариш дода, ба сатњи иљтимоъии њамагонї мерасонад, аз фољиањое, ки ба сари кишвару миллат омада истодааст, хабар медињад. Мусибате, ки ба сари ќањрамон (муаллиф) омада буд, бо дањшатњои хоб хеле ќувват ёфта, ва бузург шуда, ба мусибати њамагонї табдил меёбад ва хабар аз он медињад, ки фардои халќу кишвар дар хатар аст, ба сари наслњои наврас хавфе азим омадааст. Ин хобњо гўё пешгўи он фитнаву фасоди хунини муњофизакорону иртиљоъиён ба сарварии мулло Бурњониддин буданд, ки пас аз як сол, аз апрели соли 1917 оѓоз ёфт ва пеш аз њама љавонбухориёни тозафикри фидокор аз дами шамшер гузаштанд. Ин њам љолиб аст, ки бархе аз он љавонбухориёни љадиду тараќќипарвар, ки рўзи 8 апрели 1917 љон ба саломат бурданд, чунончи зикраш гузашт, ба сиёсатбозї даромаданд ва силоњи гушнапурзўрони болшевик ба бозї гирифта, синаи падар — ватанро нишон ќарор доданд. Ин худ чизе ба љуз он набуд, ки «фарзанди дилбанд хандон-хандон синаи падар хадафи тири тапонча намуда» бошад. Шояд сањв намешавад бигўем, ки он хоби пурњавли Садри Зиё аз маънои аслии амалкарди гурўњњое, чун хизби навтаъсиси «љавонбухороиёни инќилобхоњ», аз моњияти инќилоби Бухоро пешгўй мекунад.96 Аз донишмандони садаи бист, ки дар фалсафаи хоб изњори аќида кардаанд, Мишел Фуко таъкид кардааст, ки хоббинї чандон «такрори осебдидагии гузашта» нест, балки «пешгўии таърих» аст. Мишел Фуко мегўяд: «Дар хоббинї муњимтар на он аст, ки чизе аз гузаштаро дубора зинда мекунад, балки он аст, ки чизе аз оянда хабар медињад»97 Чунин пешгўии таърих, пешгўии як фољиаи калони таърихиро дар «хоби парешони падар», ки Садри Зиё тасвир кардааст, мебинем. Инро њам бояд гўшгузор овард, ки ин хоб на ин ки фаќат пешгўии воќеаест, балки «пешгўии таърих» аст, маънидоди як фољиаи бузурги таърихиро, ки натиљаи бадќасдї нисбат ба мулку миллат буд, дар бар мегирад. Маънои бисёр воќиањои инќилоби Бухоро аз рамзи хоб падидор омадааст. Дар бораи инќилоби Бухоро се рўъёи њавлнок омадааст. Якуму дувуми он ба як њафтаи пеш аз инќилоб тааллуќ дорад. Љузъиёти хоби якум ин аст: «Шаб дар хоб дидам, ки дар самти шарќии Бухоро дар болои тале бузург ва маконе рафеъ истодаам... аз он макон машѓули тамошои ватани муќаддаси худ будам. Дар ин њин якбора тамоми ќусур (ќасрњо— М.Ш.) ва имороту биноњои шањр ѓайри боису сабаб муталошиву вайрон гашт... Ба сад афсўс каф ба каф судам. Фарёду фиѓон мекардам... Аз хавфи ин хоби њавлнок раъша бар аъзо ва ларза дар ањшоям афтода буд» (сањ. 217-218). Нуктаи асосї дар ин рўъё «Ватани муќаддас»— Бухорои Шариф ва аз њам пош хўрдану вайрон шудани он аст, ки «аз ѓайри боису сабаб» будааст, гўё балое ногањонї Ин чо он чиз дар назар аст, ки љавонбухоронён (яъне љадидон, тараќќипарварон, ислоњотталабон) аз соли 1908 фаъолияти маорифпарварї доштанд, вале бархе аз онњо аз соли 1917 ба роњи ифрот ва зўроварї даромада, ба номи кумитаи иљроияи фирќаи љавонбухороиён як созмоне ташкил доданд ва соли 1920 дар Тошканд ба номи «Љавонбухороиёни инќилобї» (ё «инќилобиюни љавонбухорої») њизбе таъсис карданд, ки баъд ба њизби коммунист илњоќ шуд. Сарвари ин созмонњо Файзуллоњ Хољаи 22-23 солаи пантуркисти њокимиятхоњ буд, ки ду бор лашкари болшевикии Русияро ба сари Бухоро овард ва бо пирўзии онњо ба њокимият соњиб шуд. Ниг.: Ф.Хољаев. Избранные труды (осори мунтахаб), љ. 1. Тошканд, 1970 ва дигар асарњое, ки ба таърихи инќилоби Бухоро оиданд. 97 Мишель Фуко. Воля к истине. По ту сторону знания, власти и сексуальности. М., 1998, стр. 417 96
52
омадааст. Нуктањои дигар фарёду фиѓон ва раъшаву ларзааст, ки баъди бедорї њам давом кардааст. Ба гуфти Мишел Фуко «он ки хоб мебинад, гўё ба кўњ мебарояд ва пеши чашмаш манзарае ки дурии ѓайриодї дорад боз мешавад». Садри Зиё дар «Хоби парешони падар» худро «ба гилбурљи ќалъаи рафеъ» дид ва дар њаќиќат аз он љо як фољиае, ки муддати дуру дароз пайовардњои дањшатомез дошта аст, намоён гардид. «Хоби парешони падар» замонашиносї ва дурбинии таърихии ўро дар худ инъикос карда буд. Дар хоби якуми пеш аз инќилоб низ ў «дар болои тале бузург ва маконе рафеъ истода», аз он љо «машѓули тамошои ватани муќаддаси худ» будааст. Ин баландии рамзии эњсосоти як ватандўсти шўълавар, ки мањви «тамошои ватани муќаддаси худ» буд, чашми ўро биноие бахшидааст, ки дурнамои фољиаи «фитнаи инќилоб»-ро равшану возењ дид. «Ватани муќаддас» мафњуми тозае буд, ки аз ормонњои волои маорифпарварї ба њосил омада буд. Ин хоб моњияти як фољиаи бузурги таърихиро, ки он рўзњо «инќилоби халќї» ном гирифта буд, аз дидгоњи волои маорифпарварї нишон медињад. Маънои ин хоб равшан аст. Он чи дар Бухоро он рўзњо рух намуд, нобудии «ватани муќаддас» буд, на инќилоб ва фаро расидани озодии иљтимоъї. Дувумин хоби пеш аз инќилоб айнан мисли хоби якум аст: «Ба ќутре аз ќитори даруни Бухоро будам. Якбора овози ѓулѓула аз даруни шањр баланд шуд. Сабабашро пурсидам. Гуфтанд: Дар тамоми шањр оташ афтод. Ба макони рафеъ баромада дидам: нисфе аз дохили шањр оташ гирифта, дуду шўълааш ба фалак мепечад. Саросема ќарини њазор гуна воњима... худро ба њавилї... расонида дидам: шўълаи оташ навоњии њавилиро фаро гирифта... Ногоњ ба хотирам расид, ки ... азони бемањал дофеъи балво ва рофеъи балост. Балову балво аз ин зиёда нахоњад буд. Бад-ин мулоњиза дар васати њавилї бо овози баланд оѓози азон кардам. Ба баракати азон шарораи оташ паст шуд, якбора шиддату њиддати он фурў нишаст... Маскани роќим ва атрофу љавонибаш аз њарќу њадм солим монд… Пагоњ таъбирномаро дидам, навишта, ки касе дар хоб дид, ки даруни ватанаш бо овози баланд азон мегўяд, таъбири ин хоб чунин аст, ки ватани соњиби рўъё аз фитнаи азимае ки ба зуњур хоњад омад, мањфузу солим монад, валекин соњиби рўъё дарвешу мискин гардад» (сањ. 288). Ин хоб мураккаб аст. Боз њам офат якбора омад, балои ногањонї, ќазои осмонист. Боз њам њамаро аз макони рафеъ дид. Боз њам он чи дучори бало шуд, ватан аст. Вале акнун соњиби хоб ду ватанро дид, ки яке ба истилоњ «ватани бузург» — Бухорост ва дигаре «ватани кўчак» — њавлї. «Дар тамоми шањр оташ афтод», вале ба шарофати азони бемањал соњиби хоб ва њавлии ў махфуз монд. Воќиа ин дафъа ба чанд ном зикр шудааст: «фитнаи азима», «балво», «бало» («балову, балво аз ин зиёда нахоњад буд», яъне ба нињояти дараља расидааст). Маънои ин калимањо як аст: фитна — шўру шар, исён, љанг; балво—љунбиши издињом, шўриш, исён; бало— натиљаи онњо, яъне офат, мусибат, бадбахтї ва монанди инњо. Њаминњоянд, ки ба сари «ватани бузург» омадаанд ва њама якљоя инќилоб ном гирифтаанд. Дигар аз Бухоро чизе боќї нест, њама ба коми оташи фитна рафт. Агарчи роќим ва «ватани кўчаки» ў боќї монд, њоли табоњ дорад ва нишона аз ояндаи нек нест. Дар охири садаи бист шоири тољик Лоиќ дар чунин маврид гўё аз забони Садри Зиё ба ватан чунин мурољиат кард: Гиряи ман на аз он аст, ки бечора шудам, Њам на з-он аст, ки фарсуда бувад пирањанам. Гирям аз он ки туро њукм ба куштан карданд, Эй ту њам появу њам мояи инсон буданам! Ин аст, ки маънои аслии воќеањои замон дар ин хоби Садри Зиё низ нест шудани «ватани муќаддас» — Бухорои Шариф аст. «Ватани кўчак» ва њавлии соњиби хоб низ фаќат вонамуд мешавад, ки наљот ёфтанд. Соњиби хоб дар сари хокистари ватани бузургу кўчак, ба њоли мулку миллат мегиряд. Аз истиќлоли сиёсии давлатї ба куллї мањрум шудани Бухоро аз хоби севум аён аст. Ин севумин «рўъёи содиќа» низ чанд рўз пеш аз инќилоб вокеъ шуда буд. Муаллиф гуфтааст: «Шабе дар воќиа дидам: Ба Ситорамоњи Хоса (чорбоѓи амир дар беруни шањр —
53
М.Ш.) ба дарбори амир њастам... Ваќте амир аз даруни чањорбоѓ савора зоњир шуд. Ањолии хадама ва роќими савод ба рикобаш пиёда мерафтем... Ногоњ аз тарафи масљиди љомеъ... чангу ѓубори бисёре бархост. Аз байни гард як фављ аскари сиёњпўши мусаллањи мукаммал зоњир шуд. Амир саросема гашт, инони асб бигардонд.... танњо ба биёбон асб меронд. Мо њама... њар кадар љањд намудем, ба гардаш нарасидем. Хидматгорон... њайрон буданд, намедонистанд чи кунанд» (сањ.289). Ин хоб аз чанд љињат љолиб аст. Якум он ки агарчи аён аст, ки сухан аз кадом амир меравад, ба њар њол чандон маълум нест, ки кадом амир аз чорбоѓ баромад. Амир таъкидан мушаххас нашудааст. Дувум он ки муносибати соњиби рўъё ба амир, њусни таваљљўњи нависанда ба ў намоён нест, ки ин шояд нишонаи дилмондагї аз амир Олимхон бошад. Вале ба њар њол нависанда бо «ањолии хадама» «дар рикоби» амир «пиёда мерафт». Яъне худро аз «ањолии хадама», аз ањли рикоб медонад, ба дарбор, ба амир содиќу вафодор аст. Сеюм он ки онњое ки ќасди љони амир доштанд, «як фављ аскари сиёњпўши мусаллању мукаммал»-анд, яъне як нерўйи сиёњдиланд ва нишонањои болшевикони «Русияи рўсияњ»-ро доранд. Чорум он ки «амир чун ин љамъи касирро дид, саросема гашт, инони асб бигардонид, аз муќобили хасм ба тарафи чап майл мекард, ба дањшат тозиёна бар асб мезад, аз байни хадаму њашам људо шуд, танњо ба биёбон асб меронд». Ин љо нишонањои нотавонии амир, дањшатзадагии ў њувайдост, ки мулкро гузошта љони худ халос кард. Дар айни њол нависанда мегўяд, ки «мо њама пиёда будем, њар ќадар љањд намудем, ба гардаш нарасидем». Ин аст, ки њамроњони амир, њама «хадаму хашам» низ ољизу нотавонанд ва омодаи дастгирии амир ва ё рў ба рў шудан бо хасм нестанд. Ин хоб бозгўи фољиаи мањрумият аз «соњиби миллат», фољиаи халќу кишварест, ки бесарвару бепешво, бедавлату бењиммат мондааст. Агарчи Садри Зиё бавежа аз охирин амири Бухоро бисёр љафо дид ва ўро «амири бетадбир» ба шумор меовард, аз тахту тољи салтанат ва шукўњу љалоли он мањрум шудани «ватани муќаддас» дар назари ў фољиаи бузурге буд ва орзуву умедњоеро, ки аз машрутият дошт, низ бар боди фано бурд. Бухоро, «соњиби миллат» ва ормонњои маорифпарварї бар бод рафтанд. Зигмунд Фрейд гуфта буд: «Хоббинї як навъи вокуниши рўњ ба он сарманшаъи асабоният аст, ки дар хоб ба љунбиш омадааст». (Сновидение — это способ реагирования души на действующие во сне раздражителей98). З. Фрейд мекўшидааст, ки он «сарманшаи асабониятро, ки дар хоб ба љунбиш омадааст», пайдо бикунад. Љустану пайдо кардани муњаррикњо ањамият доштааст. Дар хобшиносї бештарини муњаќќиќон таъкид кардаанд, ки «бояд донист, ки кадоми ёдмондањо дар хоб дахле доштанд ва ангезаи хоббинї чї будааст?»99 Чун хоббинї «пешгўии таърих» аст, муњим аст бидонем, ки ин пешгўї чї далелу бурњоне дошт, аз чи сарчашмањо ѓизо гирифт. Љустуљўи ангезањои хоббинї моро ба дарёфти сабабгори воќеаи таърихї меоварад. Хоббинї сабабу мусаббабро бо њам дар бар дорад ва барои шинохти њар ду имкон фароњам меоварад. Мо дар боло ба ангезањои умумии бештарини хобњои Садри Зиё ишора кардем. Маънии аслии хобњои Садри Зиё ки нобуд шудани «ватани муќаддас» ва ба боди фано рафтани Бухорои бузург аст, сабабњои гуногуни дохилї ва хориљї, айнию зењнї дошт ва бахше аз он сабабњо дар Рўзнома омадааст. На танњо равандњои љањонї, ки Садри Зиё бархе аз онњоро бо камоли диќќат аз назар гузаронидааст, балки фарояндњои иљтимоиву сиёсии дохилї, аз љумла инќирози сохтори феодалии пўсида, ки нуфузи нерўњои монеъи пешрафтро бенињоят афзоиш дод ва падидањои харобкору дањшатбори онро низ Садри Зиё гоњ ба тафсил ба нигориш гирифтааст, дар Бухоро сарнавиштсўз омаданд. Акнун ки «Рўзнома» ва мухтасари «Наводири зиёъия» ва мукаммали «Тазкори ашъор» (бо замимањои хеле мухим) чоп шудааст, ангезањои он хобњои њавлнок, сабабњои он «рўъёњои содиќа»-и ўро бо љузъиёташон муайян кардан мумкин аст. Ин кор шояд дар оянда анљом ёбад. Њоло танњо њаминро таъкид мекунем, ки хобњои Садри Зиё бознамои фољиаи таърихии Бухорои бузург аст, миќёсу абъоди як фалокати мудњиш, як «фитнаи азим»-ро, ки ба сари миллати тољик ва халќњои кишвар омад, нишон медињад. Дурусттар хоњад буд бигўем, ки ин хобњо бозгўи фољиаи охири умри таърихии Бухорои бостонист. Аз ин хобњо шахсияти иќтидорманди Садри Зиё њувайдост. Аз њар хоб, ки дар боло овардем, падидор аст, ки ў шахсияти тавоно дошт, соњиби њиссиёти баланде буд, аз камоли ќувваи шинохту дарёфт дар ояндабинї ќобилияти вежа пайдо кардабуд, ба хусус наздик 98
З. Фрейд. Введение в психоанализ. М., 1989, стр. С. Табачникова. Мишель Фуко — историк настоящего. Охирсухани ктиоби мазкури М. Фуко, сањ. 74. 99
54
расидани фалокати бузургро ќаблан њис карда буд ва маънои иљтимоъии онро амиќан сарфањм рафта буд. Нерўйи азими бинишу фањмиш ва бознамуд чунон будааст, ки њатто бидуни нигориши рухдодњои асосї, бидуни нишон додани воќиањои калони пас аз инќилоби Бухоро бо рамзбандї моњияти таърихии замонро аён овардааст. Хобњои Садри Зиё нолаву фиѓони як ватандўсти љонсўз дар сари харобазори таърихи пуршукўњи Бухорои Шариф аст. 15 Дар охир як-ду сухан дар бориа забони нигоштањои Садри Зиё гуфтан мехоњем. Яке аз фазилатњое, ки равшангарї дар адабиёти форсї-тољикї овард, таќвияти соданависї буд. Нахуст бо таблиѓу ташвиќи Ахмади Дониш ба муќобили муѓлаќбаёнињои пайравони ношуди сабки бедилї мубориза шурўъ шуд. Садриддини Айнї дар китоби «Мухтасари тарљумаи њоли худам» дар бораи охирин чоряки ќарни нуздањ мегўяд: «Бењтарин муншї ва мактубнавис њамон кас њисоб меёфт, ки муддаоеро, ки бо як љумла ифода карданаш мумкин аст, дар ду сањифа ба калимањои ќофиядор печонад. Мактубњо ва иншоњо айнан мисли «Нукот»-и Бедил буд» (1-54). Маорифпарварон бо њамин равия мубориза сар карда, содагї ва бетакаллуфии насри форсии Хуросон, аз љумла Мовароуннањрро, ки аз ањди Сомониён идома дошт, бештар ќувват доданд. Аксари нависандагони Бухоро, дар Самарќанд Аљзї, дар Хуљанд Асирї, дар Истаравшан Зуфархони Љавњарї гоњ дар доираи сабки бедилї бошад њам, соданависї пеш гирифтанд. Садриддини Айнї мегўяд: «Шарифљон-махдум (Садри Зиё — М.Ш.), ки аз иншонависони машњури замони худ буд, аз мухлисони Ахмади Калла (Дониш — М. Ш.) ва Сомї буда, иншо, мактуб ва хотироти худро боз њам соддатар ва оммафањмтар карда менавишт» (1-54). Ин љо бояд илова кунем, ки худи Садриддини Айнї ва Абдуррауфи Фитрат дар ин роњ боз пештар рафтанд ва зуд дар софгўї шўњрат ёфтанд. Бавежа Айнї дар дањаи бистуму сиюми садаи бист услуби рўзноманигориро баѓоят сайќал дод, дар насри адабї сабки реалистї ба вуљуд овард, ки тасвирњояш даќиќу мушаххас ва ќобили дид буданд, сухан хеле равон, мусиќидор, гўшнавозу дилнавоз омада, тапиши дил, њиссиёту њаяљонро ба тарзи нав, ба тариќи вуќўънигорї, даќиќ ва пуртаъсир ифода менамояд. Садри Зиё бо соданигорї дар байни Ањмади Дониш ва Садриддини Айнї ќарор ёфтааст. Сабки ў марњилаи гузариш аз тарзи Ањмади Дониш ба шеваи Садриддини Айнист. Дониш дар бахшњои адабии осораш соданависї ихтиёр карда бошад њам, умуман насри ў нисбат ба насри Садри Зиё хеле мураккаб буда, бавежа дар бахшњои фалсафї ба назари хонандаи охири садаи бистум дандоншикан менамояд. Насри Садри Зиё содатар аст, вале аз боќимондањои такаллуфоти иншонависї ва насри маснўъ, аз арабињои ѓализ њанўз халос нашудааст. Дар баъзе мавридњо насри Садри Зиё хеле сода аст. Бархе аз њикояњои ўро ба воќеъгароии маорифпарварї метавон нисбат дод ё чизе наздик ба воќеъгароии асри мо метавон донист. Дар ин порањо баёни рухдодњо аз ороиши нозарур озод аст, чигунагии воќиа ва њолати рўњиву равонии инсонро даќиќан нишон медињад. Чунончи њикояе, ки дар мунтахаби «Наводири зиёъия» (чопи Душанбе, 1991 Тењрон, 1377) тањти шумораи 7 омадааст, аз ин љињат љолиб аст, ки њолати кўдак, падари ў ва модаркалонашро реалистона тасвир кардааст. Як пораи он ин аст: «Аз ин љињат њазрати ќиблагоњам аљаб њолате шуда буданд, музтару њайрон гаштанд. Ман изтирору изтироби њазрати ќиблагоњамро дида беихтиёр гиристам. Ќиблагоњї аз љояшон бархостанд ва дасти маро ба дасташон дар њоле, ки меларзид, гирифтанд ва рањсипор гардиданд. Расидем ба љое, ки љаддаам нишаста буданд. Њамин ки ќиблагоњам ба љаддаам муќобил шуданд, љаддаам аз љои худ бархостанд ва ба њазрати ќиблагоњам салом карданд. Њазрати ќиблагоњам давон омаданд, дастњои љаддаамро бўсиданд, ба чашмонашон молиданд. Љаддаам низ сару рўйи ќиблагоњамро ба дасти худ молида бўсида гуфтанд: Дар ин ќадар муддат ман ќадри туро надонистам ва рутбаи туро нафањмидам». Чунонки дида мешавад баён ба нињояти содагї расидааст, њељ унсури зиёдатї ба дид намеояд, муаллиф гўё аз кўшиши суханорої ва хунарнамої ба куллї даст кашидааст. Вале нигоштањои Садри Зиё на њамеша чунинанд. Метавон гуфт, ки вай урёнбаёнї пеша накардааст. Унсурњои суханорої ва њунарнамої дар насри ў кам нест. Сухани ў асил ва матин аст ва аз баъзе унсурњое, ки асолату матонати суханро устувор мекунанд, парњез накардааст.
55
Айнї ва Фитрат дар ду дањаи аввали ќарни бист баъзе асарњояшонро барои мактабиён навишта буданд. Дар ин навиштањо як навъ содагии хоси кўдак дида мешавад. Ин содагиро дар баъзе мавридњо хусусияти њамагонии забони адабї донистан раво нест. Зеро фаќат фањми кўдакон ё калонсолони навсаводро дар назар дорад, ва дорои вежагињоест, ки аз сатњи умумии забони адабї пасттаранд. Айнї дар дањаи сивуму чињилум бештар барои авом, барои навсаводони тањсилнодида асар менавишт ва онњоеро, ки солњои пас аз инќилоб аз муњити фарњангии асрњои гузашта канда шуда буданд, ба назар мегирифт. Аз ин рў суханаш на ин, ки сода, балки гоње одї мешуд, сухани авомона буд. Садри Зиё чизе барои авом ва кўдак нанавиштааст. Њар чизе, ки аз ќалами ў таровида буд, барои муњити анъанию суннатии фарњангиён ба рўйи коѓаз омадааст. Аз ин рў содагии нигоштањои ў бисёр нишонањои содагии анъании форсии Мовароуннањриро нигањ доштааст, содагии асил ва шукўњмандест. Дар охирњои садаи нуздањ ва ибтидои садаи бист бисёр вежагињои форсии Мовароуннањр, хусусан Бухорову Самарќанд ба назму наср дохил гардид. Дар Рўзномаи Садри Зиё чунин махсусиятњои забонї њастанд, ки шояд сад-дусад соли пеш дар забони адабї нишоне аз онњо набуд, вале маорифпарварон ба навиштањо дохил шудани онњоро ба хотири содагарої раво дидаанд ва Садри Зиё низ онњоро пайравї кардааст. Чунончи дар Рўзнома мехонем: Тону матон дору мадоре мекардам. Ин тону матон аз феъли тонистан (тавонистан) аст ба маънои тавонистану натавонистан; дору мадор ба маънои созиш мудоро ва муомилаи маљбурист. Аз љумлаи ин махсусот њозир ба маънои алъон: Њозир кор бад-ин минвол аст. Таклиф ба маънои пешнињод ва даъват низ аз њамин ќабил аст: Давлати рус ин таклифро рад карда; таклифи ќозигї намуданд. Ин маънои таклиф аз садаи ёздањи мелодї дар сурудањои хуросониён, чунончи Анварї ќайд шудааст ва мисолаш дар «Фарњанги забони тољикї» омадааст. Сифати феълї (сифати фоъилї), ки бо пасванди - гї сохта шуда бошад, дар осори Ањмади Дониш гоњ-гоње ба назар мерасад, дар Рўзномаи Садри Зиё бисёр омадааст: хизматкорони ном бурдагї — хидматкорони номбурда; дандони озор медодагї — дандоне, ки озор медод; чањорбоѓи дар Саъдакон будагї — чањорбоѓе, ки дар дењи Саъдакон аст; нишона мондагї буд - нишона монда буд. Пасванди –гї ба љои ї дар калимањое, ки бо алиф ба охир расида бошад, низ ба кор рафтааст: мирзогї ба љои мирзої — гоњо унвони мирзогиашон зуњур ёфта. Пешванди феълии би–бигуфт, бирафт, биё ва ѓайра дар гуфтугўи Мовароуннањр гоњ бу–талаффуз мешавад: бурав, бубин. Дар баъзе нусхањои садаи 17 чунин калимањо аломати пеш доранд. Аммо дар Рўзномаи Садри Зиё њатто ба вов навишта шудаанд: бубаст, бупардохт, бубояд, бубинем. Дар Рўзномаи Садри Зиё на танњо калимањои хурд, хуршед, балки вожаи хурсанд, ва хурсандї ба вов навишта шудааст вожаи зиндагонї, вожаи арабии дўкон вов гирифтааст: дар вожаи љавон љим пеш дорад: љувон, дар аксари мавридњо хизмат, хизматгузор, устоз, гунбаз омадааст. Инњо њама аз таъсири талаффузи мањаллист. Азбаски дар Мовароуннањр ж ба љ мегузарад ва жола аксаран љола талаффуз мешавад, дар Рўзнома навишти шањнаљод дида шуд. Шакли ќадимии феъли давомдор, ки ба феъли ёвари истодан сохта мешавад ва дар осори нависандагони Мовароуннањри охири садаи нуздањ ва ибтидои садаи бист гоњ-гоњ ба чашм мехўрад, дар Рўзнома як бор омадааст: њукумати њозира ташкил ёфта истодааст. Феълњое аз ќабили гузар карда натавонист, баромада рафт, даромада дидам, тарсида Бухоро омад, ки дар осори нависандагони тољик бавежа аз оѓози садаи бист хеле фаровон истифода мешаванд, дар Рўзнома ва баъзе асарњои дигари Садри Зиё низ зиёд ба назар расид. Дар Рўзнома аз ќолабњои гуфтории сухан ќолабе чун: асбобу анљомро аз бањраш гузашт ба дид расид, ки аз бањри чизњову лавозимот гузашт гуфтан аст. Хусусиятњои мовароуннањрї, ки баъзеашон њатто хусусияти мањаллии бухороиянд, дар забони навиштањои Садри Зиё зиёданд ва забоншиносоне, ки шохањои миллии забони
56
форсии кунуниро бо њам, аз љумла форсии тољикиро бо дигар шохањои форсї муќоиса кардан мехоњанд фаровон мадорик ба даст хоњанд овард. Аз забони осори Садри Зиё низ баъзе хусусиятњои адабиёти маорифпарварии тољикони Мовароуннањр равшан мешавад. Маорифпарварон рў ба воќеияти иљтимоъии рўз оварда, миён барои тањќиќи диќќаткоронаи он баста буданд. Хусусияти вежаи форсии тољикї чун як љузъи њамин зиндагонии воќеї ба адабиёт њар чи бештар ворид мешуд. Сода шудани забон ва ба осори адабї фаровон роњ ёфтани вежагињои гуфтори мардуми Мовароуннањр яке аз мухимтарин хусусиятњои адабиёти маорифпарварї буд. Ин хусусият бо устувор шудани бунёди реалистии адабиёт аз дањаи сиюми ќарни бист љилвањои тоза пайдо кард ва метавон гуфт, ки бештари вежагињои форсии тољикии Мовароуннањр дар адабиёт инъикос ёфт. Ин раванд аз бозљустњои маорифпарварон оѓоз ёфта буд ва Садри Зиё низ дар тањаввули он сањме гузоштааст. 1996-2003 «ТАЗКОРИ АШЪОР» ва масъалаи пайдоиши шеъри нав 1 Фаъолияти эљодкории Садри Зиё дар тазкиранависї аз дигар тазкиранависон ба чанд љињат фарќ дорад. Фарќи асосї он аст, ки ў на як, балки чандин тазкира тартиб додааст. Тазкирањои ўро нахуст ба ду гурўњ таќсим кардан лозим аст. Ба гурўњи якум тазкирањое дохил мешаванд, ки дар бораи шахсиятњои шинохтаи даврањои гуногун, гузаштаи дуру наздик навишта шуда, гоње давраи муосирро низ фаро мегиранд. «Тазкиратулвузаро», «Тазкиратулњукамо», «Тазкиратулхаттотин» аз њамин ќабиланд. Баъзе шахсњое, ки зикрашон дар ин асарњо омадааст, шоир њам буданд, вале аз шеъру шоирии онњо камтар сухан рафтааст. Онњо диќќати нависандаро бештар ба сифати хушнавис ё ба унвони вазире ва њоказо ба худ кашидаанд. Чунин тазкирањои Садри Зиё як љузъи таърихпажўњии ў буда, назари ўро ба таърихи иљтимоъиву сиёсї (чунончи ба воситаи фаъолияти вазирони замонњои гуногун) ва фарњангиву маънавї (чунончи тавассути њунари хаттотони машњур) ифода менамоянд. Гоњ ў наќлро то замони худ меорад ва замонњои гузаштаро бо ањди муосир мепайвандад, замони худро дар партави замонњои гузашта равшан мекунад, масъалањои замони худро дар асоси таљрибаи таърихї месанљад. Гурўњи дувуми тазкирањои Садри Зиё фаќат дар бораи шуарову фузалост. Бештарини ин тазкирањо дар бораи муосирон буда, муаллиф гоњ ба наздикони замони худ ва гузаштаи дуртаре низ нигоњ меандозад. Боз њам «Тазкиратушшуарои мутаќаддимин» дар пањлўи «Шуарои мутааххирин» ва «Фузалои мутааххирин» ва «Тазкори ашъор» омада, Садри Зиё дирўзу париўзро бо рўзгори худ мепайвандад, дурусттар он ки замони худро бо замонњои гузашта мепайвандад. Ин пайванд барои ин ки биниши таърихии нависандаро бифањмем, хеле муњим аст. Чунончи дар таърихпажўњии умумии Садри Зиё њаст, дар тазкиранависии ў низ пайванди замонњо имкон медињад, ки тасаввури яклухти таърихї ба вуљуд биёяд, таърих муњимтарин воситае барои фањмиши моњияти равандњои љории рўз бошад. Барои фањмидани маънои рухнамудњои имрўз нигоњ афкандан ба дирўз дар адабиёти маорифпарварї густариш ёфта, шаклњои нави диди таърихиро ба миён меовард ва тазкирањои Садри Зиё ќадаме дар њамин роњ аст. Шояд аз њамин сабаб бошад, ки Садри Зиё на як-ду, балки чанд тазкира навиштааст, то замони худро аз чанд пањлў санљида бошад. Бегумон маќсади аслї тањќиќи замони худ ва чењраи маънавии он буд. Садри Зиё тавон гуфт жанри тазкираро ба яке аз воситањои тањќиќи гуногунпањлў ва њамаљонибаи замони худ табдил дод. Ў дар њар тазкираи худ замонро аз як љињати асосї ба пажўњиш мегирад ва њама тазкирањо ба якљоягї манзараи умумии њаёти маънавии љомеаро намоён меоваранд. Чунонки дар мавриде таъкид карда будем, Садри Зиё фољиаи бузурги таърихї, фољиаи поён ёфтани умри таърихии Бухорои бузургро аз сар гузаронид. Вай хост, ки њастии маънавии «ватани муќаддаси» худро то њадди имкон мукаммалтар намудор оварад ва дар сафњаи таърих сабт намояд, то онро њељ насле аз ояндагон фаромўш накунад. Ў мењани азиз ва замони худро умри љовидон бахшидан мехост ва ин корро пеш аз њама бо баёни ањволу атвори уламову фузалову шуаро наљом доданї шуд.
57
Њисси баланди мењанпарварї натавонист чашмандози иљтимоъии Садри Зиёро мањдуд намояд. Ў фаќат мадњиясарои шаъну шараф ва ифтихороти ватани азиз нест. Чашмандози густаришноки маорифпарварї имкон дод, ки ў неку бади љомеаро баробар бубинад њамабинї ва баробар чашм дўњтан ба раванди пешбару аќибкаш аз тазкирањои Садри Зиё њам намудор аст. Дар охирин тањрири «Тазкори ашъор» на танњо равияњои адабии нави ояндадор, балки равияњои бемањсул ва намунањои жожхоии адабї низ матрањ шудааст. Зиёда аз ин, Садри Зиё њатто «Тазкиратулњумаќо» — тазкираи ањмаќон навиштааст. Вай дар ин тазкира ањмаќони зиёдеро аз љумлаи шуаро ва уламо ва умаро як љо гирд оварда, ба хандахариш гузоштааст. Албатта, дар адабиёти мо маљмўаи њикояњои њаљвї ва танќидї мављуд буд вале анъанаи адабї дар тазкира асосан зикри хайрро дар назар дошт. Садри Зиё хилофи анъана рафта, тазкираро ба як навъи њаљвии адабиёт табдил дод, аз ќатори жанрњои адабиётшиносї берун карда, ба сафи анвоъи бадеъї гузаронд. Шояд аз њамин сабаб бошад, ки «Тазкиратулњумаќо» дар миёни осори Садри Зиё монанди дигар тазкирањояш алоњида наомада, ба таркиби «Наводири зиёъия» дохил шудааст. Хуллас, ки дар эљодиёти Садри Зиё анъанањои тазкиранависї як каме вежагї дорад. Лозим аст, ки тазкирањои ў аз ин дидгоњ мавриди пажўњиш ќарор бигиранд. Ин пажўњиш бо тањќиќоти Расули Њодизода ва Сањобиддини Сиддиќї шурўъ шудааст. Шодравон Сањобиддини Сиддиќї китобе дорад бо номи «Садри Зиё ва тазкирањои ў» ки он љо гоњ мухтасаран ва гоњ муфассалан тавсифи њама тазкирањои Садри Зиё омадааст. Мутаассифона, ин китоб њанўз чоп нашудааст. Ба чопи ин китоб бисёре аз масъалањое ки ба тазкиранависии Садри Зиё вобастагие дорад, равшан хоњад шуд. Алъон банда мехоњам чанде аз андешањоеро, ки њангоми омода кардани чопи «Тазкори ашъор» њосил шуда буд, ба иљмол баён намоям. 2 Муњимтарин асаре дар байни тазкирањо ва тазкирагунањои Садри Зиё «Тазкори ашъор»-и манзум аст. Ин тазкира чанд тањрир дорад ва тањрири якуми он солњои 1322-1324 њиљрии ќамарї баробар ба 1905-1907 исавї анљом ёфта буд. Тањрири аввал шомили иддаи зиёде аз шоирони замон, яъне нимаи дувуми садаи 19 ва ду дањаи аввали садаи 20 буда, вале чун соли 1918 дар мањбусии Ќаршї «Тазкори ашъор» бо «Рўзнома» ва дигар навиштањои Садри Зиё сўзонда шуд ва ба гуфти муаллиф «дар фитнаи инќилоб маъдум ва ноёб гашт»,100 муаллиф баъд аз инќилоби Бухоро, яъне баъди соли 1920 дубора онро таълиф кард. Тањрири дувум мухтасар буд. Дар охирин тањрири «Тазкори ашъор», ки муаллиф соли 1350 њ.ќ.=1932 яъне дар охирин соли умраш анљом додааст, мегўяд, ки дар тањрири якуми «Тазкори ашъор» шоироне, ки зикр шуда буданд, «аз дусад нафар мутаљоаиз буд».101 Садриддини Айнї дар як зиндагиномаи мухтасари Садри Зиё, ки тахминан солњои 1924-1925 навиштааст мегўяд, ки Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» «аз муосирон ќариби 130 нафар шоирро бо тарљумаи њол ва намунаи шеърашон зикр кардааст».102 Аз эњтимол дур нест, ки устод Айнї ин љо тањрири дувуми «Тазкори ашъор»-ро, ки шояд пеш аз инќилоби 1920 ба вуљуд омада буд ва ё тањрири дигареро, ки пас аз инќилоб ба миён омада будааст (вале имрўз мављуд нест), дар назар дошта бошад. Њељ як аз нусхањои «Тазкори ашъор», ки то имрўз ба даст омадааст, ин миќдор шоир, яъне 130 ё 200 нафарро фаро нагирифтааст. Дар ин маврид бояд таъкид кунем, ки «Тазкори ашъор» танњо шоирони Бухороро дар бар гирифтааст. Садри Зиё фаќат шоирони зодгоњи худро, ки наѓз шинохта буд ва зиндагиномаву намунаи шеърашонро ба дараљаи кофї тавонист гирд оварад, зикр намудааст. Дар ин сурат бояд гўем, ки он њангом шумораи шоирон дар Бухоро кам набудааст: Имрўз, яъне дар солњои аввали ќарни 21 дар Иттифоќи нависандагони Тољикистон аз њама њавзањои адабии љумњурї 306 нафар узвият доранд. Чанде аз онњо насрнавис ва драманигор ва публисист мебошанд. Онњое, ки шоир њисоб мешаванд, андаке бештар аз 200 нафаранд. Ба ин ќиёс метавон гуфт, ки дар оѓози садаи бист дар як худи Бухоро ќариб њамин миќдор ки имрўз дар созмони нависандагони Љумњурии Тољикистон њастанд, шоир будааст. Агар инро низ ба назар бигирем, ки алъон як идда шоирон њанўз ба Садри Зиё. Тазкори ашъор. Тењрон, Суруш, 1380-2001, сањ. 236. Њамон асар, сањ. 236. 102 С. Айнї. Ќозї Шарифљон (Зиё), дастнавис, бойгонии С. Айнї, воњиди њифзи №11, сањ. 2. 100
101
58
узвияти Иттифоќи нависандагони Тољикистон пазируфта нашудаанд, метавон тахмин кард, ки шумораи шоирони Бухоро дар оѓози садаи бист андаке камтар аз шумораи шоирони Тољикистони кунунї будааст. Ин низ кам нест. Пурсише пеш меояд, ки имрўз ањволи шеъри форсии тољикї дар Бухоро чї бошад? Сарвари ройзании фарњангии Эрон дар Ўзбекистон дар дањаи навади садаи 20 хосст, ки шорони форсигўи Ўзбекистонро дар Самарќанд гирд биёварад ва маљлиси шеър биёрояд. Ва ў аз Бухоро шоири тољики порсигўй љуст... ва танњо як нафар пайдо кард. Бубин, тафовути рањ аз куљост то ба куљо! Њукмронии пантуркист дар Бухоро дар зарфи 80 сол шумораи шоирони тољикро аз 200 ба 1 овард. Бо пўзиш аз хонандаи мўњтарам барои ин ки андаке аз мавзўъ дур шудем, боз меоем ба сари маќсади аслї. Дар њељ як аз нусхањои мављудаи «Тазкори ашъор» 200 ё 130 тан аз шоирон зикр нашудааст. Дар он нусхаи љомеъи «Тазкори ашъор», ки Сањобиддини Сиддиќї бо пажўњиши илмї фароњам оварда, тањрири дувуми «Тазкори ашъор» њисобидааст ва банда соли 2001 дар Тењрон ба чоп расонидаам, шарњи њоли 49 нафар шоир ва намунаи шеъри онњо омадааст. Њамаи онњо шоирони охири ќарни 13 ва нимаи аввали ќарни 14 њиљрї, яъне чоряки аввали ќарни бисти мелодї мебошанд. Њаљми матни «Тазкори ашъор», яъне бахшњое, ки ба ќалами соњиби тазкира тааллуќ доранд, 1444 байт аст. Намунаи шеъри соњибони тарљумаи њол, ки Садри Зиё мисол овардааст, 2616 байтро ташкил мекунад. Матни тазкира ба вазни мутаќориби мусаммани маќсур омадааст. Ин њам гуфтанист, ки Садри Зиё дар бораи нигоштањои худ фармуда: «Њар ќадар, ки ароиз ва маросилот ва ахбор ва њикоёт ва «Тазкори ашъор» ва тањрири «Рўзнома» воќеъ шуда, њамагї ѓайри мусаввада ќаламї гашта».103 Яъне бидуни сиёњнавис таълиф шудааст. Дар охирњои садаи 19 ва оѓози садаи 20 дар Бухоро њафт тазкира навишта шуда буд: Тазкираи ќорї Рањматуллоњи Возењ «Тўњфатулањбоб фї тазкиратиласњоб» (таълиф 1288 њ.ќ. = 1871 м.), «Тазкиратуш-шуарои» њољи Азими Шаръї, «Тазкиратушшуаро»-и Мир Сиддиќи Њашмат (таълиф 1321-1322=1904-1905), «Афзалуттазкор фї зикришшуаро ва-л ашъор» (таълиф 1321=1904) навиштаи Афзал-махдуми Пирмастї, «Тазкиратушшуарои мутаххирини Бухоро» (таълиф 1320-1904) навиштаи Абдуллоњхољаи Абдї, «Тазкиратушшуаро»-асари Њољї Неъматуллоњи Мўњтарам ва «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё. Њар кадоме аз инњо чун маъхази адабиёти форсии тољикии он давра ањамият доранд. Арзиши онњоро профессор Расули Њодизода дар тањќиќи муќоисавї, ки бо номи «Сарчашмањои тањќиќи адабиёти тољикии нимаи дувуми садаи 19» ба русї чоп шуда буд,104 таъйин кардааст. Нахустин пажўњишгари «Тазкори ашъор» низ Расули Њодизода мебошад, ки дар китоби мазкур дар бораи он хеле батафсил сухан рондааст. Чун бо пажўњиши Р. Њодизода ањамияти вежаи «Тазкори ашъор» маълум гардид, шодравон Сањобиддини Сиддиќї (даргузашти ў 1993) бо роњбарии илмии Турсунбой Неъматзода ва нависандаи ин сатрњо ин тазкираро махсусан ба тањќиќ гирифт. Сањобиддини Сиддиќї ба ин аќида омад, ки «тазкираи Садри Зиё дар љавоби тазкирањои Афзал ва Абдї навишта шудааст»105. Тазкираи Афзал ва Абдї, ки бо супориши амири Бухоро Абдулањадхон таълиф ёфта буд, назари доирањои расмиро ифода карда ва гоњ арзёбии муаллифон дур аз њаќќоният будааст. Садри Зиё дар њаќќи тазкираи Афзалмахдум гуфтааст, ки «ѓассу самин бисёр дорад, хилофи воќеъ бешумор, мўњтољи тасњењ ва танќењ аст».106 Ин аст, ки сабаби асосии шурўъ кардани Садри Зиё ба таълифи тазкира на таќлид ба Афзалу Абдї, балки ислоњи хатоњое будааст, ки онњо содир кардаанд, њамчунин
Рўзномаи Садри Зиё. Тењрон, Маркази аснод ва хадамоти пажўњишї, 1382=2003, сањ.139. Р. Хадди-Заде. Источники к изучению таджикской литературы второй половины XIX века. Сталинабад, 1956. 105 С. Сиддиќї. Садри Зиё ва тазкирањои ў, дастнавис, 1987, сањ. 97. 106 Саддри Зиё. Асомиул кутуб, захираи дастнависњои Пажўњишгоњи ховаршиносии Абўрайњони Берунї (Тошканд), дастнависи № 2460, вар. 141. 103
104
59
додани маълумоти дуруст дар бораи эљодиёту шахсияти шоироне будааст, ки Афзалу Абдї ба онњо бањои нодуруст доданд».107 Чунончи аз аввал аз пажўњиши Расули Њодизода ошкор гардида буд, ањамияти «Тазкори ашъор» иборат аз он аст, ки муаллиф дар бораи нависандагони пешќадами замон, агарчи бо сиёсати зимомодорони ваќт мухолифат карданд ва аз дарбор ронда ва ба љазоњо гирифтор шуданд, аз рўйи њаќќоният маълумот медињад. Ин бартарии тазкираи Садри Зиёро аз он чи дар бораи Ањмади Дониш, Шамсиддини Шоњин, ќорї Рањмуталлоњи Возењ, Мирзо Азими Сомї, Мирзо Њайити Сањбо, Садриддини Айнї ва ѓайра гуфтааст, метавон дид. Садри Зиё дар ин кор гоњ бо љасорати тамом амал кардааст. Расули Њодизода мегўяд: «Њељ як аз тазкиранависон љуръат накардааст, ки дар бораи осори Шоњин чун Садри Зиё ошкоро ва бо ростгўї ќалам биронад».108 Њаќгўї ва њаќќониятгарої муњимтарин хусусияти муаллифи «Тазкори ашъор» аст. 3 Маќсуди Садри Зиё танњо зикри шоирони замони худ ва шеъри онњо набудааст. Агар маќсуд фаќат шарњи њоли шоирон ва зикри шеъри онњо мебуд, шумораи шоирон дар «Тазкори ашъор» аз тањрир то тањрир кам намешуд, балки меафзуд. Шояд бо мурури замон, ба вежа пас аз он, ки соли 1918 њангоми мањбусї дастнависњои Садри Зиё аз љумла «Тазкори ашъор»-ро сўзониданд, ў ба ин андеша омада бошад, ки дар ваќти дубора барќарор кардани «Тазкори ашъор» на њамаи шоирон, балки зубдаи онњоро зикр кардан лозим аст. Ў дар боби «Зикри њоли муаллиф ва баёни сабаби таълифи «Тазкори ашъор» мегўяд: Намудам дар ин нусха ман илтизом, Ки аз шоироне, ки доранд ном, Дар ин шева машњури њар кишваранд, Дар ин пеша аз дигарон бартаранд, Намоям зи шоирфанон интихоб, Кунам зикрашон зинати ин китоб. Аз он софтабъон, ки худ моњиранд, Валекин рањи шеъри нав биспаранд. Ба шеъри баланду ба фикри расо Бигаштанд маќбули табъи Зиё. Накардам назаршон ба хурдии сол, Ки манзури ман буд њусни маќол.109 Аз эњтимол дур нест, ки дар тањрири якуми соли 1905-1907 сарсухан ин набуд дигар буд. Агар тањрири якум 200 ё 130 танро дар бар гирифта бошад, шояд муаллиф чунин сарсухане наменавишт. Ин пешгуфтор муносиби тањрири баъдї, тањрире, ки имрўз мо ба даст дорем, мебошад. Пайдост, ки Садри Зиё танњо онњоеро, ки ба диди ў «аз дигарон бартаранд», «софтабъи моњир»-анд, «шеъри баланду фикри расо» доранд, инчунин онњоеро, ки «шеъри нав» мегўянд, сарфи назар аз синну сол, танњо ба эътибори «њусни маќол» интихоб намудааст. Ба ин тариќ на њар касе, ки шеър мегўяд, балки танњо он, ки ба аќидаи Садри Зиё, шеъраш аз чанд љињат љолиб аст, бо чанд фазилати худ адабиёт ба вуљуд меоварад, адабиётро андаке њам бошад пеш мебарад, номаш ба ин тазкира дохил шудааст. На њама шеъргўйњо, балки онњое, ки шеърашон чигунагии адабиёти форсии тољикии як давраи муњимро нишон медињад, чигунагии тамоюлоту равияњо ва равандњои асосии адабии замонро намоиш медињад, дар ин тазкира гирд омадаанд. Ин як фарќи асосии «Тазкори ашъор» аз дигар тазкирањои замони ўст.
С. Сиддиќї. Њамон асар, сањ. 97. Р. Њодизода, њамон асар, сањ. 67. 109 Тазкори ашъор, сањ. 25. 107
108
60
Тазкиранависони дигар њама шоирони замони худро дар тазкира љамъ овардаанд, њамаро пањлўи њам гузоштаанд. Њамаро бетарафона як-як ба чашми мо намоён кардан мехоњанд, ки ин як принсипи муњими анъанавист. Вале аз тавсифњои соњибони тазкира, ки гоњ њамранг ва камфарќ аст, муайян кардани ин, ки намояндагони асосии адабиёт кадоманд ва омилњои пешрафти адабиёт чї буд, душвор аст. Ба вежа агар гоње аз њаќќоният дур бираванд, дар бораи адабиёт пиндори нодурусте ба миён меоранд. Садри Зиё баръакс гўё падидањои асосии равияњои мухталифи адабї ва намояндагони асосии онњоро нишон додан мехоњад гўё маводу мадорикро сара карда, ва табаќабандї намуда ва барои кушодани моњияти њар кадоме кўшида, гўё барои муњаќќиќони имрўз, ки бояд таърихи адабиёти он рўзро бинависанд, маводе банизом омода сохтааст. Мумкин аст муњаќќиќи имрўза ба баъзе фикрњои Садри Зиё розї нашавад, лекин ба њар сурат бањо ва арзёбии Садри Зиё муњим аст. Пеш аз он, ки равияњои адабиеро, ки Садри Зиё нишон додааст ва чигунагии арзёбии ўро аз назар гузаронем, мехоњем ба як нуќта диќќат љалб намоем. Чунин ба назар мерасад, ки маќсуди аслии Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» ба таъќид нишон додани шахсияти он адибону фозилонест, ки дар њаёти иљтимоъї бештар фаъолият доштанд, барои ќувват гирифтани мундариљаи иљтимоъии адабиёт ва моњияти маорифпарваронаи он бештар сањм гузоштаанд. Дар «Тазкори ашъор» онњое, ки мо баъдтар, тахминан аз нимаи садаи бист маорифпарвар номидем, мавќеи асосї доранд ва њамаи онњо муборизи фаъол буда, њар кадоме ба таври худ фаъолияти назаррас доштанд. Мафњуми маорифпарварї (равшангарї) ва пархошгарї ќариб њаммаъноанд ва тавъам омадаанд. Аз 49 нафаре, ки дар «Тазкори ашъор» зикр ёфтаанд, 20 нафар муборизи фаъол, бештарин маорифпарвар ва бархе аз њавохоњони маорифпарварї буданд. Бархе аз удабову фузалое, ки дар «Тазкори ашъор» ба назар мерасанд, шоири каммањсуле буданд. Бо вуљуди ин ба тазкира дохил шудаанд. На танњо Ањмади Дониш шоири камнавис (ва бештар файласуфу насрнавис) буда, муфтї Икром — домулло Икромчаи мутахаллис ба Акрам110 низ кам шеър мегуфтааст, Садри Сарир, Гулшанї, Мўњтарам, Лутфї, Офарин ва чанде дигар низ аз шоирони камшеър буда, аммо њар кадоме ба навъе фаъолияти иљтимоъї доштаанд, чигунагии талоши пешќадамони замон аз шеър ё аз рафтори онњо маълум мешудааст. Аз ин рў онњо дар «Тазкори ашъор» баробари баъзе шоирони пурмањсул ва њатто бештар аз онњо мавќеъ ишѓол кардаанд. Гумон меравад, ки аз аввал «Тазкори ашъор» барои њимояи равшангарон, барои дифоъ аз онњо, барои тарафдорї ва дастгирї навишта шуда буд. Њар боби ин асар монанди дигар тазкирањо тавсифномаи як шоир аст. Аммо ин тавсифнома чунон тартиб ёфтааст, ки муаллиф чун шарњи њоли шоир, хислатњову њунарњо ва фазлу камоли ўро мегўяд, њар таърифу ситоишаш љавобе ба даъвои бадхоњон аст, даъвоњои бадгўёнро рад мекунад, сифатњои неки соњиби тарљумаи њолро ба носазоњои душманонаш муќобил мегузорад. Медонем, ки дар бораи Ањмади Дониш, Шамсиддини Шоњин, Абдулќодирхољаи Савдо, Исо-махдуми Исо, Абдулмаљиди Музтариб, муфтї Икромча (домулло Икроми Акрам), Садриддини Айнї, Ањмадљони Њамдї, Мирзо Њайити Сањбо, Абдуррауфи Фитрат, Сайидљон махдуми Назмї, Абдулмаљиди Офарини Дўзахї, Мирзо Азими Сомї, Мирзо Абдулвоњиди Мунзим ва монанди инњо дар доирањои расмї ва ѓайрирасмї гоњ андак ва гоњ хеле тасаввуроти нораво мављуд буд, дар њаќќи онњо носазо мегуфтанд, онњоро таъќиб мекарданд ва баъзеи онњоро оќибат ба ќатл расониданд. Лекин тавсифномањои «Тазкори ашъор» гўё њар байте як раддияи ќатъии даъвоњои бадхоњон аст. Садри Зиё бо тавсифу ситоиши маорифпарварон ба муќобили душманони маорифпарварї мубориза мекунад. Барои ин ки чигунагии тарафгирї ва њимоятгарии Садри Зиё маълум шавад, як мисол меоварем. Инак чанд байт аз боби «Зикри фозили некноми баландмаќом њољї мулло Икром» (яъне муфтї Икромча). 110 Тахаллуси муфтї Икром (домулло Икромча) дар «Энсиклопедияи адабиёту санъат» (Душанбе, 1988, сањ. 497) Икром омадааст., ки дуруст нест. Аз шеъраш њам маълум аст, ки тахаллуси ў Акрам будааст.
61
Фаќоњатшиоре зи ањли Бухор, Фазилатдисоре111 зи хайли кибор. Азизулвуљуде ба иззу шараф, Зулэњтироме адимуттараф. Диёнатќарин орифи покдин, Шарафњамнишин олими ростбин… Улуме ки машњур андар Бухор. Фунуне, ки маъруф дар њар диёр, Бувад зоти олишро баркамол. Набошад касеро бад-ў ќилу ќол… Ба ќадре ки фазлу камолаш фузуд, Ба олї маносиб тараќќї намуд. Ба ифтову тадриси Мири Араб Муаззиз шуд он фозили боадаб. Аз ў гашт таснифи чандин китоб Ба ањди Ањадхони моликрикоб… Ки асњоби дониш њама иттифоќ Намуданд бар хубиаш бенифоќ.112 Дар ин порча чанд моддае аз айбномаи нонавишта, ки дар њаќќи домулло Икром омода карда буданд, рад шудааст. Рўњониёни расмї муфтї Икромчаро сустимон мегуфтанд ва як китоби ўро, ки «Иќозунноимин ва эъмолулљоњилин» ном дошта нав аз чоп баромада буд аз фурўшгоњњо гирифта ба коми оташ андохта буданд. Аммо Садри Зиё мегўяд, ки муфтї Икром «диёнатќарин орифи покдин» ва «олими ростбин» аст, њамаи китобњояш чунонанд, ки «асњоби дониш» «намуданд бар хубиаш иттифоќ», яъне њар кї дар њаќќи китобњои мулло Икром бадгўї мекунад, аз «ањли дониш» нест. Инњо њама раддияест ва маќсади Садри Зиё мусоидат кардан ба радди бало, дафъи ќазо аз сари мулло Икроми бузургвор аст. Ин низ муњим аст, ки Садри Зиё дар охири тавсифномааш амир Абдулањадхонро ном гирифтааст. Аз мазмуни байтњои охир чунин бармеояд, ки Садри Зиё зимнан ба амир Абдулањадхон мурољиат кардааст ва гуфтааст, ки ту худ муфтї Икромро ба «олї маносиб», ба муфтигї, ба мударрисии мадрасаи машњури Мири Араб расонидї ва китобњояш низ «ба ањди Ањадхон» навишта шудаанд ва аз ин рў минбаъд њам ќадри ў бояд бидонї ва ба сухани љоњилони бадкирдор гўш надињї. Байтњои охир монанди насињату маслињате ба амир Абдулањадхон буд, ки чї тавр пазируфта шудани он маълум нест. Маълум ин аст, ки фарзанди амир Абдулањадхон амир Олимхон муфтї Икромро бисёр азият дод ду бор ва бори дувум соли 1918 ба Хузор табъид (бадарѓа) намуд ва писараш Абдуррањмонро дар пеши чашми ў куштанд. Садри Зиё ба њимояи чунин шахсе бархоста буд.113 Аз пораи боло маълум нест, ки «айб» ва «гуноњ»-њое, ки душманон ба муфтї Икром нисбат медоданд, иборат аз чї буд. Аз дигар фаслњои «Тазкори ашъор», ки аз маорифпарварони машњуру номашњур сухан меравад, чунончи дар фасли Сайидљонмахдуми Назмї, ки соли 1918 ба ќатл расониданд, дар бораи Садриддини Айнї, ки соли 1917 ўро 75 чўб љазо доданд, дар бораи Абдулвоњиди Мунзим, ки агар соли 1917 ё 1918 ба даст афтад, њатман мекуштандаш, низ Садри Зиё модда ба модда ба айбномањо љавоб гуфтааст, вале худи он «айб»-њову «гуноњ»-њоеро, ки ба онњо нисбат медоданд, нагуфтааст, фаъолияти фидокоронаи маорифпарварон дар фасле баён нашудааст, ба тамом маълум аст, ки соњиби тазкира фаъолияти иљтимоъї ва аќидањои маорифпарварии онњоро маъќул медонад ва аз ин сабаб ба ситоиши онњо пардохта, ба душманони онњо, ки душмани худи соњиби тазкира низ буданд, љавобе босавоб мегўяд ва дар бораи соњибони тарљума тасаввури дуруст аз рўйи воќеияти њол ба вуљуд овардан мехоњад.
Дисор — љома, либоси рўй. Тазкори ашъор, сањ. 41. 113 Дар бораи муфтї Икром зиндаёд Маъруфи Раљабї дар маќолае ба унвони «Озодмарди фидокор ва ягонаи даврон» ахборе чанд овардааст. Ниг.: М. Раљабї. Ба фикри ман, Душанбе Деваштич, 2003, сањ. 86-92. Рисолаи муфтї Икром «Ийќозунноимин ва эъмолулљоњилин» соли 2003 дар маљаллаи «Садои Шарќ» дубора чоп шуд. 111
112
62
Лањзањои људогонаи муборизаи маорифпарварон бо љањолатпарастон ва беадолатињои иљтимоъї дар дигар нигоштањои Садри Зиё омадааст. Чунончи дар рисолаи Садри Зиё «Сабабњои инќилоби Бухоро», ки чунонки аз номаш маълум аст, пас аз соли 1920 таълиф ёфтааст, аз муфтї Икром низ сухан меравад. Садри Зиё аз љумла гуфтааст: «Гўши суханшунав куљо, дидаи эътибор ку? Афсўс, њазор афсўс, ки касе панду насињаташонро нашунид, балки амиру вазир ва уламову умаро муттафиќан ба адоваташ бархостанд. Дар мабодї бо ранги истењзо, ахиран мартаба носазоњо мегуфтагї шуданд. Дар њар маљлису маърака муќобалату мухосамат менамуданд. Њољї домулло Икром њам он ќадар соњиби љуръату љалодат буданд, ки бо вуљуди яккаву танњо будан ва касе тарафдорї накардан дар баробари ин њама уламои сўъ ва кордорони шум дар њар мартаба мунозараву мудофаъа карда, њар як аз масолику муќаддимоти рисолаашонро ба бароњин исбот ва ба далоил мудаллал менамуданд».114 Чунонки мебинем, ин љо оњанги сухани Садри Зиё ба куллї дигар аст. Дар «Тазкори ашъор» сухани ў нарм аст, ў муфтї Икромро ситоишу муаррифї мекунад, сифатњо ва фазлу камоли ўро баён менамояд, то ба муноидон љавоб гуфта бошад. Аммо дар ин пораи насрї бо њиссу њаяљон ва сўзу гудоз ќалам рондааст. Ин љо матонати сухани Садри Зиё монанди устувории муфтї Икром дар мубориза аст. Чун бо густариши равшангарї мубориза тезу тунд шудан гирифт, бо «уламои сўъ ва кордорони шум» талош кардан хеле душвор буд. Медонем, ки бо љоњилон бањс кардан, маталберо исбот намудан чунон душвор аст, ки тавон гуфт, имконпазир нест. Љоњил љоњилона фарёд мекунад ва касе наметавонад ўро хомўш намояд, суханеро ба ў маъќул кунонад. Аз ин рў олимон аз бањси љоњилон худдорї мекунанд. Дар ибтидои садаи бист дар Бухоро танњо муфтї Икром чунон љасорат ва ќувваи ботинї дошт, ки беибо ба маъракаи љоњилон медаромад, бо онњо бањс мекард ва оќибат њамаро мулзам менамуд. Танњо домулло Икром чунин љалодату шуљоат дошт. Дар нимаи дувуми ќарни 19 домулло Абдушшакури Оят — падари Садри Зиё соњиби чунин љасорат будааст. Муфтї Икром шогирди Абдушшакури Оят буд115 ва шояд аз устод низ љасорату шуљоат омўхта ва идомакори устод бошад. Њар асру њар замоне чунин яккатозони майдони талошњои маънавї доштааст. Мардони майдони адолатљўї ва равшангарї дар чанд асари Садри Зиё низ ба љавлонанд. Аз ин рў «Тазкори ашъор» аз дигар тазкирањо чунин тавофуте дорад, ки силоњи мубориза дар майдони маорифпарварист, равшангаронро дар арсаи талош ќувват медињад. Тибќи талаботи жанри тазкира (агар тазкираро як жанри адабиётшиносї гуфтан љоиз бошад) на нигориши ќањрамонњо, балки тавсифу ситоиши онњо ва таблиѓу ташвиќи маорифпарварї бештар ањамият пайдо кардааст. Он солњо чигунагии муборизаи муборизонро бисёрњо медонистаанд, маънидоди фаъолияти онњо, васф ва дастгириву тарѓиби ѓояњои маорифпарварї бештар ањамият дошта ва «Тазкори ашъор» чунин рисолате доштааст. Аз ин љо посухи он пурсиш ба даст меояд, ки чаро маъмурони амир соли 1918 чун Садри Зиёро ба зиндон мебурданд, дар байни чанд асари ў дастнависи «Тазкори ашъор»-ро низ сўзонданд. Ба назар мерасад, ки «Тазкори ашъор»-ро ба унвони як намуна аз таблиѓу ташвиќи маорифпарварї, ба сифати як силоњи дасти маорифпарварон, ки бар зидди љањолатпешагон кор мекард, ба кўи нестї фиристодан хостанд. Чунонки гуфтем, чунин вазифа ки дар «Тазкори ашъор» иљро шудааст, Садри Зиё дар баъзе осори дигари худ, чунончи дар «Фузалои мутааххирин», «Шуарои мутааххирин», «Тазкиратушшуаро»-и наср, «Наводири зиёъия», «Набзе аз гузоришоти ањволи бандаи шикастабол» ва ѓайра низ адо намудааст. Ин асарњо ба наср навишта шуда, на танњо ситоишу тавсифи уламову фузалову шуаро, балки љузъиёти мушаххасеро аз фаъолияти амалии эшон низ ёдовар шудаанд. Порае, ки дар боло дар бораи муфтї Икроми Акрам ба наср овардем, аз чунин асарест. Баъзеи ин асарњо пас аз инќилоби 1920-и Бухоро ба ќалам омадаанд ва нигоранда бештар имкон доштааст, ки аз баёни тафсилоти мушаххас худдорї накунад ва хеле ошкоро ќалам биронад. Ин асарњо дар мавридњое маълумоти «Тазкори ашъор»-ро хеле такмил медињанд. Ба ин ваљњ равоншод Сањобиддини Сиддиќї порањое аз ин осори насрии Садри Зиё гирд оварда буд, то ба матни «Тазкори ашъор» илова намояд. Њамин порањои гирдовардаи С. Сиддиќї њангоми омода кардани чопи «Тазкори ашъор» «Замимаи 2»-ро ташкил карданд. 114 115
Тазкори ашъор, замимаи 2, сањ.286. Ниг.: Тазкори ашъор, сањ. 41.
63
Асарњои зикршуда, ки порањояшон дар «Замимаи 2» омадааст, баъзе рўйдодњо, њикоятњои ширин, љузъиёти воќеањо, андешаву мулоњизаронињое, ки дар ин порањо мебинем, ба гумони ќавї аз сўњбатњое, ки дар мањфили адабии Садри Зиё барпо мешуд, сарчашма мегирад. Устод Айнї гуфта буд, ки «дар маљлисњое, ки дар хонаи Шарифљонмахдум барпо мешуд.., аз бадкирдорињои роњбарони њукумат ва калонони њамон замон шикоят мерафт, инчунин хубињои баъзе касони намоён њам зикр меёфт».116 Устод дар љои дигар гўшрас меоварад, ки ањли мањфили адабии Садри Зиё «њамеша як навъ њаракатњои оппозиитсионї нишон медоданд».117 Яъне норозигї аз тартибот ва зимомдорони замон, зикри хайри онњое, ки бар зидди помол шудани адолати иљтимоъї, бар зидди љањолату хурофотпарварї мубориза мебурданд, аз мавзўъњои асосии сўњбатњои мањфил буд. Агар гўем, ки њамин сўњбатњои мањфили адабї дар он порањои «Замимаи 2» истифода гардидааст ё таъсири он сўњбатњо зиёд эњсос мешавад, шояд хато накарда бошем. Чанде аз порчањои «Замимаи 2» моломол аз падидањои муборизаи сахти маорифпарварон аст. Бештарини он порчањо бо таљрибаи рўзгорон, бо диди иљтимоъии нигоранда, бо љандалаву љонсупорињои равшангарон сахт вобастагї доранд. Дар бархе аз онњо фањмишу шинохти иљтимоъии нав, ки аз инќилоби Бухоро њосил гардид, гоњ каме ва гоњ хеле акс андохтааст; барои ин ки таљрибаи маорифпарварї дар партави замони инќилоб ва дигаргунињои иљтимоъиву сиёсї амиќтар фањмида шавад, мусоидат кардааст. Дар тањрири пасазинќилобии «Тазкори ашъор» ва баъзеи дигар осори Садри Зиё пайкору пархоши маорифпарварон - он соњибдилони сарбаланд ва хизматгузорони фидокори миллат њамоно идома дорад. Нигоранда бо анљом додани тањрири тозаи асарњои худ низ њанўз муборизаи худро давом медод. Дар сафањоти осори ў рўњи поки ду-се насли муборизон њозир ва њанўз ба љавлон буд, то умед аз оянда бар бод наравад. Равшангарон барои оянда, барои растагории миллат љањду љадал доштанд ва «Тазкори ашъор» барои нерў афзудани ин муборизон ёрмандї мекард. 4 Як масъалаи муњим, ки аз «Тазкори ашъор» пеш меояд ва ба аќидаи банда тањќиќи махсуси он дар адабиётшиносї зарур аст, масъалаи «шеъри нав» аст. Садри Зиё бар ин бовар аст, ки дар замони ў, яъне аввалњои ќарни 14 њ.ќ., ки баробари охирњои ќарни 19 ва оѓози ќарни 20 м. хоњад буд, дар адабиёти форсии Мовароуннањр шеъри нав ба вуљуд омадааст. Маълум нест, ки ў адабиёти форсии тамоми Мовароуннањрро ба назар дорад ё не, вале дар ин ки манзури ў њавзаи адабии Бухорост, шак наметавон овард. Масъалаи «шеъри нав» аз аввали «Тазкори ашъор», аз боби якум — «Зикри њоли муаллиф ва баёни сабаби таълифи «Тазкори ашъор» пеш гузошта шудааст. Тасаввуре ба миён меояд, ки яке аз сабабњои таълифи «Тазкори ашъор» муаррифии шеъри нав аст. Ў мегўяд: Намоям зи шоирфанон интихоб, Кунам зикрашон зинати ин китоб, Аз он софтабъон, ки худ моњиранд, Валекин рањи шеъри нав биспаранд.118 Аз байти дувум њатто мумкин аст пиндоре пайдо шавад, ки соњиби тазкира аз «софтабъони моњир» фаќат онњоеро, ки «рањи шеъри нав биспаранд», интихоб намудааст. Аз шиносої бо «Тазкори ашъор» ошкор мегардад, ки сарояндагони «шеъри куњан» низ ба ин тазкира даромадаанд. Чунончи дар боби Гулшанї мегўяд, ки ин шоир «дињад ёд аз С. Айнї. Куллиёт, љ. 7. Сањ. 26-27. С. Айнї. Куллиёт, љ. 1. Сањ. 33. 118 Тазкори ашъор, сањ. 25. 116
117
64
шоирони куњан». Дар «Тазкори ашъор» баъзе шоирони дигар низ монанди Гулшанї аз «шоирони куњан» мебошанд. Яъне дар «Тазкори ашъор» њадди аќал аз ду навъи шеър намуна омадааст, ки якеро худи Садри Зиё «шеъри нав» номидааст ва дигареро ба ин ќиёс «шеъри куњан» метавон номзад кард. Бисёре аз мо адабиётшиносон (ва шоирон низ) ба ин пиндор будем, ки шеъри нав дар адабиёти форсии тољикии Варорўд аз солњои шастуми садаи бистум пайдо шуд ва аз Эрону Афѓонистон ба Тољикистон омада, ин љо боз вежагињое пайдо кард. Аммо аз «Тазкори ашъор» маълум мешавад, ки истилоњи «шеъри нав» дар адабиёти тољикї аз солњои 19051907 вуљуд доштааст ё ки аз тањрири дувуми «Тазкори ашъор», яъне аз дањаи бисти садаи бист пайдо шудааст. Пас оё ин аќида дуруст аст? Оё он чиро, ки Садри Зиё шеъри нав номидааст, дар њаќиќат имрўз њам метавонем чунин номгузорї бикунем? Барои посух гуфтан ба ин пурсиш бояд шеърњоеро, ки Садри Зиё чун намунаи «шеъри нав» овардааст, аз назар гузаронем ва он гоњ ба гумони мо ошкор мегардад, ки аќидаи ў њаќиќат дорад. Таърифи «шеъри нав» дар «Тазкори ашъор» нест ва дар дигар навиштањои ў њанўз ба назар нарасидааст. Дар «Тазкори ашъор» низ истилоњи «шеъри нав» як бор дар боби якум дар байте, ки болотар овардем, ба дид омад. Дар мавридњои дигар муродифњое аз ќабили «услуби тоза» ва «тарзи љадид» ва ѓайра ба кор рафтааст. Маънои ин истилоњот маълум шавад, маънои «шеъри нав» низ равшан хоњад гардид. Бояд бубинем, ки ин истилоњот нисбат ба чи гуна шеърњое корбаст омадааст. Аз љумла дар боби Ањмадљон-махдуми Абўсаъидзодаи Њамдї як шеъри ў чунин муаррифї шудааст: «Ин ѓазали рангин ба услуби тоза ва тарзи љадид зодаи табъи ибни Абўсаъид»: Рўйи чаманат хандазани Пориљу Маскав, Мўи заќанат таънадењи Ботуму Варшав. Дар тозагї, эй рашки бутони загаронич,119 Дар чобукї, эй ибрати хубони фаронсав. Дар давлати њусни ту намуд он ки хиёнат, Дар мањкамаи кањри ту афтод ба тиргав120. Абрўйи ту зинатдењи мењроб ба масљид, Гесўи ту ошўби чалипост ба чиркав.121 Њамрахти рухи содаи ту суффи Таќиев,122 Њамтои танат пахтаи кантўри Бурислав.123 Эй атру гул аз накњати мўи ту парастуй124, Аз тобиши рўят гули атрї шуда фалшав.125 Дар ишки ту машњури љањонем ба сайёз,126 Дар мењри ту маќбули замонем ба сайлав.127 Чун нест ба мо дигар аз ин кофия, Њамдї, Бояд ки заказ карда биёрем зи Маскав. Дар ин ѓазал «услуби тоза» ва «тарзи љадид» бо мафњумњои нав, ки дар зиндагии мардум пайдо шудаанд, вобастагї дорад. Номњои наве чун Маскав, Пориљ (Париж), Варшав, Братислав, ки баъзе аљибу ѓариб ва ѓайриодї менамуданд, калимањое чун «кантўр» (контора), «загронич», «заказ» (заказ карда овардан) ва ѓайра њама рамзи њаёти тоза, муносибатњои нави фарњангї ва иќтисодї ва сиёсиву иљтимоъї мебошанд, ки пас аз тасарруфи Русия Мовароуннањрро пайдо шуда, аз иќтисоди бозаргонї ва муносибатњои
Загронич — русии заграничный, яъне хориљї. Тиргав — ба ўбакї тафтиш. 121 Чиркав — русї. Церковь, яъне ибодатгоњ. 122 Таќиев — номи соњиби як корхонаи Боку, ки суфаш дар Мовароуннањр шўњрат доштааст. 123 Бурислав — Борислава-номи шањре дар Лањистон. 124 Парастуй-русї: простой, яъне одї. 125 Фалшав — руси: фальшивый, яъне сохта, сунъї, бадалї. 126 Сийёз — русї: съезд, яъне анљуман. 127 Сайлав — ўзбакї: интихоб, интихобот. 119
120
65
сармоядорї, ки ба вежа дар њудуди ду садаи 19 ва 20 ривољ ёфтан гирифт сар задаанд. Он љо ки мазмун поя бар навињои зиндагї ва рамзњои он дорад, «услуби тоза» ба миён омадааст. Садри Зиё дар бораи шеъри Садриддини Айнї мегўяд: Агар бингарї сар ба сар шеъри ў, Зи мазмуни пешин наёбї дар ў.128 Ин аст, ки мазмуни шеъри Айнї ба тамом нав будааст. Пас ин «мазмуни нав» иборат аз чї бошад? Нахустин шеъре, ки аз Айнї барои нишон додани мазмуни тозаи сурудањои вай оварда шудааст, як ќасидаи машњури ўст, ки «ќасида... фї-л-мусталањотилурфия» ном гирифтааст. Ин шеър дар китоби «Ёддоштњо»-и Айнї ба номи «Ќасидаи дањяк» омадааст.129 Дар «Тазкори ашъор» ин ќасида аз 84 байт иборат буда, чанд байти аввалааш (насибаш) ин аст: Боз ор зи бозор, шарик, аз пули дањяк Њалвову мураббову кабобу маю шўрак. Як халта пур аз соягиву пиставу бодом, Як ќуттї пур аз кўфтаву руставу пашмак. Асбоби тараб - чангу дутору маю танбўр, Лозим бувад имрўз ба зангу наю ѓиљљак. Дарёб дуњулзан, ки агар нест наќора, Мутриб натавон ёфт рањи зеру баму бак... Гармони Ѓулом ин њама оњанг надорад, Тайёр кун имрўз Ашур-ќозии думбак. Бе ёри накў нест тараб, зуд талаб кун, Он дилбараки хурдтараки ѓурраки шўхак... Њушёр шав, аз содадилї боз наёрї, Онро ки шуда содарух аз зирниху оњак... Сањро ба тамошову тараб нек бувад, лек Андар рањи сањро натавон рафт ба кўтак... Гар тангаи дањяк њама шуд харљ, махўр ѓам, К-имрўз намонї ба љањон бепулу пучак. Дар асри шањаншоњи карампеша, ки бахшад, Аз дирњаму динор ба њар бор дусад лак...130 Дар ин насиб «мазмуни нав» шояд иборат аз он бошад, ки шеър ба мавзўъи тозае гуфта шуда, падидањои зиндагии лоуболонаи муллобачагон (талабањои мадраса), ки базми дањяк оростан мехоњанд, номи ширинињо, асбоби мусиќї бархе созандагону сарояндагони машњуру номашњур ва ѓайра паи њам омада, њар кадоми онњо, ба вежа паи њам зикр шуданашон рўњияи шодмонї ва њазлу шўхї эљод мекунад. Вазни шеър ва оњанги сухан низ сабуку шўх аст ва он рўњияро таќвият мекунад. Бештарини номи ширинињо ва асбоби тараб ва ѓайра «мусталањоти урфия»-анд, яъне аз гуфтори одї ва гўиш гирифта шудаанд ва бархе он гоњ ба забони адабї њанўз вуљуд надоштанд. Њангоми омода кардани чопи форсии «Тазкори ашъор» он вожањоро, истилоњот ва маљозњои мардумро эзоњ додан лозим омад. Њамин мавзўи нав ва лавњањои њаёти одии маъмулї, ки пеш ба адабиёт дохил нашуда буданд, инчунин унсурњои муњовароти урфї, ки нав ба забони адабї медаромаданд, дар ин ќасидаи Айнї нишонањои шеъри нав аст. Дар ин фасли «Тазкори ашъор» аз Айнї 17 шеър омадааст. Агар сабки шоир ва мўњтавои ин шеърњои ў тањлил шавад, ба назарам масъалаи ин ки Садри Зиё чиро шеъри нав гуфтааст, равшан мегардад. Садри Зиё инчунин гуфтааст, ки Айнї «тарзи хос» дорад. Ин таъкидро шояд ба он маънї бояд фањмид, ки Айнї дар доираи «шеъри нав» мавќеи хосеро соњиб аст. Агар аломатњои ин «тарзи хоси» Айниро муайян кардан хоњем, ба фањми мо аз њама пеш онро ба назар гирифтан лозим аст, ки шеъри ў бисёр содаву равон, сабуку хушоњанг, дар нињояти самимият аст. Шеъри Айнї тобишњои реалистии зиёд дорад ва банда дар як навиштаи худ аз унсурњои реалистї дар шеъри Айнї (шеъре, ки дар ду дањаи Тазкори ашъор, сањ. 152. Ниг.: С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 593-594. 130 Тазкори ашъор, сањ. 153-154. 128
129
66
нахустини садаи бист сурудааст) бањс ба миён оварда будам, ки шеъри ў ба реализми маорифпарварї, ба оѓозгоњи реализми аврупої наздик аст.131 Аз намунаи сурудањои шоирон, ки дар «Тазкори ашъор» зиёд омадааст, равшан аст, ки сабки сабуки мардумї, шеъри содаву равони дорои унсурњои гуфтори одї дар адабиёти форсии тољикї дар нимаи дувуми садаи 19 хеле ривољ ёфтааст. Аз намунаи сершумори шеъри Шамсиддини Шоњин ва Абдулмаљиди Музтариб ва дигарон, ки дар «Тазкори ашъор» омадааст, мебинем, ки сабукии мардумї ва унсурњои гуфтори одї матонату устувории сухани шоиронаро кам накардааст. Шеъри нав паст шудани мањаки шоирї нест, балки пайдоиши сифати тозаи эстетикист. Ба ин њаќиќат дар боло аз шеъри Айнї бовар њосил кардем. Дар баъзе мавридњо матонати сухан гўё андак паст шудааст. Чунончи дар ин шеъри Муњаммадсиддиќи Њайрат, ки дар «Тазкори ашъор» мисоли истифодаи «мусталањоти урфї» аст: Сањар ба кўи харобот турфа валвала шуд, Ба саъйи пири муѓон хуми май магар яла шуд. Манам, ки дину дил хуш доштам ваќте, Ба ѓорати нигоњу нозу ѓамзаат тала шуд. Ду рўз шуд, ки асират набуд љуз дили ман, Кунун хунобахўри наргиси ту як гала шуд. Сари калобаи ањволи марду зан гум гашт, Зи куфри турраи зулфи ту шањр њалњала шуд. Магар муолиљи Њайрат шавї зи нармии васл, Ки ногање шаби њаљри гузаштаат хала шуд.132 Оњанге наздик ба гуфтугўи одї, таъбиру маљозњои халќї ва калимањои мањаллие чун яла, гала ва ѓайра, ки дувуми инњо туркии ўзбекист, дар ин ѓазал унсури умдаи «шеъри нав» аст. Љуз ин, ѓазале аз Њайрат омадааст, ки «дар аѓлоти урфия» будааст. Матлаъи он ѓазал ин аст: Гашт дил волаву шайдои ту, майлаш-дия-е, Рехт хунам ба таманнои ту, майлаш-дия-е.133 Аз ибораи «аѓлоти урфї» манзур радифи ин шеър «майлаш-дия-е» мебошад. «Аѓлот» љамъи «ѓалат» аст. Яъне Садри Зиё таркиби «майлаш-дия-е»-ро аз ѓалатњои гуфтугўи одї мешуморад. Бо вуљуди ин, онро дар шеъри нав шояд љоиз дониста бошад, ки намуна овардааст. Ба њар њол унсурњои «муњовароти урфия», гуфтори омиёна, маљозњои халќї ва ташбењу истиорањои тоза, ки аз «муњовароти урфия» гирифта шудаанд, нахустин аломати «шеъри нав» дар «Тазкори ашъор» аст. 5 Итминон тавон дошт, ки истилоњи «мазмуни нав» њама мавзўъњои тозаеро, ки маорифпарварї ба адабиёт ворид овард, дар бар мегирад. Яке аз мавзўъњои замони нав мавзўи Ватан ва ватанпарварї буд. Вожаи «ватан» мазмуни иљтимоъї гирифт: на танњо зодгоњ ва бомгўаи падар, балки будгоњи миллатро чунончи марказњои бузурги фарњанг Бухоро ва Самарќандро низ ифода намуд. Бухорову Самарќанд ва фарњанги бостонии онњо (он чї имрўз тамаддуни бузурги шањрї меномем) мояи ифтихори маорифпарварон буд. Яке Ниг.: М. Шукуров. Насри реалистї ва тањаввули шуури эстетикї. Душанбе, Ирфон, 1987, сањ. 1556. 132 Тазкори ашъор, сањ. 81. 133 Њамон асар, сањ. 80. 131
67
аз бењтарин намунањои шеъри ватандўстї шеъри Абдуррауфи Фитрат бар васфи Бухорост, ки матлаъаш ин аст: Эй модари азизи ман, эй хиттаи Бухор! Эй бо ту ифтихораму в-эй бо ту эътибор!134 Мутаассифона, Садри Зиё нагуфтааст, ки «мазмуни нав»-ро ба чї маънї бояд фањмид. Лекин ба ин пурсиш аз шеърњое, ки ў мисол овардааст, посух ёфтан мумкин аст. Ба ин маънї, ки мавзўъи Мењан ва мењанпарварї аз муњимтарин рукнњои «шеъри нав» аст, аз он љо тавон пай бурд, ки дар фасли Айнї як шеъри ў бо номи «Дар мадњи Самарќанду Бухоро» омадааст. Ин шеър дар Куллиёти Айнї (љ. 8, сањ. 225-226) бо номи «Самарќанду Бухоро» дида мешавад ва нахустин бор дар маљаллаи «Шўълаи инќилоб» соли 1919 (№11) чоп шуда буд, вале аз эњтимол дур нест, ки пас аз њиљрати Айнї ба Самарќанд соли 1917 ё баъди ба дасти љаллодони амири Бухоро кушта шудани додари ў Сирољиддин, яъне соли 1918 гуфта шуда бошад. Аммо ба «Тазкори ашъор» кай дохил шудани он маълум нест. Ба њар њол ба «Тазкори ашъор» дохил шудааст ва ин аз чанд љињат ањамият дорад. Якум. Ба «Тазкори ашъор» дохил шудани шеъри «Дар мадњи Самарќанду Бухоро» гувоњї медињад, ки ин ду шањри бузург, инчунин мавзўи Ватан ва дирўзу имрўйи он аз муњимтарин мавзўъоти маорифпарварї будааст ва аз ин рў шеъри мазкур ба охири фасли Айни илова гардидааст. Аз шеъри зикршудаи Фитрат ва ин шеъри Айнї ошкор мегардад, ки дар ду дањаи аввали садаи бист ёди таърихї мўњтавои тозаи иљтимоъї пайдо карда ва амиќ рафта, ба мояи ифтихори миллї табдил ёфта, ба раванди худшиносии таърихиву фарњангии миллат мусоидат намудааст. Шеър ин тавр шурўъ шудааст: Њаббазо, шањри Самарќанди бињиштитимсол, Љуз бињишташ ба тароват натавон ёфт мисол. Шоир пас аз њафт байт ба ситоиши Бухоро мегузарад: Ин њамон мулки Бухорост, зи љањди ањлаш, Манбаъи илм ба ислом шуда чандин сол. Ба фикри мо, агар ин ифтихори ватандўстона ва ѓамхорї дар њаќќи Ватанро як мавзўъи «шеъри нав» дар ду дањаи аввали садаи бист бишуморем, аз тасаввуроти Садри Зиё дур нахоњем рафт, баръакс ба он наздик хоњем шуд. Дувум. Он мавзўи анъании адабиёти форсї-тољикї, ки шикоят аз замон ва поймол шудани адолати иљтимоъї ва афзоиши љавру зулм аст дар њамбастагї бо мавзўи ватан ва ифтихори миллї маънои наве пайдо кард ва он маънои нав ин аст, ки як мавзўи муњимми иљтимоъиву сиёсї бештар бо тобиши маънавї ба љилва омад. Мавзўи Ватан ва ифтихори миллї (ифтихор аз ин ки Бухоро ва Самарќанд дар тўли асрњо маркази илму фарњанг буданд, ифтихор аз Имоми Бухорї ва Ибни Сино ва Абўлайси Фаќењ, аз Сомониён ва эњёи маънавии даврони Сомонї), мавзўи ёди фарњангї ва таќвияти њисси миллї мавзўъњои вобаста ба маънавиятанд ва бо мавзўъњои иљимоъиву сиёсии замон омехтани онњо чунин натиља дод, ки ормон (идеал)-њои маорифпарварї бунёди маънавии адабиётро ќувват дод. Инро аз он љо мебинем, ки дар шеъри мазкури Айнї шикоят аз замон ва беадолатињои он бо ифтихори миллї ва њофизаи фарњангї як шуда, тобиши тозаи аљибе гирифтааст. Шикоят аз замон дар шеъри устод бо нерўйи азиме садо медињад: Мењру шафќат ба љањон нест, агар њаст, риё, Одамият ба замон нест, агар њаст, хиёл. Мил бар дида гузоранду бигўянд: хамўш, Тир бар сина халонанду бигўянд: манол. 134
Ниг.: Намунаи адабиёти тољик., сањ. 533.
68
Ёрмандї ба банї-навъ бидонанд њаром, Хуни ислом ба ислом бидонанд њалол. Њокими шаръ мутеъ аст ба амри авбош, Муфтии шаръ асир аст ба дасти арзол. Њукми такфири мусулмон биситонанд ба зўр, Амри татњир зи исён бифурўшанд ба мол. Њоли мо сахт парешон шуда, эй фахри расул, Дастгирї накунї, зуд яќин аст завол. Чашми лутфе тарафи олами ислом фикан, Дасти мењре ба сари уммати мазлум бимол.135 Дар худи ин байтњо њам зулми иљтимоъї гоњ масалан, он њангом, ки сухан аз шариъатфурўшї ва такфир меравад, обу ранги маънавї мегирад ва ба зулми маънавї табдил меёбад. Аммо ин байтњо бо байтњои боло, бо гузаштаи пурифтихори Самарќанду Бухоро, бо номи Имоми Бухорї, Ибни Сино, Абўлайс ва Сомониён алоќаманд шуда, дарунмояи маънавии рўњияи ситамситезиро яке бар чанд меафзоянд. Моњияти маънавї пайдо кардани мафњуми ситам ва ситамситезї дар адабиёти маорифпарварї чунин маънї дорад, ки мафњуми «зулми иљтимоъї» танњо бо азоби љисмонии инсон мањдуд нашуда, маънии амиќтаре гирифта ва љањони рўњонии инсонро низ дар бар овард. Банда дар љои дигар бо мисоли «Рўзнома»-и Садри Зиё гўшрас оварда будам, ки дар адабиёти маорифпарварї мафњуми зулм бештар аз категорияи иљимоъї ба категорияи маънавї гузаштааст ва ин аз амиќрафти биниши иљимоъии равшангарони тољик дарак медињад.136 Дар натиља инсонгарої ва гуманизм маънои баландтар ва амиќтар ба худ гирифт. Он љо чунин ёдовар шуда будем, ки адабиёти шўравї аз ин роњ гашт. Дар адабиёти шўравї мафњуми зулм танњо маънои иљтимоъї дошта, њамин маънои иљтимоъї њам тангтар шуда, ба маънои зулми иљтимоъии синфї меояд ва то «Ёддоштњо»-и Айнї аз ранги маънавї ба тамом ориву барї буд. Ба ин маънї адабиёти шўравї аз адабиёти маорифпарварї хеле дурї љуста, аќиб рафт. Адабиёти маорифпарварї њастии љисмониву рўњонї ва моддиву маънавии инсонро њамбастаи якдигар ба баррасї гирифта буд. Ин њамбастагї гувоњї медињад, ки ормонњои зебоишинохтї (идеали эстетикї)-и маорифпарварони тољик хеле баланд рафта буд. Инъикоси болорафти меъёрњои маънавї ва ормонњои зебоишинохтии маорифпарварї дар асар яке аз нишонањои «шеъри нави» форсии тољикї дар ду дањаи аввали садаи бист аст. Ба ин њаќиќат пештар аз њама аз «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё бовар њосил мекунем. Дар охир инро низ бигўем, ки шеъри Айнї «Дар мадњи Самарќанду Бухоро» дар «Тазкори ашъор» 29 байт дорад, аммо дар Куллиёти Айнї 22 байт аст. Тартибдињандагони љилди 8-и Куллиёт Салоњати Айнї, Холидаи Айнї ва Камоли Айнї дар тавзењот хабар додаанд, ки аз матни ин шеър байтњои 5,14,19,26,28, яъне 5 байтро ихрољ кардаанд.137 Сабаби ин ихрољ шояд мазмуни динии байтњо бошад. Агар ба матни Куллиёт он 5 байти ихрољшударо низ илова кунем, матн иборат аз 27 байт хоњад шуд. Яъне дар ин сурат њам матни ин шеъри Айнї дар «Тазкори ашъор» ду байт бештар дорад. Инро барои муњаќќиќони шеъри Айнї гўшзад меорем. Ѓайр аз ин, баъзе байтњо дар «Тазкори ашъор» аз Куллиёт фарќ доранд. Инро низ ба назар гирифтани мо даркор аст. 6 Барои фањмидани ин ки мафњуми «шеъри нав» дар «Тазкори ашъор» чи пањлўњо дорад, ба назари мо, фасле ки дар бораи Абдуррауфи Фитрат аст, љолиб менамояд. Шарњи њоли Абдуррауфи Фитрат дар «Тазкори ашъор» аз ду бахш иборат аст: бахши кўчаке ба солњои љавонї («бадви њол»)-и ў ва бахши бештаре ба солњои ширкати вай ба инќилоб ва дар њайъати њукумати љумњурии Бухро бахшида шудааст. Оњанги сухан дар ин Тазкори ашъор, сањ. 1601-61. Ниг.: Муњаммадљони Шакурии Бухорої. Садри Бухоро, Тењрон, Маркази аснод ва таърихи дипломусї, 1380 њ.ќ.=2002 м., сањ. 61-62. 137 Ниг.: С. Айнї. Куллиёт, љ. 8, сањ. 481. 135
136
69
ду бахш аз њам ба куллї фарќ мекунад, хилофи якдигар аст. Дар бахши якум аз фаъолияти маорифпарварї ва шеъри иљтимоъии ў бо хайрхоњї ва оњанги ќабулдошт сухан рафта, дар бахши дувум марому маслаки Фитрат, дурусттар он ки бемаслакї ва беимонии вай сахт танќид шудааст. Аз бахши якуми ин фасл баъзе нишонањои «шеъри нав»-ро тавон дид. Садри Зиё албатта бо назардошти он шеърњои Фитрат, ки дар маљмўаи «Сайња» соли 1329=1911 чоп шуда ба гуфти Айнї «ба хонандагон чун ќувваи электр таъсири сареъ ва ќавї» кардааст,138 дар бораи фаъолияти маорифпарварї ва адабии ў чунин мегўяд: Ба ашъори миллї, ба эњкоми дин, Ба эњёи суннат, ба рои матин. Ба аъдои миллат басе ќилу ќол Намудї ба сад љањд дар бадви њол.139 Ин љо вожаи «миллат» комилан маънои иљтимоъї дорад ва «ашъори миллї» ба фањми мо ашъореро гуфтааст, ки дарди дили миллатро мегўяд, бо душманони миллат мељангад, барои эњёи анъанањои мазњабиву маънавии миллат хидмат мекунад. Ин маънидод аз он ду байти Садри Зиё њосил мешавад ва фањмиши ўро ифода мекунад. Аз ин мебарояд, ки Садри Зиё ба шеъри иљимоъї ва фаъолияти маорифпарварии Абдуррауфи Фитрат бисёр бањои баланд додааст. Устод Айнї њам ба Фитрат чунин бањо дода ва гуфта буд: «Дар таърихи инќилоби Бухоро Фитрат ва асарњои вай мавќеи муњимме доранд»140. Аз он чи ин љо Садри Зиё гуфтааст, ибораи «аъдои миллат», яъне душманони миллат ба назари мо хеле муњим метобад. Шоир киро «аъдои миллат» мегўяд? Ба диди ў «душманони миллат» кињоянд? Посухи ин пурсишро ба фикри мо бояд аз он љо биљўем, ки Абдуррауфи Фитрат то соли 1917 ба муќобили кињо мубориза мекард. Аз асарњое, ки Фитрат дар дањаи дувуми садаи бистум ба форсии тољикї навиштааст (яъне ба љуз чизњое, ки шояд ба туркии усмонї навишта ва дар Туркия чоп карда бошад, ки мо аз онњо њанўз огоњї надорем), яъне аз назму насри онваќтаи ў маълум аст, ки њама фаъолияти равшангарї ва сухани бадеъии ў ба муќобили зулми иљтимоъї ва љањлу љањолат, бар зидди њукуматдорони бесалиќа ва ноинсоф, уламои манфиатљўву худѓараз ва муллоњои љоњил, бар зидди онњое, ки андешаи миллї надоранд ва монеъи пешрафти миллатанд, равон шуда буд. Њаминњоянд, ки Фитрат њадафи тири адоват ќарор дода буд. Пас њаминњо «аъдои миллат»анд. Он ду байти боло хоњ пеш аз инќилоб навишта шуда бошад, хоњ пас аз инќилоб, аз он љињат муњим аст, ки Садри Зиё душманони равшангариро «аъдои миллат» медонад ва њол он ки худи ў њам аз равшангарон буд ва низ бо «аъдои миллат» пайкор дошт. Пас пархоши Садри Зиё ва Фитрат ва њаммаслакоти онњо на рўйдоде хусусї, балки бахше аз муборизаи роњи растагории миллї буд. Ин фањмиш аз он љињат муњим аст, ки Садри Зиё монанди баъзе маорифпарварон (на њамаи онњо) моњияти таърихии муборизаи худро амиќан дарк намудааст. Хулосаи дигар аз ин љо њамин аст, ки адабиёти тољикии ду дањаи оѓози ќарни бист адабиёти миллї шуда истода буд. Пайдоиши истилоњи «ашъори миллї» аз њамин њаќиќат гувоњї медињад. Мо аз бобати пайдоиши адабиёти миллї дар дигар як навиштаи худ сухан рондаем ва њоло њамин ишораро басанда медонем. Ин љо сазовори таъкид он аст, ки Садри Зиё њамаи ашъори иљимоъии Фитратро, яъне ќариб тамоми ашъори мављудаи ўро ба љуз ашъори ишќии ў, ки дар аввали кор бо тахаллуси Миљмар гуфта буд, шеъри нав ба шумор меорад. Инро ў худ нагуфтааст вале ба ќиёс тавон пай бурд. Ў шеъреро, ки мазмуну мўњтавои тозаи замонї дорад, шеъри нав номидааст ва њол он ки ашъори Абдуррауфи Фитрат њама дар мавзўъу мазмун мањсули замони нав буданд. Чунонки дар болоњо дидем, дар «Тазкори ашъор» на танњо унсурњои гуфтугўї (њатто «аѓлоти урфї»), маљозњои мардумї, ташбењу истиорањои нави њаётї,
138 139
С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, Душанбе, «Адиб», 1987, сањ. 102. Тазкори ашъор, сањ.116.
70
мазмуну мавзўъњои тоза, ки ба замони нав ва ормонњои маорифпарварї вобастагї доранд, аз љумла њиссиёти мењанпарварї ва мадњи Самарќанду Бухоро ва монанди инњо мутааллиќ ба «шеъри нав» дониста шудаанд. Модомки чунин аст, ки ба маънои иљтимоъии миллат, ба ин мафњуми нави садаи бист алоќаманд аст ва дарду аламњои миллатро баён мекунад, шеъре, ки силоње дар љанги бо «аъдои миллат» аст, барои «эњкоми (устувор кардани) дин» ва «эњёи суннат» мусоидат менамояд, низ бояд мутааллиќ ба «шеъри нав» дониста шавад. Мантиќи андешаронињои соњиби тазкира њамин аст. Бинобар ин дар ќисми намунањои шеъри Абдуррауфи Фитрат як мусаддаси ў оварда шудааст, ки дар бораи дини мубини ислом дар ќарни бист ва зарурати устувор кардани пояњои ислом аст. Мавзўи дин ва ашъори мазњабї дар адабиёти форсии тољикии садаи 19 ё 20 чизи нав набуд, балки анъанањои бостонї дошт, лекин шикасти кишварњои исломї дар љангњои бузург ба он тарз ки дар садаи 20 рўй дод, як рухнамуди бадфарљоми замони нав талаќќї шудааст. Дар њаќиќат ин шеъри Фитрат худ як рухдоди муњим дар адабиёти форсии тољикии садаи бист аст, ки эњсосоти мазњабии мардумро ба тарзи нав ва хеле пурсўз ифода месозад. Шоир ањли Исломро ба муборизаи сахт даъват мекунад. Эй уммати Муњаммад, эй бандаи Худой, Дини ту мондаст њаме дар доми бало. Бархез, то ману ту зи бањри наљоти ў, Созем молу љону сари хеш фидо. Ё љон дињем дар рањи Ислом мардвор, Ё мурдавор љой бигирем дар мазор.141 Чунин шеър худ як намуна аз пархошњои роњи эњёи миллї, роњи эњёи анъанањои маънавии миллат, намунае аз муборизаи миллии озодихоњии мардумии тољик буд. Чунин шеъри олиро, ки натиљаи муборизаи озодихоњии миллї буда, эњсосоти баланди муборизонро ифода кардааст ва навињое дар шакл, чунончи дар ќофиябандї низ дорад, њаќ дорем шеъри нав бигўем. Банда бовар дорам, ки Садри Зиё низ онро чун намунаи шеъри нав овардааст. Аммо маснавии «Мавлуди шариф», ки низ чун намунаи эљодиёти давраи маорифпарварии Фитрат омадааст, албатта шеъри маорифпарварист, вале шеъри нав нест. Ин асар њам дар мазмун ва њам дар шакл шеъри анъанї буда, аз ин ки дар эљодиёти баъзе шоирон, шояд дар осори бештарини онњо, аз љумла дар эљодиёти Фитрат пеш аз инќилоб тарзи нав ва анъанї баробар вуљуд дошт, гувоњї медињад. Шояд дар байни сурудањои шоироне, ки «рањи шеъри нав биспаранд», шеъри кўњан зиёдтар бошад. 7 Дигар намунањои шеъри нав низ аз «Тазкори ашъор» шояд ёфт шавад. Бархе аз падидањои он аз њавзаи адабии Самарќанд, Истаравшан, Хуљанд, Њисор ва ѓайра дар ду дањаи аввали садаи бист ё пештар аз он шояд ба даст ояд. Ба назари банда њоло роњи љустуљўи падидањои гуногуни «шеъри нав» аз адабиёти тољикї боз аст. Њоло натиљагирии мо бояд ин бошад, ки Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» нишонањои «шеъри нав»-ро нагуфта бошад њам, муњим он аст, ки аз пайдоиши он мужда расонидааст, намунаи зиёде аз он чунон интихоб кардааст, ки аз онњо хусусиятњои шеъри навро дидан мумкин аст. Аз ин намунањо ва аз баъзе ишорањои Садри Зиё ошкор аст, ки «услуби тоза» ва «тарзи љадид» ва «сабки нав» падидањои гуногун дорад. Мо дар боло аз байни ин падидањо истифодаи «муњовароти урфия» ва мазмуни нав (акси мазмуни пешин — «зи мазмуни пешин набинї дар ў») ва эњсосоти иљтимоъии тоза чун мењанпарварї ва ёди фарњангї (њофизаи маданї) ва ифтихори миллї ва мубориза дар роњи «эњкоми дин» ва «эњёи суннат» (яъне эњёи мазњабиву маънавии миллат), ќолабшиканї дар сохтори шеър, ќофиябандии нав (аз ќабили: аабавв дар шеъри Абдурауфи Фитрат «Љанги Болќон»)-ро 140 141
С. Айнї. Њамон асар, сањ. 111. Тазкори ашъор, сањ. 168.
71
дидем. «Шеъри нав» аз нахуст як мафњуми пургунљоиши гуногунпањлў будааст ва бисёр дигаргунињоеро, ки љунбиши маорифпарварї ба мазмуну шакли шеър ворид овард, дар бар мегирифтааст. Шеъри нав яке аз муњимтарин бозовардњои маорифпарварї дар адабиёт буд. Гумон мекунам, акнун њаќ дорем аз доираи «Тазкори ашъор» андак сар берун бикашем ва боз як намунаи «шеъри нави» он солњо (ду дањаи аввали садаи бист)-ро, ки Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» зикр накардааст, ба мутолиа бигирем, то тасаввури мо дар ин масъала пурратар бошад. Банда соли 1997 дар як маќолаи худ таъкид карда будам, ки дар дањаи якуми садаи бистум кўшиши дигаре њам дар ќолабшиканї рўй дода, дар вазни шеър низ дигаргуние пайдо шуда будааст142. Банда он љо ин ќитъаи Садриддини Айниро, ки соли 1324 њ. ќ. = 1907 м. гуфтааст, оварда будам, ки вазни мисраъњои он баробар нест: Субњоноллоњ, Имрўз ба мо њодисае саъб расид, гаштем хароб Аз хоњиши чархи фалаки дўлобї. Оњи бепоён каш, пурсанд чї њол? Баргўй: бад њол! Љангидани ѓиљдувониву кўлобї, ин аст љавоб.143 Ин шеър шояд дар замонаш шўњрат надошта бошад, ки ќолабшикании сарояндаи он аз назари Садри Зиё ва дигарон дур мондааст. Ва њол он ки хеле љолиб аст. Љолибият иборат аз он аст, ки ин шеър ба вазн рубоъї, ба ќофиябандї ќитъа аст. Агарчи ба вазни њазаљи мусаммани ахраби макфуфи абтар (ва маљбуб) омада аст, рубоъї нест, чаро ки ќофиябандии он ба таври ќитъа мебошад. Фиќраи мустазоди он низ гўё ќофиябандии номаълум дорад. Мисраъи дувум мустазод нест, дурусттар он ки фиќраи мустазоди он дар аввали шеър омадааст, ки «субњоноллоњ» аст. Яъне ќоидаи мустазод вайрон шудааст ранге ѓайри чашмдошт гирифтааст. Гумон меравад, ки ин љо устод Айнї ќолабшикании љасурона зоњир намудааст. Ќатъи назар аз он ки монанди ин шеъре дар адабиёти форсии тољикии дањаи якуми ќарни бистум ё пеш аз он ва ё пас аз он вуљуд дошт ё не, њатто дар сурате ки њамин яке будаву бас, кўшиши ќолабшиканї, кўшиши навоварї дар вазну ќофияро ќадаме ба сўи он чи «шеъри нав» номидаанд, метавон донист. Агарчи ин кўшиш њанўз чандон натиљае надодааст, аз он љињат ањамият дорад, ки аз сар шудани љустуљўи роњхои навангезї огоњї медињад. Гуфтанист, ки имрўз адабиётшиносони Эрон низ нисбат ба он ќитъарубоии мустазоди устод Айнї таваљљўњ зоњир карданд144. Бегумон ин шеъри устод, дигар шеърњое, ки Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» ба унвони шеъри нав овардааст ва ѓайри он агар бо шеъри форсии Эрону Афѓонистони оѓози садаи бист муќоиса шавад ва ба алоќамандї баррасї гардад, натиљањои муњимме барои таърихи адабиёти форсии муштараки мо ба даст хоњад омад. 8 Шеъри нав дар адабиёти маорифпарварии тољикони Мовароуннањр оќибат ба ѓояи инќилобї расид ва баландтарин нуќтаи инкишофи шеъри нави маорифпарварии тољикї шеъри инќилобист. Ба аќидаи мо шеъри машњури Садриддини Айнї «Суруди озодї» (ё «Марши њуррият»)-ро баландтарин ва охирин дастоварди шеъри нави маорифпарварии тољикї метавон ба њисоб гирифт.
142 Ниг.: Муњаммадљони Шакурї. Сайри адабии Садриддини Айнї ва марњалањои он. «Номаи Фарњангистон»(-и забону адаби форсї), соли севум, пойизи 1376 њ.ќ.= 1997 м., №11, сањ. 81; Љашнномаи Айнї, љ. 9. Душанбе, Дониш.. 2002, сањ. 49-50. 143 Айнї. Куллиёт. Љ. 8. Сањ. 167. 144 Ниг.: Алиасѓари Буванди Шањриёрї. Сайри тањаввули шеъри нав дар адабиёти тољикї, рисолаи номзадї (дуктуро), дастнавис, Тењрон — Душанбе, 2002, сањ. 48-49.
72
Ин шеър низ дар «Тазкори ашъор» нест. Бо вуљуди ин, бояд онро аз назари баррасї бигзаронем, зеро бањси шеъри нави тољикиро бидуни ин сурудаи Садриддини Айнї наметавон ба љое расонид. Садридддини Айнї «Суруди озодї» («Марши њуррият»)-ро соли 1918, яъне пас аз пирўзии инќилоби севуми Русия (октабри соли 1917) дар Самарќанд ба ќалам гирифтааст. Рўзи љашни нахустин солгарди таъсиси њокимияти шўравї шогирдони Айнии омўзгор онро суруда ба љашнгоњ омада буданд. «Суруди озодї» ба њавои «Марселйеза» — суруди инќилобхоњони фаронсавї, ки њоло суруди миллии Фаронса аст, гуфта шудааст. Ва саропо аз хитобу даъватњои инќилобї иборат аст. Инак ду банди он: Эй ситамдидагон, эй асирон! Ваќти озодии мо расид. Муждагонї дињед, эй рафиќон! Дар љањон субњи шодї дамид. То ба кай ѓусса хўрдан ба њасрат, Баъд аз ин шодмонї намо! Бас љафо, бас ситам!... Эй адолат! Дар љањон њукмронї намо! Ин хитоби шўълавари инќилобї мазмуни наве ба адабиёти тољикї овард. Шакли ин шеър низ комилан тоза буд. Айнї барои ифодаи оњанги «Марселйеза» аз рукнњои ду бањри арўз як вазни нав сохтааст. Ў дар номае ки ба Мирзо Турсунзода 27 декабри 1948 навишта буд, гуфтааст: «Вазни ин сурудро мувофиќи шеъре, ки ба русї ба хамин вазн гуфта шудааст, ба хусусияти вазни шеъри тољикї таќтеъ карда, дар охир њамин вазнро баровардам: Фоилун, фоилун, фоилотун Фоилун, фоилун, фоилотун (ду бор) Дар наќароти ин суруд Фоилун, фоилун, фоилотун (2 бор) ва Фоилун, фоилун, фоилун (1 бор) 145 «Фоилун рукни солими бањри мутадорик буда, дар натиљаи илова кардани як њиљо дар охири баъзе мисраъњо фоилотун шудааст, ки рукни солими бањри рамал мебошад. Пас вазни «Марши њуррият» дар асоси омезиши рукнњои аслии бањрњои рамал ва мутадорик ба миён омадааст, ки дар таърихи арўз њодисаи нав мебошад»146. Устод Айнї дар ин љо ба сохтори шеър чанд дигаргунї дохил кардааст, ки яке аз онњо ќофиябандии нав аст. Вай ќофияи мураббаъ (ааба)-ро ин тавр таѓйир додааст: аабб, абаб.147 Яъне ин бандњо танњо ба эътибори шумораи мисраъњо мураббаъанд, аммо аз љињати ќофиябандї навъи нави шеъранд, ки њар банди он мумкин ќофиябандии дигаре дошта бошад... Аз љумла ќофияи ду-ду, яъне маснавигуна — аабб, ки шояд онро ќофиябандии маснавигун номидан мумкин бошад. Гоњ ќофия ба тарзи абаб меояд, ки банда онро ќофияи якдармиён номгузорї карда будам, гоњ ба шакли абба медарояд, ки онро банда ќофияи дудармиён ном дода будам. Ин тарзи ќофиябандиро дар шеъри Абдуррауфи Фитрат «Љанги Болќон» низ дида будем. Чи дар он шеъри Фитрат ва чи дар шеъри Айнї «Суруди озодї» ин тартиби ќофиябандї аз шеъри урупої ва русї омад. Ба ин тариќ дар ќофиябандии шеъри тољикї як усули нав ба миён омад, ки барои пайдо кардани навъњои тоза ба тоза дар ќофиябандї роњ кушод. Бо «Суруди озодї» дар вазн низ усули тоза пайдо шуд, ки имкон дод бо истифодаи унсурњои бањрњои гуногун вани Аз мактубњои Айнї ба адибони тољик. «Шарќи сурх», 1956, №4, сањ. 109. С.Давронов. Вазни ашъори Абулќосими Лоњутї, Душанбе, Дониш, 1974, сањ. 8. 147 Таърихи адабиёти советии тољик, љ. 1. Душанбе, 1984, сањ. 175. 145
146
73
арўзии нав ба нав ба даст оварем. Дар натиља ба зобитањои арўз рахна расид, вале ин ќонуншиканї боиси аз байн рафтани тартибу ќоидаи ќатъї нагардид, балки ќонунмандии тоза ва низоми нав эљод кард ва равиши тозае барои ин ки шеър ба роњњои такомул бидарояд, пеш овард. Ба ин маънї он раванде, ки дар шеъри нави тољикї аз аввалњои садаи 14 њ.ќ., яъне аз охир садаи 19 ё аввали садаи 20 м. оѓоз ёфта буд, соли 1918 бо шеъри Айнї «Суруди озодї» («Марши њуррият») ба нуќтае расид, ки натиљаи муњимме дод ва ин натиља иборат аз ин буд, ки бо ин шеър барои шаклгирии ќонуну ќоидањои тозае роњ боз шуд. Аз ин рў мо «Суруди озодї»-ро охири марњилаи якуми рушди шеъри нав дар адабиёти форсии тољикї, охири давраи расидан ба ќонунмандињои тоза медонем. Азбаски бо ин ќонунмандињои тоза давраи дувуми шеъри нав дар адабиёти тољикї оѓоз меёбад, «Суруди озодї»-ро оѓоз давраи дувуми шеъри нави тољикї низ тавон номид. Ба назари мо «Суруди озодї» дар марзи ду давра, дар њудуди давраи якуму дувуми тањаввули шеъри нави тољикї ќарор ёфтааст: як давраро ба поён расонида, давраи дигарро оѓоз додааст. Моро пиндор ин аст, ки даврони дувуми такомули шеъри нав дар адабиёти тољикии Мовароуннањр аз дањаи бистуми садаи бистум то охирњои дањаи панљоњум давом ёфт. Дар ин давра устод Лоњутї, Пайрав, Турсунзода, Юсуфї ва дигарон дастовардњои шеъри навро хеле такмил доданд, шаклњои нави шеърї, тозагињое дар воситањои тасвир, омезишњои наве аз аркони бањрњои гуногуни арўз кашф карданд, вазни њиљоро ба кор бурданд ва мазмуну мўњтавои шеъри тољикї низ ба куллї нав шуд. Аз дигаргунињои љиддї, ки дар шаклу вазни шеър дар ин давра рўй дод, Субњон Давронов дар китоби «Вазни ашъори Абулќосими Лоњутї» (Душанбе, Дониш, 1974) ба тафсил сухан рондааст. Лекин дар адабиёт ва наќду адабиётшиносии тољикии ин давра нисбат ба ин дигаргунињои куллии шаклу вазн ва мўњтавои шеър истилоњи «шеъри нав» ба кор нарафтааст. Ин истилоњ, ки дар «Тазкори ашъор» аз соли 1905 ё ки аз дањаи бистум арзи вуљуд карда буд, аз назарњо дур монда, диќќати ањли адабро ба сўи худ накашид. Њама навангезињо дар мазмуну шакли шеъри тољикї чун падидањои реализми сотсиалистї, ки дар адабиёт дигаргунињои бунёдї овард, маънидод мегардид ва номи алоњида надошт. Аммо он њангом шеъри форсии тољикии солњои бисту сиро дар Эрон мутааллиќ ба шеъри нав донистаанд. Банда боре ёдовар шуда будам, ки пас аз љанги дувуми љањон дар Эрон китобе ба номи «Намунањои шеъри нав» чоп шуда буд, ки тартибдињандаи он доктор Парвези Дориюш аз Пайрав шеъри «1905», аз устод Лоњутї шеърњои «Вафо ба ањд» ва «Суруди оњангарон» (аз операномаи «Коваи оњангар»), аз Турсунзода шеърњои «Мамлакати тиллої» ва «Оњанрабо»-ро ба унвони намунаи шеъри нави форсї оварда буд148. Дар њаќиќат ин шеърњо ва шеърњое монанди инњо, ба вежа шеърњое, ки дар пажўњиши С. Давронов ва китоби мазкури ў истифода шудаанд, хусусиятњои шеъри нави тољикиро дар давраи дувуми тањаввули он нишон медињанд. Дар дањаи бисту сї ба гумони ќавї баъзе шоирони тољик, лоаќал устод Лоњутї, ки бо Эрон каму беш алоќае дошт ва Пайрав, ки ба Эрону Афѓонистон чанд гоњ зиста буд, аз пайдоиши шеъри нимої огоњ буданд ва то андозае аз нављўиву бозёфтњои Нимо Юшиљ бањраманд шудаанд. Нуфузи тарзи Нимо Юшич дар шеъри тољикї аз солњои шасти ќарни бист ќувват ёфт. Ба аќидаи мо аз дањаи шаст давраи севуми рушди шеъри нави тољикї оѓоз ёфт. Дар ин давра робитањои адабии байналмилалї андак густариш ёфт, бо Эрону Афѓонистон як каме рафтуомад пайдо шуд ва баъзе вежагињои шеъри нави Эрону Афѓонистон ба Тољикистон омад. Дар ин давра, яъне аз солњои шасти асри бист истилоњи «шеъри нав» низ аз Эрону Афѓонистон бо шеъри нимої ба Тољикистон омад ва вирди забонњо шуд. Дар ин солњо низ аз ин ки истилоњи «шеъри нав»-ро Садри Зиё аз ибтидои асри бист истифода бурдааст, огоњї надоштем. Адабиётшиносони мо аз ин њаќиќат танњо соли 2001, ки «Тазкори ашъор» ба чоп расид, яъне ќариб пас аз сад соли пайдоиши он огоњ гардиданд. Албатта таърихи пайдоишу пешрафти шеъри нави тољикии Варорўд дар оянда ба пажўњиш гирифта хоњад шуд. Аминем, ки он гоњ назариёте, ки Садри Зиё дар «Тазкори 148 Ниг.: Парвези Дориюш. Намунањои шеъри нав. Тењрон, Сухан, соли чоп номаълум, сањ. 25-26, 27-28 (Лоњутї), 144-145 (Пайрав), 129-132 (Турсунзода)
74
ашъор» ва дигар осораш дар бораи шеъри нав дорад, барои њалли баъзе масъалањо ёрмандї хоњад кард. 9 Аз он чи гуфта шуд, набояд гумон бурд, ки «Тазкори ашъор» тазкираи шеъри нав аст. Муаллифи ин тазкира аз равияњои гуногуни шеъри замони худ маълумот медињад. Чунонки гуфта будем, ў аз шоироне ки услуби кўњна доштаанд, сухан меронад ва Гулшаниро ном мебарад. Пайдост, ки «шеъри нав» бо «шеъри куњан» њамдўш меомад. Ин њам муњим аст, ки Садри Зиё Гулшанї ё дигар намояндагони «сабки куњан» ё ин ки пайравони сабки бедилї ва ѓайраро сарзаниш накардааст. Ошкор аст, ки Садри Зиё ба «шеъри нав» ва шоирони навангез њусни таваљљўњ дорад, вале ба њар њол то андозае бетарафиро риоя кардааст. Як сабаби риоя шудани бетарафї бояд ин бошад, ки дар байни кўњнагароён шахсиятњои бузурге чун Садри Сарир ва Сират ва Исо ва муфтї Икроми Акрам ва ѓайра низ будаанд. Бештари онњо мубориз будаанд. Њатто Сайидљон-махдуми Назмї (аз хешовандони Садри Зиё), ки шеъраш сустбунёд будааст, ба роњи равшангарї даромада, ба љамъияти махфии «Тарбияи атфол» њар моњ пинњонї пул медодааст (мисли худи Садри Зиё)149 ва оќибат соли 1918 љаллодони амир ўро ќатл карданд. Садри Зиё дар бораи ў бо эњтироми тамом ќалам рондааст. Аз ин рў наметавонем бигўем, ки чун шеъри нав пайдо шуд, «сабки куњан» хусусияти иртиљоъї пайдо кард. Не. «шеъри куњан» низ њамчунон вазифаи таърихии худро иљро менамуд. Диди моњиятљўи Садри Зиё хусусияти таърихї дорад. Ў ба эљодиёти њар шоире бо нигоњи таърихї менигарад, равандњои адабї ва мавќеи њар шоирро дар таърихи адабиёт мељўяд. Дар «Тазкори ашъор» шоироне њам зикр шудаанд, ки шеърашон суст будааст. Чунони Муњаммадшарифи Анбар чандон шоире набуда, лекин ба амир Абдулањадхон наздикї дошта, ќариб ба дараљаи маликушшуарої расида ва номаш дар шеърњои Абдулањадхони Ољиз гоњ-гоње ба дид меояд. Шояд ба ин сабаб ба «Тазкори ашъор» дохил шудани номи Анбар зарур омадааст. Илова бар ин Анбар аз дигар шоирон фарќе доштааст. Ў таърихгўй буда, бештари ашъораш дорои моддаи таърих будаанд. Бархе аз таърихњои Анбар мавриди њаљву истењзои њамзамононаш ќарор ёфта буданд. Садри Зиё дар он порањо, ки Сањобиддини Сиддиќї ба «Тазкори ашъор» илова кард, Анбарро сахт танќид кардааст. Вай мегўяд, ки «дар њудуди Бухоро офтобаи бедаста ва кўзаи гарданшикастае мављуд набуд, ки (Анбар) таърихе барояш ногуфта бошад»150. Зикри шеъри шоири расмие чун Анбар ва баъзе дигар шоирони сустгўй чунин натиљае дод, ки шеъри шоирони пешќадам ва намунањои шеъри нав дар пањлўи он шеърњо ќарор ёфта, бартарї ва ањамияти худро бештар намудор карданд. Ин њам шояд як роњи таъкиди ањамияти равияву равандњои пешбари адабї бошад. Зикри баъзе шоироне, ки шеърашон чандон баланд набудааст, гоњ шояд аз рўйи замонасозї сурат гирифта бошад ё ин ки бархе аз онњоро Садри Зиё дар њаќиќат сазовори таваљљўњ медонистааст ва аз «Тазкори ашъор» берун мондани онњоро нораво шумурдааст. Дар чунин маридњо, њангоми бањо додан ба њамзамонон ва рўйдодњои адабиёти замони худ Садри Зиё бештарин сањв намекардааст. Садриддини Айнї дар «Ёддоштњо» мегўяд: «Шарифљон-махдум дар хушхаттї, хушсаводї, шеърфањмї ва маорифдўстї дар байни муллозодагони Бухоро ќариб ягона буд»151. Устод Айнї инро њам дар асоси мушоњидањои чандинсола ва шояд инчунин бо назардошти мутолиаи «Тазкори ашъор» гуфтааст. Хушсаводї, шеърфањмї ва маорифдўстии Садри Зиё, ки устод Айнї таъкид намудааст, аз «Тазкори ашъор» ба хубї намоён аст. Чунонки гуфтем, маќсади аслї дар «Тазкори ашъор» ба вуљуд овардани тасаввури пурратаре дар бораи равандњои мухталифи адабї, дар бораи шоирони пешќадам ва шахсияти талошгарони љасоратманди тараќќихоњ, муборизони зидди аќибмондагии кишвар ва љавру зулм буд. Ин љо бо истифода аз таъбироти мазкури устод Айнї, ки Садри Ниг.: С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро Душанбе, Адиб, 1987, сањ, 133. Тазкори ашъор, сањ. 328. 151 С.Айнї. Куллиёт, љ.7, сањ. 9. 149
150
75
Зиёро дар «хушсаводї, шеърфањмї ва маорифдўстї ќариб ягона» дониста буд, бояд илова бикунем, ки Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» на танњо чун як шеърфањми асолатшинос адабиёти замони худро аз назар гузаронида сараро аз носара људо кардан хост, балки моњияти ин сараву носараро дар партави маорифдўстї ва равшангарї ба тобиш оварданї шуд. Ба иборати дигар, «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё кўшише дар роњи баррасии адабиёти давраи маорифпарварии тољикї аз назари маорифпарварон буд. Соњиби тазкира ба адабиёти замони худ, дурусттар он ки ба адабиёти тољикии њавзаи Бухоро ба чашми маорифпарварон нигаристан, онро бо биниши маорифпарварон санљидан ва бањо додан мехоњад. Ў бо ќобилияти расои шеърфањмї ва мароми маорифдўстї, имкон дошт, ки барои санљиши холисона меъёрњои даќиќи зебоишинохтї ба кор бигирад. Аз ин љост, ки ба ў муяссар шуд моњияти аслии рухнамудњои адабї ва маънои аслии фаъолияти мардони бузурги замонро дар бештарин мавридњо дуруст ва бо диди тараќќињоњон муайян намояд. Чунин маънидоди аз диди маорифпарварон барои ба вуљуд овардани консипсиюн (фањмишу назария)-и таърихи адабиёти форсии тољикии нимаи дувуми ќарни 19 ва оѓози ќарни 20 зиёда зарур буд ва Садри Зиё бо «Тазкори ашъор» ва баъзе асарњои дигараш ба ин сў роњ оѓоз кард. Пас аз инќилоби октабри 1917-и Русия ва сентабри 1920-и Бухоро устод Садриддини Айнї низ дар чанд китоб ба адабиёти замони худ аз бинишгоњи маорифпарварони њамсафаш нигоњ андохт. Якумини ин китобњо «Таърихи инќилоби Бухоро» (1920) ва дигаре «Намунаи адабиёти тољик» (1926) буд. Устод Айнї бо китоби якум дар роњи шинохти таърихи навини тољикони Варорўд ва адабиёти навини тољикї, бо китоби дувум дар бораи ба вуљуд овардани назарияи таърихи њазорсолаи адабиёти форсии тољикї ва таърихи фарњанги тољикон заминаи илмї омода кард. Агарчи дар дањаи сиюм консипсиюни таърихи фарњанги тољикон дар омўзањои Айнї дигар шуд, «Намунаи адабиёти тољик» дар шаклгирии назариёти илмии тоза марњалаи муњимме буд. Айнї дар «Намунаи адабиёти тољик» њар дафъа чун сухан аз адабиёти нимаи дувуми садаи 19 ва ибтидои садаи 20 сар шуд, бештар ба «Тазкори ашъор» такя мекунад ва гоњ њамфикрии Айнї бо Садри Зиё намоён аст. Садри Зиё дар бораи замонаш ва шахсиятњои барљастаи он (чунончи дар бораи Ањмади Дониш, Шамсиддини Шоњин, муфтї Икроми Акрам ва чанде дигар) назари хосе дошт ва аќидањои ў, ки дар осораш ва сўњбатњои мањфили адабии ў ифода мегардид, дар шаклгирии љањонбинии бархе маорифпарварон, аз љумла Садриддини Айнї наќше гузошта буд. Њамин наќш дар осори Айнї «Таърихи инќилоби Бухоро» ва «Намунаи адабиёти тољик», инчунин дар «Мухтасари тарљумаи њоли худам» (1940) ва «Ёддоштњо» (1948-1953) ва ѓайра гоњ-гоње намоён меояд. Њаќќонияти арзёбињои Садри Зиё вобаста ба ин њам буд, ки аз вазъи замон ва ањволи уламову удабо огоњии хуб дошт. Як хулосаи пажўњиши ќиёсии Расули Њодизода ин аст, ки Садри Зиё «дар бораи бештарин шоирони нимаи дувуми ќарни 19 муфассалтар аз дигар тазкиранависон мадорик (материал) оварда, гоњ мадорики тозае чи аз шарњи њол ва чи дар тавсифи осори онњо ба дастраси мо мегузорад»152. Ин љо бояд афзуд, ки дар дигар навиштањои Садри Зиё, ки бештарин ёддошт ва хотиротанд, низ маълумоти арзишманде аз њаёти фарњангї ва адабии Бухорои охири садаи 19 ва аввали садаи 20 гирд омадааст. Гумон намеравад, ки маълумоте ба ин фаровонї ва ањамият аз эљодиёти дигар касе аз њамзамонони ў ба даст меомада бошад. Дар ин маврид низ шояд танњо Садриддини Айнї бар ў бартарї дошта бошад. Аз љињати густариши фарогирии замон низ Садри Зиё ва Айнї ба њам наздикие доранд.
152 Р. Њодизода. Источники к изучению Таджикской литературы второй половыни XIX века. Сталинобод, 1958, с.66.
76
Чунонки зикраш гузашт, Сањобиддини Сиддиќї ањамияти бузурги маводи таърихии осори Садри Зиёро ба назар гирифта, як ќисми маълумоти рољеъ ба шоирони зикршуда дар «Тазкори ашъор»-ро аз дигар навиштањои Садри Зиё гирд оварда, њангоми тайёр кардани чопи «Тазкори ашъор» ба он илова кард, ки дар чопи соли 1380 = 2001 замимаи дувум аст. Аз шиносої бо ин замима зуд метавон дарёфт, ки Садри Зиё бисёр љузъиёти мушаххаси муњим хабар медињад, онњоро маънидод ва шарњу эзоњ мекунад, гоњ ба тањлили иљтимоъии замон мепардозад, хулосањои умда мебарорад, фањмиши равшангароии нозукбини замонро зоњир менамояд. Инќилоби Бухоро имконе фароњам овард, ки баъзеи ин маълумот ва маънидод ошкоро гуфта шавад, ба тезиву тундї баён гардад. Ин замимаи Сањобиддини Сиддиќї арзиши тазкираи Садри Зиёро яке бар чанд афзуд. «Тазкори ашъор» бо ин замима яке аз мукамалтарин сарчашмањои тањќиќи адабиёти форсии тољикии нимаи дуввуми садаи 19 ва оѓози садаи 20 аст ва Садри Зиё адабиёти замон ва равандњои асосии адабиро аз бинишгоњи маорифпарварї бањо медињад. 2003.
«ЉОДАИ ЊАЌ ПАЙМУДАМ» 1 Фаќат ду-се соли охири умри ќиблагоњам Шарифљон-махдуми Садри Зиёро дар ёд дорам, ки ба солњои 1929-1930 ва 1931-1932 рост меояд. Бештар њаминро дар ёд дорам, ки ќаламу коѓаз њељ аз даст намегузошту њамеша чизе менавишт. Пагоњї, ки аз хоб хестам, ўро дар сари навиштан медидам. Берун равам, чун баргардам, боз медидам, ки њанўз навиштан дорад. Имрўз њам гоњ аз дилам мегузарад, ки наход фаќат барои намоз аз сари навиштан мехесту баъд боз зуд менишаст? Агар ба охирин њавлии ў дароем, ба дасти чап хонае њаст, ки дар сањни баланд — болотар аз дигар хонањо воќеъ гардидааст. Падарам дар пешгоњи ин хона, дар пеши тиреза, болои кўрпача чорзону менишасту коѓазро ба дасти чап дуќат дошта, рўйи зонуи чап мегузошт ва ќаламро рўйи он озод ба њаракат медаровард. Аз тарафи рост дар пеши кўрпача, дар болои гилем ё ќолин ќаламдоне меистод, ки аз дарунаш сиёњидон, чанд найќалам, лос, ќаламтарош ва ѓайра асбоби навишт менамуд. Афсўс, ки ќалам тарошиданаш, сиёњї об карданаш ва дигар тайёрињои навиштро дар ёд надорам. Шахси ў њар дафъа дар пеши чашмам асосан дар њолати таълиф таљассум меёбад, ки харобу адо, чашмонаш чўкида, аз чењрааш осори азобдидагї ва ранљурї њувайдо буд, вале дасташ дар ќаламронї чобук менамуд. Сабаби шитоби ў дар навиштан ба ман баъди чанд сол, пас аз вафоти ў маълум шуд. Сабаби онро аз модарам фањмидам. Боре модарам њикоя кард, ки дар замони амир, соли 1918, ки Садри Зиё дар вилояти Насаф (Нахшаб, Ќаршї) ќозии шариат буд, ногањон ўро њабс намуданд. Модарам воќеањои он мањбусии падарро оњиста-оњиста, бо овози паст бо баъзе љузъиёту тафсилот чунон наќл кард, ки он њама саргузашти пуралами падар гўё аз пеши чашми ман як-як гузашт. Ман гўё бо чашми худ дидам, ки навкарони зобиту бетамиз бо суханњои дурушт њама чизњои хонаро ѓундошта, ба аробањо бор карданд ва ба мусодира фиристоданд. Онњо коѓазу китобњои ўро титу парешон карда, аз он миён навиштањои худи ўро — њар чи ба дасташон афтид, људо карда гирифтанд ва дар миёнљои њавлї ба оташ партофтанд. Дар сурате, ки ба љои дастнависњои азиз як-ду мушт хокистари сўзон дар рўйи њавлї монда буд, Садри Зиё гирён-гирён пеш-пеши одамони њоким сўи ќўрѓони њокимхона равон шуд. Ин воќеа 2 апрели соли 1918 рўй дод. Ў медонист, ки дар Бухоро маъракаи «љадидкушї» сар шудааст. Фёдор Колесов — сарвари њукумати булшавикии Туркистони
77
Русия ба Бухоро њамла овард ва аморатро барњам доданд ва Бухороро ба Русия њамроњ кардан хост, вале шикаст хўрд ва аќиб нишаст. Амир аз пирўзї рўњ гирифта, дар кишвар террор оѓоз кард ва равшанфикронеро, ки мухолифи њукуматдорон ба шумор мерафтанд, гурўњ-гурўњ куштан гирифт. Бегумон Садри Зиё яке аз онњое буд, ки бояд ба ќатл расанд. Ў инро медонист. Инак, Садри Зиё бо бародараш Ѓафурљон-махдум, бо бародарзодааш Абдулвакили љавони барно – фарзанди Абдулљалил-махдум дар ќўрѓони Ќаршї, дар як бандихона ба њоли табоње нишаста буданд, њар лањза ба њар яке аз онњо марг тањдид мекард. Абдулвакил аз љадидони равшангар буд, ки пас аз тўи арўсї, дар рўзњои навдомодї дастгир шудааст ва дар њолате, ки дар бар љомаи домодї дошт, ба асп баста аз Бухоро ба Ќаршї овардаанд. Њамон рўзи 2 апрел бегоњї дар ќўрѓон Абдулвакилро куштанд. Љаллод пеш аз куштан љомаи домодиро аз тани Абдулвакил кашида гирифт ва худ пўшид. Дар кисабаѓали љома як носќуттии нуќра будааст. Љаллод рўзњои дигар он љома дар бар њар замон бо њавобаландї ва намоишкорї худро ба Садри Зиё ва Ѓафурљон нишон медод ва носќуттиро кушода бо ќошуќчаи он ба таги забон нос мепартофт. Њар дафъа ки љаллод бо ин намоишкорї аз пеши бандихона мегузашт, Садри Зиё марги худро наздиктар медид. Њамаи он 15 нафар, ки он шаб ба ќатл расиданд, монанди Абдулвакил љавон буданд ва шояд чанде аз онњо мисли ў зираку тозаандеш њам бошанд. Аммо дар байни 450 нафари дигар, ки он рўз — дар оѓози кушокуши Ќаршї тири аљал хўрданд, ќудакон њам буданд. Ин кушторро низ Садри Зиё ба чашми худ дид. Ошкор буд, ки иртиљоъиён ба насли наврас, ба хиради љавони миллат бадќасдї кардаанд. Садри Зиё дигар љавон набуд, вале аз уламое буд, ки љавонони тараќќихоњ чашм ба сўи онњо доштанд, ба онњо бо чашми умед, бо нигоњи ибратљўй менигаристанд. Ин аст, ки имшаб ў низ бояд кушта шавад. Он шаб ва њар шаби дигар омодаи нўш кардан аз шарбати шањодат менишаст. Он рўз Рўзномаи ўро сўзониданд, гўё вараќњои зиндагиномаи ўро аз дафтари замон канда партофтанд, орзуномаи чонпарварди ўро ба коми оташ андохтанд, акнун мехоњанд, ки худашро нест кунанд. Замон сахт душмани ањли фазл, душмани миллатпарварону ватандўстон омада буд. Лекин он гоњ Садри Зиё аз чанголи аљал рањої ёфт. Пас аз азобу уќубати мањбусии 70рўза озод шуд. Пас аз озодї вай фањмид, ки наљот ба шарофати ќањрамонии мухлисаш њокими Ќаршї Ањрорќулибек муяссар шудааст. Садри Зиё як умр сипосгузори Ањрорќулибек - ин марди нотарс буд, ки њукми ќатли ўро ба сабаби ин ки амир мўњр нагузошта буд, иљро накардааст ва беибо њукмномаро ба Бухоро бозпас фиристодааст. Дар «маъракаи љадидкушї», яъне террори соли 1918 њукми ќатлро бидуни мўњри амир њам иљро мекардаанд. Лекин Ањрорќулибек ба амир нома навиштааст, ки њукми ќатли шахсе чун Шарифљон-махдумро бидуни мўњри Љаноби Олї наметавонад ба иљро оварад. Нињоят 8 июни 1918 аз Бухоро фармони озодии Садри Зиё расид ва ў бо дили фигор барои иљрои вазифаи нав ба ќозигии Кеш (Шањри Сабз) равон шуд. Инак, ў боз ќозї таъйин шуд. Вале ин ќозигї аз ќозигињои пештара хеле фарќ дорад. Акнун ў ќозии бењуќуќ аст, ки дар бадарѓагї ва табъид ќозигї мекунад. Бо дасту пои баста бояд амал намояд, ба забони кўтоњ гап занад, бо тарсу ларз ќадаме ба пеш гузорад. Ў дигар пештара њаќгўи бебок нест, ки дар пеши амиру вазир ва ќозикалону њоким бо љасорат сухан мекард. Вай дар як шеъраш гуфтааст: Гоњ иљрои шариат буд, гоње дафъи зулм, Алѓараз бекор неву кору боре доштем. Акнун оё метавонад, ки боз «кору боре дошта» боз «иљрои шариат» ва «дафъи зулм» кунад? Орзую ормонњои маорифпарварї бар бод рафт, аммо иљрои њаќќонияти одї оё даст медода бошад? Чунин рўњия Садри Зиёро як сол пеш аз ин фаро гирифта буд. Як сол аст, ки ў дар чунин њолати нотавонї ва азоби рўњист. Як сол пеш аз ин, моњи апрели соли гузашта, соли 1917 ќуввањои иртиљоъї љунбиши маорифпарвариро торумор карда, Садри Зиёро ба дами марг оварда буданд. Рўзи 9 апрели 1917 издињоми иртиљоъиёни љоњил дар пеши Арки Бухоро ба Садр Зиё њуљум оварда, ўро аз асп афтонда, бо фарёди «бизанед ин ќозии љадиди бединро!» он ќадар лагадкўб карданд, ки аз њуш рафт ва либосњояш пора-пора шуд. Вай он рўз њам аз чанголи аљал наљот ёфт, вале доѓи љафои он рўзњо, доѓи ормонњои иљтимоъии барбодрафта як умр дар дилаш монд. Он рўз рўзи шикасти маорифпарварї дар
78
Бухоро буд. Ўро маљбуран ба Ќаршї ќозї карда фиристоданд ва аз њамон ваќт аст, ки ў шариатпаноњи бењуќуќ ва маорифпарвари нотавон аст. Кулли явмин батар ва оянда номуайян аст. Њарчи бошад, апрели соли 1917 китобхонаи Садри Зиё ва навиштањои худи ў осеб надид. Аммо баъди як сол моњи апрели соли 1918 на молу мулк монд, на дастхати асарњои худаш. Ќариб њама њосили умраш бар бод рафт. 2 Акнун, тахминан пас аз дањ-дувоздањ соли он воќеањо, дар охири солњои бист, дар овони пиронсоливу барљомондагї њамон асарњояшро дубора менавишт. Шукр мегуфт, ки он ваќт яъне соли 1917-1918 аз дами теѓи аљал рањої ёфт, ба дасти љаллодони амир кушта нашуд ва имрўз имкон дорад, ки баъзе асарњояшро дубора нависад, лоаќал мухтасаран аз нав барќарор кунад. Хайрият, ки Худованд њофизаи ќавї додааст, воќеањои чандин соли пеш, њар гоњ лозим шаванд, равшану возењ пеши назараш меоянд, бисёре аз он усули тасвир, ки дафъаи аввал ба кор бурда буд, боз ба хотираш мерасанд. Њоло ки њанўз андак ќуввату мадор њаст, он њикояњоро њар чи зудтар ба рўйи коѓаз овардан даркор аст, то ки ба ёдгор монад, ба мардуми фардову пасфардо сабаќ шавад, шояд ки нависандаро ба некї ёд кунанд. Танаш мадор надошт, як чашмаш батамом аз кор монда, чашми дигар камнур шуда буд. Дар як мусаввадааш ба хизмати хонанда чунин узре пеш овардааст: «Имрўз на ќуввати рафтор дорам, на тоќати гуфтор... ин чанд номарбутро бидуни он ки нуги ќаламро бинам ё худ сањифаро дида тавонам ба хазор афсўсу надомат навиштам. Шаб рафту њадиси мо ба поён нарасид». Ин ќайд дар «Осори зиёия» таърихи 1348 дорад, ки баробари 1929-1930 мебошад. Садри Зиё дар охири умр танњову бекас монда буд. Ёрону дўстонаш њар тараф парешон шуда буданд.-Воќеањои пуршўри солњои баъди инќилоб онњоро ба коми худ фурў бурд ё ба мушхонањо љо кард ва имкон намедод, ки сар берун оранд. Хешу табор ќариб намонда, рафту омад ќатъ гардида буд. Солњои пеш аз инќилоб мулло Олими Хуљандї ном љавоне дар мадрасањои Бухоро мехонд ва бо ањли илму адаб, аз љумла бо Айнї ва Садри Зиё дўстї пайдо карда буд. Баъди инќилоби соли 1920 мулло Олим ба Хуљанд рафт. Пас аз чанд сол боз орзўи дидори дўстони дерини фозил дар дилаш ба љунбиш омад ва роњи Бухороро пеш гирифт. Дар Бухоро ба зиёрати Садри Зиё шитофт. Чун ба њавлии Садри Зиё даромад, дид, ки ў аз утоќ баромадааст ва ба пешвози мењмон меояд. Мулло Олим оѓўш кушода бо шавќ «Таќсир!» гўён садо дод. Садри Зиё аз дур ўро нашинохт ва дафъатан ин байт гуфт: Пирам, зи заъф бо ту нигоњам намерасад, Эй нури дида, як-ду ќадам пештар биё153. Мулло Олим давон омад ва њар ду якдигарро ба оѓўш гирифтанду гиристанд, ба хона даромада, сўњбати пурдард оростанд, солњоеро ба ёд оварданд, ки дар деги њаёт мељўшиданд, баробари замон ба хурўш меомаданд. Алами афтодањолї, аз рафти замон берун мондан дили њардуро фишор медод154. Камина он ваќтњо 5-6 сол доштам ва аз дастам коре намеомад, ба кори њавливу рўзгор ёрмандї карда наметавонистам. Модарам нав 34 ё 35-ро пур карда ва хонанишин буду њама ташвиши рўзгор асосан ба гардани ў афтода буд. Ман як бародар доштам Зарифхон ном (1896-1970). Мо модарљудо будем. Синни ў ќариб сї сол афзунтар аз ман буд. Дар ноњияи Ѓиљдувон муаллимї мекард. Вай аз ањволи падар њељ хабар намегирифт. Азбаски падар мулло буда, дар замони амир ќозиву ќозикалон шудааст, бо ў рафтуомад кардани муаллими шўрої мумкин набудааст: агар ба падар алоќае дошта бошад ва инро касе донад, ўро аз муаллимї мерондаанд ва азоб
Ин байт аз Садри Сарир аст. Мулло Олими Хуљандї падари нависанда Муњиддин Хољаев аст. Бо устод Айнї дўсти ќарин буд. Аввали солњои сї бо ањли хонаводааш ба кишвари Ставропол бадарѓа шуд. Пас аз бозгашт дар Хуљанд фавтидааст. Он љузъиёти вохўрии ў бо Садри Зиё, ки дар боло наќл шуд, ба муаллифи ин сатрњо аз гуфти нависанда Аъзам Сидќї маълум аст. А. Сидќї онро аз Хуљанд шунида будааст. 153
154
79
медодаанд. Аз ин рў Зарифхон ба хонаи мо намеомад ва гўё аз дур пинњонї њам ба падар ёрие намерасонд. Як тобистон хабар расид, ки Зарифхон ба Бухоро (шояд ба бозомўзї –курси такмили ихтисоси муаллимон) омадааст. Падарам одам фиристода илтимос кард, ки боре ба хонаи мо ояд. Зарифхон ваъда додааст, ки фалон рўз, пас аз нисфи шаб меояд, то ки омадани ўро касе набинад. Он шаб модарам дар рўйи њавлї шолу кўрпача партофта љои нишаст тайёр кард. Дар миёни нишастгоњ як лампаи дањум даргиронда ва дастурхон гузошта, мунтазири омадани бародарам нишастем. Хоби ман омада буд, вале маро хобидан нмегузоштанд, ки њозир акаатро набинї, боз кай дидор муяссар мешавад? Лекин охир хоби ман бурдааст. Рўзи дигар маълум шуд, ки шабона Зарифхон наомадааст, фардо шаб меомадааст. Фардо шаб боз падару модарам ба пешвози Зарифхон омодагї диданд ва обу явѓоне њозир карданд. Боз маро хоб кардан намонданд. Ба азоб худро аз хоб нигоњ медоштам. Як ваќти шаб бародарам омад. Дар партави чароѓи хирасўз дидам, ки ў ба падарам хеле монанд аст: чашмонаш, бинї ва лабу дањонаш чунонанд, ки гўё айнан аз падар нусха гирифтаанд. Дар ёд дорам, ки падар он шаб бо Зариф андак коњишомез сухан карданд ва аз ин, ки писари калони баркамол аз њоли падар хабар намегирад, ўро танњову бедастёр гузоштааст, шикоят оѓоз намуданд. Дигар намедонам, ки байни онњо чи гуфтугузор шуд: кайњо маро хоб зер карда буд ва зуд хобам бурдааст. Агар хато накунам, баъд аз ин бародарам ягон бор ба хонаи мо наомад. Ин гурезпоии писар ба падар алам мекард. Ба назарам ў аз писари калонї хеле норозї буд, вале бештар аз каљрафтории фалак тааљљуб мекард. Охир, чи гуноње аз ў гузашт, ки замона ўро аз фарзанд, аз ягона умедгоњ ва пушту паноњи овони пирї људо кард? Наход чунин касе ки умраш дар роњи хизмати мардум, дар роњи шеъру сухан ва мактабу маориф сарф шудааст, имрўз барои љамъият њамин ќадар зарар дошта бошад, ки аз ў њазар мекунанд. Ўро мардудвор аз байн баровардаанд ва њатто лозим будааст, ки фарзанд аз хонаи ў пой канад? Чаро ин тавр шуд? Ин дунё ба кадом тараф роњ пеш гирифтааст? Гўё соли 1931 буд. Ќањтиву ќиматї њукм меронд. Дар дуконњо орду нон намонд. Барои нони хлеб талон баромад. Лекин аз хонаводаи мо фаќат ба ман талон доданд. Ба падару модарам талон додан мумкин набудааст, чунки онњо дар љое кор намекарданд, хонанишин буданд. Онњо њаќ надоштаанд, ки аз дўкони давлат нони бўлка бигиранд. Давлат онњоро аз як дањан нон, аз ќути лоямуте хам мањрум медошт. То њамин дараља бе њаќќу њуќуќ медонист! Гўё ба гушнамаргї мањкум кардааст. Вале ба назарам хонаводаи мо он гоњ гуруснагї накашид. Мо дар болохонаи тарафи рост, ки дару тирезањояш доим пўшидагї ва аз ин сабаб торику салќин буд, дар хумњо орд, биринљ, равѓан ва ѓайра доштем. Зимистон дар таги девор як ќатор харбуза меистод. Ман намедонам, ки инњо аз куљо ба кадом пул меомад. Шояд падарам чиз фурухта, барои ањли оила мадади маош фароњам меовард. Эњтимол ин захира чандон набуд, ки дер пояд. Ба њар њол он сол мо таъмин будем. Вале ба гумон аст, ки ин таъминї боиси осудагии хотири падар бошад. Вазъи замон ўро хеле ба ташвиш оварда буд. Ман ўро њамеша парешонхотиру ѓамгин медидам. Ягон бор хандидану лаб ба табассум бурданаш дар ёдам нест. Лекин боре надидаам, ки ба хашму ѓазаб омада бошад, ба сари модарам ё ман доду фарёд бардошта бошад. Аксаран хомўш буд. Андак болидани табъашро як бор дида будам. Рўзе гўё падарам дар хона зиќ шуд, ки мо њарду ба кўча баромадем, дар таги дарвоза, дар лаби суфача нишастем ва рањгузаронро тамошо мекардем. Аз дур чанд нафар пайдо шуданд, ки асперо етак карда меоварданд. Онњо пеши мо истоданд, бо падар ањволпурсї карданд. Маълум гардид, ки яке аз онњо он аспро хариданї будааст, овардааст, ки онро ба падарам нишон дињад ва маслињат пурсад. Падарам, ки то ин ваќт малулу хомўш нишаста буданд, якбора љон гирифтанд, аз љо хеста, сар то пои асп бодиќќат аз назар гузарониданд, лабњои онро бардошта дандонњояшро диданд, гардану саѓриашро молида навозиш карданд ва аз соњиби асп иљозат пурсида, пой ба узангу гузоштанду сабук худро ба хонаи зин гирифтанд. Чашмонашон медурахшид, якбора љавон шуда буданд. Лаљомро андак љунбонида буданд, ки асп ба роњ даромад. Аз аќиб дидам, ки болои асп рост нишастаанд, ќоматашон њељ хамидагї надорад. Асп ронда рафтанд ва дар хамгашти кўча аз назар пинњон шуданд. Ба тарафи чап рафта буданд, пас аз андаке аз тарафи рости кўча пайдо шуданд, ки дар рўяшон нишонањои шодиву хурсандї намудор буд. Фуруд омаданду лаљомро ба дасти харидор доданд ва гуфтанд, ки аспи хубест.
80
Намедонам, пас аз чанд сол буд фахмидам, ки падар дар овони љавонї аспбоз будаанд. Як асари хурд њам доранд, ки дар васфи њайвоноти бањуш аст ва он љо дар бораи аспњои зирак њам чанд њикояи воќеии љолиб њаст 3 Аксарияти њавлињои Бухоро хонаи тобистониву зимистонї дошт ва онро хонаи рў ба боло ва рў ба поин меномиданд, ки рў ба шимолу рў ба љануб гуфтан аст. Ѓайр аз ин, њатман тањхонае буд, ки камтирезаву торик ва салќин буда, он љо тобистон хусусан баъди пешин–дар айни гармї хоб мекарданд. Он њавлиро, ки устод Айнї дар «Ёддоштњо» тасвир кардааст ва аз бобоям ќозї Абдушшакури Оят мерос монда, бисёр калон - даруну берун буд, падару модарам натавонистанд саришта бикунанд. Азбаски онњо дар охир танњо монда буданд, наметавонистанд ба нигоњубини ин њавлї расидагї бикунанд. Шояд бо илтимосу илтиљои падарам бошад, ки талабањои кадом мактабе њар сари чанд гоњ ба њавлии мо меомаданд ва ба рўбучини он ёрї медоданд. Модарам ба онњо сардорї ва ман њамдастї мекардам. Вале бо чунин ёрмандињо њам мушкилњо осон намешуд. Оќибат падар маљбур шуданд, ки он њавлии калонро охири солњои бист фурўхта, аз кўчаи аќиби ин њавлї, ки мутааллиќ ба гузари Чорхарос аст, њавлии хурдтаре хариданд, ки њоло њавлии кўчаи Коммунист 13 аст. Њавлии нав, њамагї 5 хона дошт. Дар тарафи дасти чап баландтар аз сатњи дигар хонањо, чунонки гуфтем, як хонаи калони равшан воќеъ гардида буд ва ба падарам тааллуќ дошт. Хонаи дасти рост аз они модарам буд. Баъд аз он тањхонае буд. Болои тањхона — болохонаи калони барњаво, болои хонаи модарам — шабгањ, яъне нишастгоњи тобистонї, болои дарвозахона - як мењмонхонаи баланд бекор меистод ва њоло нест. Дигар хонањо њама бар љост. Хоби рўзонаи тобистонї дар тањхонаи мо аљаб роњате дошт. Кўзаи савр (кўзаи сафоли хокистарранг) обро хунук нигоњ медошт. Ба дањани он дока баста, дар пањлўяш тос мегузоштанд. Он љо як коса ѓўлунгоби хунук низ њамеша тайёр буд ва ман онро бисёр дўст медоштам. Тањхонаи мо мадони калоне њам дошт. Ба мадон кам медаромаданд. Гирдогирди мадон чандин яхдон - сандуќи чармини калон, ки ќариб баробарпањлўст, гузошта буданд. Як ваќт фањмидам, ки ин яхдонњо пури китоб будааст. Баъдтар маълум шуд, ки ин китобњо њама дастнависи камёби форсиву арабї будаанд, ки ё ба дасти муаллиф, ё дар замони наздик ба ваќти таълиф ё ки ба ќалами ягон хушнависи машњур китобат шудаанд. Аз байни онњо муњимтарин намунањои адабиёти бадеъии муосир ва асрњои гузашта, ва дигар китобњои нодире дарёб кардан мумкин аст. Гирдоварии ин китобхонаи дастнависњои камёбро падари Садри Зиё — Абдушшакури Оят сар карда, худи Садри Зиё як умр давом додааст. Вай китобњоро таќсимбандї карда, як китобнома — каталог тартиб дода буд. Китобномаи ў «Асомиулкутуб» ном дорад ва дорои эзоњоте буда, маълумотеро дар бораи муаллифу мавзўи китоб, соли таълифи он, хаттот ва замону макони китобат, ваќту љой ва чигунагии хариди нусха, нархи он ва њоказо дар бар мегирад, ки њамаро худи Садри Зиё навиштааст. Ин фењрист маълумотеро дар бар мегирад, ки «барои таърихи фарњанги халќњои Осиёи Миёна арзиши фавќулъода доранд»155. Аз ин сабаб худ як сарчашмаи муњими таърих ва китобшиносии тољик аст. Барои ин ки арзиши китобхонаи Садри Зиё маълум шавад, як мисол меорем. Дар байни китобњои ў ба номи «Маљмўаи муросалот» мураќќаъе њаст, ки њоло дар ганљинаи Институти шарќшиносии АИ Ўзбекистон зери №2178 мањфуз аст. Ин мураккаъ 594 номаро дар бар мегирад ва аз љумла 337 адад нома ба ќалами Абдуррањмони Љомї (садаи XV) тааллуќ дорад. Номањои Љомї њама ба дастхатти муаллиф буда, ба номи Алишери Навої, С. А. Азимљонова., Д.Т. Вороновский. Собрание восточних рукописей Академии наук Узбекской ССР (Љамъоварии дастнависњои шарќии фарњангистони улуми ЉШС Узбекистон), дар китоби: Востоковедные фонды крупнейших библиотек Советского Союза (Андўхтањои шарќшиносии бузургтарин китобхонањои Иттињоди Шўравї). М., 1963, сањ. 119. Инчунин мурољиат шавад ба: У. Њамроев. Биршахсий китобхона ва унунг каталоги њаќида (Дар бораи як китобхонаи шахсї ва фењристи он), дар китоби: Научные работы и сообщения (Навиштањои илмї ва ахборот), љ. 6, Тошканд, 1963, сањ. 387-395, Сайид Алии Мављонї, Китобат ва китобдорї дар Бухоро, маљаллаи «Садои Шарќ», 1999, № 10-12, сањ. 114-120. 155
81
Хоља Ањрор ва дигар шахсони машњури замон навишта шудаанд. Ба тахмини Садри Зиё тартибдињандаи ин мураќќаъ Алишери Навоист. Номи «Маљмўаи мурсалот»-ро худи Садри Зиё додааст. Профессор Асомиддин Ўрунбоев материалњои ин мураќќаъро муфассалан тањќиќ карда дар се китоб бо тарљумаи русї ва шарњу эзоњ чоп кард: 1. Письмаавтографы Абдуррахмана Джами из «Альбома Навои». Тошканд, 1982, 2. Номањои дастнависи Љомї, бо њамкорї ва муќаддимаи Моили Њиравї, Кобул, 1985, 3. Абдуррањмони Љомї. Номањо, бо њамкории Асрор Рањмонов, Душанбе, 1989. Баъзе дастнависњои дигари киобхонаи Садри Зиё низ солњои охир ба чоп расид ё њангоми тайёр кардани чопи сарчашмае чун нусхаи мўътабар истифода гардид. Модарам ва аммаам дар бораи ин китобхона ва нусхањои алоњидаи он њикояњои аљиб мекарданд, ки баъзан ба афсона монанд буд. Саргузашти баъзе китобњо дар њаќиќат мисли сарнавишти инсон ва њаёти нависандагону олимон аљаб печу тоби ибратомўз доштааст. Инак, яке аз онњо. Ваќте, ки Садри Зиё ќозии Чорљўй буд, зане ба дари ќозихона омад ва гуфт: — Шунидам, ки ќозї китоб мехарад, як китоб овардам. Ўро пеши Садри Зиё бурданд. Садри Зиё китобро вараќ заду њуш аз сараш парид: Ин китоб як нусхаи мўътабари «Хамса»-и Хусрави Дењлавї (1253-1325) будааст. Аз ин мўътабартар нусхае магар метавонад буд, ки пас аз андак муддати вафоти муаллифи бузург китобат шудааст ва китобати он дар дигар тарафи олами форсигўён — дар Шероз анљом ёфта, се достони онро дигар шоири бузурге — Хоља Њофиз (1321-1389) ба дасти худ нусха бардоштааст. Садри Зиё ба чашми худ бовар намекард. Вай гаштаю баргашта китобро вараќ зада, аз сифати коѓази кўњна ва њусни хати он њаловат мебурд. Шодии ўро њадду андоза набуд. Охир, вай чунон чизи табаррукро дар даст дошт, ки ба хирољи як мамлакат меарзад! Якумин бор дар умраш хати Њофизро мебинад. Оё дар ин шаш сад сол ба чанд нафар фозилон муяссар шуда бошад, ки хати Њофизро ба чашми худ бубинанд? Аљаб бахте даст додааст. Садри Зиё хатро бо диќќат аз назар гузаронд. Њоља басо хати зебое доштааст. Њар як њарфу њар як унсури он тибќи ќоидањо санъаткорона бароварда шудааст. Садри Зиё худ монанди падараш хаттот (яке аз охирин намояндагони барљастаи мактаби хушнависии Бухоро) буд ва ќадри хати Хољаро ба хубї фањм кард, ки хати олист. Вай сар бардошта нигоњ кард, ки занак соњиби китоб њанўз он љо нишастааст. Нарх пурсид ва дид, ки занак арзиши китобашро чандон намедонад. Мувофиќи ќимати китоб ба дасти занак пул дод. Занак хурсанд шуду дуо гуфта тараддуди рафтан кард. Садри Зиё аз ў пурсид, ки оё боз чунин китобњо дорад? Маълум шуд, ки аз шавњараш як миќдор китоби дастнавис монда будааст. Садри Зиё илтимос намуд, ки агар пул лозим бошад, он киобњоро биёрад ва фурўшад. Занак боз хурсанд шуд ва гуфт, ки њоло њозир хоњад овард. Дар дасти занак ду кўдак буд - ду писараки хурд, ки ду-се сола менамуданд. Занак илтимос намуд, ки ин кўдакњоро ин љо монда равад ва зуд аз хона китоб биёрад. Садри Зиё розї шуд. Занак рафт, лекин дигар наомад. На китоб овард, на омада бачагонашро бурд. Њавлии ўро касе аз хизматгорону мулозимони ќозихона намедонист. Пурсуљў њам натиљае надод. Он ду кўдак дар хонаи Садри Зиё монданд. Яке баъди чанд сол вафот кард, дигаре њангоми тањсили илми мадраса љадид шуд, ба инќилоби Бухоро иштирок кард. Аммо маълум нест, ки таќдири баъдии ў чист. Садри Зиё њар ваќт ин воќеаро њикоя кунад, дар охир њазломез мегуфтааст: — Он ваќт фалон њазор танга додам ва як китобу ду дарди сар харидам. Хайрият, ки якаш баъд марњами љон шуд. Ин нусхаи «Хамса»-и Хусрави Дењлави њоло дар олами эроншиносї маълум аст. Фотосурати сањифањои охирини њар се достон, ки номи котиб ва санаи китобат навишта шудааст ва дар пањлў мўњри Садри Зиё њам ба хубї хонда мешавад, дар Эрон низ чоп шуда буд. Китобшиносону хатшиносони Иттињоди Шўравї, Эрон ва дигар кишварњо дар бораи ин нусха фикру мулоњизаи мухталиф баён кардаанд. Аз љумла аќидае изњор шудааст, ки ин хати Њофизи бузург нест, балки хати хушнависест, ки дар он аср мезист ва њама љузъњои номаш айнан монанди номи Хоља — Шамсиддин Муњаммади Њофизи Шерозї буд. Як далели ин, ки он достонњо ба хатти Хоља нусхабардорї нашудаанд, он аст, ки дар навишти баъзе калимањо сањви ќалами котиб ба назар мерасад. Аз љумла академик Абдулѓанї Мирзоев инро бурњони ќотеъ барои чунин њукм, ки китобати он достонњо ба ќалами Хоља
82
Њофиз тааллуќ надорад медонист. Албатта, кас њељ намехоњад ба дил фикре роњ бидињад, ки Њофизи бузург њам дар навишт гоњ сањв мекардааст. Лекин ба њар њол одамизод шири хомхўрда. Гоњ аз ќалами бузургон њам сањве мегузарад. Ибораи «сањви ќалам» худ дар њамин гуна мавридњо пайдо шудааст. Одатан дар чунин мавридњо, масалан намегўянд, ки фалон бузургвор ѓалат гуфтааст, — ба ин сухан забони мухлисон намегардад ва мегўянд: Аз ќаламаш ѓалат рафтааст. Бинобар ин мо њам дар боло ибораи «сањви ќалам»-ро ба кор овардем. Кї медонад, шояд дар ин маврид низ мо дар њаќиќат чунин хатоеро мебинем. Ба њар њол баъзе пажўњишгарони намоён шубња накардаанд, ки китобати ин нусха ба Њофиз нисбат дорад. Чунончи ховаршиноси машњури замони мо профессор Евгений Бертелс бовар дошт, ки ин нусхаро «лирики бузурги Шероз ба дасти худ китобат кардааст»156. Ин дастнавис фарзан дар њаќиќат ќисман ба ќалами Њофиз рўнавис нашуда бошад њам, ањамияти таърихї дорад. Пас аз чанд соли таълиф дар Шероз рўбардор шудани он гувоњї медињад, ки асарњои Хусрави Дењлавї зуд шўњрати азим пайдо карда ва ба сайри таърихї баромада, аз Њинд ба дигар канори олами форсиён расида будааст. Аз ин мебарояд, ки дар ќарнњои миёна њам дар пеши асари њунари олї масофањои бузург ољиз будаанд ва дар андак муддат тай мешудаанд. Аз ин рў, на њамеша шоён аст, ки ќуруни вусторо замони дурафтодагї аз якдигар, дарбастагї ва парокандагї шуморем. Ин њам љолиб аст, ки чунин дастнависи мўътабаре шаш сад сол зинда монда, даст ба даст рафта, охируламр ба Чорљўй афтодааст. Ин љо њам чизе ибратомўз њаст: ќадршиносони чунин китобњо на танњо дар марказњо, дар Нишопур, Балх, Марв, Бухоро, Самарќанд, Истаравшан, Хуљанд ва ѓайра, балки дар музофоти дурдаст, дар кўњсорону регзорон низ будаанд. Аз китобномаи Садри Зиё маълум мешавад, ки ў баъзе китобњои камёбро аз музофот харида буд. Китобхонаи олиљаноб ва шахсияти соњиби он, ки суханвару маънирас ва сабукрўњу хушгўй буд, ањли адабро ба худ мекашид. Донишмандон, шоирону шеършиносон ва хуштабъони ваќт ба сўњбати ў, ба мањфили адабие, ки дар њавлии вай ташкил шуда буд, роњ мељустанд. Садриддини Айнї аз он китобхона ва сўњбатњои Садри Зиё бисёр истифода кардааст. Вай солњои љавонї бовар њосил карда буд, ки «китобхонаи Шарифљон-махдум (Садри Зиё — М.Ш.) бењтарин ва бойтарини китобхонањои Бухорост», барои љавононе мисли ў, мисли Мирзо Абдулвоњиди Мунзим «барои њар як талабаи маъниљўй як хазинаи маълумоти беинтињост». Айнї мегўяд, ки Шарифљон-махдум «баъзан китобњоро ба мо хононда хатоњоямонро ислоњ мекард ва љоњои нофањмидагии моро эзоњ дода мефањмонд». Ин аст, ки ба гуфти Айнї дар њавлии Садри Зиё «хазинаи дониши кас аз лафз ва маънї пур мешуд»157. Њар дафъа, ки Садри Зиё ба шањре ќозї таъин шуда мерафт китобхона албатта дар Бухоро мемонд. Соли 1918, ки молу мулки ў мусодира шуд, соли 1920, ки дар «фитнаи инќилоб» ба њавлии ў тири тўп расид, њавлї осеб дид ва ѓорат шуд, боз баъзе нигоштањои худаш нобуд гардиданд, хушбахтона китобхона аз офатњо эмин монд. Пас аз инќилоб њукумати шўравии Бухоро як ќисми он чиро, ки амир мусодира карда буд, ба Садри Зиё баргардонд. Вай боз соњиби њавлии падарї ва чорбоѓи Сепулон гардид. Дар замони шўравї маќомоти расмї чандин бор ба Садри Зиё мурољиат карданд, ки киобхонаашро ба давлат фурўшад. Вале ў аз китобњо дил канда натавонист. Нињоят дар охири умр гуфт: — То зинда њастам, китобњоро ба касе намедињам, аммо баъди сарам бепул гиред. Њукуматдорон ин суханро васият донистанд ва баъди вафоти ў китобхонаро мусодира намуданд. Дафъатан баъди вафоти ў шояд рўзи њафт бошад, ки таъзиягўйњо дуду, се-се меомаданд ва гиряи занњо идома дошт, њукуматдорони шањр низ омаданд ва баъд аз фотења яхдонњоро кушода китобњоро ба фойтуну аробањо бор карданд. Чун фойтуну аробањо ба роњ даромад, китобњо аз њар тараф шоридан гирифт. Аз эњтимол дур нест, ки то
Е.Э. Бертельс. Литература на персидском языке в Средней Азии (Адабиёти форсизабон дар Осиёи Миёна), дар маљмўаи: Советское востоковедение (Шарќшиносии шўравї), љ. 5, М. — Л., 1948, сањ. 201. 157 С. Айнї. Куллиёт, љ. 7. Сањ. 43. 156
83
ба китобхонаи шањрии Ибни Сино расидани ин корвон чанде аз китобњо талаф шуда бошад. Муњаќќиќон С. А. Азимљонова ва Д.Г. Вороновский навиштаанд: «Китобхонаи давлатии ЉШС Ўзбекистон пас аз вафоти ин китобдўст (яъне Садри Зиё — М.Ш, коллексияи ўро аз меросхўронаш харид» (После смерти библиофиля коллекция была приобретена у его наследников Государственной библиотекой Уз. ССР)158. Онњо ин матлабро боз дар дигар љои маќолаи мазкур (сањ. 119) таъкидан такрор кардаанд. Ин гап аз ду љињат дуруст нест. Аввалан давлат китобхонаи Садри Зиёро аз меросхўрон нахарида, балки ба тарзи мусодира гирифта буд. Ман инро ба яќин медонам. Агар давлат он гоњ арзиши китобњоро андаке мепардохт, шояд модарамро муолиља кардан муяссар мешуд ва мани саѓира то калон шудан аз нодорї азоб намекашидам. Сониян, китобњои Садри Зиёро на китобхонаи давлатии ба номи Навоии Ўзбекистон, балки китобхонаи Ибни Синои Бухоро гирифта буд ва соли 1935 онњоро ба ноњак ба Тошканд бурда, ба китобхонаи Навої супурданд. Он гоњ он чи моли Бухоро буд, моли Тошканд шуд. Пас аз љанги дувуми љањон китобњоро аз ин китобхона гирифтанд ва ба ганљинаи пажўњишгоњи ховаршиносии ба номи Абўрайњони Берунї (Фарњангистони улуми Љумњурии Ўзбекистон) илова карданд. Њоло зиёда аз 300 љилд китоби Садри Зиё дар њамин захирагоњ нигањдорї мешавад ва яке аз бењтарин ќисмњои онро ташкил медињад. Баъзе китобњои ў дар ганљинаи Пажўњишгоњи мероси хаттии Фарњангистони улуми Љумњурии Тољикистон (шањри Душанбе) ва китобхонаи Донишгоњи миллии Тољикистон низ њаст. 4 Пас аз он, ки Садри Зиё мадрасаро хатм карду аз соли 1893 ба туману вилоятњо ба иљрои вазифаи ќозигї баромад, њар дафъа ќозигии ў дер давом намекард: ягон суханаш, ки воќеанависњо зуд ба амир мерасониданд, ягон рафтор ё њукми ќозигиаш, ки ба амир, ќушбегї ё ќозикалон маъќул намеомад, боис мегардид, ки зуд ўро аз ќозигї дур мекарданд ва ба Бухоро баргашта чанд ваќт бекор менишаст. Инак як воќеа, ки боре сабаби бекор шудани ў аз ќозигї гардид. Ваќте ки Садри Зиё дар Чорљўй ќозигї мекард, бародари Остонаќули ќушбегї (сарвазир) њокими вилоят буд ва Мирзо Зайнуддин ном шахсе ба курсии ноиби њоким менишаст. Мирзо Зайнуддин зани љавону зебои хизматгораш Тошхољаро зўран дар њавлии худ нигоњ дошта, Тошхољаро маљбур кардааст, ки ба бадали 700 танга занашро талоќ дињад. Васиќаи пули бадалро барои мўњр кардан ба ќозихона, ба Садри Зиё оварданд. Садри Зиё ба ќавли худаш «аљзу нотавонї, суханони дилсўз, оњи љонгудози он мазлум» — Тошхољаро дида, васиќаро мўњр накард, ба назди Мирзо Зайнуддин одам фиристода талаб намуд, ки зани Тошхоља низ барои хати талоќ гирифтан ба ќозихона њозир шавад. Чун зан омад ва «зану шавњар якдигарро диданд, шўри мањшаре барпо карданд». Садри Зиё занро ба шавњар супурд, «гирёну дуокунон баромада рафтанд». Мирзо Зайнуддин дафъатан аз ќозї ба амир чи шикояте кард ва баъди як њафта фармони аз ќозигї маъзул шудани Садри Зиё расид. Њамин тарз њар дафъа сабабе мебаромаду вай ба ѓазаби амир дучор мешуд. Њамин ки аз ќозигї бекор мекарданд, боз ба Бухоро меомад, дар чорбоѓи Сепулон, ки мулки худаш буд, ќарор мегирифт. Боз равшанфикрону хуштабъон ба гирди ў љамъ меомаданд ва сўњбатњои адабї ва иљтимоъї њамчунон давом мекард. Соли 1920 Садри Зиё дар Насаф (Ќаршї) ќозї буд ва моњи сентабр, ки инќилоби Бухоро рўй дод, ў бо одамони амир ба Афѓонистон нагурехт, балки ба навъе худро аз даруни онњо берун кашида, ба њазор тањлука ба Бухоро расид. Чун Њукумати Љумњурияти Халќии Шўроии Бухоро Садри Зиёро ба хизмати маъмурї кашид, вай ин даъватро рад накард. Фаќат соли 1924, ки таќсими њудуди миллии Осиёи 158
С. А. Азимљонова, Д. Г. Вороновский, маќолаи мазкур, сањ. 112.
84
Миёна сурат гирифт ва давлати Бухороро барњам дода онро ба Ўзбекистони навтаъсис, яъне ба Иттињоди Шўравї ињлоќ карданд, Садри Зиёро , чунонки худаш гуфтааст, «аз хизматњои њукумати шўрої фароѓате ба њам расид». Муњаќќиќе дар бораи воќеањои Бухорои соли 1926 менависад: «Њангоми ислоњоти замину об дар сафи рўњониёни ислом људої рўй дод. Ќисми иртиљоъии онњо ба ислоњот сахт муќобил баромаданд, онро хилофи асосњои ислом донистанд ва гуфтанд: Ислом ба як мусулмон (дар ин маврид ба дењќони безамин) аз худ кардани молу мулки мусулмони дигаре (дар ин маврид мусодираи замини феодалњои калон)-ро манъ кардааст. Он ќисми рўњониён, ки њокимияти шўравиро эътироф карда буданд, ислоњотро дастгирї намуданд. Сардори ин ќисми рўхониён ќонундони баэътибори мусулмонон Шариф-махдум (Садри Зиё — М.Ш.) буд. Вай дар гузашта ќозикалони давлати хонияи Бухоро буд. Баъди инќилоби Бухоро (1920) љалои ватан накард, дар Љумњурияти Халќии Бухоро монд ва китобдори китобхона буд. Шариф-махдум фатвои шаръї тартиб дод ва дар он фатво ба Ќуръон такя карда исбот намуд, ки ислоњоти замину об хилофи фармудаи Худованд нест. ИН њуљчатро чанд муллои намоён имзо карданд ва барои бартараф шудани калавиши дењќонони диндор, барои анљом додани ислоњоти замину об хеле ёрї расонид»159. Шояд Садри Зиё дар баъзе чорабинињои дигари шўравиён низ кўмак карда бошад. Дар охири умр, аз солњои 1923-1924 дар идорае кор намекард. Он гоњ бештар имкон ёфт, ки ба таълифи дубораи асарњояш машѓул шавад. Лекин боз њам бисёр чизњо ба ин кор халал мерасонид. Яке аз монеањо беморї буд. Охири умри Садри Зиё ба касалмандї мегузашт. Хафаќон дошт, чанд гоњ ба дарде гирифтор шуд, ки онро худаш истисќо мегуфт. Дар баданаш об љамъ мешуд ва онро кашида мегирифтанд. Дар ёдам њаст, ки солњои охир пўсти бозувонаш монанди халтаи холї овезон буд, зеро аз танаш об кашида буданд ё зиёда лоѓар шуда буд. Шояд барои муолиља бошад, ки як ваќт ба сафар баромад ва то Ўш рафт. Мани хурдсол (намедонам, он гоњ чанд сол доштам) дар ин сафар бо ў будам. Дар роњ баСамарќанду Тошканд фуруд омада, чанд гоњ истодем. Аранг-аранг дар ёдам хаст, ки ба њавлињое ба мењмонї мерафтем, салладорњо љамъ мешуданд, бо хавоси парешон оњистаоњиста сўњбатњое мекарданд. Дар Самарќанд ба мадрасае фуруд омадем. Пас аз чандин сол фањмидам, ки ба њуљраи Ѓуломи Изомї фуруд омада будаем. Ѓ. Изомї аз хушнависони машњури Бухоро буда, баъди инќилоб барои ба тартиб овардани китобхонаи Садри Зиё ёрмандї карда буд. Ин дўсти дерин њоло дар Самарќанд Садри Зиёро ба њуљраи худ мењмон намуд. Њамин ки љойгир шудем, падарам Ѓ. Изомиро илтимос кард, ки аз омадани мо ў ба Садриддини Айнї хабар дињад. Чанд сол боз Айниро надида буд ва зоњиран њоло шавќи дидори ў дар дилаш љўш мезад. Ў бо Садриддини Айнї шиносии кўњна ва ба як њисоб ба ў њаќќи устодї дошт. Ў буд, ки дар як дењи Бухоро аз зиракии Садриддинхољаи 11-12 сола пай бурда, ўро барои хондан ба Бухоро оваронид ва чанд ваќт дар њавлии худ љой дод. Пас аз ин Садри Зиё ба Айнї аз мадарасаи Кўкалтош њуљрае харида дод, ки Айнї солњои 1907-1917 он љо зиндагї мекард. Ў барои бародари Айнї њам њуљра ёфта дода буд. Айнї аз китобхонаи Садри Зиё, аз сўњбатњои маърифатомўз ва файзу баракати маънавии вай хеле бањра бурда буд ва ўро «аввалин тарбиятгари маънавии худ медонист»160. Дўстии Садри Зиё ва Айнї дар асоси њаммаслакї ба вуљуд омада, бо њамкории њангоми муборизањо устувор шуда ва ба бародариву додарї гузашта буд. Аз ин рў, њељ љои тааљљуб нест, ки Садри Зиё чун ба Самарќанд омад, аввал Айниро дидан хост. Бозии фалакро бинед, ки Айнї он рўз ва рўзњои дигар њам ба дидани Садри Зиё наомад. Шояд аз мулоќот бо Садри Зиё тарсид, ки агар ба чунин як «боќимондаи дунёи кўњна» ва «унсури бегона» омадурафт кунад ва инро касе фахмад, оќибати бад хоњад дошт. 159 Х.Н. Дриккар. Опыт Таджикистана в преобразовании классовой структуры (Таљрибаи Тољикистон дар дигар кардани сохтори синфї), маљаллаи «Народы Азии и Африки» («Халќњои Осиёву Африќо»), 1982, №6, сањ.112.
85
Аз тарси устод Айнї бояд њайрон нашавем. Модомки фарзанди азизи Садри Зиё Зариф маљбур шуда буд, ки аз падар тамоман алоќа бурад, аз дигарон чи љои гила! Лекин шояд Садри Зиё дар он айёми пириву танњої аз Айнї нисбат ба фарзанди худ зиёдтар дилбардорї ва мадади маънавї умед дошт. Охир дўстиву рафоќати ў бо Айнї ба хешиву таборї не, балки ба пайвандњои маънавї асос ёфта буд. Зотан пайванди маънавї аз пайванди хунї пурзўртар аст. Боз як каси дигар буд, ки Садри Зиё бо ў пайванди ногусастанї дошт. Ин шахс Абдулвоњиди Мунзим — шоири маорифпарвар ва инќилобкори намоёни тољик аст, ки солњои кўдакї дар њавлии Садри Зиё тарбия ёфта буд. Садри Зиё нисбат ба Мунзим ва Айнї самимияти махсус дошта, њамеша аз онњо нисбат ба худ чунин самимият медид. Аз љумла дар «Тазкори ашъор» дар бораи ин ду нафар гуфтааст: Вафокеш мардум бидидам басе, Чу Айниву Мунзим надидам касе. Тавон гуфт Айнист як чашми ман, Дигар чашм Мунзим дар ин анљуман. Бинозам ба гетї ба-д-он ду нафар, Ки мурѓи диламро чу боланду ба пар. Ин аст, ки њоло яке аз содиќтарин вафокешњо Айнї аз Садри Зиё дурї љуст. Оё аз хамин сабаб бошад, ки Садри Зиё чанд гоњ боз аз як чашм ќариб тамоман мањрум шудааст? Наход, ки мањрумияти љисмонї ишораи рамзие ба мањрумият аз як љузъи пайвандњои маънавї бошад? Ба њар њол алами мањрумияти њозира зўртар аз якумист. Садри Зиё намехост бидонад, ки њоло муносибати Мунзим ба ў чи бошад. Намехост бидонад, зеро Худо нокарда, агар Мунзим низ чунин муомила кунад, ин худ зарбае хоњад буд, ки ба он тоќат кардан шояд дигар имконпазир нагардад. Албатта Садри Зиё медонист, ки ба мулоќоти ў наомадани Айнї на аз он сабаб буд, ки аз ў дилаш мондааст, ранљидааст. Не, чизе дар миён нест, ки боиси ранљиш шуда бошад. Њоло наздиктарин шахсон ин пири ољизи беозор ва мўњтољи ёриро ба њоли худ партофта бошанд, донед, ки замон баѓоят фосид шудааст. Охир, њангоми террори умумии соли 1917, ки ў аз дасти ањли балво ќариб њалок шуда буд, ё дар айёми дувумин мављи пурталотуми љадидкушї, ки соли 1918 фаро расид ва њукми ќатли Садри Зиё ба тасодуфе иљро нашуд, хешу табор, ёру дўстон аз ў мисли имрўз њазар накарда буданд, аз ў дурї наљустанд, ќатъи алоќа накарданд, балки баръакс дар рўзњои сахт њамдаму мўнис ва мададгори ў шуданд. Аммо ... имрўз, ки наздиктарин азизон нисбат ба ў як навъ сангдилї пеш гирифтанд, месазад, ки он байтњои машњур, ки гўё дар айёми истилои муѓул гуфта шудаанд, вирди забон бошад: Ин чи шўрест, ки дар даври ќамар мебинам? Њама офоќ пур аз фитнаву шар мебинам... Духтаронро њама љанг асту љадал бо модар, Писаронро њама бадхоњи падар мебинам. Њељ рањме на бародар ба бародар дорад, Њељ шафќат на падарро ба писар мебинам... Бо чунин рўњияву кайфият дар сурате, ки дар роњи оњан бесару сомонї њукмрон буд, давом додани сафар хеле душвор омад. Аммо Садри Зиё сафарро то охир давом дод. Ба фикрам, ин аввалин ва охирин дафъа буд, ки Садри Зиё чунин сафари тўлонї пеш гирифта, аз њудуди собиќ аморати Бухоро баромад. Дигар хонанишинї ихтиёр карда буд. Азбаски Зариф аз падар гурезон буд, падар ба Ѓиљдувон њам намерафт, ба дидани наберањо њам њавсала нмекард. Гоњ-гоњ пас аз ду-се рўз ё њафтае як бор ба сари кўчаи калон мебаромад, дар рў ба рўйи мазори Турки Љандї, дар пеши дукони баќќоле ва ё сартарошхонае ба курсї 160
С. Айнї. Куллиёт, љ.7, сањ. 50.
86
менишаст, бо соњиби дукон ва харидорону њољатмандони ў андак-андак гуфтугў мекард, гўё мекўшид, ки аз ањволи замон ва дигаргунињои њаррўзаи он бехабар намонад. Наѓз дар хотир дорам, ки чанд бор њодисаеро дидем: аз кўчаи калон аробае, ки пур аз чизњои рўзгор - кўрпаву кўрпача, гилему ќолин ва монанди инњо буд, мегузашт ва атрофаш соњибони ин чизњо гирёну нолон ва афтону хезон ќадам мезаданд, ду-се нафар милисањо ва чарминапўшњо милтиќу тапонча ба даст аз пешу пас онњоро мебурданд. Шак нест, онњоро ба њасбхона мебурданд ва молашон мусодира шуда буд. Падарам ва дигар њозирони мушоњидагар гиребони худро гирифта тавба мегуфтанду дигар хомўш мемонданд. Боре падарам чунин манзараи ба њабс бурдани одамонро диданду ду даст ба гиребони худ бурданд ва зери лаб гуфтанд: «Худоё, паноњ дењ». Ман намедонистам, ки он бадбахтњо чи касоне буданд ва чаро молашон мусодира шудаасту худашонро бандї кардаанд. Падарам шояд медонист ва рўз то рўз мањзуниву ѓамгинии ў зиёдтар мешуд, хомўшияш низ меафзуд. Чи њам мегуфт? Ба кї њам мегуфт? Мўнису њамдаме набошад, ки дарди дил бигўяду бишнавад. Шояд дар чунин мавриде бошад, ки дар як дафтари мусаввадаи ў чунин байтњое сабт шудаанд: Гуфтам: Ба љањони шўришоњанг Чун њељ касе ба ѓам чу ман нест, Шодона даме занем? Бигуфтанд: Хомўш, ки љои дам задан нест. 5 Инак, соли 1931-1932 ва маъракаи љамъоварии тилло расид. Њар кас тиллову тилловор, масалан асбоби ороиши занњо — њалќаву ангуштарин, дастпонаву тапиш ва ѓайра дошта бошад, аз ў ба зўрї мегирифтанд. Шояд мардуми Бухоро дар даст тиллову тиловор бисёр доштанд. Тиллову тилловор дар дасти мардуми шањрњои калони Осиёи Миёна низ шояд кам набуд. Азбаски хазинаи шўравї холї монд, ќарор доданд, ки ин тиллоро аз мардум љамъ кунанд. Лекин «моли мўъмин - хуни мўъмин», касе ихтиёран тилло намесупурд. Бино бар ин ба гирифтугир даромаданд. Њар кас андак гумонбар шавад, ки тилло дорад, њабс мекарданд ва ба шиканља мекашиданд. Бисёр воќеъ шудааст, ки онњое, ки тилло надоштанд, ба шиканља тоб наоварда маљбур гардиданд, ки як навъ карда тилло ёбанд ва онро супурда, љони худро халос кунанд. Рўзе пагоњии барваќт модарам маро бедор кард. Дидам, ки дар миёнљои хона ду чарминапўш рост истодаанд. Модарам мегиряду ин сў-он сўи хона меравад. Падарам парешонњол љома мепўшанд. Нињоят, дар њолате, ки ман њанўз аз кат нафаромада будам ва модарам ба поям љулоб мепўшонид, падар салла ба сар гузоштанду ба пеши ман омаданд ва ба оѓўш гирифта бўсиданд ва пичиррос зада «бачекам, туро ба Худо амонат супурдам», гўён оби чашм пок карданду аз хона берун шуданд. Он ду сиёњпўш аз ду тарафашон гузашта, бурданд. Садои гиряву нолаи модарам баландтар баромад. Дар њамин њол ба суоли ман љавоб дод, ки падарро ба њабс гирифтанд. Мо баъд аз ин дигар падарро надидем. Рўзњои муайян хўроке мебурдем, дар мањшаргоњи назди њабсхона ба навбат истода, бо афтударафти бисёре ба даричае мерасидему овардаамонро ба он дарича дароз мекардем, хизматчиёни њабсхона мегирифтанд. Гоњ пас аз хеле мунтазирї косаву табаќи дафъаи гузаштаро ба мо меоварданд, гоњ намеоварданд. Намедонистем, ки аз сари падар чињо мегузарад. Аз озодшудагон њам касе ба хонаи мо намеомад, ки ањволи падарро фањмем. Њабсхона мадрасаи Мирзо Муњаммадшариф буд, ки дар гузари Ѓозиён, дар рў ба рўйи њаммоми русї воќеъ шудааст. Ин мадраса њамноми Садри Зиёст, номи ў њам Мирзо Муњаммадшариф аст. Тасодуфро бинед, ки акнун мадрасаи њабсхона низ Мирзо Муњаммадшариф ном дорад! Садри Зиё ин мадрасаро хуб медонист. Як ваќтњо падари ў домулло Абдушшакури Оят дар ин мадраса дарс медод. Садри Зиё дар ин мадраса дарс хонда буд ва њуљрае дошт, ки дар болои дарвозахона воќеъ буд. Онро ба шоири љавони мўњтољ Мирзо Абдулвоњиди Мунзим дода буд, ки зиндагї кунад. Мунзими хаттот мањз дар њамин њуљра соли 1898 ё 1899 бо супориши Садри Зиё «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ањмади Донишро аз як нусхаи дастхатти муаллиф рўбардор карда буд. Мунзим он гоњ дари њуљраро аз дарун ќулф карда пинњонї ин корро анљом дода буд. Баъд Айниву Њайрат бо
87
Мунзим дар ин њуљра чанд гоњ пинњон шуда, он нусхаи рўнависро бо нусхаи асл љумла ба љумла муќоиса карданд, то ки сањвњои котиб ислоњ шавад. Дар натиља як нусхаи мўътабари «Наводир-ул-ваќоеъ» ба миён омад. Ин нусха дар дасти Садри Зиё буд, вале чи шуду пас аз инќилоб ба чи роње ба ганљинаи китобхонаи Фирдавсии Душанбе даромад ва њоло дар пажўњишгоњи мероси хаттии Љумњурии Тољикистон мањфуз аст. Акнун дар њамин мадраса Садри Зиё бандї буд. Мо намедонем, ки ўро дар кадом њуљра њабс карданд. Наход ки тасодуфан ба њамон њуљраи худаш афтода бошад? Њар чи бошад, он љо, ки дирўз илмхона буд, имрўз њабсхона аст. Дирўз дар як њуљра як кас зиндагї мекард ва илм меомўхт, акнун чандин нафар ба якдигар љафс шуда нишастаанд ва љунбида наметавонанду интизори марг мекашанд. Дар ин мадраса, ки яке аз осори барљастаи таърих буда, рўзњои азизи њаёти пештараи Садри Зиё ба он вобастагї дошт, ба њабс афтодани ў боз як зарбаи сахти таќдир буд, ки бояд ба он тоб меовард. Он ваќтњо ин мадраса ва боз чанд мадрасаи дигар, ки низ ба турма табдил ёфта буд, пур аз мањбусон гардида, доимо аз тирезаи њар њуљра чанд нафар намудор буданд ва аз байни љамъомадагони сершумори берун хешу табори худро мељустанд. Дар даруну беруни мадраса њамеша шўру вовайлое њукм меронд: оњу нола ва фиѓону фарёд ба фалак печида буд. Кай ба њабс гирифтор шудани Садри Зиёро намедонам. Ба фикрам, њаво на хунук буд, на гарм. Шояд аввали бањор бошад. Ваќти даргузашти ў аниќтар дар ёд мондааст: охири апрел буд. Аввал аз зиндон хатчае гирифтем, ки ба дасти худи ў навишта шуда буд: пасфардо рўзи 25 апрел озод хоњам шуд, азбаски нотоб њастам, барои бурдани ман фойтун, як љомаи серпахта ва асо биёред. Мо аз хабари озодии падар хурсанд шудем ва модарам рўфтурўби њавлиро ба ман фармуда, худ ба тоза кардани хонањо сар карданд. Рўзи дигар, ки мо њанўз ба пешвози падар њавливу хона тоза мекардем, касе дарвозаро таќ-таќ кард. Ў хабар оварда буд, ки Шарифљон-махдум аз дунё гузаштанд. Модарам нолаву фиѓон бардошт. Оби чашмаш шашќатор маро ба оѓўш гирифта ва бо дастони ларзон сарамро молида гуфт: «О дадаљонаш, ин саѓиракро ба кї монда рафтед? Акнун ман бо ин ятимча куљо равам? Дод аз дасти замон! Бачекам, дадаљонат шањид шуданд!» Лекин шањид шудани падарро дигар аз ў нашунидам. Модарам он рўз ва рўзњои дигар бисёр овоз андохта гиря кард, вале аз шањид шудани падар дигар чизе намегуфт, албатта метарсид, ки ин гап ба сарамон балое оварад. Бешак ба забон овардани чунин гапе бисёр хавф дошт. Модар чандин бор ба ман гуфт, ки «падарат бо ѓами ту рафтанд, дар дами вопасин дар дилашон ѓами ту буд, ки баъд аз сари ман њоли ин саѓира чї мешуда бошад? Дар он лањзањо ѓами худашонро не, ѓами туро мехўрданд». Дар њаќиќат њазрати ќиблагоњам дар охири умр, чанд моњи пеш аз фавт дар бораи ин камина навиштаанд: «Фарзанди дигарам Муњаммадљон ном, ки њозир шашсола аст, намедонам замон мусоъид шуда, чароѓи обову аљдодашро равшан мекунад ё дар зулматободи љањолат мемонад». Оре, падари бузургворам дар дами вопасин дар ѓами мани хурдсол будаанд, Шукри Худованд, ки оњи њазрати ќиблагоњамро шунид ва раво надид, ки банда ба «зулматободи љањолат» биафтам. Њар чи бошад, он чи Садри Зиё дар бораи Шоњин гуфта буд, ба сари худаш омад: Ба њасрат аз ин хокдони хароб, Бурун рафт бо дидагони пуроб. Масъалаи сабаби даргузашти ў љавоби босавоб надорад. Љавоби расмї ин буд, ки ба ў бемории тиф расид. Њатто намехостанд, ки љасади ўро барои ба хок супурдан ба мо бидињанд. Гўё агар мо худ маросими дафн иљро кунем ва гўронем, бемории ў ба мо мегузаштааст. Лекин мо талаб кардем, ки љасадро дињанд. Таѓоиям Њабибуллоњ - махдуми Авњадї (Њабибулло Ибодуллоев), ки дар оилаи мо ягона мард ва саробон буд, ба Когон (Бухорои нав) рафта, баъди даводав аз кадом духтур иљозат овард, ки худ ба хок супорем, вале рухсат нашуда буд, ки ба хона орем, аз њабсхона рост ба гўристон — ба мазори Хоља Исмат бурдем.Ин ваќт бекасии мо тамоман маълум шуд. Солњои сол одами бисёре дар атрофи Садри Зиё буданд, аммо имрўз касе нест, ки ўро ба роњи охирин барад. Њатто Зариф
88
наомад. Маљбур шудем, ки чор нафар тобуткаш киро кунем. Аз паси тобут ману модарам ва Авњадї равон шудем. Раиси гузарќум низ бо мо буд. Баъдтар фањмидем, ки одатан занону кўдаконро ба сари хок намебаранд ва ману модарам он рўз, ки аз паси тобут рафта будем, расму одатро вайрон кардем. Дар рў ба рўйи мазори Хоља Исмат масљиде буд. Дар тањоратхонаи он масљид љасадро шустанд, дар айвони масљид намози љаноза хонданд. Як саѓонаи кўњнаро кушода тайёр карда будаанд, љасадро ба он саѓона гузоштанд. Дар ин лањза нолаву фиѓони модарам дилхарош буд. Вале ман гиря намекрдам. Модарам гуфт: — Бачекам гиря кун, падаратро ба хок месупоранд, гиря кун. Аммо чи шуд, ки гиряи ман наомад. Он гоњ модарам гуфт: — Љои ќабри падаратро фаромўш накун. Бин, рў ба мазор истодаем, аз тарафи чап дар сари пайрањаи якум саѓонаи сеюм аст. Аз ёдат набарояд, саѓонаи сеюм, — таъкид мекард модарам. Овози гиряолуди вай њанўз дар гўшам садо медињад. Он манзара њанўз дар пеши чашми ман аст. То соли 1938 ман дар Бухоро будам. Њар гоњ, ки ба зиёрати ќабри падарам меомадам, маќбараи Хоља Исмат, саѓонаи падар ва атрофи онњоро ба тарзи пештара медидам. Баъд мо ба Душанбе кўчидем. Чун пас аз љанги Олмон, тахминан соли 1947 ба Бухоро омадам, дидам, ки гунбази болои ќабри Хоча Исмат нест на саѓонаи падар ва дигар саѓонањои атроф мондаасту на масљиду тањоратхонаи он. Он гунбазу саѓонањо аз хишти аълосифати ќадимї сохта шуда буданд. Солњои љанги дуюми љањон ин хиштњоро канда бурдаанд ва барои иморатњо истифода кардаанд. Њамин тавр ќабри Садри Зиё баъди 10-12 сол нест шуд. Моњи сентабри соли1989 ба муносибати 80-умин солгашти умри нависандаи халќии Тољикистон Љалол Икромї як гурўњ адибони тољик, аз љумла Бозор Собир, Гулназар, Убайд Раљаб ва камина ба Бухоро сафар кардем. Ба зиёрати мазори Хоља Исмат ва хокљои Садри Зиё рафтем. Ман љои ќабри Садри Зиёро ба онњо нишон додам. Нависандагон андаке дар пеши оромгоњи Садри Зиё хомўш истода, ба андеша рафтанд. Муњиддини Олимпур манзараро ба навор гирифт. Пас аз як соли дигар — 14 июни соли 1990 дар њафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ин шеъри Гулназар чоп шуд: Барои Муњаммадљон Шукуров Гиря кун, гиря кун чун абри бањор, Дар сари гўри бенишони падар. Магар аз оби хуфта бархезад Лолањое чу доѓи банди љигар. Ин замин сар ба сар яке дахма-ст, Дахмаи шайху шоири сарњанг. Сари њар пушта метавон бигрист, Аз ѓами бенишонии фарњанг. Ин замин сар ба сар ќабр аст, Марќади хашму шўру тўфонњо. Оби чашмони ту магар шўяд Гарди даврону хоки насёнњо. Оби чашмат гар кунад лабрез Чашмањои дари лаббаста. Сангњое магар кашад боре Њасрати кўзањои бишкаста. Тољик ин љо агар асар дорад, Љуз мазори харобу яксон нест. Мадфани бепаноњи сомонї Пуштибони љалоли Сомон нест.
89
Кай зи дўши манорањои баланд Осмонњо фуруд меояд? Аз рањи оби Зарфишон рўзе Шоири Панљрўд меояд? Панљаи зарнисори настаълиќ Мекашад домани забони маро, Сабзае, ки зи ашки ту сабз аст, Мекушад, мекушад хазони маро! Гиря кун, гиря кун чун абри бањор, Бар сари гўри бенишони падар. Хушксорї њушат намеояд Дар Бухорои љовидони падар.
6 Пас аз чанд рўзи мањбусии падар модарамро низ ба њабс гирифтанд. Таѓоиям Авњадї маро ба њавлии худ бурд. Намедонам, модар чанд гоњ њабс буд. Ба њар њол хеле пештар аз фавти падар озод гардид. Аз он чи дар њабсхона аз сар гузаронид, чизе намегуфт. Ё мумкин аст, дар пеши ман намегуфт. Чунин рўйдоде ба ёдам мондааст. Рўзе дандони модарам сахт дард кард. Ба падар хўрок бурда натавонисту хўрокро бо касе фиристод. Бо он кас хатчае њам фиристода аз падарам суол кард, ки дандонро чи илољ кунад, дармонњо асар надорад. Хайрият кадом дарбони нармдили зиндон рањм кардааст ва ин хатчаро бурда, ба падар дода, љавоб овардааст. Љавоб ин буд, ки пагоњ фалон соат рўймолчаеро гирењ карда, ба дандон бигаз ва сўи турма нигарон бош, ман дуо хонда, куф мекунам, сињат меёбї. Модарам дар он соат ин гуфтаро ба љо овард, дар њаќиќат дарди дандонаш монд. Ман худ гувоњи ин њодиса њастам ва њанўз аз ќувваи ботинии падар њайратам меояд. Як нусхаи сиёњнависи асарњои ў дар дасти ман њаст, ки дар даруни муќоваи он бо номи дуои дарди дандон, дуои дарди чашм ва ѓайра чанд дуо ба дасти падарам навишта шудааст. Аммаам гуфта буд, ки падарам баъзе дардњои хушк - дарди гўш, дарди дандон, дарди сар ва ѓайраро бо дуо муолиља мекарданд. Модарам бисёр камгап, сархам ва ором буд. Рўйи сабзина, чашму абрўйи сиёњ, мижгони дарози хамхўрда, мўйњои сиёњи ѓафси дароз дошт. Ба назарам, хело зебо буд. Кўча барояд, чодир ба сар мегирифт. Чашмбанд њам дошт. Њељ гуомн надоштам, ки модарам бемор аст. Хеле мењнатї менамуд. Аз пагоњ то бегоњ ба кори хона овора буд ва лањзае ором намегирифт. Кас гумон мекард, ки сињаташ хуб аст, баќувват аст. Лекин бемор будааст. Мегуфтанд, ки аз њабсхона касалие ба ў часпидааст. Маълум шуд, ки касалии сил будааст. Он ваќт, ки падарам њабс шуданд, модарам дуљон будааст. Баъди вафоти падар духтарчае таваллуд шуд, ки Вориса ном доданд. Вале умр вафо накард, ки ворисаи падар шавад. Пас аз андак муддат аз дунё гузашт. Баъд аз ин модар њам дигар ба худ наомад. Мо дар њавлии таѓоям Њабибуллоњи Авњадї будем. Он сол ман ба мактаб рафтам. Чун ним соли тањсил поён ёфт, муаллима ба ман гуфт, ки ваќти таътили январ нисфи китоби синфи 2-ро хонам, баъди таътил маро ба синфи 2 мегузаронанд, дар як сол ду синфро тамом мекунам. Ман аз ин хабар хурсанд шудаму афсўс ки модарро хурсанд карда натавонистам. Ў сахт бетоб буд, гоњ бањушу гоњ бењуш мехобид ва њамин ки ман ба синфи 2 гузаштам, ў аз дунё гузашт. Даргузашти ў бояд дар январ ё феврали соли 1933 воќеъ шуда бошад. Дар андак муддати камтар аз як сол мани сарсахт њам аз падару њам аз модар људо шудам. Модарам он ваќт 37 сол доштааст. Баъди даргузашти падар мероси ўро тарака карда буданд. Бародарам Зарифхон, ки ба дафни падар наомада буд, ба сари тарака њозир шуд. Рафтуомад бо падар гуноњ будаасту
90
дар сари мероси ў талош кардан айб набудааст. Намедонам, мероси падар ба ў насиб кард ё не, ба мо насиб накард. Њар чи монда буд, пас аз вафоти модар фурўхтанд, ки аз 3000 сўм зиёдтар шуд. Онро ба номи ман дар амонаткасса гузоштанд, фаќат баъди расидан ба синни 16 њаќ пайдо мекардам, ки онро бигирам. Авњадиро васии мани ятим таъин карданд, ки њаќ дошт, барои саробонии ман њар соле аз он пули ман андак маблаѓ бигирад. Њавлии падар аз даст рафт. Баъд аз он ки мо бо модарам ба њавлии таѓоям кўчидем, сардори НКВД-и Бухоро, ки Боишеви тотор мегуфтанд, њавлиро ишѓол карду ба њар хонаи он як оилаи тоторњову русњои навомадро шинонд. Онњо ё фарзандони онњо њанўз дар он њавлї зиндагї мекунанд. Таќдирро бинед, ки умри таѓоиам — васии ман Авњадї њам дароз набудааст. Ду таѓоии дигарам солњои НЭП дукони баќќолї кушода буданд. Як ваќт Сталин зидди нэпманњо мубориза сар кард таѓоињоямро бо андозњои тоќатфарсо ва чи роњњои дигар танг кардан гирифтанд. Охируламр онњо тоќат карда натавонистанд ва модарашонро гирифта ба Афѓонистон гурехтанд. Он ваќтњо сарњад кушода будааст, бемамониат гузашта, дар шањри Андхўй иќоматгоње ёфтаанд. Таѓоии хурдиам Авњадї дар Бухоро монд. Мегуфтааст, ки ман аз љадидон будам, бино бар ин шўравиён ба ман осеб нахоњанд расонид, љалои ватан зарурат надорад. Вай дар китобхонаи Ибни Сино кор мекард. Гоњ-гоњ шеъраш дар рўзномаи Бухоро чоп мешуд. Бисёр одами ботамкину солор ва камгапу ором буд. Баъзе бегоњињо аз кор ки омад, намедонам агар бисёр хурсанд бошад ё баръакс ѓаму нохурсандие ба дилаш роњ ёфта бошад, танбўрро гирифта дар пешгоњи хона менишасту навохтан оѓоз менамуд. Ман дар поини хона нишаста гўш меандохтам ва аз нохунаш чашм намекандам, бозии ангуштро тамошо мекардам. Навохтанаш ба ман мефорид, дилро роњат мебахшид. Бародаронаш баъди он ки дар Афѓонистон андак осудагї даст дод, бо ў алоќа барќарор кардаанд ё барќарор кардан хостаанд. Як номаи онњо ба дасти сарњадбонон афтодааст. Марзбонон номаро хонда дидаанд, ки бародаронаш Авњадиро ба Афѓонистон даъват мекунанд. Дар сарњад аз нома фотонусха бардошта, боз ба дасти туркмани номабар додаанд, ки бурда ба Авњадї супорад. Баъд Авњадиро њабс карданд ва бо вуљуди он, ки ў ба гуноњи алоќа доштан бо бародарон иќрор нашудааст, бо он фотонусха «гуноњашро» ба гарданаш дайн карда, ба Сибир фиристодаанд. Ин њол соли 1936 ё 1937 рўй дод. Пас аз андаке хабари вафоти Авњадї омад. Дар зарфи ду-се соли дигар њамсари ў ва ягона фарзандаш Искандари хурдсол њам ба хориву зорї ин дунёи бевафоро тарк гуфтанд. Пас аз зиндонї шудани Авњадї ман ба хонаи аммаам гузаштам. Аммаам Иќболхон танњо монда будааст. Ягона духтараш Асолатхон бо шавњару фарзанд ба Сталинобод — Душанбеи њозира кўчида будаанд. Аммаи пирам дар як њавличаи, њамон гузари Чорхарос — ягон панљоњ метр дуртар аз њавлии падарам зиндагї дошт. Ман дастёри ў шуда омадам. Инак, дар пањлўи пештара њавлии худамон зиндагї мекардаму ваќти мактаб рафта омадан аз пеши он њавлї мегузаштам, ба бозї бароям њам, дар пеши дарвозаи он бозї мекардам, лекин аммаам таъйин карда буд, ки ба њавлии падар надароям: азбаски он љо одамони бегона зиндагї мекунанд, кї медонад, даромадани ман ба онњо маъќул мешавад ё не. Дар шањр овоза буд, ки ин њама бегонањои омада, ки шањрро зер кардаанд, бадзоту бадкирдор мебошанд ва як «њунарашон» бачадуздист. Аз онњо дур будан бењтар аст. Аз ин сабаб аммаам таъйин карда буд, ки ба он њавлї надароям. Бо вуљуди ин гоњ якбора дилам мехост, ки дароям, хонаи падар, хонаи модарро бинам, донам, ки њавлии мо ба чи њол аст. Чанд бор љуръат кардаму даромадам. Лекин ба хонаи падар ва хонаи модар аз тиреза нигоњ карда натавонистам, љуръатам нарасид. Дар рўйи њавлї истода, оњиста ба њар тараф чашм медавондам, ба назарам чунон менамуд, ки њавлї фатарот шуда истодааст, ба шикастурехташ нигоњ намекунанд. Бо дили кашол баромада мерафтам. Аммаам зани хушгапу хушсавод буд. Як баёз дошт, ки солњои љавонї њар шеър аз гузаштагон ё муосирон маъќул шуда бошад, навишта монда будааст. Баъзе шеърњо бо дасти дугонањояш навишта шудаанд. Њар ваќт зиќ шавад, духтараш Асолатхон ва наберааш Муњаммадхонро, ки дар Душанбе буданд, ёд кунад, аз бекасиву танњої ба танг ояд, он баёзро мегирифт, паст-паст ва ба оњанги аљибе шеър мехонду мегирист. Ба назарам, ин тарз ба забони шеър нола карданњои аммаам дили сангро об мекард. Ман њам дар дами пирии аммаам як сарбории зиёдатї шудам. Аммаам аз танњоиву нодорї азоб кашида, боре њасратомез ба ман гуфт: — О бачем, худам дар ба дарам, туя ба дари кї барам? Њамин тарз гиряи ў, гап задани ў њам шеърмонанд буд.
91
Зимистонњо хонаи аммаам серодам мешуд. Шабњои дарози зимистон аммаам китоб мехонду занњои њамсоя љамъ шуда гўш мекарданд, аз корномањои ќањрамонони «Шоњнома»-и мансур, «Абўмуслимнома», «Замчинома», «Амир Њамза» ва дигар љангномањо, аз саховати маънавии Њотами Той, аз аљобати њикояњои «Њазору як шаб» ва ѓайра ба ваљд меомаданд. Гоњ «Шоњнома»-и Фирдавсї, девони Њофиз, мунтахаби девони Бедил ва монанди инњоро мешунидем. Аммаам њар шеърро ба оњанги дигаре мехонд, гўё ки месуруд ва торњои дили моро њам оњиста нохун зада ба танинандозї меовард. Гўё њама шеърњо дардомез буданд, ки аз чашми занњои њамсоя об мебаромад. Гоњ аммаам аз ман илтимос мекард, ки «китобњои охирзамонро» барои ў хонам. Боре гуфт, ки ягон китоби Садриддинхољаи Айниро биёрам ва хонам. Ман «Дохунда»-ро аз китобхонаи мактаб овардам ва ба китобхонии худи аммаам таќлид карда оњангдор ва бо бароварду фуровард хондан гирифтам. Амаам бо диќкат гўш кард ва аз саргузашти Ёдгору Гулнор мутаассир шуд. Вале чун ба воќиањои Бухоро ва зиндагии пешазинќилобии он расидем, тасвири ноинсофию бенизомињое, ки Айнї нишон додааст, ба ў маъќул нашуд. Њар замон оташин шуда, хашмаш боло мегирифт ва гоњ мегуфт: — Бас кун, ин гапњо дурўѓанд. Садриддинхоља дуруѓгўй будааст, дурўѓ бофтааст. Ман китобро мепўшидаму аз паи кори худам мешудам. Аммо баъди чанд гоњ боз аммаам хоњиш мекард, ки киоби Айниро хонам. Њамин тарз зиндагии ман дар хонаи аммаам бештар ба китобхонї мегузашт. Ў њам аламзада буд ва аламњои дилашро бо китоб таскин медод, аз китоб барои решњои дил марњам мељуст. Гоњ гузаштаро ёд мекард, солњои љавонии худ ва баъзе воќеањои он айёмро ба хотир меовард ва ба њасрат њикоя мекард. Ман њар чи дар бораи падарам, ѓайр аз навиштањои Айнї медонам, аз наќлњои ўст. Нињоят, аммаам ба бекасї тоќат карда натавонисту ба Сталинобод ба назди фарзандаш рафт. Он ваќт ман њам ба омўзишгоњи педагогии Бухоро ба тањсил гузашта будам. Пас аз як сол аммабачаам Асолатхон ва хамсари нависанда Љалоли Икромї — Саодатхон аз Сталинобод омаданду маро ба њолам намонда бо худ ба Тољикистон оварданд ва ба хонаи аммаам фуромадам. Аз њамон ваќт, яъне тахминан аз соли 1938 ё 1939 дар Душанбе зиндагї мекунам. 7 Њар ваќт, ки ба тавассути Љалол Икромї ба сўњбати нависандагони Тољикистон меафтодам, инчунин он гоњ ки ба факултаи адабиёти Институти омўзгории Душанбе ба хондан даромадам (1941) ва муаллимон аз адабиёти арафаи инќилоб ё аз Айнї сухан оѓоз намоянд, бо диќќат гўш мекардам, ки дар бораи Садри Зиё њам чизе медонанд ё не. Вале ўро касе ном намегирифт. Ман худ намедонистам, ки ў чињо навиштааст ва дар байни навиштањои вай чизе баарзиш њаст ё не. Аз ин хусус аммаам низ њељ намедонист ва ман аз ў боре номи ягон асари падарамро нашунида будам. Дар њама мавридхои зарурї, аз љумла њангоми ба комсомол даромадан рўйрост гуфта будам, ки падарам дар њабсхона вафот кардааст. Сабаби њабс шуданашро пурсанд, он чи медонистам, батафсил мегуфтам. Пеш аз инќилоб ќариби 25 сол ќозигї карданашро низ гуфтам. Дар ин хусусњо чизеро аз мардум пинњон доштан намехостам. Лекин њунари нависандагї доштанаш ва китобњои кўњна љамъ карданашро нагуфта будам. Инњоро гуфтан бисёр хавф дошт. Њама китобњои ќадимї, ки ба хати арабї навишта шудаанд, дар замони шўравї китоби динї ва чизи зарарнок њисоб мешуданд ва ман худ дида будам, ки касе дар хона ба хати арабї китоб дошта бошаду ин ошкор шавад, ба азобњои сахт гирифтор мегардид. Бино бар ин аз китобхонаи падар лаб намекушодам. Аз нависандагии ў сухан кардан аз он љињат хавф дошт, ки мазмуни навиштањои ў аён набуд. Азбаски ў дар замони шўравї мардуду хонанишин шуд, мабодо ки баъзе чизњои зиддишўравї навишта бошад. Агар чунин бошад, ањволи ман чи мешавад. Аз ин рў ќарор додам, ки алњол дар ин хусус чизе гуфтан салоњ нест. Солњои донишљўї хондани хати тољикии арабиро андак ёд гирифтам ва гоњ-гоњ ба шўъбаи дастхатњои китобхонаи умумии Фирдавсї медаромадам. Чун фањмидам ки дар ин шўъбаи китобхона баъзе асарњои Садри Зиё њаст, маро аљаб њолате рўй дод. Њам бенињоят хурсанд шудам, ки навиштањои вай њатто дар Душанбе мањфузанд ва ман њоло њозир метавонам онњоро бигираму бихонам ва бубинам, ки он пири барљомонда солњо хит-хит ќалам ронда чињо навишта будааст. Њам маро дањшате фаро гирифт, ки раваду аз байни
92
навиштањои ў чизњои зиддишўравї барояд, он гоњ чи кор мекунам? Боз худро тасаллї додам, ки агар гапњои зидди шўравї медошт, магар дар китобхонаи шўравї нигоњ медоштанд? Не, кайњо месўзониданд. Бо њаяљони тамом навиштањои падарро ба даст гирифтам. Дар китобхонаи Фирдавсї нусхае аз тазкираи манзуми «Тазкори ашъор» ва як нусха аз «Наводири зиёъия» мављуд будааст. Сарам ба осмон расид, ки њар ду нусха њам ба ќалами хушнависон ба хати зебову хоно китобат шудааст ва монанди китобе, ки бо ороиши хубе нав аз чопхона баромада бошад, дилкаш аст. Китобдори шўъбаи дастнависњо М. Тољиддинов ном марди бухорої хабар дод, ки њар ду нусха ба тавсияи Айнї ва ба супориши китобхонаи Фирдавсї аз рўйи автографи китобхонаи Ибни Сино рўнавис шудааст...Модом, ки аслаш дастнависи муаллиф аст, нусхаи мўътабар ба шумор меравад. М. Тољиддинов инчунин гуфт, ки «Тазкори ашъор» эњтимол ба ќалами Њабибуллоњ-махдуми Авњадї нусха шуда бошад. Ин номро шунида будам, ки хурсандии ман дучанд шуд, вале нагуфтам, ки ин шоири хушхат таѓоии ман буд. Агар мегуфтам, лозим меомад, ки аз охири умри ў њам чизе бигўям, аммо аз ин хусус гап задан њаргиз намехостам. Дилам аз сипосгузорї лабрез шуд, ки падарам ќадршиносони асил доштаанд, дар охири умр аз дунё на фаќат носипосиву хорї диданд, балки ќадршиносоне будаанд, ки њатто баъди даргузашти эшон аз Самарќанд то Душанбе ва аз он љо то Бухоро дар њаќќи эшон ѓамхорињо кардаанд. Оре, некон њамеша ва дар њама љо њастанд. Дунё бўќаламун аст, некон бўќаламункуш. Он ду нусха китобхонаи Фирдавсиро устод Айнї хонда будааст ва дар њошия ќайдњое дорад. Баъди чанд сол ба ман маълум гардид, ки Айнї бо навиштањои Садри Зиё пеш аз инќилоб, яъне бо тањрири якуми онњо шинос шудааст. Инро аз «Намунаи адабиёти тољик» (1926) фањмидан мумкин аст. Ин љо ў асарњои Садри Зиёро ном бурда ва ба онњо бањои баланд дода, ба њасрат ќайд намудааст: «Афсўс, ки Рўзнома ва баъзе муншаоти муњиммаи Зиё дар фалокати мањбусии Ќаршї талаф шуда» (сањ. 402). Шояд аз њамин сабаб тањрири нави онњоро, ки Садри Зиё дар охири умр анљом дод, Айнї бо диќќати тамом хонда бошад, то бидонад, ки назари нависанда аз тањрири якум то тањрири дувум ба чи андоза дигар шудааст. Аз ќайдњое, ки Айнї дар њошияи дастнависи китобхонаи Фирдавсї дорад, ман чунин тасаввур њосил кардам, ки устод аз тањрири дувуми навиштањои Садри Зиё ќаноатманд аст, дар њаќиќат ба ќадри он чи ў навиштааст, мерасад. Њангоме, ки чунин тасаввур њосил шуд ва аз шиносоии шахсї итминон пайдо кардам, ки эљодиёти Садри Зиёро ба ќисми пешраву пешбари адабиёти замон дохил кардан мумкин аст, дигар сарбаландии маро канор набуд. Бањори соли 1945, он ваќтњо ки барои хатми институти омўзгорї тайёрї медидам, дар миёни донишљўён овоза пањн шуд, ки устод Айнї аз Самарќанд омадааст ва ба чорбоѓи њукумат фуромадааст. Ду-се нафар аз донишљўёни баљуръат хоњиш пайдо карданд, ки ба зиёрати Айнї бираванд ва маро њам розї карда бо худ бурданд. Дар як хонаи калони чорбоѓ чор курсиро ќатор гузошта моро шинонданд ва дар рў ба рўйи мо курсии дигаре гузоштанд, ки пас аз андаке устод Айнї пайдо шуду он љо нишаст. Агарчи мо устодро пештар надида будем ва наметавонистем, ки ањволи пештараву кунунии ўро андоза карда муайян намоем, ки њоло ањволаш бењтар аст ё бадтар, бисёр пир шудааст ё не, ба назарам чунин намуд, ки нотавонї дар љисми ў тасаллут дорад. Шояд ин ба он сабаб бошад, ки њанўз бори сахтфишори љангро аз китф напартофтаем ва ба китфи пирии ў њам фишор меорад. Устод бо овози хаста сухан карда, як-як аз њар кадоми мо ном пурсид, дар кадом факулта хондан, аз кадом шањру ќишлоќ омадани моро суол кард. Дар охир навбат ба ман расид. Чун устод аз Бухоро омаданамро фањмид, дафъатан гузари моро пурсид ва њамин ки номи Чорхаросро шунид, чунонки њама бошандагони ин гузарро медониста бошад, зуд пурсон шуд, ки писари кистам. Гуфтам, ки писари ќозї Шарифљон њастам. Якбора чашмони устод дурахшиданд, гўё тани нотавонаш љон гирифту ќоматаш андак рост шуд. Нахустин суоле, ки дод, ин буд, ки: — Сабаби ба њабс афтодани падаратон чї буд? Аз дил гузаронидам, ки наход устод инро њељ нашунида бошад? Бо вуљуди он, ки нисбат ба зарурату самимияти суол шубњае пайдо шуд, њар чи медонистам, гуфтам, ба суолњои дигар њам муфассалан љавоб додам: падарам дар маъракаи тиллоѓундорї њабс шуда буданд, тилло доштанду супурданд ё не — намедонам, сабаби вафоташон — бемории араќї буд ва ѓайра. Устод ин њама бишунид, андак хомўш монд ва бо ќатъият гуфт:
93
— Муњаммадљон, донед, ки падаратон бо гуноњи сиёсї нарафтаанд. Инро фаромўш накунед. Он гоњ маънии ин таъкиди устодро пай набурда бошам њам, ба хар њол дар дилам як далерї пайдо гардид. Баъд аз ин њар ваќт, ки дар бораи падарам ба расмият ё ѓайри расмї сухан сар мешуд, андак далертар гап мезадам. Устод хабар дод, ки дар китобхонаи Тошканд њама китобњои падар, аз љумла навиштањои худи ў нигањдорї мешаванд, бо онњо шинос шудан лозим аст. Сипас устод хешу табори дуру наздики моро як-як пурсидан гирифт. Ман онњоро намедонистам. Устод аз ин бевуќуфии ман њайрон шуда, дар бораи њар кадоми хешовандонам чизњои љолибе гуфт, воќеањои аљиберо ба тафсил њикоя кард, ба њар муносибат чанд шеър хонд, ки баъзе шеъри ягон хеши ман ва баъзе аз шеърњои худи Айнї буданду ба ягон хеши ман вобастагие доштанд. Азбаски табъи устод шукуфта буд, хеле бисёр гап зад, бисёр касонро ном гирифт, солњои љавониашро ёд кард. Агар он рўз магнитофоне медоштему гуфтањои ўро сабт мекардем, шояд саргузашту тавсифи њама хешу табори худро пурра мефањмидам. Ман он рўз якумин бор аз њофизаи камназири Айнї ба хайрат мондам (ва ин њайрати ман солњои баъд боз чанд бор такрор шуд. Хусусан аз хондани «Ёддоштњо»-и ў афзун гардид). Инчунин бовар њосил кардам, ки солњои љавонии устод на фаќат бо Садри Зиё, балки бо хешовандони ў њам вобастагие доштааст. Устод Айнї барои ин, ки баъзе њамзамононаш ба гумномї намонанд ва ё барои ин, ки моњияти шахсияту эљодиёти онњоро мо дуруст фањмем, бисёр хидмат кардааст. Чунончи шахсияти Ањмади Дониш, Шоњин, Њайрат ва монанди инњоро мо асосан аз рўйи навиштањои Айнї медонем. Садри Зиё низ яке аз чунин шахсиятњои садаи XIX ва ибтидои садаи ХХ аст, ки Айнї ба ў ихлоси тамом дорад ва аз соли 1920 то охири умраш дар асарњои гуногунаш дар бораи ў маълумоти аљибе додааст. Бисёр касоне, ки дар њаќќи «тозагии ѓоявї»-и адабиёти шўравї аз њад зиёд ѓамхорї мекарданд ё аз замона метарсиданд, ба ин кўшиши Айнї монеъ мешуданд. Аз љумла М. Турсунзода, А. Дењотї ва С. Бородини тарљумон сахт истода Айниро маљбур карданд, ки соли 1950 дар љилди севуму чоруми «Ёддоштњо»-яш номи Садри Зиё «Шарифљон-махдум»ро ба «Латифљон-махдум» иваз кунад. Дар сурате, ки дар «Ёддоштњо»-и Айнї њама персонажњо ба номи аслии худ зикр шудаанд ва устод номи нафареро дигар накардааст, ба ў лозим омад, ки ба таѓйир додани номи Шарифљон-махдум розї шавад. Боз њам дар сурате, ки дар дастнависи Айнї, инчунин дар чопи якуми љилди дувуми «Ёддоштњо» њама љо «Шарифљон-махдум» навишата шудааст, чопи якуми љилди саввуму чорум ба тољикї, русї ва ўбекї бо «Латифљон-махдум» баромад. Фаќат аз охири солњои панљоњ аз рўйи дастхати муаллиф номи аслї барќарор шуд, аммо ба ўзбекї њоло њам «Латифљон-махдум» чоп шуда истодааст. Мирзо Турсунзода соли 1978 дар як маљлиси калон бо хашму ѓазаб ба ман эрод гирифт, ки дар як маќолаам падарамро ном гирифта, асарњояшро зикр кардаам, — дар шаш сатр дар бораи ў сухан рондаам, бори дигар аз забони асарњои ў калимаю љумлањое ба «Фарњанги забони тољикї» (ки луѓати тафсирист) дохил кардаам. М. Турсунзода мегуфт, ки Садри Зиё ќозї буд, истисморгар буд, устод Айнї хизматгории ўро иљро намудааст, таги аспњои ўро тоза кардааст. Ў аз ин гуна «гуноњњои» Садри Зиё бисёр номбар кард. Аљабо, устод Айнї аз адои хизмати шахсоне чун Садри Зиё дар солњои кўдакиву љавонї ор накарда буд, њатто дар охири умр њам аз гуфтану навиштани он ораш наомад, аммо Турсунзодаро ор гирифтааст! Алњаќ, ин коса аз ош гармтар будааст. Адои хизмати ањли фазл дар солњои љавонї коре савоб ба шумор меомад. Бисёр падарон кўшиш мекарданд, ки фарзандон аз ин савоб намонанд. Чунин хидмат дар китобњо низ ба роњи савобљўї аз зарурот дониста шудааст. Чунончи Абдуллоњи Ансорї (XI) дар охирин боби «Тўњфатулмулук» «хидмати уламову сулањову фуќаро»-ро «асли саодати дуљањонї» њисобидааст. Аз ин љост, ки Садри Зиё њарчанд фарзанди яке аз уламову мансабдорони калони Бухоро буд, дар 13-солагї бо супориши падар хидмати шоир Исомахдуми Исоро «ба ќадри ќудрату тавон ба љо оварда» буд. Ў дар тарљумаи њоли худ аз ин хусус бо сарбаландї хабар додааст (Ниг. ганљинаи Пажўњишгоњи ховаршиносии Ўзбекистон, № 1304/3, сањ. 145). Ин аст, ки Мирзо Турсунзода аз хидматкории солњои кўдакии Айнї бењуда хиљолат кашида буд. Айнї то андозае ба шарофати он хизматгузорињо ба љое расид. Вай Садри Зиёро «аввалин тарбиятгари маънавии худ» медонист.161 161
С. Айнї. Куллиёт, љ. 7. Сањ. 50.
94
Солњои њафтодум ману Сањобиддини Сиддиќї, ки мутахассиси эљодиёти Садри Зиё буд, як маљўаи асарњои Садри Зиёро ба чоп тайёр карда будем. Пас аз суханронии мазкури М. Турсунзода он маљмўаро аз чоп нигоњ доштанд, бањона карданд, ки калон аст. Мо онро кўтоњ карда ба 5 љузъи чопї овардем. Бо ин њама чанд гоњ чоп нашуд ва фаќат соли 1991 бо номи «Наводири зиёъия» ба табъ расид. Агарчи профессор Расули Њодизода ва шодравон Сањобиддини Сиддиќї, дар бораи њаёту эљодиёти Садри Зиё асарњое таълиф карда, бисёр масъалањоро як андоза равшан карданд, бо вуљуди инњо суханњои дур аз инсоф, ки дар њаќќи Садри Зиё дар муддати 20-30 соли охир аз ноогоњон шунидему хондем, бисёранд. Њамаи онњоро ин љо зикр кардан зарур нест. Аз љумлаи зарурат ба фикри мо њоло фаќат таъкиди ин монд, ки аз саргузашти Садри Зиё сабаќ бояд омўхт. Рўзњое, ки ба сари Садри Зиё омад, муносибате ки ў пеш аз инќилоб ва баъд аз он дид, бешак яке аз натиљањои гумроњии замон, натиљаи хор доштани инсон буд. Аз љумла дар ањди шўравї ба инсон асосан чун ба намояндаи синфу табаќае, гурўњи иљтимоие, љараёне, њизбе, касбу ихтисосе нигоњ мекардем, аммо парвое аз он надоштем, ки ў чи инсонест, одамияти ў ба кадом андоза аст. Мафњумњое чун одамият ва гуманизм дар натиљаи он биниши мањдуди иљимоъиву синфї мазмуни яктарафа пайдо карда, маънои густурдаи башарии худро аз даст дод, на манфиати инсон ва љомеа, балки асосан манфиатњои синфњоеву гурўњњоеро ифода карду бас. Ва њол он ки инсони асил њамеша ва дар њама љо њаст, ќатъи назар аз зиддиятњои шахсияташ, бевафоињои дунёву ѓалатбинињо собитќадамона амал мекунад. Барнагарданд зи њаќ софзамирон њаргиз, Њарфи ин тоифа чун оина як рў дорад. Мардони софзамир ва њаќљўю њаќшинос дар шахси худ моњияти њастии инсон, моњияти замон ва печу тоби онро бењтар ифода мекунанд. Ба аќидаи мо Садри Зиё яке аз онњост. Ў гуфта буд: «Љодаи њаќ паймудам». Алњаќ, дар хидмати миллат аз собитќадамтарин њаќљўёну њаќгўёни замон буд. 1991 БАХШИ 2 Чу анќоро баланд аст ошёна 1 Чандест, ки баъзе нависандагон, њатто касоне, ки ба роњи пажўњиш ќадам гузоштаанд, дар њаќќи Шарифљон-махдуми Садри Зиё суханњое пањн мекунанд. Сухани онњо бештар ба тахминњо ва шунидњо, ба фарзияњои беасос, ба сарфи назар кардан аз навиштањои устод Айнї ё хониши бедиќќати асарњои ў такя дорад. Асли маќсади даъвогарњо гўё ѓамхорї барои тоза доштани мафкураи синфї (табаќотї), кўшише барои ёфтани падидањои синфият аз адабиёти тољикї ва инкишофи љомеа, аз шахсияти мардони таърих аст. Шояд чунин ѓамхориву кўшишњо зарурат дошта бошад. Синфиятљўї, нигоњи синфї ба њодисањои љомеа ва рўйдодњои адабиёту санъат аз дастурњои материализми таърихист. Корбурди ин принсип дар баъзе мавридњо яке аз падидањои моњиятљўии илмист. Вале фаќат яке аз падидањо, яке аз шевањои њалли масъалаи илмист. Имрўз бовар њосил кардем, ки тањќиќи илмиро бо биниши синфї мањдуд кардан хатост. Сабаби њама
95
рухнамудњоро танњо аз манфиатњои синфї љустан мумкин нест. Аз назари синфии мањдуд дурї љуста, чашмандозро фарохї додан даркор аст. Афсўс ки бисёре аз мо ба сари ин њаќиќат дер расидем, бархе њанўз нарасидаем. Дар оѓози дањаи навад танњо андешапарвароне чун Чингиз Айтматов бо ќатъияти тамом изњор карданд: «Замона нишон дод, ки њељ ќатъияте дар ягон навъи синфиятљўї арзишманд ва њаётан комил нахоњад буд. Синфиятгарої ногузир зўроварї ба миён меоварад — њамин аст сабаќи таърихи мо».162 Ва њол он ки бештарини мо то нимаи дањаи њаштод аз њама љо танњо синфият мељустем. Аз бузургтарин намояндагони адабиёт ва андешапарварон њам мањдудияти синфиву таърихї ёфтан шарти њатмии бозљустанњои илмї буд. Дар синфгарої чунон ифрот варзидем, ки корамон ба нуќтањои нињоии иљтимоъиятгароии дурушти авомона, ба сотсиологизми вулгар расид. Камина бовар дорам, ки ба шахсияти Садри Зиё бо айбљўии мањз нигаристани баъзе ќаламкашњо натиљаи њамин равияи нораво буд. Чун Садри Зиё ќозизода буд ва чанде ќозиву ќозикалон (ќозиулќузот) шуд, аз ў њатман айбњои синфї љустан лозим буд, дар бораи ў суханњои нек гуфтан ва ё ки ўро танњо ба некї ёд кардан хавфе дошт, ки айби «нобиноии синфї» ба гардани гўянда гузошта шавад. Хусусан ки Садри Зиё дар зиндони шўравї чашм аз љањон бастааст. Вале бисёрии он «айбњои синфї», ки то њол аз Садри Зиё «ёфтаанд», ба назари мо воќеан айбе нестанд, балки натиљаи њамон каљфањмињои сиёсї мебошанд, ки бисёр дидаем ва њанўз мебинем. Ман намегўям, ки Шарифљон-махдуми Садри Зиё моњи беайб буд. Бешубња ў норасоињое, ки имрўз мањдудияти синфї ва таърихї меномем, инчунин камбудињои шахсиву хусусї дошт ва шояд бисёр дошта бошад. Инро тањќиќоти минбаъда нишон медињад. Шояд њаќ ба љониби Соњиб Табаров бошад, ки гуфтааст: «Амирони Бухоро Абдулањад ва Олимхон барои мустањкам гардондани рукни давлати худ аз маќом, ќадру ќиммат ва манзилати ќозї Шарифљон-Махдум барин шахсони донишманд ва аз байни дањњо ќозињои љоњилу ѓосиб, разилу хонахаробкунандаи халќ ба ин гуна шахсон њам мансабњои баланди давлатиро инъом менамуданд, то ки аќлу дониш ва обрўю эътибори ин ќабил соњибмансабони бомаърифату тараќќипарварро њамчун садде бањри пешгирии эътирози халќи мазлум истифода баранд».163 Оре аљаб нест, ки њукмдорони нобакоре чандин бор кўшиш карда бошанд, ки Садри Зиёро чун силоњи дасти худ истифода намоянд ва гоњо ба баъзе сабабњо комёб њам шуда бошанд. Аз эњтимол дур нест, ки дар фаъолияти хусусї ва љамъиятии Садри Зиё, њангоми иљрои вазифаи ќозигї аз ў кўтоњиву хатоњо содир шуда бошад, беихтиёр ё баихтиёр, аз рўйи маљбурият ё худ сањван ноинсофињое рўй дода бошад. Шояд, одамизод шири хом хўрда. Аммо моњияти асосии фаъолияти иљтимоъии ў њамоно бо риояи ќонунњои шариат љабру зулмро пешгирї кардан будааст. Ин њаќиќат аз асарњои худи ў, ки ќисман чоп шудаанд, ошкор аст. Он шарњу эзоњи тарзи зиндагї ва фаъолияти иљтимоъии Садри Зиё, ки дар навиштањои устод Айнї мебинем, низ дар аксари кулли мавридњо боварбахш аст. Ба Садри Зиё ва монанди ў равшанфикрони замонаш оё њамеша муяссар мешуд, ки маромномаи худро амалї кунанд? Оё онњо имкон меёфтанд, ки дар фаъолияти иљтимоъї, дар мансабњои низомиву шаръї доимо пайгирона аз рўйи адлу инсоф амал намоянд? Равшан аст, ки ба чунин суолњо як љавоб додан, яъне фаќат љавоби мусбат ё танњо љавоби манфї гуфтан имконпзир нахоњад буд. Бегумон адолатгустарї ба онњо гоњ муяссар мешуд, гоњ не. Ин як њаќиќати одист ва ба он набояд шубња кунем. Бале, дунё чунин аст, ки ниятњои нек кам амалї мегардад. Дунё бештар ба муроди ањли дил намеравад. Метавон гуфт, ки аз ин ваљњ дили Садри Зиё њамеша хун буд. Месазад, ки њаёти гуногунмазмуни мардоне чун Садри Зиёро бо њама пасту баланд ва зиддияту ихтилофоташ намудор оварда, бо биниши ибратомўзї бисанљем. Ин аз вазифањои муњиммест. Ин љо андешаварзиву эњтиёту њаќќоният аз шартњои асосист. 2 С. Табаров мегўяд, ки «ќозї Шарифљон-махдумро њатман лозим меомад, ки бевосита вазифаи маъмурии худро ба љо орад. Вагарна амир ўро ба яке аз њафт тумани Бухоро ё ягон вилояти дигар бо иродати хеш ќозї таъин намекард». Боз С. Табаров таъкид 162 163
Литературная газета, 20 дек, 1989, № 51 С. Табаров. Амали носавоб. Садои Шарќ, 1989, № 9. Сањ. 120.
96
менамояд: «Ќозї Шарифљон-махдум маљбур буд вазифаи ќозигии (судиягии) худро мувофиќи ќонунњои маъмулии шаръї ва њукмњои амирони Бухоро ба љо орад. Ин мансаби (?— таќозои мансаби – М.Ш.) маъмурии ў буд, на вазифаи инсониии гражданиаш. Ў мебоист мансаби (?— вазифаи — М.Ш.). ќозигиашро њатман иљро намояд (?– менамуд– М.Ш.), вагарна аз он маъзул мегашт»164. Албатта ба Садри Зиё лозим меомад, ки вазифањои ќозии шариатро то њадди имкон пурра иљро намояд, лекин на аз тарси он ки мабодо ўро аз ќозигї маъзул кунанд. Не, ў аксаран аз маъзулї наметарсид. Хидмати ќозигиро ба љидду љањд иљро кардани ў бештар фармудаи виљдон ва гоњ аз рўйи маљбурият буда, вале њељ гоњ аз рўйи мансабпарастї набудааст. Баръакс аз мансабдорї безор будааст. Шояд хусусан баъдњо, ки ба гуфти худаш «иљрои шариат» ва «дафъи зулм» торафт душвор шудан гирифт, аз ќозигї нафрат пайдо карда будааст. Ў гуфтааст: «Њама ваќт аз хидмати ќозигї мутанаффиру гурезон будам ва ба касе мулозамат намекардам ба умеде, ки шояд аз бањри ман гузаранд, то ки кирдори мурдору атвори нобакори соњибмансабонро на бинаму на сўзам». Ба ин гуфтаи ў бовар кардан мумкин аст, зеро дар њаќиќат дар ягон тумону вилоят ќозигии ў дер накашидааст, ўро зуд-зуд маъзул мекарданд. Њатто ќозикалонї (аќзалќузоти)-и Садри Зиё соли 1917 бидуни розигии худи ў сурат гирифт ва њамагї шонздањ рўз давом ёфт. Аз ин рў ба чунин талќини С. Табаров розї шудан мумкин нест, ки гўё фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё ва хидмати ќозигии ў аз њам хеле фарќ доранд ва хилофи якдигаранд. С. Табаров мегўяд: «Устод Айнї хеле хуб медонист, ки ќозї Шарифљонмахдум њамчун инсон шахси донишманд, равшанфикр, маорифпарвар ва махсусан њомї ва мураббии як ќатор адибони пешќадами замони худ буд. Аммо ў дар туману вилоятњои Љондор, Чорљўй, Ѓиљдувон, Вобканд, Ќаршї, Шахрисабз ва ѓайра аз соли 1896 то соли 1920 бевосита на ба кори маорифпарварї, фуќаропарастї (?), тарѓиби илму фарњанг ва ё ба эљоди асарњои адабиву таърихї, балки пеш аз њама њукмоварии шаръї дар њаќќи гунањкорон, додхоњон, душманони амир ва аморат ва монанди инњо машѓул мешуд» (сањ. 117). Чунонки мебинам, С. Табаров ин гапњоро аз номи устод Айнї гуфтааст ва њол он ки монанди ин гуфтае дар асарњои устод нест. Айнї фаъолияти маорифпарварї ва хидмати ќозигии Садри Зиёро аз њам људо накардааст ва ё ба њам зид нагузоштааст. Дар њаќиќат њељ имкон надорад ки ду љињати фаъолияти шахс аз алоќамандї мањрум бошад. Албатта мумкин аст, ки миёни ду соњаи фаъолият гоњ зиддияту ихтилоф ё номувофиќатие рўй дињад, вале бе алоќа давом кардани онњо эњтимол имконпазир набошад. Ба фикри мо фаъолияти маорифпарварї ва хизмати расмии Садри Зиё баробар ва њамзамон њамбаста давом ёфта, њамеша ба якдигар таъсир доштанд, ба якдигар наќше мегузоштанд. Инро аз ин љо њам мефањмем, ки асарњои асосии ў солњои ќозигї навишта шудаанд, мањз дар њамин солњо барои мактаби нави Мунзиму Айнї ва љамъияти пинњонкори «Тарбияи атфол» њар моњ пинњонї пул медод, фарзанди худ Зарифро ба он мактаб гузошта буд (ва ин кори ў барои бардоштани обрўйи он мактаб, барои ин, ки дигарон њам ба чунин коре далер шаванд, ањамияти махсус дошт) ва њоказо, яъне солњои ќозигї низ дар фаъолияти тозафикрони тараќќихоњ монанди пештара иштирок мекард ва мањфили адабии ў (гоњ бо андак таваќќуф) њамчунон идома дошт. Аз ин рў ба мулоњизањои С. Табаров, ки дар боло дидем, наметавонем розї бишавем. Дар порчаи боло С. Табаров аз забони устод Айнї сухан ронда («устод Айнї хеле хуб медонист, ки…») таъкид менамояд, ки гўё Садри Зиё солњои ќозигї дар њаќќи «душманони амир ва аморат» низ «њукмоварии шаръї» мекард. С. Табаров ба ин њукм исрор дорад ва ба такрор мегўяд, ки Садри Зиё «ба маънои томаш ќозии даврони худ, њукмбарории шаръї, иљрокунандаи тамоми (?) ќонунњои шариат ва њатто љазодињандаи эътирозмандон ва норозиёни даврони худ дар байни солњои 1896-1920 будааст» (сањ. 119). Муаллиф ба чї асос дар њаќќи Садри Зиё чунин њукми ќатъї бароварда, боз онро аз забони Айнї гуфтааст? Чаро ў аз рўйи шариат њукм баровардани ќозиро гуноњмењисобад? Магар он ваќтњо ќонуни дигаре ѓайр аз шариат вуљуд дошт, ки ќозї ба кор бигирад? Њељ маълум нест, ки чаро С. Табаров онњоеро, ки Садри Зиё њангоми ќозигї љазо дода буд, «эътирозмандон ва норозиёни даврони худ», яъне таъќибдидањои сиёсї мешуморад? Барои чунин хулосаву даъвоњои калон чї далелу бурњоне дар дасти муаллиф њаст? С. Табаров
164
Њамон маљалла. Сањ. 117-119
97
далелу бурњоне нишон надодааст ва фаќат дар натиљаи фањмиши нораво ва тахминњои бебунёд аробаро холї медавонад. «Далели» С. Табаров ин аст: дар романи устод Айнї «Дохунда», дар боби «Сабаби наљот аст ё гирифторї?» тасвир шудааст, ки Ёдгори «Дохунда», ки аз зиндон гурехта буд, дар тумони Вобканд ба даст афтод ва ќозии Вобканд ўро боз ба зиндони Бухоро фиристод. Ин лањзаи воќиањои «Дохунда» монанди бисёре аз лањзањои сужети ин ромн ва дигар асарњои Айнї асоси воќеъї доштааст, яъне дар њаќиќат боре бандиёни зиндони Бухоро наќб канда гурехта будаанд ва яке аз гурезагонро Садри Зиё, ки он гоњ ќозии Вобканд будааст, дастгир кардааст. Баъдњо Садри Зиё ин воќиаро ба Айнї њикоят карда будааст. Устод Айнї њангоми таълифи романи «Дохунда» гурези бандиёни зиндонро дар сужетбофї чун як љузъи саргузашти Ёдгор истифода намудааст. Мо ин љо «сужетбофї» гуфтем, чунки њарчанд бисёр тасвирњои романи «Дохунда» воќеъї њастанд, яъне бисёре аз онњо дар њаќиќат рўй дода буданд, агар сужетро ба яклухтї бигирем, бофтаи нависанда аст: Ёдгору Гулнор, Бозор ва дигар персонажњо ќањрамони воќеъиву таърихї нестанд. Чунин шахсњо вуљуд надоштанд, саргузашти онњоро худи нависанда бофтааст. Лекин устод Айнї дар ин бофтаи худ љо-љо рухдодњои воќеъї дохил карда, гоњ асоси воќеъии сужетро хеле фарох гирифта, бунёди таърихии романро басе устуворї бахшидааст. Яке аз чунин бахшњои воќеии сужет аз зиндон гурехтан ва боз дастгир шудани ќањрамон аст. Агарчи ќањрамон шахси воќеъї нест, ин лањза ва дигар чанд лањзаи саргузашти ў воќеист. Ин љо диалектикаи инкишофи сужет, диалектикаи таносуби асоси воќеъї ва бофтаи бадеї намоён мешавад. Ин муносибат хеле мураккаб, гуногунпањлў, нозук буда, печидагињое дорад ва аз имкон дур нест, ки муносибати ин ду љанба дар як эпизоди хурд чанд бор ранги дигар бигирад. С. Табаров њамин рангомезињоро дида наметавонад, зеро чашми мо њамеша фаќат якрангї мељуст ва љањонро якрангу беранг медид. Рафти фикри С. Табаров ин аст, ки чун дар боби «Сабаби наљот аст ё гирифторї?» як ё чанд нуќтаи сужет, чунончи дастгир шудани зиндонии гуреза, инчунин шояд мањз аз тарафи оќсаќоле дастгир шудани вай, аз тарафи ќозии Вобканд боз ба Бухоро фиристода шудани бандї асоси воќеї дорад, С. Табаров пиндоштааст, ки пас њама љузъиёти воќиањои ин боб воќеъї њастанд, аз љумла диалогњои персонажњо воќеист ва аз ин рў ин боб як њуљљати таърих аст («ин санади таърихї, ки устод Айнї шањодат медињад», — сањ. 119, «ин санад њаќиќати таърихист»— сањ. 120). Аз ин сабаб С. Табаров як муколама (диалог)-и калони ин боби роман — гуфтушуниди байни ќозї ва Ёдгорро иќтибос оварда, ба исрор таъкид мекунад, ки чун ќозї дар ин гуфтушунид як мансабдори золим аст, азбаски Садри Зиё прототипи ин ќозї мебошад, Садри Зиёро низ ќозии беинсоф њисоб кардан лозим аст. Гўё устод Айнї «образи ўро њамчун ќозии золим, бешафќат, љазодињандаи одамони бегуноњи мазлум тасвир менамояд» (сањ.118). Њамин аст «мантиќи» фикри С. Табаров. Не, мо њељ асос надорем, чунин фикр кунем, асос надорем, ки њама љузъиёти воќеањои ин бобро рухнамудњои воќеї њисоб кунем, ягон порчаи боб ё ки тамоми бобро ба сифати санади таърих ќабул намоем. Илм тасвири бадеъиро ба муќобили касе чун санаду айбнома ќабул накардааст. Тасвири бадеї асоси воќеъї дошта бошад њам, ба сифати санаду њуљљат ќувват надорад, чунки ба њар њол нигориши бадеъист ва њол он ки нигориши бадеъї дар њељ сурат нусхаи фотографии воќеият нест, балки кам ё беш омехтаи тахайюли бадеъї, њатман бозоварди парвози хаёл аст. Бечиз нест, ки В.И. Ленин гуфта буд: «Санъат талаб надорад, ки асарњои онро чун воќеият эътироф бикунанд».165 Аз ин рў кайњост, ки илм арзиши санадии тасвири бадеъиро рад кардааст, тасвири бадеъиро, ба хусус љузъиёти људогонаи онро чун њуљљати таърих истифода намекунад. Љузъиёти сужети асари бадеъиро айни воќеият донистан њамоно хеле одї ва содалавњона фањмидани тасвири типї дар адабиёт аст. С. Табаров, ки адабиёт ва назарияи адабиёту танќиди адабиро дарс медињад ва дар ин мавзўъ навиштањое дорад, чаро ин нозукињои муносибати тип ва прототипро ба назар намегирад? Таносуби тип ва прототип дар адабиёти бадеъї, на танњо дар адабиёти реалистї, балки њатто дар адабиёти классикии форсї-тољикї рўйдоде бас мураккаб аст. Тип ва прототип айни як чиз нест ва аз якдигар фарќ дорад. Типро нусхае аз прототип набояд донист ва ба љои прототип набояд пазируфт. Аз прототип то тип фосилае њаст ва
165
В.И. Ленин. О литературе и искусстве. М., 1976, стр. 82.
98
нависанда аз он то ин роњи дуру дарозро тай мекунад, ки роњи эљодкории њамроњ бо тахайюл аст. Агар Садри Зиё дар мавриди мазкур фаразан прототип ќарор ёфта бошад њам, бояд бидонем, ки миёни ў ва он персонажи романи «Дохунда» фосилае њаст, ки шояд дуру дароз бошад ва ба њељ ваљњ наметавонем онро байнињї нусхаи аслии тип ба шумор оварем. Бешубња асари бадеъї, ба хусус њар асари барљастаи њар нависандаи бузург як рўйдоди таърихист ва ба ин маънї як санади таърих низ мебошад. «Одина», «Дохунда», «Ѓуломон», «Марги судхўр», «Ёддоштњо» ва баъзе офаридањои дигари устод Айнї аз њамин љумлаанд. Вале ањамияти таърихии онњо ба ин маънист, ки дар ин асарњо фањмишу биниши хоси нависанда ва рўњияву вазъияти замони таълифи онњо наќш гузоштааст, онњо комилан мањсули як замони таърихиянд. Ѓайр аз ин, он асарњо муњимтарин намунаи адабиёти тољикии як давраи муайянанд ва барои ташаккулу тањаввули ин адабиёт ањамияти таърихї пайдо кардаанд. Ба ин сабаб ва шояд боз бо сабабњои дигаре он асарњо дорои ањамияти таърихї мебошанд, ба сифати гувоњномаи таърих эътибори куллї доранд. Вале моњияти масъала мањз чунин падид меояд, ки ањамияти таърихии асари бадеї ва дараљаи баланди таърихияти он низ асос намедињад, ки тасвирњо ва њама љузъиёту тафсилоти асари бадеъї ба сифати айни воќеъият пазируфта шавад. Њатто баъзе бахшњои «Ёддоштњо»-и Айнї, чунин бобњои он, ки ба њикоя наздиканд ва тахайюли бадеї дар онњо бештар ширкат дорад, гоњ набояд чун айни воќеият пазируфта шаванд. Дар баъзе њикояњои китоби «Ёддоштњо» айнияти воќеии бархе аз љузъиёт, лањазот ва ѓайра ошкоро ё пардапўш ишора шудааст (худи нависанда ишора кардааст), ки онњоро бояд аз чашм нагурезонем ва дар мавриди даркорї истифода кунем. Чанде аз бобњои «Ёддоштњо», чунончи бобњое, ки бештар оњанги публисистї, очеркї дошта, нависанда аз истифодаи унсурњои бадеъият ва парвоз додани мурѓи тахайюл ќадри имкон худдорї варзида вазифаи худро бо баёни маълумоти умумии таърихї мањдуд кардааст, бештар ањамияти њуљчатї пайдо намудаанд ва мумкин аст ба сифати санади таърихї ба кор гирфита шаванд. Дар ин сурат њам эњтиёти махсус лозим аст, ки аз каљфањмї ва фањмиши рўякї эмин бошем. Хусусияти бобњои публисистии «Ёддоштњо» дар якнигошт (монография)-и банда, ки дар бораи ин асар аст, ба тафсил баррасї шудааст ва аз он баррасї зарурати эњтиёт таъкид шудааст. Инчунин лањзањои алоњидаи «Одина», «Дохунда», «Ѓуломон» ва ѓайра, ки нависанда ошкоро бо таъкиди публисистї ба маълумоти таърихї такя кардааст ва гоњ сарчашмаи илмиро низ зикр намудааст, ањамияти санадї касб мекунанд, чунин лањзањо аксаран чун иловаи лавњаи бадеъї аз тасвир људо шуда, истодаанд. Боз баъзе падидањои дигари ин рухнамуд низ шояд бошад, вале ањамияти њуљљатї дар бештари ин мавридњо нисбат ба табиати бадеъии асар чун як навъ истисно зуњур мекунад. Арзиши санадии нигориши бадеъї ва љузъиёту тафсилоти онро илм эътироф надорад ва ин њаќиќат кайњост, ки ба ањли илму адаб маълум аст. Аммо маълум нест, ки чаро С. Табаров чанд сол боз (аз соли 1966, ки дар бораи асоси воќъии он боби «Дохунда» сухан меронад) чунин њаќиќати равшанро нодида мегузарад. 3 Он чи фикри С. Табаровро ба хато бурдааст, як ишораи устод Айнист. Устод Айнї дар маќолаи «Љавоби ман» (1933) аз хусуси асоси воќеъии нигоришњои боби «Сабаби наљот аст ё гирифторї?» чунин маълумоте дода буд: «Ќозии Вобканд, ки яке аз бандиёнро аз дуои тўмори калапўшаш ёфта гирифта буд, Шарифљон-махдум буд, ки ман дар аввалњои Бухоро рафтанам хизмати хонаи ўро мекардам (њамин бандиро ман бо номи «Дохунда» ба воќиъа иштирок кунонидам)»166. С. Табаров ин маълумоти Айниро ба он маънї фањмидааст, ки модом дар воќеъият ќозии Вобканд Шарифљон-махдуми Садри Зиё будааст, пас дар тасвирњои боби мазкури роман низ ќозї ўст. Аммо камина бар ин боварам, ки аз он ишораи Айнї њаргиз чунин маънї намебарояд ва чунин маъние набояд кашид. Ин љо њар кас ба мароми сухан диќќат кунад, мебинад, ки Айнї фаќат аз ин ки бандї бо номи Дохунда ба ин боби роман даромад сухан рондааст, лекин нагуфтааст, ки Садри Зиёро низ дар воќеањои он боб иштирок кунонида буд. Садри Зиё касест, ки барои 166
С. Айнї. Куллиёт. Љ. II ќ. 1. Сањ. 186.
99
ин боб материал дод, яъне чигунагии дастгир шудани як зиндонии гурезаро ба Айнї њикоят карда буд. Садри Зиё манбаъи материали ин боб аст, на персонажи он. Айнї аз Садри Зиё материал гирифтааст, аммо ўро тасвир накардааст. Ба ин ваљњ ба фикри мо чунин таъкидоти С. Табаров низ бебунёд аст, ки мегўяд: гўё устод Айнї дар ин боби романи «Дохунда» образи Садри Зиёро ба сифати ќозие офардидааст. С. Табаров даъво мекунад, ки Айнї дар асарњои дигараш Садри Зиёро равшанфикру маорифпарвар тасвир карда бошад, дар ин боби романи «Дохунда» чун ќозии шариат, чун як мансабдори амир нишон додааст, гўё Шарифљон-махдум прототипи њамон ќозии Вобканд аст, ки дар ин боби роман тасвир шудааст (сањ. 119). С. Табаров аз чунин тахмину хулосањо тамоман сари калобаро гум карда боре њатто гуфтааст, ки «ќозии тумани Вобканд прототипи Шарифљон-махдум дар «Дохунда» мебошад» (сањ. 120). Ва њол он, ки фаразан агар бошад њам, Садри Зиё прототипи ќозии Вобканд будагист, на ин ки ќозии Вобканд прототипи Садри Зиё бошад. С. Табаров аз таассуб ва хашму ѓазаб бехабар мондааст, ки суханаш по дар њаво дорад. Садри Зиёро прототипи ќозии он боби «Дохунда» донистани С. Табаров соли 1966 дар маќолаи «Баъзе масъалањои аќоиди эстетикї ва лабораторияи эљодии С. Айнї»167 баён шуда буд. Камина дар маќолаи «Шаммае аз рўзгори Садри Зиё» («Садои Шарќ», 1989, № 1) ин аќидаро рад карда будам. Аммо С. Табаров дар маќолаи «Амали носавоб» («Садои Шарќ», 1989 №9), ки љавоби он маќолаи камина аст, ба аќидаи пештарааш пофишорї карда, онро тафсил дод. Аз ин рў агарчи сухани С. Табаров асосе надорад, ба масъалаи типу прототип боз андак таваќќуф кардан лозим меояд. Фарз кардем, ки Садри Зиё дар њаќиќат прототипи он ќозиест, ки дар романи «Дохунда», дар боби «Сабаби наљот аст ё гирифторї?» тасвир ёфтааст. Фарз кардем, ки дар ин масъала њаќ ба љониби С. Табаров аст. Дар њамин сурат њам бояд гуфт, ки чунонки дар илми адаб гаштаву баргашта таъкид шудааст ва мо низ дар боло ишора кардем, типу прототип яке нест, яъне типро нусхаи айнии прототип набояд донист. Њатто дар сурате, ки тип ба нусхаи аслии худ, ба прототип хеле наздику монанд аст, боз њам аз он фарќ дорад. Гоњ фарќи прототип хеле калон аст ва якеро аз дигаре шинохтан имконпазир нест. Ба ин сабаб њам њар чиро, ки устод Айнї дар ин боби «Дохунда» ба ќозии Вобканд нисбат додааст, айнан ва пурра ба прототипи он, ба Садри Зиё нисбат додан беэњтиётї мебуд. Дар љомеаи шўравї аз аввали инќилоб пиндоре пайдо шуд, ки гўё пеш аз инќилоб њама зиндониён мардуми бегуноњ ва мазлум буданд. Касе дар љомеаи истисморї ба зиндон афтода бошад бе чуну чаро зидди синфњои њукмрон ва њукуматдорон, љафодида аз тартиботи замон ба шумор меомад. С. Табаров низ чи дар маќолаи соли 1966 ва чи дар маќолаи соли 1989 ба њамин пиндор аст. Њатто он дигаргунињои куллї, ки пас аз соли 1985, бо ошкорбаёнии горбачёвї дар аќидањои мардумони кишвари шўравї ба суръат ба вуљуд омадан гирифт, натавонист чашми С. Табаровро ба њаќиќат бикушояд. Ў соли 1989 њам ба ин пиндор аст, ки њама зиндониёни замони амир бегуноњ буданд. Ба аќидаи С. Табаров он бандии гурезае, ки Садри Зиё дастгир карда будааст, љавони бегуноњ, мазлум, њатто аз душманони сохти амирї буд ва бино бар ин Садри Зиёро љазодињандаи бегуноњону мазлумон ва муборизони адолатљўй бояд донист. Ва њол он ки бегуноњ донистани њама зиндониёни пеш аз инќилоб як пиндори ботил, балки содалавњонаест. Албатта дар љомеаи феодалї ва бояд гуфт, ки дар љомеаи шўравї низ умуман дар њар љомеа бисёр бегуноњон ба зиндон меафтиданд ва њанўз меафтанд, бисёр гунањкорони воќеъї ба озодї мегаштанд ва њанўз мегарданд. Вале дар њар асру замон ба зиндон гунањкорони воќеъї низ кам набуданд. Ин аз бадењиёт аст, ки њољат ба далелу бурњон ва исбот надорад. Бино бар ин дар њар замоне маъмурону масъулон, балки њар касе вазифадор буд, ки чун бандии гурезаро дид агар тавонад дастигр бикунад ва ба маќомоти марбута бисупорад. Ба ин сабаб ба таъкид бояд гуфт, ки Садри Зиё чун бандии гурезаро дастгир кард, вазифаи њатмии худро иљро намуд, яъне бандиро ба он љо ки аз он љо гурехта буд, фиристод. Ин кори ў нињояти вазифашиносї ва иљрогарї буд. Аз ин рў њаќ надорем, ки Садри Зиёро ба ин сабаб золим ва љазодињандаи бегуноњон бихонем. Дар ин маврид ба хаёлоти С. Табаров аљаб печидагие рўй додааст. Азбаски ќањрамони Айнї, яъне Ёдгори Дохунда зиндонии бегуноњ буд ва гурехтану дастгир шудани 167
Ниг: С. Табаров. Њаёт, адабиёт, реализм, Китоби чорум. Душанбе, Адиб, 1984.
100
ўро Айнї бо таассуф ва сўзу гудоз ба нигориш овардааст, С. Табаров ба хулосае омадааст, ки он бандии гуреза, ки Садри Зиё дастгир карда буд, низ бегуноњ буд ва Садри Зиёро золим ва љазодињандаи бегуноњон бояд донист. Инсоф дињед, њељ асос надорем, ки чунин «мулоњиза» биронем ва хулоса барорем. Гунањкор ё бегуноњ будани бандии гуреза, ки Садри Зиё дастгир карда будааст, маълум нест. Устод Айнї дар ин бора ишорае надорад. Ќањрамони романи Айнї яъне Ёдгор бегуноњ буд, лекин намедонем, ки прототипи ў бегуноњ буд, ё не. Мўњтарам С. Табаров, прототипро ба љои персонаж нагузоред, њолати персонажро ба прототип нисбат надињед, фаромўш накунед, ки прототип ва персонаж яке нестанд, мумкин аст аз њам тафовут дошта бошанд. С. Табаров аз рўйи сарнавишти ќањрамони роман сарнавишти прототипро муайян кардан мехоњад, маънои як воќеаро, ки дар њаёт рўй дода буд, аз рўйи тасвири он, ки дар роман омадааст, фањмидан мехоњад. Ва њол он ки дар ин маврид аз рўйи саргузашти персонаж дар бораи прототип њукм баровардан норавост. Аз рўйи сарнавишти персонажи адабї дар бораи прототипи вай он гоњ њукм баровардан мумкин аст, ки нависанда ишорае дошта бошад, тањќиќоти илмии махсусе анљом дода шавад ва мувофиќати комили саргузашти персонажу прототип ё лањзањои људогонаи он исбот гардад. Бидуни чунин тахќиќи махсус њастии персонажу прототипро наметавон як донист. Ин њам як љанбаи масъалаи типу прототип аст, ки С. Табаров онро ба гўшаи хотир роњ надодааст. Ба ин муносибат аз он боби романи «Дохунда» муколамаи ќозї ва Ёдгорро аз назар мегузаронем. С. Табаров ин муколамаро дар маќолаи худ пурра наќл карда, дар асоси суханњое, ки Айнї аз забони ќозї оварда буд, Садри Зиёро «ќозии золим, бешафќат, љазодињандаи одамони бегуноњи мазлум» меномад. Вале ба чї асос суханеро, ки персонаж гуфтааст, мунаќќид сухани прототип њисоб мекунад? Не, боз њам ин кори мунаќќид як худсаристу бас. Њељ кор ва сухани персонажро бидуни тањќиќи махсус ба прототипи ў нисбат додан мумкин нест. Устод Айнї дар ягон љо нагуфтааст, ки суханони ќозї дар он боби роман айнан суханони Садри Зиё мебошанд. Айнї таъкид накардааст, ки суханони персонаж ба прототип њам нисбат дорад. Аз эњтимол дур нест, ки чун Садри Зиё дар ваќташ воќиаи дастгир шудани як гурезаро ба Айнї наќл мекард, мазмуни гуфтугузори байни худ ва он бандиро иљмолан гуфта бошад лекин мумкин аст, ки мазмуни гуфтушунидашонро нагуфта бошад ва ё њатто миёни онњо гуфтугўе рўй надода бошад. Њамчунин мумкин аст, ки байни онњо дар воќеъ тамоман як гуфтугўи дигаре сурат гирифта буд, аммо ба Айнї њангоми таълифи он боби роман лозим омад, ки муколамаи дигаре аз худ бибофад. Хуллас, њоло њељ маълум нест, ки суханони ќозии персонаж айни суханони прототип мебошанд ё не. Барои ин ки дар ин бора монанди С. Табаров як њукми ќатъї барорем, чанд далелу бурњони ќотеъ дарокор аст. Њоло чунин далелу бурњон дар даст нест. Шояд минбаъд чизе пайдо шаваду ба масъала равшанї андозад. Он рўзњо, ки камина ба навиштани ин маќола тайёрї медидам, яке аз њамкорони ман чунин воќиаро ба ёд овард, ки барои равшан кардани масъалаи муносибати типу прототип љолиб аст. Нависандаи маъруфи тољик Саттор Турсун низ ќањрамононашро бевосита аз њаёт, бештар аз зодгоњи худ мегирад. Маълум мешавад, ки баъзеи он ќањрамонон аз прототипи худ бисёр дур нарафтаанд, ба он монанд мебошанд. Аз њамин сабаб буд, ки чанд бор прототипњо аз асарњои Саттор Турсун худро шинохтаанд. Онњо аз нависанда ранљидаанд ва ба сари ў даъво карда омадаанд, ки нависанда ба онњо корњоеро, ки накардаанд, гапњоеро, ки нагуфтаанд, њамнишиниву мулоќотеро ки рўй надода буд, нисбат додааст. Онњо айби дурўѓгўї ва тўњмату бўњтон ба гардани нависанда гузошта талаб карданд, ки ў љазо дода шавад. Саттор Турсун дар љамъомади кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакї эзоњ дод, ки дар воќеъ бисёр персонажњои ў аз прототип хеле фарохтар буда, баъзе рухдодњоеро, ки на дар зодгоњи ў, яъне ватани прототип, балки дар ноњияњои дигаре ба вуќўъ пайваста буданд фаро гирифтаанд. Њамин љузъиёту тафсилотеро, ки нависанда аз захираи мушоњидањои чандинсола ва гуногунмавриду гуногунмакон гирифта, ба тасвири ќањрамон гоњ каме ва гоњ хеле илова кардааст, прототипњо дурўѓу тўњмат номида, нависандаро сазовори љазо донистаанд. Чунонки он љузъиёти нисбатиро бўњтон донистани прототипњои насри Саттор Турсун кори нодурусте буд, он муколамаи персонажњои як боби романи Айниро беасос ба прототип нисбат додани С. Табаров, ба гардани Садри Зиё айбњои љиддї гузоштани ў низ дуруст нест.
101
Азбаски прототипњои эљодиёти Саттор Турсун аз ќонунњои эљодкории бадеъї бехабар будаанд, шояд даъвои онњо якдараља афвпазир бошад. Лекин С. Табаров ки адабиётшиносу мунаќќиди касбист, дар масъалаи таносуби типу прототип ин ќадар ноогоњї зоњир намояд, магар айб нест Камина чунин њукмњоеро, ки ў соли 1966 дар маколаи «Баъзе масъалањои аќоиди эстетикї ва лабараторияи эљодии С. Айнї» бароварда буд, ба нармї «иштибоњи афвнопазир» номида будам. Афсўс, ки ў ба љои ин ки ба андеша равад, ба шўр омадааст ва њамон «Амали носавоб»-и худро ба миён овардааст. Ин њам ба назарам узри бадтар аз гуноњ аст. 4 Аз ин њама бармеояд, ки чунин гуфтањои С. Табаров, ки гўё устод Айнї дар он боби романи «Дохунда» «ба Шарифљон-махдум њамчун ба ќозї — ба мансабдори замони амирї назар меафканад», «њамчун ба образи бадеъии ќозї наздик мешавад» («Амали носавоб», сањ. 117), розї шудан мумкин нест. Камина аќида дорам, ки устод на дар «Дохунда», на дар дигар асари бадеъї Садри Зиёро на танњо бо номи худи ў, балки бидуни номбурд њам ба сифати ќозие тасвир накардааст. Ва ин љои таассуф дорад. Афсўс, ки устод вазифаи эљодие чун тасвири ќозигии Садри Зиё назди худ нагузоштааст. Агар чунин иќдоме аз тарафи ў мешуд, шояд дар њаќиќат боз баъзе љињатњои шахсияти Садри Зиё ва фањмиши Айнї маълум мегардид. Ба њар њол шояд он гоњ тасаввури мо дар бораи Садри Зиё мукаммалтар мебуд. Сабаби иќдом накардани устод Айнї ба иљрои чунин вазифаи эљодї шояд ин бошад, ки ў дар «Ёддоштњо» як равшанфикри дигар — Абдулвоњиди Садри Сарирро ба сифати ќозие тасвир карда буд. Азбаски бо тимсоли Садри Сарир як вазифаи муњими эљодї — тасвири равшанфикри намоёне чун мансабдор то андозае иљро шуда буд, эњтимол Айнї бо тасвири Садри Зиё ё маорифпарварони дигаре боз ба иљрои чунин вазифа рў оварданро зарур надониста бошад. Бо вуљуди ин агар устод боз ба ин вазифа баргашта, пањлўњои дигари масъаларо ба тањќиќ мегирифт, албатта тањќиќи бадеъии воќеияти замон дар эљодиёти вай шояд такмил меёфт. Лекин азбаски мо мунаќќидон ё бъзе аз мо бисёр мехоњем, ки чунин вазифањои муњиммеро аз тарафи устод иљрошуда бубинем, эњтимол он чи дил мехоњад дар як боби «Дохунда» ба назари С. Табаров муљассам вонамуд гардидааст. Оре, он чи дилаш мехост, дидааст, на он чи дар воќеъ њаст. Њастанд касоне, ки корашон аз таги нохуни дигарон чирк кофтан аст. Ба хусус танќидгарони њизбї хоњонанд аз домани шахсиятњои намоён, накўкорону некномон, ки аз синфи поин нестанд, доѓе биёбанд ва ба њама нишон бидињанд. Онњо фаќат њаминро њаќљўиву њаќгўї медонанд. Дар ду дањаи аввали ќарни бист њукуматдорони амирї дар Бухоро навиштањои се нафарро мусодира карда ва сўзонида буданд. Яке аз ин маорифпарварон муфтї Икром буд, ки китобаш «Иќозунноимин» чун нав баромада буд аз фурўш чиданд ва ба коми оташ андохтанд. Дигаре Абдуррауфи Фитрат буд, ки як ќисми тиражи китобњояш њангоми аз хориљ овардан ба дасти њукуматдорон меафтод ва ба коми нобудї мерафт. Севумї Садри Зиё буд, ки соли 1918 њангоми мањбусии ў дар Насаф (Ќаршї) «Рўзнома», «Тазкори ашъор», «Наводири зиёъия» ва дигар нигоштањои ўро, ки њама дастнавис ва як нусха буданд, дар пеши чашми ў сўзониданд. Садри Зиё баъзеи он асарњояшро пас аз чанд сол дубора навишт. Имрўз, ки он асарњои мулло Икром, Фитрат ва Садри Зиёро мехонем, зуд пай мебарем, ки аз ин асарњо тарсидани њукуматдорони ваќт бесабаб набудааст. Аз љумла Садри Зиё чи дар фаъолияти иљтимої ва чи дар навиштањояш маорифпарвари шўълавар, дилсўзи миллату мењан ва як умр бо худкомони дур аз андешаи миллї даст ба гиребон будааст. Аз њамин сабаб кўрдилон нигоштањои ўро сўзонда буданд. Ба њамин сабаб ў се бор ба зиндон афтод ва оќибат дар зиндон љон дод. Ин бас набуд, ки имрўз ўро як «ќозии золим ва љазодињандаи мазлумон» меноманд. Касеро, ки бар зидди љавру зулм мубориза мекард, имрўз золим мегўянд! Њамин њам инсоф шуд? Агарчи њоло нисбат ба соли 1966, яъне нисбат ба маќолаи «Баъзе аќоиди эстетикї ва лабораторияи эљодии С. Айнї» оташи хашми С. Табаров дар њаќќи Садри Зиё андак фурў нишаста, дар носазогўї дамаш андаке паст шудааст, марому маслакаш њанўз њамон аст, ки буд. Ў њанўз њар чи бештар айбу гуноњ мељўяд. Ва мебофад. Вале дар мавриди шахсоне чун Садри Зиё дар бораи ин кўшишњои С. Табаров бояд бигўем:
102
Бирав ин дом бар мурѓи дигар нењ, Ки анќоро баланд аст ошёна!
5 Садри Зиё, ки мубориз буд, њам дўсти љонї бисёр дошт, њам душмани љон. Пас аз инќилоб дўстонаш кам, душманонаш зиёд шудан гирифтанд. Ўро њам замони амирї рад карда буд, њам даврони шўравї. Фољиаи рад шудан аз тарафи љомеаи расмї, аз сўи њар ду љомеаи кўњнаву нав дар замони задухўрдњои сахт ва ба гуфти худи ў дар давраи «фитнаи инќилоб» ба сари бисёр соњибдилон омада буд. Азбаски Садри Зиё дар зиндони шўравї соли 1932 аз љањон чашм пўшид, ўро душмани халќ мехисобиданд. Ба ин ваљњ чун «Ёддоштњо»-и устод Айнї ба русї тарљума мешуд, Сергей Бородини тарљумон ва баъзе дигарон устод Айниро бар ин водоштанд, ки розї шавад, то номи Садри Зиё дар ќисми севуму чоруми «Ёддоштњо» на Шарифљонмахдум, балки Латифљон-махдум навишта шавад. Дар чопи якуми тољикии ќисмии севум низ номи Садри Зиё Латифљон-махдум омада буд. Бисёре аз мардуми Бухорои кунунї, ки адабиёти тољикиро аз тарљумаи ўзбекї мехонанд ва «Ёддоштњо»-ро низ ба ўзбекї хондаанд, Садри Зиёро бо номи ќалбакї шинохтаанд ва намедонанд, ки Садри Зиё, ки њамшањрии онњост ва дар шањрашон кўчае ба номи ў њаст, дар асл номи дигаре дошт. Банда «Наводири зиёъия»-и Садри Зиёро дар «Фарњанги забони тољикї» (1969) истифода карда будам. Яке аз муњаррирони ин фарњанг будам ва хостам, ки маводи адабиёти форсї-тољикии пас аз садаи 15 дар ин китоб зиёдтар бошад, то ки вежагињои форсии Мовароуннањр, ба хусус вежагињои садањои охир бештар нишон дода шавад. Биноан аз осори Мушфиќї, Сайидо, Фитрати Зардўз, Шоњин, Асирї, дар ин ќатор аз Садри Зиё низ ба «Фарњанги забони тољикї» бисёр мисолу шоњид илова кардам. Он солњо (дањаи шаст) Фитрат, Аљзї, Мирзо Сирољи Њакими Сирољї ва чанд тане дигар миллатгарои буржуазї њисоб мешуданд. Аз онњо барои «Фарњанг» мисол гирифтан мумкин набуд. Аз ин љињат барои оѓози садаи бист аз Садри Зиё бештар мисол овардан хостам. Сарвари мо шодравон Носирљони Маъсумї ба ин хоњиши банда розї шуданд. Чун «Фарњанги забони тољикї» аз чоп баромад, дохил шудани номи Садри Зиё хашму ѓазаби баъзењоро овард ва онњо Мирзо Турсунзодаро шўр андохтанд. Чигунагии шўридани Мирзои Турсунзодаро банда дар љои дигар њикоят кардаам ва хонандаи мўњтарам дар љояш хоњад хонд. Банда ва зиндаёд Сањобиддини Сиддиќї ба муносибати садумин зодсоли Садри Зиё (1967) мухтасари «Наводири зиёъия»-ро ба чоп омода кардем. Андаке аз он дар соли 1967 дар маљаллаи «Садои Шарќ» чоп шуд. Лекин барои ин ки «Наводири зиёъия» ба шакли китоб чоп шавад, он суханронии сахти домулло Турсунзода монеъ шуд. Китобро аз чоп нигоњ доштанд. Дигар як нависандаи тољик ба муносибати тайёр шудани чопи «Наводири зиёъия» ба Кумитаи Марказии Њизби Коммунистии Тољикистон рафта ва гуфтааст, ки њангоме ки Садри Зиё ќозикалони Бухоро буд, Садриддини Айнї љазо дид ва 75 чўб хўрд, яъне дар содир шудани фармони ин љазо Садри Зиё низ даст дошт. Он гоњ банда барои Кумитаи Марказї ба забони русї зиндагиномаи мухтасари Садри Зиёро навиштам, то ки он бўњтонњоро, ки сарварони Иттифоќи нависандагони Тољикистон бофтаанд, рад бикунам. Банда зиндагиномаи Садри Зиёро бештар дар асоси гуфтањои устод Айнї навиштам, яъне аз он чи ки устод дар зарфи чандин сол дар бораи Садри Зиё навишта буд, аз он њама бањои баланд, ки дар њаќќи Садри Зиё дар нигоштахои устод њаст, андак-андак гирифтам. Зиндагиномаи худнавишти Садри Зиёро ќариб тамоман истифода накардам, то ки аз забони худи ў камтар сухан гуфта бештар ба он чи Айнї бетарафона ва холисона, аз рўйи инсоф ва бо мењру самимият гуфта буд, такя оварда бошам. Чун гуфтањои Айниро аз асарњои гуногуни ў як љо гирд овардам, њатто дар сурате ки натавонистам њамаи онро истифода бикунам, њолномаи Садри Зиё хеле љолиб ва таъсирбахш баромад. Кумитаи Марказї чун аризаи банда ва он муаррифиномаро гирифт, кумисиюне иборат аз чанд тан нависанда ва мутахассис таъсис кард. Ин кумиссиюн ба зиндагинома ва
103
дигар мадорик шинос шуда, дар Кумитаи Марказї масъаларо баррасї кардааст. Банда ба њайати кумиссиюн дохил набудам ва дар маљлиси баррасї њузур надоштам. Њатто ба камина нагуфтанд, ки њайати комиссиюн иборат аз кињост. Баррасї натиљаи мусбат додааст ва Кумитаи Марказї иљозат дод, ки «Наводири зиёъия» чоп шавад. Саранљом нашриёти «Адиб» соли 1991 «Наводири зиёъия»-ро чоп кард. Тарљумаи тољикии зиндагиномаи Садри Зиё, ки банда барои Кумитаи Марказї навишта будам, дар он китоб бо номи «Шаммае аз рўзгори Садри Зиё» чун охирсухане чоп шуд. Пас аз он ки масъалаи Садри Зиё аз сўрохи сўзани Кумитаи марказии њизб гузашт ва барои чопи «Наводири зиёъия» иљозат шуд, камина гумон карда будам, ки синфиятљўёну њизбиятхоњон дигар ором хоњанд ёфт ва даст аз гиребони ў кўтоњ хоњанд кард. Мутаассифона ин тавр нашуд. Бадгумонии замони шўравї, даъвоњои бебунёд ва бўњтон дар њаќќи Садри Зиё њанўз давом дорад. Соли 2002 китоби Рањим Масов чоп шуд, ки чунин ном дорад: «Наследие мангитской власти или о предательстве, трусости, лицемерии и беспринципности, как позорных явлениях нашей истории», яъне «Мероси њокимияти манѓитиён ё ки хиёнат, буздилї, дурўягї ва беаќидатї ба сифати падидањои нангини таърихи мо». Аз ин ном ошкор аст, ки муаллифи он китоб даъвоњои калоне дорад. Ин китоб дар бораи бандаи нигоранда Муњаммадљони Шакурист ва он њама сифатњои бад, ки дар номи китоб чида шудааст, ба банда, њамчунин ба ќиблагоњи банда, ки Садри Зиёст ва фарзандони банда нисбат дода шудааст. Дар бораи бисёре аз музахрафоти Р. Масов алъон банда чизе намегўям. Як гурўњ зиёъиёни тољик ба китоби мазкури Р. Масов ва маќолањои чанд тан тарафдорони беандешаи ў љавоби босавоб ва раддияи ќотеъи муфассал навишта буданд.168 Банда љавобу раддияи онњоро кофї медонам ва њоло аз худ чизе илова намекунам. Ин љо танњо аз он чи Р. Масов дар бораи Садри Зиё гуфтааст, сухан кардан мехоњам. Як «гуноњ», ки Р. Масов ба Садри Зиё нисбат додааст, боз њамон аст, ки гўё Садри Зиё дар 75 чўб хўрдани Садриддини Айнї даст доштааст. Р. Масов мегўяд: «… падари академики кунунї М. Шукуров дар Бухоро соњиби мансаби баланди ќозикалонї буд ва он њангом Садриддини Айнї, ки баъд бунёдгузори адабиёти шўравии тољикї, баъдтар Ќањрамони Тољикистон шуд, 75 чўб хўрд ва пас аз чунин танбењи бадании пурвањшат ўро аскарони сурхи рус аз њалокат рањої бахшиданд».169 Ин љо ва дар мавридњои дигар њар чи Р. Масов гуфтааст, надониста гуфтааст, аз рўйи шунид, тахмин ва ангору пиндори нораво гап задааст. Чунончи ў намедонад, ки таъзири Айнї кай рўй дода буд ва мегўяд, ки Айниро аскарони сурх наљот доданд. Ва њол он ки 75 чўб хўрдани устод Айнї 9 апрели соли 1917, яъне пас аз инќилоби феврал ва хеле
168 Ниг.: Юсуфи Акбарзод, Нозирљони Арабзода, Ѓаффор Љўраев, Асадуллоњ Сўфиев, Дорои Дўст, Аъламхон Кўчаров, Саъидљаъфари Ќодирї, Мазњабшои Муњаббатшо, Сайфиддини Назарзода, Љўрахон Баќозода. Чаро гиребони худиро мегирем? Необолшевизм чї мехоњад? Њафтаномаи «Нерўи сухан», 10 апрели 2003, № 10, сањ. 7 ва 11, 17 апрели 2003, № 11, сањ. 7 ва 11 169 Р. Масов «Наследие мангитской власти или о предательстве, трусости, лицемерии и беспринципности как позорных явлениях нашей истории». Душанбе, Национальный музей древности, 2002, стр. 13
104
пештар аз инќилоби октабр ба вуќўъ пайваст. Ва он гоњ артиши сурх њанўз вуљуд надошт. Арттиши сурх 23 феврали 1918 таъсис ёфт. Њељ мумкин набуд, ки сарбозони артиши сурх ќариб як сол пештар аз таъсиси ин артиш Айниро аз зиндон озод бикунанд. Агар Р. Масов, ки таърихшинос ба шумор меравад, љузъиёти воќиаро андаке тафтиш мекард, чунин хатои фоњиш аз ў намегузашт. Он гоњ масъалаи ин ки Садри Зиё ба таъзири Айнї ширкат дошт ё не, низ равшан мегардид. Камина дар китоби «Садри Бухоро» (Тењрон, 1381=2002) ва чанд соли пеш дар навиштањои дигари худ таъкид кардаам ва равоншод Сањобиддини Сиддќї низ дар нигоштањоаш гўшгузор оварда буд, ки Садри Зиё наметавонист дар содир шудани фармони таъзири Айнї ширкат дошта бошад. Оре, Сањобиддини Сиддиќї ва банда ин масъаларо чанд бор эзоњ дода будем ва эзоњи мо чоп шуда буд. Аммо касоне чун Р. Масов онро ба назар гирифтан намехоњанд ва аз он ба хубї огоњ бошанд њам, бо дурўѓи мањз хонандаи ноогоњ ва содадилро ба гумроњї бурдан мехоњанд. Аз ин рў ин љо боз як бори дигар масъаларо шарњ медињем. Нахуст бояд ёдовар бишавем, ки чунонки аз гуфтањои худи Садриддини Айнї маълум аст, њангоме ки дар њузури амир бадхоњони Айнї масъала гузошта буданд, ки Айнї бояд дастгир шавад, Садри Зиё ба камоли ќатъият гуфт: «Амирам, љаноби олї! Рањм кунед! Айнї ягонаи даврон аст. Аз гуноњаш гузаред!» Ин гуфти Садри Зиёро Айнї медонистааст ва ба ањли хонадонаш гуфтааст ва фарзанди ў Камоли Айнї ба камина гуфта буд. Дар он гуфтаи Садри Зиё «Аз гуноњаш гузаред» на ба он маънист, ки Айнї дар њаќиќат гуноњ карда буд ва акнун гуноњи ўро бахшидан лозим аст. На, ин гап ба поси хотири амир гуфта шудааст ва ба он маънист, ки он чи гуноњи Айнї медонанд, гуноње нест ва аз он метавон гузашт. Бо вуљуди он ки Садри Зиё сахт муќобилат кард, фармони таъзири Айнї содир шуд. Маълум нест, ки ин фармон кай содир шуд ва кї онро содир кард. Барои он ки ба чунин суолњо љавобе бигирем, ба андешаи мо лозим аст ба баъзе љузъиёти воќиа диќќат бикунем. Устод Айнї воќиаро хеле муфассал тасвир кардааст. Аз тасвири ў маълум мешавад, ки рўзи якшанбеи 9 апрели 1917 субњи барваќт, он гоњ ки акнун рўз сафед мешуд, одамони ќушбегї ўро аз њуљраи мадрасаи Кўкалтош (њамон њуљра, ки Садри Зиё барои Айнї харида буд ва имрўз Музеи Айнї шудааст) дастгир карда ба Арк оварданд. Устод дар дигар навиштаи худ кадом соат дастгир шудани худро даќиќан гуфтааст. Ў мегўяд: «Ба њамон ќадар фољиа ва мусибате ки имрўз аз соати њафт то соати чањор (аср) ба сарам омад, рўњан ва љисман чї ќадар мутаассир ва мутааллим шуда бошам њам…»170. Яъне Айниро 9 апрели 1917 соати 7 пагоњї дастгир карданд. Ин раќам, яъне соати 7 пагоњиро бояд фаромўш накунем, зеро баъдтар даркор хоњад шуд. Айниро ба Арк оварданд ва ба пеши Насруллоњи ќушбегї (сарвазир) дароварданд. Насруллоњи ќушбегї бо Айнї сахт гап зад ва чунин фармон дод: «Инро бурда ба
170
С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, Тењрон, Суруш, 1381= 2003, сањ. 137
105
тўпчибошї супоред. Ин ва Мирзо Абдулвоњид (Мунзим — М.Ш.) аз мамлакат ихрољ мешаванд».171 Бо ин фармон Айниро ба зиндони Обхона партофтанд. Яъне субњи 9 апрел њанўз фармони 75 чўб вуљуд надошт. Он њангом фармон фаќат аз кишвар берун рондани Айнї ва Мунзим буд. Пас чї шуд? Пас «тахминан соатњои дањ буд»,172 ки Айниро аз Обхона берун кашиданд ва ба пеши дарвозаи Арк оварданд. Он љо Насруллоњи ќушбегї истода буд ва ишора кард, ки Айниро чўб зананд. Аммо њукмро кї ва кай содир кард, боз њам маълум нест. Ба њар њол маълум аст, ки субњи зуд, соати 7 фармони 75 чўб њанўз вуљуд надошт, он гоњ фармон фаќат аз кишвар берун рондани Айнї буд. Пас аз соати 7 то «тахмин соати дањ» фармони 75 чўб содир шуд. Акнун бубинем, ки дар ин њангом Садри Зиё дар куљо буд. Садри Зиё дар «Рўзнома»-и худ рўзи якшанбеи 9 апрели 1917-ро ба тафсил тасвир кардааст. Лањзањои асосии воќиањое, ки он рўзи нањс ба сари Садри Зиё омаданд, ин аст: Субњи барваќт (шояд соатњои 6-7 бошад) аз «маркази вазорат», яъне аз дастгоњи ќушбегї (сарвазир) ба Садри Зиё телефон карданд, ки дар сањни мадрасаи Турсунљон як гурўњ балвогарон гирд омадаанд ва фитна ангехтан мехоњанд. Ба Садри Зиё супориш шуд, ки ба мадрасаи Турсунљон биравад ва балворо фурў нишонад. Садри Зиё зуд ба мадрасаи Турсунљон омад ва дид, ки як гурўњ муллоњои зидди ислоњот ва тарафдори мулло Бурњониддин, ки сарвари иртиљоиён буд, гирд омадаанд ва бо шўру ѓавѓо «во шариато!» мегўянд. Садри Зиё хост, ки онњоро ором кунад. Шўру ѓавѓои онњо камтар шуд, вале ўро миёнагир карда, ба ў њамла овардан хостанд. Мулло Дўстмуњаммади Нодири Бойсунї (ки аз шогирдони домулло Абдушшакури Оят — падари Садри Зиё буд) Садри Зиёро дастгирї карда, барои ин ки Садри Зиё аз њалќаи онњо берун шавад, ёрмандї карда ўро ба сўи Арк гусел кард. Маълум нест, ки тахминан соати чанд Садри Зиё аз мадрасаи Турсунљон ба сўи Арк равон шуд. Аз воќиањои баъд ошкор мегардад, ки ў тахминан соати 7-8 ба сўи Арк роњ пеш гирифт. Яъне он гоњ, ки Айнї дар Обхона хобида буд ва шояд фармони таъзири ў содир шуд, Садри Зиё дар мадрасаи Турсунљон ва ё дар роњи Арк буд. Агар он гоњ дар Арк фармони таъзири Айнї содир шуда бошад, Садри Зиё он гоњ дар Арк набуд ва наметавонист ба судури фармон ширкат дошта бошад. Баъд чї? Пас аз он, тахминан соати 8-9 Садри Зиё ба майдони Регистон, майдони пеши Арк расид. Вай дид, ки дар Регистон гурўњ-гурўњ муллову муллобачањо ва муллонамоњо ва ањли балво љамъ омадаанд. Садри Зиё аз байни балвогарон мегузашт, ки яке аз онњо фарёд кард: «Бизанед, ин ќозии љадиди бединро, ки ин ќадар шўр аз ин ба вуќўъ омад ва илло љадидон ин ќадар њаракат наметавонанд (наметавонистанд бикунанд—М.Ш.)».173 Садри Зиёро аз асп афтонданд ва ба зарбу лат кашиданд, ки либосаш њама пора шуд ва хуншору бењуш зери лагадњо афтод. Амири бетадбир аз болои Арк ин њолро медид ва гўё тамошо мекард. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро. Душанбе, 1987, сањ. 170 Њамон асар. сањ. 173. 173 Муњаммад Алї бинни Муњаммад Сайиди Балљувонї. Таърихи нофеъ. Ба эњтимоми Ањрор Мухторов. Душанбе, Ирфон, 1994, сањ. 45. ба хатти форсї. 171
172
106
Оќибат амир фармон дод ва одамонаш омада, Садри Зиёро аз зери лагадкўб бардошта, ба Арк бурданд ва ба як хонаи тангу торик партофтанд, ки бењуш хобида буд. Њамин буд дањшате ки 9 апрели 1917 ба сари Садри Зиё омад. Ин рўйдоди њалокатборро худи Садри Зиё ва Муњаммадалии Балљувонї тасвир кардаанд ва тасвири онњо чанд бор чоп шуд. Аз ин рў њоло ба тафсилот намепардозем. Алъон муњимтар он аст, ки кўшише пеш бигирем, то муайян бикунем, ки ин воќиа чї ваќти рўз, тахминан дар кадом соат рўй дод. Барои ин ки ваќту соати воќиа маълум шавад, идомаи онро бояд аз назар гузаронем. Идомаи рўйдод ин аст: рўзи 10-11 апрел Садри Зиё бењолу бемадор ва бо тани абгору дили фигор хобида буд ва мегўяд: «Пас аз он ба ифоќа омада, бо њолати парешон бар сари кори худ рафтам. Аз дигар ваќоеъи дурўза хабар надоштам. Баъд мо ки филљумла ба ифоќа омадам, шунидам, ки баъд аз воќеаи њосили дирўза ваќте ки дар Арки Бухоро ба хонаи тангу торик бешуур афтода будам, бародари мўњтарамам мулло Садриддинхољаи ѓиљдувонии Айнитахаллусро (…) ба иќтизои ањли балво њафтоду панљ чўб таъзир кардаанд ва ба яке аз мањбасњои он љо ки обхона меноманд, ба њамон њол андохтаанд. Ањолии кунсулхона (Ожонси сиёсии Русия дар Бухоро — М.Ш.) дар љамъи ин мавод фаќат њамин ќадар карданд, ки мазрубину маљрўњинро аз он мањбас бароварда, ба Когон бурданд, ба духтурхона супурданд».174 Мо ин пораро андак кўтоњ кардем. Пурраи онро дар поинтар хоњем овард. Њоло диќќати хонандаи азизро бояд ба ин љалб кунем, ки Садри Зиё дар пораи боло гуфтааст: «Ваќте, ки дар Арки Бухоро ба хонаи тангу торик бешуур афтода будам», Садриддини Айниро 75 чўб таъзир кардаанд. Аз ин мебарояд, ки он гоњ ки Айниро 75 чўб заданд, яъне «тахминан соатњои дањ» Садри Зиё дар «хонаи тангу торики Арк» бењуш хобида буд. Яъне љазо дидани Садри Зиё аз љазо дидани Айнї андак пештар, таќрибан 1-2 соат пеш аз он, яъне соати 8-9 сурат гирифтааст. Ва њол он ки чунонки дар боло дидем, мањз дар њамин ваќт, таќрибан дар байни соати 7-8 ва 9-10 њукми 75 чўби Айнї содир шуда буд. Дар ин фосила Садри Зиё дар пеши Арк лагадкўб мешуд ва баъд дар як хонаи Арк бењуш хобида буд. Аз ин њам бовар њосил мекунем, ки Садри Зиё дар судури њукми 75 чўби Айнї ширкат надошт. Инро њам гўшрас оварем, ки агар фармони 75 чўб як рўз пеш, яъне 8 апрел содир мешуд, аз эњтимол дур нест, ки њангоми судури он Садри Зиё низ њузур медошт. Ин эњтимол низ кам аст. Аз «Рўзнома»-и Садри Зиё маълум мегардад, ки рўзи 8 апрел, яъне рўзи «намоиши шукрона»-и љадидон ва оѓози балвои иртиљоъиён барои Садри Зиё рўзи вазнине буд ва гумон намеравад, ки ў бо амиру вазир ба машварати тўлонї нишаста бошад. Бо вуљуди ин, метавон гуфт, ки эњтимоли ширкати ў ба машварти 8 апрел як каме њаст. Аммо дар машварати 9 апрел ширкати ў ќатъиян имконнопазир буд. Чунонки зикраш гузашт, тасмими муљозоти 75 чўб таќрибан пас аз соати 7, дар байни соати 7 то 10 гирифта шуд. Вале маълум нест, ки ин тасмимро ки гирифт — ќушбегї ё амир ва ё њарду ва ё бо ширкати шахсони дигаре ва ѓайра. Садри Зиё дар порчаи боло гуфтааст, ки Айниро «ба иќтизои ањли балво» таъзир кардаанд. Лекин ў ишора накардааст, ки ин «ањли балво» кињо буданд. Тавон пай бурд, ки дар судури фармони муљозоти Айнї ба 75 чўб, дар ин ки фармони якум (берун рондан аз кишвар) дар байни ду-се соат таѓйир ёфта ба 75 чўб ќарор гирифт, чанд нафар ширкат доштаанд. Вале ба яќин медонем, ки дар байни онњо Садри Зиё набуд, зеро судури фармон ба фосилаи миёни соати 7 то 10 марбут аст ва Садри Зиё дар ин соатњо худ гирифтори лагадкўб буд ва дар Арк бењуш ва оѓуштаи хун мехобид. Алѓараз, рўзи 9 апрели 1917 Садри Зиё ва Садриддини Айнї њамтаќдир буданд. Онњо ки аз нахуст њамфикру њаммаслак буданд, дар як лањзаи њассоси таърих ба њамтаќдирї расиданд. Њамтаќдирї иборат аз ин буд, ки њар ду њам сахт љазо диданд. Љазо дидани Айнї ва љазо дидани Садри Зиё дар як рўз ќариб дар як љо ва ќариб дар як соат (бо андак фарќи 1-2 соат) воќеъ шуда буд. Њар ду аз ќуввањои иљтимоъиву сиёсии њамгун љазо диданд: Айнї аз њукуматдорон, ки пушту паноњи нерўњои иртиљоъї буданд ва Садри Зиё аз намояндагони худи он ќуввањои иртиљоъї, ки як љо бо њукуматдорон монеъи роњи эњёи маънавии миллат омада буданд. Садри Зиё ва Садриддини Айнї њарду ба як сабаб — ба «гуноњи» маорифпарварї ва љустуљўи роњњои растагории миллї муљозот шуданд. Он њар ду дар он овон аз њар љињат њаммаслаку њамтаќдир буданд. Аз ин рў њељ мумкин нест, ки онњоро ба њам зид гузорем. Миёни онњо ихтилофе набуд. Дар пешбурди љомеа њамдасту њампо буданд, бино бар ин њамтаќдир шуданд. 174
Рўзномаи Садри Зиё. Тењрон, Маркази аснод ва хадамоти пажўњишї, 1382, сањ. 268
107
Онњое, ки бо осори Айнї сару кор доранд, бояд бидонанд ва камина медонам, ки устод Айнї неку бади мардумро њељ фаромўш намекард ва аз касе андак некї ё бадї дида бошад, дар навиштањояш ба муносибате ишора менамуд ва бештарин ба таъкид гўшгузор меовард. Њар неку бади љиддиро махсусан то беху реша тафтиш ва њаќиќат карда дар нигоштањояш сабт менамуд. То он љо ки ба камина маълум аст, устод Айнї дар њељ як аз навиштањояш ишорае бар ин ки Садри Зиё дар судури фармони таъзири ў ширкат доштааст, надорад. Дар чунин мавридњои њассос он чї Айнї худ ба таъкид нагуфтааст, эътибор надорад. Муносибати Садри Зиё ба Айнї ва ба љазо дидани ў аз ин њам ба хубї падидор меояд, ки њангоме ки Садри Зиё дар «Рўзнома» дањшати воќиањои апрели 1917-ро ба ќалам гирифт, гуфтааст: «Бародари мўњтарамам Садриддинхољаи ѓиљдувонии Айнитахаллусро ки назман ва насран аввали Амир Хованд (Мирхонд—М.Ш.) ва сонии Саъдии Шерозї ва дар њадди зоташ ранљуру касалманд буд аз мадрасаи Кўкалтош ба њоли аљибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро берањмона ва бешармона амиру вазир ба иќтизои ањли балво њафтоду панљ чўб таъзир кардаанд ва ба яке аз мањбасњои он љо, ки Обхона меноманд ба њамон њол андохтаанд».175 Ин суханњои Садри Зиё нахустин бор соли 1966 дар як маќолаи зиндаёд Сањобиддини Сиддиќї оварда шуда,176 пас аз он њам чанд бор дар навиштањои дигар зикр гардида буд, аммо Р. Масов њанўз аз он хабар надоштааст ва бо вуљуди ноогоњї бо даъвоњои калон овоз баланд мекунад. Њам мењру эњтироми Садри Зиё нисбат ба Садриддини Айнї ва эљодиёти ў, њам нафрати Садри Зиё аз њукуматдорони ваќт ва «ањли балво», яъне «муллоњои» љоњил ва иртиљоъиён, ки ба сари кишвар рўзњои сахт оварданд, ба хубї маълум аст. Садри Зиё устод Айниро дар назму наср аз Мирхонди муаллифи «Равзатуссафо» болотар гузошта, Саъдии дувум ба шумор овардааст, ки инро баландтарин бањое бояд донист. Њаќќонияти ин бањои баланди Садри Зиё он солњо аз шеъри Айнї маълум бошад њам, аз насраш пас аз чанд сол, пас аз он ки аз ќалами вай осоре чун «Одина», «Дохунда», Ѓуломон» ва ѓайра битаровид, тасдиќ шуд. Аммо Садри Зиё пеш аз пайдоши ин асарњои классикии устод Айнї аз рўйи нахустин намунањои насри ў, чунончи «Тањзибуссибиён» ончунон арзише додааст, ки баландтар аз он арзише нахоњад буд ва пешгўие чун ѓайбгўии њайратангез буд. Касе, ки инњоро ба андеша мегирад, бояд бигўяд, ки шахсе чун Садри Зиё њељ наметавонист ба љазо додани шахсе чун Садриддини Айнї (боз њам љазои сахти 75 чўб, ки баробари ќатл буд) розї бишавад. Ба ин ваљњ банда ба масъулиятшиносии тамом ва ќатъият мегўям, ки Садри Зиё дар судури фармони муљозоти устод Айнї ширкат надоштааст. Садри Зиё тарбиятгар, њамфикру њамкори Айнї ва дар зарфи чанд сол пушту паноњи ў буд, на содиркунандаи њукми ќатли ў. Он танќидгарон, ки аз машраби олї ва тинати соф огоњї надоранд, ќобил нестанд, ки наљобати дили инсони асилро бишиносанд. Дар хондани китоби мазкури Р. Масов њар чи пештар меравем, ба ин њаќиќат бештар бовар меоварем. 6 Маќсади Р. Масов дар китоби «Мероси њокимияти манѓитиён» аз оѓоз то анљом тахќиќи илмї ва падид овардани њаќиќат нест, балки танњо ба вуљуд овардани пиндори нодуруст ва бадном кардани касе мебошад. Ў фаќат бо айбљўии бадѓаразона ва нияти бад, ба хашму ѓазаб ќалам меронад. Р. Масов дар бадљањлї ва мантиќбезорї аз С. Табаров пеш гузаштааст. Дар интихоби факту далел аз њаќќоният ва инсоф дур меравад. Аз муносибати Садри Зиё ва Садриддини Айнї, ки хеле дўстонаву самимї буда, падидањои олиљаноб ва Рўзномаи Садри Зиё, сањ. 268. Ниг.: С. Сиддиќов. Маълумоти С. Айнї ва Садри Зиё дар бораи якдигар — Љашнномаи Айнї, љ.3, Душанбе, Дониш, 1996. 175 176
108
ибратомўз доштааст, Р. Масов чизе намегўяд, аммо бо биниши зањролуд айбљўиву айбшуморї мекунад. Аз љумла мегўяд, ки гўё Садриддини Айнї «дар хонаи ќозикалони Бухоро Шарифљон — махдум (падари академик М. Шакуров) коркуни муздур (наёмный работник) буд»177 ва барои хидмати њаштмоња ба ў музд надоданд. Р. Масов танњо њаминро ба хонанда назаррас меорад, то ки хонандаи ноогоњ боз як тасаввури баде дар бораи Садри Зиё пайдо бикунад. Бадниятиро бинед, ки Р. Масов чунончи намегўяд, ки Садри Зиё барои Айнї аз мадрасаи Кўкалтош, ки донишгоњи бузург ва серваќф буд, њуљрае харид, Айнї дар ин њуљра аз соли 1902 то 1917 зиндагї кард ва аз ваќфи он њисса гирифт, ки ўро мадади маош буд. Садри Зиё барои бародари Айнї њам аз мадрасае њуљра ёфта дода буд. Р. Масов инро њам намегўяд, ки Садри Зиё барои мактаби усули љадид, ки Мунзим, Айнї ва дигарон соли 1908 кушоданд, барои созмони пинњонкори «Тарбияи атфол», ки онњо таъсис намуданд ва кушодани мактабњои нав ва чоп кардани китобњои дарсии онро дар ўњда дошт, њар моњ пинњонї кумакпулї медод ва аз хешовандони худ Сайидљон-махдуми Назмиро низ водор кард, ки њар моњ барои он созмон маблаѓе бидињад ва њоказо. Р. Масов инњоро аз мухлисони ноогоњи худ пинњон медорад. Инро њам бояд бигўем, ки Садриддини Айнї ба солњои наврасї дар њавлии Садри Зиё моњиятан на хидматгор ва «коркуни муздур» (багуфти Р. Масов), балки шогирд буд, ки аз соњиби хона тарбият медид, аз сўњбатњои аљиби шоирону донишмандоне, ки њар њафта се рўз ба мањфили адабии он хона гирд меомаданд, бањра мебурд ва мањфили адабї мактаби бузурге ва донишгоњи бобаракате буд ва аз ин рў Муњаммадсиддиќи Њайрат — ин шоири номдори тољик гуфта буд: «Шарифљон-махдум фозили машњури замони мо буда, њавлии ў мактаби адабиёти њамин давра аст.178 Садриддини Айнї дар њамин мактаб тањсил кардааст ва аз ин рў Садри Зиёро «аввалин тарбиятгари маънавии худ» медонист.179 Устод Айнї гуфтааст: «Шарифљон-махдум бешубња аз љумлаи маорифпарварон ва тараќќихоњони замони худ буд».180 Ин аст, ки Айнї, Мунзим, Њамдї ва дигарон ба он мањфили адабї ва «мактаби адабиёти давра», ки Садри Зиё таъсис карда буд, ба шогирдї даромаданд ва аз он љо дар њолате берун шуданд, ки маорифпарвари пурдону серѓайрат ва пархошгари љонсупор буданд. Ва пас аз чанд гоњ ин сифатњои онњо ба дараљаи аъло зоњир шуд. Мо маљбурем инњоро ба такрор гўшгузор оварем, ки шояд ба гўши гарони баъзе танќидгарони ноинсоф андаке бирасад. Соњиб Табаров, ки чанд соли умрашро ба љустани айбе аз Садри Зиё сарф кард, аз љумла чунин вонамуд кардан мехохад, ки гўё устод Айнї Садри Зиёро ба ќатори устодони худ ба њисоб намеовард. С. Табаров гуфтааст: «Гарчанде дар њангоми донишљўиаш устод Айнї Садри Зиёро устоди худ гуфтааст»181…, Яъне гўё Айнї дар овони наврасї ва нављавонї шояд сањван Садри Зиёро устоди худ номида буд. Не, рафиќ С. Табаров, њаргиз чунин нест. Он суханњои Айнї дар бораи Садри Зиё, ки мо болотар овардаем, чунонки дар зернавишти сањифа гуфтем, аз љилди 7-и Куллиёти Айнї, яъне аз «Ёддоштњо»-и ўст, ки охирин асари ў буда, дар поёни умраш навиштааст. Устод Айнї на дар солњои наврасї ва љавонї, балки дар фуроварди умр, яъне пас аз андешањои зиёди солњои камолот ба бовари тамом Садри Зиёро «аввалин тарбиятгари маънавии худ» номид. Айнї мањз дар охири умр, саргузашту сарнавишти њама њамзамонони худро бо фикру мулоњизањои тўлонї ба хубї санљида ва ба тарозуи мисќолии таърих баркашида ба ин аќида омад, ки дар њаќиќат њавлии Садри Зиё «мактаби адабиёти давра» буд ва бисёре аз пешќадамтарин маорифпарварони тољик хатмкардагони ин мактаб буданд. Ин гап андак гапе нест, рафиќ С. Табаров. Он гуфтаи устод Айнї маънои бузург дорад ва маънои он њамин аст, ки мањфли адабии Садри Зиё донишгоњи олие буд, ки дарсњои ин донишгоњ ва мубоњисањои атрофи он барои љавонони љўянда роњи фикрро боз кард, раги њамияти миллиро ба љунбиш овард, барои пешрафти адабиёт, барои љомаи амал пўшонидан ба омўзањои маорифпарварии Ањмад-махдуми Дониш, барои фаъол шудани маорифпарварон ва ба фаъолияти амалї оѓоз кардани онњо роњ кушод. Маънои суханњои устод Айнї њамин аст ва инро С. Табаров ва Р. Масов ва пайравони онњо бояд ба гўш бигиранд.
Р. Масов. Њамон асар, сањ. 14 Ниг.: С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 228. 179 Њамон асар, сањ. 50. 180 Њамон асар, сањ. 44. 181 С. Табаров. Мубоњисаи «зиёъии дењотї» ва «музофотишуур» бо «зиёии шањрї» ва «шањришуур», Душанбе, 2003, сањ. 16. 177
178
109
Устод Айнї дар њамон љилди чањоруми «Ёддоштњо» мегўяд: «Шарифљон-махдум дар хушхаттї, хушсаводї, шеърфањмї ва маорифдўстї дар байни муллозодагони Бухоро ќариб ягона буд».182 Аз хонандаи азиз хоњиш мекунам, ки ин гуфтаи Айниро бо диќќати том ба андеша бигиранд. Дар боло дида будем, ки Айнї Садри Зиёро «аз љумлаи маорифпарварон ва тараќќихоњони замони худ» ба њисоб оварда буд. Акнун таъкид шудааст, ки бо бисёр сифатњо, аз љумла бо «маорифдўстї» дар байни як тоифаи мардум «ќариб ягона буд». Аз чунин касе, ки аз баъзе љињатњо ќариб ягонаи даврон будааст, танњо айб љустан гуноњ аст, аз фазлу камоли ў, ањамияти фаъолияти иљтимоъии вай чашм пўшидан, надида гирфитани як бахши равандњои муњими фарњангии љомеа аст. Р. масов ва С. Табаров ба роњи тањрифи таърих ќадам гузоштаанд. Устод Айнї худ дар «Ёддоштњо» муфассалан њикоят кардааст, ки чи тавр дар солњои кўдакии ў истеъдоди фавќулоъдаи ўро Садри Зиё пай бурд, боиси омадани ў ба Бухоро шуд, ўро зери боли худ гирифт ва на њашт моњи аввал, балки чандин сол аз њоли ў огоњї мељуст, бо муфтї Икром пушту паноњи ў шуд, тарбияи ўро идома дод. Ба ин муносибат бояд бигўем, ки Садри Зиё Айниро барои љомеаи он рўз, барои адабиёти тољикї кашф кард. Ва бо ѓамхорї ва пуштибонї барои ин ки Айнї дар љомеа, дар адабиёт маќоми басазо ишѓол намояд мусоидат намуд. Ин њам љолиб аст, ки Садри Зиё Айниро кашф кард, баъд Айнї Садри Зиёро барои таърихи адабиёти тољикї кашф намуд. Садриддини Айнї бо «Намунаи адабиёти тољик» ва баъзе осори илмиву публисистї ва бадеї номи чанд нафарро ба таърих дохил кард, аз љумла Садри Зиё нахуст бо кўшишњои чандинбораи устод Айнї, бо таъкидоти махсуси њамешагии ў шинохта шуд. Ба ин тариќ Садри Зиё ва Садриддини Айнї якдигарро кашф кардаанд. Њатто метавон гуфт, ки онњо ба воситаи якдигар худро кашф кардаанд, зиндагиву фаъолияти яке барои худшиносии маънавии дигаре хидмат кардааст. Сарнавишти онњо њамбастагие дошт. Онњоро аз њам људо натавон кард. Рањим Масов аз ин њамбастагии сарнавишти Садри Зиё ва Садриддини Айнї огоњї надорад ва надониста ќалам месояд. Аммо Соњиб Табаров чї? Ў адабиётшинос аст ва медонад. Вале дидаву дониста Садри Зиё ва Садриддини Айниро аз њам људо кардан ба њам зид гузоштан мехоњад. С. Табаров хуб медонад, ки Садри Зиё барои тарбияи Абдулвоњиди Мунзим ва шаклгирии шахсияти ў, барои расидани ў чун як талошгари собитќадам хеле сањм дорад. Аммо дар китоби С. Табаров «Мунзим ва Бењбудї» мебинем, ки омили умда дар фаъолияти маорифпарварии Мунзим шиносоии ў бо мактаби тотории Бурнашев ва Абдурањмони Саъидї будааст. Онњо дар Бухоро барои бачањои тотор мактаби усули нав боз карда буданд. Дар ин мактаб чанд тан тољикбачањо низ мехонданд ва Садриддини Айнї барои онњо дарсро тарљума мекард. Аз китоби мазкури С. Табаров чунин вонамуд мешавад, ки гўё фаъолияти Мунзим (ва шояд Айнї низ) аз шиносої бо њамин мактаби тоторї оѓоз ёфтааст. Гўё пеш аз ин Ањмади Дониш вуљуд надошт, омили дигаре пайдо набуд, мањфили Садри Зиё дар шуури Мунзим наќше нагузошт. Аз ин ки Мунзим чанд сол дар њавлии Садри Зиё дар рўњи маорифпарварї тарбият ёфт, аз ин ки Садри Зиё бо хонондани «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ањмад-махдуми Дониш дар дили Айнї ва Мунзим ва Њайрат ба гуфти устод Айнї як «инќилоби фикрї» ба вуљуд овард ва ба воситаи ин се нафар он «инќилоби фикрї»-ро ба миёни дигар љавонони он ваќт интишор дод ва њоказо аз инњо С.Табаров лаб фурў бастааст. Ў натанњо Садри Зиё, балки Ањмади Донишро низ ном набурдааст. Дар натиља чунин вонамуд шудааст, ки гўё шиносої бо мактаби тоторњои
182
С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 9
110
Бухоро сароѓози њама фаъолияти маорифпарварї ва инќилобии Мунзим буд. Чунин вонамуд тањрифи таърих, дурї аз инсофи илмист. С. Табаров даъво дорад, ки «М. Шакурї маќоми таърихиву адабї ва љамъиятии Садри Зиёро дар як ќатор бо Ањмад-махдуми Дониш ва устод С. Айнї мегузорад».183 Ин корро кардани ин каминаи М. Шакурї гўё ба он ранг сурат гирифта будааст, ки њам Ањмади Дониш ва њам Садри Зиёро устодони С. Айнї гуфтаам: «Агарчи устодонаш Ањмади Дониш ва Садри Зиё аз мансаб рў нагардонда буданд, ќозигї карданд, устод Айнї мансабро ќатъиян рад кард». Чунонки мебинед, ин љо банда нагуфтаам, ки Ањмади Дониш, Садри Зиё ва Садриддини Айнї ба як мартабаанд. Банда гуфтам, ки Ањмади Дониш ва Садри Зиё устодони Айнї буданд. Ин гап њаргиз чунин маънї нахоњад дошт, ки «маќоми таърихиву адабї ва љамъиятии Садри Зиё» бо Дониш ва Айнї баробар аст. Банда чунин нагуфтаам. Дар њаќиќат Ањмади Дониш ѓоибона ва Садри Зиё њозирона аз устодони Айнї будаанд, ки инро худи Айнї чандин бор таъкид кардааст (ва мо дар боло суханони ўро овардем). Агар ду нафар устоди як нафар бошанд, њаргиз набояд гумон кард, ки он ду тан ба як пояанд. Банда њаргиз наметавонистам чунин андешае пеш биронам. Банда бар инам, ки дар садањои 19 ва 20 њатто тавон гуфт, аз садаи 16 то 20 дар таърихи мардуми тољик касе нест, ки ўро бо Ањмади Дониш баробар тавон гузошт. Ањмади Дониш ба сифати як абармарди таърих бенињоят бузург ва нотакрор аст. Дуруст аст, ки Садриддини Айнї ба аќидаи банда дар намудор овардани ѓаномандї ва њусни камназири сухани форсии тољикї аз Ањмади Дониш пештар рафт. Ба љуз ин Айнї аз нимаи дањаи бист то поёни дањаи сї пешвои маънавии пархошњои озодихоњии миллии тољикњои Фарорўд буда, дар раванди худшиносии таърихиву фарњангї, дар шаклгирии худогоњии миллии онњо наќши асосї ифо намуд ва масалан аз Бобољон Ѓафуров унвони «падари миллат»-ро гирифт184. Аз ин љињат устод Айнї фармудаи таърихро чунончи Ањмади Дониш дар замони худ иљро карда буд, иљро кард. Лекин замони шўравї, ки маънавиятзидо буд, тааммуќи маънавї, шинохти фалсафии воќеияти иљтимоъї ва њастии инсонро намеписандид ва устод Айнї дар осори бадеъии худ барои љамъбастњои пурвусъати фалсафї кам љуръат кардааст. Дар мавриди дарки амиќрави фалсафї Айнї бо Ањмади Дониш њамсангї надорад. Вале мавќеъи таърихии ў ба фикри ман аз Ањмади Дониш камтар нест. Банда бар ин аќида њастам, ки Ањмади Дониш ва Садриддин Айнї моњияти замони худро бо шахсияти худ ба мукамалї ифода кардаанд ва замонро пеш бурдаанд. Онњо њар кадоме дар як марњилаи сарнавиштсози таърих пешвои маънавии нерўњои пешбари љомеа, пешвои маънавии миллат будаанд. Аз ин рў дар таърихи тољикони Фарорўд ќарни 19 асри Ањмади Дониш ва ќарни 20 асри Садриддини Айнї буд. Мўњтавои таърихии замон дар шахсияти ин ду бузургвор ифода ёфтааст ва замонро пеш бурдаанд. Агар моњияти аслии равандњои таърихии садаи 19 ва 20-ро донистан бихоњем, бояд мероси адабии онњоро ба мутолиа бигирем. Агар дар садаи 21 барои миллат роњу равиши тоза пайдо кардан бихоњем, боз њам нахуст бояд ба осори Дониш ва Айнї рў оварем. Дар садаи 21 даст ба даст бо Донишу Айнї роњњои тоза тавон паймуд. Дигар маорифпарварони мо бо њама бузургї натавонистанд ба дараљаи Донишу Айнї бирасанд. Аз ин рў банда наметавонистам Садри Зиёро бо Ањмади Дониш баробар бигузорам. Пањлўи њам гузоштани номи чанд нафар гоњ њаргиз чунин маънї надорад, ки онњо њама њамрангу њампояанд. С. Табаров дар бораи љумлаи мазкури банда чунин њукм баровардааст: «Мусанниф… бо љумлањои боло собит сохтанист, ки ин фозилони тољик — Ањмади Дониш ва Садри Зиё дар даврони аморати Манѓит ва устод Айнї дар замони шўравї «сарони миллат»185 буданд. Банда пас аз дидани ин хулосаи С. Табаров љойњои марбутаи китоби худ «Истиќлол ва худшиносии иљтимоъиву маънавї»-ро аз назар гузаронидам, аммо он љо ибораи «сарони миллат»-ро пайдо накардам. Банда ин ибораро нисбат ба Садри Зиё ба кор набурдаам. Камина медонам, ки ў аз уламои пешќадами замон, аз пешоњангони љунбиши маорифпарварї буд, барои такмили ормон (идеал)-њои равшангарї, амиќбурди худшиносии иљтимоъиву маънавии равшангарон, барои ин ки онњо муттањид ва ба амалї кардани омўзањои Ањмади Дониш сафарбар шаванд, як андоза наќши сарварї доштааст. С. Табаров. Мубоњисаи зиёии дењотї…, сањ. 16 Дар ин бора ниг.: М. Шакурї. Садриддини Айнї— равшангари бузурги таърихи тољикон. Хуљанд, Нури маърифат, 2001, сањ. 9-10. 185 С. Табаров. Њамон асар, сањ. 16 183
184
111
Вай бо ин хидмати худ дар таърихи андешаи иљтимоъии тољикони Фарорўд љойгоње хос пайдо кардааст. Инро банда чандин бор таъкид кардаам. Баъзе аз донишмандон равшанфикронро сари миллат ба шумор овардаанд ва ин таърифро банда ќабул дорам ва ин албатта ба Садри Зиё низ нисбат пайдо мекунад Оре, Садри Зиё яке аз намоёнтарин маорифпарварон ва тараќќихоњони тољик буд. Чунончи дар рисолаи «Садри Бухоро» баён шудааст, Садри Зиё инќилобхоњ набудааст, инќилоби болшевикиву пантуркистии Бухороро напазируфта аст, низоми љумњуриро низ написандидааст ва дар замони шўравї њам аз аќидањои машрутахоњї дил накандааст. Ў аз уламои ислом, аз ањли фазлу камол, яке аз бофарњангтарин зиёъиёни замон ва ягонаи даврон будааст. Пас барои арзёбии фаъолияти Садри Зиё, лањзањои људогонаи зиндагии ў, бархе аз аќидањои адабї ё илмї ва иљтимоъиву сиёсии вай аз дидгоњи муносиби њолаш бояд нигарист. Аммо Рањим Масов ва Соњиб Табаров дар бештарини мавридњо ба арзёбии фаъолияти Садри Зиё бо меъёрњои инќилобї ва аз бинишгоњи инќилоби болшевикї наздик шудаанд. Садри Зиё ин инќилобро рад карда буд ва акнун ба ў аз урдугоњи муќобили ў менигаранд, аз бошишгоњи душманонаш, ки ў оќибат дар зиндони онњо љон дод, бањо медињанд. Медонем, ки болшевикон зиёъиёни бофарњанг ва баландмаданиятро «гнилая интеллигенция»— «равшанфикрони пўсидаву тосида» номида буданд. Аз ин љо табиъист, ки аз ў бештар айб љустаанд. Меъёрњои инќилобї таќозо дошт, ки барои шинохти шахсияти инсон пеш аз хама «баромади иљтимоъї» ва «мансубияти синфии» ў бояд ба назар гирифта шавад. Р. масов ва С. Табаров танњо њамин меъёрњоро ба кор гирифтаанд. Ўро танњо як ќозизода, ќозиву ќозикалон, мансабдори баландмартабаи замони амирон дидаанд. Меъёрњои дастгоњи идеологии замони шўравї имкон намедод, ки аз чунин шахс сифатњои неки инсонї бубинанд. Аз ин рў натавонистанд, ки љусторњои аќлонаву эљодї, фаъолияти фарњангиву равшангарии Садри Зиёро дуруст арзиш бидињанд. Ба такрор гўшрас меоварем, ки меъёрњое чун «аслу насаби иљтимоъї» ва «вобастагии синфиву табаќотї» дар баъзе мавридњо барои шинохти шахсиятњои таърихї шояд ба кор оянд. Мо ин эњтимолро инкор намекунем. Вале аз баррасии навиштањои С. Табаров ва Р. Масов ба андешаи мо бовар њосил шуд, ки мањдуд шудан бо ин меъёрњои санљиш пажўњишгарро ба натиљагирии яктарафа меоварад, њатто аз њаќиќати айнї дур мебарад. Саргармї бо меъёрњои иљтимоъии синфї чашмандози илмиро танг карда, мумкин аст, баъзе аз муњимтарин пањлўњои њаќиќати воќеиро аз доираи назар берун гузорад. Ба фикри мо аз њамин сабаб аст, ки њатто С. Табаров, ки бо пажўњиши адабиёти маорифпарварии тољикони Фарорўд машѓул аст, маќоми мањфили адабии Садри Зиёро дар таърихи ин маорифпарварї натавонист бубуинад. Инкори ањамияти мањфили адабии Садри Зиё ва шахсияти ў, инкори наќше, ки онњо дар тањаввули маорифпарварї доштаанд, баробари он аст, ки љузъе аз таърихи маорифпарварї фурўгузор бишавад. Ба аќидаи мо ин љузъи таърихи маорифпарварї хеле муњим аст ва инкори он ё чашм пўшидан аз он боиси тањрифи таърих мегардад. 7 Як «айби» Садри Зиё ба ќавли Рањим Масов ин будааст, ки гўё «монанди бисёр касони дигар ба њимояи забони тољикї ба по барнахост»186 ва «ёддоштњои худ «Тазкорулашъор»-ро ба шакли тазкираи манзум ба забони арабї навишт ва соли 1910, яъне амалан дар остонаи барќарор шудани њокимияти шўравї дар аморати Бухоро таълифро ба поён расонид».187 Дар ин гуфтањои Р. Масов чанд ѓалат рањ ёфтааст. Якум он ки Садри Зиё нисбат ба форсии тољикии Мовароуннањр њаргиз бепарво набудааст. Вай аз паи Ањмади Дониш рафта, барои инкишофи забон, барои сода шудани он, ба ибораи дигар, барои демократї шудани он дар садаи бист љидду љањд кардааст. Айнї мегўяд: «Шарифљон-махдум, ки аз иншонависони машњури замони худ буд, аз мухлисони Ањмади Калла ва Сомї буда, иншо, мактуб ва хотироти худро боз њам соддатар ва оммафањмтар карда менавишт».188 Яъне ин љо низ номи Садри Зиё бо номи Ањмади Дониш алоќамандї пайдо мекунад ва ошкор мегардад, ки ў ба пешбартарин равияе, ки Ањмади Дониш тавсия карда буд, пайваста буд. Агарчи пас аз инќилоб пантуркистњо ба сари ќудрат омада форсии тољикиро аз доирањои Р. Масов, хњамон асар, сањ. 13 Њамон асар. Сањ. 17 188 С. Айнї Куллиёт, љ. 1, сањ. 54. 186
187
112
расмї, аз мактаб ва матбуоту нашриёт берун ронданд, Садри Зиё њамчунон ба форсии тољикї китоб менавишт. Ин худ як поймардї ва талош барои забони модарии азиз, забони зебову шевои форсии тољикї буд. Аз ин сабаб як моддаи айбшумории Р. Масов, ки мегўяд: Садри Зиё «ба њимояи забони тољикї ба по барнахост», бебунёд аст. Дувум он ки Р. Масов «Тазкори ашъор»-ро ёддоштњо (мемуари) номидааст, ки дуруст нест. Ёддоштњои Садри Зиё «Рўзнома» ном дорад. «Тазкори ашъор» чунонки аз номаш пайдост, тазкира аст ва соли 1380 ќ.=2001 дар Тењрон (Суруш) чоп шуд. Ин тазкираро мемуар номидани Р. Масов аз бевуќуфист. Севум он ки Р. Масов чун номи «Тазкори ашъор»-ро ба шакли «Тазкорулашъор» дидааст, гумон кардааст ки ин асар ба забони арабї навишта шудааст ва ин низ гўё бењурматї ба забони тољикист. Ин пиндор њам тамоман ба њаќиќат рост намеояд. «Тазкори ашъор» ба форсии ноб, ба тољикии асил навишта шудааст. Чањорум он ки Р. Масов соли таълифи «Тазкори ашъор»-ро 1910 гуфтааст, ки низ чандон дуруст нест. Тањрири якуми ин асар соли 1904-1907 анљом ёфта буд. Ба ин тариќ дар гуфтаи Р. Масов њадди аќал чањор ѓалат гузаштааст. Ин њам як гувоњ аз бесалоњиятии ўст. Маќсади ў фаќат бадгўї ва айбљўист. Дар ин кор то дараљае расидааст, ки дар њаќќи Садри Зиё ва фарзанди ў ки банда бошам, гуфтааст, ки онњо тољик нестанд, «ўзбаки тољикзабон» мебошанд ва аз њамин сабаб ба миллати точик ва забони тољикї хиёнат кардаанд (сањ. 18). Аљаб иддаои љоњилона! Намедонам дар љавоб чї гўям. Шояд танњо њамин ќадар бояд бигўям, ки агар њазрати ќиблагоњам ва банда тољик набошем, дар љањон як тољик нест! Дар замони мо дар Тољикистон дар миёни чанде аз кўрдилон расме пайдо шудааст, ки њар киро бад бинанд ва бисёр бад гуфтан хоњанд, ўзбак меноманд. Иддае аз фарти тангназарии музофотї тољикони шимолї, яъне тољикони шахрї ва намояндагони тамаддуни шањриро ўзбак ва манѓит ќаламдод мекунанд ва ба онњо њама хислатњои бадро нисбат медињанд. Китоби Р. Масов намунаи барљастаи њамин шимолситезии сањрої ва «назарияи манѓитизм» аст. Р. Масов он њама хислатњои бадро, ки дар номи китобаш зикр кардааст ва баъзе хислатњои бадтар аз онро ки дар дохили китобаш ба ќањру љањл фаровон овардааст, на танњо ба Садри Зиё ва фарзанди ў балки ба њама тољикони шимолї бавежа ба бухороиён нисбат дода, аз љумла хислатњое чун хушомадгўї ва худкомї (чоплусї ба пеши манѓитиён ва манфиатљўї аз адои хизмати онњо) ва ѓайраро номбар карда, чунин хулоса баровардааст: «Њамаи ин хислатњои манфии нафратангези намояндагони ањли зиёъи эљодкор дар (дили) мардуми Бухоро сахтљон омадаанд ва баъдтар — дар замони шўравї низ чунин буд ва дар айёми мо низ чунин аст». (Все эти отрицательные, отвратительные свойства характера представителей творческой интеллигенции оказались живучи у выходцев Бухары и позже — в советское время в наши дни).189 Нињояти љањолат аст, ки касе ки даъвои муаррихї дорад, дар бораи мардуми шарофатманди Бухорои шариф, ки дар тўли умри миллат дар сари гањвораи фарњанги тољикї шабзиндадорї кардаанд, чунин гапњое бигўяд. Ростї, ин музахрафот натиљаи бесаводии таърихист. Охир, танњо замони навро бигирем, аз байни мардуми Бухоро ва равшанфикрони бешумори бинову доно ва муборизу фидокори он дар сад соли охир ду абармарди таърихи тољикон бархост, ки яке Ањмади Дониш ва дигаре Садриддини Айнї буда, фаъолияти њар ду њам дар муњимтарин даврае сарнавиштсоз омад. Љуз ин њам љасоратмандони ќањрамон аз миёни зиёъиёни Бухоро зиёд бархоста буданд, ки њамеша дар хидмати миллат будаанд. Ѓубори бадниятї чашми Р. масовро гирифтааст, ки наметавонад номи онњоро аз сањифањои таърих бубинад. Ин њам як намуна аз кўрдилист. Банда итминон дорам, ки Р. Масов аз он фарзандони содиќи миллат, ки бо кароњат «зиёъиёни эљодкор» (творческая интеллигенция), «ба истилоњ мардуми тањсилдида» («так называемые образованные люди») яъне «шоирону нависандагон» номидааст, аз навиштањову сурудањои онњо як сатру як байт ба забони асл нахондааст, зеро медонем, ки саводи тољикї надорад, агар чизе аз онњо бихонад њам, наметавонад бифањмад, наметавонад бидонад, ки аз дили он шоир ё нависанда чи гузаштааст, пас љуръати ў ба носазо гуфтан дар њаќќи онњо нињояти љањолат аст. Ў фаќат аз рўйи ошноии рўякї бо баъзе маводи бойгонињои ноќис, он њам маводе ки дигарон барои ў омода кардаанд, масъалањои таърихро њал кардан мехоњад. Ќабоњат аст, ки бо њамин бесаводї љуръат кардааст, ки дар бораи забони Фирдавсї чизњое бигўяд, ќабењтар он аст, ки «Шоњнома»-ро иборат аз «васфи режимњои мустабидду золимона, 189
Њамон асар. Сањ. 15.
113
зиддихалќї, иртиљоъї» донистааст. Бинед ў чї мегўяд: «Разве художественные произведения той поры (давраи классикї — М.Ш.) не носили панегерического налёта, не восхваляли деспотические, антинародные режимы нашей прошлой истории? Вспомним лишь один яркий пример тому — бессметрное творение Фирдоуси, Шахнаме».190 Оре, ин њама ќабоњат аст, вале аљиб ин аст, ки ин ќабоњат ба чашми баъзењо илм менамояд. Банда аз хонандаи азиз узр мехоњам, ки сахтгўї карда истодаам. Агар беодобї шуда бошад, пўзиш мепурсам. Сухан аз љањли мураккаб меравад ва гоњ дар чунин мавридњо наметавонем ба оромї сухан бигўем. Мо дар дигар навиштањои худ хотиррасон карда будем, ки дар ду дањаи нахустини садаи бист дар Бухоро мардуми моро ба љадиду ќадим, сунниву шеа, тумониву кўњистонї ва ѓайра људо карда буданд ва ин људоиандозї оќибат мўљиби хунрезињо шуд. Дар солњои навади ќарни бист дар Тољикистон моро ба вовчику юрчик људо карданд ва сахткўшї дар људоиандозї боз ба хунрезї, ба љанги бародаркушї овард. Имрўз, яъне дар оѓози садаи бисту як моро ба шимоливу љанубї таќсим кардаанд. Касоне чун Р. Масов ва онњое, ки ба дастгирии китоби мазкури ў як силсила маќола навиштаанд ва бисёр дигарон, ки маќола нанавиштаанд, вале њамфикру њамнияти он ќаламдастњо мебошанд, агарчи баъзе аз онњо худро таърихшинос меноманд, ќобилияти сабаќ омўхтан аз таърихро надоранд, намефањманд, ки имрўз ба њам муќобил гузоштани тољикони љанубиву шимолї хеле хавф дорад. Ин муќобилгузорї миллатро пора мекунад ва порањоро зидди якдигар ангезиш медињад. Ин як хиёнати миллист, ки ќобил аст ягонагии миллатро халал оварад. На танњо шахсоне чун Абдулќодир Муњиддинов, Абдурањим Њољибоев, Чинор Имомзода, Садри Зиё ва чанде дигарро бадном кардан мехоњанд, балки ба таќозои шуури пасти мањаллї дониста ё надониста бар зидди тамаддуни бузурги шањрии мо бархостаанд, бо пешбурди «назарияи манѓитгарої» он тамаддунро ба дигарон вогузоштан мехоњанд. Ин рўњия агар интишор биёбад, ягонагии миллат ва фарњанги маънавии онро зери хатар мегузорад. Шимолситезиву љанубситезї теша ба пои миллат мезанад. Ба худ биёед, ѓофилон! Баргардед аз ин роњ, ки миллатро ба сўи нобудї мебарад! Тарсам нарасї ба Каъба, эй аъробї, Ин рањ ки ту меравї, ба Туркистон аст. 8 Дар охир мехоњам, ки як санадро ки аз бойгонии устод Айнї ёфт шуд ва хеле муњим менамояд, ба диќкати мутахассисон ва хонандагони њавасманд пешкаш бикунам. Ин як навиштаи устод Айнї дар бораи Садри Зиёст ва ба маълумотномаи мухтасар монанд аст. Шояд барои ягон идорахонаи давлати шўравї ё бо илтимоси он ба маќсади фањмондани ин ки Садри Зиё чи касест, чун шиносномае навишта шуда бошад. Агарчи мухтасар аст, баъзе маълумотеро дар бар овардааст, ки дар дигар навиштањои устод Айнї нест ва агар хато накунам, бархе аз онњо аз асарњои худи Садри Зиё низ ба назар намерасад. Гумон меравад, ки ваќти навишта шудани ин муаррифинома нимаи солњои бисти ќарни бист, шояд андаке пештар аз таълифи китоби машњури «Намунаи адабиёти тољик» (1925) бошад. Диќќати моро њамин чиз ба худ кашид, ки устод Айнї ин љо бо номи «Њаёти расмии ў» як бобчаи махсус кушода, фаќат аз азобњое ки Садри Зиё дар хизмати расмї кашида буд, сухан рондааст, вале боз њам ба љињатњои манфии фаъолияти ќозигии ў заррае ишора нест. Агар фаъолияти ќозигии Садри Зиё љињатњои манфие чун ноинсофї ва золимиву бешафќатї медошт ва ин сифатњои манфї ба њамзамононаш то андозае маълум мебуд, устод Айнї наметавонист аз онњо хомўш бимонад. Чунонки дар дигар навиштањои устод мебинем, дар ин муаррифинома низ Садри Зиё љафодидаест, на љафокор. Асли ин њуљљат, ба забони ўзбакї буда, дар ду сањфа ба хатти арабї, ба имлои нави савтия (янгалиф) навишта шудааст, худнавишти Айнї нест, ба дасти каси дигаре китобат шудааст. Дар аввалу охири матн номи «С. Айнї» сабт гардидааст.
190
Њамон асар, сањ. 23-24
114
Ин нусха дар бойгонии Айнї тањти шумораи II мањфуз аст. Тарљумаи тољикии онро мо анљом додем. Инак матн: Ќозї Шарифљон (Зиё)
С. Айнї
Падари ќозї Шарифљон домулло Абдушшакур 191 аст, ки дар даруни шањри Бухоро, дар гузари Мирзо Ѓафур дар оилаи як косиб (шустагар) таваллуд шуда дар замони худ ба дараљаи олими якум расидааст. Њангоме ки њамин домулло Абдушшакур дар кенти Зиёуддини тобеъи тумани њозираи Кармина ќози буд, соњиби тарљума (ќозї Шарифљон — М.Ш.) дар 1282-и њиљрї (1864), 27-и моњи рамазон таваллуд ёфтааст. Ба муносибати ин, ки дар Зиёуддин таваллуд шудааст, «Зиёуддин» (ном карда), ба сабаби ин ки дар моњи рамазон ба љањон омадааст, «Шариф» номида, ба ду исм исм кардаанд. Азбаски баъдтар ба номи Шарифљон машњур шуд, «Зиё»-ро ба худ лаќаб (тахаллус) кард. Тањсилаш ва устодаш. Саводи ќозї Шарифљон дар хонаи худ дар сурати хусусї баромада, тањсили боло ва расмиро дар пеши падар кардааст. Лекин бо њусни хат, иншо ва адабиёт худ ба сурати хусусї машѓул шудааст ва дар ин роњ ба сафи машњурони замон гузаштааст. Ќозї Шарифљон ва асарњои кўњна. Ќозї Шарифљон аз љавонї ошиќи китобњои нафис ва асарњои кўњна будааст. Аз ин роњ китоби бисёре, расмњо, дастхатти одамони машњур ва асарњои кўњна гирд овардааст. Китобњоеро ки ба даст овардан мумкин набуд, худ рўнавис карда ё ки аз ягон каси дигар нусха кунонида мегирифт. Аз асарњои пурќимате ки дар дасти ўст, мо инњоро медонем: Њофиз ки ба дасти худи Њофиз навишта шудааст.192 Дастхатти мавлоно Њусайни Воиз Як нусхаи Ќуръон, ки ба дасти Ёќути Њамавї китобат шудааст. Дастхатти Алишери Навої, мавлоно Љомї, хоља Ањрор.193 Ќозї Шарифљон барои инњо, барои љамъ овардани асарњои пурќимат ва нодир бисёр мењнатњо кашидааст. Ин асарњои пурќиматро пора-пора, љузъ-љузъ гирд овардааст. Ѓайр аз ин, дар дасти ў расмњои таърихї ва суратњои нафиси дохили китобњо њаст, ки дар асрњои 14 ва 15 кашида шудаанд ва аз нуќтаи назари нафосату санъат ба ањамияти калон моликанд. Бино ба мулоњизаи мутахассисон инњо њама чизњоеанд, ки хеле ањамият доранд. Асарњои худаш. 1)Тазкиратушшуарои манзум ба забони форсї. Дар ин асар аз муосирон ќариби 130 нафар шоирро ба тарљумаи њол ва намунаи шеърашон зикр кардааст. 2) Тазкиратулхаттотин — дар ин асар тарљумаи њоли дусад нафар аз хушнависони машњур навишта ва аз дастнависашон намуна нишон дода шудааст. 3) Наводири зиёъия — ин асар тахминан 10 љузв194 буда, мундариљаи он иборат аз њикояњову латифањои хандаомез аст, ки дар миёни њамзамонони муњаррир гузаштаанд. 4) Рўзнома. Ин љо воќиањои чил сол, ки аз сари худаш гузаштаанд, њодисањои муњимме, ки дар замони ў дар љањон рўй додаанд, навишта шудаанд. Фаќат чорумини ин асарњо тамоман, ќисми муњими дигар се асар бо як ќисми китобњои кўњна њангоми аз тарафи амир дар Ќаршї њабс шудани ў талаф шудааст. Њаёти расмии ў. Амир Олимхон чун 1917 ба муносибати инќилоби феврал фармони ислоњот баровард, ќозї Шарифљонро тарафдори ислоњот гўён ба таклифи љавонон (љавонбухороиёни маорифпарвар — М.Ш.) дар Бухоро ќозикалон кард. Амир пас аз он ки аксулњаракат хезонда фармони ислоњотро аз иљро боздошт, (ќозї Шарифљонро — М.Ш.) аз
Ин ном ба янгалиф на «Шукур», балки «Шакур» навишта шудааст, ки њамин дуруст аст. (М.Ш. Дар масъалаи ин ки дар китобхонаи Садри Зиё девони Њофиз ба дастхатти худи ў мављуд будааст, шояд аз устод Айнї сањви ќалам гузашта бошад. Чунин китобе аз китобхонаи Садри Зиё ёфт нашуд. Дар ин китобхона як Хамсаи Хусрави Дењлавї буд, ки гўё ба ќалами Њофиз китобат шудааст. (М.Ш.) 193 Њамон «Маљмўаи муросалот» дар назар аст, ки аз мураќќаи номањо иборат буда, ќисман ба номи «Письма-авюграфы Абдуррахмана Джами из Альбома Навои» (Тошканд, 1982), «Номањои дастнависи Љомї» (Кобул, 1364) ва «Абдурањмони Љомї. Номањо» (Душанбе, 1989) чоп шуд. (М.Ш.) 194 Њар љузв 22 сањифаи мошиннавис ё 16 сањифаи чоп аст (М.Ш.) 191
192
115
ќозикалонї бекор карда ба тариќи бадарѓа ба тарафи вилояти Ќаршї — «Бењбудї»195 ќозикалон карда фиристод. Моњи марти соли 1918 чун воќиаи Кулисуф бархост, (ќозї Шарифљон — М.Ш.) бо бародару бародарзодааш аз тарафи амир дар зиндони Ќаршї ба њабс гирифта шуд. Он гоњ бародарзодааш кушта шуд, худаш бо бародараш баъди 70 рўз аз њабс баромада ба Шањрисабз барои ќозигї фиристода шуд. То охири соли 1919 он љо дар назарбанди љаллоди машњур Акрамхон — амаки амир Олим истода буд. Он ваќтњо њаракатњои инќилобии љавонон ќувват гирифта, азбаски Шањрисабз ба Самарќанд наздик аст, он љо ташвиќоти инќилобї вусъат ёфт. Аз ин сабаб ќозї Шарифљон аз он љо гирифта ва ба Ќаршї ки дар миёнатари мамлакат аст кўчонида шуд. Њангоме ки аскари сурх ба Ќаршї њуљум кард (ќозї Шарифљон — М.Ш.) аз миёни одамони амир гурехта, худро ба «Бухорои сурх» расонид. Њоло дар Бухоро зиндагї мекунад. Чунонки дидем, ин зиндагиномаи Садри Зиё, ки устод Айнї хеле мўљаз ва пурмаъно ба ќалам овардааст, сар то по хайрхоњона аст. Гарчанде ки дар ин сатрњо ситоиши Садри Зиё нест, эњтироми бепоёни устод Айнї нисбат ба ў равшану возењ падидор аст. Вале андаке њам бошад, оњанги сарзаниш ва норизої ва ишорае бар ин ки гўё Садри Зиё беинсоф ва золим будааст (чунонки С. Табров мегўяд) ё худ лањзае нисбат ба миллату кишвар ва ормонњои маорифпарварї хиёнате раво дида бошад (чунонки Р. Масов талќин мекунад) дар ин нигоштаи Айнї ба назар намерасад. Банда медонам, ки навиштањои Айнї дар бораи Садри Зиёро як љо гирд оварем, ситоишномаи бузурге ба миён меояд, вале як зарра ишорае ба беинсофиву золимї ва хиёнаткории Садри Зиё пайдо намекунем. Устод чунин сифатњое ба Садри Зиё нисбат надодааст. Ин корро фаќат С. Табаров ва Р. Масов кардаанд. Он аќидаи С. Табаров ва Р. Масов ки гўё дар бораи Садри Зиё ва њамзамонони ў бештар аз он ки Айнї дониш доранд, як даъвои нони ќоќ асту бас. Албатта пажўњиши илмї густариш биёбад ва амиќ равад, шояд рўзе бештар аз он ки Айнї медонист, иттилоъ ба даст ояд. Аммо њоло ба ин дараља нарасидаем. Оре, Садриддин Айнї дар чанд асари бузурги худ чунончи «Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро» (1918). «Таърихи инќилоби Бухоро» (1920), «Намунаи адабиёти тољик» (1926), «Мухтасари тарљумаи њоли худам» (1940), «Ёддоштњо» (1948-1953) ва дар баъзе асарњои хурд Садри Зиёро ёд карда, ба пеши Садри Зиё, хислатњои нек ва фазлу камоли вай сари таъзим фуруд овардааст, дар бузургдошти ў суханони самимї гуфтааст. Садри Зиё низ дар нигоштањои худ дар бораи Айнї суханњои нек гуфтааст. С. Сиддиќї ва дигарон он гуфтањои Садри Зиё дар бораи Айниро чандин бор зикр кардаанд ва банда низ ёдовар шуда будам. Аз он чи Садри Зиё ва Айнї дар бораи якдигар навиштаанд, њувайдост, ки ин ду бузургвор маќому манзалати якдигарро шинохта буданд. Садри Зиё ва Садриддини Айнї дар аввал устоду шогирд буданд, баъд њаммаслак ва дўсти љонї шуданд. Дўстиву рафоќат ва њамфикриву њамкории онњо дар таърихи фарњанги тољикони Варорўд аз рўйдодњои камназири ибратомўз аст ва натиљањои фавќулъода дод. Ба фикрам агар гўем ки муносибати Садри Зиё ва Садриддини Айнї то андозае ба муносибати Абдуррањмони Љомї ва Алишери Навої монандї дорад, сањв намекунем. Љомиву Навої њам аввал устоду шогирд буданд, баъд дўсту њаммаслак шуданд ва њамкории онњо дар таърихи мардуми турку тољик аз љолибтарин сањифањост. Инро устод Айнї дар рисолаи «Алишери Навої»,, хеле хуб нишон додааст. Навої шогирди одї набуд, шогирде буд ки дар њайрат кунад устодро. Кам-кам маќоми таърихии Навої дар адабиёт аз маќоми таърихии Љомї болотар рафт. Навої бунёдгузори адабиёти классикии ўзбекї шуд, аммо Љомї яке аз классикони адабиёти форсї-тољикї буд. Коре, ки Навої дар адабиёти ўзбекї кард дар адабиёти форсї-тољикї Рўдакї карда буд (панљсад сол пештар аз Љомиву Навої). Дар натиља Љомї бо он бузургї дар таърихи адабиёти халќи худ маќоми пасттар аз маќоме, ки Навої дар таърихи адабиёти халќи худ дошт, ёфт. Њамин њолатро дар мавриди Садри Зиё ва Айнї низ мебинем. Садри Зиё яке аз намояндагони барљастаи адабиёти форсии тољикї дар садаи бист, аммо Садриддини Айнї асосгузори адабиёти навин ва насри реалистии тољикї ва адбиётшиносии тозаи тољикони Мовароуннањр шуд. Яъне дар адабиёти халќи худ маќоми таърихие баландтар аз маќоми таърихии устоди худ ишѓол намуд. Шогирд аз устод хеле ва хеле пештар рафт Садри Зиё 195 Азбаски Мањмудхољаи Бењбудї соли 1919 дар Ќаршї аз тарафи одамони амир кушта шуда буд, баъди инќилоби Бухоро Ќарширо шањри Бењбудї ном карда буданд. (М.Ш.)
116
яке аз пешравони маорифпарварї ва таблиѓгарони он ва муборизи фаъол буд, Садриддини Айнї дар як давраи њассос пешвои муборизаи озодихоњии миллии халќи худ шуд. Садриддини Айнї он муборизаи бузургеро, ки Ањмади Дониш сар карда ва чандин нафар шогирдону пайравони ў давом доданд, ба нуќтаи олї, аз баъзе љињатњо ба натиљаи нињої расонид. Як сари занљираи ќавии мубориза дар дасти Ањмади Дониш ва сари дигари он дар дасти Айнї буд. Садри Зиё яке аз ќавитарин њалќањои миёнаи ин заљира аст. Ин аст, ки дар шоњроњи таърихи тољикони Варорўди садаи бист Садри Зиё ва Садриддини Айниро аз њам људо кардан, ба вежа зидди њам гузоштан корест ношуданї. Имрўз пас аз чандин соли даргузашташон онњоро ба њам љанг андохтан (чунонки С. Табаров ва Р. Масов мехоњанд) гуноњи бузургест, беэњтиромї нисбат ба арзишњои маънавии миллат аст, ки дўстии Садри Зиё ва Садриддини Айнї як падидаи дурахшони он аризшњои маънавист. Аз гуфтаи Садри Зиё, Садриддини Айнї ва дигарон маълум аст, ки падари Садри Зиё домулло Абдушшакури Оят аз донишмандони дараљаи як (ба гуфти Айнї) ва намоёнтарин шахсиятњои фарњангии замон буд.Сари ифтихори Садри Зиё аз падари бузургвор ба осмон расида буд ва гуфтааст: Маро тољи иззат њамин бас ба сар, Ки омад маро инчунин кас падар. Банда ин байтро нисбат ба ќиблагоњи худ Садри Зиё вирди забон дорам. Аз ин ки ин бузургвор ќиблагоњи ман будааст, бенињоят фахр мекунам ва аз ин љињат худро аз хушбахттарин мардумон медонам. Бовар дорам, ки њар пажўњишгаре бо диди њаќкониятљўї ба осори Садри Зиё ва гуфтањои Айнї дар бораи ў бингарад, оќибат хоњад дарёфт, ки агар баъзењо бо кўтоњбинї аз зери нохуни бузургон чирк бикованд, дар пеши таърих рўсиёњ хоњанд буд. 1990-2003 БАЙЗОИЯТ Ё МАОРИФПАРВАРЇ? 1 Соли 2003 китоби Ибни Ќурбон номе ба унвони «Фавоњиш ва рањоиш» аз чоп баромад. Дар номи ин китоб вожаи «фавоњиш» ба маънои бадиву бадкорї ва «рањоиш» ба маънои халосиву растагорї омадааст. Бештари ин китоб дар бораи Садри Зиёест. Муаллиф аќида дорад, ки Садри Зиё «фавоњиш» зиёд карда буд ва имрўз аз оќибатњои он «рањоиш» бояд ёфт. Ба гуфти Ибни Ќурбон «фавоњиш» иборат аз он аст, ки Садри Зиё дар рисолаи «Сабабњои инќилоби Бухоро», ки як бахши «Наводири зиёъия» аст ва дар зиндагиномаи худ, ки низ дар «Наводири зиёъия» омадааст, мардуми кўњистони тољик ва эрониёни Бухороро бисёр мазаммат кардааст, дар бораи онњо суханњои тањќиромез гуфтааст. Шарифљон махдуми Садри Зиё сабаби беэњтиромии худро нисбат ба ањли кўњистон ва эрониёни мањаллї чунин эзоњ додааст, ки «асбоби заволи давлати Бухоро дар танпарварї ва бевуќуфї ва дунёпарастии се амир шуд», яъне охирин амирони манѓития амир Музаффархон, Абдулањадхон ва Олимхон заволи Бухороро омода карданд. Аќидаи Садри Зиё ин аст, ки ин амирон ин корро ба дасти кўњистониён ва эрониёни Бухоро анљом доданд. Ба ќавли Садри Зиё ин амирон он ду тоифаро дар Бухоро ривољу тараќќї доданд, «њар љо мансабе илмї буд» ва «њар љо корњои њукумативу сиёсї буд», ба он ду гурўњ супурданд. Он ду гурўњ дасти тааддї кушоданд, худсарї пеш гирифтанд ва анвоъи љавру зулмро ба халоиќ раво диданд. Чунонки Садри Зиё мегўяд, «рўзу умри ањли ватан ба мазалату хорї ва усрату тангї мегузашт. Касеро ёрои лаб кушодану дам задан набуд». Ин њол «дар айёми ќозикалонии авлоди Байзо ки се нафар буданд: ќозї Садриддин ва ќозї Бадриддин ва ќозї Бурњониддин ки муддати тасаллуташон дар балдаи фохираи Бухоро 55 сол таќрибан буд», идома дошт. Садри Зиё дар бораи хонадони Байзо ва дастёрони онњо бо хашму ѓазаб сухан рондааст, дар њаќќи онњо суханњои тањќиромез ба кор бурдааст, онњоро дуни бадасл, ноањл, баднажод, шаттоњ ва ѓайра, њатто љамоаи разила ва тоифаи дания номидааст. Ба ин ваљњ
117
Ибни Ќурбон дар китоби «Фавоњиш ва рањоиш» ба ин фикр омадааст, ки Садри Зиё душмани кўњистониён буда, «тафаккури ў орї аз љавњари миллї буд, метавон ўро дар радифи асосгузорони андешаи мањалпарастї ва тафриќаангези миллати тољик ќарор дод».196 Ба гуфти Ибни Ќурбон гўё Садри Зиё бо ин «андешаи мањалпарастї» бисёр «фавоњиш» кард. Чанде аз он «фавоњиш» дар китоби Ибни Ќурбон як-як зикр шудааст. Чунончи Ибни Ќурбон мегўяд, ки Садри Зиё «њар фисќу фуљуреро ки дар ќаламрави давлат ё дарбор мушоњида мекард ва ё њар амале ки музирри шахсияти ў буд, ба сари кўњистониён меборид (яъне бор мекард — М.Ш.) ва эшонро то метавонист сиёњ мекард, ба ибораи дигар ќасоси худ аз эшон мегирифт»197, яъне ба чи сабабе Садри Зиё дар китоби худ аз онњо интиќом гирифт. Ин яке аз гуноњњоест, ки ба гардани Садри Зиё гузошта шудааст. Лекин њељ гуфта нашудааст, ки чаро ў аз эшон ќасос гирифт, ќасоси чиро гирифт. Ин пурсиш муњим аст. Модом ки ќасос мегирифтааст, пас онњо коре дар њаќќи ў карда буданд, дар «фисќу фуљур» ва ѓайра ширкате доштаанд, ки «музири шахсияти» Садри Зиё омадааст. Пас ин «ќасос», чунин ниќоркашї амали љавобист, амалест, ки Садри Зиё дар љавоби амале пеш гирифтааст. Пас нахуст амалкарди якумро бояд гуфт, то бубинем, ки амали љавобї то чи андоза сазовори амали якумист. Ё ин ки исбот кардан лозим буд, ки ќозї Бурњониддин ё Ибни Байзои дигаре «ба фисќу фуљуре ки дар ќаламрави давлат ё дарбор мушоњида мешуд», робитае надоштааст. Он гоњ мо бовар њосил мекардем, ки «ќасосгирии» Садри Зиё кори нодуруст будааст. Ибни Ќурбон даъвоњои калон бисёр дорад. Лозим аст, ки њамаи онњоро ягон-ягон аз назар бигузаронем. Аз даъвоњои Ибни Ќурбон танњо яке то андозае беасос нест.Ин њам бошад, ањли хонадони Байзо ва њама чокарони мутеъу фармонбардори онњоро нафрин кардани Садри Зиёст. Њама айбшуморињои Р. Масов ва С. Табаров ва дигарон, ки аз Садри Зиё гуноњњои зиёде «ёфтаанд», асосе надорад ва дур аз њаќќоният аст. Танњо эроди Ибни Ќурбон ки мегўяд: Садри Зиё нисбат ба эрониён ва кўњистониёни Бухоро суханњои хашмгин ва тањќиромез раво дидааст, њаќиќат дорад. Аз ин рў, мо њоло ба баррасии њамин масъала мепардозем. 2 Наметавон гуфт, ки Ибни Ќурбон — муаллифи «Фавоњишу рањоиш» бо чуну чаро андешае нарондааст. Як бор дар аввалњои китоб кўшише пеш гирифтааст, ки ба пурсиши «чаро?» посух бигўяд. Ў суол мегузорад, ки иллат чи буд, ки амир Музаффархони манѓит бисёре аз лаљомињои сиёсиву мазњабиро ба дасти кўњистониён ва эрониёни Бухоро супурд ва онњоро ба сари мардуми вилоятњои марказии аморат нишонид? Ин чї сиёсате буд ва чї њадафњое дошт, чї натиљањое дод? Ва Ибни Ќурбон ба ин гуна пурсишњо аљаб посухе ёфтааст. Инак андешаи Ибни Ќурбон: «Амир Музаффархони турк… мардуми кўњистонро ба мадориси Самарќанду Бухоро хонд ва имтиёзоте барои эшон тањия кард, ки гўї тољиконро дар миёни сарзамини туркзада бурд, то асли ин мардум аз миён наравад ва њамчунон дигар эрониёнро дар корњои идории давлат мадхал дод, то љавњари волои давлатдории аљдоди тољикон (эрониён) дар марокизи Сомониёни собиќ бори дигар нумув кунад. Яъне чунон менамуд, ки амир Музаффар пай бурд, ки суфуфи донишмандони мамлакатро аз шумори кўњистониёни донишманд бояд таќвият бахшад (ва ба њар фарди соњибаќл маълум аст, ки нерўњои бузурги аќлонии мамлакатро танњо аз ањолии шањр тарбият кардан кифоя нест) ва аз таљоруби давлатдории эрониён истифода бояд бурд.198 Њамин будааст сабаби сари кор овардани авлоди Байзо ва эрониён дар Бухоро! Андаке диќќат бикунед, хонандаи азиз. Гўё амир Музаффархони турки мангит махсусан ѓамхорї кардааст, ки «дар сарзамини туркзада»-и Бухоро «асли мардум аз миён наравад», яъне тољикияту эроният кам нашавад ва халал набинад. Гўё амир Музаффар кўшида будааст, ки «сафи донишмандони мамлакатро аз шумори (? из числа? — М.Ш.) кўњистониёни донишманд бояд таќвият бахшад! Амир Музаффар дар ѓами илму дониш ва маънавият будааст! Ибни Ќурбон. Фавоњиш ва рањоит. Душанбе, R. Graph 2003 сањ. 18 Њамон асар, сањ. 224 198 Ибни Ќурбон. Фавоњиш ва рањоиш, сањ. 12 196
197
118
Аљаб хомандешї! Шак нест ки ин пиндори ботил аз ноогоњии таърихї сар задааст. Ошкор аст, ки Ибни Ќурбон Манѓитиён, ба вежа ањволи амир Музаффархонро њељ намедонад. Ва ё худро ба нодонї мезанад. Ба таърихномањои Ањмади Дониш, Мирзо Азими Сомї, Садриддини Айнї ва дигарон андаке чашм давонем, ошкор мегардад, ки устувор кардани пояњои маънавии љомеа, таќвияти рўњи тољикиву эронї дар Бухоро њаргиз наметавонист бахше аз сиёсати Манѓитиён бошад, Баръакс ба куллї хилофи сиёсати онњо буд. Пас маќсад аз сари кор гузоштани эрониёну кўњистониёни Бухоро дар асл чї будааст? Пеш аз он ки ба чунин пурсише посух биљўем, ба як масъалаи дигар ки дар пиндорњои Ибни Ќурбон аз оѓоз то анљом бозтоб дорад, андаке таваќќуф бояд кард. Ин гумон бебунёд аст, ки гўё Бухоро дар њудуди садањои 19 ва 20 тамоман «сарзамини туркзадае» ва дур аз тољикияту эроният будааст. Ва гўё эњтиёљ бар ин доштааст, ки кињое аз куљое биёянд ва тољикият, илму фарњанг биёранд. На, ин пиндор низ аз ноогоњї пайдо шудааст. Осори устод Айниро бихонед, ин пиндор бартараф хоњад шуд. Устод дар «Ёддоштњо» шањри Бухоро ва атрофи онро хеле батафсил ба нигориш гирифтааст ва мебинам, ки њама љо на танњо љавру зулми Манѓитиён ва косалесони онњо, балки бештар аз он њамчунон фарњанги баланди эрониву тољикї њукмрон аст. Аз ин рў имкон пайдо шуд, ки аз Бухоро дар андак муддат — аз нимаи садаи 19 то нимаи садаи 20 дар зарфи 100 сол ду абармарди таърихи тољикон, ки яке Ањмади Дониш ва дигаре Садриддини Айнист, бархостанд. Агар Бухоро дар садаи 19 «сарзамини туркзада» мебуд, магар метавонист, ки ин ду бузургвор ва дањњо зиёиёни барљастаи тољикро ба воя бирасонад? Ба ќатъияти тамом бояд гуфт, ки «назарияи манѓитгарої», яъне манѓитзадагї ва манѓитиятпазирии мардум, мутеъиву фармонбардории зиёъиён, «назарияе» ки ба муборизони шўълавар хоиниву миллатфурўшї нисбат медињад, поя бар воќеият надорад. Ибни Ќурбон пайрави њамин «назарияи манѓитгароии» Р. Масов ва С. Табаров аст ва мехоњад бигўяд, ки кўњистониён ва эрониён ба ёрии ањли «сарзамини туркзадаи» Бухоро шитофтанд, то рўњияи тољикиятро ба он сарзамин боз биёваранд. На, дар њудуди садањои 19 ва 20, дар нимаи дувуми садаи 19 ва дањаи аввали садаи 20 Бухоро чунин эњтиёље надошт. Ин эњтиёљ дар Бухоро таќрибан аз нимаи садаи 20 пайдо шуд ва имрўз њар чи бештар афзоиш меёбад. Ва сабаби ин низ он нест, ки њавохоњони «назарияи манѓитгарої» мегўянд. Сабабњои дигар аст ва чанде аз онњоро поинтар ба њар муносибат хоњем дид. Аз нимаи дањаи њаштоди садаи бист, аз оѓози ошкорбаёнии Горбачёв дар Бухоро (ва дигар љойњои Ўзбекистон) њисси миллии тољикї ќуват гирифт. Он гоњ бисёре аз куњистониёни Тољикистон ба Бухоро рафтанд, он љо иќомат ихтиёр карданд, то ки ба таќвияти њисси миллии тољикии мардуми Бухоро ёрмандї бикунанд. Солњои бисту сї ва пас аз он бухориён ба Тољикистон омада буданд, то ки Тољикистон бисозанд ва барои ќомат рост кардани Тољикистони азизи худ хидмат карданд. Дар солњои њаштод акси ин раванд сурат гирифт: мардуми кўњистони тољик ба ёрии мардуми Бухоро шитофтанд. Бисёре аз он мардуми куњистон ки аз дањаи њаштод то нимаи дањаи навад ба Бухоро кўчида буданд, њанўз он љо зиндагї доранд ва дар душвортарин шароите рисолати таърихї иљро мекунанд. Ибни Ќурбон аз ин рухдоди таърихї, ки дар охири ќарни бист мардуми куњистони тољик (чї масчоиву фалѓарї чї раштиву кулобї ва ѓайра) барои ќувват додани тољикияту эроният ба Бухоро рафтанд ёдовар нашудааст, вале шояд бо назардошти њамин рўйдод гумон кардааст, ки кўњистониён аз оѓози нимаи дувуми садаи 19 низ чунин рисолати таърихї дар Бухоро иљро карданд. Ибни Ќурбон инро низ дар назар доштааст, ки дар давлати хонияи Ќўќанд низ кадом ваќте «тољикони кўњистони Ќўќанд мисли кўњистониёни давлати Бухоро айнан ба њамин маќсад (бо маќсади ќувват додани илм ва ба низом овардани њокимият — М.Ш.) ба маркази илмиву идории давлат кашида шуда буданд».199 Банда аз ин љињати таърихи давлати хонияи Хўќанд њанўз огоњї надорам ва бино бар ин наметавонам дар ин бора чизе бигўям, лекин медонам, ки дар Бухоро дар садаи 19 ба њокимият кашида шудани кўњистониён ва эрониёни мањаллї бо маќсадњои дигаре ба вуќўъ пайваст. Албатта, дар њама асру замон дар давлатњои хурду калони Варорўд (Мовароуннањр) ба кишвардорї ва корњои шаръия на танњо намояндагони мардуми пойтахт, балки намояндагони минтаќањои гуногун ва вилоятњои дуру наздик ширкат доштанд. Агар 199
Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 77.
119
бигўем, ки њељ гоње мансабњои калони давлатї танњо дар дасти ањли пойтахт набудааст, шояд хато накарда бошем. Аз ин рў, дар ин ки се нафар аз мардуми Кўлоб дар Бухоро ба ќозиулќузотї расидаанд, дар назари аввал њељ љои тааљљуб нест. Ин њам маълум аст, ки дар њама давру замон њокимони турк аз эрониён, аз љумла тољикон вазир мегирифтанд, дар дигар мансабњои мулкї (ѓайри сипоњї) мардуми мањаллиро таъйин мекарданд. Њокимияти сиёсї дар дасти туркњо, кишвардорї, ба вежа њаёти маънавї дар дасти эрониён, аз љумла тољикон буд. Ин њаќиќат ба њама маълум аст. Ба ин сабаб эрониёни Бухороро ба мансабњои калону хурди давлат, аз љумла ба мансабњои сипоњї роњ додани Манѓитиён дар назари аввал як кори маъмулї менамояд. Аммо танњо дар назари аввал чунин менамояд. Дар асл он чи дар садаи 19 рух намуд, маънии вежа дошт, кўњистониён ва эрониёни Бухоро бо њадафњои вежа ба мансабњои калону хурди сиёсї ва мазњабї таъйин шуданд ва ин таъйинот натиљањои вежа овард. Њоло ба сабабњои ин рўйдод нигоње меафканем. 3 Дар садањои 17 ва 18, ба вежа 19 муборизаи турку тољик дар Варорўд бештар тезиву тундї пайдо кард ва ба шаклњои нав ба нав падид омад: Як сабаби ин њолат њамон аст, ки чандин бор ишора кардаем: Дар садаи 18 ќабилањои гуногуни турку муѓул њар сол аз даштњои Ќазоќистон ба Варорўд сарозер мешуданд. Онњо як бор њафт сол, бори дигар бист сол њар тирамоњ ба водињои зархез њамла оварда, њосили дењќонро ба ѓорат бурданд. Мардуми тољик солњои сол аз њосили зањматашон мањрум монданд. Ќањтї, гуруснагї, муромурї солњо идома ёфт ва саломатмондагон њар тараф фирор карданд. Дар Бухоро ду гузар одам монд. Дар Самарќанд касе намонд ва ин шањри бузург бештар аз панљоњ сол беодам буд. Њисор чанд гоњ холї монд. Минтаќањои дигар њамчунин. Ин яке аз бузургтарин фољиањое буд, ки бар сари мардуми тољик омадааст. Пас аз он ки сулолаи Манѓитиён ба сари кор омад (соли 1756), заминаи муносибати байни туркњову тољикњо бењ нашуд, бадтар шуд. Дар нимаи аввали ќарни 19 ховаршиноси рус Николай Хаников ба Бухоро сафар карда, чанд гоњ ин кишварро бо диќќат тањќиќ кард. Вай мушоњида намуд, ки дар ањди Манѓитиён мардуми кишвари Бухороро иборат аз ду тоифа медонистанд. Як тоифаро уруќдор ва дигареро шогирдпеша меномиданд. Николай Хаников мегўяд: «Ба гурўњи якум њама ўзбакњо тааллуќ доранд, ки дорои ќабилаву эл, яъне дорои аљдоде њастанд, ки пайваста барои хонњои Бухоро хидмат кардаанд ва кўшишњо нишон додаанд. Ба гурўњи дувум њама тољикон ва форсиёни муњољир ва ѓуломњои озодшуда ва умуман мардумоне, ки аслу насаби онњо паст будааст, тааллуќ доранд».200 Ин аст, ки њама мардуми бумии давлати Бухоро, инчунин эрониёни муњољир пастнасиб ва шогирдпешаву хизматгор ба шумор рафтаанд. Онњо дар хидмати уруќдорони манѓит, яъне ўзбак ва турку муѓул бояд камарбаста меистоданд. На танњо фуќаро, балки аъёну ашрофи бумї ва уламои ислом дар њамин њол будаанд. Ин табаќабандии љомеа, ба ду табаќаи боло ва поин таќсим шудани он ки ранги ќавмї дошта, як ќавми њукмрони камшуморро аз њама боло ва дигар ќавми мутеъи сершуморро ба хориву зорї медошт, то охири садаи 19 ва дар оѓози садаи 20 низ давом ёфт. Зулми иљтимої ва миллї торафт сахттар мешуд ва норозигии «шогирдпешагон», яъне тољикон ва аъёну ашрофи онњо инчунин уламои ислом боло мерафт. Албатта бахше аз мардуми бумї, ќисме аз аъёну ашроф бештарини уламои сўъ аз сари ору номус гузашта, ба хидмати уруќдорон остин барзаданд. Лекин бисёре аз тољикони сарбаланд, аз љумла аъёну ашроф ва уламои баномус сар фуруд наоварданд, њар чї бештар муќобилат нишон медоданд. Амир Њайдар (вафот 1828) ва амир Насруллоњ (1828-1860) баъзе чорањо дида бошанд њам, муќобилати бумиён кам нашуд. Ба вежа дар ањди амир Музаффар (1860-1885), ки манѓитиён дар љанги Русия сахт шикаст хўрданд ва кишвар харобу давлат суст шуд, саркашии бумиён, аъёну ашрофи онњо ва уламо бештар хавфу хатар пеш овард. Амир Музаффархон аъёну ашроф ва уламоро бештар зери фишор гирифт, аз бисёр имтиёзот ва имконот мањрум кард. Сиёсати амир Музаффар иборат аз ин буд, ки мардумони бумии тољикро ба дасти худи онњо ба шиканља кашидан ва саркўб доштан хост. «Шогирдпешагон»-ро бо дасти намояндагони худи онњо саркўб доштан аз замони амирони пеш сар шуда буд, вале дар ањди Музаффархон ба вежа пас аз шикаст дар љанги Русия ба яке аз рукнњои асосии сиёсат табдил ёфт. 200
Н. Ханыков. Описание Бухарского ханства. Спб. 1843, стр. 182.
120
Моњияти ин сиёсат он аст, ки бумиёни вилоятњои марказии аморатро ба унсурњои «бегона» ва «омада», ба эрониёни мањаллї ва кўњистониён супориданд. Дар корхои идориву маъмурї њукмро ба ихтиёри эрониён ва дар корњои шаръї ба ихтиёри кўњистониён доданд. Ин «њудињои» «омада», ки андак «бегонаги» њам доштанд, сиёсати «уруќдорон»-ро ба сари «шогирдпешагон» бо сахтии бештаре бояд иљро мекарданд. Ибни Ќурбон дар китоби «Фавоињиш ва рањоиш» аљаб пиндори содалавњонае дорад, ки гўё амир Музаффар илмдўстї ва софдилии кўњистониёнро ба назар гирифта онњоро њокимияти номањдуд дод. Ибни Ќурбон мегўяд: «Мардуми кўњистон бо илмдўстї ва содагии беолоиши худ метавонист ба воситаи фарзандони фарзонаи худ пеши ин селобро (селоби худсарї ва фисќу фуљурро — М.Ш.) бигирад»201. Њайњот, чунин андешае сиёсати манѓитиёнро муайян накарда буд. Барои иљрои сиёсати амири манѓит на «илмдўстиву беолошї», балки «дуруштии кўњистонї», ки Садри Зиё ба таъкид зикр кардааст, даркор буд. Кўњистониён, чунончи ќозї Садриддин ибни Байзо ва њамдиёрони нуфўз пайдо кардаи ў силоњи дасти амир Музаффар дар муборизаи зидди тољикони ситамдидаи адолатљўй буданд. Њадафи аслии Мангитиён тафриќаандозї дар љомеа буд. Сиёсати онњо ба асли (принсипи) машњури аврупоиён, ки мегўянд: «Пора бисозу њукумат бирон!» (Разделяй и властвуй!) хеле наздикї дорад. Онњо љомеаро чанд пора карда, порањоро ба њам зид гузошта ва ба њам љанг андохта, гиребони худро аз дасти мухолифони њаќталаб халос кардан мехостанд. Барои расидан ба ин маќсад аз хамон андак «бегонагї», ки эрониён ва кўњистониёни Бухоро нисбат ба ањолии мањаллї доштанд, истифода намуданд. Дар ин сурат порањоро ба њам зид гузоштан, шањриро зидди кўњистонї, сунниро зидди шеа равона кардан осонтар буд. Дурусттар он ки хостанд шеаро ба муќобили суннї, кўњистониро бар хилофи шањриву тумонї тезонида ва њукмравої дода, якумиро ба саркўбии дувумї равона карда, пояњои салтанати Манѓитияро устувор бикунанд. Ва бояд гуфт, ки тирашон чандон хок нахўрд ва дар бисёр мавридњо ба њадаф расид. Акнун бубинем, ки ин сиёсат чї тавр амалї шуд ва чї натиљањо дод. Он гоњ боз ба сари даъвоњои Ибни Ќурбон хоњем омад. 4 Банда эрониёни Бухороро як андак медонам ва чандин бор бовармандї пайдо кардаам, ки бештарини онњо мардуми шарифанд. Дар Душанбе бо чанде аз онњо шинос шудам, њамкорї кардам. Дўстиву рафоќат доштем. Дар њељ маврид аз онњо номењрбонї ва камлутфї надидаам, њама дар одоби муошират комил буданд. Бештари эрониён дар Бухоро муњољиронеанд, ки Шоњмуроди манѓит (1784-1801) њангоми хароб кардани Марв кўчонида оварда буд. Бархе аз онњоро туркманњо бо ѓуломтозї аз Хуросони Эрон оварда фурўхта буданд. Дањшатњои ѓуломтозиро устод Айнї дар романи «Ѓуломон» тасвир кардааст ва њама тасвирњои ў асоси воќеї дошта, баъдтар бо мадорики бойгонї тасдиќ шуд. Ин ѓуломњо дар дањаи њафтоди садаи нуздањ озод шуданд. Ќисме аз ѓуломони эронии Бухоро асирони љанг будаанд, ки амирони манѓит њангоми юришњои ѓоратгарї аз Хуросони Эрон овардаанд. Бахши каме аз эрониёни Бухоро ѓулому ѓуломзода ва бештари онњо озод то андозае ба истилоњ баробарњуќуќ бо дигар мардуми кишвар буданд. Эрониёни Бухоро ќариб њама хушсавод буда, аз миёни онњо донишмандони барљаста, шоирони номдор, њунармандони чирадаст бисёр баромадаанд. Эрониён дар њаёти фарњангии Бухоро љойгоње хос дошта, бо фаъолияти онњо ривољи санъати тољик ва гуногуниву рангорангии он афзудааст. Ба вежа «маврихонї», ки як навъи санъати мусиќии тољикист, бо ширкати эрониён хеле тараќќї ва густариш ёфта, дар тамоми кишвар, то Дарвоз, то эљодгоњњои устодоне чун Шарифи Љўра доман пахн карда буд. Дар маорифпарварї, аз љумла дар созмони пинњонкори «Тарбияи атфол», ки љавонбухороиён таъсис дода буданд, ширкати эрониён чашмрас аст. Ин њам сазовори таъкид аст, ки нахустин вазир (комиссари халќї)-и маорифи Тољикистон аз эрониёни Бухоро Аббос Алиев буда, устод Лоњутї муовини ў буд. Аббос Алиев инчунин нахустин профессори тољик буд ва банда ифтихор дорам, ки дар донишгоњи омўзгории Душанбе моро дарс гуфтааст. Бисёре аз бухороиёне, ки дар дањаи бисту сии садаи бист ба Тољикистон омада, дар
201
Ибни Ќурбон. Фавоњиш ва рањоиш, сањ. 14
121
сохтмони љумњурии тољикон аз дилу љон хизмат кардаанд, аз эрониён буданд. Онњо њанўз њам дар Тољикистон кам нестанд. Модом ки мардуми эронї фазилатњои бењисоб доштанд, онњоро ба кишвардорї, ба мансабњои калону хурди давлатї кашидани амирони манѓит бояд мўљиби тааљљуб нашавад. Ибни Ќурбон мегўяд, ки чун эрониён дар кишвардорї таљрибаи зиёд доштанд, арабњо дар оѓози истилои Фарорўд «маволии» эронї оварда, таљрибаи эшонро ба кор гирифта буданд, низ «амирони Бухоро хостанд, ки он таљрибаро ба кор баранд ва бад-ин сабаб вазоифи баланди давлатиро ба ихтиёри эшон супурданд».202 Бандаи нигоранда низ чанд соли пеш чунин гумон доштам. Банда ба ин пиндор будам, ки гўё дар замони амирони мангит ќоидаи нонавиштае мављуд будааст, ки маъмурияти марказї, мансабњои калони давлатиро дар байни ањолии минтаќањои гуногуни кишвар таќсим карда будаанд, яъне кўшише ба кор бурдаанд, ки ба мансабњои калони марказ ва мансабњои хурдтари тумону вилоятњо аз минтаќањои гуногун, аз тоифањои гуногуни ањолї одам бигиранд ва ба њаимн сабаб аќзалќузот (ќозикалон)-њоро аз кўњистониён таъйин кардаанд. Ин ќоида агар љорї мешуд, албатта поя бар як асли одилона медошт. Чунончи дар Тољикистони шўравї дар баъзе даврањо, чунончи он солњо, ки Бобољон Ѓафуров шахси якум буд, чунин ќоидаи нонавиштае вуљуд дошт ва дар маркази љумњурї мансабњои баланд дар байни мардумони вилоятњои гуногун ќариб баробар таќсим шуда буд, то ки мардуми њама минтаќањо дар њокимияту маъмурияти иљроияи маркази љумњурї намоянда дошта бошанд. Чунин ќоидае дар Ўзбакистон низ аз соли 1924 то охири дањаи сї будааст. Банда гумон доштам, ки ќоидае монанди ин дар садаи 19 дар аморати Бухоро низ риоя шудааст. Вале чун 15-20 сол пеш ба тањќиќи адабиёти маорифпарварии тољикї машѓул шудан лозим омад ва бо бархе аз равандњои иљтимоъиву сиёсии нимаи дувуми садаи 19 ва оѓози садаи 20 шинос шудам, кам-кам бовар падо шуд, ки он гумон дуруст набудааст. Рафта-рафта ба тамом равшан шуд, ки манѓития дар њама мавридњо аз адлу инсоф дур буда, њељ масъала њељ мушкили кишварро бо назардошти манфиатњои миллат њал накардаанд. Амал кардан аз рўйи аќли салим дар чунин мавридњо ба сиришти уруќдории онњо созгор набудааст. «Таќсими мансабњо» низ дар ањди манѓития на ба он тарз ки камина гумон доштам ва имрўз Ибни Ќурбон гумон дорад, балки ба тарзи вањшониятпешагии манѓитї амалї шудааст. Аз эрониён на мардони заковатманди кордон ва адолатпеша, балки онњое, ки метавонистанд сиёсати уруќдории Манѓитияро бо зўру заљр ба амл љорї намоянд, ба мансабњо насб шудаанд. Сиёсати уруќдорї ва истифодаи эрониёну кўњистониён барои иљрои он аз оѓоз эътирози сахти ањли бинишро ба миён овард. Њама маорифпарварон ба ин сиёсат назари манфї доштаанд. Нахустин шахсе аз маорифпарварон, ки ин сиёсатро сахт мањкум кард, Ањмад-махдуми Дониш буд. Ањмади Дониш моњияти сиёсати уруќдориро падид овардааст. Вай мегўяд: «Касоне ки аз дасту забони онњо таваќќўъи корнамоие буд, дар ањди ин амири саффоку беаќл (амир Музаффархон — М.Ш.) маќтул шуданд, чун Иброњимбии парвоначї ва Ќаноатшоњбии додхоњ ва Азизбии ќушбегии вазир ва Ибодуллоњбии парвоначии тўпчибошї ва ѓайруњум. Ва ба љои инњо он ѓуломон, ки њаммактабу њамсабаќи амир буданд, чун Шералї ва Яъќуб ва Муњаммадшоњ ва Дурбин ва Салимбї ва Баротбек дар сарири маносибу аъмол баромаданд».203 Ин љо аз «ѓуломон» њамон асирон ва асирзодагон ва бардањои харида дар назаранд, ки аз кўдакї ба хидмати амирзодагон будаанд ва чун амирзода ба тахт нишаст, ё ба мансабњои калон соњиб шуд, як умр хидмати ўро кардаанд. Албатта њар кадоми онњо чандин нафар ѓулому ѓуломзодаи дигарро ба гирди худ љамъ овардаанд ва дар мањалњои дуру наздик ба кор гузоштаанд ва хоњиши амири худро бо як дастгоњи калоне ба иљро расонидаанд. Бисёре аз ин дастнишондањо ѓулом набошанд њам, ба тинат њамранги сарварашон буданд. Чигунагии амали ин ѓуломону ѓуломтинатонро Ањмади Дониш, ки шоњиди њол буд, батафсил баён кардааст. Аз љумла гуфтааст, ки онњо «ба њар љо ки њоким буданд, хароб карданду мардумро бисёр газиданд».204Ањмади Дониш бо дарду алам ва хашму ѓазаб Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 36. Ањмади Дониш. Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манѓития. Душанбе, Сарват, 1992., сањ. 46-47 204 Њамон љо. 202
203
122
таъкид кардааст, ки онњо номи кишварро « ба шумию бењамиятию беѓайратї паст карданд ва Бухорову Самарќанд, ки ба адлу инсоф ва дину диёнат ва илму амонат ба соири билод ифтихор оварда ва мумтоз буд, инњо бадноме карданд, ки то сури растохез аз олам наравад ва аз таворих мањв нашавад».205 Ба диди банда, моњияти масъала, маънои аслии равандњои иљтимоъиву сиёсии замони худро ба ин равшанї ва амиќї намоён овардан, ки ба Ањмади Дониш, ба ин андешапарвари бузург муяссар шудааст, ба кам касе даст медињад. Манѓитиён ва иљорагарони сиёсати уруќдорї дар ѓами тахту тољ ва мансабу манзалати худ буданд, Ањмади Дониш ѓами мулку миллатро мехўрд ва аз паст шудани шаъни халќу ватан ба фиѓон омада буд. Рисолаи Ањмади Дониш таърихномаест, ки онро саропо аз њисси баланди ватандўстї ва миллатпарварї сириштаанд. Ин сириштагї яке аз нишонањои асосии адабиёти маорифпарварист. Ошкор аст, ки мањкум кардани сиёсати уруќдорї на аз Садри Зиё, балки аз Ањмади Дониш сар шуда будааст. Ањмади Дониш аввалин ва Садри Зиё охирин маорифпарвар аст, ки аз дасти иљрогарони сиёсати манфури саркўбии тољикони мазлуму саркаш ба дод омадаанд ва овози эътироз баланд кардаанд. Чун «тољикони мазлуму саркаш» мегўем, ба ин мафњум эрониёни Бухоро, он эрониёни асили зањматкаш, ки аз њамон сиёсатгузорони бефањму берањм љафо медиданд, низ дохил мешаванд. Мехоњем њамфикрии Садри Зиё ва Ањмади Донишро ба вежа таъкид бикунем. Садри Зиё дар бархе аз масъалањои муњими иљтимоъиву сиёсї ва илмиву адабї њамфикри Ањмади Дониш, дурусттар он ки идомадињандаи афкору афъоли ўст. Садриддини Айнї гуфта буд: «Яке аз дўстдорони ў (Ањмади Дониш — М.Ш.), ки ба аќидаи ман аз њама бештар ба ў бањои баланд медод, Шарифљон — махдум (Садри Зиё — М.Ш.) буд».206 Устод Айнї дар њамин љои «Ёддоштњо» афзудааст: «Шарифљон-махдум ошиќи асарњои Ањмад-махдум буд»,207 яъне онњоро бисёр мехонд. Ба ин роњ, Садри Зиё аз мактаби маорифпарварии Ањмади Дониш дарс омўхта, аз рўйи сабаќњои он амал кардааст. Гуфтањои Садри Зиё гоње айнан њамон аст, ки Ањмади Дониш гуфтааст. Чунончи Садри Зиё мегўяд, ки эрониён «њар ранг зулму тааддиро ба сари мусулмонон ва абнои ватан меоварданд ва анњои бедодиро дареѓ намедоштанд»208 Ибни Ќурбон ин гуфтаи Садри Зиёро овардааст, вале агар онро бо нигоштањои Ањмади Дониш, чунончи ба он навиштањои ў, ки мо дар боло овардем, муќоиса мекард, зуд ошкор мегардид, ки гуфтаи њар ду як мазмун дорад. Садри Зиё ѓуломони њалќабаргўш ва иљрогарони раъйи уруќдоронро «тоифаи дания» номидааст209 (ва инро Ибни Ќурбон зикр кардааст), Ањмади Дониш низ онњоро «одамњои дун» гуфтааст: «Одамњои дун фармонфармо буданд»210 Маълум аст, ки «тоифаи дания» ва «одамњои дун» њар ду як маънї дорад ва лафзи сахт аст. Ањмади Дониш, ки яке аз бузургтарин бузургони мост, дар ин мавридњо низ аз сахтгўї худдорї накардааст. Акнун боз як сухани Садри Зиёро меорем, ки Ибни Ќурбон низ овардааст. «Ин тоифаи дуну забун нангу номуси дини мубинро бар бод доданд ва обрўйи мулку миллатро бар хоки мазаллат рехтанд, шарофати ватанро шарри офат карданд… дин хароб ва љигарњо кабоб аз дасти ин ду тоифаи куштанбоб аст»211. Инро низ ба он гуфтаи Ањмади Дониш муќоиса кунед, мебинед, ки боз њаммазмунии муњимме њаст. Ањмади Дониш гуфта буд, ки сиёсатгузорон «ба шумиву бењамиятиву беѓайратї» номи ватанро «паст карданд, ки … аз таворих мањв нашавад». Садри Зиё низ айнан њаминро гуфтааст: «нангу номуси дини мубинро бар бод доданд ва обрўйи мулку миллатро бар хоки мазаллат рехтанд». Боз њам натиљагирии Ањмади Дониш ва Садри Зиё ба як гуна аст. Ибни Ќурбон он суханњои Садри Зиёро наќл карда, пас аз љумлаи «обрўйи мулку миллатро… рехтанд» аломати суол гузоштааст, яъне маънии ин љумларо нафањмидааст.
Њамон љо. С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 438 207 Њамон асар, сањ. 444 208 Садри Зиё. Наводири зиёъия. Пажўњишгоњи шарќшиносии Фарњангистони улуми Тољикистон, дастнавис № 983, вар. 106. 209 Њамон асар, вар. 105 б. 210 Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 28. 211 Садри Зиё, њамон асар, вар. 115 б. 205 206
123
Бале, Ибни Ќурбон, ки ба масъала фаќат аз бинишгоњи њамдењањои худ менигарад ва аз мазаммат шудани онњо ранљидааст, дигар ѓами ватан ва миллатро намефањмад. Ањмади Дониш, маорифпарварон, аз љумла Садри Зиё фарзанди содиќи милату ватан буданд, ору номуси миллї доштанд, дар роњи растагории миллат, дар роњи рањо кардани миллат аз дасти ситампешагону нодонњо талош карданд, аммо даъвогарони имрўза, Ибни Ќурбон ва устодону њамдастони ў њанўз аз чорчўбаи танги шуури музофотї сар берун накашидаанд. Аз ин сабаб ба ибораи «обрўйи мулку миллат» суол мегузоранд. Дар он суханњои Ањмади Дониш, ки дар боло овардем, ситам, љавру зулм танњо мафњуми моддї набуда, асоси маънавї дорад. Ба гуфти Ањмади Дониш зулми иљтимоъї на танњо азоби љисмонї меорад («Мардумро бисёр газиданд»), балки натиљаи рўњониву маънавї низ дошта, шаъну шарафи инсон, обрўйи миллату ватанро паст мекунад. Таъкиди љанбаи маънавии мафњуми зулм намоёнгари он буд, ки шуури иљтимоъї хеле боло рафтааст ва ормонњои маорифпарварї бештар ба гуманизми олї такя овардааст ва ба мафњумњое чун ватан ва миллат маънои нави иљтимоъї бахшидан дорад. Ба чунин фањмиши амиќи масъалаи зулми иљтимоъї чанде аз маорифпарварон дастрас доштанд. Аз љумла, чунонки дар рисолаи «Садри Бухоро» таъкид карда будем, Садри Зиё падидањои маънавии ситами истеъморї (зулми мустамликавї)-ро љуста ва намудор овардааст. Дар ин маврид низ Садри Зиё пайрави омўзањои маорифпарварии Ањмади Дониш аст ва масъалаи ситам ва ситамгаронро густурдатар ва амиќтар аз он ки Ибни Ќурбон ва устодону њамкорони ў мефањманд, матрањ кардааст. 5 Бештари Манѓития зотан душмани аќли салим ва ањли фањм будаанд ва кам ба дид омадааст, ки донишмандон ва кордонњоро мансаби муносиб дода бошанд. Аблањону нодонњое, ки фармоишро бечуну чаро ва бењтар аз хоњиши соњибдавлаташон иљро мекарданд, ба дарбор, њокимхона ва дигар хонањои њукуматї бештар гирд омада буданд. Аз таърихномањои Ањмади Дониш, Мирзо Азими Сомї, Садриддини Айнї ва дигарон, аз љумла Садри Зиё маълум аст, ки аз эрониёни Бухоро низ ањли дониш, онњое ки дар корсозиву чораандешї ќобилияте доштанд, бештар аз назари њукуматдорон дур монда, нобакорон баландї ёфтаанд. Ањмади Дониш дар њаќќи баъзе аз эрониёни амалдор бисёр сахтгўї кардааст. Чунончи дар бораи Муњаммадшоњи ќушбегии вазир мегўяд: «Вазорати Бухоро ба дасти Муњаммадшоњи ќушбегї буд ва ин марди сафењ, бесавод, беаќл буд… Лољарам умури миллативу давлатї ихтилофи куллї ёфта, осудагї аз миёни сипоњу фуќаро карона гирифт. Ва њол он ки бисоту фусуњати мамлакат фатонату матонати раъйи вазир аст. Агар вазир бетартиб бувад, дар он мулку давлат бояд гирист»212. Аз ин љо калимањои «сафењ, бесавод, беаќл»-ро бояд ба ёд бидорем, ки дар поинтари ин навиштаи мо лозим хоњад шуд ва аз нигоштањои Садри Зиё низ хоњем дид. Ањмади Дониш дар марги Муњаммадшоњи ќушбегї марсияи њаљвияе гуфта буд, ки ин аст: Шоњ Муњаммад вазири ќушбегї, Бурд аз давлати Бухоро шукўњ Аз ситам чок шуд гиребонњо, Љайби пироњане накарда руфў (њ) Буд бемор то њаёташ буд, Рафта дар нор ба њазор андўњ.213 Яке аз машњуртарин шахсиятњои Манѓития дар нимаи дувуми садаи 19 Шералии иноќ аст, ки аз эрониён буда шўњрати ў аз бефањмиву хунхорї буд. Он гоњ ки Шералї њокими Самарќанд буд, аз ситамкории ў корд ба устухони мардум расид ва муллову муллобачањо, баъд њама мардуми њамиятманди Самарќанд ба шўр омаданд. Ањмади Дониш гуфтааст: «Чун фуќарои Самарќанд ин бедодї аз Шералї диданд, ба њимояти дин тарафи мусулмонон ва талабаи илм шуда, зану мард ба аскарияи дохили Самарќанд дарафтоданд,
212 213
Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 21 Њамон асар, сањ. 62
124
ки љўйњои хун даркўчањо равон шуд».214 Ин рўйдоди пурдањшатро муаллифони мазкури дигар таърихномањо батафсил баён кардаанд ва хабар додаанд, ки чун амир Музаффар дар љанги Русия шикаст хўрда, аќиб нишаст, мардуми ѓаюри Самарќанд дарвозањои шањр ба рўйи ў бастанд ва чун лашкари Русия расид, дарвозањо боз карданд ва сабаби ин дарбандиву даркушоиро дар як љамъомади мардуми шањр муфтї Камолиддин ном пешвои халќ ба он маънї эзоњ дод, ки подшоњи кофири одил бењтар аз подшоњи мусулмони золим аст. Ба ин сабаб амир Музаффарро ба шањр роњ надоданд, лашкари русро роњ доданд Камолиддини муфтии самарќандї гуфт: «Аз салотини ўзбакия бо вуљуди даъвои ислом чї зулмњо надидаем. Њукмрони адолатхоњ кофир њам бошад, њокимиятро нигоњ дошта метавонад, лекин њокими золим муслим бошад њам, њокимияташ шикаст мехўрад».215 Чунонки мебинем, муфтї Камолиддин бовар њосил кардааст, ки салотини ўзбакия фаќат даъвои ислом доранд, аз ислом, аз дину диёнат дуранд ва касоне чун Шералї иродаи номусулмонњоро иљро менамоянд. Сиёсати уруќдорї падидае аз номусулмонї буд. Дигар шак намонд ки беитоатї ва саркашии «шогирдпешагон» — мардуми тољик, аъёну ашрофи онњо ва уламои ислом на муборизаи зидди эрониён ё кўњистониён, балки пархош бо «салотини ўзбакия», бо уруќдорон буд, ранги пархоши озодихоњии миллиро дошт. Ин мубориза хеле ќувват гирифта ва хавфи калон пеш оварда аст. Барои пешгирии ин хавфи калони рўзафзун њаќќу њуќуќи њукуматдорони эронї ва ањли хонадони Байзоро ба маротиб зиёд карданд, ба онњо барои саркўб доштани мардум њокимияти номањдуд доданд. Акнун бинед, ки дар бораи бедодии ѓуломони иљрогари сиёсати фосид устод Айнї дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» чї мегўяд. Садриддини Айнї гуфтааст: «Аз ѓуломони муќарраби подшоњї Яќуб ќушбегї, Ўткурбї ва чанд нафари дигар… дар мизољи амир хуб тасарруф пайдо карда буданд. Аз ин сабаб бе салоњдиди эшон касеро љуръати мадхалияти амре набуд. Аз умаро њар касе ки пайравии эшон мекард, љон ба саломат мебурд ва илло ба бадтарин њолате гирфтор гардида, сари худро дар сари ин кор ба бод медод. Аз ибтидои љулуси ин подшоњ (амир Музаффар — М.Ш.) њамин шева шиор шуда, сабаби касри ќулуби умарои боаќлу дониш гардида буд».216 Ин љо сухан аз љабр дидани «умарои боаќлу дониш» рафтааст. Њољат ба гуфтан нест, ки дар ин сурат њоли фуќаро чї буд. Њоли мардуми одї дар вилоятњо аз ин бадтар буд, ки бењтар набуд. Бисёр љолиб аст, ки Ањмади Дониш аз он њама љабру зулм, безабтиву бесомонї, аз ањволу атвори амиру вазир, кордорони давлат ва соњибони шариат сухан ронда, таъкид карда буд, ки инњо боиси заволи давлат, сабаби фитнаву инќилобот хоњанд шуд. Чунончи дар пораи поин, ки дар бораи Муњаммадшоњи ќушбегии вазир аст, вожаи «инќилобот»-ро ба кор бурдааст. Ва гуфтааст: «Ва филвоќеъ агар нек дарнигарї, њамаи инќилоботу футуре ки дар ин давлат зоњир шуд ва нуќсонот ки дар ин салтанат рўй дод, њама аз ракокати раъйи вазир, сустиву беаќливу коњилии ў буд. Бале, дар гашти давлату таназзули он албатта сабаби зоњирї бояд ва он сабаб ба њасби зоњир Муњаммадшоњи ќушбегї буд».217 Ањмади Дониш касофати амирону вазирони љоњил ва маъмурони корношояму бенўхтаро боиси инќилобот ва заволи давлат дониста бошад, Садри Зиё дар рисолаи «Сабабњои инќилоби Бухоро» аз оѓоз то анљом њамин аќидаи Ањмади Донишро тасдиќ намудааст. Садри Зиё аз тањлили иљтимоъии авзоъи Бухорои чињил-панљоњ соли охири садаи 19 ва аввали садаи 20 чунин хулоса баровардааст: «Асбоби заволи давлати Бухоро дар сояи танпарварї ва бевуќуфї ва дунёпарастии се амир шуд ба воситаи ривољу тараќќии ду тоифаи дания ва ду љомеаи разилаи кўњистониву эронї»,218 яъне шахсоне чун Муњаммадшоњи ќушбегї, Шералии иноќ, ањли хонадони Байзо ва монанди инњо. Дар ин маврид низ гуфтаи Садри Зиё чун сахтгапињои Ањмади Дониш аст. Ањмади Дониш инќилоби Бухороро пешгўї карда буд (ва академик Абдулѓанї Мирзоев дар бораи ин пешгўии Ањмади Дониш маќолае дорад), Садри Зиё аз вуќўъи он инќилоб хабар медињад. Ва Ањмади Донишро тањсину офарин гўён бо мисоли бисёре нишон додааст, ки сабаби Њамон асар, сањ.31. Мирзо Азими Сомї. Таърихи салотини манѓития. М., Наука, 1962, сањ. 55-56 216 С. Айнї. Куллиёт, љ. 10. Сањ. 55-56. 217 Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 41. 218 Садри Зиё. Наводири зиёъия, њамон нусха, вар. 105 б. 214 215
125
инќилоб ва заволи давлати Манѓития њамон аст, ки Ањмади Дониш гуфта буд: њамон амирону вазирон, њамон «тоифаи дания» ва «љамоаи разила» Бухороро ба инќирози куллї оварданд. Садри Зиё эълом доштааст, ки пешгўии Ањмади Дониш дуруст баромад. Бояд гуфт, ки тањлили иљтимоъии Садри Зиё дар рисолаи «Сабабњои инќилоби Бухоро» хеле љолиб буда, натиљагирињои ў аз бисёр љињатњо мўътамаданд. Ин тањлилу хулосабарорињои Садри Зиё гоњ-гоњ рўњи танќидии нигоштањои Ањмади Донишро ба ёд меоранд ва наќше аз он доранд. Ин наќш њам чунонки гуфтем, аломати мењанпарастиву миллатпарварист, на мањалгарої, ки Ибни Ќурбон мегўяд. Ањмади Дониш — ин андешапарвари бузург бо нозукбинї ва маънирасї ва навназарї моњияти рўйдодњои замонро амиќан падид оварда, барои он ки пайравони моњиятљўи ў, равшанфикрони поёни садаи 19 ва оѓози садаи 20 битавонанд маънои аслии равандњои иљтимоъиву сиёсї ва фарњангиву маънавии љомеаро аз дидгоњи ормонњои баланди маорифпарварї дарёбанд, замина омода сохт. Меросбарї ва идомакории маорифпарварон монеъи истиќлоли табъ ва навангезии онњо наомадааст, балки биниши онњоро тезие ато намуда, дар љустуљўи роњњои растагории миллї њар дафъа ба тавре наќш гузоштааст. Чунин наќшеро гоњ-гоњ аз осори Садри Зиё низ мебинем. Фањмиши моњияти сиёсати уруќдорї ва оќибатњои нањсбори он дар осори Садри Зиё аз чунин мавридњост, ки робитае ќавї ба Ањмади Дониш дорад. Мисоли истифода шудани эрониёни ситампеша барои иљрои сиёсат дар «Рисола»-и Ањмади Дониш бисёр омадааст (чунончи дар сањ. 19, 24, 28, 40, 87 ва ѓайра). Ахбори муњимме дар ин ибора аз чакидаи хомаи дигар нависандагону таърихнигорони садаи 19 ва 20, аз љумла аз рисолаи Садриддини Айнї «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» ба даст меояд. Ба сабаби ин ки сухани мо ба дарозо кашид, аз он навиштањо шохиде намеорем. Фаќат порае аз ќасидаи Њољї Њусайни Кангуртї, ки «Дабистони ибрат» ном дорад, зикр мекунем. Инак, чанд байт аз «Дабистони ибрат», ки шеъре бузург ва њама дар бораи њамон эрониёнест, ки аз љониби уруќдорон ба бадкирдорї њидоят шуда буданд: Бо нифоќу бо таѓофул дар субути нафъу зар, Дар нуфузи муддао рафтанд чун дар фахми нор. Кофаи дарбори шоњиро њамегаштанд вакил, То вазорат мансаби аълом шуд баршон ќарор. Он яке соњибиёлат в-он дигар саркори шаб, Хайле дар ахзи хирољу љамъе дар бољи туљор. З-ин абидон чун ѓуломон хонавори мўњтарам, З-ин анидон чун асирон дудмони эътибор. Бериоя дар риоё, дар мурувват нораво, Дар футувват лотафиву бо фаќирон зулфиќор. Ахзи сулњу рубъу хориљ ба дањяки ном шуд, Таллаву торољ фарзу зукути кирдигор. Исми фаќру расми мискин аз миён бардоштанд, Соњиби муншї мунаххаз чун ѓаниву молдор. Сеъри ќиматњо музааф шуд аз ин ањли саир, Роњ з-ин ноаминон танг шуд бар рањгузор. Кошки ин љумла ойид шудї бо байти мол, Бар ѓарибони миллат ё ба фаќирони диёр, Навъи бидъатро зуњуру љинси њурматро њузур. Кизбњо амри зарур фисќњо бо айбу ор. Шарбати уммулхабоис њамчу Замзам мўњтарам, Тахтаи шатранљ њамчу лавњи Ќуръон дар канор219… Ин аст, ки ањволу атвори манфури бадкирдорон аз чашмњо пинњон намонда буд. Садри Зиё яке аз онњоест, ки онро дидаанд ва на танњо фош кардаанд, балки бо он мубориза пеш гирифтаанд. Мањфили адабии Садри Зиё, ки устод Айнї дар навиштањои худ, аз љумла дар «Ёддоштњо» тасвир кардааст ва мо дар рисолаи «Садри Бухоро» барои нишон додани ањамияти таърихии ин мањфил тафсилоте овардаем ва дар поинтар боз хоњем дид, яке аз марказњои мубориза бо сиёсати уруќдорї буд. Шояд уруќдорї як мавзўи сўњбатњо дар ин мањфил будааст ва аз њамин сабаб масъалаи иљрогарони сиёсати уруќдорї 219
Њољї Њусайни Кангуртї. Душанбе, Ирфон, 1998, сањ. 375-376.
126
дар нигоштањои Садри Зиё ва дигар аъзои он мањфил (чунончи Айнї) ба маркази диќќат ќарор ёфтааст. Бегумон «фавоњиш», ки Ибни Ќурбон мегўяд, иљрогарони сиёсати уруќдорї зоњир кардаанд, на Садри Зиё.Инчунин Ибни Ќурбонњо фавоњиш зоњир карда истодаанд, ки ноњаќ бидуни тафтишу тањќиќ онро ба Садри Зиё нисбат медињанд. Акнун Ибни Ќурбонњо аз ин љавобномаи мо фањмиданд, ки Ањмади Дониш, Садриддини Айнї, Хољї Њусайн ва дигарон низ дар бораи сиёсатгузорони уруќдорї сухан рондаанд ва гоњ сахтгўї кардаанд, шояд пагоњ ба Ањмади Дониш, Айнї, Хољї Њусайн ва чандин нафари дигар њам мањалгарої, душмании эрониён, «фавоињиш» нисбат бидињанд. Ин аз эњтимол дур нест, зеро Ибни Ќурбонњо ба роњи чашмпўшї аз њаќиќат, ба роњи тањрифи таърих даромадаанд, то ки «назарияњои» бофтаю сохтаи худро исбот бикунанд. *** Он чї зикраш гузашт, чунин маънї надорад, ки њама эрониёне, ки дар пойтахт ва вилоятњо ба мансабњои калону хурд соњиб шуда буданд, одамони баде буданд. На, дар байни онњо мардумони нек, ки аз рўйи виљдон кор бикунанд, кам набуданд. Бархе аз онњо ноњаќ ба сафи амалдорон афтода бошанд, бархе барњаќ ба амал расида буданд. Аз байни дувумињо Остонаќули ќушбегиро метавон ном бурд. Остонаќули ќушбегї марди њушманд, вазири ботадбир, сиёсатмадори нозукбин буд. Академик Ањрор Мухторов дар маќолае зиндагиномаи Остонаќули ќушбегиро мухтасаран баррасї карда буд. Дар ин маќола баъзе хислатњои неки Остонаќул зикр шудааст. Ў чанд гоњ њокими Њисори Шодмон буда, Исомахдуми Исоро, ки аз наздикони Ањмади Дониш буд ба Њисор ба мансаби ќозигї овард. Остонаќул бо Ањмади Дониш низ муносибати хуш доштааст. Чанд сол ќушбегї (сарвазир)-и Бухоро буд. Аз маорифпарварон Абдуррауфи Фитрат, ки душворписанд буда, аз мансабдорони калони Бухоро кам касеро ситоиш кардааст, дар бораи он давра, ки Остонаќул ќушбегї буд, гуфтааст: «Остонаќулќушбегї дар маснади вазоратпаноњї нишаста, корњои хубе аз ў ба вуќўъ омад. Аз он љумла, базми амрадбозї ва араќхўрї ва амсоли ин навъ фавоњиши халоиќро манъи сахт карда, зиёда ба ободї ва тартиби мамлакат кўшида, аз ваљњи гаронии тарафњои бозорњо низ хабардорї карда, дар бораи арзониву фаровонии ѓалла ва нархњо сухан мегуфт. Лекин суханаш ба мулло Бурњониддини раиси садр сахт мерасид».220 Оќибат Бурњониддин ба Остонаќул душман шуда, соли 1910 ба бадкинагї аз ў сахт ќасос гирифт, ки мо инро дар поинтар хоњем дид. На танњо Ањмади Дониш, Исо, Фитрат, балки њама маорифпарварон ба мардоне чун Останоќули ќушбегї эњтиром гузоштаанд. Садри Зиё низ чун дар бораи «тоифаи данияи эронї» бо сўзу гудоз ва нафрат ќалам меронад, фаќат њамон зумраи манњусонро, ки дар ин фасл нишон додем, дар назар дорад, на њама эрониёни Бухоро ё ин ки умуман мардуми Эронро. Ў фаќат онњоеро ба назар дорад, ки чунончи дидем, боиси хашму ѓазаби ањли инсоф ќарор ёфта буданд. Ба дигар эрониён муносибати Садри Зиё мусбат будааст. Садри Зиё аз љумлаи ќадршиносони Остонаќули ќушбегї буд. Вай њар бор Остонќули ќушбегиро ба некї ёд мекунад. Зиёда аз ин, Садри Зиё дар бораи Остонаќули ќушбегї рисолае навишта буд, ки «Тарљумаи њоли Остонаќули ќушбегї» ном дорад. Ин рисола як ситоишномаи самимї дар њаќќи Остонаќул аст. Садри Зиё Остонаќулро бо Мирзо Насруллоњи ќушбегї, ки дар љавонї ба хидмати Остонаќул буда, баъд низ ба вазирї расид, муќоисакунон њардуро баробар ситоиш намудааст. Чунончи Садри Зиё мегўяд: «Остонаќули ќушбегии вазир марде буд дар тамоми авсофи њамида ва ахлоќи ситуда. Бешубња аз ѓайри муболиѓа ба Мирзо Насруллоњи ќушбегии вазири мазкур шабењу сањим буда, авзоъу атвор ва афъолу кирдори њар ду ба як тавр ва ба як ќарор буда. Хушхўиву хушгўї ва тамкину виќор, иззату эътибори ду нафар ба як ранг ва ба як насаќ буд».221 220 221
Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон, Душанбе, Палатаи китоб, 1991, сањ, 19 Садри Зиё. Осори зиёъия, сиёњнависе ки дар дасти ин камина аст, сањ. 164 б.
127
Чунонки мебинем, ин љо Садри Зиё аз таассуб дур аст. Вай њарду сарвазирро ба як чашм дидааст, ба як поя гузоштааст, баробар сифат кардааст. Ба назари ў ањамият надорад, ки яке аз онњо эронї ва дигаре бухороист. Дар назари ў танњо сифатњои инсонии онњо ва чигунагии кирдорашон дар маснади вазорат ањамият дораду бас. Остонаќули ќушбегї сиёсатмадори хирадманд ва аз дунё бохабар буд. Аз ин рў ба фаъолияти љавонбухороиёни тараќќипарвар (љадидон) ва мактаби нави онњо мамониат накард. Мирзо Насруллоњи ќушбегї низ аз дунё огоњї дошта ва аз номи амир мадрасае бино кард, ки барномаи дарсаш аз барномаи мадрасањои кўњна фарќ дошта, ба талаботи љадидон наздик буд ва аз њисоб, њандаса, њусни хат ва дарсњои дигар мударрис дошт.222 Ба ѓайр аз ин Насруллоњи ќушбегї тарафдори ислоњот буда, соли 1917 баргузории ислоњотро ба ўњда гирифт, вале њамчунон ки баъдтар хоњем дид, ањли иртиљоъ, аз њама пеш Бурњониддини ибни Байзо ва тарафдорони ў нагузоштанд, ки ислоњот ба вуќўъ ояд. Бурњониддини Байзої душмани њар гуна навназарї буда, дар иѓвову фитна устухон надошт ва коре кард, ки соли 1910 Остонаќулро аз кор гирифтанд ва соли 1918 ба њукмномаи ќатли Насруллоњи ќушбегї мўњр гузошт. Остонаќул ва шогирди ў Мирзо Насруллоњ хатоњо низ доштаанд, на њамеша собитќадам буданд, дар баъзе мавридњо ноустуворї зоњир намуданд. Чунончи Мирзо Насруллоњ натавонист дар соли 1917 балвои иртиљоъиёнро љилавгирї бикунад. Ў дар таъзири Садриддини Айнї сардор буд ва њоказо. Бо вуљуди онњо, чунин ба назар мерасад, ки шахсияти Остонаќул ва Мирзо Насруллоњ сазовори он аст, ки мавриди пажўњиши вежа ќарор бигирад. Дар ин маврид бархўрди Садри Зиё чи ба Остонаќули ќушбегї ва Насруллоњи ќушбегї, чї ба Бурњониддини ибни Байзо аз рўйи мавќеи иљтимоъии онњо, аз рўйи мазмуни иљтимоъии рафтору кирдорашон будааст, на аз рўйи мансубияти мазњабї ё миллї ва ё љуѓрофиёии онњо. Садри Зиё медонист, ки бархе аз эрониёни Бухоро дар созмони пинњонкори маорифпарварии «Тарбияи атфол» ширкат варзиданд ва ин шояд боиси афзоиши эњтироми ў нисбат ба онњо шуда бошад. Он гоњ ки Садри Зиё дар Янги Ќурѓон ном љое ќозї буд, њољї Азими Шаръї — яке аз эрониёни Бухоро дар он љо раис будааст. Садри Зиё дар «Рўзнома»-и худ мегўяд, ки ў ва Шаръї чанде мўнису њамдам буданд. Инро Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» низ хабар дода ва гуфтааст: Њамон дам дар он мулк будї раис, Маро буд зебо анису љалис. Ба андак замон рахти њастї кашид, Зи тан мурѓи рўњаш дар он љо парид. Бинолидам аз фурќаташ чанд рўз, Намерафт њаргиз зи ман дарду сўз. Аз ин байтњои Садри Зиё самимияти комил њувайдост. Бобе, ки дар «Тазкори ашъор» дар бораи Шаръї омадааст, чунин ном дорад: «Зикри фозили балоѓатанис њољї Азими Шаръїтахаллуси фасоњатахассус». Аз ин сарлавња маълум аст, ки арзёбии умумии шахсияти Шаръї ва сурудањои ў мусбат аст. Шаръї тазкирае њам навишта ва Ањмади Дониш онро сахт њаљв карда буд. Садри Зиё ин њаљвро оварда, бо вуљуди ин гуфтааст: Ба тазкори љумњури њар тоифа Китобе намудаст пурфоида. Ин љо фикри Садри Зиё аз андешаи Ањмади Дониш андаке фарќ кардааст ва ин нишон медињад, ки ў бо вуљуди он ки эњтироми бепоён нисбат ба Ањмади Дониш дошт ва аз пайравони ў буд, тавонистааст бо истиќлоли табъ холисона ва бетарафона сухан биронад, ба гуфти худаш «љодаи њаќ паймояд».
222
Ниг.: Фитрат, њамон асар, сањ. 35-36.
128
Дар дигар тазкираи Садри Зиё ки «Шуарои мутааххирин» унвон гирифтааст, аз њољї Љањонгирбеки Маљнун ба некї ёд шудааст, ки низ аз эрониёни Бухоро ва аслаш аз Марв будааст. Садри Зиё намунаи шеъри Маљнунро низ овардааст. Дар нигоштањои Садри Зиё аз эрониёни Бухоро ба вежа ќорї Рањматуллоњи Возењ арзише баланд гирифтааст. Дар «Тазкори ашъор» зикри Возењ охирин ва яке аз калонтарин бобњост. Оѓози он боб ин аст: Дигар фозили њушманди закї, Мењин чокари хонадони Алї. Хирадманду донову санљидагў, Њашевори некусухан, некхў…223 Ин љо нахуст аз ањли ташайўъ будани Возењ таъкид шудааст. Њамон сон, ки дар дигар навиштањои Садри Зиё ситампешагї, берањамї ва пастиву нокасии иљрогарони сиёсати уруќдорї сарзаниш шуда буд, дар мавриди Возењ некукорї ва беозории ў махсусан гўшгузор омадааст: Наранљонд касро наранљид њам, Матоъи љањон њимматаш гуфт кам. Ин таъкиди Садри Зиё чунин маънї дорад, ки љафокориву мардумозорї танњо аз он эрониён, ки ба роњи бадкорї даромада буданд, зоњир мешуд, на аз њама эрониён, он њама нафрину њаќоратњои Садри Зиё дар њаќќи њама эрониён нест, танњо дар њаќќи ноодамон, дар њаќќи «тоифаи дания» асту бас. Дигар эрониён, ки аз ин тоифа нестанд, аз Садри Зиё арљгузорї дидаанд ва Садри Зиё онњоро арљу фар ќоил аст. Дар ин боб Садри Зиё њамеша инсоф додааст. Инро аз арзёбии шахсияти Возењ ва шеъри ў ба хубї мебинем. Аз «Тазкори ашъор», ба вежа аз порањое, ки дар замимаи дувуми он омадаанд, равшан аст, ки Садри Зиё ќорї Рањматуллоњи Возењро аз шоирони тарози аввал дар замони худ медонист. Ин аст, ки он моддаи даъвономаи Ибни Ќурбон, ки гўё Садри Зиё душмани эрониён буда ва онњоро дашном додааст, бунёд надорад. Агар инро моддаи якуми даъвономаи Ибни Ќурбон «Фавоњиш ва рањоиш» бигўем, ба фикри мо мумкин аст, ки ин љо суханро дар бораи моддаи якум ба поён бибарем ва ба сари моддаи дувум биёем. 6 Рољеъ ба ин ки чаро Садри Зиё дар бораи ањли хонадони Байзо назари баде дошт ва ин хонадон бо иртиљоъпарастї ва муборизаи зидди озодандешї ва њаќљўї дар љомеа чї мавќеъе ишѓол карда буд, банда дар рисолаи «Садри Бухоро» (2002) бо далелу бурњон шарњу эзоње дода будам. Аммо Ибни Ќурбон дар китоби «Фавоњиш» ва рањоиш» ин баёнотро ба назар нагирфитааст, дар бораи он далелу бурњони банда чизе нагуфтааст, чунонки худро бехабар аз гуфтањои Ањмади Дониш ва дигар таърихнависон дар бора уруќдории бархе эрониён вонамуд карда буд (ва мо инро дар ду фасли боло дидем), дар мавриди авлоди Байзо низ чунон вонамудан мехоњад, ки гўё дар таърихномањои мўътабар дар бораи бадкирдории онњо хабаре нест. Ибни Ќурбон аз таърих ва санадњои таърихї ба куллї чашм пўшидааст. Гўё ки онњо вуљуд надоранд. Ў бо ќатъи назар аз таърих «назарияи таърихї» ба вуљуд овардан мехоњад. Модом ки чунин аст, мо ин љо боз чанд бурњони ќотеъ биёварем њам, барои Ибни Ќурбон ва «назарияи» ў, барои устодону шогирдони вай ањамияте нахоњад дошт. Бо вуљуди ин мо ин корро мекунем, боз ба санаду мадорики таърихї рў меоварем. Ин мурољиати мо ба таърих барои хонандагони њаќшинос зиёда зарур аст. Ба ин восита мехохем фикру андешаи мутахассисонро бидонем, ки шояд мулоњизањое баён бикунанд. На банда, на Ибни Ќурбон ва устодони ў (ки мо онњоро медонем) мутахассиси таърихи нимаи дувуми ќарни 19 ва оѓози ќарни 20 нестем. Њалли масъала ба дасти мутахассисон хоњад буд. Чунончи дар фасли якум оварда будем, ибни Ќурбон бисёр кўшидааст моро бовар бикунонад, ки амири манѓит рўзе фањмид, ки кишварро аз рўйи илму дониш идора кардан даркор аст ва кўњистониёнро, ки њама илмдўст будаанд, ба сари кор овард. Ибни Ќурбон ин 223
Њамон асар, сањ. 224.
129
аќидаро чандин бор баён намудааст. Чунончи мегўяд: «Умаро ба хотири бењбудии мамлакат ањли кўњистонро ба корњои илмиву давлатї васеъ љалб карданд, зеро онњо мефањмиданд, ки давлатро аз роњи илм пеш бурдан шояд, на за тариќи дуздиву ѓорати мардум (ки туркњо ба дуздиву ѓорат машѓул буданд — М.Ш.). Яъне умаро аз он огоњї доштанд, ки давлатњои минтаќа њамеша ба дасти мардумони эронитабор рушду нумў кардаанд».224 Банда намедонам, ки амир Музаффархон то чї андоза аз таърих огоњї дошт, вале медонам, ки аз кўчаи илм нагузашта буд ва ањамияти илму донишро барои идораи давлат њељ намедонист. Агар андаке медонист, Ањмад-махдумро аз дарбор намеронд, чунонки дар ду фасли пеш дидем, «умарои боаќлу дониш»-ро ( ба гуфти устод Айнї) аз кор гирифта ва ќатл карда, њама бесаводон ва ањмаќони бадљањлро дар пойтахту музофот маснаднишин намекард. Чун ба ањволи хонадони Байзо, ба се тан ќозикалони Бухоро — Садриддин, фарзанди ў Бадриддин ва фарзанди Бадриддин Бурњониддин нигоње меандозем, боз як бори дигар ба он њаќиќат, ки амирони манѓит аз кўчаи илму инсоф нагузашта буданд, бовар њосил мекунем. Маќсади амирони мангит љомаи амал пўшонидан ба сиёсати уруќдорї, саркўб доштани «шогирдпешагон», мардуми бумии кишвар, яъне тољикон ва эрониёни зањматкашу њунарманд будааст. Барои иљрои ин сиёсат бештар мардумони бедониш ё камдониш ва ноинсофу берањм лозим буданд. Њар се нафар аз авлоди Байзо ба ин талабот љавобгў будаанд. Аз ин рў, амир Музаффархон ва Абдулањадхон ва Олимхон корњои шаръї ва уламоро ба дасти хонадони Байзо супурданд. Яъне ихтиёри њама ањли фањм ва зиёъиёни тозафикр ва маорифпарварон ба дасти Ибни Байзо буд, ки бояд он њамаро ба ќабзаи ќудрат мутеъи фармонбар нигоњ бидоранд. Садри Зиё дар бораи њар се ибни Байзо ва њама њамдастони онњо гуфтааст: «Њатто аксари њамин тоифа бе муболиѓаву бе тойибаи кизб хатте ки номашонро навишта тавонанд ё савод ки номи худашонро хонанд, надоштанд».225 Ба ин гап бояд бовар бикунем, зеро онро дигар таърихнигорон тасдиќ кардаанд, ки баъд хоњем дид. Агар байзоиён беилму бесавод намебуданд, амирон ихтиёри донишмандон ва маорифпарваронро ба дасти онњо намедоданд. Халќро ба дасти берањмњо ва донишмандонро ба дасти бедонишњо супурдан дар ањди Манѓития расм буд. Фаќат гоње ба њукми тасодуфе ин расм риоя нашудааст. Баръакс, як моддаи даъвономаи Ибни Ќурбон ин аст, ки байзоъиён њама илмдўсту донишманд буданд ва аз њамин сабаб амирон онњоро њукумати бењудуд доданд. Ибни Ќурбон дар бораи нахустин Ибни Байзо ки мулло Садриддин мебошад, мегўяд: «Ќозиулќуззоти нави Бухоро Садриддин ибни Байзо, ки марди донишманд ва орї аз таассуботи динї буд, дар роњи наљоти миллат хидматњои босазо кард».226 Ибни Ќурбон дар миёни ин љумла камонак гузошта гуфтааст: «Њатто Садри Зиё њам ноилољ аз донишмандии ў њарф мезанад». Ин гап чандон дуруст нест. Садри Зиё гуфтааст, ки ќозї Садриддин «беилм набуд». Бубинед, нагуфтааст, ки илм дошт, балки гуфтааст, ки «беилм набуд». Яъне як каме илм дошту бас. Олиме набуд, ки сарвари уламо шавад. «Беилм набуд», вале дар амал бадтар аз беилмњо рафтор кард. Алъон чанд мисол меорем. Нахуст он мисолеро, ки дар рисолаи «Садри Бухоро» оварда будем, боз як бор аз назар мегузаронем. Ибни Ќурбон мегўяд, ки Садриддин «орї аз таассуби динї буд». Оре, мардумони кўњистон аз таассуби динї дур буданд ва дуранд, лекин ќозї Садриддин ба таассуби динї ѓўтида буд ва аз ин роњ гуноњњое содир кард, ки хиёнат ба миллат буд. Мисоли якуми он ин аст. Чун лашкари Русия ба марзњои Бухоро расид (Тошкандро тасарруф кард), рост буд ё дурўѓ, ба Бухоро сулњ пешнињод намуд. Хабари сулњро чун баъзе муллоњои Бухоро фањмиданд, бо даву ѓељи Баќохољаи раиси Бухоро муллову муллобачаи бисёре љамъ омада, ѓазоталаб шуданд. Сарвари онњо Садриддини ќозикалон буд. Ѓазоталабон «бо њуљуми ом дар Регистони Бухоро омада ба дарвозаи Арк давида, «Алљињод» гўён нафир
Ибни Ќурбон. Фавоњиш ва рањоиш». Сањ. 73 Садри Зиё. Наводири зиёъия, њамон нусха, сањ. 102-103. 226 Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 76-77. 224
225
130
бардоштанд».227 Ва мегуфтанд: «Љињод фарз шуда!»228 Онњо ба куффор сулњ карданро гуноњи азим донистанд. Пас аз он ки љанг оѓоз ёфт ва сипоњи Бухоро шикаст хўрдан гирифт, амир Музаффар боз маљлиси машварат ороста, масъалаи сулњ бо Русияро пеш гузошт. Амир ба ин мушовира «аз уламо ќозї Садриддин— ќозикалони Бухоро, Абдулњамидхољаи аълам ва Мањмудхољаи ќозикалони Самарќанд» ва чанд нафар аз умароро даъват карда буд. Боз њам уламо бо сарварии Садриддин «сулњ бо куффор»-ро ор дониста идомаи љангро салоњ диданд.229 Ва њол он ки он гоњ тамоман равшан гашт, ки аз пирўзї дигар њељ умед нест ва идомаи љанг боиси талафоти моливу љонии бештар ва аз даст рафтани ќисми зиёди кишвар хоњад гардид. Ва дар њаќиќат чунин шуд. Дар ин маврид оё метавонем ќозї Садриддинро «марди донишманду орї аз таассуби динї» бидонем ва бигўем, ки «дар роњи наљоти миллат хидматњои босахо кард»? На, он овон ки маълум буд, ки Бухоро ќудрати љангидан бо Русияро надорад, рў гардондан аз сулњ нињояти беандешагї, нишонаи таассуби динї ва хиёнат ба манфиатњои мулку миллат буд, ки чанде аз уламо ба сардории Садриддини ќозикалон содир карданд. Чун пас аз солњои 1917-1918 тањдиди Русия ба Бухоро афзудан гирифт, Садри Зиё ба амир Олимхон тавсия карда будааст, ки «давлати Бухоро дар муќобили шавкати асокири булшавик тоби муќовамату тоќати муќобалат надорад, бењтар њамин ки љодаи мудоро паймоем, роњи мувосо пеш гирем».230 Банда шак надорам, ки ин пешнињод аз мушоњидаи ањволи кишвар ва таќозои аќли салим сар зада буд. Аммо Ибни Ќурбон монанди бобокалони худ ќозї Садриддин андеша меронад ва мегўяд, ки агар Садри Зиё «воќеан њам бидуни ѓаразе ки дар авроќ дорад, аз дину ватан њимоят мекард, њангоми наздик расидани лашкари сурхи «бедин» ва «ѓасб»-и ватани худ маслињат намедод… љодаи мудоро паймоем ва роњи мувосо пеш гирем».231 Ин љо Ибни Ќурбон монанди Ибни Байзо аљаб тасаввуре дар бораи «њимоят аз дину ватан» дорад. Албатта «њимоят аз дину ватан» вазифаи муќаддас аст, вале ин њимоят, ин дифоъ мумкин аст дар њар маврид ранги дигар ва гоње шакли сулњомез дошта бошад. Бењуда худро ба шер задан аз рўйи аќл нест. Бояд бидонем, ки гуфтаанд: «Чун љанг натонї, оштї айб мадор!» На дониш бошад он касро, на фарњанг, Ки ваќти оштї пеш оварад љанг. Садри Зиё чун аз зарурати мувосову мудоро бо болшевикони гушнапурзўр сухан рондааст, ин њикматро ба назар доштааст, ки Њофиз фармуда: Осоиши ду гетї тафсири ин ду њарф аст, Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро. Ибни Байзои «донишманд» аз ин њикмат хабар надошт, афсўс ки имрўз Ибни Ќурбон низ хабар надорад. Хуллас, ки ќозї Садриддин дар давраи љанги Бухоро ва Русия на донишмандї зоњир кард, на бетаассубї. Ў он гоњ аз дигар мансабдорони беандешаи атрофи амир, ки дар байни онњо манѓит, бухороиву самарќандї эронї ва ѓайра, намояндагони њар тоифа буданд, фарќ надошт. Ва натавонист дар душвортарин айёме барои «наљоти миллат хидмати босазо», ки Ибни Ќурбон гуфтааст адо намояд. Аз ин сабаб бояд хулоса кард, ки дар ин маврид он чи Садри Зиё гуфтааст, рост мебарояд ва он чи имрўз Ибни Ќурбон мегўяд, хилофи њаќиќати воќеист. Ќозиву ќозикалонро шариатпаноњ мегўянд, ки пушту паноњи шариатанд. Аммо Садриддини ќозикалон хилофи ањкоми шариат кор кард. Як кор ки ў хилофи шаръи шариф кард, мусодираи ваќфњо буд. Вай ваќфњоро барои њукумати амирї ва хазинаи амир мусодира кард. Чунонки дар рисолаи «Садри Бухоро» овардем, ба Садри Зиё муяссар шуда буд, ки С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 48. Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 24. 229 С. Айнї. Куллиёт, љ. 10. сањ. 68-69 230 Садри Зиё. Наводири зиёъия, вар, 124 б. 231 Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 40 227
228
131
боре (ва шояд боз чанд бори дигар) њукми ин мусодираро бекор карда, пули ваќфро аз роњи хазина гардонда ба соњибонаш бисупорад. Маорифпарварон зидди ин мусодира буданд. Кўшиши Садри Зиё, ки лоаќал дар баъзе љойњо ки ў ќозї будааст, њукми мусодираи авќофро бекор бикунад, бахше аз муборизаи маорифпарварон аст. Дигар коре ки Садриддини ќозикалон хилофи шариат анљом дод, таъсиси андози нав ба номи аминона буд. Чун дар љанги Русия ањволи Бухоро бад ва хазина хлї шуд, «ќозї Садриддини кўлобї ба ранге ки дар боло арз шуд, хеле авќофро ба њисоби њукумат мусодира намуд, ба унвони аминона дар бозорњо молиёти тоза гузошт»232 . Ин хабарро устод Айнї дар рисолаи «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» овардааст. Агар донистан хоњем, ки аминона чї андозе будааст, ба ин гуфтаи Ањмади Дониш гўш медињем: «Агар бевазане каловае (ба бозор — М.Ш.) оварад ва се фулус байъ кунад, ду фулуси он барои амин бошад ва агар касе як хирвор њима (њезум— М.Ш.) орад ва ба се дирам бифурўшад, ду ќисми он њаќќи амин бошад. Номи турфа золимеро амин кардаанд!»233. Чунонки мебинем, боз њам Дониш, ки дили пуршўр дошт, сахтгўї кардааст. Ин сахтгўињои ў ба маорифпарварон ва аз љумла ба Садри Зиё гузашта буд. Маорифпарварон ба муќобили аминона сахт мубориза кардаанд. Чун соли 1911 пас аз љулуси амир Олимхон масъалаи ислоњот бардошта шуд, яке аз дархостњои маорифпарварон манъи аминона буд. Соли 1917, ки боз масъалаи ислоњот пеш омад, Насрулоњи ќушбегии сарвазир ва Миллери раиси консулхонаи Русия манъи аминонаро ба пешнависи фармони ислоњот дохил карданд. Бурњониддини ќозикалон (набераи ќозї Садриддин) аз ин лоиња огоњ шуда, сахт эътироз кард, аз љумла ба моддаи аминона зид баромад. Вай ба Миллер гуфт: «Аминона шаръист ва њаќќулиљораи бозори подшоњист»234. Ин эътирози ў ќабул нагардид, вале азбаски фармони ислоњоти 7 апрели 1917 иљро нашуд, андози аминона низ то инќилоби соли 1920 њамчунон идома дошт. Устод Айнї овардааст: «Илова бар инњо расми њадя ва тортуќи ќозиён дар ањди ин амир (Музаффархон — М.Ш.) ранги мадохили њукуматро гирифт. Амир ба ќозиён ихтиёр дод, ки аз раия ба унвонњои мухталиф пул љамъ мекарданд ва аз онњо як миќдорашро ба амир ба унвони њадя, пешкаш, луќата ва мозода таќдим менамуданд». Дар ин кор њам дасти ќозї Садриддин њаст, зеро ихтиёри ќозиён дар дасти ќозикалон буд, насбу азли онњо бо пешнињоди ў анљом меёфт, њама тасмимоти муњим, ки ба онњо дахл дошт, бо пешнињод ва розигии вай сурат мегирифт. Инњо њар кадом як намуна аз хидматгузорињои ќозї Садриддин барои њалли мушкилоти љаноби амир ва дар роњи иљрои сиёсати уруќдорї буд. Садри Зиё чун ќозї Садриддинро нафринњо хондааст, њамин коргузорињоро дар назар доштааст, ки дар њаќиќат сазовори нафринанд. Ибни Ќурбон чун ба ситоиши ќозї Садриддин ќалам меронад, ин корномаи ўро ба ёд намеорад ё аз он огоњ нест ё ќасдан чашм пўшидааст. Ибни Ќурбон илмдўстї ва олимпарварии ќозї Садриддини Ибни Байзоро ситоиш намуда, ўро муборизи зидди уламои мутаассиб ва муллоњои љоњил ќаламдод карда ва њол он ки аз воќиањои замони љанги Бухорову Русия маълум шуд, ки ў сардори муллоњои мутаассиби хурофотпараст будааст. Ибни Ќурбон яке аз «користони» Садриддинро иборат аз ин медонад, ки гўё донишгоњњои олии Бухороро аз мударрисони мутаассиб ва нодон тоза кард. Ибни Ќурбон мегўяд, ки мулло Садриддин «њатто теъдоди касире аз мударрисони мутаассибро аз маркази давлат берун ронд ва дар шањристонњо ќозї таъин намуда, бо ин амал гурўњи мазкурро пароканда кард, ки падари Садри Зиё низ аз он љумла буд».235 Оре, чун Садриддин соли 1862 ё 1864 ба ќозикалонї расид, яке аз нахустин корњое ки кард ин буд, ки 18 нафар мударриси машњури калонтарин мадрасањои Бухороро аз кор ронда, ба тумону вилоятњо бадарѓа кард. Яке аз он 18 нафар падари Садри Зиё домулло Абдушшакури Оят буд, ки ўро ба ќазои вилояти Зиёуддин (Даббус, Нањрпай, ки Ањмади Дониш низ бори аввал он љо ќозї, яъне бадарѓа шуда буд) фиристоданд. Аммо чаро ибни Ќурбон мегўяд, ки ин 18 нафар мударрис, аз љумла Абдушшакури Оят мутаассиб буданд? Посухи чунин пурсише дар китоби Ибни Ќурбон нест. Ибни Ќурбон барои ин даъваои худ низ далелу бурњоне наовардааст. «Далели» Ибни Ќурбон фаќат хоњиши дили ўст, ки њар коре Садриддин бикунад, хуб бошад, њар касеро Садриддин бад бинад, бад бошад. «Асли С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ.98 Ањмади Дониш, Рисола, сањ. 28 234 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро. Тењрон. Суруш, 1381=2003, сањ. 101. Ин љо аминона «амтиёна» чоп шудааст, ки ѓалат аст. 235 Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ.77 232
233
132
илмии» Ибни Ќурбон дар ин маврид њамин асту бас. Лекин њаќиќати њол хилофи хоњиши дили Ибни Ќурбон аст. Инро аз он љо метавон пай бурд, ки аз он 18 нафар яке, ки падари Садри Зиё домулло Абдушшакури Оят бошад, њаргиз мутаассиб ва сазовори љазо набудааст. Ў аз мударрисони номдори замон буд. Ба ёд биёварем, ки устод Айнї дар он зиндагиномаи Садри Зиё, ки тахминан солњои 1924-1925 навишта буд, мегўяд: «Домулло Абдушшакур дар даруни шањри Бухоро, дар гузари мулло Ѓафур дар оилаи як косиб (шустагар) таваллуд шуда дар замони худ ба дараљаи олими якумрасидааст».236 Мебинем, ки «олими дараљаи якум», яъне донишманди тарози аввал бањои хеле баланд аст. Устод Айнї чунин бањоро чанд бор ба такрор гуфта буд. Чунончи фармудааст: «Домулло Абдушшакури Оят аз мунфаридини устодњои замони худ буда», Садри Зиё «дар сояи маърифати падар касби камол намуда»237, Ин љо низ «мунфарид» ягона гуфтан аст. Яъне Абдушшакури Оят дар илми замон аз ягонањои даврон будааст. Фазлу камол домулло Абдушшакурро љуръате ато намуда ва ўро «њаќгўй» лаќаб додаанд. Садриддини Айнї навиштааст, ки «Домулло Абдушшакури шустагар аз фошофош гуфтани њила ва риёњои шаръї њељ ибо намекард»238 Аз ин арзиши баланд, ки устод Айнии душворписанд домулло Абдушшакури Оятро ќоил аст ва дар баъзе манбаъњои таърихии дигар низ ба чашм мерасад, љои шубња немемонад, ки домулло Абдушшакур њаргиз мударриси мутаассиб набудааст. Ба гумони ќавї дигар 17 нафар, ки баробари Абдушшакури Оят аз Бухоро берун ронда шуданд, низ устодони забардаст будаанд. Вагарна Ибни Байзо онњоро таъќиб намекард. Бегумон, ќозї Садриддини Ибни Байзо ин мударрисњоро ба он сабаб аз Бухоро дуртар ронд, ки аз онњо хавф дошт. Агар чунин уламои ќавиилм дар атрофи ў бошанд, ў наметавонист зиёд худсарї бикунад. Њар лањза эњтимол меомад, ки миси ўро бароранд, ўро фош намоянд. Мулло Садриддин агарчи «беилм набуд», наметавонист бо донишмандони Бухоро баробарї бикунад. Аз ин рў намоёнтарин донишмандонро дуртар фиристод. Яъне мулло Садриддин аз бадарѓаи 18 нафар мударриси Бухоро њадафи шахсї дошт, на ин ки хоњише сарзада аз манфиатњои кишвару давлат. Ин љо мулло Садриддин чун як душмани илму олимон арзи вуљуд мекунад, аммо Ибни Ќурбон ўро илмдўсту олимпарвар ба ќалам овардан мехоњад. Домулло Абдушшакури Оят чанд гоњ ќозии вилояти Зиёуддин буд ва Садри Зиё он љо чашм ба дунё кушод ва аз њамин љињат ўро Зиё тахаллус шуд. Пас домулло Абдушшакур дар мурофиае дар њаќќи як ќотил њукми ќатл баровард. Ва аз рўйи ќоидаи замон ин њукмро ба Бухоро барои тасвиби амир Музаффархон фиристод. Амир Музаффар тибќи таомул аз Садриддини ќозикалон назар хост. Ќозї Садриддин ба њукми ќозї Абдушшакур розї нашуд, ба љои њукми ќатл хунбањо тавсия кард. Амир Музаффар њукмномаи хунбањоро ба ќозї Абдушшакур роњї кард. Ќозї Абдушшакур ба ин њукмномаи амир розї нашуд ва нотарсиро бинед, ки ба њукми шаръии худ пофишорї карда, ба амир нома навишт. Амир њалли масъаларо (боз њам аз рўйи ќоида) ба уламои Бухоро, ба аълам ва муфтињо њавола намуд. Уламо ба ин ќарор омаданд, ки њукми ќозї Абдушшакур шаръист. Амир Музаффархон њукмномаи ќатлро ба ќозї Абдушшакур равон кард. Њамин сон дар ин бањс ќозї Садриддин мулзам ва шарманда шуд. Аз њамон ваќт миёни мулло Садриддин Ибни Байзо ва домулло Абдушшакури Оят душманї пайдо шуд. Ин душманї сол то сол зўр гирифт ва ба фарзандони ин ду тан гузашт. Яке аз сабабњои зоњирии ин ки Садри Зиё як умр бо Бадриддини ќозикалон (фарзанди ќозї Садриддин) ва Бурњониддини ќозикалон (набераи ќозї Садриддин) сахт душманї варзид, њамин буд. Пас сабабњои маслакї илова шуд ва бартарї ёфт. Дар ин сурат Ибни Курбон њаќ надошт, ки Садри Зиёро барои ин ки ба хонадони Байзо хусумат доштааст, сарзаниш бикунад ва онро як нишонаи душмании Садри Зиё ба кўњистониён маънидод намояд. На, ин љо на муносибат ба кўњистониён, балки С. Айнї. Ќозї Шарифљон (Зиё), бойгонии Айнї, № 11, сањ. 1. С. Айнї. Намунаи адабиёти тољик, сањ. 401. 238 С. Айнї. Куллиёт, љ. 7. Сањ. 483 236
237
133
оштинопазирї бо беинсофони љафопеша ба назар мерасад, ки яке аз аломатњои таслимнопазирї дар пеши беадолатї, яке аз нишонањои маорифпарварї буд. Сарвари маорифпарварони тољик Ањмад-махдуми Дониш низ дар замони њукуматронии Садриддин аз дарбор ва Бухоро ронда ва ба музофот ќозї таъин шуд. Пас аз он ки аз «користони» ќозї Садриддин чанд лањзаеро (на њама маълумотеро ки ба дастарси мост, балки танњо чанд пораи онро) дар боло наќл кардем, ин натиљагирии Ибни Ќурбон, ки гўё аз фаъолияти Садриддин хулоса баровардааст, танаффурангез менамояд, ки гуфтааст: «Дар натиљаи ин ислоњоти» бузурге (ба истилоњи Садри Зиё «бадбахтии азиме») ки ба дасти амиру кўњистониён рафт, таѓйиротњои назаррас зуњур намуд. Чунончи аз маълумотњои Гулшанї дарёфтем, бештаре аз мардумони кўњистони тољик ба илм фаро гирифта шуданд, минњайси мардум дараљаи саводнокї афзуд, муњимтар аз њама он ки дар манотиќи марказии мамлакат фазои тољикият аз нав љон гирифт»239. Аљабо, ин «аз нав љон гирифтани фазои тољикият» аз чї иборат бошад, дар натиљаи кадом кори Садриддин рўй дода бошад, дар натиљаи љињод эълон кардани ў ки боиси њалокати њазорон нафар аз ѓазоталабони кўрдили бесилоњ ва ба тасарруфи Русия даромадани Љиззах (Дизак) ва Самарќанд шуд? Ё дар натиљаи мусодираи фавќ ва ё бо андози хонабарандози аминона ё ин ки бо ронда шудани устодони тарози аввал аз Бухоро? Њељ яке аз инњо наметавонист барои «эњё ва густариши муњити тољикї шароит фароњам оварад». Њамаи ин натиљагирињои Ибни Ќурбон аз даъвои нони ќоќ бештар чизе нест. Ибни Ќурбон дар он њама натиљагирињо инро њам ба назар дорад, ки дар замони ќозї Садриддин ањли кўњистон бисёр ба Бухоро барои тањсил омаданд ва ин дар њаќиќат пањлўи дигар њам дорад, ки фаромўш набояд кард. Садриддин уламои номдорро аз гирду пеши худ дур ронда, мўљиби паст шудани сатњи тањсили илм, сатњи дониши толибилмон гардид. Ин як. Дувум он ки Садриддин њамдиёрони гапдаро ва фармонбардори зиёдеро гирди худ љамъ овард. Аз њамон ваќт гирди худ љамъ овардани њамдиёрони мутеъу беирода ва иљрогар дар фаъолияти байзоиён расм шуд ва ба њукми анъана даромад. Ин корро мулло Бадриддин— Ибни Байзои дувум идома дод ва мулло Бурњониддин — байзоии севум ба дараљаи олї расонид. Оё бо њамин «фазои тољикият» метавонист густариш биёбад? Баъзе «анъана»-њои дигари хонадони Байзо низ аз фаъолияти ќозї Садриддин, аз «ислоњоти» ў (ба гуфти Ибни Ќурбон) оѓоз ёфтааст, ки њоло хоњем дид. 7 Мулло Садриддин — якумини байзоиён то охири умр, яъне то соли 1879 ќозикалон буд. Гуфтаанд, ки ќозикалонии ў 15 ё 17 сол идома ёфта аст. Яъне соли 1862 ё 1864, чунонки гуфтем, дар аввали љулуси амир Музаффар (1860) ба ќозикалонї расида буд. Дастпарварди ин амир дар иљрои сиёсати уруќдорї будааст. Пас аз вафоти ќозї Садриддин дар муддати дањ сол аз 1879 то 1889 домулло Абдушшакури Оят— падари Садри Зиё ќозикалон шуд. Амир Абдулањадхон (1885-1910) мулло Бадриддин байзоии дувумро ќозикалон таъин кард. Мир Бадриддин дар солњои ќозикалонии падараш чанд сол раискалон буда, аз падар кор омўхт. Ќозикалонии Мир Бадриддин то охири умраш, то 1908 давом кард. Фарзанди ў мулло Бурњониддин низ нахуст дар сояи давлати падар даври раискалонї ронд ва солњои 1913-1920 дар маснади «меросии» падару бобои худ, яъне дар маќоми ќозикалон њукмфармої кард. Ба ин шумурд сулолаи байзоиён дар маснади аќзалќузотї (ќозикалонї) ва мўњтасибї (раисї) дар Бухоро 55 сол њукумат ронданд. Шумурди Садри Зиё низ њамин шумораро нишон медињад. Дар боло дидаем, ки байзоии як–ќозї Садриддин ба чи тарз њукмронї кард. Акнун бубинем, ки ќозї Бадриддин дар ќозиулќузотї чї роњу равиш дошт. Он гоњ бењтар падид хоњад омад, ки даъвоњои Ибни Ќурбон то чї андоза ба воќеъияти таърихї созгор намеояд. Садриддини Айнї дар китоби «Таърихи амирони манѓитияи Бухоро» ба номи «Амир Абдулањад ва уламо» бобе кушодааст, ки бештар ба ќозї Бадриддин бахшида шудааст. Устод ин љо суханро аз он оѓоз нињодааст, ки «ќозї Бадриддин бинни ќозї Садриддини кўлобї дар тадбир ягонаи асри худ ба шумор мерафт» ва аз ин сабаб амир «сарриштаи кори уламоро ба дасти ў супурд»240 ва ќозї Бадриддин њам «аз њар чї бештар 239 240
С. Айнї, Куллиёт, љ. 10, сањ. 113.
134
ризои амир ва њифзи мансаби худро мехост»241. Яъне фаъолияти ў ба ду самт — аввал ба љо овардани раъйи амир Абдулањадхон ва иљрои сиёсати ў, ки њанўз сиёсати уруќдорї бахши асосии он буд, сонї ба њифзи мансаби баланди худ нигаронида шуда буд. Устод Айнї баёни њоли Бадриддинро ин тавр идома додааст: «Ќозї Бадриддин ба тард (аз кор дур кардан — М.Ш.), нафй (табъиду бадарѓа — М.Ш.) ва азли ду-се нафар мулло чашми ин љамоаро аз худ тарсонид».242 Яъне мулло Бадриддин корро монанди падараш сар кард. Чунонки падараш нахуст 18 мударриси забардастро аз Бухоро ронда, мавќеъи худро устувор карда буд, мулло Бадриддин низ аз тоза кардани роњи пешрафти худ, аз нест кардани хатари раќибон кор оѓоз намуд. Одати кордорони камњунари зобит њамин аст, ки аввал зарби худро мегузаронанд ва гоњ-гоњ мардумро аз худ метарсонанд. Пас аз ин Бадриддин чун падараш њамаро ба худ мутеъ кард: «Аз уламо оне, ки мутеъи мањз буд, ба мансабњои олї иртиќо медод, онеро ки филљумла осори саркашї ва ѓурур изњор мекард, мўњтољи як луќма нон медошт».243 Яъне дар инсондўстиву олимпарварї, ки Ибни Ќурбон гаштаву баргашта таъкид мекунад, низ Бадриддин мисли Садриддин буда, танњо мутеъону хушомадгўёнро навозиш мекард, аммо онњоеро, ки андак саркашї доштанд, «мўњтољи як луќма нон медошт». Ин њам падидае аз сиёсати уруќдорї буд, ки њар он ки ору номус дорад, зери фишори сахт медоштанд, то иродаи ўро бишкананд. Садри Зиё низ њаминро гуфтааст, ки абнои ватан маљоли дам задан надоштанд. Бадриддин аз роњи зобитиву худсарї ва хидматгузорї зуд ба дараљае расид, ки њокими мутлаќ шуд. Аз касе наметарсид ва њамаро ба ќайди итоат гирифт, вале бо зобитї дар кишвар безабтиро ќувват дод. Устод Айнї њокимияти мутлаќи Бадриддинро ки дар кишвар беинсофиву худсарии кордорон ва муќобилати мазлумонро афзоиш медод, чандин бор гуфтааст. Чунончи устод дар «Таърихи амирон манѓитияи Бухоро» менависад: «Дар ањди амир Абдулањад касе монанди ќозии мазкур соњиби нуфуз набуд. Ќушбегї ки расман вазир ва вакили аввали амир ба шумор мерафт, дар истењсоли ризои ќозї Бадриддин маљбур буд».244 Яњёхоља ном равшанфикри њаќгўй, ки аз ањли маљлиси Ањмади Дониш ва мањфили адабии Садри Зиё буд худро ба девонагї зада боре рў ба рўйи ќозї Бадриддин истода, ба хашми тамом гуфт: «Ту имрўзњо дар Бухоро аз амир њам калонтар мебошї. Ихтиёри мурдаву зиндаи њама мардуми мамлакат (на танњо уламо!— М.Ш.) дар дасти туст. Ту хоњї касеро месўзї ва хоњї касеро месозї ва њељ кас ба ту чуну чаро гуфта наметавонад… Ба ањволи дењќонони хонавайроншуда, ятимони бепадар мондаи моли меросишон аз тарафи ту забтгардида, ба рўзи сиёњи занони бева ва бачагони бепарастор, ки шавњару падарашон дар зиндони ту хобидаанд, ту љавобгў мебошї!»245 Инро фикри Садри Зиё низ метавон донист, зеро Яњёхоља ва Садри Зиё њамандеша буданд.Њамин аст илмдўстиву адолатгустарии яке аз авлоди Байзо ва «барои наљоти миллат хидматњои босазо адо кардани» ў, ки Ибни Ќурбон гуфта буд. Фаромўш набояд кард, ки устод Айнї шоњиди њол буд ва он чиро ки ба чашми худ дида буд, гуфтааст. Дар он тасвири «Ёддоштњо» аз оњанги сухани муаллиф њувайдост, ки устод Айнї гуфтањои Яњёхољаро маъќул медонад ва фикри персонаж ба фањми муаллиф наздик аст. Дар њаќиќат чунин аст ва устод Айнї њаќгўї ва танќидгарии Ањмади Донишро давом дода, барои ин ки рафтору кирдори ќозї Бадриддин дар сафњаи таърих пурратар сабт шуда бошад, хеле кўшидааст. Устод Айнї дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» навиштааст, ки Бадриддин «бо вуљуди ин ки аз машѓалаи ќазо ва соири умуроти подшоњї фурсате холї надошт ва ќувваи илмиаш низ мусоид набуд, дарсгўиро илтизом кард».246 Чунонки мебинем, ќозї Бадриддин њам чандон «ќувваи илмия» надоштааст. Яъне байзоии дувум низ монанди байзоии якум будааст, чунонки Садри Зиё гуфта буд, «беилм набуда» вале чандон илме надоштааст. Ин гувоњии устод Айнї имкон медињад бигўем, ки даъвои Ибни Ќурбон, ки гўё ањли хонадони Байзо њама илмдўст ва донишманд буданд, бунёд надорад. Гуфтањои устод Айнї он чиро ки Садри Зиё дар ин маврид гуфта буд, тасдиќ мекунад, на даъвоњои Ибни Ќурбонро.
Њамон асар, сањ. 118 Њамон асар. Сањ. 113 243 Њамон љо. 244 Њамон асар, сањ. 18 245 С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 14. 246 С. Айнї. Куллиётњо, љ. 10. Сањ. 114 241 242
135
Аз гуфтањои устод Айнї маълум мешавад, ки Бадриддин дарсгўиро барои бардоштани обрўйи худ, устувор кардани пояњои маснади худ, зиёд кардани сафи тарафдорон, зердастон ва фармонбардорони худ пеша карда буд. Вай њуљрањои мадрасањоро «танњо ба шогирдони худ медод», дањяки оммаро «нахуст мартаба ба ононе, ки ба худаш нисбати шогирдї пайдо карда буданд, бахшиш мекард», «баъд аз хатми кутуб њар муллое, ки толиби имомат ё мударрисї мешуд, агар ќозикалон биззот нашиносад, яъне ба дарси ќозикалон њозир нашуда бошад агарчи муллотарини амсолаш бошад, ба чизе намерасид».247 Равшан аст, ки Бадриддин дар ин маврид низ ноинсофї, дурусттар он ки разолатро ба дараљаи баланд расонида буд. Ў њокимияти мутлаќ дошта, илму таълимро ба манфиати шахсии худ тобеъ карда аз баски манфиати вай ба «ризои амир» хилоф набуд, барои худкомиву худѓаразї ва тааддї боре љазо надид. Зеро амир Абдуллањад ќозї Бадриддинро такягоњи худ медонист. Ба ин сабабњо, ки устод Айнї зикр кардааст, дарсњои ќозї Бадриддин серодам буда, сафи шогирдони ў сол то сол меафзуд. Дар байни ин шогирдон шумораи њамдиёрони Бадриддин рў ба афзунї доштааст. Дар замони ќозї Бадриддин рў ба Бухоро овардани мардуми кўњистон хеле зиёд шуд. Мањз дар њамин давра муллобачањои Бухоро ба ду гурўњ таќсим шудаанд, ки якеро «талабаи тумонї» ва дигареро «талабаи кўњистонї» номидаанд. Рафта-рафта миёни ин ду гурўњ ихтилоф афтод ва «љангњои кўчагї» воќеъ шуданд. Ќозї Бадриддин пушту паноњи њамдиёронаш буда, ба онњо чї дар давраи шогирдиашон ва чи баъд аз он фаровон имтиёз дод. Дар дасти ќозї Бадриддин ќувваи азиме љамъ омада буд, ки барои иљрои сиёсати уруќдорї хуб хидмат кард. Ин аст, ки чунонки устод Айнї дар нахустин таърихномаи худ хабар дода буд, ба муќобили Бадриддин балво хест. Устод менависад: «Чун кор ба ин дараљаи «олгон олгонники» расид, њар кадом аз муллоён сар бардоштанд. Фирќае барои азли ќозикалон маљлисњо оростанд. Зотан ањли тумон ва бухориуласлон ба хонаводаи ќозї Бадриддин, ки кўлобиуласл буданд, раќобат доштанд. Дар вакти њаёти ќозї Мир Бадриддин низ дар муќобили кўлобиён дар санаи 1324 (1907— М.Ш.) бархоста буданд, лекин ба њусни сиёсат ва тадбири ќозї Мир Бадриддин фитна ба зўр таскин ёфта буд».248 Модомки мардум ба шўриш сар бардоштаанд, маълум мешавад, ки боз корд ба устухон расидааст. Аз ин мебарояд, ки сиёсати уруќдорї ва њокимияти мутлаќи байзоиён бо вуљуди он ки рўзафзун буд, натавонистааст мардумро ба итоат ва фармонбардории куллї биёварад, баръакс муќобилат ва муборазаро тезу тунд намудааст. На танњо маорифпарварон, балки доирањои васеътари љомеа, на танњо муллобачањо, балки устодони онњо муллоњо ва уламо, шояд баъзе тоифањои дигар низ ба муќобили байзоиён ба мубориза миён бастаанд. Ин хулосаи якум аз он хабар аст, ки дар таърихномаи устод Айнї омадааст. Ба фикри мо натиљагирии дувум он аст, ки на танњо муллобачањо (шогирдони мадраса), балки дигар табаќањои љомеа низ ба гурўњи "«тумонї" ва «кўњистонї» таќсим шуда буданд. Сиёсати уруќдори љомеаро ба эрониву тољик, ба тумониву кўњистонї ва гайра људо намуда, порањоро ба њам зид гузошта ба талош даровард. Љомеа бесубот ва мањрум аз оромї мегардид, пояњои давлат ларзон мешуд. Ањмади Дониш чунонки дидем, ба муќобили ин људоиандозї ва зидди њам равона кардани порањои љомеа, ки Манѓития об лой карда моњї мегирифтанд мубориза шурўъ кард. Ин муборизаро пайравони ў давом доданд. Маорифпарварон бо њама дастнишондагони Манѓития чи бо султаи эронї ва чи бо султаи байзоиён мубориза оѓоз намуданд. Яке аз марказњои ин мубориза мањфили Садри Зиё буд. Боз як бор ба ёд оварем, ки устод Айнї, ки низ аз ањли он мањфил буд, гуфтааст, ки онњое, ки дар мањфили Садри Зиё гирд меомаданд ва сўњбату мубоњиса мекарданд, «њамеша як навъ њаракатњои оппозитсионї нишон медоданд».249 Садри Зиё яке аз сарварони њамин мухолифат бо доирањои расмї, аз љумла бо истибдоди авлоди Байзо буд. Нафрати Садри Зиё нисбат ба истибдоди байзоиён бахше аз нафрати маорифпарварони мубориз аст. Дар осори Садри Зиё низ њамон рўњияи оппозитсионї ва зидди сиёсати уруќдорї инъикос ёфтааст. Ба гумонам хулосаи ин фасл њамин аст, ки дар ањволу атвори ќозї Бадриддин низ аз донишмандиву илмдўстї, тољикиятхоњиву хидмати миллат, ки Ибни Ќурбон ба авлоди Байзо нисбат медињад, дараке нест. Аз фаъолияти ў њарчи дидем, хилофи аќли салим, Њамон асар. Сањ. 114 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро. Тењрон, Суруш, 1381= 2003, сањ. 152 249 С. Айнї, Куллиёт, љ. 1. Сањ.33. 247 248
136
хилофи манфиатњои кишвару миллат буд. Пас гуфтањои Садри Зиё дар бораи байзоиён бо муоинаи ањволи ќозї Бадриддин тасвибу тасдиќ мешавад. 8 Севумин ва охирини авлоди Байзо Мир Бурњониддин буд. Ў дар сояи давлати падараш, ки Мир Бадриддини мазкур мебошад, чанде раискалони (мўњтасиби) Бухоро, баъд ќозии Чорљўй, ки яке аз калонтарин вилоятњои кишвар буд, шуд ва аз соли 1913 ба маснади аќзалќузотї (ќозикалонї) расид. Мулло Бурњониддин низ мавриди таваљљўњи Ибни Ќурбон дар китоби «Фавоњиш ва рањоиш» ќарор ёфтааст. Ибни Ќурбон ўро њамадон, сиёсатмадор, хидматгузори миллат, чунончи ислоњотхоњ мешуморад, ки гўё Садри Зиё ба ў низ тўњмат кардааст, гуноњњои худро ба гардани ў партофтааст ва њоказо. Вале ин иддаои ў низ беш аз пиндори бебунёд нест. Инак Абдуррауфи Фитрат мегўяд: «Ќозї Бурњониддин як марди ањмаќи бесаводе буд. Бо вуљуди он ки раиси рўњониён ва маъмурини адлия ба шумор мерафт, аз хондани хатњои оддї ољиз буд. Дар аксари мурофиањо васиќа ва ривоятњоро хонданї шуда, бесаводии худашро ба њама маълум мекард».250 Бесаводе, ки «хатњои одї»-ро хонда натавонад, ќозиулќузот будааст! Ибни Байзои якум «беилм набуд», Ибни Байзои дувум андаке «ќувваи илмия» дошт, Ибни Байзои севум батамом савод надоштааст. Пас низоми давлатї рў ба таназзул ба нуќтаи охир наздик мешуд. Садриддинни Айнї — ин кунљкову њолдони замон гуфтааст, ки мулло Бурњониддин «илм он тараф истад аз аќлу идрок њам бенасиб буд… Агар ўро мисдоќи муљассами таассуби љоњилия биномем, дурўѓ намешавад».251 Бинед: «муљассамаи таассуби љоњилия!» Унвони аъло! Алњаќ Фитрат, ба вежа Айнї «муаррифиномаи» Бурњониддинро чунон овардаанд, ки аз ин равшантар ва гўётар ва бурротар натавон гуфт. Акнун бинед, ки Садри Зиё чї гуфтааст. Садри Зиё мегўяд: мулло Бурњон «ба замми ќозикалонї бо ин хариву нодонї шарм накарда дарс њам мегуфт»252. Расвоињои дарсгўии Бурњониддинро Абдуррауфи Фитрат тасвир кардааст: «Аљибтар ин ки ин мард бо вуљуди бесаводї дар тамоми давраи раисї ва ќозикалонии худаш асло дарсгўиро тарк накарда буд. Муллоњо ва муллобачањо ки хушомадгўї ва нифоќро пешаи худ карда буданд, барои «истифода» ба дарси ў њозир мешуданд, чањорпанљ нафар мударрис низ махсусан омада дар ваќти дарсгўии ў менишастанд. Њамин ки «ќории љамоаи» муллобачањо иборати китобро мехонд, ва навбати таќрир ба ќозикалон мерасид, ќозикалон бо фориѓболї носќутиро бароварда як нос мекашид, он чањор-панљ нафар мударрис, ки махсусан барои хидмат омада буданд, фавран дар миёни худњо шурўъ ба мунозира мекарданд, шогирдон низ ба ин мунозира шарик мешуданд ва як ѓул-ѓулаи аљиб мебардоштанд… ва ба њамин масхарагї дарс тамом мешуд».253 Агар њамин масхарабозї дарс ном гирфита бошад, пас њарчи Садри Зиё гуфтааст, дуруст будааст. Он чї Садри Зиё гуфтааст, Айнї ва Фитрат тасдиќ кардаанд. Ибни Ќурбон он љумлаи Садри Зиёро ки мо андак болотар овардем, суханњои тањќиромез дар њаќќи Бурњониддин донистааст. Оре, пуртањќир аст, вале ноњаќ нест. Гуфтањои Айнї ва Фитрат бештар тањќир дорад. Ибни Ќурбон Бурњониддинро аз «бўњтонњо»-и Садри Зиё њимоякунон таъкид намудааст, ки Бурњониддин «солњо алайњи сиёсати Туркия кор мебурд ва аз найрангњои ў ба хубї огоњ буд».254 Чунончи дар дигар мавридњо (ѓайр аз як-ду бор) њаст, Ибни Ќурбон барои исботи ин даъво њељ як далелу бурњон наовардааст. Шояд рўзе далелу бурњони ў ва њамфикронаш маълум шавад, лекин њоло он чи мо медонем, ин аст, ки Бурњониддин аз сиёсатмадорї фарсахњо дур буд. Инак воќеаеро ки дар як нвиштаи худ наќл карда будам, ёдрас меоварам. Боре вакили сиёсии Русия (раиси консулхона) бо Бурњониддини ќозикалон дар бораи зарурати кушодани мактабњои усули љадид, ки Бурњониддин баста буд, сўњбат кардан хост. Њамин ки консул аз мактаби нав сухан кушод, Бурњониддин якбора ба шўр омад ва ба сари мењмон Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон. Душанбе, 1991, сањ. 28 С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро. Душанбе, 1987, сањ. 44-45. 252 Садри Зиё. Наводири зиёъия, њамон нусха, сањ. 103 б. 253 Фитрат, њамон асар, сањ. 28-29. 254 Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 76. 250
251
137
фарёд кашид, ки «љадидон душмани ислом ва мўминонанд, пояњои динро суст мекунанд» ва њоказо Мењмонро дигар сухан кардан намонд. Консул бидуни натиљае аз ќозихона берун шуд.255 Њамин аст намунаи «сўњбати дипломатии» Бурњониддин, ки ќозикалон, яъне вазири адлия ва шахси севум дар кишвар буд. Агар ин намояндаи «олимартабаи» кишвар бо намояндаи расмии як давлати бузург чунин «сўњбат» бикунад, ки иборат аз доду фарёд бошад, магар аз сиёсатмадорї љои гап мемонад? «Сиёсат ба як мў меравад». Сиёсати байзоиён ба арѓамчин њам намерафт. Мо инро аз мисоли ќозї Садриддин, ки дар љанги Бухорову Русия ду бор аз сулњ рў тофта буд, низ дидем. Набераи ў аз худи ў чанд лой болотар будааст. Љањолати Бурњониддин аз муносибати вай ба маорифпарварон (тараќќипарварон, љавонбухороиён, љадидон) ва мактаби усули љадид, ки онњо кушода буданд, бењтар маълум мешавад. Мактаби нави маорифпарварон чизе хилофи шариат надошт. Инро њатто аз номи китобњои дарсии ин мактабњо, ки баъзеашро устод Айнї навишта буд, фањмидан мумкин аст. Аз китобњои Айнї яке «Заруриёти диния» ва дигаре «Тартилул Ќуръон» ном дорад. Инњоро имрўз њам дар мактабњои динни Тољикистон ва дигар кишварњо ба кор мебаранд. Муфтї Икром (домулло Икромча)-и машњур љадвали дарсии мактаби усули навро дида, фатво дода буд, ки ин мактабњо хилофи шаръи шариф нестанд. Њатто ќозї Бадриддини ибни Байзо дар охири умраш барои кушодани чунин мактабњо иљозат дода буд. Аммо Бурњониддин ин иљозати падари худро ќабул надошт. Устод Айнї дар китоби «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» мегўяд: «Бурњониддин феълан дар Бухоро раис буда (то соли 1913 — М.Ш.) фикри истењсоли маснади ќозикалонї дошт. Ин шахс илова бар ин ки марди мутаассиби љоњил буд, манфиати худро дар эљоди фитна медонист».256. Айнї дар љои дигар гуфтааст, ки шиори Бурњониддин ин буд: «Њама чиз фидои ќозикалонї бод!».257 Устод Айнї шарњ додааст, ки барои расидани Бурњониддин ба ќозикалонї асосан Остонаќули ќушбегї (вазир) мамониат мекард «Азбаски ќушбегии мазкур филљумла тарафдори мактаби нав менамуд, агар дар бораи масъалаи мактаб фитна барпо шуда, мухолифин (яъне љонибдорони Бурњониддин — М.Ш.) ѓалаба ёбанд, ќушбегї суќут мекард. Дар ин сурат… Бурњониддин ба мансаби ќозикалонї мерасид… Дар рамазони 1327 њиљрї (1909— М.Ш.) уламо ба саркардагии Бурњониддин фитнаи бузурге эљод карда ба бастани мактаб муваффаќ шуданд».258 Ин нахустин бор баста шудани мактаби нав буд. Маорифпарварон ошкору нињон чандин мактаби дигар боз карданд. Бурњониддин боз мебандонд. Чунончи дар соли 1331032 њиљрї (1913-1914—М.Ш.)… ба ташаббуси ќозї мир Бурњониддин ва ёрмандии элчии рус ин мактабњо баста шуд. Аз муаллимонашон баъд аз ин барои накушодани мактаб дастхат ва имзо гирифта шуд».259 Раќобат бо Остонаќули ќушбегї як сабаби зоњирии муборизаи Бурњониддин дар муќобили мактаби усули нав буд. Сабаби асосї он буд, ки Бурњониддин душмани асосии маорифпарварї ва њамаи падидањои он буд. Ў сарвари иртиљоъиён буда, њамаи онњоеро, ки ба муќобили маорифпарварї мубориза мекарданд, муттањид намуд ва ба мубориза сафарбар медошт. Бурњониддин дар эљоди иѓвову фитна ба ањди манѓития шояд бемонанд буд. Аз фитнањои ў чанд фољиаи бузург рўй дод. Яке аз ин фољиањо низоъи шеъаву суннї буд. Устод Айнї ки аз тафсилоти љанги шеъа ва суннї дар соли 1910 наѓз огоњї дошт, мегўяд: «Сабаби њаќиќии фитна Бурњониддини раис ва баъзе муфтињо» буданд.260 Абдуррауфи Фитрат гуфтааст: «Шаб дар љои давра маслињат шуда, мулло Бурњони раиси садр, ки муљидд ва доманзани ин оташ буд, нимаи шаб чанд нафар муллобачагони таррорро пинњонї фармуд, ки ваќте ки њама хуфта буданд, ба њар кадоми мадрасањои калон чањорнафарї рафта, аз миёнаи мадраса нидо дардоданд, ки «ѓазо вољиб шуд, пагоњї аз ѓазо намонед».261 Ба ёд меоварем, ки ќозї Садриддин — бобои Бурњониддин низ пеш аз љанги 255 А. Семёнов. К прошлому Бухары. Пасгуфтори китоби С. Айнї. Воспоминания. М.— Л., 1960, стр. 988 256 С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 116 257 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 154 258 С. Айнї, Куллиёт, љ. 10, сањ. 116 259 Њамон асар, сањ. 147 260 С. Айнї, Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 64. 261 Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон, сањ. 20
138
Бухорову Русия чунин нидо дардода буд, ки «љињод вољиб шуда». Он кори ќозї Садриддин аз рўйи таассуби динї шуда буд, ин кори Бурњониддин ба сабаби ѓаразњои шахсї шуд. Бурњониддин боз њам аз Остонаќули ќушбегии эронї ниќор кашиданї буда, бо њамин маќсад фитна бардошт ва Остонаќулро аз сари кор дур карданд. Бурњониддин ба маќсад расид. Барои ин ки ў ба маќсад расад, шербачагонаш дар кўчањо хунрезї карданд. Чунонки устод Айнї мегўяд «ашхоси мўътадил ва мутафаккири њар ду тараф, хусусан тољик ва эрониёни мањаллї ба ќадри имкон ба хунрезї монеъ шуданд, чунончи тољикњо эрониёни њамсояро дар хонаи худ пинњон карда, њимоя намуданд».262 Дар њамин ваќт одамони Бурњониддин ба куштору ѓорат машѓул буданд. «Бурњониддини раис Бухороро оѓушта ба хун кард».263 Тавон гуфт, шиори дигари Бурњониддин ин буд: «Њама чиз, њатто хуни халќ фидои манфиатњои худам бод!» Ибни Ќурбон чунин зотеро илмдўст, донишманд, сиёсатмадор ба ќалам додааст, ки нињояти ноинсофї, сохтакорї ва тањрифи таърих ба маќсади мувофиќ кардани рўйдодњои он ба манфиати шахсї ва гурўњии худ аст. Оре. Ибни Ќурбон бисёр мехоњад, ки таърих ба хоњиши дили ў, мувофиќ ба манфиатњои шахсї ва гурўњии ў пеш рафта бошад. Аммо таърих бо роњи худ ва ба куллї хилофи хоњишњои Ибни Ќурбон рафтааст. Ибни Ќурбон њамоно таърихи пиндории худро ба мо мегўяд, вале њељ гоње ба ёдаш намеояд, ки гуфтаи худро исбот кардан даркор аст ва барои исбот далелу бурњоне бояд љуст. Аз љумла як љои дастнависи Садри Зиёро Ибни Ќурбон нодуруст хонда, дар асоси фањмиши нодурусте даъво кардааст, ки Бурњониддин ислоњотхоњи бузурге буд. Ў мегўяд, ки Садри Зиё «ќариб дар тамоми асарњои ин маљмуааш («Наводири зиёъия»—М.Ш.) аз сарзаниши кўњистониён даст намекашад. Тамоми корњои онњоро ба љуз њамоќату нодонї чизи дигаре намењисобад. Њатто ќозї Бурњониддинро ки дар замони амир Олимхон мехост ба хотири бењбудии мамлакат ислоњоти давлатї гузаронад, ислоњоти ўро тамасхур карда»264 ва њоказо. Аљабо, кореро ки Бурњониддин накарда буд, чи тавр тавон тамасхур кард? Ислоњоти иљтимоъиву сиёсиву фарњангиро касе орзу мекунад, ки марому маслаке дорад, дар дил ормонњои олї мепарварад. Бурњониддин аз бемаслактарин мансабдорони калони аморат буд. Аз чунин касе ислоњот наметавон умед кард. Садриддини Айнї гуфтааст: «Мо дар боло гуфтем, ки њукумати Бухоро дар аввали вањла барои њифзи худ ба як дараља ислоњот розї буд. Муроди мо аз ин њукумат шахси амир ва Насруллоњи ќушбегї аст, аммо соири аркони њукумати Бухоро шунидани њарфи ислоњотро њам намехостанд, хусусан Бурњониддини ќозикалон ва Мирзо Низомиддини урганљї, ки баъд аз ќушбегї аввалин ашхоси њукумат ба шумор мерафтанд, ба њар кор љуз «намехоњем» љавобе надоштанд».265 Инро устод Айнї дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» гуфтааст. Ў шоњиди њама воќиањои мудњишест, ки аз паси масъалаи ислоњот пеш омад. Пас сухани ўро бовар кунем ё сухани Ибни Ќурбонро? Шояд Ибни Ќурбон ѓайр аз ислоњоти 7 апрели 1917, ки амир Олимхон эълон кард, ислоњоти дигареро дар назар дорад, ки Бурњониддин анљом додан мехост? Ѓайр аз нодуруст хондану фањмидани як љои дастнависи Садри Зиё аз куљо ба Ибни Ќурбон маълум шуд, ки Бурњониддин мехост ислоњоте шурўъ бикунад? Ин њам гуфтанист, ки боре Бурњониддин ба ислоњот розї шуда будааст. Ин «ризо» достончаи аљибе дорад, ки шуниданист. Устод Айнї њикоят кардааст, ки охири моњи марти 1917, ки Бурњониддин њанўз ќозикалон буд, Миллер— раиси элчихонаи Русия бо Насруллоњи ќушбегї пешнависи фармони ислоњотро омода карданд. Миллер ин пешнависро пеши Бурњониддини ќозикалон бурд, «ба ќозикалон ба тариќи њикоят (на аз роњи машварат) баъзе љои лоињаеро, ки барои ислоњот њозир шуда буд, накл намуд». Бурњониддин дид, ки гўё дигар аз ислоњот гузир нест, розї шуд, лекин ба њама моддањои лоиња тасњењ пешнињод кард. Чунончи «дар ислоњоти мактабњо низ эътироз карда гуфт:… Агар мактабњои нав ба забони русї бошад зарар надорад (дараљаи таассуб ва инодро бингаред! Ба мактаби миллї ва динии мусулмонї розї намешаванд ва мехоњанд, ки дар бадали он макотиби аљнабї бар по шавад ва дар чанд сол њиссиёти миллия ва диния тамом аз по дарояд). Дар ашхоси мафрузаи маљлис (порлумон — М.Ш.) низ эътироз намуда гуфт, ки «бояд дар он маљлис аз тараќќипарварон надароянд ва С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 63. Њамон асар, сањ. 67 264 Ибни Ќурбон. Њамон асар, сањ. 22. 265 С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 152. 262
263
139
аз уламо низ касеро, ки ман нишон медињам њамон шахс дарояд, раиси Маљлис худи ман бошам». Ва Бурњониддин дар охири мусоњиба гуфт: «Мардум маро дар ислоњот мухолиф мегўянд. Ман ќатъан мухолиф нестам. Ба тартибе ки баёнот кардам, агар Маљлис барпо шавад, иншооллоњ корњои хуб мекунем».266 Бинед ки Бурњониддин оќибат аз рўйи маљбурият ба ислоњот розї шуда, ба чи шартњо розї шудааст. Ба шарте розї шудааст, ки њама инони ихтиёрро ба дасти ў бидињанд, мансаби баландашро аз даст надињад, боз як мансаби баланде ба даст оварад, ки раиси маљлис бошад. Як шарти ў ин будааст, ки ба Маљлис аз уламо њар касро ў нишон дињад, дохил кунанд. Яъне муњофизаткорони фармонбардори ўро! Чунонки Абдуррауфи Фитрат мегўяд, Бурњониддин «тамоми авлоду атбоъи худро ба мансабњои калон расонида дастёр ва муовини фитнаву фасод ќарор дода буд».267 Акнун мехост, ки ба маљлиси намояндагон низ одамони худро нишонад, маљлисро низ ба дасти худ дошта бошад. Њамин буд «ислоњотхоњии» Бурњониддин. Љаноби Ибни Ќурбон, оё аз ин гапњо хабар доранд? Шартњои Бурњониддин пазируфта нашуд. Ўро аз ќозикалонї гирифтанд. Вале чунон беозор гирифтанд, ки устод Айнї мегўяд: «Аз сархайлони фитна ќозї Бурњониддини маъзулро дар беруни шахри Бухоро ба чорбоѓи худаш љой дода, номи инро њабс» гузоштанд».268 Бурњониддин аз он љо, ки аз Бухоро њамагї 12 километр дурї дошт, барои ин ки ислоњот шурўъ нашавад ва фармони ислоњот, ки 7 апрели 1917 содир шуд, иљро нагардад, њар рўз чанд фитна эљод кардан гирифт. Пеш аз он ки амир Олимхон фармони ислоњот дод, Бурњониддин «се бор пай дар пай ба амир ариза фиристода барои дафъ ва ќатъи масъалаи ислоњот чораи ягона њабс, нафй (бадарѓа — М.Ш.), зарбу ќатли ду-се љавонБухороиро номбар карда нишон дод».269 Оре, Бурњониддин ташнаи хун буд ва ба хунхорї тайёрї медид. Чанд рўз пеш аз эълони фармони ислоњот, 25 марти 1917 Мирзо Муњаммадшарифи садр (Садри Зиё) ќозикалон ва Абдуссамадхољаи судури самарќандї раискалон таъйин шуданд. Ин ду нафар аз маорифпарварон (аз уламои тараќќихоњ) буданд ва бо пешнињодоти бархе љавонБухороиён барои иљрои фармони ислоњот ба ин мансабњо таъин гардиданд. Њар ду њам мухолифи Бурњониддин ва дигар муњофизакорони душмани ислоњот ба шумор меомаданд. Ба сари кори ислоњот омадани Садри Зиё ва Абдуссамадхоља Бурњонидинро сахт ба хашму ѓазаб овард. Аз њамон рўзи 7 апрели 1917 ки фармони ислоњот эълон шуд, ба вежа аз 8 апрел, ки баъзе љавонбухороиёни ислоњотхоњ байраќ бардошта, ба «намоиши шодиёна» ва ё «намоиши шукрона» баромаданд, аксулњаракати сахти дастаи шербачагони таррори Бурњониддин ва Мирзои Урганљї (Мирзо Низомиддинхоља) ва ѓайра оѓоз шуд. Балвои бузург ва террор оѓоз ёфт, ки ислоњотталабонро дастгир карда ва задаву кўфта, ба њукуматдорон месупурданд, ба зиндон меандохтанд. Чанд нафар, аз љумла устод Айнї 75 чўб хўрданд. Ибни Ќурбон он «намоиши шукрона»-ро, ки љавонбухороиён, дурусттар ин ки бархе аз љадидони ифроткор, ки аз масъулият ношиносї ба рохи мољарољўї даромада буданд, (чунончи Файзуллоњ Хољаи ватанфурўш ва мутаассифона, Мунзим низ) бар по карданд, ёдовар шуда ба ногоњ чунин хулоса баровардааст: «Ин амали љадидон дар таърих бо номи «авантюраи сиёсї» сахт маъруф аст, ки акнун дар ин авохир маълум мегардад, ки бо мусоидат ва дастгирии ќозикалон (яъне Садри Зиё — М.Ш.) (ва чуноне, ки аз ин навиштањо бармеояд, њатто то дараљае сарварии ў) ба зуњур пайваста буд».270 Ибни Ќурбон ин хулосаро ки гўё «сухани наве» дар таърихнигорист, дар асоси гуфтањои Муњаммадалии Балљувонї, ки ёддоштњое ба номи «Таърихи нофеъ» навишта буд, баровардааст. Аммо дар ин гуфтањои Муњаммадалї, ки Ибни Ќурбон иќтибос овардааст, барои чунин натиљагирї њељ асосе нест. Мо он пораи китоби Муњаммадалиро дар дигар навиштањои худ оварда будем ва боз ин љо меорем, то бовар њосил шавад, ки дар њељ љои он ишорае бар ин ки Садри Зиё ташкилкунандаи намоиши љавонБухороиён будааст, нест. Инак, матни Муњммадалї, ки воќиаи 9 апрели 1917-ро (ки сањван ба соли 1918 нисбат додааст), яъне ба дасти балвогарони зидди ислоњот ва фитнагарони Бурњониддин афтодани Садри Зиёро тасвир кардааст: С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 101. Фитрат. Њамон асар. Сањ. 30 268 С. Айнї.њамон асар, сањ.146 269 С. Айнї. Куллиёт. Љ. 10, сањ. 153. 270 Ибни Ќурбон. Њамон асар, сањ. 29 266
267
140
«Ќозиулќузоти аср, яъне ќозї Шариф-махдум… маа сиву чињил нафар мулозимони худ ба садои пўшт-пўшт (ба майдон— М.Ш.) њозир шуда омада буданд, ки аз як гўшаи маърака овози баланд баромад, ки «бизанед ин ќозии љадиди бединро, ки ин ќадар шўр аз ин ба вуќўъ омад ва илло набошад љадидон ин ќадар њаракат наметавонанд». Дар замон мардуми тамошобин барои беобрўй ва задани ќозикалонро бисерњо заданд, ки тамоми либосњои зардўзї пора шудааст… Амир аз болои арки иморате (аз иморати болои Арк---М.Ш), … ба дасти худ ишора кардаанд, ки « назанед». Ва бисере аз ин мањрамбошињо барои наљоти ќозикалон омада, ба воситаи тамом ин ќозикалонро аз тањти дасти (пои — М.Ш.) сањроиён ва авомони шерчангол наљот дода,ба њузури амир ба тањти як куртаву эзор гирифта бурданд. Агар ин одамони амир дар њаќиќат халос намекарданд, ба њалокат мерасид. Ин воќеа азимтарин ва машњуртарини воќеоти тараќќипарварони Бухорост … Баъд аз ин њодиса маълум (машњур) шуд, ки ќозии мазкур дар њуррият шудани Бухоро ба дараљае саъю кўшиш карда будааст ва яке аз раисони тараќќипарварон будааст»271. Акнун бубинем, ки аз куљои ин суханњои Муњаммадалии Балљувонї ошкор мегардад, ки Садри Зиё ташкилкунандаи « намоиши шодиёнаи» љадидони мољарољўй дар 8 апрели 1917 будааст? Аз њељ љои ин матн чунин маънї намебарояд. Муњаммадалї овозањоеро зикр кардааст, ки гўё Садри Зиё «яке аз раисони тараќќипарварон» буда, барои њуррият шудани Бухоро ба дараљае саъю кўшиш карда будааст. Ин гапњо чунин маънї надорад, ки намоиши мољарољўёнаи љадидонро 8 апрел Садри Зиё ташкил карда бошад, ин намоиши нањсбор «то дараљае бо сарварии ў» (яъне Садри Зиё) баргузор шуда бошад. На, гуфтањои Муњаммадалї чунин маънї надорад. Он овозањо, ки гўё Садри Зиё «яке аз раисони тараќќипарварон будааст» низ дуруст набуд. Бале, Садри Зиё яке аз фаъолтарин ва баэътибортарин тараќќипарварон (маорифпарварон) буд, вале дар њељ созмони љавонбухороиён маќоми раёсат надошт. Садри Зиё дар созмони пинњонкори љавонбухориён, яъне дар љамъияти махфии «Тарбияи атфол» бевосита узвият надошт, аз берун ширкат меварзид, онро аз роњи моддиву маънавї дастгирї мекард (њар моњ пинњонї маблаѓе барои ёрмандї медод) ва њоказо. Воќиањои моњи апрели соли 1917 дар чандин асар аз тарафи шоњидон баён шудааст ва дар њељ кадоме аз онњо ишорае нест, ки Садри Зиё дар бањсњои љавонбухороиён, ки пас аз инќилоби феврали Русия хеле тезу тунд сурат гирфт, ширкат дошта бошад, њозирона ё ѓоибона дар ќабул шудани баъзе ќарорњои љавонбухориён (чунончи ќарори «намоиши шукрона») сањм гузошта бошад. Чунин ишорае дар њељ манбаъ, ки дар даст дорем аз љумла дар китоби Муњаммадалии Балљувонї ва пораи мазкури он ба дид намерасад. Он «сухани нав», ки Ибни Ќурбон дар таърихи маорифпарварии тољикї гуфтан хостааст, аз асоси воќеъї мањрум аст, фаќат ба каљфањмї ва бадхоњї асос ёфтааст. Он овозањо, ки рўзњои пурдањшати апрели 1917 пањн мекардаанд, аз љумла он овоза, ки гўё Садри Зиё «аз раисони тараќќипарварон будааст», ба вежа агар ин овоза ба он маънї фањмида шавад, ки аз сардорони расмии љавонбухороиён будааст ин овозањо аз як љињат шояд ба он сабаб пањн карда мешуд, ки онњое ки рўзи 9 апрел ќасди љони Садри Зиё карданд ўро њалок кардан хостанд (ва чунонки Муњаммадалї мегўяд, агар фиристодагони амир Садри Зиёро «халос намекарданд, ба њалокат мерасид»), худро сафед карданї буданд, ба кирдори љинояткоронаи худ «сабаб» нишон доданї буданд. Ибни Ќурбон низ имрўз он иртиљоъиёни хунхорро сафед кардан, ба љинояти онњо далел љўстан мехоњад. Вале як кори ношуданиро иљро кардан хостааст. Боз меоем ба сари Бурњониддин ва «зиндагиномаи» ў. Бурњониддин дар миёни созмондињандагони балвои зидди тараќќипарварони ислоњотхоњ, ташкилкунандагони террори дањшатангези апрели соли 1917 шахси якум буд. Дар моњи июли соли 1917 Бурњониддин дубора аќзалќузот таъин шуд ва фаъолияти ў бештар густариш ёфт. Устод Айнї дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» гуфтааст: «Ќозї Бурњониддин аз истибдоди њукумат истифода карда, худро тамом соњиби шариат 271 Ниг: Ибни Ќурбон. Њамон асар, сањ. 28-29. Мо матни Муњаммадалии балљувониро он тавр ки Ибни Ќурбон иќтибос гирифтааст, овардем, фаќат андак ихтисор кардем. Дар навишти Муњаммадалї ѓалатњои забонї ва заъфи таълиф зиёд аст. Мо онро ислоњ накардем.
141
мешумурд ва њар сухане, ки аз дањонаш (аз дањони амир Олим— М.Ш.) хоњ тасодуфан ва хоњ ќасдан мебаромад, «ал-иёзу биллоњ» ба њукми Ќуръони Худо ва њадиси расул баробар медонист ва мухолифони худро мункири Худо ва расул мепиндошт».272 Ин ишораи устод Айнї ба фањми камина чунин маъно дорад, ки сиёсати уруќдории Манѓития дар дањаи дувуми садаи бист, ба вежа дар соли 1917 ва 1918-1920 асосан маорифпарварон, тараќќихоњони ислоњотталабро њадаф ќарор дода буд ва Бурњониддин ба яке аз иљрогарони асосии он сиёсат табдил ёфт. Дурусттар ин ки иљрогари асосї ў шуд. Абдуррауфи Фитрат мегўяд: Бурњониддин «баъд аз воќиаи азли Насруллоњи ќушбегї (14 апрели 1917 — М.Ш.) њокими мутлаќи Бухоро шуда буд. Ањолии дарборро ба зарби пул тарафдори худ карда чанде аз муллоёни фитнаталаби бесарупоро ба даври худ љамъ карда, ба сиёсати хориљї ва дохилии Бухоро таъсирњои куллї мекард. Он ќадар хунрезињо, торољњо, беинсофињо, ки аз воќиаи Колисуф (9 марти 1918— М.Ш.) то инќилоби калони Бухоро (1920—М.Ш.) дар ќаламрави амир ба амал омад метавон гуфт, ки Бурњониддинро дар њамаи онњо дахли куллї буд».273 Дар боло дида будем, ки ќозї Бадриддин — падари Бурњониддин дар Бухоро бо зобитиву золимї маќоми њокими мутлаќро ба даст оварда буд. Ин љо Фитрат хабар додааст, ки Бурњониддин низ оќибат њокими мутлаќ шуд. «Њокимияти мутлаќи» Бурњониддин барои муборизаи берањмона бо равшанфикрон, барои устувор кардани пояњои аморат ва маќоми худ истифода гардид, ки воситаи асосии он хунрезї буд. Бурњониддин хунхори носер буд. Устод Айнї баёни инќилоби Бухороро бо ин љумлањо ба поён расонидааст: «Мисли ќозикалон Бурњониддин, раис Мусанниф ва соири ашхосе ки дар хунрезї аз њама пешї гузида буданд ба дасти љавонон (инќилобиён— М.Ш.) гирифтор шуда, баъд аз муњокима ба љазои эъдом ва ќасос мањкум гардиданд. Дидї, ки хуни ноњаќи парвона шамъро Чандон амон надод, ки шабро сањар кунад».274 Мо њам «зиндагиномаи» Бурњониддинро дар њамин љо ба поён мерасонем. Бисёре аз дањшатњову вањшатњое, ки ба номи ў вобастагї доранд, ин љо ѓунљоиш надошт. Бархе аз падидањои разолати ўро дар поинтар боз хоњем дид. 9 Мо дар се фасли охир чигунагии њокимияти се тан байзоии Бухоро мулло Садриддин, мулло Бадриддин ва мулло Бурњониддинро, ки дар тўли ним сада ќозикалон буданд, аз назар гузаронидем. Акнун лозим аст, ки ба ќадри њол гуфтањоро љамъбаст бикунем ва натиља бигирем. Ибни Ќурбон дар шиносномаи китоби худ гуфтааст: «Панљоњ соли охири «њукмронии» кўњистониён дар аморати Бухоро бар нафъи миллат будааст ё бар зарари он?».275 Ибни Ќурбон љавоб додан ба ин суолро вазифаи худ дар китоби « Фавоњиш ва Рањоиш» донистааст. Натиљагирии ў дар ин китоб посухи мусбат ба он пурсиш аст, яъне ин аст, ки панљоњ соли њукмронии хонадони Байзо дар Бухоро бар нафъи миллат будааст. Ин яке аз моддањои асосии даъвономаи Ибни Ќурбон аст. Чун нигоњи кўтоње ба зиндагиномаи њар се Ибни Байзо андохтем, ошкор гардид, ки ин даъвои Ибни Ќурбон бебунёд аст. Хулосаи мо ин аст, ки баръакс њукмронии ањли хонадони Байзо дар Бухоро бар зарари миллат сурат гирифт ё дурусттар он ки аз оѓоз бар зидди миллат равона шуда буд ва то анљоми кор ба њамин самт рафт. Мо дар боло вожаи «байзоият»-ро ба кор бурдем. Аќида дорем, ки дар ањди Манѓития як рўйдоди иљтимоъиву сиёсї ба вуљуд омад, ки онро байзоият тавон номид. Сабаби пайдоиши байзоият ин буд, ки дар љомеа як навъ гурўњбандии хос вуљуд дошта, ин таќсимбандї чун омили асосї ё яке аз зўрмандтарин омилњои иљтимоъиву сиёсї наќш ифо С. Айнї. Куллиёт, љ. 10. Сањ. 170 Фитрат, њамон асар, сањ. 30 274 С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 185. 275 Ибни Ќурбон. Фавоњиш ва рањоиш, сањ. 2. 272
273
142
кардааст. Љомеа ба ду гурўњи њокимон ва мањкумон таќсим шуда буд. Ин таќсим бештар хосияти ќавмї дошта, як ќавми њоким бар сари ќавми мањкум нишаста буд. Ќавми њоким иборат аз туркони манѓити узбак буда аќалиятро ташкил мекард. Ќавми мањкум мардуми бумї, асосан тољикон буда, аксарияти ањолиро ташкил мекарданд. Ќавми њокимро уруќдорон ва мањкумро шогирдпешагон номида буданд. Уруќдорон мардуми бумиро, аз љумла аъёну ашрофи онњо ва уламои исломро ба мањкумияти куллї нигоњ доштан мехостанд. Муборизаи ќавмї то рафт тезу тунд шуда, дигар зиддиятњои гурўњї, аз љумла муборизаи синфї (табаќотї)-ро, агар вуљуд дошта бошад ё ба миён биёяд, ба кундї мекашид. Садриддини Айнї соли 1925 дар бораи низому сохтори љомеа дар Бухоро ва хусусияти ихтилофоти иљтимоъиву сиёсии он як аќидаи муњим баён карда буд. Вай дар маќолаи «Ленин ва Шарќ» гуфтааст: «Рафиќ Ленин медонист, ки дар Шарќ аз худи ањли Шарќ сармоядорони бузург нест, дастгоњњои мошинкорї ва корхонањои асбобсозї нест, бино бар ин љамоаи муздуроне, ки дар як љо гирд омада бошад, њоло нестанд, балки дар олами Шарќ аз њар табаќа ва синф ки бошад, як муштипари мазлум, як фирќаи сомон барбоддода њастанд. Ин фирќа (баъзе ашхос истисно шаванд) иборат аз тамоми ањли Шарќ ва ба иборати дигар як тўда миллати мазлумаи маѓлуба њасту бас. Сабаб ин буд, ки рафиќ Ленин бинои озодии Шарќро ба муборизахои синфї нагузошта ба њаракатњои миллї гузошт».276 Муайян кардани ин, ки устод Айнї ин омўзаи В.И.Ленинро дар кадом асари ў дидааст, мутаассифона ба мо муяссар нашуд. Гумон меравад, ки шарњу эзоњи гуфтањои Ленин аз худи Айнист, яъне устод аз кадом як сухани Ленин илњом гирифта, фањмиш ва аќидаи худро баён кардааст. Агарчи дар ин маќолаи Айнї сухан аз Шарќи хориљї, аз Њиндустон, Афѓонистон, Эрон, Туркия ва ѓайра меравад, ба фикрам устод Бухорои ањди манѓитиёнро низ то андозае ба назар дошт. Муњимтар аз њама дар ин маќола он аст, ки озодї на ба муборизаи синфї, балки ба њаракатњои миллї вобастагї дорад. Ин омўза хоњ аз Ленин аст, хоњ аз Айнї, аз он љињат муњим аст, ки барои фањмидани сохтору низоми љомеаи ањди Манѓития ва зиддиятњои асосии он, ки чун омили муњимми иљтимоъиву сиёсї умдатарин равандњои замонро муайян кардаанд; роњ боз мекунад. Дар љомеаи Бухорои садаи 19 зиддияти асосї зиддияти ќавмї буд, ки дар байни ќавми њоким–туркњо ва ќавми мањкум – асосан тољикњо мављуд буд. Эрониёни Бухоро низ дар нимаи дувуми садаи 19 ќариб тамоман тољик шуда буданд ва агарчи эронї ё форс номида мешуданд (бархе аз онњо дар замони шўравї њам дар шиноснома худро форс навиштанд), бо вуљуди ин дар оѓози ќарни 20 аз тољикон бештар бо он ки шеамазњаб будаанд, фарќ доштанду бас. Дар ин миён яњудиёни Бухоро низ буданд, ки аз онњо фаќат чалањо тољик шуда буданд. Бо вуљуди ин, њангоми саршумори ањолї, ки соли 1926 баргузор шуд, бо сабабњои муайян бисёр яњудиён худро тољик нависонданд. Бо вуљуди ин, онњоро ба ќатори тољикњо ба шумор наоварем њам, аксарияти куллиро дар урдугоњи мањкумон тољикњо ташкил кардаанд. Аз ин рў тавон гуфт, зиддияти асосї дар љомеа њамон зиддияти дерини турку тољик буд. Турки ѓолибу њоким ва тољики маѓлубу мањкум бо њам рў ба рў истода буданд. Албатта дар байни њар кадоме аз ин ду гурўњ, дар байни туркњо ва тољикњо низ ихтилофоти дохилї мављуд буд, вале манфиатњои умумии ќавмї он ихтилофоти дохилиро ба худ тобеъ медошт, манфиатњои ќавмї ба њам зид меистод, як ќавм бо манфиатњои њамагонии худ ба ќвами дигар зид мерафт. Њукмронии туркњо бар сари тољикњо ба дараљаи муайян чи ба мардуми одии зањматкаш, чи ба аъёну ашроф ва уламои ислом ќариб баробар љорї буд. Муборизаи тољикон дар роњи њимояи манфиатњои ќавм худ бештар ќишрњои гуногуни љомеа — њам мардуми одї, њам уламо, равшанфикрон ва ѓайраро ба њам наздик ва гоњ муттањид менамуд. Тољикон сарљамъ ва бо ќувваи тамом бо ѓосибон пархош мекарданд. Аз ин талошу пархош ки чанд сад сол давом дошт, мардум монда шуда буданд, дигар мадор надоштанд, ки љандала кунанд. Бо вуљуди ин њар сари чанд гоњ мубориза ќувват мегирифт. Як мисоли 276
С. Айнї. Куллиёт, љ. 9, сањ. 213.
143
он шўриши муллову муллобачањо ва тамоми мардуми сарбаланди Самарќанд дар љавоби ситамкории Шералї аст, ки дар боло дидем. Ин саркашї ва муќобалати рўзафзун аз ањди амир Музаффар амнияти давлатро хеле бештар зери хатар гузошта буд. Барои пешгирии ин хатар дастгоње таъсис шуд, ки мо онро байзоият номидем. Байзоият нињоде буд, ки барои саркўби мардуми бумии кишвар бо дасти намояндагони бархе аз тоифањои худи ин мардуми бумї таъсис ёфт. Барои ин ки њокимияти аљнабиён гўё ба бумиён наздиктар шуда бошад ва бисёр бегона нанамояд, лозим омад, ки дар радањои болоиву поинии њокимият намояндагони баъзе аз ќишрњои љомеа љалб шаванд, ки дар назари мардуми тањљої «худї» бошанд ва дар айни њол андаке «бегонагї» њам дошта бошанд. Дар баъзе мавридњо ба ин дастнишондагони давлат, ки иљрогарони фармонбардору љонсупори сиёсати уруќдорї буданд «њокимияти мутлаќ» дода шуд, то ки њукми аљнабиёни турк дар сари тањљоињо бо сангдилии бештар иљро шавад ва гуноњи соњибони аслии давлат яъне аљнабиёни турки њоким камтар намудор ояд. Байзоият њокимият додан ба дастнишондагони зархарид, ба ин восита пора кардани љомеаи бумиён, ба њам зид гузоштани ин порањо, душманї ба вуљуд овардан дар байни он порањо ва љанг андохтани онњо, истифодаи тафриќа ва људої миёни ин порањо барои иљрои њар чи мукаммалтари сиёсати уруќдорї, барои дар шиканљаи њамешагї нигоњ доштани ќавми мањкум будааст. Кам ё беш шарик шудан ба њокимияти бегонагон лозим дошт, ки дастнишондагон дар ситами ќавмї бештар аз хољагони худ ё лоаќал баробари онњо кўшо бошанд. Манѓитињо агарчи панљсад сол дар Мовароуннањр зистанд, њанўз аљнабї буданд ва аз дастнишондагони худ нисбат ба мардуми бумї муомилаи вањшониятомез мехостанд. Аз ин рў байзоиён, чунонки дидем, бенињоят берањмї карданд. Аз љониби дигар итоат ва садоќати комил ба соњибдавлати худ, ба уруќдорон ва уруќдорї аз шартњои асосии байзоият буд. Њамбастагии сахти «њокимияти мутлаќ» аз як тараф ва садоќату итоати комил аз тарафи дигар на танњо аз фаъолияти Садриддину Бадриддину Бурњониддин, балки аз амалиёти њамаи дигар байзоиёни баландмартаба ва пастмартаба дида мешавад. Албатта њар касеро, ки ба хидмати давлат даромад ва ба иљрои ањкоми шариат пардохт, натавон байзої номид. Њама мансабдорони Бухорои садаи 19 ва оѓози садаи 20-ро байзої пиндорем, сањв хоњем кард. Бисёр касоне буданд, ки дар душвортарин шароити њукмронии сиёсати урќдорї барои дастгирии адлу инсоф, барои њимояи мардум аз тааррузи уруќдорон, барои хидмати халќ мансабњои мулкї ва шаръї мегирифтанд. Бархе аз онњоро расидан ба ин маќсадњо каму беш муяссар мегардид. Аз таърихи њаёти иљтимоъї, фарњанг ва адабиёт чандин нафарро медонем, ки соњиби мансабњои хурду калон будаанд ва дар роњи адлу инсоф фидокорињо кардаанд. Баъзе маорифпарварон аз њамин љумлаанд. Чанде аз онњо бо вуљуди он ки соњиби мансаб будаанд, дар муборизаи зидди байзоиён фаъолона ширкат доштаанд. Инро њам бояд бигўем, ки байзоият мафњуми љуѓрофиёї набуда, мафњуми иљтимоъиву сиёсист. Чун номи ин рўйдоди таърихї аз номи Ибни Байзо гирифта шуд ва Ибни Байзоњо аз кўњистони тољик будаанд, набояд гумон кард, ки байзоият хоси ин тоифаи миллат будааст. Мафњуми байзоият чи кўњистониёни Бухоро, чи эрониёни мањалї, чї бухороиён ва гайра тољикони минтаќањои гуногунро фаро гирифтааст, моњияти он барљастатар аз њама дар фаъолияти се байзоии мазкур ва чанд эронии бухорої ифода шудааст. Ин нукта низ бояд ба такрор таъкид шавад, ки бештарини эрониёни Бухоро дар нимаи дувуми садаи 19 дигар тољик шуда буданд ва дар замони шўравї тољик ба шумор омадаанд. Ба њар њол дар садаи 19 њам эрониёни Бухоро дар тазоди «турку тољик» худро ба бахши дувуми ин мафњум медароварданд. Бисёр рўњониёне, ки аз шањри Бухоро, тумонњои атрофи он, вилоятњои марказии аморат буданд, ба рисолати таърихии худ хиёнат карда, ба байзоиён пайвастанд ва юѓи итоати комили манѓитиёнро ба гардан гирифтанд. Њангоме ки таърихномањои садаи 19 ва 20-ро, чунончи навиштањои Айнї ва Фитратро мутолиа мекунем, бисёр иртиљоъиёнро мебинем, ки аз шањри Бухоро ва тумону вилоятњои атрофи он будаанд. Иртиљоъ, хиёнат, ситам ва монанди инњо чун одамият, ватандўстї, миллатпарварї ва ѓайра мансубияти љуѓрофї ва миллї надорад. Байзоият низ чунин аст. Инро аз як мисоли хурд метавон дид. Чунонки устод Айнї дар «Таърихи амирони манѓитияи Бухоро» чун аз террори дањшатангези соли 1918 сухан меронд, гуфтааст: «Ќозикалон Бурњониддин, раис Мусанниф, вакил Ќутбиддин, Ибодуллоњ ва мулло Холмурод, аз ањли дарбор: Имомќул, Њољї Латиф Ањрорќул, аз ањли бозор: Ќоршибек, Усмони Аттор доди хунрезї ва торољи моли мардумро
144
доданд».277 Аз ин дањ нафар медонем, ки Бурњониддин аз ањли кўњистон буд, Имомќули хазинадор, ки яке аз палидтарин дарбориён буда, разолати ўро Фитрат ва Садри Зиё ва Айнї хеле барљаста нишон додаанд, шояд аз туркон бошад. Мулло Холмурод гўё марѓинонї будааст. Боќї њама агар хато накунам, аз Бухоро ва атрофи он буданд. Бархе аз инњо дар як давраи мањдуд ва андак муддат, бархе солњои сол, аммо хонандони Байзо дар давоми умри чанд насл дар љомеа наќши иртиљоъї доштанд. Таассуб, манфиатљўї, њама фаъолияти иртиљоъии онњо падидае аз байзоият буд. Байзоият такягоњи асосии уруќдорї ва ба ин сабаб пушту паноњи муњофизакорї ва иртиљоъ буда,њама иртиљоъиёнро, ќатъи назар аз ин ки аз кадом минтаќаи љуѓрофї будаанд, ба оѓўш гирифта буд. Ба ин ваљњ гўшгузор меоварем, ки байзоият њаргиз мафњуми љуѓрофиёї набуда, комилан маънои иљтимоъиву сиёсї дошта, дар таърих накши иљтимоъиву сиёсии иртиљоъї гузоштааст. Њам мулло Садриддин, њам мулло Бадриддин, ба вежа Бурњониддин бисёр кўшиданд, ки њама кўњистониёни Бухороро, яъне он њамдиёрони худро, ки то рафт бештар ба Бухоро барои тањсил ё ба љустуљўи кор меомаданд, ба гирди худ љамъ бикунанд, ба худ тобеъ бидоранд, то фармонбардор ва хидматгузори беминнати хонадони Ибни Байзо бошанд. Ба ин маќсад авлоди Байзо ранг ба ранг дом нињоданд ва бештарини кўњистониёни Бухоро ба дом афтода буданд. Онњо ба авлоди Байзо, ба ин њамдиёрони олимаќому иќтидорманди худ эњтироми хос доштанд ва дониставу надониста раъйи норавои ин пешвоёни худро бе чуну чаро иљро мекарданд. Ба касофати ањли хонадони Байзо «талабаи кўњистонї» ба «талабаи тумонї» наомехта ва ни ду гурўњ то охири дањаи дувуми садаи бистум аз њам људо ва зидди њам ќарор доштанд. Чунонки гуфтем, як њадаф аз сиёсати уруќдорї људої андохтан ба љомеа буда, ба ду гурўњ таќсим шудани муллову муллобачањо як натиљаи њамон сиёсат аст, ки ба дасти се Ибни Байзо иљро гардид. Ин њам муњим аст, ки на њама зиёиёни кўњистонии Бухоро ва талабахои кўњистонии мадрасањои Бухоро сиёсати уруќдориро пазируфтанд, ба байзоиён пайвастанд ва бархе аз онњо њатто ба муќобили байзоият мубориза карданд. Чунонки байзоиён танњо аз кўњистониёну эрониён иборат набуданд, кўњистониёну эрониён низ њама байзої нашудаанд. Мо дар як фасли боло дидем, ки эрониёне ки иљрои сиёсати уруќдориро ба гардан гирифта бошанд, на њама эрониёни Бухоро, балки як бахши онњо будаанд. Кўњистониёни Бухоро ба маротиб бештар байзої шуда, вале бисёре аз онњо ба ин бало гирифтор нагардидаанд, худро аз он дур доштаанд. 10 Устод Айнї дар баёни њоли фаъолони мањфили адабии Садри Зиё шоир мулло Бурњон Муштоќии Бисмилро ном мебарад, ки кулобї будааст.278 Устод дар љои дигари «Ёддоштњо» мегўяд, ки Муштоќии Бисмил «хушгап ва њикоябоф буда, дуруштмуомилагии кўњистониро бо ширинсухании бухорої дар худ ѓун карда буд».279 Мебинед, ки кўлобї аз њамсўњбатони Садри Зиё, аз ањли мањфили ў будааст. Яъне Садри Зиё аз кўњистониён рў нагардонидааст, агар дили соф дошта ва ањли сухан бошанд, онњоро хуш пазируфтааст, чунончи аз ширинсуханї ва њикоябофињои Муштоќии Бисмил њаловат бурдааст. Устод Айнї њикояњои ширин ва пурњиссиёти «Кафш пешмонии њазрати Хоља Ўбон» ва «Духтари ноком»-ро дар ќисми дувуми «Ёддоштњо» аз забони Муштоќї овардааст. Муштоќии Бисмил ровї ва яке аз ќањрамонони асосии он њикояњо буда фољиаи духтари нокомро ба њаяљони романтикї баён намуда, расвоињои хурофотпарастии падари духтари 277
С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 177.
278
С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 10 С. Айнї. Куллиёт, љ.6, сањ. 358.
279
145
нокомро бо њаљви тезу тунд фош кардааст. Аз рўйи тасвири Айнї мулло Бурњони Муштоќї соњибдили нозук ва њассосест ва нисбат ба мутаассибони кўрдил нафрат дорад. Бешак њамин гуна хислатњо ўро ба мањфили Садри Зиё оварда буд. Мањфили Садри Зиё наљобати дили равшанфикронро зўр бахшида, ба мубориза бо байзоият сафарбар кард, ки яке аз онњо Муштоќии Бисмил будааст. Пас Садри Зиё њама кўњистониёнро бад намедидааст.њамаи онњоро «авлоди Байзо» нахондааст, «тоифаи дания» ва «љамоаи разила» надонистааст. Пас ў фаќат аз байзоиёну базоият нафрат доштааст. Садри Зиё њама умр дўстони љони аз вилоятњои гуногуни Бухоро ва Мовароуннањр доштааст. Чунончи солњои тањсил, ба вежа баъди даргузашти падараш, ки мотамдор ва дар ѓаму андўњ буд, чанд нафар њамдаму мўниси ў буданд. Ў онњоро дар Рўзномаи худ ном бурдааст: мулло Абдуссаломи Ѓиждувонї, мулло Абдулазизхољаи Азиз тахаллуси куњандизї (ќундузї), мулло Назруллоњи Бухороии мутахаллис ба Лутфї, мулло Ошурмуњаммади Бухорої, мулло Муњиддини хаттоти лаввоњ, (ки нисбааш зикр нашудааст), мулло Абдулазизи тошкандї, мулло Насриддини Ќаротегинї.280 Дар љои дигар, ки Садри Зиё њамнишинони худро номбар кардааст, дар байни онњо мулло Абдурраззоќи муфтии марѓинонї ва мулло Дўсти муфтии бойсунї њастанд281. Чунонки дидем, аз ин чанд нафар танњо баъзењо њамшањрии Садри Зиё, яъне бухорої буданд, дигарон њама омадањое аз вилоятњои дуру наздик, яке аз кўњистони Ќаротегин дигаре аз Бойсун буд. Яъне дўсти Садри Зиё аз кўњистон танњо Муштоќии Бисмил набудааст. Ѓайр аз ин Мулло Дўстмуњамади Нодири Бойсунии шоирро, ки ба Садри Зиё некињо карда буд, дар поинтар хоњем дид. Мо дар як навиштаи худ ишора карда будем, ки дар миёни дўстони љонии Садри Зиё ањли фазл аз минтаќаи Хатлон кам набудаанд. Ў дар як рисолаи худ Шањобиддин- махдуми хатлонии мутахаллис ба Афсарро аз наздиктарин дўтони худ донистааст. Садри Зиё дар бораи Афсар ва Шоњин мегуяд: «Он ду нафар ањиббои роќими саводанд282». Аз ин љумла оњанги мењр шунида мешавад. Дўстии Садри Зиё ва Шамсиддин мањдуми Шоњини кўлобї як достони дилнишин дорад. Шамсиддини Шоњин аз фаъолони мањфили адабии Садри Зиё будааст. Устод Айнї дар ќисми севуми «Ёддоштњо» мегўяд, ки Шоњин «то ба дарбор баста шуданаш њафтае як бор ба он маљлисњо (яъне мањфили адабии Садри Зиё – М.Ш.) иштирок мекард». 283 Вале баъд аз ин њам Шоњин монанди Ањмади Дониш дар мањфили Садри Зиё њамеша ѓойибона њузур дошт. Устод Айнї хабар додааст, ки « шеърњои Шоњин њамеша дар он маљлисњо хонда мешуданд ва њар шеъре ки ў гўяд, дар рўзи дувуми гуфта шуданаш ба он љо меомад »284, яъне Шоњин шеъри навашро нахуст ба Садри Зиё мефиристод. Ањли мањфил он шеърњоро мухокима мекарданд, нафосат ва маънињои нињонии онњоро падид оварда, њаловат мебурданд. Устод Айнї таъкид намудааст: «Њамсўњбатони Шарифљон-махдум њамагї ўро (Шоњинро — М.Ш.) ба некї ёд мекарданд.»285 . Аз ин мебарояд , ки ањли мањфили Садри Зиё ќадри Шоњин ва шеъри ўро медонистанд, ќадршиноси истеъдоди ў буданд. Аммо амир ва ќозї Бадриддини кўлобї, чунонки дар рисолаи «Садри Бухоро» гуфта будем, ќадри Шоњинро надонистаанд. Ўро хеле азоб додаанд. Лекин Ибни Ќурбон манѓитиён ва байзоиёнро тољикпарвар ва кўњистонидўст номидаасту Садри Зиёро душмани кўњистониён. Воќеяит дар оинайи шуури Ибни Ќурбон по дар њаво акс андохтааст. Бинед, ки Садри Зиё дар ќадршиносии Шоњин ва бузургдошти ў чињо гуфтааст. Ў дар рисолаи «Фузалои мутааххирин» Шамсиддини Шоњинро чунин таъриф кардааст: «Ба ѓоят зањину фањим, мулоимхўву њалим, дар шоирї беназир, дар хаттотї беадил буд. Дар аксари улум соњиби вуќуф, аз ѓолиби фунун бохабар, хоса дар шоирї аз тамоми муосирон мумтоз буд286». Дар нигоштањои Садри Зиё дар бораи Шоњин маълумоти муњим зиёд омадааст. Ин миќдор маълумоти мўътамади холисона, ин ќадар эњтиром ва мењру муњаббат, ки дар осори Ниг: Рўзномаи Садри Зиё, сањ. 126-127. Њамон асар, сањ. 208 282 Садри Зиё. Набзе аз гузоришоти ањволи бандаи шикастабол,дастнависи Пажуњишгоњи шарќшиносии Тошканд,№1304, сањ. 137. 283 С. Айнї. Кулиёт, љ. 7, сањ,29 284 Њамон љо. 285 Њамон љо 286 Ниг: Садри Зиё. Тазкори ашъор. Тењрон, Суруш, 1380=2001, сањ. 310 280
281
146
Садри Зиё нисбат ба Шоњин њаст, дар њељ яке аз сарчашмањои адабии он замон ба дид намеояд. Тазкираи Садри Зиё «Тазкори ашъор» барои тарѓибу ташвиќ ба сурудањои маорифпарвароне чун Ањмади Дониш, Шамсиддини Шоњин ва дигарон, барои шарњу эзоњи эљодиёти онњо, ба вежа барои њимояи онњо аз њамлаву њуљуми мухолифон, барои радди носазои манѓитиён ва байзоиён дар њаќќи онњо навишта шудааст, ки мо дар ин бора дар як маќолаи дигари худ сухан рондаем. Маълум мешавад, ки ањли дарбор ва рўњониёни расмї (аз љумла ќозї Бадриддини хатлонї) ба Шоњин муносибати баде доштаанд. Садри Зиё мегўяд, ки ба Шоњин лозим омад ба дарбори амир Музаффар «ночор бояд њамеша бо одамони мухолифи маслаки худ мусоњиб шуда, ба ин як љамоаи нархар, ки њар як маѓрури кисаву камар буда, аз фазлу њунар хабар надошта, соњибони фазлу камол ба назарашон хору залил менамуд, дору мадор кунад»287 Садри Зиё бо њамин «љамои нархар» — хоњ манѓитї бошанд, хоњ байзої, мубориза мекард ва азизоне чун Шоњинро њимоя мекард. Аммо Ибни Ќурбон имрўз њамон «љамоаи нархар»-ро (ба такрор мегўем) ситоиш ва Садри Зиёро накўњиш мекунад. Ба пиндори ў њамон љамоаи манфур тољикиятпарвар ва илмдўст будаанду Садри Зиё душмани кўњистониён! Аљаб пиндори нораво. Шамсиддин-махдуми Шоњин дар ќасидаи машњураш, ки ба мадњи Садри Зиё сурудааст, мегўяд: Не бар ман эътимод касеро, на эътибор, Не бар ман илтифот касеро, на ихтиёр. Инак дар ин диёр манам аз сафои табъ Ойинае ки ќадр надорад ба Зангибор. Ин аст, ки Шоњин хор шуда буд, ба дарбор, ба назари амир Абдулањад ва дарбориёни љоњил («љамоаи нархар» ба гуфти Садри Зиё) эътибор надошт, муњимтар он ки «ихтиёр» аз даст рафта буд, яъне аз майдатарин падидањои озодї мањрум шуда буд. Шоњин дар ду байти боло ва бархе аз шеърњои дигараш аз њамин хориву зорї ва «беихтиёрї» нолиш мекунад. Ин бор аз бахти баргашта ба Садри Зиё шикоят овардааст. Садри Зиё ва ањли мањфили адабии ў аз онњое буданд, ки ќадри Шоњин донистанд, ўро бенињоят арљгузорї карданд. Шоњин гўё барои ќадршиносонаш, ки дар мањфили адабии Садри Зиё буданд, барои Садри Зиё шеър мегуфт ва њамин ки гуфт, ба ин мањфил мефиристод. Ин аст, ки мањфили адабии Садри Зиё як сарчашмаи илњоми Шамсиддини Шоњин буд, аз он тасаллои дил меёфт. Садри Зиё ќадри Шоњинро баланд бардошта буд, Шоњин низ дар бораи Садри Зиё дар он ќасида аљаб байтњои олии пур аз сипос ва самимият гуфтааст: Фарзанди арљманди хидеви замонї, Бар он ки ёфт пояи давлат бад-ў ќарор. Ќозикалони шахри Бухоро ки номи ў Дар ўлќањои Рум занад кўси иштињор. Ў осмони рифъату ту моњи осмон, Ў љўйбори њикмату ту сарви љўйбор. Дасти сахои туст ба исори симу зар, Аз эњтизоз бод чу нахли шукуфадор… Мањкам бувад иродати ту бар замири ман, Чунонки сим дар дили санг аст устувор Шоњин њамеша сайди кабўтар кунад, вале Ин турфа, шуд кабўтари хулќи туро шикор. Манзури ман зи мадњи ту љуз дониши ту нест, Њаргиз маро зи ањли таваќќўъ гумон мадор… Бодо туро шукуфта рухи дўст чун суман, Бодо туро кафида дили хасм чун анор. Дуои баде, ки дар охир омадааст, бисёр љолиб аст. Хасми Садри Зиё он солњо ќозї Бадриддин буд, пас ќозї Бурњониддин шуд. Имрўз Ибни Ќурбон аст. Шоњин њамдиёри худро ба хотири Садри Зиё дуои бад кардааст. Дуои бади Шоњин дар њаќќи Бадриддину Бурњониддину мустаљоб шудааст, ки имрўз њар ду дар пеши таърих рўсиёњанд. Банда њаргиз 287
Садри Зиё, њамон асар, сањ. 313.
147
раво надорам, ки дуои Шоњин дар њаќќи Ибни Ќурбон њам мустаљоб шавад. Аз эњтимол дур нест, ки Ибни Ќурбон хатои худро бифањмад ва гуноњи худро бишўяд. Ин эњтимол њам њаст, ки Шоњин хасми Садри Зиёро хасми худ медонист. Дар он пораи мадњияи Шоњин, ки дар боло овардем, се байти аввал дар мадњи ќозї Абдушшакури Оят падари Садри Зиёст. Чунонки дидем, ќозї Абдушшакури Оят ва ќозї Садриддини Байзої душмани якдигар буданд, аммо Шоњин тарафи њамшањрии худро нагирифтааст ва дар бораи Оят бо эњтироми тамом шеър сурудааст. Лекин дидгоњи Шоњин дар назари Ибни Ќурбон ањамият надорад. Сухани Шоњин чунонки дар пеши ањли дарбори Манѓития эътибор надошт, ба назари Ибни Ќурбон низ эътибор надорад ва аз ин рў Ибни Ќурбон ба чењраи Абдушшакури Оят аз бинишгоњи ибни Байзо менигарад ва арзиш медињад. Меъёри арзёбии шахсиятњои таърихї ва рухнамудњои њар замонеро аз фањмиши пешќадамони ваќт бояд љуст, на аз носазоњои иртиљоъиён, вале Ибни Ќурбон баръакс амал мекунад. Шоњин Абдушшакури Оятро «хидеви замон» ва «осмони рифъат» ва «љўйбори њикмат» номидааст. Банда дар ин маврид на ба гапи Ибни Байзо ва Ибни Ќурбон, балки ба сухани волои Шоњин, ки «манзури ў љуз дониш» набудааст, бовар мекунам. Дар як порае, ки аз сухани Садри Зиё дар боло овардем, гуфта шудааст, ки дарбориён «мухолифи маслаки» Шоњин буданд, байни Шоњин ва онњо мухолифати маслакї вуљуд дошт. Чунин мухолифати маслакї дар миёни Шоњин ва ќозї Бадриддини байзої низ мављуд буд. Дар мањфили Садри Зиё яке аз мавзўъњои сўњбат њамин мухолифат ва падидањои он, инчунин мазаммати рафтору кирдори ќозї Бадриддин ва иљрогарони сершумори фармоишњои ў будааст. Зиддияти миёни ањли мањфили Садри Зиё ва ќозї Бадриддин на ба он сабаб будааст, ки Бадриддин кўњистонї буд, балки ба он ваљњ будааст, ки ў байзої буд. Зиддияти байни ањли мањфили Садри Зиё ва Ибни Байзо падидае аз њамон «мухолифати маслакї» буд. Муборизаи маорифпарварон ва байзоиён на муборизаи байни мардуми минтаќањои гуногун, на муборизаи мањалгарої, балки талоши аќидатї ва ѓоявї буд. Аз ин љост, ки ањли мањфили Садри Зиё бо Шамсиддин-махдуми Шоњини Хатлонї дўст, бо Бадриддини Байзоии Хатлонї душман будаанд. Њамчунон ки байзоият мафњуми љуѓрофиёї набуда, маънои иљтимоъиву сиёсї дошт, људої ва мухолифат дар байни муборизон на аз рўйи нишонањои љуѓрофї, балки аз рўйи марому маслак рўй дода буд. Ба њамин сабаб дар мањфили Садри Зиё бухорї, балхї, ќундузї, марѓилонї, ќўњистонии ќаротегинї, бойсунї, кўлобї ва ѓайра якљо гирд омада, ва муттањид шуда, бо байзоият мубориза мекарданд. Аз ин рў Садри Зиёро душмани кўњистониён ба ќалам додан, чунонки Ибни Ќурбон дар «Фавоњиш»- и худ кардааст, дуруст нест. Содиќхољаи Гулшанї, ки дар китоби «Таърихи њумоюн» кўњистони Бухоро ва кўњистониёнро бисёр ситоиш кардааст. (ва суханони ўро Ибни Ќурбон зиёд овардааст), аз ањли мањфили Садри Зиё буд. Устод Айнї дар ќисми 3-юми «Ёддоштњо» хабар медињад, ки Содиќхољаи Гулшанї «бо Ањмад-махдуми Дониш њамгузар буда, њафтае чанд бор ба сўњбати ў мерасид»288. Гулшанї аз сўњбати Ањмад-махдум ба мањфили Садри Зиё меомад, аз ононе буд, ки ин ду маркази маорифпарвариро ба њам пайвастаанд. Ба гуфти устод Айнї Гулшанї ба ин тариќ «зиндагии озодона ва маорифпарварона»289 ба сар мебурд. Даргоњи Ањмади Дониш ва муњити мањфили Садри Зиё барои ин «зиндагии озодона ва маорифпарварона», барои ин ки фикри љўянда бештар ба љавлон биёяд, роњ боз кард. Аз ин озодиандешї равшангарї як натиља ин шуд, ки њарчанд Гулшанї монанди њама ањли мањфили Садри Зиё душмани ќозї Бадриддини байзої буд, ба кўњистон низ сафар кард ва дар китоби «Таърихи њумоюн» кўњистониён, ба вежа илмдўстии онњоро бо мафтунї таърифу тавсиф кард. Ин китоб падидае аз андешаи маорифпарварї буда, наќше аз фазои маънавии мањфили Садри Зиё дар худ дорад. Маорифпарварї, аз љумла мањфили Садри Зиё миллатро ва минтаќањои гуногуни кишварро ба њам наздик ва муттањид мекард ва китоби Содиќхољаи Гулшанї «Таърихи њумоюн» аз њамин роњ ба майдон омад. 11 Пешдоварї ва аз роњи бадѓаразї наздик шудан ба масъалањо хавфе азим дорад, ки гоњ метавонад пажўњишгарро ба бадтарин роњњои ѓалат барад. Ба Ибни Ќурбон, ки Садри Зиёро душмани кўњистониён пиндошта, кўхистониёнро тољикони асил ва «беолоиш» эълон кардааст, лозим омадааст, ки њатман Садри Зиё ва 288 289
С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 21 Њамон асар, сањ. 32
148
бисёр равшанфикрони Бухороро хоини миллат, туркпараст, руспарвар вонамуд бисозад. Ин яке аз моддањои асосии фавоњишномаи ўст. Ибни Ќурбон аввал хулосаи калоне бароварда бо каљфањмї мегўяд: «Аз навиштањои дигари ў (Садри Зиё— М.Ш.), ки дар китоби «Наводири зиёъия» дар ќисмати (ё китоби) «Тарљумаи њоли муаллиф» мусаббитанд (вале дар нусхаи чопии он сарфи назар шудаанд) бармеояд, ки барои ў чањорчўбаи мањалпарастї тангї мекунад ва кўшиш ба харљ медињад, ки намояндагони миллати кўчии минтаќаро ба тољикон тафзил дињад (яъне миллатфурўшї кунад), ки гўё аслан дар табори ў тољикнасабї нест, ё худи ў ба ин ќавм бегонааст»290. Далели ин даъвои калони Ибни Ќурбон он будааст, ки Садри Зиё гўё амирони Бухороро сарзаниш мекунад, ки «барои чї асилзодагон — яъне намояндагони ќабоили ўзбакро аз корњои давлатї дур ва ба љои онњо тољикони кўњистонро соњибмансаб кардааст?»291. Сипас Ибни Ќўрбон ин гуфтањои Садри Зиёро далел овардааст: «Музаффархон мисли падараш соњиби рои мустаќим набуд, дунёдўст буд, аз умарову уламо онон, ки мунофиќи хушомадгўй буданд, ривољ медод, маносибу мадохили умарои наљиби элотияро (бодиянишинони туркро — И. Ќ.) ба ѓуломон (яъне ба эрониён-И.Ќ.) тафвиз кард»292. Оре, ин љо Садри Зиё он кори амир Музаффарро, ки «умарои наљиби элотия»-ро аз мансабњову мадхалњо мањрум сохта, ба љои онњо эрониёнро бардошта буд, кори нодурусте донистааст. Ва сабаби ин арзёбии худро чунин эзоњ додааст, ки амир ба ин кор «мунофиќону хушомадгўёнро ривољ медод», яъне мансабњову мадхалњоро, на ба онњое, ки сазовор буданд, балки ба чоплусони гапдаро ва фармонбардор арзонї дошт. Дар чунин марвидњо Садри Зиё ба «умарои наљиби элотия» бартарї додааст, онњоро ба «маносибу мадохил» муносибтар донистааст. Ин љо њаќ ба љониби Садри Зиёст. Турк аст, ё тољик, марди њаќконї, кордон, вазифашиносро ба мансаб гузоштан лозим буд. Ва имрўз низ чунин бояд. Дар ин масъала Садри Зиё пайрави Ањмади Дониш буд ва андешањои ўро пайгирї кардааст. Ањмади Дониш амир Насруллоњ (падари амир Музаффар) –ро коњиш карда буд, ки «аз љињати баќои давлати худ њама ашхоси элдорро ба замин мутаќоид намуда, аксар тољику мардуми мусофирро ба сарири маносибу аъмол баровард»293. Аз эњтимол дур нест, ки ин љо «тољик» ба маънои эронии мањаллї бошад. Манзур аз «мусофир» њамоно тољикони кўњистон аст. Ба њар њол Ањмади Дониш аз мансабу амалњо мањрум кардани «ашхоси элдор»-ро маъќул надонистааст. Ин гуна андешањо дар Рисолаи Ањмади Дониш чанд бор омадааст. Хайрият, ки Ибни Ќурбон китоби Ањмади Донишро нахонда будааст, вагарна ўро манѓитпараст ва пантуркист мегуфт. Дар ањди манѓития бисёр воќеъ шуда буд, ки амире дар сари хашм сардорони ќабилањои турк ва намояндагони элу улусро аз сари кор дур ронда, аз мансабу амал мањрум мекард ва ба андак сабаб ба куштан медод. Дар ин сурат мардуми баъзе ќабилањо ва сардорони онњо сахт ранљида, чун фурсат даст дод, шўриш мебардоштанд, байни онњо ва њукумати марказї љанг бармехост, хунњо мерехт. Аз ин рў, ањли фањм бисёре аз равшанфикрони тољик беинсофї дар њаќќи «умарои элотия»-ро сахт мањкум карданд. Чунин мавќеияти зиёъиёни тољик аз чанд љињат ањамияти калон дошт. Якум он ки онњо адлу инсофро на танњо нисбат ба худ ва халќи худ, балки барои њама, барои турку тољик мехостанд. Чунин мавќеъияти зиёъиён дар замони маорифпарварї (аз Ањмади Дониш сар карда) ќувват ёфт. Дувум он ки бењуда љазо дидан ё кушта шудани намояндагони элотия боиси хунрезї шавад, хуни халќ мерехт, аз љумла тољикон талафоти љониву молї медоданд, аз ин љост, ки Ањмади Дониш, дигар маорифпарварони тољик, аз љумла Садри Зиё ба муќобили ин одати туркњо,ки кадомашон дар мубориза пирўз шуда бошанд ќабилањои маѓлуб, сардорон ва намояндагони баэтибори онњоро аз дами шамшер мегузарониданд, ба муќобили падидањои гуногуни ин одати шум эътироз доштаанд. Садри Зиё боз аз як љињати дигар тарафи сарварони элу улуси туркро гирифтааст. Вай мегўяд, ки чун амир мансабњои сипоњиву низомиро ба њар бањона аз баъзе туркњо гирифта ба эрониёни мањаллї дод, ё ин ки умарои туркро ба тобеъияти эрониён нишонд, низ беинсофї рўй дод, ки туркњо ба вежа умарои турк мутеъи ѓуломон шуданд ва инро ор медонистанд. Садри Зиё он «умарои элдор»-ро, ки ба чунин пастї сар фуровардаанд, сахт Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 20 Њамон љо. 292 Садри Зиё. Наводири зиёъия, вар. 8а 293 Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 19. 290
291
149
сарзаниш мекунад. «Онон ки умарои элдор ё амирони соњибњунари номдор буданд… тарки номусу ор карда, ѓуломвор ба хидмати ѓуломон камари ѓуломиву хидматгорї ба миёни љон баста».294 Ибни Ќурбон аз ин суханони Садри Зиё аљаб хулосањое баровардааст, ки ба ин маврид рабте надоранд. Як хулосаи ў аз ин гуфтањои Садри Зиё ин аст: «кўњистониёнро то дараљае бад мебинад, ки…»295 Алњаќ «дењ куљову дарахтон куљо?». Мантиќи бисёр хулосањои Ибни Ќурбон монанди он аст, ки гуфтаанд: Табар аз осмон афтоду нашкаст, Вагарна ман куљову бевафої? Ба сари маќсад биёем, бояд бигўем, ки бар масъалаи зарурати риояи эњтироми саркардањои элу улус Садри Зиё боз њам пайрави Ањмади Дониш аст. Ањмади Дониш чун аз ањди амир Музаффар ва љанги Бухорову Русия сухан меронд, сабаби зуд пароканда шудани артиши Бухороро аз љумла, чунин эзоњ додааст: «Ваљњи ин парокандагї он аст, ки руасои лашкар њама ѓуломон буданд, ки ба амир њаммактаб буданд. Элу улус хидмати онњоро нанг медонистанд»296. Ин аст, ки ѓуломонро ба сари умарои турк нишондан аз нахустин рўзњои љанги Бухорову Русия зарар овард. Ранљиши саркардањои турк аз ин, ки ѓуломе ба сари онњо гузошта шудааст, пас аз љанг низ њамеша эњтимоли фитнаву балво ва хунрезиро бо худ дошт. Ањмади Дониш, маорифпарварон, аз љумла Садри Зиё чун зарурати эњтироми саркардањои туркро хостаанд, њамоно зарурати адлу инсоф дар њар кор, инчунин њимояи манфиатњои мулку миллатро ба назар доштаанд. Дар айни њол онњо ба сиёсати ўруќдорї ва падидахои људогонаи он мубориза кардаанд. Дар ин маврид ба маорифпарварон туркпарастї ва хиёнати миллї нисбат додан аз ноогоњї ё аз бадѓаразист. Ибни Ќурбон дар чунин мавриде гуфтааст, ки Садри Зиё ориёї нест, турк аст, ўзбак аст, душмани миллати тољик аст. Ибни Ќурбон ин гуна худсарї дар натиљагириро аз устоди худ Рањим Масов омўхтааст. Р. Масов низ боре гуфта буд, ки Садри Зиё ва фарзанди ў, ки банда бошам, тољик нестанд, турканд297. Ў барои ин њукми ќатъї далелу бурњон наоварда буд. Шогирдаш Ибни Ќурбон гўё хатои ўро ислоњ кард ва далел овард. Вале далелњо ва натиљагирињои ў, чунонки дидем, мањсули худсарї ва бенизомии фикранд,ки њар мадорикро бо бадниятї ба кор мегирад. Устоди Ибни Ќурбон Рањим Масов гуфта буд (барои ин ки «ањамияти» суханони ў кам нашавад, ин бор онро ба русї айнан меоварам): «Абсалютное большинство исследователей отмечают общую, характерную почти для всех тогдашних так называемых образованных людей, поэтов, писателей—служителей режима Бухары черты: корыстолюбие, стремлене из всего извлечь для себя материальную выгоду, и холуйство которые сохранились на долгие годы, вплоть до наших дней. Все эти отрицательные, отвратительные свойства характера представителей творческой интеллегенции оказались живучи у выходцев Бухары и позже в советское время, и в наши дни»298. Мебинем, ки ин љо аз њар калима нафрат меборад, нафрат аз «тањсилдидигон, шоирон, нависандагон», аз «зиёъиёни эљодкор», ки аз Бухоро баромадаанд» («выходцы Бухары»). Баски муаллиф чунонки медонем аз кўчаи шеъру шоирї ва нависандагї, аз кўчаи «равшанфикрони эљодкор» нагузаштааст ва дар умраш боре аз мањсули эљодкории олии устодони забардасти Бухоро њаловат набурдааст ва ќобилияти њаловат бурдан надорад, ин њама тахќирро дар њаќќи онњо раво дидааст. Р. Масов бо њамин ноогоњї даъво дорад, ки зиёъиёни Бухоро ба «њокимияти манѓит» фурўхта шуда, ба миллати тољик хиёнат карда буданд (ва равшанфикрони Самарќанд, Хуљанд, Истаравшан— њама «шимолиён» низ). Ў барои исботи ин даъво боз њам далелу бурњоне наоварда буд, аммо Ибни Ќурбон як андоза «бурњони ќотеъ» овардааст. Он чи аз Ибни Ќурбон дар ин фасл овардем, гўё далели даъвоњои Р. Масов аст. Ба ин маънї ё китоби Р. Масов дар асоси китоби Ибни Ќурбон Садри Зиё. Наводири зиёъия, вар. 106 б. Ибни Ќурбон. Њамон асар, сањ. 32 296 Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 28 297 Ниг: Р. Масов. Наследие мангитской власти или о предателстве, трусости, лицемерии и беспрнципности, как позорных явлениях нашей истории. Душанбе, 2002, стр.18. 298 Њамон асар, сањ. 15. 294
295
150
навишта шудааст, ба он такя дорад ва дар асоси маводи он хулосањои «илмї» бароварда, худи он маводро зикр накардааст ва ё баръакс китоби Ибни Ќурбон дар асоси китоби Р. Масов барои исботи хулосањои он ба майдон омадааст. Ба њар сурат ин ду китоб ба њам вобастагї доранд. «Бурњони ќотеъи» Ибни Ќурбон њамон аст, ки гуфтем: Садри Зиё ѓами саркардањои элотияро хўрдааст (аз мансабу амалњо ронда шудани онњоро коре нодуруст шуморидааст), аммо кўњистониёну эрониёни Бухороро мазаммат намудааст, дар бораи онњо суханњои тањќиромез гуфтааст. Ба такрор мегўем, ки дар бораи «умарои наљиби элотия» «ѓамхорї» кардани Садри Зиё, инчунин Ањмади Дониш ва дигар маорифпарварони тољик моњиятан ѓамхорї дар њаќќи мардуми тољик буд ва онро яке аз падидањои мубориза бо сиёсати уруќдорї бояд донист. Зеро агар ќабилае аз туркњо биранљад ва шўриш бардорад, дар љанг хуни мардуми бумї, яъне тољикон мерехт. Туркњо дар Варорўд бо якдигар њам биљанганд, хуни тољикон мерехт. Маорифпарварон њамин балоро аз сари мардуми тољик дафъ кардан хостанд. Бо њамин «далелу бурњони» Ибни Ќўрбон, ки намунае аз каљфањмї ё каљфањмонист, ба поён расидааст ва чунин натиљагирии пурдаъво омадааст, ки чунончи дидем, гўё барои Садри Зиё «чањорчўбаи мањалпарастї тангї мекунад» ва ў ба «миллатфурўшї» мепардозад. Дар асоси як далели бебунёд аз рўйи бевуќуфиву каљфањмї чунин даъвои калон пеш рондан ба диди мо нињояти бемасъулиятист. Садри Зиё барои дафъи балои хунрезї кўшида бошад, Ибни Ќурбон ин кўшишро миллатфурўшї меномад, ки худ як разолати байзоист. Ин моддаи фавоњишномаи Ибни Ќурбон, ки Садри Зиёро миллатфурўш ќаламдод кардааст, он моддаи айбномаи Р. Масов, ки ба зиёъиёни Бухоро, њатто ба њама «выходцы из Бухары»— мардуми шарофатманди Бухорои Шариф «корыстолюбие» (манфиатљўї), «холуйство» — (чоплусии ѓуломона) ва дигар «отвратительные свойства» — (хислатњои нафратангез) нисбат додааст, бо камоли ќатъият рад мешавад, бўњтон аст, натиљаи он аст, ки бо бадѓаразии фоњиш пархошгарони роњи маорифпарварї, растагории миллї ва эњёи маънавии миллатро бадном кардан мехоњанд. Маќсад аз ин кўшишњои хилофи манфиатњои имрўзии миллат њамоно об лой карда моњї гирифтан аст. Моњие, ки аз оби лой гирифтан мехоњанд, сафед кардани байзоиён аст. Барои ин ки бегонапарварии хонадони Байзо ва уруќдории онро рўпўш бикунанд, аз равшанфикрони њаќгўй ва муборизи Бухоро айбњои туркгарої ва хиёнати миллї љустаанд. Ибни Ќурбон барои ин ки байзоиёнро сафед бикунад ба сиёњ кардани маорифпарварон мепардозад. Ў мисли Р. Масов вожаи «маорифпарварї» -ро ба забон нагирифтааст, љуръат накардааст, ки ба маорифпарварон фавоњиш бигўяд. Вай аз «љадидон» ва «зиёъиёни шањрї» гиребонгир аст, онњоро фўњш медињад. Гўё бо ин ки Алї Хољаро Хоља Алї гуфтааст ба чашми хонанда хок пошиданист. Њоло бубинем, ки бо ин хокпошї то куљо расидааст.
12 Дар ин љо лозим меояд, ки боз як бор ба он «назарияи» Ибни Ќурбон, ки Бухорои садаи 19-ро як «сарзамини туркзада» номидааст, баргардем. Мо нодкрустии ин аќидаро дар боло дар як фасли алоњида аз назар гузаронида будем. Њоло ба пањлўњои дигари масъла нигоњ андохтан зарур менамояд. Он пиндори Ибни Ќурбон, ки Бухоро дар ќарни 19 «сарзамини туркзадае» буд, аз «омўза»-њои устодонаш Р. Масов ва С Табаров ѓизо гирифтааст. Мо инро низ хотиррасон карда будем. Устодони ў ва њамфикрони онњо, ки кам нестанд, чунин талќин доранд, ки мардуми Бухоро ва Самарќанд њама водињои фарњангии бостонї, њама марказњои тамаддуни шањрии Мовароуннањр кайњо турк шудаанд. Ба гумони Р. Масов агар дар он љоњо њанўз як мушт тољик монда бошад, њамоно мутеъи туркњо, миллатфурўшу хоин аст. Аќидаи Р.Масов дар китоби «Мероси њукмронии Манѓития» («Наследие мангитской власти») њамин аст. Бояд гуфт, ки оѓозгоњи чунин «аќида»-њоро аз навиштањои пантуркистњо бояд биљўем. Нависандагони баъзе осори илмиву адабї, ки рўњияи панўзбакистї доранд ва бархе аз шарќшиносон низ чунин вонамудан мехоњанд, ки њатто аз садањои 11-12, ба
151
вежа пас аз истилои муѓул гўё дар Мовароуннањр, њама ањолї турк шудаанд, тољикон љо-љо ва хол-хол мондаанд ва гўё дар љазирањои уќёнуси беканори туркњо зистан доранд, то имрўз фаќат дар баъзе шањрњо андаке мондаанд. Ин вонамуд аз љумлаи тањрифоти таърих аст. Аз нигоштањои устод Айнї маълум мешавад, кї ў он чиро ки назарияи «зисти хол- холи тољикон» тавон номид, ќабул надорад. Навиштањои академик Бобољон Ѓафуров, аз љумла китоби «Тољикон» низ зимнан бар зидди он «назария» равон шудааст. Аммо чанде аз таърихшиносони имрузаи Тољикистон ба осиёи «таърихсозони» панўзбакист об мерезанд. Пешвоёни муборизаи шимолситезї дар Тољикистон даъвоњои туркпарастонро барои зидди њам гузоштани тољикони кўњистонї ва водинишин истифода мекунанд. Бинед, С. Табаров чї мегуяд: «Таърих гувоњ аст, ки дар муддати зиёда аз 1000 сол ањолии Фарѓона, Тошканд, Хоразм, Чимќант, Ўш, њатто то андозае Бухоро, Самарќанд ва дањњову садњо «марказњои бостонии» тољикнишин ќариб ўзбекзабон, ќирѓиззабон, ќазоќзабон ќароќалпоќзабон гардиданд ва ќариб аз «худшиносии иљтимоъиву маънавии шањрии тољикиашон мањрум гардиданд. Аммо мардуми худшиносии иљтимоъиву маънавии ноњиявї» доштаи Кўњистон ва Бухорои Шарќї анъанаву суннат, забону адабиёт, илму маданият, њунару санъат, психология, урфу одат ва дигар сифатњои муњими миллии тољикии хешро њифз намудаанд»299 Чунонки мебинед, водињои таърихии фарњангї ва марказњои тамаддуни шањрї зиёда аз 1000- сол боз тољикият аз даст додаанд, аммо кўњистон «сифатњои муњимми милли тољикии хешро њифз намудааст». Ин љо С. Табаров (агарчи гоњ вожаи»ќариб»-ро ба кор мебарад) аз соњибони «назарияи» «зисти хол-холи тољикон» њам пештар рафтааст. Ин пешрафти С. Табаров дар тарљумаи русии он китобаш боз њам ќатъитар ифода гардидааст. Аз хонандаи азиз барои боз як такрор узр мехоњам ва тарљумаи русии он пораро меорам, то «тараќќии» фикри С. Табаровро бубинанд. «История свидетельствует, что в период свыше двух тысяч лет (на зиёда аз 1000 сол!) население Мерва, Хорезма, Ташкента, Ферганы, Чимкента, Джалалабада, Оша, Тараза и в некоторой степени Бухары и Самарканда и десятков и сотен «древних центров», населенных таджиками, почти полностъю стало тюркоязичным-узбекоязычным, туркменоязичным, киргизоязичным, казахоязичным, каракалпакоязычным и почти потеряло свое городское таджикское «социально - духовное самосознание». В то время как представители «провинсиального социально- духовного самосознания» Кухистана и Восточной Бухары защищали свои историчекие традиции, предписываемые шариатом религиозные обряды, обычаи, сохранили литературу, науку и культуру, искусство, психологию и другие важнейшие национальные и духовные цености и донесли их до нашего и будушего времени»300 Ба фикри мо ин як тасаввури нодуруст дар бораи таърихи тољикон ва ањволи кунунии онњост ва тањќиромез дар њаќќи тољикони водињост, ки гўё нахостанд забону фарњанги худро њимоя кунанд. Дар тарљумаи русї ќатъияти њукми С. Табаров чї дар сарзаниши тољикони воњањои фарњангї ва чи дар таъкиди асолати фарњангии тољикони кўњистон, зидгузории ин ду бахши миллат хеле зиёд шудааст, дар ќисми якуми сухан муболиѓаи пантуркистї ва дар ќисми дувуми он худситоии музофотї афзоиш ёфтааст. «Љавњари фикри» С. Табаров њамин аст, ки ба як ривоят «в некоторой степени»- то як андоза, ба ривояти дигар «почти полностью»- ќариб тамоман (ки ин ду таъбир мантиќан хилофи якдигаранд ва якдигарро аз њисоб соќит мекунанд) дар вилоятњои номбурда тољик намондааст ва агар андаке њаст, ноасил аст, аммо тољикони кўњистон асиланд, сифатњои муњими миллии худро њифз кардаанд. Ман њайронам, ки агар чунин бошад, чаро Ањмади Дониш ва Садриддини Айнї ва дањњо фарзандони намоёни миллат аз водињо зуњур кардаанд, на аз кўњистон? Дар ёд дорем, ки солњои 1989-1990 ва 1991 бархе аз «зиёъиёни» тољик, њатто чанде аз шоирони номдор даъво карданд, ки фаќат тољикони фалон вилояти кўњистон асиланд ва хунашон тоза аст, хуни дигар тољикон вайрон шудааст. Инро њам бояд фаромўш накунем, ки ин даъво яке аз сабабњои љанги дохилии соли 1992 дар Тољикистон буд. Ин њам донистанист, ки мањз бадхоњони миллати тољик, онњое ки рўњияи пантуркистї С. Табаров. Мубоњисаи «зиёии дењотї» ва «музофоти шуур» бо «зиёии шањрї» ва шањришуур». Душанбе, Осорхонаи миллии бостони Тољикистон, 2003, сањ.5 300 С. Табаров. Спор «деревенского интеллигента» с «городским интеллигентом», Душанбе, 2004, сањ.7 299
152
доранд ва њамеша кўшидаанд, ки тољиконро ба кўњу дарањо биронанд ва аз боќимондагони водињо ба зўр турк бисозанд, мањз чунин бадниятон афсонањое пањн мекунанд, ки кадоме аз тољикон асиланд ва кадоме ноасил. Афсўс, ки баъзењо аз худи мо ба ин афсонањо бовар мекунанд, аз ин афсонањо бо бадѓаразї дастури амал мељўянд. Ба он афсона ки гўё тољикони водињои фарњангии Фарорўд дар љазирачањои уќёнуси туркњо зист доранд, набояд бовар бикунем. Дар њељ асру замоне ин њолат рўй надода буд ва имрўз њам рўй надодааст. Банда дар як навиштаи худ дар ин бора чанд далел оварда будам. Њоло дар омади гап боз андак баъзе далелњо ёдрас меоварам. Мо њоло аз ин, ки ковїшњои бостоншиносї назарияи «зисти хол-холи тољиконро» дар водињои Фарорўд тасдиќ накардааст, чизе намегўем ва инро баъзе бостоншиносон навиштаанд. Мо алъон танњо инро хотиррасон мекунем, ки Алишери Навої дар «Муњокиматуллуѓатайн» мегўяд, ки дар замони ў, яъне дар садаи 15 њама туркњо форсиро медонистанд, аммо сортњо (тољикон) туркиро намедонистанд. Аз ин мебарояд, ки пас аз истилои муѓул, њатто дар ањди Темуриён њам дар Осиёи Марказї туркњо камтар ва тољикњо бештар будаанд. Одатан камтарњо забони бештарњоро ёд мегиранд ва мепазиранд. Пас дар замони Љомиву Навої тољикон аксарияти мутлаќро ташкил мекардаанд ва аз њамин сабаб туркњо забони форсиро медонистанд ва онњо туркиро намедонистанд. Агар он гоњ тољикон дар шумора бартарї намедоштанд, фаќат бо нуфузи фарњангї наметавонистанд, ки нуфўзи забони худро дар байни туркњо љорї бикунанд. Нуфузи фарњангї барои интишори як забон дар байни халќи дигаре он гоњ коргар меояд, ки бо бартарии сиёсї ва низомї ва ё бо бартарии ададии соњибони он забону фарњанг таќвият ёфта бошад. Ва њол он ки тољикон дар садаи 15 на њокимияти сиёсї доштаанд, на бартарии њарбї ва зўроварии љисмонї, фаќат дар шумора ва тавоноии фарњангї дастболо буданд ва аз ин сабаб забонашон дар байни туркњо интишор ёфт. Алишери Навої дар «Муњокиматуллуѓатайн» бисёре аз калимањои туркиро мисол овардааст, ки ба забони форсї гузаштаанд ва сортњо он калимањоро дар гуфтор ба кор мебурдаанд (ва шояд ба навиштор кам роњ ёфта бошад). Ин хотиррасони Навої нишон медињад, ки мардуми тољик худро аз забону фарњанги туркї канор нагирифтаанд, ба он майлу раѓбат доштаанд, то он љо ки зарур аст, аз он истифода кардаанд. Чунонки, њар халќе дар њар асру замон аз халќњои њамсоя вожагони гуногун, номи ашё ва истилоњот ба вом мегиранд, тољикон аз туркњо низ вомгирї кардаанд. Валле туркњо нисбат ба тољикон ба мавќеъи њамсояи наздик буданд, ки вомгирии тољикон аз забони туркї ба гувоњии Навої хеле зиёд рўй дода буд. Лекин бархўрди забони форсї бо туркї ба њар њол дар сатњи вомгирї мањдуд монда бошад, бояд бидонем, ки туркњо аксарияти ањолиро ташкил накардаанд, дар маъишат бо мардуми бумї наомехтаанд. Аз ин рў бархўрди забон ба марњилаи фарогирии комили забони истилогарон аз тарафи бўмиён њанўз нарасида буд. Агар тољикон фаќат дар љазирањои уќёнуси туркњо мебуданд, забони туркї кам-кам худ ба худ ноаён аз худ мегардид ва тољикон туркигўй мешуданд. Аз садаи 16 боз як мављи бузурги туркњо ба Фарорўд сарозер шуд, вале дар садањои 17-18 њам дар вазъи забонии ин сарзамин дигаргунии куллї рўй надод. Дар садаи 17-18 њам туркї надонистани тољикон ва тољикї донистани туркњо њамчунон идома дошт ва дар миёни ањолии бумї дузабонї кам ба назар мерасид. Дар Фарѓона аз охирњои садаи 18 дузабонии тољикон афзоиш ёфт ва дар баъзе вилоятњо, чунончи Тошканд, баъзе љойњои Фарѓона ва ѓайра тољикон маљбуран ё ихтиёрї ба забони ўзбекї гузаштаанд. Он тољиконе ки забони ўзбекиро пазируфтаанд, дар садаи 19 њанўз дузабонї буданд ва дар водињои сабзу хурами Фарорўд њама љо забони тољикї садо медод. Фаќат дар охири садаи 19 дар баъзе љойњо чунин њолат рўй дод, ки ўзбекњо дар пањлуи тољикњо зиндагї кунанд њам, забони тољикаро намедонистаанд. Он таносуби забондонї дар байни тољику турк, ки Навої ќайд кардааст, фаќат аз ќарни 18-19, ба вежа пас аз он ки Фарорўд ба тасарруфи Русия даромад, љиддан дигаргунї пазируфт. Бо вуљуди ин њам забони тољикї дар садаи 20 аз њељ минтаќаи Фарорўд ба куллї нест нашудааст. Мо худ шоњиди ин њастем. Ба њамин сабабњост, ки яњудиёни Фарорўд аз нахуст то садаи 20 ба тољикї гап мезаданд. Яњудиён дар баъзе љойњо ўзбекиро омўхта бошанд њам, хуб намедонистаанд. Забони модарии онњо тољикї буд. Ин гувоњї медињад, ки забони мардуми он шањрњо тољикидон њастанд.
153
Бино бар ин бояд исрор бар ин дошт, ки тасаввури С. Табаров ва бисёр касони дигар, ки гўё тољикони водињои Фарорўд чанд сад сол боз туркигўй ва турк шудаанд, ба њаќиќат рост намеояд. Амир Абдулањадхони манѓит (даргузашти ў 1910) дар сафарномаи худ ба муносибате навиштааст: «Бар зоњир аст, ки ањолии Бухорои Шариф ва ќурои муттасила бар он дар боби фатонату закоиб ва софии зењну ќобилият аз мардуми атроки бодиянишин ба дараљот имтиёз доранд (…) Агар дар илми низом њам муаллими моњире бошад,ки хусусияти ин фанро таълиму талќин намуда, фармояд, њар ойина бар фирќаи атрокиву ќазоќия руљњон хоњанд ёфт»301 Аз љумлаи якуми ин пора ба тамом равшан аст, ки дар њудуди садаи 19 ва 20 «ањолии Бухорои Шариф ва ќурои муттасила бар он» асосан тољик буданд ва аз љињати шумора низ ба «мардуми атроки бодиянишин» бартарї доштаанд. Инро амири манѓит иќрор овардааст ва бояд ба гапи ў бовар кунем. Маълум аст, ки дар оѓози садаи 20 ањолии аморати Бухоро 75 фоиз тољик буд. Аз ин рў њангоми марзбандии миллии соли 1924 бояд тамоми хоки аморати Бухоро ба Тољикистон дода мешуд. Ва вилояти Самарќанд, Истаравшан ва љануби Фарѓона низ бояд ба њудуди Тољикистон дохил мегардид. Аммо шўравиён инро нахостанд ва фаќат дар Бухорои Шарќї (марказ ва љануби Тољикистони кунунї) љумњурие барои тољикон таъсис доданд. Чаро ин тавр шуд? Чаро соли 1924 фаќат дар нўги кўњњо љумњурии хурде ташкил карданд? Ва соли 1929 низ фаќат андак аз љануби Фарѓона ба Тољикистон доданду бас. Сабаби инро Р. Масов чунин эзоњ медињад, ки зиёъиёни Бухоро, Самарќанд, Хуљанд барои пешгирии он беинсофии сиёсї кўшиш накарданд, мубориза набурданд, ба миллат хиёнат карданд, худашон, ки аз «сарзамини туркзадае» буданд, ба туркњо фўрухта шуданд ва њоказо. Ба ќавли Р. Масов дар он маврид гуноњ на аз мустамликадорони истеъморгари худсар, балки аз худи тољикон, аз «зиёиёни шањрї» будааст. Гўё марзбандии миллии Осиёи Миёнаро соли 1924 на њизби коммунист, ва комравоёни Маскав, балки «зиёиёни шањрии» тољик гузаронида бошанд. Банда аќидаи худро дар бораи ин ки чаро марзбандии миллии Осиёи Миёна соли 1924 на ба суди тољикон, балки комилан бар зарари онњо анљом ёфт, баён карда будам.302 Онро ин љо такрор намекунам. Њоло хоњиш дорам хонандаи азиз ин нуќтаро ба андеша бигиранд: Бегоњии 4 марти соли 2002 як вакили Думаи давлатии Русия аз телевизиони Маскав суханронї кард ва аз љумла ба ин мазмун гап зад: Тољикон дар Тољикистон, Афѓонистон ваЎзбакистон аксариятро ташкил мекунанд агар онњо як шаванд, хатаре ба сари Русия меоранд—если они воссоединятся, будут представлять большую угрозу для России- ин айнан гуфтаи депутати Думаи давлатист. Неруњои сиёсие, ки чунин рўњия доранд, ва аз иттињоди тољикон ва ќуват гирифтани онњо метарсанд, дар Русия њамеша мављуд буданд ва соли1924 њангоми таќсими њудуди миллии Осиёи Миёна њамон нерўњои сиёсї дар Маскав пирўзї ёфтанд ва марзбандї бар зарари тољикон анљом ёфт. Имрўз, ки Р. Масовњо, С. Табаровњо, Ибни Ќурбонњо водињои фарњангии Фарорўдро «сарзамини туркзада» мегўянд, бошандагони ин водињоро турк ва «ўзбаки тољикзабон» меноманд, хоину милатфурўш мехонанд, њамоно ба хидмати пантуркистњо камар бастаанд, ба он нерўњои сиёсии хориљї, ки ягонагї ва зўрмандии миллати тољикро намехоњанд, хидмат мекунанд. Имрўз дар вилоятњои Сурхондарё ва Ќашќадарё, Бухорову Самарќанд ва Фарѓона тољикон расман ўзбак навишта мешаванд, аммо њанўз тољиканд. Моњи августи соли 2003 дар интернет маќолаи донишманди амрикої Давид Карлсон (Донишгоњи Њарвард) пайдо шуд, ки «Ўзбакистон, таркиби этникї ва табъизот» ном дорад. Давид Карлсон дар ин маќола мегўяд, ки дар њудуди садаи 20ва21 дар Ўзбакистон 40 фоизи ањолї тољик буд.303 Ин омморро як амрикої, як пажуњишгари бетараф овардааст. Њар кас ки аз Ўзбакистони имрўз андак хабар дорад, медонад, ки ин омор њаќиќат аст. Банда бар ин омор низ бовар мекунам, ки фаќат 32 дарсади љамъияти Ўзбакистонро ўзбакњо ташкил мекунанд.
Амир Абдулањадхон. Саёњатнома. Тањрири рўзномаи сафари хайриятасари вилояти Фитирбурх. Рузномаи «Љумњурият», 15 ноябри 1991, № 221, сањ.4 302 Ниг: Муњаммадљони Шакурии Бухорої. Тољикони Варорўд дар остонаи асри умед.Садои Шарќ, 303 David Carlson. Uzbakistan, ethnic Composition and Discriminatsions. Hipt// medlem. Spray.se /Samargand/ 301
154
Не, љанобони «таърихшиноси» охирзамон – С. Табаровњо, Р. Масовњо, Ибни Ќурбонњо, шумо тушбераро хом шумурдаед. Бидонед ва огоњ бошед, ки тољик танњо шумо нестед. Ѓайр аз шумо њам тољик њаст. Тољикон дар Ўзбакистон, Афѓонистон ва дигар кишварњо зиёданд, њамиятманд ва сарбаланд, дар њама њастии таърихии миллат наќшњое чашмгир гузоштаанд ва мннбаъд хоњанд гузошт. Шумо хоњед –нахоњед, онњо бо шумо хоњанд буд. Шуморо аз онњо халосї нест. Агар њамзистї бо онњоро ёд нагиред, теша ба пои хеш ва ба пои миллат хоњед зад. На танњо «назарияи» пантуркистии «зисти хол-холи тољикон» асоси воќеъї надорад, балки «назарияи манѓитгароии» имрўза, яъне туркзадагї ва манѓитпазирии тољикони Бухоро, Самарќанд ва ѓайра, ки Р. Масов, С. Табаров, Ибни Ќурбон ва чанде дигар пеш меронанд, низ на аз воќеият, балки аз тангназарии музофотї сар задааст. 13 Ин матлабро, ки «љадидон» ва «зиёъиёни шањрї» гўё ба миллат хиёнат кардаанд, Ибни Ќурбон бо чандин ишора гўшгузори хонанда меоварад ва гоњ ошкоро баён мекунад. Чунончи мегўяд: амир «дарк мекард, ки танњо мардумони муќимнишини кишвараш метавонанд дар мамлакат суботро мустањкам созанд (алњаќ дуруст аст—М. Ш.), махсусан кўњистониён, зеро дар шањри бузург аллакай зиёъиён рў ба буржуазияи рус ва ба «тараќќихоњони Туркия» оварда буданд,ки њар ду њам мехостанд давлати ўро (амирро— М. Ш.) мутасарриф шаванд»304 Ин љо гўё дар миёни ду бахши љумла то «зеро» ва пас аз он чандон робита нест. Бо вуљуди ин равшан аст, ки «кўњистониён» ва «зиёъиёни шањр» ба њам зид гузошта шудаанд. Якумињо устуворкунандаи субот ва дувумињо вайронкунандаи он будаанд. Яъне «зиёъиёни шањрї», аз љумла маорифпарварон бо муборизаи зидди байзоиён ва сиёсати уруќдорї, таъсиси марказњое чун мањфили Садри Зиё ва ё «ѓайбатхона» – љои љамъомади муллобачањои тозафикри љўянда, ки Айнї дар ќисми чоруми «Ёддоштњо» тасвир кардааст, оромиву осоишро вайрон мекунанд, чунки ба туркњо, ба Туркия ва Русия фурўхта шудаанд. Банда охирин љумлаи мазкури Ибни Ќурбонро ба њамин маънї фањмидам. Дар њаќиќат бештарини маорифпарварон (на њама «зиёъиёни шањрї», балки фаќат онњое, ки «љавонбухороиён», «тараќќипарварон», «љадидон», «ислоњотхоњон» ном гирифта буданд) муборизи шўълавари зидди манѓитияву байзоия, зидди љањолату разолат ва љавру ситам будаанд ва нагузоштаанд, ки ситамкорон дар оромишу осоиш ба сар баранд. Ин талоши маорифпарваронро танњо як рўйдоди мусбати таърихї бояд донист, аммо суботи љомеаро на маорифпарварї, балки истибдод аз байн бурда буд. Медонем, ки Ањмади Дониш ва Мирзо Сирољи Њакими Сирољї истифода аз таљрибаи таърихии Русия ва кишварњои Ѓарбро тавсия кардаанд, Аљзї ва Бењбудї низ дар њамин андеша будаанд, ё ки Абулќодири Шакурии Самарќандї, Мунзим, Айнї, Њамдї, Мењрї ва дигарон дар мактабњои усули љадид барои саводомўзї «усули савтияи» мактабњои Русия ва Шарќи Наздикро ба кор гирифтаанд. Њамаи онњо нисбат ба Туркия ва пешрафтњои аврупоии он, эњтиром доштанд, азбаски Туркия маркази љањони ислом ва султонњои Туркия халифаи ислом ба шумор мерафтанд, эњтироми он ба назари равшанфикрон хеле афзуда буд. Имрўз касоне пайдо шудаанд, ки чунин эњтиром ба фарњанги Туркияву Русияро (инчунин гўё ба љонибдории умарои элотия бархостани Ањмади Дониш, Садри Зиё ва дигаронро) нишонаи туркгарої, таваљљўњ ба пантуркизим ва гоње њам таваљљўњ ба Русия, њатто ба панславизм ќаламдод мекунанд. Бархе «мактаби усули љадид» – мактаби нави маорифпарваронро «маркази пантуркистї» эълон кардаанд. Ѓаффор Ашуров мисли бисёр касони дигар аќида дорад, ки яке аз «манбаъњое ки барои шаклгирии маслаки он (пантуркизм—М.Ш.) мусоидат кардаанд, омўзиши љавонон дар мактабњои усули нав аст, ки китобњои омўзиши онњо асосан ба забони тоторї навишта шуда буд» 305. Ва њол он ки ин аќида дуруст нест. Маводи омўзиш дар мактаби тољикии љадидон ба забони тољикї буд, на тоторї. Мумкин аст, ки дар мактабњои ўзбакии љадидони Туркистон, дар Тошканд, баъзе љойњои Фарѓона ва ѓайра китобњои тоторї ё туркии усмонї низ истифода шуда бошад. Аммо мактабњои тољикии усули љадид асосан бо Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ, 75 Ѓ. Ашуров. Идейная борьба вокруг книги академика Б.Т. Ѓафурова «Таджики». Мероси ниёгон, 2003, №6, сањ. 73 304
305
155
китобњои тољикї таъмин шуда буданд. Дар замони шўравї, ки љунбиши љадидияро саропо пантуркистї њисобиданд, чунин тасаввури нодоруст ба миён оварданд, ки гўё мактабу маориф ва матбуоту адабиёти љадидон њама пантуркистї буд. Ин пиндори ботил дар шуури баъзе касон њанўз љо дорад. Р. Масов имрўз њам бо ќатъияти тамом њукм мекунад, ки «љадидон ва пешвоёни онњо фаќат як равиш доштанд, ки равиши пантуркистї буд» («Джадиды и их лидеры проводили одну и ту же единственную линию--- пантуркистскую») 306 Њаќ ба љониби профессор Мансур Бобохонов аст, ки дар бораи ин њукми ќатъии Р. Масов гуфтааст: «Ин мулоњизањои муаллиф гувоњї медињанд, ки ў аз он чї, ки мавриди пажўњиш ќарор додааст, чунончи аз љадидизм огањї надорад307 Оре, бештари он њукмњои ќатъї, ки аз замони шўравї мондаанд, натиљаи ноогоњї ва бевуќуфї, натиљаи рў гардондан аз тањќиќи илмии њамаљониба аст.Албата аз байни маорифпарварон ё аз гирду атрофи онњо касоне баромаданд, ки олудаи зањри пантуркизм шуданд ва ба миллати худ хиёнат карданд (чунончи Файзуллоњ Хоља, Абдуррауфи Фитрат ва дигарон). Баъзењо ба сабаби сањву хато ба пантуркизм гаравида буданд. (Мунзим, Абдулќодир Муњиддинов, Зењнї) ва баъд хатои худро фањмида тавбаномањо чоп карданд ва хидмати миллат ба љон адо намуданд. Бархе аз маорифпарварон тавон гуфт аз пантуркизм дур мондаанд. Айнї ва бисёр дўстони ў дар Бухоро, Сиддиќии Аљзї ва Абдулќодири Шакурї дар Самарќанд, Тошхољаи Асирї дар Хуљанд ва баъзе љадидони дигар ба фикри мо аз њамин љумлаанд. Ба фикри мо ба онњо туркгарої ва пантуркизм нисбат додан нашояд. Дар фаъолияти инњо низ гоњ чизњоеро мебинем, ки дар назари аввал мумкин аст нишони пантуркизм намояд. Чунончи устод Айнї пас аз инќилоб дар шеърњои ўзбекии худ аз амир Темур ёд кардааст. Чунин падида дар фаолияти Айнї ва бархе аз маорифпарварони дигар мвќеи асосї надорад. Онњо ба сабабе пайдо шудаанд ва наќши муњим дар фаолият нагузоштаанд. Дар арзёбии онњо эњтиёт зарур аст. Бо назардошти чунин рўйдодњое ба маорифпарварон гуноњи пантуркистї нисбат додан дуруст нахоњад буд. Њељ мумкин набуд, ки њама зиёъиёни пешќадами тољик дар садаи 19 ё оѓози садаи 20 туркгаро бищаванд. Дар ин давра њам њазар аз турк вуљуд дошт. Агарчи бахше аз тољикони Фарорўд дар ду се садаи охир забони ўзбакиро пазируфтанд ва ба ин сабаб ўзбак ном гирифтанд ва ба ин тариќ халќи тољик ва узбак дар њаќиќат бародархалќ гардиданд, бо вуљуди ин њазар аз турк бартараф нашуда буд. Чунонки дар оѓози ќарни 10 Ибни Фаќењ дар «Ал-булдон» туркњоро душмани Хуросон номида ва гуфта буд: «Њамсоягони хуросониён турконанд, ки аз њар душмане сарсахттаранд»308 ва Абуалии Балъамї низ дар тарљумаи «Таърихи Табарї» таъкид карда буд, ки «њељ душман бадтар аз турк нест»309 ва ин матлабро чандин бор гўшгузор оварда буд, дар садањои баъд ин њаќиќат чанд бор ба субот расид ва дар оѓози садаи 20 дар Бухоро (шояд дар Самарќанд ва баъзе љойњои дигар низ) ин байт шўњрат дошт: Аз абри сияњ матарсу аз риши бузург, Аз абри сафед тарсу аз кўсаи турк. Ин тарс фарогир буд. Тољику ўзбак дар бисёр љойњо пањлў ба пањлў чун ду бародар бо сулњу салоњ мезистанд, вале бими турк аз дили тољик њанўз нарафта буд. Тааддии уруќдорони манѓит ва он сиёсати уруќдорї, ки байзоиён амалї мекарданд, муносибати манфї ба туркро ќувват медод. Устод Айнї дар бораи Манѓития дар китоби «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро гуфтааст: «Хунрезї лозими зоти ин сулола аст»310 Устод афзудааст: «Разолат ба ин сулола ирсї будааст»311. Ин «разолати ирсї», ин вањшонияти зотии Манѓитро на танњо устод Айнї, балки бисёр равшанфикрон дар њар ќадам ба муойина медиданд. Омилњое, ки зиёъиёнро аз туркгарої барњазар бидорад, пурзўр буд. Танњо бархе аз мардуми тољик, чунончи уламои сўъ, аз љумла ањли «хонадони Байзо» ва њамдастони онњо ба хидмати манѓития камар бастанд. Гоњ уламои манфиатљў, ки Р. Масов. Таджики: вытеснение и ассимиляция. Душанбе, 2003, стр.75, М. Бобохонов. Острые углы истории. Народная газета, 19 мая 2004, № 20, стр.4 308 Ибни Фаќењ. Хуросон, Душанбе, Сарват, 1991. Сањ.9. 309 Абуалии Балъами. Бањроми Чўбин. Душанбе, Маориф, 1992. сањ.6. 310 С. Айнї. Ќулиёт, љ, 10 асњ, 79 311 Њамон асар, сањ 93. 306
307
156
хидмати уруќдоронро ба љону дил пазируфта бошанд, зиёд буданд, аммо онњое, ки ба ин роњ пой нагузоштанд, низ кам набуданд. Бисёре аз зиёъиён ба туркгарої тан надоданд, ба пантуркизм нагаравиданд. Танњо баъзе аз маорифпарварони тољик ба тарѓиботу ташвиќоти пантуркистї ба фиреби љањонхўрони усмонї афтида, аз љумла ба ин амр, ки рўњияи пантуркистї ба истилоњ аз маркази љањони ислом, аз Туркия меомад фирефта шуданд ва ба пантуркизм гаравиданд. Бархе бо нияти фосиди сиёсї, бо орзуњои ќудратталабї ба пантуркизм рў оварданд ва оќибат бо нияти зўроварии туркї ба болшевизми русї паноњ бурданд. Файзуллоњ Хоља ва Абдуллоњ Рањимбоев аз њамин љумла буданд. Онњо дар њаќиќат хоин будаанд. Љолиб аст, ки туркгароиву ифроткории баъзе маорифпарварон ва атрофиёни онњо чун ошкор шудан гирифт, ба бисёр маорифпарварони содиќу собитќадам писанд наомад. Ба ин муносибат мехоњем ёдовар бишавем, ки њамчунонки устод Айнї гуфтааст, Абдуррауфи Фитрат ва Файзуллоњ Хоља ба љамъияти махфии «Тарбияи атфол», яъне ба созмони расмии маорифпарварони Бухоро (љавонбухороиён, тараќќипарварон, љадидон, ислоњотхоњон) пазируфта нашуда буданд марту апрели 1917 берун аз ин созмон амал кардаанд. Ин њам гувоњї аз он медињад, ки зўроварии туркї ва гушнапурзўрии болшевикї, ѓояи Туркистони бузург» ва «инќилоби љањонї» ба назари баъзе аз маорифпарварони тољик љолибият надошт. Ин аст, ки олудагии бархе аз маорифпарварон бо пантуркизм натиљаи каљравист, аз каљравии бехост ё дидаву дониста њосил шудааст. Ин масъала дар мавриди њар маорифпарваре тањќиќи вежа мехоњад. Лекин пантуркизмро ба тамоми љунбиши маорифпарварии тољикї, ба њама маорифпарварони тољик ба таври умумї ва ба куллї нисбат додан мумкин нест. Дар мактабњои усули нав дар ду дањаи аввали садаи бист низ омўзгороне будаанд, ки рўњияи пантуркистї доштанд ва онро ба шогирдон мегузарониданд. Лекин њама омўзгорон чунин набудаанд ва ба њељ ваљњ њама мактабњои усули љадидро маркази пантуркистї ба шумор овардан дуруст нест. Агар дар баъзе мактабњои нави Самарќанд забони ўзбакиро ба љадвали дарс дохил карда бошанд, инро нишонаи гаравиши пантуркистї набояд донист. Мањмудхољаи Бењбудї бар ин буд, ки тољикони Самарќанд бояд чањор забонро бидонанд: забони форсї, арабї, ўзбакї ва русї. Албатта њаќ ба љониби ў буд. Самарќандро ки ба Туркистони Русия илњоќ карданд, донистани забони ўзбакї лозим омад. Эътирофи ин лузумро ба пантуркизм набояд њавола кард. Ин як зарурати њаётї будааст. Дар Бухоро шароит дигар буд. Дар ду дањаи нахустини ќарни бист њама мактабњои наву кўњна тољикї буданд. Дар Бухоро мактаби тоторї њам буд, аммо мактаби ўзбакї набуд. Чунки мардум забони ўзбакиро тавон гуфт намедонистанд. Устод Айнї дар «Мухтасари тарљумаи њоли худам» гуфтааст: «Бачагони Бухоро забони тоторї он тараф истад њатто забони ўзбекиро њам намедонистанд»312. На танњо дар шањри Бухоро, балки дар вилоят низ ўзбакидон кам буд. Худи Айнї солњои љавонї, он гоњ ки аз дењ ба шањр омад, ўзбакиро намедонистааст. Аз оѓози садаи бист, ки матбуоти туркї ба Бухоро омадан гирифт, Айнї барои шинос шудан бо ин матбуот махсусан забони тўркиро омўхт ва худаш мегўяд, ки мухтасари девони Навоїро «хонда, ба ёд гирифтани забон ва шеъри тўркї кўшиш мекардам»313. Ин таъкидњои Айнї ки мардуми Бухоро ва атрофи он забони ўзбакиро намедонистанд ва чунин таъкидњо ки дар навиштањои дигарон, чунончи Абдулќодир Муњиддинов314 низ дида мешавад, хеле муњимманд. Модом ки мардум ё бештарини мардум ўзбакиро намедонистанд, заминаи густариши пантуркизм кам буд. Чун дар Самарќанду Бухоро њама мактабњои нави љадидон ба форсии тољикї боз шуда буданд, ин њам имкони тарѓиботи пантуркистиро мањдуд карда буд. Устод Айнї дар њамон рисола мегўяд, ки Абдуррауфи Фитрат ва Усмонхоља (яке аз наздикони Файзуллоњ Хоља) пас аз баргаштан аз Туркия «ба мардуми шањри Бухоро, ки бештарини онњо забони ўзбекиро намедонистанд (боз њам таъкид!– М.Ш.) ба забони туркии усмонї гап мезаданд».315 Агар чанде аз ин тањсилдидагони Туркия, ки бо рўњияи С. Айнї. Кулиёт, љ. 1. Сањ. 59 Њамон асар. Сањ. 45 314 Ниг: А. Муњиддинов. Мардуми шањр ва атрофи Бухоро тољиканд ё ўзбак? — Дарси хештаншиносї. Душанбе. Ирфон, 1989 315 С. Айнї, њамон асар, сањ. 71-72 312
313
157
пантуркистї баргаштанд, кўшида бошанд, ки дар баъзе мактабњои тољикии љадидони Бухоро туркии усмонї роњ биёбад ва ташвиќоти пантуркистї пеш гирифта бошанд, бояд гуфт, ки ин раванд аз нимаи дањаи дувуми ќарни бист (аз ваќти аз тањсили Туркия баргаштани туркпарастњо) сар шуд, яъне хеле дер оѓоз ёфт, кам давом кард, ночиз буд ва дар шуури шогирдон њанўз чандон нуфуз надошт. Банда чанд нафар аз шогирдони собиќи мактаби нави љадидони Бухороро дида ва бо онњо сўњбат кардаам. Яке аз онњо бародари худам Зафар Шарифов буд. Аз ин сўњбатњо чунин тасаввур гирифтаам, ки мактаби нави љадидони Бухоро дар дањаи дувуми садаи бист асосан пок аз олоиши сиёсати туркпарастї--- чи уруќдорї ва чи пантуркистї будааст. То он љо ки банда огоњї дорам, мактаби нави Бухоро то инќилоби 1920 омўзишгоње буд нисбатан мукаммал, ки саводи тозаи замонї ва маърифати исломї, одамияту маънавият, миллатпарвариву ватандўстї меомўхт, барои густариши чашмандози фарњангии шогирдон, барои ин ки онњо то андозае аз љањони он рўз хабар дошта бошанд мекўшид. Баъзе хусусиятњои мактаби усули љадид аз пажўњиши М. Орифї, М. Ќозиљонов ва дигарон маълум аст. Мазмуни омўзишу парвариш дар мактаби нави Бухоро аз китобњои дарсии он пайдост. Китобњои устод Айнї (ѓайр аз алифбое, ки бо Мунзим тартиб дода буданд) «Тањзибуссибён», «Заруриёти диния» ва «Тартил-ул-Ќуръон» аз њамин љумлаанд. Њатто китобњое, ки Фитрат барои мактабиён пас аз гаравиданаш ба пантуркизм навишта буд, чунончи «Мухтасари таърихи ислом» ва «Мавлуди шариф» ба мавзўъ чунонанд, ки ба пантуркизм наздик наомадаанд. Агар дар баъзе мавридњо омўзишу парвариш ранги пантуркистї гирифта бошад, гоње дар Бухорову Самарќанд, ба вежа дар Туркистон, чунончи дар Тошканд ё љои дигар мактаби љадидон ба талќингоњи ѓояњои пантуркистї табдил ёфта бошад, инро набояд чунин маънї дод, ки њама мактабњои љадидон як омили иртиљоъї буд. На, њаргиз! Пайдоиши мактаби нави маорифпарварон моњиятан як рухнамуди бузурги таърихї, як ќадами љиддї дар роњи пешрафти фарњангї, иќтисодї, сиёсї, дар роњи эњёи миллї буд. Мо имрўз олоиши пантуркистии мактаби нави маорифпарваронро, дар мавриде зоњир шуда бошад, мањкум мекунем, вале набояд фаромўш бикунем, ки ин олудагї моњияти аслии мактаби маорифпарварони тољикро ташкил намекунад. Арзёбии мо љунбиши маорифпарвариро дар маљмўъ низ бояд чунин бошад. Мо пантуркизм ва болшевикгароии баъзе маорифпарваронро, ки ба сари миллат фољиањо овард, махњкум мекунем, онњоеро, ки аз миёни маорифпарварон ё аз атрофи онњо баромада, ба миллати тољик хиёнат карданд, лаънат мефиристем, норасоињоеро ки ин љунбиш дошт, сањву хатоњоеро ки намояндагони алоњидаи он содир карда буданд, бояд як-як тањлил бикунем, то ки сабаќ гирифтани мо аз таърих ба ќадри имкон мукаммал бошад. Лекин њаргиз раво нест, ки ба нањзати маорифпарварї фаќат аз рўйи каљравињои намояндагони људогонаи он бањо бидињем. Мо «назарияи» Р. Масовро ки ба њама зиёъиёни пархошгар хиёнат, буздилї, дурўягї ва бемаслакї (предательство, трусость, лицемерие, беспринципность) нисбат дод, кўшишњои пайравони ў, аз љумла Ибни Ќурбонро, ки «зиёъиёни шањрї» ва «љадидон»-ро дастнишондагони Туркияву Русия вонамуд кардан мехоњанд, бо камоли ќатъият рад мекунем, чунин «назария»-њоро ѓайримиллї, хилофи њаќќонияти таърихї ва натиљаи кўтоњбинї ё бадѓаразї медонем. Маорифпарварї як љунбиши бузурги таърихї буд, ки ѓояњои волои он ба андешаи миллї асос ёфта ва манфиатњои миллии мардуми тољикро ифода намуда, бо њадафгирии таърихии дуруст барои растагории миллї ва эњёи маънавї роњ њамвор мекард. Маорифпарварони тољик пархошгарони шўълаваре буданд, ки дар шароити њукмронии уруќдорї ва байзоият, таассуби динї ва хурофот, сиёсати мустамликадории Русияи подшоњї љон бар каф гирифта ба майдон баромаданд ва бисёре аз онњо дар ин майдон сар бохтанд. Имрўз аз онњо «хислатњои нафратангез» («отвратительные свойсва» Р. Масов) љустан гуноњи азим аст. Дуруст аст, ки ин пархошгарони равшангар дар байни худ ихтилофи назар низ доштанд, дар дохили маорифпарварї љараёнњои мухталиф мављуд буд ва бархе аз ин љараёнњо дар њасостарин лањзањои таърих фољиабор омаданд. Маорифпарвариро бо њамаи мураккабї ва зиддиятњояш, дар айни замон бо њама бузургии он ба пажўњиш бояд гирифт. Мутаассифона, дар Тољикистон дар даврони истиќлол тамоюлоте пайдо шудааст, ки мехоњанд маорифпарвариро бадном ва мањкум бикунанд, бо падидањое чун байзоият иваз бинамоянд, ба љои маорифпарварї байзоиятро бипазиранд. Оре-оре кор то њамн љо расидааст.
158
Бинед, Ибни Ќурбон чї мегўяд: «Мушоњидини ваќт бар ин шањодат додаанд, ки ибтидои садаи бистум ибтидои таљаддуди дигарбораи миллати тољик аст. Яъне, њукуматронии кўњистониёну эрониён барои дигарбора зинда шудани миллати тољик замина фароњам овард316 Ин аст, ки њамон байзоиён, ки ањволу аъмолашонро дар болоњо дидем, миллати тољикро ба таљаддуд расонида будаанд! Њайњот, баръакс байзоиён душмани навї ва навпардозї, душмани мактабу маорифи тоза, ислоњоти иљтимоъиву сиёсї ва «инќилоби фикрї» буданд. Тоифае бо ин њама душманињо танњо метавонист роњи эњёи маънавиро ба рўйи миллат бубандад. Ањмади Дониш дар байни андешаронињои зиёде, ки дар бораи «таљдиди миллату давлат» дорад, аз љумла гуфтааст: «Самарќанд ба ќатли насоро хароб гардад ва Бухоро ба ќањту тангї…. Пас агар дар ин маи (садаи се сад –М.Ш.) таљдиди миллату давлат шавад, эњтимол, ки ин ќазия аз ќувва ба феъл наёяд» 317. Чунонки мебинем, Ањмади Дониш эњёи миллии моро дар садаи 14 њиљрї чашм доштааст ва як шарти фаро расидани онро гуфтааст ва он шарт нигоњдории Самарќанду Бухоро аз нобудї будааст. Ањмади Дониш бовар доштааст, ки баќои умри миллат ба пояндагии Бухорову Самарќанд вобастагї дошт. Бухорову Самарќанд дили миллат аст, ки сињати он умри миллатро дароз хоњад кард. Ањмади Дониш ва њама маорифпарварони пайрави ў барои устувор намудани пояњои Бухорову Самарќанд, барои наздик овардани «таљдиди миллату давлат» фидокорона талош кардаанд. Аммо байзоиён чунонки аз фаслњои гузашта њувайдо омад, барои гузаштани Самарќанд ба дасти ањли насоро сабаб шуда буданд ва бо ситамкориву хунхорї ва љањолату разолат Бухороро ба сўи харобї мебурданд, ки аз расидани «таљдиди миллату давлат» умед њарчї камтар мешуд. Байзоиён мулку миллатро аз эњё дуртар мебурданд, аммо Ибни Ќурбон мегўяд, ки онњо таљаддуди миллї оварданд. Талќиноти Ибни Ќурбон хилофи воќеъияти таърихї, хилофи фањмиши Ањмади Дониш ва дигар маорифпарварон аст. «Назарияи» Ибни Ќурбон чизест, ки онро аќли салим наметавонад бипазирад. Хуллас Ибни Ќурбон масъалаи бузурге чун эњёи миллиро бо як-ду «андешаи» њавоии бебунёд њал кардан мехоњад. Ин њам аз њамон хомхаёлист, ки дар оѓоз гуфта будем. Агар пажўњиши доманадори даќиќе анљом биёбад, ки имкон дошта бошад тасаввури мављудаи дар бораи «хонадони Байзо» ва эрониёни иљрогари сиёсати уруќдории Манѓитияро ба куллї дигар бикунад ва нодурустии фикри Ањмади Дониш ва дигар маорифпарваронро дар ин бора ба субут бирасонад, — он гоњ дар бораи маќоми таърихии ин ду нерўйи иљтимоиву сиёсии «хонадони Байзо» ва эрониёни њукуматдор, яъне дар бораи он, ки байзоияташ номидем, бањси илмї оѓоз хоњад ёфт. Чигунагии њалли масъала вобаста ба натиљањои он бањс хоњад буд. Инро њам гўшгузор меоварем, ки масъалаи маорифпарварї яке аз бузургтарин масъалањои таърихи миллат аст. Бо камвуќуфї ва сањлангорї даст задан ба баъзе пањлўњои он, чунонки Ибни Ќурбон кардааст, ба такрор бояд бигўем, ки нињояти масъулиятношиносии илмист. Вазифаи худ медонам њушдор бидињам, ки ин думи шер аст, ба бозї магир! Ин як мавзўъи муќаддас аст, ки ба пои бетањорат ба остонаи он наздик набояд шуд. Барои ин ки масъала мушаххастар равшан шавад, ки шояд Р. Масов ва Ибни Ќурбон низ ба моњияти он сарфањм раванд, як мисол меоварем. Дар байни љавонбухороиён љавоне буд ба номи Мирзо Назруллоњи Ѓафурзода (Абдулѓафурзода). Ба гуфти Садриддини Айнї, Мирзо Назруллоњи Ѓафурзода аз аввали таъсиси созмони пинњонкори «Тарбияи атфол» узви фаъол ва фидокори он буд. Чун 7 апрели 1917 фармони ислоњот содир шуд ва ќуввањои иртиљоъї шўриш карданд ва террори зидди љавонони ислоњотхоњ оѓоз ёфт, одамони амир Мирзо Назруллоњи љавонро бо Садриддини Айнї дастгир карда, њар дуро 75 чўб заданд ва ба зиндони «Обхона» партофтанд. Мирзо Назруллоњ он љо рўйи бўрёе дар њолате мехобид, ки «гўштњо порапора шуда, дар баъзе љоњо устухонњо намоён буданд»318 Ў дар њамин њол мегуфт: «Худоё, Ватанро ва бандагони бегунањро нигоњ дор». Яъне Мирзо Назрулоњ дар дами марг њам на дар ѓами худ, балки дар ѓами Ватан ва миллат буд.
Ибни Ќурбон. Фавоњиш, сањ. 78 Ањмади Дониш. Рисола, сањ. 71 318 С.Айнї.Таърихи инќилоюи Бухоро, сањ.184 316
317
159
Он рўз (9 апрели 1917) сарбозони консулхонаи Русия зиндониён, аз љумла Мирзо Назруллоњ ва Айнїро озод карда, ба бемористони Русия, ки дар Когон буд, бурданд. Дар ин беморхона ањволи Айнї бењтар, аммо ањволи Мирзо Назруллоњ бадтар шудан гирифт. Ва 12 апрел Мирзо Назруллоњ љон ба њаќ супурд. Пеш аз вафот мегуфт: «Хуни мани бегуноњ ба њадар нахоњад рафт». Њозирин инро мешуниданду мегиристанд. Мирзо Назруллоњ дар њузури устод Айнї ва дигарон васиятномае навишт (имло карду нависонд), ки мутаассифона матни он њануз ба даст наомадааст. Тарљумаи русии ин васиятнома аз бойгонии вазорати хориљии Русия ёфт шуд ва соли 1927 ба чоп расид, ки ин аст: «Банда дар дами марг хушбахтам, ки Бухоро андаке њам бошад, озодї ба даст меорад. Маро на ба сифати роњзане, балки ба унвони як муборизи роњи озодии мардуми Бухоро дарра заданд. Ман аз гунањи њама гузаштам. Дасти онњоро мебўсам, ки маро дара заданд ва ба ман ёрї карданд, ки барои халќи Бухоро љонамро фидо бикунам. Салому паём ба бародарони мусулмони ман, ба сарбозон ва коргарон, ба њукумати муваќќати Русия»319 Бо чунин суханњо, ки мењри ватану миллат аз он њувайдост, ин љавони маъсуми ноком ин љањонро падруд гуфт. Ў нахустин шањиди роњи инќилоби фарњангии мардуми тољик буд. Аз соли 1918 то 1920 шумораи шањидон хеле афзуд ва њоло касе намедонад, ки маорифпарварї чанд шањид дод. Дар байни љавонбухороиён чунин шахсоне, ки дар ѓами халќу ватан будаанд, њисси баланди мењанпарвариву миллатдўстї ва ба ормонњои маорифпарварї садоќати комил доштаанд, зиёд буданд. Мирзо Назруллоњ яке аз онњо ва боз њам яке аз номашњуртарини онњост, ки имрўз њатто мутахассисон ўро намешиносанд. Бархе аз адабиётшиносони мо ўро Мирзо Назруллоњи Лутфии шоир гумон кардаанд. Ва њол он ки Лутфї як сол пештар аз Мирзо Назруллоњи Ѓафурзода, яъне соли 1916 вафот карда буд ва Айнї дар марги ў марсияе дорад. (Куллиёт, љ. 8. Сањ. 86). Бархе пажўишгарон Мирзо Назруллоњи Ѓафурзодаро фарзанди домулло Икроми муфтї (муфтї Икромча)-и машњур гумон кардаанд. Ва њол он ки домулло Икром ба ин ном фарзанд надоштааст ва як фарзанди ў ки ба мактаби нави Мунзим тањсил карда ва дар террори соли 1918 кушта шуд, Абдурањмон ном дошт. Мирзо Назруллоњи Ѓафурзода аз ин номдорон ва ё пайвандони онњо набуд. Ў љавоне одї ва хоксор буда, «дар тамоми умр ба касе арбадаву ошўб накарда ва касеро аз ошнову бегона озоре нарасонида» будааст.320 Бо ин софдилї фарзанди садоќатманди халќ будааст, ки аз њар суханаш садои пархошгари фидокор шунида мешавад. Р. Масов ва Ибни Ќурбон чунин мардони майдонро бо нописандї ва њатто бо нафрат дар миёни нохунак «зиёиёни шањрї», «љадидон» мегўянд, хоину миллатфурўш меноманд. Валлоњ, ин гуноњест азим, ки таърих нахоњад бахшид. 14 «Зиёиёни шањрї» ва «љадидон»-ро бад дидани Ибни Ќурбон ба ин сабаб будааст, ки гўё онњо кўњистониёнро бад медидаанд. Ибни Ќурбон сахт кўшиш дорад хонандагони худ, ба вежа њамдиёрони худро бовар кунонад, ки «зиёиёни шањрї», он «љадидон» бо кўњистониён мубориза кардаанд. Ба гуфти Ибни Ќурбон «гўё як гурўњ аз «љадидони» Бухоро бештар зери таъсири навсозињо ва миллатгароињои Туркия буданд, алайњи «кўњистониёни нодон» бархостанд321. Гўё «миллатгароёни турк» ва «баъзе уламои мањалпараст» дар бораи кўњистониён бўњтонњо мебофтанд ва «дар арсаи ин фавоњишу бўњтоният, ки дар замони зуњури «љадидон»-и хоинпеша (?—хиёнатпеша?—М.Ш.) оѓоз пазируфт ва баъдан тўдае бад-он гаравидаву амал карданд, дар кори миллат халалњои азим рафт. Тафаккури мардуми бечора мубталои саратони мањалпарастї гардид ва тањаммул накардани тољикони «кўњї»-ву «даштї» якдигарро (бештар ба воситаи зиёъиёну соњибмансабон) ба таври маснўъї ривољ ёфт»322. Гўё њамин тавр дар байни мардуми тољик мањалгарої пайдо шуд ва то имрўз давом дорад. Мо ба ин гуна «эзоњњо» наметавонем розї бишавем. Маќсад аз ин «эзоњоти» батакрору батаъкид он аст, ки Ибни Ќурбонњо мехоњанд «зиёъиёни шањрї» ва «љадидон», Маљалаи Красный архив, 1927, №1, сањ. 94. С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 141. 321 Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 79 322 Њамон асар, сањ. 82 319
320
160
яъне маорифпарваронро ба мардуми имрўз бад кунанд, нисбат ба шањриён ва тољикони Бухоро (ва Самарќанду Хуљанду ѓайра низ) нафрат ба вуљуд биёваранд. Мањалгарої дар љомеаи феодалї њамеша буд ва чун манѓитиён байзоиёнро (яъне як ќисми кўњистониён ва эрониёни Бухороро) ба сари гурўњу табаќањои дигари љомеа шинонданд ва ба онњо њокимияти мутлаќ доданд, мањалгарої ба ављи аъло расид. Гуфта будем ва боз мегўем, ки ривољи мањалгарої дар садаи 19 ва оѓози садаи 20 мањсули сиёсати уруќдорї ва њукмронии байзоиён аст. Ба фањми мо ин моддаи даъвономаи Ибни Ќурбон дар фаслњои гузашта баррасї ва рад шуд. Ва њамин кофист. Ибни Ќурбон даъво дорад, ки гўё Садри Зиё мекўшид, ки «шариатро аз бидъати «бегонагон» ва ватанро аз вуљуди «аљнабиён» пок бинад. Ва Бухоро агарчи маркази давлат аст, бояд танњо барои бухороиён (ва онњам барои ашрофи он) буда бошад»323. На, Садри Зиё дар њељ љо нагуфтааст, ки «Бухоро бояд танњо барои бухороиён буда бошад». На дар он порањо ки Ибни Ќурбон иќтибос овардааст, на дар дигар навиштањои Садри Зиё чунин њукме баён нашудааст. Садри Зиё чандин бор фаќат инро гуфтааст, ки њар се Ибни Байзо амалу мансабњоро асосан ба шогирдони худ, ки бештарини онњо аз њамдиёрон, яъне аз кўњистониён буданд, таќсим кардаанд ва ба худи бухороиён пасмондае мерасад. Ў таъкид кардааст, ки «тамоми маъхазњои дорулфохира ба љониби кўњистонињо тааллуќ ёфта… бухорї ањёнан мудохала накунад ва илло мумкин набуд, ки ќариб шуда тавонад».324 Чунонки мебинем, байзоиёнанд, ки ноинсофї ва мањалгарої мекарданд. Садри Зиё тарафи њамшањрињои худро гирифтааст ва имдод хостааст. Ѓами њамшањрињои худро хўрдан ва адолат љустан мањалгарої ва ноинсофї нест. Худро ба мардуми мањаллї зид гузоштани ањли хонадони Байзо ва њуќуќи мардуми мањаллиро поймол кардани онњо ба истилоњи имрўз мањалгарої ва ба истилоњи њама замонњо љавру зулм ва худкомагист. Садри Зиё хостааст, ки амирон «ихтиёри шариати мутањњар ва ниёбат, яъне вазоратро дар ўњдаи одамони босаодати соњибдиёнат гузоранд, ки сабаби интизоми дину давлат ва боиси некномии мулку миллат гарданд»325. Ин њам дархости њаќќонї ва одилона аст, созвор ба фармудањои Ањмади Дониш ва дархостњои иљтимоъиву сиёсии пайравони ўст. Ањмади Дониш ва пайравони ў, аз љумла Садри Зиё хостанд, ки мансабњои мулкиву мазњабї на ба бедонишону бесаводон (ки мисолашро дар фаслњои гузашта бисёр дидем), балки ба «одамони босаодати соњиби диёнат» дода шавад, то ки «боиси некномии мулку миллат гарданд». Садри Зиё дар ѓами «мулку миллат» ва «дину давлат» аст. Ў монанди дигар маорифпарварон бар зидди низоми бенизомї ва љањолатпарварї, барои давлатдории бофарњанг ва маънавибунёд мубориза кардааст. Ин аз муњимтарин усул (принсипњо)-и маорифпарварї буд. Дидем, ки Садри Зиё Остонаќули ќушбегии вазирро, ки эронї будааст, ситоиш карда буд. Маорифпарварон давлатдории бофарњанги адолатпешаро хостаанд ва дар ин маврид аз мансубияти ќавмї ва гурўњиву минтаќавии давлатдорон ва соњибмансабон сарфи назар кардаанд. Сухани Садри Зиёро, ки дар боло овардем ва шомили айбномаи Ибни Ќурбон шудааст, ба њамин маънї бояд фањмид, на мансабталошї, ки Ибни Ќурбон мегўяд. Адолатхоњон њамеша таъќиб дидаанд. Онњо имкон надоштанд, ки овози эътироз баланд бикунанд. Ба гуфти Садри Зиё «рўзу умри ањли ватан бад-ин мазаллату хорї ва усрату тангї мегузашт. Касеро ёрои лаб кушодану дам задан набуд»326. Садри Зиё ин матлабро чандин бор таъкид кардааст. Чунончи мегўяд, ки «ба њарљо уламову уламозода буданд, дар гўшаи гумномї мунзавї ва дар зовияи нокомї мухтафї ба камоли тангдастиву камбизоатї… ќаноат карда, маљоли дам задан ва ёрои овоз бардоштан надоштанд. Њар гоњ сањван ва хатан нафасе рост карданї шаванд, муште ба сари худ мехўрданд»327. Ин љо яке аз падидањои давлатдории бефарњанг, беадолатии куллї ва љабру ситами бенињоят, як шингил аз комравоии комили доирањои њукмрон ва бењуќуќиву дармондагии љаврдидагон, ки дар кишвар доман пањн карда буд, баён шудааст. Ин њолатро устод Айнї ин тавр ба ќалам оварда буд: Мил бар дида гузоранду бигўянд: Хамўш! Њамон асар, 39. Садри Зиё. Наводири зиёъия, вар. 106 а. 325 Њамон асар, вар. 115 б. 326 Њамон асар, вар. 79 а. 327 Њамон асар, вар. 106 б. 323 324
161
Тир бар сина халонанду бигўянд: Манол!328 Оре, Садри Зиё заррае аз њамин воќеияти мудњиш намоён овардааст. Чун Садри Зиё пас аз инќилоб боре ба ин андакнамої ва намунагўї бо доду фиѓон ва хашму ѓазаб даст зад, Ибни Байзоњои садаи 21 — Ибни Ќурбонњо шикоят оѓоз карданд, ки Садри Зиё моро нафрин кардааст. Дар ибтидои садаи 20 Ибни Байзоњои он замон намегузоштанд, ки касе ба эътироз садо дињад, дар ибтидои садаи 21 Ибни Ќурбонњо дар хашманд, ки Садри Зиё овоз баланд намудааст. Алњаќ. Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаї, Боз мегўї, ки доман тар макун, њушёр бош! Ба ин ваљњ мегўем, ки фавоњишномаи Ибни Ќурбон ойинаи каљнамоест, ки дар бештари мавридњо акси рост аз он наметавон дид. Боз њам, чунонки чандин бор гўшрас оварда будем, ин каљнамоињои ибни Ќурбон бисёр содалавњона воќеъ шудааст. Содалавњї оё бештар аз ин мешавад, ки вай њама кори «љадидон»-ро, яъне маорифпарваронро ниќоргирї аз кўњистониён тављењ кардааст. Ба фањми Ибни Ќурбон гўё «љадидњо» «ба хотири аз кўњистониёну эрониён интиќом гирифтан дар сафи Инќилоби сурх рафтанд».329 Гўё давлати шўравиро дастгирї кардани «љадидњо» низ фаќат барои ниќор гирифтан аз кўњистониён будааст: «Љавонбухориёни ба корњову идорањои шўрої воридшуда дар тўли солњои 1920-1937 ба хотири «интиќом кашидан» аз кўњистониён хидматњои «наљибонае кардаанд»330. Гўё мањз њамон «љадидони» собиќ дар ањди шўравї «кўшишњои азим ба харљ додаанд, ки «ањли кўњистон» дигар ба сари илм ва маносиби давлат нараванд».331 Ва њоказо. Гўё «љадидон» пеш аз инќилоб ва пас аз он њам дигар кору боре надоштаанд ва њама орзуву омоли онњо танњо «интиќом кашидан аз кўњистониён» будааст. Ман намедонам, дар бораи чунин «фањмиш», чунин «шарњу баён» чї бигўям. Ин на танњо содалавњї, балки чизе ба љуз он аст, вале банда алъон намедонам, ки чист. Охир Ибни Ќурбон њатто террори сталинии соли 1937-ро ниќоргирии «љадидон» аз кўњистониён њисобидааст. Наход ки «содалавњї» то њамин дараља бошад? Содалавњист ё боз њамон каљнамої ва каљфањмонї? Охир, пас аз инќилоби октабри 1917 дар тамоми кишвари шўравї «террори сурх» оѓоз ёфт ва ба рангњои гуногун то охири умри импиротурии шўравї идома дошт. Такрор мекунам, «террори сурх» сар то сари кишвари шўравї, дар њама љумњурињо густариш ёфт. Наход, ки дар њама љумњурињои шўравї ин террорро «љадидони» тољик, «зиёъиёни шањрии» Бухоро љорї карда бошанд? Ё ин ки он љумњурињои шўравї низ магар пур аз «кўњистониёни тољик» буд, ки «љадидон» аз паси он кўњистониён рафта, ба он љоњо террор бурданд?! Пўшида нест, ки он љадидони собиќ чи маорифпарварони асили поксиришт ва чи хоинони ватанфурўшу миллаткуш, ки ноњаќ љадид ном гирифтанд, дар ањди шўравї террор шуданд. «Террори сурх» як фољиаи мудњиш буд, ки ба сари њама халќњои импиротурии шўравї омада буд. Ибни Ќурбон њамин фољиаи калони њамагирро танњо ба кўњистониёни тољик нисбат додааст, онро фаќат интиќомгирии љадидон аз кўњистониён ба шумор овардааст. Ин оё нињояти кўтоњбинї ва каљбинї нест? Ба андешаи мо инро аз бадтарин зуњуроти шуури пасти музофотї, аз зарарноктарин оќибатњои мањалгароии имрўзї бояд донист. Рўйнамудњои калони таърихиро бо андозаи норасои як мањдудаи љуѓрофиёии худ андоза кардаанд, ба воќеањои бузурги замон (чи љунбиши љадидия ва чи «террори сурх») аз даричаи танги як мањдудаи худ нигаристаанд ва чизеро надидаанд ва нафањмидаанд. Онњо дардњои мардуми мањдудаи мањаллии худро низ дуруст намефањманд ва агар мефањмиданд, аз шинохти моњияти рўйдодњои бузурги замон то ин дараља ољиз намеомаданд. Оре, кўтоњбин њастанд ва кўтоњбинии музофотї оќибат ба нобиної меоварад. Ба фаъолияти Садри Зиё дар давраи пас аз инќилоби Бухоро (1920) низ Ибни Ќурбон бо чашми каљбин нигоњ кардааст. Вай аљаб гуноњњое ба гардани Садри Зиё гузоштан хостааст. Чунончи гўё соли 1923 бо 113 нафар аз уламои ислом ба дастгирии њукумати шўроии Бухоро дар номае имзо гузоштани ў кори норавое будааст. Ибни Ќурбон, Р. Масов., С. Табаров мегўянд, ки Њукумати Љумњурияти Халќии Шўроии Бухоро равияи пантуркистї дошт (ки ин њаќ асту С. Айнї. Куллиёт, љ. 8, сањ. 224. Ибни Ќурбон. Фавоњиш… сањ. 41 330 Њамон асар, сањ. 42 331 Њамон асар, сањ. 81 328
329
162
рост), пас Садри Зиё равияи пантуркистии онро дастгирї кард, яъне ба миллати тољик хиёнат кард. Ба чунин гузориши масъала наметавон розї шуд. Якум он ки мо намедонем, ки он 113 тан ё Садри Зиё он баённомаро ба ихтиёри худ имзо карданд ё аз рўйи маљбурият. Дувум он ки дастгирии ислоњоти замин, ёдрас овардани ин ки ислоњоти замин агар ба њукми адолат сурат бигирад, хилофи шариат нест, ба бовари банда гуноњ нахоњад буд, ба мањалгарої ё туркпарастї алоќае надорад, хилофи манфиатњои миллї нест. Даромадан ба хидмати шўравиёнро дар њама мавридњо гуноњ њисобидан њаргиз мумкин нест. Дар баъзе мавридњо онро айни савоб бояд донист. Чунончи фаъолияти Айнї, Аљзї, Њамдї, Абдулќодири Шакурї, Абдулќодир Муњиддинов, домулло Икром ва дигар маорифпарварони собиќ дар замони шўравї, ки ба идорањои давлатї ё фарњангї ва ё динї кор кардаанд, дар бештарини мавридњо айни савобкорї будааст. Бархе аз инњо аз рўйи ихлосе, ки ба инќилоб ва њокимияти шўравї доштанд, ба хидмат даромаданд, бархе агарчи аз инќилоб ё пайовардњои он розї набуданд, дар мактабу маориф ва матбуоту нашриёт кор карданд, яъне як андоза њамон фаъолияти маорифпарварии худро идома доданд, то ки дар хидмати халќ бошанд. Чунонки пеш аз инќилоб фаъолияти равшангарии Айнї, Мунзим, Њамдї ё њар кадоми дигаре, муаллимии онњо дар мактаби нав ё кўњна њаргиз хидмат ба давлати амирї набуд, фаъолияти баъзеи онњо пас аз инќилоб низ на хидмат ба давлати шўравї, балки хидмати љомеа буд. Садри Зиё низ яке аз њамон равшангарон буд, ки пас аз инќилоб њам фаъолияти фарњангї ва мазњабии худро ба тарзњои дигар идома додаанд. Назари Садри Зиё ба инќилоби Бухоро равшану возењ ифода шудааст. Њамон тавр ки дар рисолаи «Садри Бухоро» таъкид карда будем, назари ў дар бораи инќилоби Бухоро комилан манфист. Вай инќилоби Бухороро бо хобњои дањшатноке маънидод карда, аз љумла гуфтааст: «Балову балво аз ин зиёда нахоњад буд»332. Ин аст, ки Садри Зиё инќилоби Бухороро балои азим донистааст. Пас фаъолияти иљтимоъии ў пас аз инќилобро пазириши инќилоб, пазириши шиорњои назарфиребонаи њукуматдорони пантуркисти большевикмаъоб набояд донист. Агарчи дар ин њукумат дўстон ва шогирдони ў (чунончи Мунзим) шомил буданд, ки шояд ўро ба кор дилгарм карданд, ў ва домулло Икромро хидматгузори давлати шўравї наметавон гуфт. Агарчи домулло Икром инќилобро ба хушї пешвоз гирифт. Садри Зиё пас аз инќилоб чанд гоњ «мумайизи уламо» буд. Банда њоло намедонам, ки вазифаи ў ба сифати «мумайизи уламо» чї будааст. Ибни Ќурбон низ инро намедонад ва худ иќрор мекунад, ки «агарчи маълумоти даќиќ рўйи даст нест»333, бо вуљуди ин њукм баровардааст, ки модом Садри Зиё «мумайизи уламо» буд, пас «муллои давлатї» будааст, ба љазо дидану нобуд шудани муллоњо, хусусан ба ниќоргирї аз кўњистонињо мусоидат кардааст. Лекин Ибни Ќурбон барои чунин натиљагирињо њељ далелу бурњон наовардааст. Дар навиштањои Садри Зиё ва сарчашмањои дигар њанўз ишорае надидаем, ки ба дурустии ин даъвои Ибни Ќурбон далолат бикунад. Агар бидуни асос хулоса баровардан бигирем, аз њаќиќат, аз инсоф хеле дур меравем. Мафњуми «муллои давлатї» ва «муллои шўравї» аз соли 1943 пайдо шуд. Он гоњ њукумати шўравї дин ва муассисањои диниро ба расмият шинохт, идораи динияи њукуматї таъсис кард, барои назарфиребї ба нўги забон фаъолияти мазњабиро рухсат дод, вале сахт зери назорат гирифт. Мафњуми «муллои давлатї», яъне дастнишонда он гоњ пайдо шуд. Онро ба даврањои пештар, ба дањаи бисту сї бечуну чаро нисбат додан шояд раво набошад. Дар бораи фаъолияти Садри Зиё дар давраи пас аз инќилоби 1920 мутахассисони таърихи Љумњурии Бухоро чизе нагуфтаанд. Дар ин бора танњо пас аз он ки бойгонии Љумњурии Бухоро дида шавад ва аз дигар манбаъњо мадраке ба даст ояд, ќазоват кардан имкон хоњад дошт. Тахминњои беасоси Ибни Ќурбон дар ин бора ба диди мо эътиборе надоранд. 15 Њоло бармегардем ба давраи пеш аз инќилоб, ба дањаи якуму дувуми садаи бистум. Чунонки маълум аст, дар Бухорову Самарќанд кўњистониён бисёр буданд. Инро муњаќќиќон, аз љумла устод Айнї чандин бор гуфтаанд. Дар Самарќанд аз саргањи Зарафшон, аз Фалѓару Масчоњ бештар меомаданд. Онњо баробари халќи мањаллї дар њаёти 332 333
Рўзномаи Садри Зиё, Тењрон, 1382=2003, сањ.288 Ибни Ќурбон, њамон асар, сањ. 43.
163
фарњангї ширкат меварзиданд. Бештари умри Туѓрал дар Самарќанд ва Бухоро гузаштааст. Њољї Муини Мењрии Самарќандї дар асл аз Фалѓар буд ва њоказо. Фалѓарињову масчоњињо дар Бухоро низ кам набуданд. Дар Бухоро аз Бойсун, Њисор, Рашт ва Хатлон бештар меомаданд. Як ќисми калони муллобачањои мадрасањои Бухоро, бисёре аз имомњо, муаззинњо ва ѓайра аз љумлаи кўњистониён буданд. Аз байни онњо муллову мударрисњо низ баромадаанд. Ибни Ќурбон ба гуфтаи устод Айнї ва Содиќхољаи Гулшанї ва дигарон такя карда таъкид намудааст, ки кўњистониён дар Бухоро илмдўстї ва содадилии худро намоиш доданд. Ибни Ќурбон илмдўстї, содагиву беолоишї, софдиливу ростии кўњистониёнро дар китоби худ аз оѓоз то анљом ба такрор овардааст; кўшидааст, ки инро исбот бикунад. Ва њол он ки ин љо исбот лозим нест. Ошкор аст, ки тољикони кўњистон дар донишдўстиву илмљўї, содадиливу самимият, дўстиву рафоќату садоќат тавон гуфт, њамто надоранд. Онњо дар љуръату љасорат ва зўрмандиву далерї ва бардошту тоќат низ шўњрат ёфтаанд. Банда дар ин умри дарозам чандин бор падидањои наљобати дили мардуми кўњистонро ба чашми худ дидаам. Дар ин овони пирии ман чанде аз ёрону ёваронам аз ањли кўњистон, њам аз Фалѓару Мастчоњ, њам аз Хатлону Њисору Рашту Бойсун ва ѓайраанд, ки њамдаму њамнафаси банда мебошанд. Ва банда дуогўи эшонам. Кўњистониён аз рўйи содагиву софдилї зудбовару зудранљ низ њастанд. Инро Сотим Улуѓзода дар романи «Восеъ» тасвир кардааст. Аз зудбоварист, ки гоњ зуд фирефта мешаванд. Дар нимаи дувуми садаи 19 ва оѓози садаи 20 бисёре аз кўњистониён ки ба Бухоро омаданд, ба доми фиреб афтоданд. Дар ин муддат, чунонки дидем, се тан аз хонадони Байзо пешвои онњо будаанд. Мутаассифона, њар се байзої — њам ќозї Садриддин, њам ќозї Бадриддин ва ќозї Бурњониддин хидматгузори љонсупори амирони мустабид ва сарвари неруњои муњофизакору иртиљоъии ваќт будаанд. Тасаввуре ки Ибни Ќурбон дар бораи онњо ба вуљуд оварданист, ки гўё адолатпешаву тољикнавоз буда бошанд, чунонки дидем, ба њаќиќат рост намеояд. Кўњистонињое, ки баБухоро ба гуфти Ибни Ќурбон фављ-фављ меомаданд, бештарин ноогоњ аз он ки пешво чї шахсест, ба гирди ў љамъ мешуданд, ба домаш меафтиданд. Ё ба хушбовариву эътиќоди кўр-кўрона, ки пешво сарвари уламои ислом дар Бухорои шариф аст, мењргуморї мекарданд. «Бо дег шинї, сиёњ шавї», бисёре аз муллову муллобачањои кўњистонї бозичаи дасти ањли хонадони Байзо шуданд. Ба хусус мулло Бурњониддин бисёре аз њамдиёрони худро ба гирди худ љамъ овард. Онњо мутеъу фармонбардори ў буданд. Андак ишора кунад, медавиданд ва фармудаи ўро аз дилу љон иљро мекарданд. Ва рањнамоиву фармоишњои ў албатта зидди маорифпарварї, зидди мактаби нав, рўзномаву китобњои тозачоп ва монанди инњо буд. Мактабњои усули љадидро мебастанд. Маорифпарварон мактабњои пинњонї мекушоданд. Одамони ќушбегиву ќозикалону раискалон дар љустуљўи ин мактабњо такопў доштанд, то ки бубанданд. Таъќиби маорифпарварон њамроњ бо худсариву тааддї, тањќиру дашном, задану маъиб кардан буд. Дастаи мулло Бурњониддин калонтар ва дар ин «бизану бикўб»-њо аз њама сахтравтар буд. Дар муборизаи зидди маорифпарварон нерўњои зиёди расмиву ѓайрирасмї даст ба њам дода буданд. Маркази вазорат — дастгоњи ќушбегии сарвазир, аълам, муфтињо баъзе мударрисон, муллову муллобачањои бисёре дар ин мубориза њамдастї доштанд. Дар байни онњо бухороиёни тањљої бисёр буданд, тотор (чунончи мулло Ќамари машњур), эронї, тошкандї, хўќандї низ буд. Бахши асосии ин нерўњои зидди маорифпарвариро дастаи тарророни Бурњониддин ташкил карда буд. Душмани асосии маорифпарварї дар Бухорои ду дањаи нахустини ќарни 20 Бурњониддин буд. Дар аввалњои таъсиси созмони пинњонкори «Тарбияи атфол» (1910) бархе аз наздикону њамдиёрони Бурњониддин низ аъзои он будаанд. Чун Бурњониддин аз ин огоњ шуд, азбаски сахт «кинаљўй, адоватпеша, фосиќ» буд334, зуд чорањое андешид, ки вобастагони ў аз он созмон дур бошанд. Садриддини Айнї менависад, ки соли 1915 «Шулга ном ноиби вакили сиёсии Русия ба ќозикалон Бурхониддин мактуб навишта, чанд нафар љавонбухороиёнро ном бурда, танбењашонро хоњиш кард… Азбаски дар ин мактуб номњои чанд нафар бозбастагонаш буд, ќозикалон як маблаѓи бузургеро ба тариќи ришва таќдим
334
Фитрат. Давраи њукмронии амир Олимхон, Душанбе, 1991, сањ. 29
164
карда, эшонро аз тањдиди Шулга халос намуд».335 Ва дигар нагузошт, ки бастагону њамдиёронаш ба љадидон наздик шаванд. Ба касофати Бурњониддин њамдиёрони ў ба маорифпарварї напайвастанд. Хоњиш мекунам, аз ин нукта сар-сарї нагузаред: он њама њамдиёрони Бурњониддин, ки дар Бухоро бисёр буданд, аз љунбиши маорифпарварї берун монданд. Шояд ба љуз ду-се нафар. Яке аз ин ду-се тан Икром — махдум ном бародари Бурњониддин (падари нависанда Љалол Икромї) буд, ки дар Ќарокўл ќозї буд ва ба маорифпарварї майл пайдо кард ва дар ќозихона мактаби усули нав кушод (ва дар он мактаб Љалол Икромї низ тањсил карда буд). Шулга ба Бурњониддин нома навишт, ки «ќозии Ќарокўл Икром-махдум сўњбатњои сиёсї мекардааст»336. Бурњониддин албатта бародарашро сахт танбењ дод ва мактаби тозаусули ўро баст.337 Њамин тавр ба сабаби зобитї ва сахтгирињои Бурњониддин бештари њамдиёрони ў (љуз Шоњин, Муштоќии Бисмил ва дигар равшанфикрони садаи 19) аз савоби ширкат дар яке аз бузургтарин љунбишњои иљтимоъиву фарњангии таърихи мо бенасиб монданд. Ин нишон медињад, ки Бурњониддин бенињоят мутаассиб будааст. Ибни Ќурбон чунин касеро ба њимоя гирифта, оќилу доно ва пешќадаму ислоњотхоњ вонамудан мехоњад. Шояд «љадидон»-ро бад дидани Ибни Ќурбон низ ќисман ба ин сабаб бошад, ки дар љунбиши маорифпарварї дар оѓози сади 20 њамдиёрони Ибни Байзо ва Ибни Ќурбон ширкат надоштаанд. Яъне боз њам Ибни Ќурбон ба як рўйдоди бузурги таърихї аз даричаи танги мањалли худ менигарад. Њамин таассуби гузарои Бурњониддин буд, ки муњофизакорї ва иртиљоъро дар Бухоро ривољ дод ва худи ў аз сардорони иљрои сиёсати уруќдорї ва муборизаи зидди маорифпарварї шуд. Дастаи пуршумори шербачагони Бурњониддин, ки аз наздикону хешовандон ва њамдиёронаш ташкил шуда буд, чун як балои осмонї ба сари мардуми Бухоро фалокат меовард. Ин даста бештар ба муборизаи зидди маорифпарварон шуѓл дошт. Ин муборизаро бо пасттарин тарзњои разилона давом медод. Чунончи шербачагони ў фармоиш гирифта буданд, ки «душманони» ўро дар кўчаву бозор бубинанд, ба зарбу лат бикашанд. «Душманони» асосии ў љавонони тозафикри тараќќихоњ буданд, ки хавфи лату кўби шербачањои Бурњониддин њамеша онњоро тањдид мекард. Он тавр, ки Абдуррауфи Фитрат хабар медињад, њар чокари Бурњониддин, аз љумла бародарзодааш Аминљон-махдуми Зиё «тарафдорони Муњаммадшарифи садрро (Садри Зиё — М.Ш.) дар кўчаву бозор мезад ва мезанонд».338 На танњо хешу табори Садри Зиё, балки хидматкорони ў низ наметавонистанд ба танњої ба кўча бароянд. Одамони Бурњониддин боре фарзанди Садри Зиё Зарифро, ки дар мактаби љадидии Мунзим тањсил карда буд, дар кўча бисёр сахт заданд ва ќариб Садри Зиё аз ягона писари калонаш мањрум монда буд. Бадкирдорони Бурњониддин чунин «љанги кўчагї»-ро бо дигар маорифпарварон низ мекарданд. Устодону шогирдони мактабњои навро дар кўча мезаданд. Аз љумла одамони домулло Икром ва фарзандони ўро, ки ду нафари онњо низ дар мактаби Мунзим хонда буданд, дар кўчањо медоштанд ва мезаданд. Домулло Икром фатво дода буд, ки мактаби нави љадидон хилофи шариъат нест. Ба ин «гуноњ» ўро соате бе тањдид намегузоштанд ва ду бор табъид (бадарѓа) карданд ва соли 1918 фарзандаш Абдурањмонро дар пеши чашмаш куштанд. Аз навиштањои Садриддини Айнї медонем, ки дар доирањои њукмрон, дар байни уламои расмї ва ањли иртиљоъ Ањмади Донишро бедин, зиндиќ, кофир мегуфтанд. Дар ду дањаи нахустини ќарн домулло Икромро низ бадимон хондаанд. Њама маорифпарварон, муаллимони мактабњои нав ва шогирдони ин мактабњо, инчунин падарону хешовандони ин шогирдонро кофир мењисобиданд, шогирдонро кофирбача гўён дар кўчањо мезаданд. Гоњ шунида мешуд, ки мегуфтанд: хуни инњо њалол аст. С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 148. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 126-127. 337 Устод Айнї чанд бор Аминљон-махдуми Зиёї ном шахсеро ном гирифтааст, ки аз маорифпарварон будааст, чунончи аз фаъолони рўзномаи «Бухорои Шариф» ва дар солњои љанги якуми љањон узви созмони пинњонкори љавонбухороиён будааст («Таърихи инќилоби Бухоро», сањ. 109 ва 133). Додарзодаи Бурњониддин низ чунонки дар китоби Фитрат «Давраи њукмронии амир Олимхон» (сањ. 30) омадааст, Аминљон-махдуми Зиё ном доштааст. Ба гумони ќавї ин ду Аминљонмахдум як кас нест, зеро дувумї муборизи зидди љадидон будааст. 338 Фитрат, њамон асар. Сањ. 30 335
336
165
Агар разолати Бурњониддин то њамин дараља расида бошад, ки аз дасти ў мардум ба кўча баромада наметавонистаанд ва Садри Зиё ќариб аз фарзанд мањрум шуда будааст, магар Садри Зиё њаќ надошт, ки аз дасти Бурњониддин ва бадкирдорони ў доду фарёд бикунад, онњоро разил ва «љамоаи дания» биномад? Маорифпарварони љавон њамеша дар зери тањдиди як даста разилони аблању авбош будаанд. Ин «тоифаи разила» дар њар ќадам фитнае эљод мекарданд, љавонони маорифпарвар љон ба каф гирифта талошу пархошро идома медоданд. Ва мегуфтанд: Гар боди фитна њар ду љањонро ба њам занад, Мову чароѓи чашму рањи интизори дўст. 16 Рўзи 25 марти соли 1917 амир Олимхон Садри Зиёро ќозикалон (ќозиулќузот) таъйин кард. Чунонки гуфта будем, он њангом Абдуссамадхољаи судури Самарќандї раискалон (мўњтасиб) таъйин шуд. Насруллоњи ќушбегї (вазир), Садри Зиё ва Абдуссамадхоља бояд фармони ислоњотро иљро мекарданд. Чунонки амир пас аз инќилоби феврали 1917 ва сарнагун шудани тахти подшоњи рус дар зери фишори љадидони ислоњотхоњи Бухоро ва консулгарии Русия маљбуран фармони ислоњот содир кард (7 апрели 1917), фаќат ба сабаби ин ки пешнињоди ислоњотталабон ва консулхонаи Русияро рад накарда бошад, бо дили нохоњам Садри Зиё ва Абдуссамадхољаро ба маснади ќозикалонї ва раискалонї нишонда буд. Зуд ошкор гардид, ки амир ба онњо бовар надорад. Садри Зиё ба љои Бурњониддин ќозикалон шуда буд. Бурњониддинро як муддат аз сари кор дур карданд. Оташи ѓазаб дар дили Бурњониддин шўълавар гардид. Ў ба муќобили фармони ислоњот, бар зидди Садри Зиё ва Абдуссамадхоља, инчунин Насруллоњи ќўшбегї фитнаву фасод эљод кардан гирифт. Чунонки маълум аст ва мо низ ишора карда будем, рўзи 7 апрел, ба хусус 8-9 апрел ва рўзњои баъд муллову муллобачањои бисёре, њама сияњкорони табањкор шўриш бардошта, ба кўча баромаданд. Онњо «во дино!», «во шариато!» гўён дар шањр ѓулѓула андохтанд ва њар касро љадид њисоб кунанд, дастгир карда, задаву кўфта, ба дасти одамони амир месупурданд ва ба зиндон мефиристоданд. Дар ин мањшар иртиљоъиёни ошўбгар ва маъмурони њукумат даст ба даст амал карданд. Ин њам маълум аст, ки яке аз сардорони ин ошўби зидди ислоњот ва зидди љадидон Бурњониддин буд. Абдуррауфи Фитрат мегўяд: «Амир Олимхон фармони ислоњотро дод ва … дар натиљаи ин Баённома (фармони ислоњот, манифест — М.Ш.) намоиши маълуми љадидони Бухоро воќеъ гардид (8 апрел — М.Ш.) ва фитнае ки аз тарафи Бурњониддин тартиб шуда буд, ба вуќўъ омад»339. Ин аст, ки фитнагари асосї Бурњониддин буд ва инро Садриддини Айнї тасдиќ кардааст. Устод гуфтааст: «Хонаи ин шахс (Бурњониддин — М.Ш.) боз маркази фитнаву фасод гардид»340. Ин љо ба калимаи «боз» низ бояд диќкат кард. Хонаи Бурњониддин солњои пеш њам маркази фитнаву фасод буд ва акнун боз бештари фасодкорињо аз он љо сар зад. Медонем, ки хонаи Садри Зиё чандин сол љои љамъомади равшангарон ва яке аз марказњои маорифпарварї буд, хонаи Бурњониддин маркази фитнаву фасод будааст. Њамин буд фарќи ин ду хонаву хонадон, ки зидди якдигар ќарор ёфта буданд, хилофи якдигар самтгирии иљтимоъї доштанд, душмани якдигар буданд. Ва њоло бинем, ки ин душманї моњи апрели соли 1917 чї рангњо гирифт. Ду-се нафар иртиљоъї, бештар аз њама Бурњониддин ва падарарўси ў Тўрахољаи судур апрели 1917 тарафдорони худро аз дењоту туманот ба Бухоро оварданд, ки низ «во исломо!», «во шариато!» гўён фарёд мекарданд, хонањоро ѓорат мекарданд, одамонро маъиб мекарданд. Маќсади онњо нест кардани љадидон буд. Инчунин Насруллоњи ќушбегї, Садри Зиё ва Абдуссамадхоља њадафи тири кинаи онњо ќарор ёфтанд. Рўзи 8 апрел гашти пешин хунташнањои бисёре зўр оварда, ба Арк даромаданд ва ба Насруллоњи ќушбегї, Садри Зиё ва Абдуссамадхоља њамла карданд. Пас аз кашмакаши зиёде чанде аз ошўбгарон Абдуссамадхољаро миёнагир карданд, зери по гирифтанд, лагадкўб намуданд ва чун Абдусамадхоља хуншор ва бењушу бењаракат монд, ошўбгарон гумон карданд, ки ўро куштанд, андаке ором шуданд ва аз Арк берун рафтанд. Амир зуд 339 340
Фитрат. Асари мазкур, сањ. 29 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 151
166
Абдуссамадхољаро аз раисї бекор кард, ба љояш Низомиддини Мусанниф ном як иртиљоъии гузароро таъйин намуд. Абдуссамадхоља як сол дар њабс буд ва дар террори соли 1918 кушта шуд. Хуни ў ба гардани Бурњониддин аст. Рўзи 8 апрел ба ањли балво муяссар нашуд, ки ба Насруллоњи ќушбегї ва Садри Зиё осеби љиддї расонанд. Онњо ин корро ба рўзи дигар гузоштанд. Рўзи дигар 9 апрели 1917 сањари барваќт аз маркази вазорат — дастгоњи ќушбегї ба Садри Зиё телефон карданд, ки дар сањни мадрасаи Турсунљон чанде аз шўришгарон гирд омадаанд ва Садри Зиё бояд «садди роњи эшон шуда, муолиља намояд»341. Садри Зиё зуд ба мадрсаи Турсунљон омад ва дид, ки «љамъе касир саргарми доду нафир буда», «аз борхонаи љигар «во шариато» мегўянд». Мусанниф раиси нав оташи ѓазаби онњоро доман мезад. Садри Зиё менависад, ки ањли балво «маро ба миён гирифта, шўру ѓавѓоњо барпо карданд». Балвогарон ќасди љони ўро доштанд. Дар ин асно «мулло Дўсти муфтї (яъне мулло Дўстмуњаммади Нодири Бойсунии шоир, ки аз шогирдони падари Садри Зиё буд— М.Ш.) тарафдорї ва ионатрасонї намуда», ба Садри Зиё муяссар шуд, ки аз миёнагири бадхоњон рањої биёбад. Ин дафъаи дувум буд, ки Садри Зиё аз бадќасдии фитнагарони Бурњониддин бидуни осеби љисмонї рањої ёфт. Аммо бори севум рањої муяссар нагардид. Њамлаи севуми иртиљоъиён он сўиќасди машњур ба љони Садри Зиёест, ки њамон рўзи 9 апрел ба вуќўъ пайваст. Њоло лозим аст боз баъзе аз љузъиёти он воќиаро хотиррасон бикунем. Њамон рўзи 9 апрел Садри Зиё аз мадрасаи Турсунљон баромада, барои машварат бо амиру вазир ба сўи Арк равон гардид. Ў мегўяд: «Чун ба дарвозаи Арк… расидам, дидам чанде аз њар фирќаву њар тоифа њар љо љавќа-љавќа нишастаанд. Чун маро диданд, фавље аз љањала, яъне талабаи кўњистонї маро дар миён гирифтанд»342. Муњаммадалии Балљувонї мегўяд, ки он гоњ «аз як гўшаи маърака овози баланд бармад, ки бизанед ин ќозии љадиди бединро, ки ин ќадар шўр аз ин ба вуќўъ омад ва илло набошад, љадидон ин ќадар њаракат наметавонанд»343. Садри Зиё идомаи рўйдодњоро ин тавр баён кардааст: «Дар ин асно Абдулфаттоњ ном мударриси кўлобї, ки аз сагони почагири Бурњониддини ќозикалони маъзул буд, омада ба доманам овехт. Чанде дигар ёрмандиаш намуданд. Маро аз асб ѓалтониданд. Ба мушту лагад мезаданд. Фурсате шуур доштам, пас аз он нафањмидам, ки чї карданд». Ба гуфти Муњаммадалии Балљувонї Садри Зиёро «бисёрњо заданд, ки тамоми либосњои зардўзї пора шудааст». Амир ин њолатро аз болои Арк дид ва одам фиристод, ки Садри Зиёро хуншору абгору бењуш ба Арк бурданд. Ба як хонаи тангу торик партофтанд, ки бењуш хобида буд. Њоло Садри Зиёро дар он хонаи тангу тори Арк ба њоли бењушї мегузорем (то баъдтар боз баргардем) ва меравем бар сари ин масъала, ки барпокунандаи ин суиќасд ба љони Садри Зиё њамоно Бурњониддин буд. Бурњониддин «сагони почагир»-ашро фиристода буд ва Садри Зиёро аз байн бардоштан мехост. Инро Айнї дар нахустин таърихномаи худ равшану возењ гуфтааст. Устод навиштааст, ки Мир Бурњониддин «муллоёнро ба акси ин шахс (Мирзо Муњаммадшарифи садр, яъне Садри Зиё — М.Ш.) њаракат медод ва мегуфт: «Ин шахс муовини тараќќипарварон аст». Устод Айнї поинтар боз мегўяд: «Аз уламои бузург Мусанниф ва баъзеи дигарон, ки дар мансаби ќозикалонї чашм дўхта буданд,… бо Мир Бурњониддин бар хилофи Мирзо Муњаммадшариф (Садри Зиё — М.Ш.) иттифоќ карда буданд. Имомќулбек (хазинадор, ки аз наздикони амир Олимхон буд — М.Ш.)… низ бо Мир Бурњониддин ба хилофи Мирзо Муњаммадшариф иттифоќ карда буд»344. Ин аст, ки сўиќасди зидди Садри Зиё хеле вусъат дошт ва ќуввањои гуногуни иртиљоъиро як љо гирд оварда буд. Дар маркази ин ќуввањо Бурњониддин ќарор дошт. Дар масъалаи ин ки сўиќасди 9 апрели 1917-ро «сагони почагир»-и Бурњониддин ташкил карда буданд, Абдуррауфи Фитрат низ шубња надоштааст. Ў мегўяд: «Тарафдорон ва наздикони ќозї Бурњониддин ќозї Муњаммадшарифи мазкурро аз асп афтонида заданд ва фазињат карданд»345. Пас шубњае нест, ки он гуфтаи Садри Зиё, ки 9 апрели 1917 шербачањои Бурњониддин ба ў њамлавар шуда буданд, дуруст аст.
Рўзномаи Садри Зиё. Тењрон, 1382=2003, сањ. 266. Рўзномаи Садри Зиё, сањ. 267. 343 Муњаммадалї ибни Муњаммадсайиди Балљувонї. Таърихи нофеъ. Душанбе, 1994, сањ. 46 344 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 151 345 Фитрат. Њамон асар, сањ. 29 341
342
167
Акнун бубинем, ки он «Абдулфаттоњ ном мударриси кўлобї», ки Садри Зиёро аз асп афтонда, зери по ба лагадкўб гирифт ва Садри Зиё ўро «саги почагири» Бурњониддин номидааст, кї буд, чї касе буд, дар «почагирї» чї користонњо дошт? Устод Айнї дар ќисми севуми «Ёддоштњо» як њикояи љолиб дорад, ки «Никоњи духтари нўњсола» номида шудааст. Дар ин њикоя «шахсияти» дањшатбори мулло Абдулфаттоњ тасвир шудааст. Маълум мешавад, ки мулло Абдулфаттоњ соли 1892-1893 дар мадрасаи Олимљон мезистааст ва муаззини ин мадраса будааст. Садриддини Айнї менависад: «Дар мадрасаи Олимљон Мулло Абдулфаттоњ ном як муллои кўлобї муаззин буд. Ў як одами баландќомати пуропурбадани биринљирўй, сурхчамўй ва мешчашм буда, аммо чашмонаш на ба нури зако ва зиракї, балки ба оташи ќањру ѓазаб њамеша дурахшида меистоданд. Аз чашмони ў бинанда гумон мекард, ки вай ягон одамро њозир куштааст ва ё куштан мехоњад»346. Абдулфаттоњ бисёр хасис буда, «даромади худро кам харљ мекард» ва бо судхўрї «соњиби чандин њазор танга гардид». Он гоњ касе пайдо шуд, ки хост духтари нўњсолаи худро ба ивази њазор танга ба Абдулфаттоњ никоњ карда бидињад. Ў гумон дошт, ки «Абдулфаттоњ хонадомод шуда њамаи дороияш ба хонаи ў меравад ва аз они ў мешавад. Ба болои ин Абдуфаттоњ кўлобист ва ќозикалон (Бадриддин — М.Ш.) њам, ки кўлобист, баъд аз хатми дарс ўро (Абдулфаттоњро — М.Ш.) ба мансабњои илмии калон мерасонад ва дар он ваќт (падарарўс — М.Ш.) ба домоди баобрў соњиб мешавад. Аљаб нест, ки худи ў њам ба воситаи домодаш ба мансабњои калони илмї расад» (Шояд дар њаќиќат баъдтар Бадриддин ё Бурњониддин Абдулфаттоњро ба ягон мадраса мударрис таъйин карда бошад, ки Садри Зиё Абдулфаттоњро мударрис, на муаззин гуфтааст — М.Ш.) Абдуфаттоњ ба ин пешнињод розї шуд ва њазор танга дод, зандору хонадор њам шуд, лекин духтари нўњсола ба домоди чилсола тан надод. Он гоњ падараш духтарро чормех кард, домод коми дил њосил намуд. Ва духтар дилкаф шуда мурд. Њамин гуна одаме, балки ноодаме буд Абдулфаттоњ. Ў ва падарарўсаш разили вањшитабиатанд, ки барои пулу давлат аз њељ разолате худдорї намекунанд. Њамин гуна касоне, ки аз симои инсонї мањруманд, сифлагон, унсурњои љинояткор дар дасти Бурњониддин хидмат мекарданд ва Бурњониддин онњоро ба муќобили равшангарон, ки аз бењтарин фарзандони миллат буданд, равон карда буд. Чунин нокасон ба љони Садри Зиё ќасд карда буданд, ва ў њаќ дошт, ки онњоро «сагони почагир» ва «тоифаи разила» биномад. Боз меоем ба сари Садри Зиё, ки дар Арк, дар як хонаи тангу тор бењуш хобида буд. Он рўз, яъне 9 апрели 1917 (чун як рўзи пеш, яъне 8 апрел) балвогарони Регистон (майдони пеши Арк) оќибат боз зўр оварда ба Арк даромаданд. Шояд онњо гумон доштанд, ки пагоњии имрўз ба Садри Зиё њисобро баробар карданд, дирўз сари Абдуссамадхољаро низ хўрда буданд, акнун њисоби Насруллоњи ќушбегиро ёфтан лозим аст. Тўдаи љоњилони хунташна дар Арк ба њавлии ќушбегї даромаданд ва харобкорї оѓоз намуданд. Вале ба ќўшбегї зарар расонида натавонистанд. Он гоњ ки шўришгарон ба Арк даромаданд, вакили сиёсии Русия Миллер дар Арк будааст. Одамони амир тарсидаанд, ки Миллер ба дасти ошўбгарони бадљањл наафтад. Онњо Миллерро ба њамон хонаи тангу тор, ки Садри Зиё њанўз бењуш хобида буд, пинњон карданд. Миллер навиштааст: «Ман дар як гўшаи хона нишастам. Дар гўшаи дигари хона ќозикалон Муњаммадшариф (Садри Зиё — М.Ш.) дар њолати заъфи куллии љисмониву асабонї ва рўњиву равонї (в полной прострации) хобида буд»347. Маълум нест Миллер чанд гоњ дар он хона бо Садри Зиё буд. Маълум ин аст, ки њамон рўз (ба гуфти В. Генис — рўзи дигар, ки дуруст нест) Миллер «ба ќабули амир омад ва талаб кард, ки њама љавонбухороиёни зиндонї зуд озод карда шаванд, онњое ки ќозикалонро (Садри Зиёро — М.Ш.) тањќир кардаанд, сахт љазо дода шаванд»348. Бахши дувуми ин талаби Миллер иљро нашуд. Маълумоте ба даст надорем, ки аз љазо дидани «сагони почагири» Бурњониддин, ки Садри Зиёро тањќир карданд, масалан аз љазо дидани Абдулфаттоњи палиди мазкур хабар дода бошад. Устод Айнї бо хашм навиштааст: «Ањли фитна ќозї Мирзо Муњаммадшарифи ќозикалонро дар назари амиру ќушбегї зада тањќир карданд, њукумат чизе нагуфт»349.
С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 78 В. Генис. Вице-консул Введенский. Служба в Бухарском ханстве. М., Мысль, 2003, стр. 90. 348 Њамон асар, сањ. 91 349 С. Айнї. Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро, сањ. 136 346
347
168
Зиёда аз ин, дар баъзе сарчшмањо омадааст ва устод Айнї низ гуфтааст, ки он рўзњо «аз Питругрод ба имзои Милутќуф ва Киринский (Керенский — сардори њукумати муваќќатаи Русия— М.Ш.) ба номи амир ва Миллер ва ба њайати иљроияи шањри Когон ба ин мазмун тилигруф омад: «Ањволи фољиаи Бухоро маълум шуд. Касонеро, ки дар ин фитна сабаб шудаанд ва ба ислоњот монеъ омадаанд, бояд љазои сахт дода шавад. Баъд аз ин ба љону моли љавонбухориён њар зарар ки расад шахси амир ва шахси Миллер масъуланд»350 . Пас аз ин њам аз гунањкорон касе љазо надид. На онњое, ки сабабгори 75 чўб хўрдани Садриддини Айнї, Мирзо Назруллоњи Ѓафурзода, Мирбобо буданд, на онњое ки ба љони Садри Зиё ва Абдуссамадхоља, яъне ќозикалону раискалони кишвар суиќасд карданд, на касе аз он анбўњи балвогарон, ки ислоњотталабонро дар кўчањо ба лату кўб кашиданд, ѓорату хонахароб ва зиндонї карданд, њељ касе аз маъмурони њукумат ва иртиљоъиёни фитнакори хунхор љазо надид. Оре, чунонки устод Айнї навишта буд, «њукумати Бухоро барои таскини фитна ва рафъи балво њељ њаракати љиддї ба кор набурда буд»351. Баръакс њукуматдорон бо ошўбидагони иртиљоъї як шуда, ислоњотхоњонро саркўб карданд ва љунбиши маорифпарвариро шикаст доданд. Дар сурате, ки аз фитнагарони иртиљоъї касе љазо нагирифт, маорифпарварони ислоњотљўй ва њамроњони онњо саркўб шуданд. Иртиљоъиёни фитнагар пушту паноњи амиру аморат буданд, вале ба муќобили фармони амири худ шўриданд, аммо ислоњотхоњон, ки барои иљрои фармони сарвари кишвар талош кардан мехостанд, ба тамом торумор шуданд. Њамон рўзи 8 апрел, ки «намоиши шукрона» фурў нишонда ва террори иртиљоъиён шурўъ шуд, бештарини маорифпарварон ва пайвастагони онњо (аз ќабили Файзуллоњ Хоља ва гурўњи ў) аз Бухоро гурехтаанд. Гурези онњо 9 апрел ва дигар рўзњо идома дошт. Онњо ба Когон (ки дар тасарруфи Русия буд) ва Самарќанду Тошканд сафар карда ва дар он љоњо фаъолият карданд. Он гоњ батамом равшан гардид, ки њукуматдорони амир ва байзоиён аз як гиребон сар баровардаанд, як нерўйи сиёсианд, як сиёсатро амалї мекунанд, ки сиёсати уруќдорї буд. Дар моњи май ва июну июли соли 1917 бисёре аз фаъолони муборизаи зидди маорифпарварон ба мартабањои баланд расиданд, мансабу амал ва унвонњо гирифтанд, ба мансабњои равѓанї соњиб шуданд. Инро низ устод Айнї дар рисолаи «Таърихи инќилоби фикрї дар Бухоро» ќайд кардааст. Чун воќиањои он рўзгорро ба андеша мегирем, шубња намемонад, ки амир Олимхон ислоњот кардан намехост ва њадафи ў аз судури фармони ислоњот ин буд, ки бо ин фармон маорифпарварони ислоњотталабро бештар ба љунбиш оварад ва ин љунбишро бахона карда, онњоро ба куллї нест бикунад ва аз мухолифаткорон халос бишавад. Гумон меравад, ки ин пиндор љон дорад. Устод Айнї он рўзњо ин нияти амирро пай бурда буд352 ва ба «намоиши шукронаи» он гурўњи ислоњотхоњон, ки ба роњи ифроткорї ва мољарољўї даромада буданд (Файзуллоњ Хоља, њатто Мунзим ва дигарон), зид баромад, дар намоиш ширкат накард. Ислоњотхоњони ифротгаро (чун Абдулвоњиди Мунзим) ва иѓвогарони њокимиятхоњи хиёнаткор (Файзуллоњ Хоља ва њамдастњояш) рўзи якуми аксулњаракати иртиљоъиён, яъне 8 апрел аз шањр гурехтанд ва љони худро халос карданд. Аммо ислоњотхоњони собитќадами эњтиёткор ба дасти манѓития ва байзоияи бадкина афтода љазо гирифтанд, ки устод Айнї ва Садри Зиё аз хамин љумла буданд. *** Аз ин фасл бояд равшан шуда бошад, ки Садри Зиё аз байзоиён љафоњое дид, ки танњо разилтарин табањкорон ба чунин бадкирдорї метавонанд даст бизананд. Дар поёни ин фасл аз љузъиёти воќиањои 9 апрели 1917 боз якеро гўшгузор меоварем. Чунонки Садри Зиё дар «Рўзнома»-и худ њикоят кардааст, ў он рўз дар он хонаи тангу торики Арк (ки шояд аз бандихонањо бошад) бењуш хобид ва барои ў табибе њам наёварданд. Шабона ўро либоси тоза пўшонида, бо фойтун ба њавлиаш фиристоданд. Аз як сўи фойтун мулло Дўсти Нодиртахаллуси Бойсунии мазкур ва аз тарафи дигари он мулло Њамон асар, сањ. 146. Њамон асар, сањ. 144 352 Ниг: С. Айнї. Куллиёт, љ. 1. Сањ. 78 350
351
169
Имомиддини садри аълами Њисорї нишаста (ё рост истода) буданд. Ин ду муллои машњури ваќт Садри Зиёро посбонї доштанд, то ошўбгаре ба ў осеб нарасонад. Ба ин њол чанд нафар Садри Зиёро ба манзилаш оварданд. Ин ки он шаб Садри Зиёро ду тан кўњистонї — як бойсунї ва як њисорї, ки њар ду њам аз маорифпарварон набуданд, посбонї карданд, хеле љолиб аст. Болотар дида будем, ки ссубњи 9 апрел њамин мулло Дўсти бойсунї барои ин ки Садри Зиё аз њалќаи бадхоњон рањої ёбад, ёрї дода ва ўро ба сўи Арк гусел карда буд. Аз ин љо боз як бор бовар њосил мекунем, ки њама кўњистониён бадхоњи Садри Зиё набудаанд, на танњо он кўњистонён, ки майли маорифпарварї доштаанд (чун Шоњин, Муштоќии Бисмил, Афсар ва шояд бархе дигар низ), балки онњое ки аз маорифпарварї дур буданд, низ нисбат ба Садри Зиё эњтиром ва хайрхоњї зоњир кардаанд. Метавон тахмин кард, ки на фаќат мулло Дўст ва мулло Имомиддин, балки баъзе кўњистониёни дигар њам ба Садри Зиё муносибати хуб доштаанд. 17 Чунонки зикраш гузашт, Ибни Ќурбон ихтироъкорие карда буд, ки гўё Садри Зиё аз созмондињандагони «намоиши шукронаи» љадидон буд. Гуфта будем, ки ин «ихтироъи» ў бебунёд аст. Рўйдодњои 7 ва 8 ва 9 апрели 1917, ки дар фасли боло баён шуд, низ гувоњї медињанд, ки њадси Ибни Ќурбон асос надорад. Инро Соњиб Табаров, ки яке аз устодони Ибни Ќурбон дар муборизаи зидди рўњи поки Садри Зиёст, низ дар китоби «Мунзим– рањбари љамъияти љавонон ва раиси фирќаи љавонБухороиён» тасдиќ кардааст. С. Табаров дар бахши русии ин китоб мегўяд: «На самом деле Мирза Насрулла-кушбеги и верховный казий Мирза Муњаммад Шарафджан-махдум (Садри Зия) и их закадычный друг А.Я. Миллер были против проведения шествия и манифестации»353. Нахуст бояд гуфт, ки миёни Садри Зиё ва Миллер дўстї вуљуд надоштааст. Аз дўстии онњо хабаре дар даст надорем. Баръакс Садри Зиё дар Рўзномаи худ аз Миллер ва дигар кормандони консулхона (намояндагии сиёсии Русия) норозигї баён намудааст. Њамфикрии Миллер ва Садри Зиё дар масъалаи «намоиши шодиёна»-и як гурўњ љаддион ё масъалаи дигаре њаргиз нишонаи дўстии ин ду нафар наметавонад буд. Устод Айнї њам муќобили намоиш буд ва ба он ширкат накард. Ин њам магар нишонаи дўстии ў бо Миллер хоњад буд? Ягона гапи дуруст, ки С. Табаров дар бора Садри Зиё дар ду-се соли охир (оѓози садаи 21) гуфт, њамин аст, ки Садри Зиё зидди «намоиши шукронаи» љадидон буд. Дигар њар чї гуфт, ба њаќиќат наздикї надорад. С. Табаров исрор бар ин мекунад, ки гўё Садри Зиё 8-9 апрели 1917 ва рўзњои баъд ба саркўби маорифпарварони ислоњотталаб (љадидони љавонбухорої) иштирок дошт. С. Табаров дар маќолаи «Мунзим» (китоби «Мунзим ва Бењбудї») дар он бора фаќат ишорае овардааст, ки «дар он соатњо (яъне аз соати 11-и чошти 8 апрел, ки иртиљоъиён ба љадидони намоишгар њамла оѓоз карданд — М.Ш.) ба мисли рўзњои пеш ду сарвари олимартабаи аморати Бухоро Мирзо Насрулло ќушбегї ва ќозикалон Шарифљон-махдуми Садри Зиё хеле серкор буданд»354. Бо чунин маънои тањтуллафз дар поитар боз Садри Зиёро ном гирифтааст: «Хулоса бо амру фармони амир ва ќушбегї садњо маърифатпарварону озодфикрони ба зиндони амир афтода љазо гирифтанд, 75 чўб занонда ва ќатл гардиданд. Дар байни чунин маорифпарварон машњуртарин шиносњои Шариф-махдуми Садри Зиё — Айнї, Мирзо Ањмад Мирзо Назрулло, Абдурасул ва бисёр дигарон низ буданд»355. Ин љо С. Табаров ишора бар он дорад, ки Садри Зиё соњиби мартабаи баланди ќозикалонї (ќозиулќузоти) бошад њам, дар он рўзи шум ва рўзњои дигар ба «машњуртарин (?— М.Ш.) шиносњои худ» гўё дасти ёрї дароз накард, гўё бевафої зоњир намуд. Мо аќида дорем, ки ин даъвои С. Табаров низ ба истилоњ даъвои нони ќоќ аст. Аввало, он гуфтаи С. Табаров ки гўё он айём «садњо маърифатпарварону озодфикрон… ќатл гардиданд», иштибоњ аст. Дар он рўзњои худсарии одамони мулло Бурњониддин, Мирзои Урганљї, Имомќули хазинадор, «вукалои панљгона» ва дигар табањкорон дар апрелу майи 1917 касе ба ќатл нарасидааст. Онњо анвоъи сиёњкориро С. Табаров. Мунзим — рањбари љамъияти љавонон ва раиси фирќаи љавонбухороиён. Душанбе, Деваштич, 2004, сањ. 91 354 С. Табаров. Мунзим ва Бењбудї. Душанбе, 2002, сањ. 34-35 355 Њамон асар, сањ. 35 353
170
карданд, вале њељ нафаре аз ихтилофкорон кушта нашуд. Танњо Мирзо Назруллоњи Ѓафурзода, ки 9 апрел бо Айнї 75 чўб хўрда буд, пас аз ду рўз дар беморхонаи Русия вафот кард, шањид шуд. Дигарон ба њар њол љон ба саломат бурданд. Баъзе љадидони гуреза дур аз ватан ба хориву зорї мурданд. Дувум он ки имову ишораи С. Табаров дар бораи ин ки гўё Садри Зиё дар маснади аќзалќузотї ва ё 8-9 апрел ва ё ин ки пас аз он бар зидди маорифпарварон коре карда бошад ва ё ёрмандиеро аз он ёрони дерини худ дареѓ дошта бошад, — њама нодуруст аст, на натиљаи тањќиќ, балки тахмини беасоси бадхоњонаесту бас. Мо болотар ањволи Садри Зиёро дар чанд рўзи пеш аз фармони ислоњот ва пас аз он аз назар гузаронидем. Ва дар кирдори ў чизе ки бар зидди дўстони маорифпарвараш равона шуда бошад, надидем. Вале дидем, ки аз ёрмандї ба дўстонаш худдорї накардааст. Дар рисолаи «Садри Бухоро» дар омади гап хатиррасон карда будем, ки ќушбегї дар рўзњои аввали ќозикалонии Садри Зиё ба ў нома навишта буд, ки «бо ислоњотталабон наздикї накунед, раисро (Абдуссамадхољаро — М.Ш.) њам фањмонед, ки худро аз ин гуна корњо нигоњдорї кунад». Садри Зиё ин номаро ба Айнї нишон дод, яъне хилофи дастури сарвазир кор карда, бо Айнї, ки аз ислоњталабон буд, «наздикї кард» зиёда аз ин, аз ошкор шудани сирри давлатї (мазмуни амрияи махфї) ибо накарда дўсти њаммаслаки худро аз эњтимоли хавф огоњонид.356 Аз ин мебарояд, ки Садри Зиё фармоишњои амиру вазирро кўр-кўрона ва бандавор иљро намекардааст, ўро иљрогари мањз ва мутеъу фармонбардор вонамудани С. Табаров дуруст набудааст. Аз ин рў даъвои С. Табаров, ки гўё Садри Зиё дар айёми аќзалќузотї ёрони худро ёрмандї накард, ба њаќиќат рост намеояд. Албатта рўзњои 8-9 апрели 1917, яъне рўзњои намоиши љадидон ва фитнаи иртиљоъиён, чунонки дар фаслњои боло дидем, њељ имкон набуд, ки Садри Зиё ба маорифпарварон кумак бикунад, онњоро аз њамлаву тањдид ва љазо рањої бубуахшад. Он рўзњо худи Садри Зиё ба ёрї ва наљоткорї эњтиёљ дошт. Он њангом ў худ дармонда буд, ба њамлаи «сагони почагири» Мир Бурњониддин дучор омада, ќариб љон аз даст дода буд. Ба ќавли С. Табаров гўё Бурњониддини байзої «аз хешовандони наздики» Садри Зиё будааст ва муборизаи Садри Зиё ва Бурњониддинро раќобати мансабталошї бояд донист. На, хешовандие байни онњо вуљуд надошт. Боре амир барои ин ки хонадони Байзо ва хонадони домулло Абдушшакури Оятро ба њам созиш бидињад, фармуд, ки домулло Абдушшакур духтари худ Иќболро ба фарзанди Ибни Байзо бидињад. Вале Иќболхон зуд бева монд ва ягона фарзандашро худ ба азобе калон кард. Бо бева мондани Иќболхон «хешовандии» Бурњониддин ва Садри Зиё ба поён расид (Иќболхон њамон аммаи бетолеъи ман аст, ки бо духтари ягонааш Асолатхон маро баробари ягона наберааш Муњаммадљон Рањмонов, ки ширхораи ман аст, калон карда ба воя расонид ва ман инро дар ёддоштњои худ «Љодаи њаќ паймудам” ба ќалам овардаам). Муборизаи Садри Зиё ва Мир Бадриддину Мир Бурхњониддин низ аз тарафи Садри Зиё на мансабталошї, балки пархоши маслакї буд, ки мо инро дар бобу фаслњои гузашта чандин бор таъкид кардаем. Ва хонандаро бояд бовар њосил шуда бошад. Дар дигар маќолаи С. Табаров, ки низ дар бораи Мунзим аст, мехонем: “Дар ин соатњо (дар њини пароканда шудани “намоиши шодиёнаи” љадидон — М.Ш.) ба мисли рўзњои пеш Мирзо Насрулло— ќўшбегї ва ќозикалон Шарифљон-махдуми Садри Зиё хеле серкор буданд. “Чунончи ќозикалон (Садри Зиё — С.Т.) рўзи шанбе,— менависад Айнї, — пагоњї хабари дигари дар байни халќ иѓво пањн карда гаштани ду муллоро шунида, бо телефон аз ќушбегї “Иѓвогаронро дастгир кунам” гуфта пурсид. Ў (ќозикалон — С.Т.) баръакс њар як аксулњаракатчиро бо эњтироми зиёд ќабул карда, њар талабашонро иљро мекард, њар киро зан гўянд, мезад, њабс кун гўянд њабс мекард ва ба њамин восита ба аксулњаракат рўњи тоза медод” Хулоса Мирзо Насрулло-ќушбегї ва Шарифљон-махдуми Садри Зиё вазифањои аз љониби амир ба зиммаашон гузоштаро (гузошташударо — М.Ш.) бе гуфтугў ва бо дилу љон ба љо меоварданд”357. Чунонки мебинед, хонандаи гиромї, С. Табаров боз њам (чун соли 1966 ва 1990, мурољиат шавад ба бахши “Чу анќоро баланд аст ошёна”) аз забони устод Айнї гап задааст. Ва њол он ки Айнї њаргиз наметавонист чунин суханњое дар бораи Садри Зиё бигўяд ва њељ нагуфтааст. Ниг.: С. Айнї. Куллиёт, љ. 1 сањ. 76 С. Табаров. Мунзим — рањбари љамъияти љавонон ва раиси Фирќаи љавонбухориён, сањ. 36 ва 94 ба русї. 356
357
171
Мо њоло суханњои устод Айниро ба он тарз, ки дар китоби ў њаст, бо аввалу охираш меоварем, то хонандаи азиз худ битавонанд ќазоват бикунанд. Он гуфтаи устод Айнї дар китоби “Таърихи инќилоби Бухоро” дар боби “Назари амир ва ќушбегї ба балво” омадааст. Яъне Айнї асосан дар бораи амир Олимхон ва Насруллоњи ќушбегї сўњбат мекунад ва зикри дигарон туфайлист. Устод суханро аз ќушбегї оѓоз карда, пас ба амир гузаштааст. Оѓози боб ин аст: “Ќушбегї аз балво (шўриши иртиљоъиён — М.Ш.) сахт метарсид ва ба хубї медонист, ки агар балво бархезад, аввалин ќурбонї худи ў хоњад шуд. Лекин пас аз сар задани балво (шўриши иртиљоъиён дар рўзи 8 апрели 1917 — М.Ш.) барои пахш кардани он њаракат накард, балки барои љалби таваљљўњи аксулњаракатчиён (иртиљоъиён — М.Ш.) ба тарафи худ, ба хаёли мустањкам кардани мавќеъи худ афтода, њар ќадар метавонист ба балво ёрї дод. Чунончи ќозикалон Шарифљон-махдум рўзи шанбе, пагоњї хабари дар байни халќ иѓво пахн карда гаштани ду муллоро шунида, бо телефон аз ќушбегї “Иѓвогаронро дасгир кунам?” гуфта пурсид. Ќушбегї “кордор набошед” гуфта љавоб дод. Ў баръакс њар як аксулњаркатчиро ба эњтироми зиёд ќабул карда, њар талабашонро иљро мекард, њар касро зан гўянд мезад, њабс кун гўянд, њабс мекард ва ба њамин восита ба аксулњаракат рўњи тоза медод. Амир бошад, дар фикри њар чї зудтар гардонда гирифтани он фармони манњус буд.”358. Пас сухан аз амир давом мекунад. Аз хонандаи мўњтарам илтимос мекунем, ки ин пораро, ки маљбуран ба ин калонї овардем, боз як бор бихонанд. Ва бубинанд, ки кадоми он корњоро, ки Айнї мегўяд, Садри Зиё кардааст ва кадомеро Мирзо Насруллоњи ќушбегї. Њатто бидуни диќќати махсус тавон дарёфт, ки коре ки Садри Зиё кард, фаќат ин буд, ки ба ќушбегї телефон кард ва иљозат пурисд, ки иѓвогаронро дастгир бикунад, аммо ќушбегї иљозат надод. Коре, ки Садри Зиё кард, њамин асту бас. Дигар њарчї ки Айнї мегўяд, корњоест, ки ќушбегї карда буд. Онњоро ба Садри Зиё нисбат додан мумкин нест. Ба чунин коре мантиќи сухани Айнї иљозат намедињад. С. Табаров бо мантиќбезорї “Ў”-ро дар ќавс “ќозикалон” гуфтааст. Ва њол он ки хабари љумлаи пеш “гуфта љавоб дод” мебошад. Мубтадои ин љумла кадом аст? Мубтадои ин љумла “ќушбегї” мебошад: “Ќушбегї “кордор набошед” гуфта љавоб дод”. Пас “ў”, ки пас аз ин омадааст, низ њамон ќушбегист, на Садри Зиё. Мубтадои њар ду љумла якест. Хуллас, ки кореро ки ќушбегї карда буд, С. Табаров ба Садри Зиё нисбат додааст. Бисёр мехоњад, ки Садри Зиё бадтарин корњоро карда бошад. Бисёр мехоњад, ки устод Айнї гувоњи он бошад. Вале устод ва дигар касе њељ гоњ шоњиди бадкирдории Садри Зиё нашуда буд. С. Табаров, ки даъвои айнишиносї низ дорад, бояд бидонад, ки устод Айнї дар њељ яке аз навиштањои худ дар бораи њаёти иљтимоъии Садри Зиё заррае сухани бад нагуфтааст. Устод рафтори иљтимоъии Садри Зиёро дар њама мавридњо маъќул донистааст. Агар Табаровњо, Масовњо, Ибни Ќурбонњо чашм аз ѓубори каљдилї пок карда, нигоштањои устод Айниро бихонанд, хоњанд донист, ки чун сухан аз фаъолияти иљтимоъии Садри Зиё меравад, устод доѓе дар домани ў надидааст. С. Табаров, ки он гуфтањои устод Айниро нодуруст фањмида нодуруст эзоњ додааст, нагуфтааст, ки он гуфтаи устодро аз кадом китоби ў ва аз кадом сањифаи он гирифт. Хонандаи камтаљриба намедонад, ки агар лозим шавад, он гуфтаи Айниро аз кадом китоб ва кадом сањифаи он биљўяд. Дар дигар мавридњо њам С. Табаров чун аз Айнї ва муаллифи дигаре иќтибос меоварад, зернавишт намедињад. Ва ќоидаи илмиро сахт вайрон мекунад. Иќтибос ва наќли ќавл, ки бидуни зернавишт омадааст ва хулосае ки аз он бароварда шудааст, эътибори илмї надорад. Дар њаќиќат хонандањое ки ба он иќтибоси С. Табаров бовар карданд, сахт фиреб хўрданд, на танњо дар бораи Садри Зиё, дар бораи Айнї њам тасаввури нодуруст пайдо карданд. С. Табаров мехохад, ки хонандаи ў ба љустуљўи манбаъњои илмї наравад, ба гапи ў ба гапи С. Табаров бовар бикунад, њар матлабро аз фањмиши С. Табаров бифањмад, аз паи фањмишњои дигар нагардад. Маќсад аз нишон надодани манбаъи иттилоот њамин аст: љавонони орзуманди пажўњишгариро ба каљроњаи худ бурдан мехоњад, мухлисони хушбовари худро чашм баста аз паси худ кашиданї њастанд. Умед аст, ки љавонони имрўз ва фардо метавонанд каљроњањоро аз роњи рости илм тафовут бидињанд, ба роњи пажўњиши ростин, тањќиќи амиќу њамаљониба бираванд. Њар дафъа чун сухан аз Садри Зиё оѓоз шуд, С. Табаров фаќат як њадаф дорад, ки ба ќадри имкон бад кардани Садри Зиёст. Ягона маќсади ў ин аст, ки Садри Зиёро аз сафи 358
С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 163-164.
172
маорифпарварон берун карда, ба доираи иртиљоъиён, љоњилон ва золимон, ба доираи ќозї Бурњониддини байзої бидароварад. Чунончи мегўяд: “Одним из таких новых чиновников, который продолжал действия старых сановников, был Мухаммад Шариф-махдум (Садри Зия). По требованию эмира Алимхана и кушбеги Насруллы он тотчас приводил в исполнение любой полученный им приказ и распоряжение. Кровавые трагические события апреля месяца 1917 года, в результате которых сотни джадидов и просветителей, среди которых также были Садриддин Айнї и десятки других друзей самого Мухаммад Шарифджан-махдума (Садри Зия) по приказу этих троих — эмира, кушбеги и верховного казия и подверглись страшным наказаниям — казни, избиениям в 75 палок и т.д.”359. Ин љо њар чї дар њаќќи Садри Зиё гуфта шудааст, њама бофтаву сохтаи С. Табаров аст ва њељ воќеъият надорад. С. Табаров барои ин даъвои дањшатангез, ки дар бораи Садри Зиё гуфтааст, як мисол, як дилелу барњон навовардааст, чунки чунин далел вуљуд надорад. Аз оѓоз то анљоми ин маќолаи каммаънї дар бораи Садри Зиё бидуни далелу бурњон даъвоњои калон зиёд омадааст. Медонем, ки амир Олимхон ва Насруллоњи вазир дар моњи апрели соли 1917 бисёр табањкорињо карданд. Њар коре ки онњо карданд, дар таърихномањои он замон, ба вежа дар чандин нигоштаи устод Айнї як-як сабт шудааст. Аммо дар њамаи ин таърихномањо як мисол аз табањкории Садри Зиё нест. Њатто Абдуррауфи Фитрат, ки њангоми навиштани китоби муњимми “Давраи њукмронии амир Олимхон” (1930) аз Садри Зиё ранљидагї дошт (ва мо сабаби ранљиши ўро дар китобчаи “Садри Бухоро” гуфта будем), дар бораи ин ки Садри Зиё моњи апрели 1917 дар њаќќи ислоњотхоњон бадие карда бошад, як воќиаеро њикоя накардааст. Файзуллоњ Хоља ва дигарон, ки низ воќиањои моњи апрели соли 1917-ро њикоя кардаанд, аз фаъолияти Садри Зиё як рўйдоди иртиљоъї бо далелу бурњон ёдовар нашудаанд. Ба гумони ќавї чунин рўйдоди иртиљоъї аз Садри Зиё содир нашуда буд. Устод Айнї дар осори худ онњоеро, ки дар муборизаи зидди маорифпарварон фаъол будаанд, чандин бор ном бурдааст. Чунончи номи иртиљоъиёни апрели 1917-ро ин тавр овардааст: “Касоне, ки пеш аз њама ба аксулњаракат (шўриши зидди љавонбухороиён — М.Ш.) њамроњ шуданд, аз муллоњо: мулло Холмуроди муфтї (ки мутаассифона як ваќтњо бо Садри Зиё наздикї доштааст— М.Ш.), Ибодуллоњ-махдум, Љунбул-махдум, мулло Ќутбиддин, ќорї Ибод, мулло Ќамар (-и тотори машњур — М.Ш.), Назруллоњ-махдум, писарони мулло Рўзии араб (инњо се нафар), Наќшбандхон (писари Султонхон). Аз давлатмандони синфи миёна: Мањмудхони њиротї (се бародар), ќории Сиркої ва бародарони он (аз гузари Пўстиндўзон) ва њољї Абдуллоњи чойфурўш. Аз давлатмандон: Абдуррауфи корвонбошї, Юсуфбой, Љўрабек, Ќаршибек. Аз сипоњиён: тамоми ањли дарбор, одамони ќушбегї, миршаб ва њокимони дигар. Инњо фаќат пас аз сар шудани фитна (шўриши иртиљоъиён— М.Ш.) бо љиддияти тамом ба кор даромаданд”.360 Чунонки мебинед, дар ин рўйхати иртиљоъиён номи Садри Зиё нест. Аз рўйи воњимае, ки С. Табаров кардааст, бояд њатман номи Садри Зиё ба ин рўйхат дохил мешуд. Вале дохил нашудааст. Устод аз ашхоси олимартаба ќушбегиро номбар кардааст, вале ќозикалонро ном нагирифтааст. Аммо С. Табаров ба ин гуна љузъиёти “майда-реза” ањамият намедињад. С. Табаров ба ин њам ањамият намедињад, ки устод Айнї ба њар муносибат бадкирдорињои иртиљоъиёнро як-як нишон додааст, вале дар ин мавридњо низ њељ боре Садри Зиёро ба ёд наовардааст. Пас чун С. Табаров гуфтааст: “Кровавые и трагические события апреля месяца 1917 года, в результате которых сотни джадидов и просветителей… по приказу этих троих — эмира, кушбеги и верховного казия подверглись страшным наказаниям — казни, избиениям в 75 палок и т.д.”, њељ њаќ надошт, ки дар байни љаллодон номи ќозикалон Садри Зиёро дохил бикунад. Садри Зиё њељ гоњ иртиљоъї набуд, душмани иртиљоъиён буд. Ва кўшишњои С. Табаров, ки ўро аз љумлаи иртиљоъиёни бадкирдор вонамудан мехоњад, наќше дар об аст.
С. Табаров, њамон асар. Сањ. 87. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 160. Баъзе аз муллоњое, ки ин љо номбар шудаанд, дар навиштањои Айнї аз љумла дар «Ёддоштњо» ба тафсил тасвир шудаанд. 359
360
173
Даъвоњои С. Табаров наќше дар об аст, чунки барои исботи даъво як далел наметавонад биёварад. Аљаб замоне шудааст, ки ќаламкашњо бидуни далелу бурњон, бидуни тањлилу тањќиќ њукми ќатъї мебароранд! Агар хонандаи мўњтарам аз ин китоби мо фаслњои болоро ба ёд оваранд ё бархе фаслњои “Садри Бухоро”-ро вараќ зананд, хоњанд донист, ки Садри Зиё моњи апрели соли 1917 ва баъд аз он њам аз имкони амали озод, аз имкони иљрои вазифањои аќзалќузотї мањрум, дасту пояш баста, абгору афгор афтода буд, тобу тавони кор надошт. Дар њамин њол чунонки Файзуллоњ Хоља дар китоби “Аз таърихи инќилоби Бухоро ва марзбандии миллии Осиёи Миёна” (“К истории революции в Бухаре и нацонального размежевания Средней Азии”) хабар дода аст, чун котиби консулхонаи Русия Шулга ба ќозикалон номае фиристод ва ба воситаи ќозикалон “ба амир маслињат дод, ки бо љавонбухороиён берањм бошад ваъда кард, ки ба ќозикалон бо ѓайрати тамом ёрмандї хоњад кард ва кумакдори садоќатманди ќозикалон хоњад буд”361. Маълум нест, ки Садри Зиё аз рўйи ин нома чї кор кард ва оё тавонист амале пеш бигирад. Аммо дар назари С. Табаров аз Шулга нома гирифтани Садри Зиё худ як гуноњи азим аст. С. Табаров гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки Садри Зиё супориши Шулга, фармони амиру вазирро он тавр ки бояд ва шояд, иљро мекард, вале боз њам С. Табаров як мисол намеоварад, ки Садри Зиё он фармонњоро чї тавр иљро карда буд. “Мантиќи” сухани С. Табаров ин аст, ки модом, ки Садри Зиё ќозиулќозот шуд, маљбур буд, ки фармонњои болоро њатман иљро бикунад. Далелу бурњони С. Табаров фаќат њамин “њадс” асту бас. Ба ќавли С. Табаров Садри Зиё фармони амирро дар рўзњои террори моњи апрели соли 1917 бењтару бештар аз Мирзо Насруллоњи ќушбегї иљро мекардааст ва аз њамин сабаб амир Насруллоњи ќушбегї ва Абуссамадхољаи раисро зуд маъзул кард ва соли 1918 ба ќатл расонид, аммо Садри Зиёро чањор моњ дар маснади ќозикалонї нигоњ дошт ва ќатл накард. С. Табаров аз ин ки оќибат ќушбегиву раисро куштанд, лекин ќозикалон љон ба саломат бурд, маънои тањтонии амиќе кашиданї мешавад.362 Дар фасли боло дидем, ки Садри Зиё чї тавр 9 апрел ду бор аз чанголи маргрези иртиљоъиёни Бурњониддини байзої рањої ёфт. Дар фасли оянда боз хоњем дид, ки соли 1918 њам Садри Зиё фаќат ба инояти Худованд аз зери теѓи љаллодони Бурњониддин халос шуд. Гап дар ин њам нест, ки ќасди љони Садри Зиё аз кї зоњир шуд — аз одамони амир ё аз одамони Бурњониддин. Манѓития ва байзоия як ќувваи сиёсї буданд ва фарќ надорад, ки суиќасд аз кадоми онњо ба амал омад. Аљобат дар ин ст, ки ба ќатл нарасиданро низ як гуноњи Садри Зиё донистаанд. С. Табаров дар ѓазаб аст, ки чаро Садри Зиё ба ќатл нарасид. Булъаљабиро бинед, ки аз ин ки натавонистанд як маорифпарварро бикушанд, С. Табаров шод нашудааст, балки ба ѓазаб омадааст, ки њамоно ѓазаби синфї ва падидае аз мухолифони тезиву дигарзидої363 мебошад. Хашми унсури асосии “тањќиќи” ўст. Дар баробари пурсише, ки С. Табаров дар ин маврид мегузорад, пурсишњое пеш меоянд, ки посух гуфтан ба онњо чандон содда нахоњад буд. Масалан чаро бародари Айнї њољї Сирољиддинро куштанд, аммо худи Айниро накуштанд? Њомидхољаи Мењрї баробари Айнї аз мањфили Садри Зиё баромада, баробари Айнї дар маорифпарварї фаъолият дошт. Њатто Айнї бештар аз Мењрї фаъолият кард. Аммо Мењриро куштанду Айниро не. Чаро ин тавр шуд? Ба њамин тариќ бародарзодаи Садри Зиё Абдулвакилмахдумро баробари Садри Зиё њабс карданд, аммо ўро шаби аввал куштанду Садри Зиё зинда монд. Аз куљо фањмем, ки чаро ин тавр шуд. Бародари Садри Зиё Ѓафурљон-махдум низ ба њабс афтода буд, вале кушта нашуд. Ѓайр аз ин, таѓоибачаи Садри Зиё ќозї Сайидљон-махдуми Назмї барои созмони пинњонкори “Тарбияи атфол” њар моњ пинњонї кўмакпулї медод, соли 1917 зиндонї шуд ва соли 1918 ба ќатл расид. Боз њам Садри Зиё зинда монд. Сабаби ин њам маълум нест. Њангоме ки Садри Зиёро ба зиндон гирифтанд, дастнависњои ўро сўзониданд, аммо дастнависњои Айнї њангоми дастгир шуданаш осеб надид. Ин љо чї сабабе буд? Агар суоли С. Табаровро, ки чаро амир ќушбегї ва раисро кушту Садри Зиёро не, ба љиддият бигирем, он гуна суолњои зиёде паи њам омадан мегиранд. Албатта дар баъзе Ф. Ходжаев. Избранные труды, т. 1, Тошканд, Фан, 1970, сањ. 110 Ниг.: С. Табаров. Мунзим-рањбари љавонон, сањ. 94 363 Дигарзидої – зидоиши дигарон, чунончи ситеза бо дигарандешон, бо намояндагони дигар гурўњњо ва ањли дигар минтаќањо ва ѓайра, ки ба назари худпарастони мањалгаро бегона менамоянд. 361
362
174
мавридњо ба чунин пурсишњо посух љустан даркор аст ва посухи баъзеи онњо имрўз маълум аст. Лекин чунин масъала, чунин пурсишро барои сиёњ кардани касе ба миён гузоштан нахуст нишонаи бадандешї бояд бошад. Модомки масъала гузоштї, бояд онро њал бикунї, тадќиќу тањќиќ бинамої ва натиљае бигирї. Фаќат суол гузоштану аз љавоб гурехтан, бо як пурсиши иѓвоомези авомфиребона касеро сиёњ кардан кори тањќиќгари поквиљдон нест. С. Табаров дар маќолаи “Мунзим— рањбари љамъияти љавонон ва раиси фирќаи љавонбухороиён” чанд бор чунин корњо кардааст. Якум он ки ў боз њам аз таъсире ки Ањмади Дониш ва мањфили Садри Зиё, “Наводир-ул-ваќоеъ”-и Ањмад-махдум ба Мунзим, Айнї, Њайрат ва чандин нафари дигар расонид ва ба онњо “инќилоби фикрї” рўй дод ва онњо ба роњи маорифпарварї даромаданд, хомўш мондааст. С. Табаров боз њам ањд кардааст, ки Садри Зиёро боре ба некї ёд накунад. Дар натиља боз њам аз ёдоварии Ањмадмахдуми Дониш ва ањамияти омўзањои бузурги ў низ худдорї кардан лозим омадааст. Аз зикри хайри некмарде гардан тофтан ва ба нафрини ў пардохтан, ки нафрини беасос ва бедалелу бебурњон бошад, низ бегумон дур аз одамият аст. Дувум он ки С. Табаров бисёр кўшидааст, то чунон вонамуд кунад, ки Садри Зиё нисбат ба Мунзим нафрат дошт. Инак С. Табаров мегўяд: “До какой степени ненавидели Мунзима эмир, кушбеги, верховный казий (яъне ки Садри Зиё— М.Ш.) и главари реакции можно предстваить себе из следующего”364. Сипас њикоят кардааст, ки ба љои Абдулвоњиди Мунзим як Абдулвоњиди дигарро ба зиндон оварданд. Ва њол он ки ба ин кор Садри Зиё даст надошт. Чунонки дидем, он гоњ ў худ гирифтори суиќасди “сагони почагири” Бурњониддин гардида, бењуш хобида буд. Дар љумлаи боло Садри Зиёро дар сафи “сардорони иртиљоъ” (главари реакции) љо додан баръакс эзоњ додани рухнамудњои таърих аст. С. Табаров аз таърих, аз осори Садри Зиё каме огоњї дорад, ба хусус гуфтањои устод Айнї дар бораи Садри Зиёро ба хубї медонад ва дидаву дониста ќасдан сафедро сиёњ мегўяд. Мо инро сиёњкорї медонем. Инро номардї дар илм низ гуфтан мумкин аст. Садри Зиё ба Мунзим бархўрди бад, ба вежа нафрат њељ гоњ надоштааст. Баръакс Мунзимро яке аз наздиктарин дўстони худ медонист. Мунзим хеле бештар аз Айнї солњои нављавонї дар њавлии Садри Зиё зиста ва яке аз фаъолони мањфили адабии ў буда, баъдтар устоду шогирд њаммаслак шуданд ва дар даргоњи маорифпарварї њамкорї карданд. Садри Зиё аз миёни шогирдонаш ба Айнї ва Мунзим бештар мењру дилбастагї дошт ва аз онњо мењру садоќат дид. Барои ин ки дилбастагии вежаи Садри Зиё маълум шавад, зарур медонем чанд байти машњури ўро аз “Тазкори ашъор” дубора ёдовар бишавем: Вафокеш мардум бидидам басе, Чу Айниву Мунзим надидам касе. Тавон гуфт Айнист як чашми ман, Дигар чашм Мунзим дар ин анљуман. Бинозам ба гетї бад-он ду нафар, Ки мурѓи диламро чу боланду пар365. Садри Зиё дар бораи њељ яке аз дигар дўстонаш чунин изњори мењр накардааст. Инро њам бигўем, ки Садри Зиё ин байтњоро дар тањрири дувуми «Тазкори ашъор», ки пас аз соли 1920 анљом ёфт, нигоњ доштааст. Агар ба гуфти С. Табаров, ки гўё Садри Зиё моњи апрели соли 1917 нисбат ба Мунзим нафрат дошт (ненавидел) дуруст мебуд, магар Садри Зиё ин байтњоро дар тањрири дувуми «Тазкори ашъор», яъне пас аз соли 1917 низ нигоњ медошт? Аз Рўзномаи Садри Зиё низ маълум мешавад, ки соли 1920 ин устоду шогирд чун пеш ба њам садоќати комил доштанд. Дар байтњои боло наљобати эњсосоти Садри Зиё, Айнї ва Мунзим, наљобати олии њамдилии ин дўстони љонї ифода шудааст. С. Табаров бо ин ки мегўяд: Садри Зиё нисбат ба Мунзим нафрат дошт, њамин наљобати олиро тањќир кардааст. Барои касоне чун С. Табаров чизе муќаддас вуљуд надорад. Њозиранд њар муќаддасотеро помол бикунанд. Дар бахши «Чу анќоро баланд аст ошёна» дида будем, ки С. Табаров ва Р. Масов Айнї ва Садри Зиёро ба њам зид гузошта ва кўшида буданд, ки ин ду дўсти содиќро бадхоњи якдигар вонамоянд. Акнун С. Табаров дар маќолаи «Мунзим— рањбари љавонон» кўшиш дорад, ки Садри Зиё ва Мунзимро душмани якдигар вонамуд бикунад. Гўё мехоњанд 364 365
Њамон асар, сањ. 97 Садри Зиё. Тазкори ашъор, сањ. 153
175
Садри Зиёро як-як аз дўстонаш људо бикунанд. Умед аст, ки зўри бењуда миён мешиканад. Фаромўш накунем, ки дўстонро аз њам људо кардан кори одамони нохуб аст. Имрўз, ки бархе аз осори Садри Зиё ба чоп расидааст, хонандагони азиз ва пажўњишгарони њаќљўву њаќгўй имкон доранд худ бубинанд, ки Садри Зиё ба садоќат тоќ ва ба идеалњои маорифпарварї њамеша содиќ буд. 18 Бадкирдорињои Бурњониддин соли 1918 бештар аз пештар фалокат овард. Рўзи 2 марти 1918 сардори њукумати болшевикии Туркистони Русия Фёдор Колесов ба Бухоро лашкар кашид. Амир Олимхон дар ин љанг пирўз омад. Бо њавои ин пирўзї дар Бухоро террори хунин оѓоз ёфт. Террори марти 1918 аз террори апрели 1917 сахттар ва густурдатар буд. Тамоми кишвар ба хун ѓарќ гардид. С. Айнї дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» менависад, ки аз рўзи якуми њуљуми Колесов «таќрибан чањорсад нафар раъияи Бухоро дар Арки Бухоро бегуноњ кушта шуданд»366. Садри Зиё хабар медињад, ки дар Ќаршї рўзи нахусти террор чањорсаду панљоњ нафар кушта шуданд, ки дар байни онњо занону кўдакон њам буданд. Дар дигар вилоятњо низ куштори калон ќариб як моњ давом дошт. Дар ин кушокуш ба гуфти Айнї «усули нави одамкушї» ва «мошини одамкушї» ихтироъ шуд, ки «аз тарафи ќозикалон Бурњониддин (ки моњи июли 1917 боз ќозикалон таъйин шуда буд — М.Ш.) Низомиддинхољаи урганљї ва Абдуррауфи корвонбошї ихтироъ ёфта, аз тарафи амир тасдиќ шуда буд»367. Чунонки мебинем ин љо дар байни ихтироъкорони усули нави одамкушї номи Бурњониддин якум омадааст. Устод Айнї ба муносибати хунрезињои моњи марти соли 1918 дар «Таърихи амирони Манѓитияи Бухоро» гуфтааст: «Ќозикалон Бурњониддин, раис Мусанниф, вакил Ќутбиддин, Ибодуллоњ ва мулло Холмуњаммад, аз ањли дарбор: Имомќул, Њољї Латиф, Ањрорќул, аз ањли бозор: Ќаршибек, Усмони аттор доди хунрезї ва торољи моли мардумро доданд»368. Мо ин гуфтаи устод Айниро боз як бор гўшрас овардем, то таъкид бикунем, ки устод Айнї номи љаллодони миллатро дар сафњаи таърих сабт намудааст ва боз номи Бурњониддин дар љои якум аст. Агар амир Олимхонро љаллоди якум ба шумор оварем, ќозї Бурњониддин љаллоди дувум буд.Ин њамон мулло Бурњониддин аст, ки Ибни Ќурбон ўро марди донову бино, сиёсатмадори нозукбин, ислоњотхоњ, душмани туркњову Туркия ва тољикпарвар вонамудан мехоњад. Дар солњои 1917-1918 байзоият ба пурзўртарин нерўйи иљтимоъиву сиёсии табањкор табдил ёфт. Аз аввали пайдоиши байзоият пай бурдан мумкин буд, ки рўзе даст ба хунхории куллї мезанад. Дар њаќиќат дар замони тезу тунд шудани муборизањои иљтимоъиву сиёсї байзоиён дар пешсафи берањмтарин кўрдилони вањшониятпеша амал карданд. Аз се нафаре, ки мутасаддии иљрои фармони ислоњот буданд, Абдуссамдхољаи раиси калонро рўзи дувуми эълони он фармон маъзул ва ба кўњистон фиристода, соли 1918 ба ќатл расониданд. Садри Зиёро пас аз 16 рўзи нишастан ба маснадии ќозикалонї маъюб, хонанишин ва аз кор дур, аз октабри 1917 ба Ќаршї бадарѓа намуданд. Насруллоњи ќушбегиро, ки Бурњониддин ва чанд нафари дигар душмани ў буданд, 14 апрели 1917 маъзул карда, соли 1918 бо њафтдањ нафари бастагонаш ба ќатл расониданд. Сарнавишти њама маорифпарварон ва хайрхоњони эшон, ки ба даст афтоданд, њамин шуд. Чунонки Мирзо Њайити Сањборо, ки Бурњониддин душмани худ медонист, апрели 1917 њабс ва ба Ќубодиён бадарѓа карданд ва марти 1918 дар он љо кушта, «љасади онро ба ўзбакон доданд, кўбкорї намуданд»369. Рањими Мусулмониён ба наздикї номи кушандаи Сањборо гуфт, ки Тўраќулї Ойќулї будааст»370. Сайидљон-махдуми Назмиро, ки таѓоибачаи Садри Зиё буда, барои созмони пинњонкори «Тарбияи атфол» њар моњ кўмакпулї медод371, соли 1917 ба Балљувон бадарѓа ва соли 1918 он љо ба шањодат расониданд. Ва њоказо. Хуни бештарини ин шањидон низ ба гардани Бурњониддин аст. С. Айнї. Куллиёт, љ. 10, сањ. 178 С. Айнї. Куллиёт. Љ. 1, сањ. 107. 368 С. Айнї. Куллиёт, љ. 10. Сањ. 177 369 Рўзномаи Садри Зиё, сањ. 275. 370 Ниг.: Р. Мусулмониён. Тољики 2500 сол пеш. Садои Шарќ, 2003, № 10-12, сањ. 119 371 С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 133 366
367
176
Чун соли 1917 натавонистанд Садри Зиёро бикушанд, марти 1918 пас аз «воќеаи Колесов» ќасд карданд, ки ба ин маќсад бирасанд. Садри Зиё аз октабри 1917 ба Ќаршї табъид (бадарѓа) ва ќозии он вилоят буд. Он љо ба гуфти Айнї моњи марти 1918 ба гуфти худи Садри Зиё 2 апрели 1918 ўро њабс карданд. Садриддини Айнї менависад: «Бо сар шудани љанг (-и Колесов ва амир — М.Ш.) ќозикалон Бурњониддин ва ќушбегї Усмонбек (ки аз золимону љоњилони машњури ваќт буда, дар навиштањои Садри Зиё њаљв шудааст372 — М.Ш.) ба њокими Ќаршї хат фиристода, ќозї Мирзо Шарифро (Садри Зиёро— М.Ш.) њабс кунонида, љиянаш Абдулвакилро куштанд»373. Мебинед, ки Садри Зиё бо фармони Бурњониддин ва Усмонбек њабс шуд. Маълум аст, ки Садри Зиёро дар Ќаршї ба њабс гирифтанд, дастнависи навиштањои ў, аз љумла «Рўзнома», «Тазкори ашъор», «Наводири зиёъия»-ро сўзониданд. Яъне агар соли 1917 худи ўро натавонистанд љисман мањв бикунанд, акнун хостанд нахуст маънан мањв бикунанд, сиёњнависњои бепокнависро бисўзонанд. Оташ додани асарњои Садри Зиё низ бо њамон номаи Бурњониддин ва Усмонбек, ки дар боло устод Айнї гуфтааст, сурат гирифт. Хонандаи азиз инро бояд ба гўш бигиранд: китобњои Садри Зиё соли 1918 бо фармони Бурњониддин ва Усмонбек сўзонида шудааст! Сипас худи ўро нест кардан хостанд. Чунонки пештар ёдовар шуда будем, пас аз чанд рўзи мањбусии Садри Зиё дар Ќаршї њукми ќатли ў расид. Ин њукмномаи ќатли Садри Зиё бо мўњри Усмонбеки ќушбегї (вазир) ва Бурњониддини ќозикалон омада буд. Одатан њукми ќатлро ќозї ва ќозикалон ба амир пешнињод мекарданд ва амир њукм содир менамуд. Лекин дар айёми террори соли 1918 азбаски њукми ќатл хеле бисёр содир шуд, лозим донистанд, ки амирро зиёд ташвиш надињанд ва њукмномањоро бидуни мўњри амир Олимхон иљро намоянд. Иљрои њукми ќатл дар ўњдаи ќушбегї ва њокими вилоят буд. Њокими вилояти Ќаршї дид, ки њукми ќатли Садри Зиё низ бидуни мўњри амир омадааст. Гуфта будем, ки њокими Ќаршї он рўзњо њукми ќатлро бидуни мўњри амир њам бисёр иљро карда буд ва шояд бародарзодаи Садри Зиё Абдулвакил-махдуми љавони навдомод чанд рўз пеш ба њукмномаи бидуни мўњри амир кушта шуда бошад. Вале азбаски њокими Ќаршї Ањрорќулибек Садри Зиёро бисёр њурмат мекардааст, њукми ќатли ўро иљро накард, ба Бухоро баргардонд ва узр гуфт, ки чунин њукмномаро бидуни мўњри љаноби олї намтеавонад иљро бикунад. Пас аз чанд рўз аз Бухоро фармон омад, ки аз Садри Зиё барои худаш ва бародари љадидаш Ѓафур-махдум се миллион сўми русї «бадали хун» ситонида шавад ва баъд онњоро озод бояд кард. Бинед, нархи хуни Садри Зиё ду миллион сўм ва нархи хуни бародараш як миллион сўм таъйин шуда буд. Садри Зиёро маљбур карданд, ки љони худро ба ду миллион сўм бихарад. Гўё соњиби њаёту мамоти бузургворе чун Садри Зиё Бурњониддину Усмонбек буданд, ки њар чї хоњанд, мекарданд ва аз террору куштор њам дорої гирд меоварданд. Мо воќиањои соли 1918-ро дар навиштањои пештараи худ њикоя карда будем. Маќсад аз ёдоварии батакрор таъкиди ин матлаб аст, ки њукми ќатли нигоштањои Садри Зиё ва њукми ќатли худи ўро Бурњониддини байзої ва Усмонбеки манѓит имзо карда буданд. Инро бояд фаромўш накунем. Онро низ аз ёд набарорем, ки бешак Сайидљони Назмї ва Абдувакили нављавон низ бо фармони он ду нафар ба шоњодат расиданд. Сарнавишти Садри Зиё дар солњои 1917 ва 1918 намунае аз сарнавишти маорифпарварии тољикон аст. Садри Зиё баробари љунбиши бузурги маорифпарварї зарбањо дид, ба нобудї мањкум шуд, вале натавонистанд, ки номашро аз сафњаи таърих битарошанд. Ўро саодате даст дод, ки осори сўхтаашро дубора навишт ва ин осор имрўз кам-кам чоп мешавад ба дасти пажўњишгарон мерасад. Як натиљагирии Ибни Ќурбон дар поёни фавоњишномааш ин аст: «Ба итминони комил гуфта метавон, ки аз наомўхтани осори адабии Садри Зиё адабиёти тољик дучори њељ гуна зарар нахоњад шуд, вале чун миллати фарњангдўсти мо ба њар гуна офаридаи тафаккуроти инсонї эњтироме мабзул медорад, бигзор осори ў низ аќаллан мисли шоиру нависандагони камнуфузу гумноми адабиёти љањонгири форс-тољик дар хазинаи он нигоњдорї шавад, на бештар аз ин»374. Бинед, Ибни Ќурбон аљаб њиммат кардааст. Байзоиёни охирзамон, Ибни Ќубонњо медонанд, ки сўзонидани нигоштањои Садри Зиё фоида надорад. Бино бар ин иљозат додаанд, ки чакидањои хомаи Садри Зиё дар ганљинаи дастнависњо бошад. Лекин Ниг. Садри Зиё. Наводири зиёъия, Душанбе, Адиб, 1991, сањ. 64 С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 218 374 Ибни Ќурбон. Њамон асар, сањ. 52 372
373
177
пажўњиши илмии онњоро манъ кардаанд. Умед аст, ки ин манъсозињо накше дар об хоњад буд. Чунонки ба Бурњониддин муяссар нашуд, ки навиштањои Садри Зиё ва худи ўро мањв бисозад, байзоиёни имрўз низ дар ин роњ ба мурод нахоњанд расид. *** Мо ин љо он рўйдодњои вањшатбори солњои 1917 ва 1918-ро ба андозае ки ба саргузашти Садри Зиё дахл дорад, аз назар гузаронидем. Азбаски Садри Зиё дар бисёр мавридњо дар маркази рухнамудњои асосии замон ќарор ёфта будааст, дар ин наќли мо якчанд тафсилоту љузъиёти муњимми моњиятнамо низ баён шуд, ки маънои аслии замонро ба хубї падидор меоварад, чунончи моњияти маорифпарварии тољикиро аз як сў, маънои сиёсати урукдорї ва байзоиятро аз сўи дигар равшанї меандозад. Ба андешаи мо он чї зикраш гузашт, имкон медињад, ки пажўњишгарон бо баррасии он дар бораи таърихи маорифпарварии тољикї ва нерўњои иртиљоъии зидди он ба љамъбастњои густурдае бирасанд. Мо њоло вобаста ба саргузашти Садри Зиё ба як љињати масъала диќќат љалб карданї њастем. Чандин бор таъкид шудааст, ки маорифпарварони тољик дар Бухоро (ки ба дањаи нахустини садаи бист љавонБухороиён, тараќќипарварон, љадидон, ислоњотхоњон ном гирифта буданд) бо тањаввули фарњангї ва ќувват додани бунёди маънавии њаёт љомеаро ба растагории миллї ва эњёи маънавї расонидан мехостанд. Маќсади онњо «инќилоби фикрї», «инќилоби илмї», «инќилоби маданї» буд ва ин љо «инќилоб» натиљаи нињоии тањаввули тадриљии фарњангиро ифода мекунад. Дар истилоњоти маорифпарварї мафњуми «инќилоби иљтимоъї» низ маънои натиљаи дигарсозиву тањаввули фарњангиро дошт, на зўроварї ва табаддулоти инќилобиро. Соли 1910 амир Олимхон бар тахт нишаст ва зуд ошкор гардид, ки ў низ ќобил нест, ки ислоњоте ба вуљуд биёварад ва барои тараќќии фарњангї роњ њамвор бикунад. Дар натиља аз солњои 1911-1912 дар миёни бархе аз љавонон рўњияи радикал пайдо шуд ва чанде аз бухороиёни Истамбул, ки Њошими Шоиќ низ бо онњо буд, ќарор доданд, ки агар амир Олимхон ислоњот љорї накунад ва тартибе наздик ба машрутаро рад намояд, ўро сарнагун бояд кард ва ба љои ў якеро аз хонадони Манѓития ба тахт бояд нишонид375. Ин хабарро љосусон ба Петербург ва амири Бухоро расониданд. Оќибат чї шуд, маълум нест. Муњим он аст, ки ин гурўњи тундрав њам аз зўроварї ва табаддулот на љумњурият, балки машрутият хостаанд ё чизе монанди машрутиятро ба назар доштанд. Њошими Шоиќ аз нимаи дањаи бистум ба Афѓонистон паноњ бурд ва он љо аз шахсиятњои намоёни фарњангї шуд вале то љое ки ин камина медонад барои сарнагун кардани тољу тахт ва рўйи кор овардани љумњурият њаракате накард. Агар гўем, ки машрутахоњї аз моддањои асосии барномаи сиёсии (нонавиштаи) маорифпарварони Бухоро дар дањаи дувуми садаи бистум буд, ба фикрам хато нахоњем кард. Маорифпарварон дар сояи инояти «амири ботадбир» ва шоњи бофарњанг, ки падари тарбиятгари миллат бошад, инќилоби фарњангї барпо кардан мехостанд. Бархе нуктањои ин моддаи барномаи сиёсии маорифпарваронро аз «Рўзнома»-и Садри Зиё дар рисолаи «Садри Бухоро» дида будем. Онро аз навиштањои дигарон низ мебинем. Пайдост, ки онњо барномаи фарњанггустарии сулњљўёна доштанд ва онро дар доираи ањкоми Ислом ва шаръи шариф, дар рўњи анъанањои волои илму фарањанги бостонии Фарорўд ба хотири имрўзу фардо иљро карданї буданд, то ки ба гуфти устод Айнї мардум «аз таърихи олам, аз сиёсати дунё, тадбири манзил, тарбияи авлод, аз маданияти ислом ва Урупо огоњ бошанд»376. Лекин дар чоряки поёни дањаи дувум љунбиши маорифпарварї ќатъ гардид. Дар Туркистони Русия — дар Самарќанд, Истаравшан, Хуљанд ва ѓайра инќилоби октабри соли 1917 љунбиши маъорифпарвариро ќатъ кард. Дар Бухоро ќатъи маорифпарварї бештар аз њама бо байзоият вобастагї дорад. Њукуматдорон, байзоиён, нерўњои иртиљоъї моњи апрели соли 1917 дар Бухоро маорифпарвариро шикаст доданд. Умдатарин нерў дар шикасти маорифпарварї байзоият буд. Миллат бояд бидонад, ки дар Бухоро маорифпарвариро на инќилоби болшавикї, балки асосан байзоиён нест карданд. Ин яке аз бузургтарин љиноятњо дар таърихи миллат буд. 375 Ниг.: Шералї Турдиев. Роль России в подавлении движения джадидов. Маљаллаи «Центральная Азия (Шветсия), 1999, №1 (13), сањ. 133. 376 С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 43.
178
Чун муќобилати њукуматдорон ќувват афзудан гирифт, иртиљоъ ба ављи аъло расида, шиддати њамлањои вахшиёнаи он афзуда, бо њаракати иртиљоъиён дар соли 1917, ба вежа бо террори хунини њамагири соли 1918 нерўњои пешбари љомеа ва љунбиши маорифпарвариро тороумор кард, табиъист, ки рўњияи радикал ва зўроварии инкилобиро дар миёни бархе аз маорифпарварон ва атрофиёни онњо зиёд кард. Бўњрони азим, ѓалабаи иртиљоъиён ва шикасти маорифпарварон шароите фароњам овард, ки ифротиёни мољарољўе чун Файзуллоњ Хоља (1896-1938) дар сари љавонбухориён ташаббусро ба даст гирифтанд ва ба маќоми роњбарї расиданд. Бўњрони шадиди иљтимоъиву сиёсї, ки аз пирўзии иртиљоъиён бо сарварии Бурњониддин ба њосил омад, барои фаъолиятафзоии баъзе љадидони хатокор ва манфиатљўи њокимиятталош, ба вежа Файзуллоњ Хољаи 21-солаи љангљўи ифротї ва гурўњи ў роњ кушод. Ин њолат барои пантуркизми болшевикї як «неъмати худодод» буд, ки онро бе каму кост истифода кард. Ба ин маънї фитнаи азиме, ки уруќдорї ва байзоият соли 1917 ва 1918 эљод карданд, барои хиёнати Файзуллоњ Хоља ва миллатфурўшии ў, барои «инќилоби Бухоро» аз чанд љињат роњ кушод. Аз ин рў то андозае њаќ ба љониби Садри Зиёст, ки байзоиёнро сабабкори заволи давлати Бухоро донистааст. Чунонки дар оѓози ин рисола дида будем, Садри Зиё аќидае дошт, ки «асбоби заволи давлати Бухоро дар сояи танпарварї ва бевуќуфї ва дунёпарастии се амир»-и охир ба воситаи разолати байзоиён — ин «тоифаи дания ва љамоаи разила» ба њам омада буд377. Инро Садри Зиё дар рисолаи «Сабаби инќилоби Бухоро» гуфта буд. Ин гуфтаи ў агарчи наметавонад сабабњои инќилоби Бухороро њамаљониба шарњ бидињад, ба њар њол як љузъи њаќиќати таърихиро баён мекунад. Сиёсати уруќдорї ва байзоият, ки солиёни дароз ба вањшонияти тамом амал кард, њатман бояд кишварро ба фољиаи азим меовард ва оќибат овард. Ин оќибати фољиавї инќилоби Бухоро буд, ки Бухоро ба унвони як маркази бузурги фарњанги тољикон, ки бо дигар марказњои фарњангї миллатро нисбатан мутамаркиз ва омилњои марказгурезро як андоза мањдуд медошт, аз байн рафт ва дар зарфи 15-20 сол ба як шањри дурдасти музофотї табдил ёфт. Садри Зиё њамин натиљаи сиёсати уруќдорї ва фаъолияти байзоиёнро мегўяд. Дар шакли гуфтаи ў носањењї роњ ёфта бошад њам, аз рўйи инсоф бояд эътироф бикунем, ки айни њаќиќатро гуфтааст, гуфтаи ў моњиятан њаќ асту рост. 19 С. Табаров дар маќолаи «Мунзим — созмондињандаи ташкилоти љадидон ва раиси фирќаи љавонбухороиён» («Мунзим— организатор общества джадидов и председатель партии младобухарцев») аз рўйи њамон назарияи синфият, ки солњо бо назарияи њизбият (партиявї) боиси каљбањоињои зиёде дар адабиётшиносї шуда буд, боз њукми ќатъї баровардааст, ки «дурўягї ва фиреб хоси њукуматдорон, аз љумла ќозиёни Бухоро буд» ва Садри Зиё низ чун «намояндаи синфи худ» рафтор дошт378. Мо аќида дорем, ки ин њукми ќатъї ќобили ќабул нест. Албатта дар ин китоби мо, ки њоло хонандаи гиромї дар даст доранд, чењраи нафратангези ањли хонадони Байзоро, ки аќзалќўзоти Бухоро буданд, нишон додем. Дар њамаи таърихномањои сулолаи Манѓития мисоли њукуматдорон, аз љумла ќозиёне, ки аз сари адлу инсоф басе дур рафтаанд, зиёд омадааст. Бо вуљуди ин, он њукми ќатъии С. Табаровро ќабул надорем. Дар ањди Манѓития ба миёни њукуматдорон, ба вежа ќозиён њомиёни адлу инсоф низ кам набудаанд. С. Табаров таърихномањои устод Айнї ва «Ёддоштњо»-и ўро андак варќ гардонад, чандон мисоли барљаста хоњад ёфт, ки шариатпаноњон дар роњи њаќу њаќиќат љонфидоињо кардаанд. Шояд ѓубори «нафрати синфї», ки чашми С. Табаровро гирифтааст, имкон намедињад, ки инро бубинад. «Хислатњои синфии» Садри Зиёро С. Табаров ба ин тарз баён кардааст: «Муњаммад Шарифджан-махдум (Садри Зия) напоминает персонаж рассказа Л. Н. Толстого «После бала» При представителях своего класса и просвещенных людях Бухары он человечнейший, нравственнейший и просвященнейший человек, но перед подчиненными, слугами, бедными, неимущими и обездоленными вел себя как представитель своего класса и по приказу эмира
377 Садри Зиё. Наводири зиёъия, дастнависи №983 (дар Пажўњишгоњи шарќшиносї ва меросї хаттии Фарњангистони улуми Љумњурии Тољикистон), сањ. 105 б. 378 С. Табаров. Мунзим— рањбари љамъияти љавонон ва раиси фирќаи љавонбухороиён, сањ. 94.
179
и кушбеги не отказывался от любых видов наказаний»379. Ин љо чун аз «таъзирот» («наказаний») сухан рафтааст, террори апрели 1917 ба назар аст. Њар чї ин љо С. Табаров гуфтааст, дурўѓ аст. Дурўѓу бўњтони мањз асту бас. Ў боз њам як мисол барои исботи даъво наовардааст. Даъвое ки барои исботи он мисол ва далелу бурњон наовардаанд, эътибор надорад. Нафрати синфї љои далелу бурњонро наметавонад бигирад. Њукмњои назарияи синфиятгарої низ! Назарияпардозони охирзамон ба дараљае расидаанд, ки њукмњои назарияро ба љои падидањои мушаххаси воќъияти таърихї мепазиранд. Модомки чунин назарияе ќавї ва фарогир мављуд аст, мардум њатман аз рўйи ин назария бояд рафтор карда бошанд. Ба гўши чунин назарияпардозон мерасонем, ки чунончи дар ин китоб чандин бор дидем, ин бор њам тири синфии онњо хок хўрдааст. Чунончи он иддаои С. Табаровро аз назар бигзаронем, ки гўё Садри Зиё дар пеши аъёну ашроф ва ањли маърифат чун шахсе маданиву бафарњанг нозукрафторї мекардааст, аммо дар пеши хизматкорон ва мардуми одї, дар пеши онњое, ки С. Табаров «подчиненные, слуги, бедные, неимущие и обездоленные» номидааст, њама беинсофиро раво медидааст. Њаргиз чунин набуд! Бинед, ки устод Айнї дар бораи муомилаи Садри Зиё бо мардум чињо мегўяд. Садриддини Айнї баъзе хислатњои хусусии Садри Зиёро низ љо-љо ба ёд овардааст. Ў мегўяд, ки Садри Зиё бар хилофи бисёре аз махдумзодагон ба тоифаи гуногун метавонист унс бигирад. Ў аз њавобаландии калонзодагї ориву барї буда, ба хидматкорону уламо ба як чашм нигоњ мекардааст. Устод Айнї мегўяд: Садри Зиё «ба одамњо хоксорона муомила мекард ва ба њељ кас ба назари тањќир наменигарист»380. Дидед, «ба њељ кас!» Аммо байзоиён, ки нокас буданд, нисбат ба онњо тањќирро раво дид. Чунонки мебинем, Садри Зиё баръакси ќањрамони њикояи «Пас аз базм» рафтор мекардааст: ба ашрофзодагоне чун Ибни Байзо басо тањќиромез муомила мекардааст ва дигар «ба њељ кас ба назари тањќир наменигаристааст». Не, С. Табаров чандон айнишинос нест. Вагарна бар хилофи гуфтањои устод Айнї назария наметарошид. Он гуфтаи усттод Айниро, ки дар боло омад, аз «Ёддоштњо», аз ќисми севум, боби «Хислатњои хусусии Шарифљон-махдум» гирифтем. Устод дар ин боб боз чанд хислати Садри Зиёро гуфтааст, ки њама хилофи назарияи синфии С. Табаров аст. Аз як сў устод Айнї мегўяд, ки Садри Зиё «дар зиндагї ва хусусан дар таомхўрї ва нигоњ доштани чизњои хўрданї бисёр озода буд. Ба рўйи чизњои хўрданї њамеша тўрњои симини сиёњ мепўшонд, ки магас нанишинад. Ва агар ба мењмонхона магасе дарояд гўё ки ба он љо гурге даромада бошад, «биёетон, магасро бароретон» гуфта фарёд карда, моро љеѓ мезад». Аз сўи дигар устод гуфтааст, ки Садри Зиё бо ин њама озодагї ва нозуктабъї «бо ман, бо Мирзо Абдулвоњид (Мунзим — М.Ш.) ва Мирзо Бадеъ, ки хизматгорони ў будем, бо њам дар як табаќ ош мехўрд. Хусусан аз ман, ки либосњои сањроии дар зери хизмат чиркиншуда ва дарида доштам, њељ нафрат намекард».381 Таъкид мекунем, ки Садри Зиёи озода аз хизматгори ноозода «њељ нафрат намекард»! С. Табаров Садри Зиёро душмани синфї медонад ва аз ў нафрат дорад, аз њар суханаш нафрат меборад. Аммо Садри Зиё аз хизматгорон, баръакс «њељ нафрат намекарда»-аст, онњоро бегона ва «душмани синфї» намедонистааст. Пас он даъвоњои «синфии» С. Табаров дар њаќќи худи ў дуруст будааст ва дар мавриди Садри Зиё ба њаќиќати њол мувофиќ намеомадааст. Аз дигар бахшњои боби мазкури «Ёддоштњо»-и Айнї маълум мешавад, ки Садри Зиё калонгирї, нописандї, бадмуомилагї надошт. Ва сахтгапињои ў танњо дар мавридњои муайян бештар чун як хислати иљтимоъї, вале на иљтимоъии синфї намудор меомадааст. Сахтгўињои Садри Зиё монанди Ањмади Дониш яке аз падидањои нињоии њаќгўї ва адолатљўї ва муборизаи як зиёъии маорифпарвар буд. Аз ин рў устод Айнї сахтгапиву дуруштиро ба ќатори «хислатњои хусусии» Садри Зиё номбар накардааст. Аз навиштањои устод Айнї маълум мешавад, ки Садри Зиё дар њаёти хусусї бо њама тоифањои мардум хушмуомила будааст. Дар байни њамнишинони Садри Зиё њар тоифаи мардум, чунончи кўпкоритозон (устодони бузкашї), бозориён, савдогарони хурду калон, аз љумла Љўрабеки Араб ва ѓайра Њамон асар, сањ. 94. С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 44. 381 Њамон љо 379 380
180
буданд. «Ваќте ки онњо ба пешаш оянд, њамеша сухан дар бораи машѓулияти онњо мерафт ва ў њам мисли он ки як нафари онњо бошад, завќкунон гап мезад»382. Устод Айнї бархе аз чунин хислатњои Садри Зиёро «ба худаш номуносиб» ва «одатњои феодалї» њисобида буд. Ў бо «бойњои шањру сањроњои Бухоро» ошної кардан, «дар ширинкорї ва шўхињои авомона» иштирок намудан, такаллуф дар дастархондорї ва монанди ин баъзе одатњои Садри Зиёро ба назар дорад. Ба андешаи мо муњим он аст, ки Садри Зиё дар муомила фаќат ба тоифаи худ, чунончи танњо бо доираи уламо мањдуд набудааст ва ањли ќишрњои гуогуни љомеаро фаро гирифтааст. Хислати шахсии Садри Зиё, ки метавонист ба њар касе, бо њар гуна мардум улфат бошад, шояд аз марому маслаки иљтимоъии ў, аз ѓояњои маорифпарварї пайдо шуда буд. Маорифпарварї, ки поя бар андешаи миллї дошт, бо назари эњтиром нигаристан ба њама тоифањои мардум ва тарзи зиндагонии онњо, ба њама касбу њунар, урфу одат ва ѓайра аз нуктањои асосии маромномаи маорифпарварон буд. Аз ин рў унусурњои гуфтугўи одї ва муњовароти урфия ба адабиёт зиёд ворид шуд. Маорифпарварї њамаи тоифањои мардумро ба њам муттањид кардан мехост. Устод Айнї таъкид бар ин дошт, ки «намояндагони тамоми миллатњои сокини Бухоро — ўзбекњо, тољикњо, туркман, араб ва эронињо, хољагон ва яњудиён»383 дар созмони љавонБухороиёни тараќќипарвар њамкорї мекарданд. Аз љумла Садри Зиё низ аз таассуби синфї, милливу ќавмї, мањалливу минтаќавї ва ѓайра дурї љустааст. Дар айни замон бояд фаромўш накунем, ки Садри Зиё равияи танќидии адабиёти маорифпарвариро, ки аз Ањмади Дониш оѓоз ёфтааст, идома дода, рўйнамудњои манфии љомеаро сахт масхара кардааст. Инро аз бисёр асарњои ў, ба вежа аз «Тазкиратулњумаќо» ба хубї мебинем. Муносибати манфї ба байзоият низ падидае аз равияи танќидии эљодиёти ўст. Ба чењраи ќањрамонони манфии њаљвиёти Садри Зиё нигоњ афканем, мебинем, ки ин ќањрамонон низ аз њар тоифаи мардум, аз њар синфу табаќа ва гурўњњои иљтимоъї мебошанд ва нигоњи ў ба онњо на нигоњи синфї, балки ахлоќиву маънавист. Назари ў ба байзоият низ чунин аст. Пас чаро Садри Зиё њама кўњистониёнро нафрин кардааст? Аз чї сабаб на фаќат хонадони Байзо ва он њама эрониёни мањаллиро, ки љинояткор буданд, балки њама кўњистониён ва эрониёни Бухороро «тоифаи дания» ва «љамоаи разила» номидааст? Ба фикрам, ин дашноми сахт шиддати хашму ѓазаберо, ки аз хиёнату љинояти нобахшидании байзоиён њосил шуда буд, ифода мекунад. Бадкирдорони форсу тољик зиёд буданд. Масалан он кўњистониён, ба вежа он хатлониён, ки зердасту фармонбардори хонадони Байзо буданд, нисбат ба Садри Зиё ва хонадони ў душманї варзиданд, ба маротиб зиёдтар аз некхоњон будаанд. Ќариб њама кўњистониёни Бухоро ба гирди Бурњониддини љоњили хунташна љамъ омада буданд ва аз ин рў Садри Зиё њамаро нафрин кардааст. Ба хусус он рўзи 9 апрели 1917 майдони Регистон пур аз ањли балво буд ва онњое ки ба ў дарафтиданд ва ўро куштан хостанд, бисёр буданд. Набояд фаромўш кард, ки он рўз сиёњкорони Бурњониддин ду бор ўро куштан хостанд ва њар ду дафъа на ду-се ё нўњ-дањ нафар, балки хеле бисёр буданд. Садри Зиё њамин љамъи касирро нафрин хондааст. Касофати Бурњониддини љоњили хунхор ва дастёрони бешумори ў ба њама кўњистониён расид. Дар дањаи дувуми садаи бистум бенињоят доман пањн кардани байзоият, густариши беназири разолату љинояти байзоиён, ки дар њама љомеа наќши пурнакбат гузошт, боиси ин шуд, ки касофати он ба њама њамдиёрони саркардањоаш нисбат дода шавад. Фарзанди нохалаф ба шаъни падар иснод меоварад. Мумкин аст њама ањли хонадонро бадном бикунад. Нањсияти байзоиён њама њамдиёрон, њама кўњистониёну эрониёнро бадном кард. Ин љо амали таносуби љузъу кул коргар омад. Агар љузъ зўрманд бошад, ба кул нуфуз пайдо мекунад ва гоњ њангоми таъйини вежагињои кул наќше њалкунанда иљро менамояд. Аз рўйи хусусиятњои тавонманду устувори љузъ дар бораи кул њукм мебароранд. Ин њодиса дар зиндагї зиёд рўй медињад. Дар бархўрди Садри Зиё бо байзоият низ њамин њолат рух намудааст. Ибни Ќўрбон дар китоби худ овардааст, ки дастнависи китоби Садри Зиё «Наводири зиёъия»-ро ки дар китобхонаи Фирдавсї буд ва њоло дар ганљинаи дастхатњои Пажўњишгоњи шарќшиносї ва мероси хаттї (Фарњангистони улуми Љумњурии Тољикистон) 382 383
С. Айнї. Њамон асар. сањ. 44-45. С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, сањ. 231.
181
нигањдорї мешавад, Садриддини Айнї хонда будааст ва дар њошияи баъзе сањифањо ќайде дорад. Банда медонам, ки устод Айнї пас аз вафоти Садри Зиё аз нимаи солњои сиюм бо дастнависњои Садри Зиё, ки нахуст дар китобхонаи Ибни Синои Бухоро ва баъд дар китобхонаи умумии Алишери Навоии Тошканд буд ва баъд ба ганљинаи Пажўњишгоњи шарќшиносии Абўрайњони Берунї (Тошканд) гузаронида шуд, шинос шуда буд. Инро устод худ ба камина гуфта буд. Ин гап чунин маънї дорад, ки устод Айнї сањву хатоњои Садри Зиёро, аз љумла он чиро ки Садри Зиё дар бораи кўњистониёни тољик ва эрониёни мањаллї гуфта буд, низ медонист. Устод Айнї инро шояд пеш аз шиносої бо он дастнависњо њатто аз сўњбатњои мањфили Садри Зиё медонист. Бо вуљуди ин дар «Мухтасари тарљумаи њоли худам» (1940), ќисми севуми «Ёддоштњо» (1949) ва дигар навиштањои худ ба шахсияти Садри Зиё ва фаъолияти иљтимоъии ў бањои баланд дод. Аз љумла чунин арзёбии ўро бояд боз як бор ба ёд оварем: «Шарифљон-махдум бешубња аз љумлаи маорифпарварон ва тараќќихоњони замони худ буд»384. Устод Айнї он гоњ ки чунин гуфт, медонист, ки Садри Зиё дар зиндони шўравї љон додааст. Бо вуљуди ин бо љуръат ўро маорифпарвар хонд. Бегумон ин фикри устод Айнї, ки натиљаи андешањои чандинсолаи ўст, моњияти аслии фаъолияти иљтимоъии Садри Зиёро, инчунин маќоми ўро дар таърихи андешаи иљтимоъии тољикон ва таърихи адабиёти форсии тољикии садаи бист равшану возењ муайян кардааст ва эътибори вежа дорад. Алњаќ, мардони таърихро на аз рўйи норасої ва сањву хатоњои эшон, балки аз рўйи он наќши муњим, ки дар як лањзаи њассоси таърих гузоштаанд, бањо бояд дод. Чирк кофтан аз зери нохуни хизматгузорони миллат мумкин аст боиси он гардад, ки миллат аз як љузъи таърихи худ мањрум шавад, дар бораи худ андаке тасаввури нодуруст пайдо кунад. Ба фањми банда он чиро ки Ибни Ќурбон ва устодону њамфикрони ў дар бораи Садри Зиё мегўянд, аз рўйи акидањои устод Айнї бояд санљид ва арзиш дод. Устод Айнї аз вазъи замон ва шахсияти Садри Зиё ва фаъолияти иљтимоъї ва адабиву илмии ў бештар ва бењтар аз њамаи мо имрўзиён огоњї дошт. Медонем, ки Садриддини Айнї бузургтарин фарзанди миллат дар садаи бист буда ва табъи салим дошта, дар њаќшиносї ва њаќгўї камназир буд. Бино бар ин аз устод Айнї меъёри санљиш ва назар хохем, ба бештарини мавридњо дар пажўњиш ба роњи дуруст хоњем даромад. Банда чандин бор ба ин бовар омадам. Ба фикри ман дар мавриди Садри Зиё аз рўйи чунин бовар амал бикунем, њама моддањои даъвономаи Ибни Ќурбон, Р. Масов ва С. Табаров ботил мебарояд. 20 Миллати тољик миллати чандпора аст. Дар баъзе мавридњо онро кўњњои баланд, дарёњои калону хурд ва дигар монеањои табиъї пора кардаанд. Дар дигар мавриде марзњои сиёсї, сарњадди давлатњои гуногун, ки дар сарзамини пањновари ин халќи бузург пайдо шудаанд, онро пора намудаанд. Омилњои дигаре њам буданд, ки миллатро ба порањои хурду калон таќсим кардаанд ва байни порањо марзњо бардоштаанд. Сарнавишти таърихии миллати чандпора бештар аз дигар миллатњо фољиа дорад. Марзбандињои сиёсиро дар бештарини мавридњо ба чунин хоњиш ба вуљуд овардаанд, ки миллатро нобуд бикунанд, зеро мардумони пора-пораро нест кардан осонтар аст. Дигар омилњое, ки миллатро пора кардаанд, низ харобкоранд. Порањои миллат оњиста-оњиста аз њам дур мешаванд, кам-кам байни онњо бегонагї пайдо мешавад. Гоњ равандњои таърихї, ба вежа равандњои сиёсї чунон тамоюл мегиранд, ки бегонагии порањои миллат афзоиш ёфта, ба хусумат табдил меёбад ва мумкин аст, ки порањо зидди якдигар бираванд, ба њам биситезанд. Дурї аз њам, бегонагї, ба вежа хусумат, ки дар миёни порањо меафтад, фољиабор метавонад буд. Падидањои гуногуни чандпорагї дар фарњанги миллат, дар забон, урфу одат ва ѓайра ќисме аз фарќњоро ќувват медњад. Мумкин аст, ки бадхоњон баъзеи ин фарќњоро барои аз байн бурдани ягонагии миллат ба кор бигиранд. Падидањои гуногунї ва рангорангии фарњанги миллї дар минтаќањо, љилвањои рангини фарњанги миллї, ки дар минтаќањои гуногун аз њам фарќ мекунад, рўйдоди манфї нест, решањои таърихї дорад ва ѓаномандии фарњанги миллиро падидор меоварад. Вале бадхоњон гоњ њамин љилоњои зебои фарњанги миллатро, ки дар њар љо ба тарзи дигаре чашм 384
С. Айнї. Куллиёт, љ. 7, сањ. 44
182
мерабоянд, низ ба зарари миллат бо маќсади људоиандозї ба кор мебаранд. Ба сари ягонагии миллати чандпора хавфњои зиёде тањдид мекунад. Фарзандони бузурги миллат кўшидаанд, ки дурї ва бегонагии порањо аз якдигар кам шавад, хусумат ба миён наояд ва аз миён бардошта шавад, ягонагии маънавии миллат устувор гардад. Ягонагии маънавии миллати тољик ва порањои гуногуни он њељ гоњ аз байн нарафтааст, дар душвортарин марњилањои таърих њам боќї будааст, аммо дар баъзе даврањо устувор кардани пояњои он вазифаи муњимми таърихї шудааст. Имрўз, ки мардуми тољик дар як гўшаи сарзамини худ ба истиќлоли сиёсї расиданд, устувор кардани ягонагии миллат ва порањои дурафтодаи он аз муњимтарин вазифањост. Имрўз, ки халќи тољик дар Тољикистон сарнавишти таърихии худро ба дасти худ амалї кардан мехоњад, бештар аз њар ваќте имкон дорад, ки ягонагии маънавии порањоро беш аз пеш мустањкам намояд. Барои ин лозим нест, ки њама монеањои роњи ягонагї, чунончи кўњњову дарёњо ва ё марзњои сиёсї ва сарњадди давлатњо аз байн бардошта шаванд. Дар даврони истиќлол беш аз пеш имкон њаст, ки марзњои давлатї на монеъи ягонагии миллат, балки хатти пайванди миллї бошанд. Њељ миллате бидуни ягонагии миллї наметавонад озодиву истиќлоли худро устувор бикунад. Ягонагии миллї аз шартњои асосии њастии миллат аст. Якумин вазифаи давлати миллї устувор кардани вањдати миллат ва пойдор доштани он аст. Барои расидан ба ин маќсад лозим аст, ки заминаи зарурї барои њамназдикии мардуми минтаќањои гуногун омода шавад. Барњам хўрдани ихтилофоти байни мардуми минтаќањои људогона яке аз шартњои њамназдикии иќтисодї ва фарњангиву маънавии минтаќањо буда, барои устувории ягонагии миллат ањамияти махсус дорад. Ин таъкид барои Тољикистон, ки миёни мардуми минтаќањои он, ба вежа вилоятњои шимолї ва љанубии он тафовути чашмрас вуљуд дорад, хеле муњим аст. Мутаассифона, имрўз дар Тољикистон гоњ амалкардњое ба чашм мерасад, ки боиси тезу тунд шудани муносибати мардуми минтаќањо мегардад, нисбат ба мардуми вилояте нобоварї ва бадгумонї ба миён меоварад, ранљиш аз якдигарро ќувват медињад. Ба хусус шимолситезиву љанубситезї кўшишњоеро, ки барои устувории ягонагии миллат ба харљ мераванд, халал мерасонад. Ситезаи мањалгарої аз фаъол шудани шуури мањдуди музофотї дарак медињад ва њол он ки фаъол шудани шуури музофотї гоњ пайовардњои номатлубе хоњад дошт, ки оќибати он њамоно суст шудани шуури миллї ва халал дидани ягонагии миллат хоњад буд. Бо даъвоњои калоне аз номи як ќисми миллат бархостан ба сари ќисми дигари он, ки солњои охир дидем, натиљаи беэњтиётї, дурусттар он ки масъулиятношиносї буд, ки мардумро аз андешаи миллї дур мебарад, ќисмњои миллатро ба њам зид гузошта, нотифоќї ва њамситезиро афзоиш медињад. Банда ба ин андеша ки мабодо, ки ба оташи мањалгарої доман бизанам, аз љавоб гуфтан ба носазоњое, ки дар њаќќи банда дар баъзе нашрияњо гуфта шуд, худдорї кардам. Лекин он чиро, ки дар бораи њазрати ќиблагоњам ва љунбиши маорифпарварї гуфтанд, бидуни љавоб гузоштан мумкин набуд. Маљбуран ин љавобномаро навиштам. Маќсади банда танњо њимояи падарам ва равшанфикрони равшангар аз њамлањои номардона аст.Аз ин бештар хоњише надорам. Њар чї далелу бурњон ва мадорике ки овардам, њар сухани сахт, ки натавонистам аз он худдорї бикунам, на барои мазаммати мардуми як минтаќаи Ватани азиз,балки танњо барои равшанї андохтан ба масъала ќаламї шуд. Баръакс бархе аз мавзўъњое, ки дар адабиёти маорифпарварї, чунончи дар осори Ањмади Дониш, дигар маорифпарварон, аз љумла Садри Зиё баррасї шудааст, барои тухми нифоќ коштан ба замини љомеаи имрўз истифода шуда истодааст, банда хостам ин рафтори нораворо ба ќадри имкон пешгирї бикунам. Имрўз чунонки дар оѓози ќарни бист буд, лозим омадааст, ки маорифпарвариро аз суиќасд дифоъ бикунем. Аз ин ки миллати тољик чандпора аст, мумкин омад, ки ба маорифпарварї юруш оваранд, маорифпарварї ё як ќисми онро инкор бикунанд. Њамла ба маорифпарварї, инкори маорифпарварї ва ё як ќисми он дар натиљаи дур афтодан аз андешаи миллї ва печидан ба ѓалаёни шуури музофотї рўй дод. Замони шўравї љунбиши љадидияро мањкум карда буд, чунки замони шўравї миллиятзудо ва маънавиятситез буд. Ва њол он ки маорифпарварї аз андешаи миллї нумув дошт, миллатро ба роњи растагорї сафарбар менамуд ва бо ин сафарбарї муттањид мекард. Инро мафкурабардорони болшевизм донистанд ва аз ин рў маорифпарвариро рухнамуде манфї ќаламдод намуданд, ба муќобили он ба пархош бархостанд. Онњое, ки имрўз юрушкорї пеш гирифтаанд, ба њамон роњи болшевикон по гузоштаанд, ки ба ќадри арзишњои миллї намерасанд. Мо бояд
183
ќадри ѓояњои волои маорифпарвариро бидонем. Маорифпарварии нимаи дувуми садаи 19 ва оѓози садаи 20 ќобил аст, ки имрўз њам, дар оѓози даврони истиќлол низ миллатро дар роњи маърифат, илму дониш ва фарњанггустарї, дар роњи хештаншиносї ва эњёи миллї муттањид намояд ва нерў бахшад. Дар даврони истиќлол, ки миллат ба марњилаи нави худшиносии иљтимоъиву маънавї ќадам гузоштааст, худтанќидии миллї зиёда зарур омадааст. Баррасии танќидии вазъияти мављуда дар њаёти миллї, дар фарњанг, забон,илм ва ѓайра имкон медињад, ки миллат ањволи худро бидонад, таљрибаи таърихии мусбатеро, ки дорад, ба кор андозад, бо шинохти худ огоњона ба шоњроњи нав барояд. Худтанќидии миллї пеш аз њама ба назари интиќодї нигоњ кардан ба худ аст, то сараву саќат аз њам људо бикунем ва аз сарањо тўшаи роњ бигирем. Дар њар давраи нави таърихи миллат зарурати интиќоди худ пеш меояд. Аз ин рў равияи танќидї дар адабиёти маорифпарварї ќувват гирифт ва шаклњои тоза пайдо кард. Имрўз њам ки дар сари шоњроњи истиќлолу озодї њастем, бояд аз њоли худ огоњ бошем ва дидаву дониста роњ паймоем. Иддае худтанќидии миллиро ба љанги минтаќањо табдил доданї њастанд. Ба њам зид гузоштани минтаќањо, ба хам тез кардани «шањриёну» «дењотиён», «шимолиёну љанубиён», бо даъвоњо бархостан аз номи яке бар сари дигаре, агар густариш биёбад, монеаи љиддие дар роњи иттињоди миллї эљод хоњад кард, нахоњад гузошт, ки порањои миллат ба њам наздик шаванд, роњи ягонагии миллї пеш бигиранд. Бо доман задан ба оташи кашмакашњо ба ягонагии миллї наметавон расид. Бо айбшуморї рў овардан ба якдигар моро аз њам дур мебарад, људоии моро афзун месозад. Муносибатњои миллї, муомилањои дохилии миллат хеле нозукраванд ва айбгирї дар ин маврид мумкин аст, ки ба тезиву тундї, ба задухўрд биёварад. Айбшумории мањалгароёнро навъе аз худтанќидии миллї набояд донист. Худтанќидии миллї моро ба худшиносиву худогоњї мебарад, айбљўии мањалгароён дар миёни мо тухми низоъ мекорад, моро аз худшиносии миллї дур меронад. Фаромўш накунем, ки сулњу оштии миллї дар Тољикистон соли 1997 бо афви якдигар, бо салавот гуфтан бар гузашта муяссар омад. Њоло баъзе халќњо, ки байни худ муноќиша доранд, ба таљрибаи оштии миллии тољикон бо чашми ибрат менигаранд. Зарур аст, ки худи мо тољикон, чи дар Тољикистон, чи дар Ўзбекистон ва Афѓонистон њикмати оштии миллии соли 1997-ро комилан аз худ бикунем, њељ гоњ аз ёд набарем. Ва бидонем, ки иттињоду ягонагии миллї, на бо айбљўї, балки бо айбпўшї, бо худдорї аз гилагузорї, бо гузашт ба ягдигар, бо дили поку нияти нек ба даст меояд. На бо даъвооврї ва кањи кўњна бод додан, балки бо гузаштан аз гуноњњо, бо мењру сидќ дилњоро ба дўстї моил метавон кард. Гуфтем, ки иттифоќу иттињод ва ягонагии миллї шарти асосии мављудияти миллат ва баќои умри ўст. Шарти истиќлолу озодї ва пойдории давлати миллї низ њамин аст. Оре, Давлат њама з-иттифоќ хезад, Бедавлатї аз нифоќ хезад. Ин љо «давлат» њам ба маънои созмони сиёсии кишвардорї ва њам ба маънои бахту саодат ва дороиву сарват омадааст. Мутобиќан «бедавлатї» низ ба њамин маънои мањрумї аз созмони сиёсии кишвардорї ва њам ба маънои мањрумї аз бахту саодат, аз дороиву сарват, аз мулку кишвар аст. Дар њаќиќат давлат ва саодатмандї њар ду як мафњуманд. Давлати миллї ва хушбахтии миллат њамбастаи якдигаранд. Бахту саодати миллатро бидуни як давлати миллии тавоно, ки поя бар демократия ва хуќуќи башар дошта бошад, наметавон тасаввур кард. Њамин давлати миллї, њамин бахту саодати миллат аз иттифоќу иттињод ба даст меояд ва пояндагї меёбад. Дар даврони истиќлол шиори мо ин аст: њар чи ба иттифоќу иттињод ва ягонагиву вањдати миллат заррае зарар меоварад, норавост. Ба саодати миллат ва тавонмандии давлати миллї халал меоварад. Чанде пеш профессор Носирљони Салимї диќќати каминаро ба ин байти Соиб љалб кард: Давлат зи дастгирии мардум ба по бувад. Фонуси ин чароѓ зи дасти дуо бувад. Дар ин байт мувофиќи шароити кунунии Тољикистон ба љои калимаи «мардум» вожаи «миллат»-ро гузоштан шояд љоиз бошад. Агар чунин бикунем, бояд гуфт, ки давлати
184
миллї дар бисёр мавридњо метавонад аз миллат дуо умед бикунад: чунончи он гоњ ки давлати миллї иљрои як рисолати таърихии худро ба хубї оѓоз намояд ва ё ин рисолати худро ба хубї ба љо овардан гирад ва ё ба поён бирасонад. Дар њама мавридњо давлат ниёз ба дастгирии миллат, ба дуои неки халќ дорад. Њама миллат якдилу якљон даст ба дуо мебардорад, то давлат битавонад миллатро ба сарманзили маќсуд бирасонад, баќои умри таърихии онро таъмин бинамояд. Шарт аст, ки миллат якдилу якљон бошад, аз дилу љон ба иттифоќу иттињод љидду љањд бинамояд. Дар он сурат давлат метавонад њар рисолати таърихии худро чунонки бояду шояд иљро бикунад. Арзиши рафтору гуфтори ањли зиё аз он љо таъин мегардад, ки то чї андоза ба иттињоди миллат ва кўшоии давлат мусоидат дорад. Дар байтњое чун ду байти боло њар бор нуктае аз таљрибаи таърихии миллат баён шудааст, фалсафаи таърих ва њикмати њаёти халќ ифода гардидааст. Рўзе расидааст, ки беш аз пеш гўш ба садои таърих бинињем, фармудаи таърихро ба љо биёварем. Имрўз фармудаи таърих пеш аз њама иттињоду ягонагии миллист. Яке аз шартњои умдаи ягонагї дилёбист. Дилљўї, нармиву мењрангезї фазилатест, ки мо мардуми тољик имрўз ба он бештар ниёз дорем. На кинаљўиву сахтгўї, балки дилљўиву дилёбї моро ба сарманзили дўстї ва бародариву хоњарї ва ягонагии миллї устувор хоњад дошт. 23 ноябри 2003 10 июни 2004
ПОЁНИ СУХАН Чунонки дар оѓози ин китоб гуфта будем, шахсияти Садри Зиё ва нигоштањои ў дар солњои охир диќкати бисёре аз пажўњишгаронро аз Шарќ то Ѓарб дар кишварњои гуногуни љањон ба худ кашида истодааст. Дар Тољикистон, Ўзбакистон, Эрон, Фаронса ва Амрико чизњое аз осори ў ё дар бораи ў чоп шуд. Ба вежа тарљумаи инглисии Рўзномаи Садри Зиё, ки шарќшиносони Амрико дар Њуланд соли 2004 дар нашриёти илмии машњури Брилл ба чоп расониданд, ањамият дорад. Акнун на танњо тољикшиносону эроншиносон, балки њар ховаршиносе ба ин асар дастрас дорад. Умед аст, ки нашри мероси адабии Садри Зиё боиси пайдоиши пажўњишњои љиддитаре дар бораи адабиёти тољикии садаи бист ва андешаи иљтимоъии тољикон хоњад гашт. Рисолаи банда «Садри Бухоро» барои тартиб додани зиндагиномаи Садри Зиё,муайян кардани хусусиятњои маорифпарварии осороу рўзгори вай, нишебу фарози роњњои эљодкорї ва зиддиятњои афкори ў нахустин ќадамест. Дар тањќиќи њамаљонибаи андешаи маорифпарварї ва адабиёти тољикии пурзиддияти садаи бист умед аз љавонони навбаромади тозафикр аст. Дар солњои охир њамлаву њуљум ба Садри Зиё низ ќувват гирифт. Бештари умри Садри Зиё бо гардонидани њамлаи бадхоњон гузашта буд, пас аз сараш низ ин њуљумњо идома ёфтанд. Яке аз њамларони кунунї Соњиб Табаров аст, ки чанд сол пеш табарашро даста карда аз љо бархоста буд. Банда љавоби даъвои ўро дар маќолаи «Чу анќоро баланд аст ошёна» гуфта будам. Соли 2002 ва 2003 якбора се китоб чоп шуд, ки дар бораи Садри Зиё суханњои сахте дорад. Инњо китоби Рањим Масов «Мероси њокимияти Манѓития» («Наследие мангытской власти»), китоби Ибни Ќурбон «Фавоњиш ва рањоиш», китоби Соњиб Табаров «Мубоњисаи зиёъии дењотї ва музофотишуур бо зиёъии шањрї ё шањришуур» мебошанд. Аз ин љумла китоби Ибни Ќурбон бештар дар бораи Садри Зиё буда, китоби Р. Масов ва С. Табаров дар бораи банда бошад њам, гоњ-гоње дар бораи Садри Зиё низ дашноме дорад. Сипас дар матбуот чанд маќолаи хурду калон пайдо шуд, ки Р. Масовро дастгирї карда «фикрњо»-и ўро ќувват додаанд. Як гурўњ аз зиёиёни тољик маќолае ба номи «Чаро гиребони худиро мегирем ё необолшевизм чї мехоњад?» дар рўзномаи «Нерўйи сухан» 10 ва 17 апрели 2003 (№10 ва 11) ба чоп расид, ки љавоби доманадоре ба Р. Масов ва тарафдорони ў буда, чунонки Р. Масов дар китобаш аз одоби бањс дур рафта, дашномхои ќабењ ба кор бурдааст, муаллифони ин посухнома низ гоњ сахтгуфторї кардаанд. Китоби Р. Масов ва Ибни Ќурбон бо оњанги сахт ва хусуматпешагї, бо дурї аз тарзу тариќи мубоњисаи илмї бисёре аз равшанфикрони Тољикистон, ќисме аз ањли љомеаро ба њайрат овард. Чунончи С. Табаров дар китобаш њар љо аз навиштањои банда
185
иќтибосе оварда мегўяд, ки ин гап дуруст нест, нодуруст аст. Вале намегўяд, ки чаро нодуруст аст, барои исботи нодурустии он далелу бурњоне намеоварад, андешае баён намекунад, то ки мо бифањмем, ки кадом љои он гап нодуруст будааст. Њељ сухане бо ин ки онро нодуруст гуфтаанд, нодуруст намешавад. Нодурустии онро исбот кардан даркор аст, то хонанда ё шунаванда бовар њосил бикунад. Њайрату тааљљуб ва хашму ѓазаби ањли љомеа, ки аз ин «мубоњисањо» њосил шуда буд, дар љавобномаи мазкури як гурўњ зиёиён ифода шудааст. Равишњои норавое, ки муаллифони мазкур дар «бањс» пеш гирифтанд, њатто аз тарафи Раиси Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї Эмомалї Рањмонов дар як суханронии муњимми эшон сахт мањкум шуд. Љаноби Олї рўзи 8 сентабри соли 2003 дар Коњи Борбад ба муносибати 12-мин солгашти истиќлоли Тољикистон ва њазораи њаким Носири Хусрав суханронии доманадоре эрод намуда, аз љумла фармуданд: «Вобаста ба мавзўи илму фарњанг ман њамчун Роњбари давлат лозим медонам таваљљўњи шуморо ба масъалае љалб намоям, ки имрўз бисёр касонро ба андеша ва њатто нигаронї водор кардааст. Ваќтњои охир дар воситањои ахбори умум, инчунин ба василаи китобу рисолањо дар байни баъзе олимону адибон бањсњои шадиде бармехезад, ки дар асл хурўши бањрро дар пиёла мемонад. Ин бањсњо аксаран моњият ва арзиши илмї надоранд. Аз онњо бештар бўи хусумати шахсиву ѓараз меояд ва дар онњо аломати гурўњбозї ба назар мерасад. Маълум аст, ки илм бе бањс пойдор намемонад, чунонки мулк бе сиёсату мол бе тиљорат. Вале агар бањс бањси аќидањо ва ба хотири дарёфти њаќиќати илмї набошад ва фаќат воситаи баёни даъвои шахсї ва тањќири дигарон гардад, оќибати нек надорад. Муколамаи ањли илм метавонад тезу тунд бошад, вале бояд бе ситеза ва айбљўињои беасос, њатман дар доираи одоби илмї сурат гирад. Вагарна чунин бањс нањс меорад, ки инро мо аввали солњои фољиабори 90-ум дида будем»385. Мебинем, ки моњияти он «бањсњо»-и бебунёд ва даъвоњои подарњаво дар ин фармудаи љаноби Раиси Љумњурї бо даќиќбинї нишон дода шудааст ва сахт мањкум гардидааст. Аз ин дахолати ќатъии Љаноби Олї, ки ѓайричашмдошт буд, банда ва бисёре аз ањли љомеаро мамнунияти том њосил шуд ва дилњо аз эњтирому сипос лабрез гардид. Он њангом банда тањрири якуми посухномаи худро дар бораи китоби Р. Масов, С. Табаров ва Ибни Ќурбон ба поён расонида, тањрири дувуми онро шурўъ карда будам, то мукаммалтар бошад. Пас аз он ки суханронии љаноби Раиси Љумњурї ба вуќўъ омад ва масъала ба ваљњи ањсан њал шуд, мумкин буд, ки банда таълифи љавобномаи худро давом надињам ва љавобе чоп накунам. Лекин боз андешидам, ки ба даъвоњои Р. Масов ва С. Табаров ва Ибни Ќурбон, ки ба Садри Зиё ва маорифпарварї дахл дорад, як-як љавоби мушаххас гуфтан даркор аст. Он гоњ он чи дар бораи фавоњишномаи Ибни Ќурбон гуфтан лозим буд, андак тафсил ёфт. Ва агар сухан кашол ёфта ва гоњ такрори маљбурї роњ ёфта бошад, аз хонандаи азиз узр мехохам. Дар поёни сухан Љаноби Олї Эмомалї Рањмоновро як бори дигар аз дилу љон сипос мегўям. Умед аст, ки суханронии муњимми Љаноби Олї барои ин ки мубоњисањои байни пажўњишгарони тољик ба роњи дуруст дохил шавад, ањамияти бузург хоњад дошт. Он гоњ барои њалли илмии бархе аз масъалањои таърихи тољикони Фарорўд, таърихи андешаи иљтимоъї, фарњанг, забон ва адабиёти онњо замина бењтар њамвор хоњад шуд. 26 ноябри соли 2003
385 Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмонов бахшида ба 12-солагии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва 1000-солагии зодрўзи Носири Хусрав, «Садои мардум», 12 сентябри 2003, №98, сањ.2
186